Научная статья на тему 'АСРОРИ ҲУНАРИ ҚАҲРАМОНМОДАР ЗАЙНАБМОҲ МАСОЛИЕВА ВА САҲМИ Ӯ ДАР ОММАВИГАРДОНИИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ'

АСРОРИ ҲУНАРИ ҚАҲРАМОНМОДАР ЗАЙНАБМОҲ МАСОЛИЕВА ВА САҲМИ Ӯ ДАР ОММАВИГАРДОНИИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ Текст научной статьи по специальности «Искусствоведение»

CC BY
38
5
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
Тӯппидӯзӣ (тоқидӯзӣ) / алочабофӣ / ҷуроббофӣ / рӯймолдӯзӣ / харак / зерик / обдарға / қиличи алочабофӣ / гулчинак.

Аннотация научной статьи по искусствоведению, автор научной работы — Масолиев Абдулло Садриддинович, Ҳасанов Салимбой, Исоев Акбар Баҳоваддинович

Дар мақолаи мазкур рӯнамоии ҳунарҳои гуногуни як қаҳрамонмодари соҳибҳунар мавриди омӯзиш таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудааст, ки бевосита саҳми як шахси ҳунарманд тавассути як не балки якчанд ҳунар дар ҷодаи оммавигардонии ҳунарҳои мардумӣ ошкор карда шудааст. Ва барои навомӯзон тадқиқотчиён ва идомабахшони ҳунари миллии ниёгони хеш, ҳамчун раҳнамо ва дастури омӯзишӣ хидмат хоҳад кард. Зайнабмоҳ Масолиева зани ҳунарманди рустоӣ, ки зиёда аз панҷ намуди ҳунарро омӯхтаву ба фарзандон омӯзонидааст, соҳиби 11 фарзанд буда, 32 набера, 23 абера дорад. Ӯ фарзандонашро бо заҳматҳои шабонарӯзии худ бо шавҳараш Асатилло Масолиев бузург ва соҳибмаълумот намуда, соҳиби хонаву дар гардонидааст, ки аз онҳо чаҳор нафарашон ҳунарманд, ду нафарашон омӯзгор ва боқимондаҳо соҳиби касбу кори гуногун буда, рӯзии худро аз паси касбу ҳунарҳояшон дар зодгоҳ дарёфта, зиндагонии осоишта доранд, ки ин дар тақозо саҳми муассири номбурдаро дар оммавигардонии ҳнарҳои мардумӣ муайян месозад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «АСРОРИ ҲУНАРИ ҚАҲРАМОНМОДАР ЗАЙНАБМОҲ МАСОЛИЕВА ВА САҲМИ Ӯ ДАР ОММАВИГАРДОНИИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ»

УДК 7.(075,3) ББК 85 М-31.

АСРОРИ Х.УНАРИ КДХРАМОНМОДАР ЗАЙНАБМОХ МАСОЛИЕВА ВА САХ.МИ У ДАР ОММАВИГАРДОНИИ ХУНАРХОИ МАРДУМЙ

МАСОЛИЕВ АБДУЛЛО САДРИДДИНОВИЧ

Муаллими калони кафедраи санъати тасвирй ва хунархои хал;ии Муассисаи давлатии таълимии "Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров", Хучанд,

Точикистон

ХАСАНОВ САЛИМБОЙ

Номзади илмхои педагогй, профессори кафедраи санъати тасвирй ва хунархои хал;ии Муассисаи давлатии таълимии "Донишгохд давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон

Гафуров", Хучанд, Точикистон

ИСОЕВ АКБАР БАХОВАДДИНОВИЧ

Номзади санъатшиносй, дотсенти кафедраи санъати тасвирй ва хунархои хал;ии Муассисаи давлатии таълимии "Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон

Гафуров", Хучанд, Точикистон

Аннотатсия. Дар маколаи мазкур рунамоии хунархои гуногуни як кацрамонмодари со%ибх,унар мавриди омузиш тацлил ва баррасй карор до да шудааст, ки бевосита сахцми як шахсихунарманд тавассутияк не балкиякчанд%унар дар цодаи оммавигардониихунархои мардумй ошкоркарда шудааст. Ва бароинавомузон тадкщотчиёнва идомабахшоницунари миллииниёгонихеш, цамчунра%намо ва дастури омузишй хидматхоцадкард.

Зайнабмо% Масолиева зани хунарманди рустой, ки зиёда аз пащ намуди цунарро омухтаву ба фарзандон омузонидааст, социби 11 фарзанд буда, 32 набера, 23 абера дорад. У фарзандонашро бо зщмащоишабонарузиихуд бо шавцараш Асатилло Масолиев бузургва социбмаълумот намуда, социби хонаву дар гардонидааст, ки аз онцо ча%ор нафарашон хунарманд, ду нафарашон омузгор ва бокимонда%о социби касбу кори гуногун буда, рузии худро аз паси касбу хунарцояшон дар зодгоц дарёфта, зиндагонии осоишта доранд, ки ин дар такозо сахцми муассири номбурдаро дар оммавигардонии цнархои мардумй муайян месозад.

Вожацои калидй: Туппидузй (токидузй), алочабофй, цуроббофй, руймолдузй, харак, зерик, обдарга, киличи алочабофй, гулчинак.

Туппидузй (токидузй). То;й хамчун каллапуши миллй буда, на фа;ат дар Точикистон, балки дар ;аламрави Осиёи Миёна ва Шар; низ маълуму машхур аст. Онро хурду бузург, хам занхо ва хам мардхо хамаруза ва асосан дар чашнхо чй бо либоси миллй ва чй аврупой ба сар мекунанд. Агар баъзе анвои маснуоти гулдузии хал;й тамоюли тадричан аз расмият баромадан дошта бошад, туппй баръакс минта;аи зист ва зарурияти онро нисбат медод ва анвои мухталифе дошта дар махалхои гуногун бо шаклу на;ши гулдузии худ тафовут дорад.

Туппщои мардонаи чустй - (аз номи махалли точикнишини Чусти водии Фаргона) бисёртар маълуму машхур будааст. Онхоро дар матои сиёх бо тори абрешими сафед ё мулина медухтанд. На;шу нигори ингуна туппихо анъанавй буда, бодом ва ё ;аланфур дар

хар кадом аз чор хонаи он чойгир будааст. Чунин то;й шаклан мураббаъ ва сахт буда астари тунук дорад, пилтаи ;огазин ба шакли ;итъахои доира (чор гул) тархи кулохро дарбар гирифта бахия мешудаанд. Он бо магзии борики махмал ё ки атласи сиёхранг анчом меёбад [2, с. 31].

Туппщоиироцй - чахоргушаи хушдухту болопахн, ки на;шу нигори баланди ислимй доранд, ки асосан дар байни занон марсум шудаанд, то;их,ои иро;й мегуянд. Кдйд карда шудааст, ки "...дар худуди Точикистон то;их,ои иро;ии духти Ленинобод (хозира Хучанд) ва Уротеппаро навъи бехтарин хисобида мешавад" [2, с. 32].

На;шу нигори то;ии иро;й бо гулхои садбарги сурху чигарии гуё тару тоза бо гулхои осмонранг, нилобй, бунафш дар байни анвои гуногуни сабзахои гафс соя афкандааст ороиш дода шуда, унсурхои дигари на;ш ба монанди доира, ромб, навда, гунча, тхумшакл, гул ва гайра низ истифода мегардиданд.

Дар Бадахшон то;ихои гирдаи тагпахни гардишашон фарох марсуманд, ки ба навори серангаи баъзан ду;атора ороиш ёфтаанд. Дар байни онх,о гулдузии бадахшонии на;ши геометрй доштаро ;айд кардан лозим меояд. Дар аксари маврид гули он турй, салибшакл ва ромбшакл мебошанд.

На;ши гулдузй дар баробари гуногунии худ доираи ягонаи мавзуъхои тасвирй дошта, бар замми мавчудияти нусхахои зиёд унсурхои бисёри махсус низ дорад. Масалан: косагул, ва на;шх,ои мушта;и он шабехи бодом, бодиринг, себаргахои гуногун, ну;тахо, пояхои морпечи растанй, навдахо ва гайра. Иртиботи ами;и гулдузии точикй бо зисти хал; мазмуни онро хеле оддй ва табий гардонида, тарзи анчоми бетакаллуфаш ба кас фарах, мебахшад. Дар гулдузии точикй унсурхои зерин: туморча, офтоб, морак, анор, ситора, мехроб, шох, ва гайра на;ши мухимро доро аст.

Яъне гулдузии точикй ба эчодиёти анъанавй мансуб буда бо тамоми санъати ороишй-амалй робитаи ;авй дошта, бо хосиятхои хос ба хислатхои умумии на;шу нигори гулдузии точикй мутоби;ати зиёдеро бо санъати хал;хои гуногун, ба хусус хунари узбекхо, ;азо;хо, бош;ирхо, туркманхо ва дигарон мушохида кардан мумкин аст.

Ин далелхои боло овардаро барои асоснок гардонидан суханони ;ахрамонмодари хунарманд Зайнабмох Масолиева оварда шудааст, ки дар поён мархилахои раванди то;идузии ин зани сохибхунар шарх дода шуда, шабохати онро ба хамин нуктахо муайян ва му;оиса карда шуд.

Зани порсо Зайнабмох Масолиева, хоксору халим, соли 1942 дар оилаи коргар, дар чамоати Понгоз чашм ба олами хастй кушодааст. Дар дехаи Бободархон мактаби миёнаро бо бахои хубу аъло хатм намуда, соли 1960 бо марди дарёдилу поквичдон, як чавонмарде, ки дар синни 6 солагй ятим монда ва бо талошхои худ ва бо дастгирии давлати Шуравй сохибкасб шуда буд, оиладор мегардад. Ин оилаи чавон зери сарпарастии бародарони калонй буданд, бо дастгирии хамдигар ба зиндагй ;адамхои устувор гузошта, шавхараш ронандаи мошини мусофиркаш "Автобуси Понгз - Хучанд" будаанд.

Зайнабмох Масолиева аз модари бузургвори худ Халима аз хурдй зиёда аз панч намуди хунарро омухтааст. Ин зани хунарманд хамрохи хешони шавхараш хунари то;идузиро огоз менамоянд, ки дар хамон давр то;ихои омодаменамудаашонро чи тавре ки дар боло ;айд намудем, то;ихои Бухорой ном мебурдаанд, онхоро бо на;шхои хандасй, на;ши ;аланфур ва гулу баргхои анору бодом ороиш медодаанд, баъдтар бо пешрафти замон то;ихои "чоргула" муд гашту ба духтани ин то;ихо шуруъ намудаанд, ки маънои на;шхои дар то;й

истифодагардида мехру мухаббат ба зиндагиву табиат ва анъанахои минта;ахои муайяни худро ифода мекард, омода месохтаанд.

Кдхрамонмодари хунарманд Зайнабмох хангоми сухбат мархилахои то;идузиро чунин шарх доданд: "...Барои духтани туппихои ;адимаи бухорой мо махмали сиёхрангро бо бахяи сахту дагал интихоб намуда бо истифодаи на;шхо: барг, бодом, ;аланфур, себаргахои гуногун, ну;тахо, пояхои морпечи растанй, навдахо ва гайра зебу зиннат мебахшидем", ки айнан монанди хамин гуфтахоро мо муха;;и;они ма;олаи мазкур аз китоби "Гулдузии точикй" дарёфт намудем, ки далели гуфтахои хунарманд мебошад [2, с. 34].

Ва;те, ки шумораи то;ихо зиёд мешудаанд Зайнабмох бо хамрохии шавхараш Асатилло ба шахри Тошканд, ки он ва;тхо ин шахр маркази Осиё махсуб меёфт ба фуруш мебурданд. Бо ;исми асосии маблагхои ба дастоварда, барои духтани то;ихои нав матою ресмон меоварданд, хамин тавр зиндагонии худро аз хисоби то;идузй пеш мебурданд баробари ин ба наздикону хамсоягон меомузониданд, ки сахми зани хунарманд дар намуди хунари то;идузй арзёбй крда мешавад.

Зайнабмох Масолиева бо баробари хунари то;идузй барои пешбурди хунархои волои хеш ва боло бардоштани сатхи зиндагии худ аз чихати и;тисодй, хунари алочабофиро низ пеша менамояд.

Алочабофй. Дар солхои 1930 - юми асри гузашта дар Чумхурии Шуравии Точикистон сохаи бофандагй ривочу равна; ёфт ва алочабофй низ хамчун як бахши он хеле тара;;й намуд. Кариб дар тамоми маноти;и кишвар хунари алочабофй ба рох монда шуда буд.

Аслан дар Осиёи Марказй се намуди алоча: зебок, абрешимй ва фарангй бофта мешуд, мегуяд, ;ахрамонмодари хунарманд Зайнабмох Масолиева.

Дар ин бора олимони варзидаи точик Чуразода ЧД., Исомитдинов Ч.Б., Рахимов И.У. низ дар китоби худ чунин ;айд кардаанд: "...алоча ду намуд, аз нахи махаллй - зебок ва абрешимй иборат буд. Навъи дигари алоча низ мавчуд буд, ки онро аз наххои англисй ва ё русй омода менамуданд, ки онро алочаи фарангй низ мехонданд. Аз руи маълумотхои мавчуда алоча асосан дар Ургут, Самарканд ва Катта;ургон истехсол карда мешудааст, ки ба хусус алочаи охирин дорои сифати басо баланд будааст" [4, с. 51].

Соли 1974 аввалин бор дар чамоати дехоти Понгози нохияи Ашт алочабофй огоз гардидааст. Дар он чо аслан пештар ателе вучуд надошт. Ин и;дом асосан барои занони хонашин ва серфарзанд бо номи "Чеварони хонакор" бо сарварии Абдулаким Бойматов пешбинй карда шуда буд. Дар хамон ва;тхо ;ариб тамоми занони деха ба ин кор чалб шуда будаанд.

Аслан хунари алочабофиро зани хунарманд Зйнабмох Масолиева бо истифода аз риштахои фаранчй огоз менамояд. Сараввал риштахои калобагиро гирифта онро бо чарх печонида, калоба карда ресмон мересидаанд ва онро бо рангхои махсус дар дохили дегхои калон андохта ранг мекардаанд. Дар калобачуб кулула намуда ва баъд онро бо андозаи муайян дар руи хавлй метанидаанд, бо намуд ва шаклхои хандасиву занчира гул мечидаанд. Сипас онро ба чои махсус рост карда ба зерик мечиданд. Барои бофтани алоча махсус хараксавор мекардаанд ва обдаргаро гузаронида бо ;амчин мебофтанд, инчунин бо гулчинак гулпартой мекардаанд. Барои он ки ба дастгохи алочабофй ресмон гунчад ё ки мувофи; бошад, андозаи пахноии тори ресмонхоро бо дар назардошти та;рибан 1,5 маротиба дар холати ба тамом кушода будани панчаи даст бо ангуштхо, ани;тараш аз хафт ;атори рангорангу гулдор иборат буд, ки хар як тори он аз 14 пуди бофташуда ва ;атори рангаи гулдорхояш аз 21 пуди бофташуда марбут хастанд, ки ба таври вертикалй дар хар як

10-15см на;шхои шакли хандасидошта (чоркунч, ромбшакл ва г.) тасвир карда, бофта мешудаанд. Аз он чумла дар байни хар як ;атори 14 ва 21, 3 пудй 8 адад на;ши занчира низ ба таври амудй чой гирифтааст, ки хафт ;атори рангорангро аз хам чудо месозад. Дар умум алочаи дар дасгох мегунчида бо пахноии 136 пуд иборат буда, 68 чуфт, яъне як бар дар дастгохи алочабофй ном гирифта мешудааст.

Тартиби пайдархамии тору пуд дар алочабофй:

3 + 14 + 3 + 21 + 3 + 14 + 3 + 14 + 3 + 21 + 3 + 14 + 3 + 14 + 3 = 136

Яъне аз ададхои чамъшаванда 136 хосил мегардидааст, ки ин адад нишондихандаи як бари (чуфт) 1,5 вачабаи дастгохи алочабофиро ташкил медихдд.

Дарозии ресмонхо бошад мувофи;и фармоиши омма, ки талаботи онх,о асосан 3х3м мешудааст онро то 27м кашол намуда, аз хар дарозии 3м бурида мешудаанд, ки ин дар натича дарозии алочахоро дарбар мегирад. Яъне дарозии он то 27м зиёдтар бо назардошти буришаш буда, нух то дарозии семетра бурида бар бо бар хамчоя карда духта шавад, алочаи бараш 3х3метра омода карда мешудааст.

Хангоми боздид аз раванди алочабофй аз чониби му^а;;и; Масолиев Абдулло муайян карда шуд, ки дастгохи алочабофй асосан аз чуб сохта шуда, аз ;исмхои зерин иборат мебошад:

• Харак - ;исми асосии дастгохи алочабофй махсуб ёфта, барои идора намудани худи бофанда ва хам риштаи ба таври ;аторхо кашолкарда хидмат менамояд;

• Зерик - ;исми дигари дастгохи алочабофй мебошад ва барои чойгиршавии шумораи ;атори риштахоро пайдархам нигох доштан хидмат менамояд;

• ОбдарFа - ;исми дигари дастгохи алочабофй аст, ки барои болову поён кардани ;атори ресмонхо, яъне то;у чуфт карда аз байни ;аторхо барои гузаронидани ресмони бофанда кумак мерасонад;

• Килич - ;исми дигари дастгохи алочабофй ба хисоб рафта, вазифаи бофтан, ва ба таври фишор додан, зич намудани ресмони бофандаи аз байни ;аторхо гузарандаро ичро мекунад;

• Гулчинак - барои гуландозй дар алочабофй ба кор бурда мешавад.

Хамин тавр бо ёрии ин дастгох, алочахои гуногуну рангоранги на;шини миллии ;адима бо андозахои 2м-50см х 3м, 2м х 3м ва ё 3х3м омода гардида дар бозорхо ба фуруш бароварда мешуд ва асосан барои тую маъракахо аз чониби сохибчашнон хамчун чихози асосй барои истифода фармоиш дода мешуданд, ки дар ин рангом аз омода кардани алоча хунари алочабофй ба пеш рафта сатхи зиндагиашон низ аз хисоби даромадхои хуб боло мерафт. Ва хатто то ба имруз низ намунахои алочахои ;адима ба мо омада расидаанд, ва хатто дар рузгори худ холо низ истифода бурда истодаанд, чароки хушнамуду хушсифат ва гармиро табиатан хуб нигох медоштааст.

Дар хамин хангом бо пешрафти талаботи замон дар деха бо ташаббусу дастгирии давлату хукумати махаллй корхона бо номи "Чеварони хонакор", "Ателье" таъсис ёфт. Занони чирадасти деха ба ин корхона чалб гаштанд. Зани мехнатдусту мехнат;арин ва сохибхунар Зайнабмох Масолиева низ аз хисоби занхои коргар риштаро гирифта алочабофиашро тавассути ин корхонаи навтаъсис давом додааст. Ашёхои хом, риштахои бо;имондаро аз корхонахои истехсолй оварда ба занхо бо ми;дори муайян ба мисоли 6кг медод, аз 4кг-и он тор ва аз 2кг-и он пуд карда, баъд гирех мекарданд ва аз ресмон алоча мебофтанд. Алочаро хама дар хона бофта ба корхона бурда месупориданд ва бар ивазаш музд худро мегирифтаанд.

Дар соли 1974 захматхои ин зани сергайрату дурусткорро дида, рохбари корхона уро ба кор цабул намудааст. Минбаъд у бо неруи дахчанд, хам фарзандонро ба воя мерасонид, мехурониду мепушонид ва баробари ин хунари хешро боз хам густурдатар мекард.

^амин тавр муддати фаъолият бурдани корхона дар он ч,о кор карда ба нафаца баромадааст.

Холо низ талабот бошад барои бофтани алоча имкон хаст, цайд намуданд цахрамонмодари сохибхунар Зайнабмох Масолиева.

Муддате шояд аз набудани талабот ё аз мадди назари мардум дур мондан, бозори алоча каме суст мешавад.

Чй тавре ки мо шохид гардидем дар минтацахои зиёди деха то хол аз чунин алочахо истифода мебурдаанд. Албатта дар цисме аз хучрахои мехмоннишин гилемхои замонавй истифода мешаванд. Шарх дода шуд, ки алочахои цадимй, хунари дастй аст ва табиатан аълосифат буда, аз сабаби он ки аз ресмонхои абрешимиву пашми гусфанд бофта мешавад, асосан дар сармохо мувофиц, гарм ва ба саломатии инсон фоидабахш низ хастанд. Дар ин асно хангоми таклиф шудан, барои бофтани алоча ва оммавигардонидани ин хунар барои барохмондани он холо низ имкон хаст, дастгохи алочабофй коршоям аст, мегуяд Зайнабмох Масолиева.

Яъне баъди кам шудани талабот цахрамонмодари хунарманд Зайнабмох Масолиева бо хамрохи хамсараш ва фарзандон богдориву дехцонй мекардаанд, инчунин чорво низ доштаанд, ки аз пашми чорвои хурд ба бофтани чуроб (пайпоци муйин) бо хамрохии духтарону наберагон машгул мегарданд.

Ч,уроббофй. Пашми чорворо гирифта бо об шуста, хушк карда тит (тинг-тинг) мекарданд. Баъди он бо дастгохчаи хурду соддаи дастй, ки "чиллак" ном доштааст, онро ресмон карда кулула менамудаанд. Чорвои хурди пашмдор ранги сиёху сафед ва гохо ранги зарду кабудро доро будааст, бинобар хамин рангхои ресмон асосан табиатан сиёху сафед ва баъзан зарду кабуд хам мешудаанд. Дар аксар маврид ранги зарду кабуд хамчун ороиш бо намуди гул ё рахкашй (рост, мор-морак) истифода мегардидааст. Ё ин ки чуроби сафед бофта мешуду бо ранги сиёх, гулу рахпартой мекардаанд ва баръакси хамин, инчунин чуробхо пурра сап-сафед ва ё сип-сиё хам бофта мешудаанд.

• Чиллак - асбоби хело хам хурду соддаи аз пашми чорво ресмонресанда буда, аз ду чуби ба шакли аломати чамъ чойгиршуда иборат мебошад ва мехвар низ дорад.

Мехвар - сими рости тацрибан 20-25см буда, тавассути сурохй аз маркази ду чуби холати шакли аломати чамъдошта ба таври ба онхо перпендикуляр гузашта мебошад. Хангоми чарх занонидани чубхо дар атрофи мехвар, муй-пашм бо дасти чап аз боло идора карда шуда, бо дасти рост чархи ресмонресиро давр занонида бо баробари он печидани гафсии муйянро дар намуди ришта бо дошта пойину боло кардани ангуштон баробар карда, цисми омодагардидаи ришта ба чиллак ба таври кулула печонида мешудаанд. Баъди калон гардидани кулулаи ришта, аввал сим-мехвар аз байни он кашида гирифта мешудааст, ва баъдан чуби чиллак ба дутараф кашида гирифта шавад дар натича кулулаи ресмон озод дар даст боцй мемонад. Дар натича ресмон барои бофтани чуроб (пайпоци муйин) омода мегардидааст.

Кулулаи ресмонхои омодагардидаро гирифта тавассути сиххои махсус, чуроб аз чониби бандаш ба самти нуги панчаи пой бофта мешудаанд. Барои бофтани чуроб 4 сихи 25см диаметраш тацрибан 2мм лозим будааст, ки сетои сиххо цатори бофташударо бо 13-14 шумора нигох дошта, яктоаш барои бофтан хидмат мерасонад. Чониби банди чуроб-пайпоц

то а;иби пой 35-40 ;атор, ;исми поёниаш то нуги ангуштони пой 50-55 ;аторро дарбар мегирифтааст. Инчунин 16-20 ;атори аввали банди чуроб ва 14 ;атори а;иби пой ба таври чапа-роста бофта мешудаанд, ки хам аз чихати ороиш фар; мекардаанд ва хам ;авитару нармтар мешудаанд. Та;рибан 5-8 ;атори нуги пой аз хар як ;тор 2-3 баъзан 4 бофтй кам карда шуда, нуги чуроб-пайпо; чамъ карда мешудаанд.

Кайд карда шуд, ки чуроб-пайпо;хо асосан аз пашми гусфанд омода гардида аз хисоби гармиаш аз гирифторшавии дарди пой (ревматизм) эмин нигох медорад, яъне хусусияти шифобахшй низ дорад. Холо низ дар дехаи Понгоз хам занхо ва хам мардхо ба хусус калонсолон ин намуди чуробро истифода мекунанд.

Имруз ин зани порсои хунарманд, ;авииродаву нексиришт ва мех,моннавоз дар хал;аи фарзандон, наберагону аберагон ва азизонаш давлати пирй меронад. Вале мехр ба хунар аз у хануз дур нагардидааст, намехохад ба пирй тан бидихад, барои хар нафасаш аз Офаридгор шукргузорй мекунад, ва солимию бардамй талаб менамояд ва барои хуш гузаронидани рузу рузгораш дар синни мубораки 81 хам бошад, хунари даструймолдузиро идома медихад ва бо баробари ин барои наберагонаш низ меомузонад. Ин албатта тавассути аз насл ба насл мерос гузоштани хунархои ;адимаи миллй ва сахми муассире дар оммавигардонии хунархои мардумй мебошад.

Руймолдузй - низ як навъи хунархои мардумй буда, асосан дар дехот ривоч ёфтааст ва ин зани сохибхунар да;и;ахои холигиашро бо духтани руёмол мегузаронад. Руймолхоро холо аз матоъхои ласу сатин ва бо риштахои пахтагию абрешимй омода мекунанд. Барои он аз чузъиётхои на;ши ислимй: барг, шохбарг, ;аланфур, бодом, лола, садбарг маргулаву бандхо ва раххои росту мор - морак истифода карда шуда истодааст, ки ба талаботи замони хозира мувофи; мебошад.

Имрузхо, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, Чаноби олй, мухтарам Эмомалй Рахмон хунару хунармандй чун яке аз самтхои афзалиятнок махсуб ёфта, ди;;ати махсус зохир гардида, тамоми шароитхо барои хунармандони сохахои гуногун фарохам оварда шудааст [1].

Яъне хунармандони касбу кори гуногун бе мамоният фаъолият мебаранд, инчунин дар намоишхои минта;авиву шахрй, вилоятй, чумхуриявй ва хатто берун аз он ширкат варзида, сатхи зиндагонии худро боло бурда истодаанд. Бо хунари милливу анъанахои ниёгони хеш Точикистони азизро дар арсаи байналмиллалй муаррифй менамоянд.

Хамин тавр бахри оммавигардонии хунархои мардумй дар заминаи созанда ва бунёдгароии Президенти махбуби точикон хунармандон фаъолият намуда истодаанд. Нашри чунин ма;олахои илмй низ барои посдории таъриху тамаддуни хунарии хеш ва рунамоии технологияхои кори хунармандон заминагузори рушди хунархои мардумй ва чун рахнамо барои навомузони сохаи хунармандй, дар чодаи оммавигардонии хунархои мардумй таккони чиддй хохад дод.

АДАБИЁТ

1. Масолиев А.С. «Сахми Пешвои миллат дар рушди хунархои мардумй ва хамбастагии он бо истехсолот дар раванди саноатикунонии босуръати Чумхурии Точикистон». Конференсияи илмй-амалии чумхуриявй "Хамбастагии илм бо истехсолот дар раванди саноатикунонии босуръати Чумхурии Точикистон". - Душанбе: 2022. - 212-216с.

2. Н. Исоева - Юнусова. Гулдузии точикй-Таджикская вышивка. Москва «Искусство» 1979 г.

3. Хасанов С., Исоев А.Б., Масолиев А.С. «Оммавигардонии хунархои мардумй дар мисоли хунари гачкорй». Международный научно-практический журнал ENDLESS LIGHT in SCIENCE. 17 Декабря 2022 Алматы, Казахстан. 278-282 с.

4. Чуразода ЧХ Исомитдинов Ч,.Б., Рахимов И.У. Аз таърихи хунархои мардумй. - Хучанд: Нури маърифат, 2021. - 240 сах.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.