УДК: 891. 550 - 921
АНДЕ ШАДОИ ЛАТИФУ АФКОРИ ДАКИМОНА АЗ НИГОДИ МИРЗО ШУХИИ
ХУЧДНДЙ
ДАЙДАРОВА БИСАНОАТ УМАРОВНА
Муассисаи давлатии "Донишкадаи байналмилалии Хучанд"- и Донишгох,и байналмилалии сайёх,й ва сох,ибкории Точикистон
Дар осори Шухи дар баробари газал жанр%ои дигари адаби аз цабили рубои, маснави ва мухаммас низ ба назар мерасад. Махсусан, маснавии шоир дар тавсифи Хуцанд ифодагри му%аббати беандозаи шоир ба зодго%аш мебошад.
Храмин тариц Шухии Хуцанди аз шоирони намоён ва со%ибдевони охири садаи XVIII форсу тоцик буда, дар густаришу инкишофи адабиёти давр са%ми босазо гузоштааст. Осору ашъори шоир аз цщати мавзуъ доманаи фарох дошта, масоили мухталифи зиндаги, %аёти ицтимои ва цанба%ои маз%абиро фаро гирифтааст.
Омузиши минбаъдаи осори шоир имкон фаро%ам меорад, ки па%лу%ои %унарии шоир, мавзуъ ва мундарицаи нигошта%ояш щмацониба муаррифи шавад, са%ифаи рушани дигар дар китоби таърихи адабиёти тоцик бозгардад.
Калидвожахр: Адабиёт, газал, жанр, адаби, рубои, маснави, мухаммас, осор, масоил, озмоиш, зиндаги, са%ифа, китоб, аср, %унар
ИЗЯЩНЫЕ МЫСЛИ И МУДРОЕ МНЕНОЕ С ТОЧКИ ЗРЕНИЯ МИРЗО
ШУХИИ ХУДЖАНДИ
ХАЙДАРОВА БИСАНОАТ УМАРОВНА
ГУ ''Худжандский международный институт ''Международный университет бизнеса и туризма Таджикистана'' кандидат филологических наук. Худжанд
В произведениях Шухии Худжанди наряду с газелями и другими литературными жанрами из числа рубаи представляется взгляду маснави и мухаммас (пятистрочная строка с одинаковыми рифмами). Особенно маснави поэта где Худжанди восхваляет, излагает безмерную любовь к своей Родине.
Так Худжанди явлеясь видным поэтом, автором сборника стихов конца XVIII форско-таджикской поэзии в период распространения литературы внес заслуженный видный вклад.
Произведения поэта включают в себя важные общественные задачи и характерные черты вероисповедания.
Ключевые слова: Литература, газель, жанр, литературный, рубин, маснави, мухаммас, произведения, вопросы, исследование, жизнь, страница, книга, век, искусство
FUNNY THOUGHTS AND WISDOM THOUGHTS FROM MIRZA SHUKHI
KHUJANDI
HAIDAROOVA BISANOAT UMAROVNA SI "Khujand International Institute" University of Business and Tourism of Tajikistan University of Business and Tourism of Tajikistan'', candidate of philological sciences. Khujand
In the creation of Shukukhi, Khujandi, along with ghazelle and the other literary, genres from the rubai is seen musnavi and mukhammas ( a five line with the same rhymes.)
Especially the masnavi of poet where Khujandi praises the immeasurable love for his Motherland.
So Khujandi was a prominent poet, the author of a collection of poems at the end of the 18th century the Persian - Tajik poetry, made a well - deserved prominent contribution during the period of dissemination of literature. The poet,s works include important social tasks and the characteristic features of religion.
Keywords: Literature, ghazal, genre, literary, ruby, masnavi, important, works, issues, experiment, life, page, book, century, art.
Дар таърихи адабиёти форсу точик асри XVIII-X1X бо вучуди мавриди омузиши мухаккикони номвар карор гирифтанаш хануз пахлухои ноомухтаи худро дорад. Ин асрхо чамъбасти инкишофи бештар аз чахорасраи Мовароуннахр хамчун адабиёти мустакил махсуб шуда, бо истифода аз дастовардхои адабиёти Хуросон ва Х,индустон ривочу инкишоф ёфт ва як давраи мукаммал ва ганиро руи кор овард. Х,ини омезиши адабиёти ин давра возех ба назар мерасад, ки доирахои адабии Мовароуннахр махсусан, дар Самарканду Бухоро баъдтар Хуканд ба адабиёт шоирони сохибкаламро эхдо кардааст.
Дар ин доираи адабй чун дар тамоми каламрави адабиёти форсизабон анвои адабй монанди газал, касида, рубой, маснавй, назира ва татаббеъ густариш меёбад. Мухаккикони каломи бадеъ аз руи мавзуъ ва мундарича адабиёти ин давраро ба адабиёти иртичой ва пешкадам кисмат намуда, аз хамин чашмандоз ба осори адибон бахогузорй кардаанд. Х,арчанд аз ин чанба бахо додан ба осори адибон, хунари онхо нисбй мебошад, вале мавкеи ичтимоии суханварро хини бахо додан ба осораш ба инобат гирифтан арзиши илмиро дорост.
Мухаккики маъруфи адабиёти точику форс Е. Э. Бертелс дар маколаи худ «Адабиёти форсй дар Осиёи Миёна» менависад: «дар таърихи адабиёти форсу точик даврахои томи то кунун омухтанашуда бисёранд ва хусусан, дастнависхои зиёди дар китобхонахои Осиёи Миёна махфуз моро бо даххо ва садхо шоиру нависандагон шинос хоханд кард, ки номи онхо алхол дар илми шаркшиносй пайдо нест». Аз ин суханони адабиётшиноси бехамто Е.Э.Бертелс бармеояд, ки хануз ин давраи адабиёт хамчониба омухта нашудааст.
Шухии Хучандй низ аз кабили он шоирони сохибдевонест, ки хаёташ ба хамин давраи камомухташудаи адабиёти точик иртибот дорад ва хануз осораш ба тарики густурда мавриди тахкику омузиш карор нагирифтааст.
Шухии Хучандй аз зумраи шоирони номдори асри XVIII-X1X махсуб шуда, фарзанди ориф ва шоири маъруфи он замон Шайдои Хучандй мебошад. Шухй пайрав ва давомдихандаи кори падари хеш буданашро дар байти зерин таъкид месозад: Нозимон Шухй аз он хурмати назмам доранд, Дар сухан хомаи меросии Шайдо дорам Ё чои дигар мегуяд:
Вориси Фарходи ишкам хеши Мачнуни чунун Бас бувад бахри гувохам нисбати Шайдоиям
Мувофики акидаи адабиётшинос Абдуманнон Насриддинов Мирзо Шухии Хучандй дар Хучанд ва шахрхои дигари Мовароуннахр тахсили илм карда, як рузгори пуразоб ва сангинро аз сар гузаронидааст. Ин нукта дар байтхои зерин ифода ёфтааст: Барнамеояд аруси фитна аз огуши мо, Нест як дам фориг аз тифли хаводис души мо Тутиям, аммо шакар дар коми ман захр асту бас Гуй берун аз дахони мор ояд нуши ман
Махсусан замоне,ки шоир аз шахри азизаш Хучанд дур буд азобу окубати беше насибаш гардид:
Аз фигон як дам зи гам Шухй наёсояд равост, Булбулаш дур аз чаманзори Хучанд афтодааст.
Боиси зикр аст,ки вафоти шоир дар шахри ^аршй рух додааст,ки ин аз гарибиву захаматхои зиёд кашидаи шоир дарак медихад
Дар бораи хаёту рузгори шоир дар китобхои дастраси имруза маълумот нихоят кам буда,танхо омузиши сарчашмахои ноомухташудаи таъриху адабиёт имкон медихад то маълумоти бештар дар ин маврид ба даст ояд.Дар бораи зиндагй ва осори Шухй дар маколахои суханшиносон Саидумар Султонов, Эргашалй Шодиев ва Абдуманнони Насриддин сухан рафтааст. Махсусан, дар китоби "Тазкираи шоирони Хучанд"-и Абдулманнон Насриддин ва "Мунтахаби девони Шухии Хучандй"-и адабиётшинос Бахроми Рахматзод дар баробари нашри намунахои осори шоир нуктахои мухими хаёташ ба калам омадааст.
Маколахои номбурда агар аз як чониб Шайдо ва намунаи ашъори уро бори аввал дар адабиётшиносии муосир ба хонандагон муаррифй карда бошанд, аз чониби дигар онхо роху равиши минбаъдаи тадкикоти зиндагй ва ашъори уро баён кардаанд.
Боиси зикр аст,ки дар мавриди хозир маводхои муътамади тазкирахо, лугатномахо, девонхои ашъори бокимонда имкон фарохам меорад, ки аз чараёни адабии даврони шоир, бурду бохт, вазъи суханварию суханшиносй, хаёт ва эчодиёти шоир бештар ошно гардем.
Вале алъон дар мавриди осори шоир аз он намунахое,ки то имруз дастрас гардидааст, метавон баъзе хулосахои сахехй илмиро хосил намуд. Аз чумла аз омузиши осораш пайдост,ки шоир хини эчод ба осори суханварони бузурги Мовароуннахр - Сайидои Насафй, Шавкати Бухорой, Малехои Самаркандй ва дигарон пайравй кардааст. Вале мустакилияти шоир дар эчоди шеър, бозёфтхои хунарии у нотакрор буда, суханварро хамчун каламкаши сохибистеъдод муаррифй кардааст.
Аз чониби дигар эчодиёти Шухй дар заминаи адабиёти хазорсолаи форсу точик руи кор омадааст, ки дар он таъсири шеъри шоироне чун Низомии Ганчавй,Аттори Нишопурй, Мавлавии Румй, Саъдии Шерозй, Х,офизи Шерозй, Камоли Хучандй, Абдурахмони Ч,омй эхсос мешавад.Ашъори шоир дорои мавзуоти мухталиф буда, Шухй чун суханварони дигари точик мавзуи ишку ошикй, масоили ичтимой, сиёсй, ирфон ва гайраро ба калам кашидааст. Андешаву афкори шоир асосан дар колаби газал ифода ёфтааст.
Чунин ба назар мерасад, ки дар сурудахои шоирони садаи ХVП ва ХVШ, ки ашъори кисме аз онхо мавриди пажухишу тахкик карор гирифтааст, мавзуи асосии газал - ишк як дарача мавкеи худро аз даст дода, ба зинаи дуюм фаромадааст. Чунончи, таваччух ба ашъори шоири тавонои ин ахд - Сайидои Насафй ва пажухишоте, ки дар заминаи ашъори у ба майдон омадаанд, андешаи моро дар ин маврид таквият мебахшанд.
Девони Мирзо Шухии Хучандй асосан аз газал иборат буда, шоир анъанаи дерини газалсароиро идома бахшидааст. Аслан газал аз шаклхои латиф ва нафиси назми форсии точикй махсуб шуда, бехтарин воситаи ифодаи эхсосу андешахои рангин ва дилнишини шоир мебошад. Мусаллам аст, ки Саъдии Шерозй, Х,офизи Шерозй, Камоли Хучандию Абдуррахмони Ч,омй дар таърихи адабиёти мо ин навъи назмро ба дарачаи баланди камолот расонидаанд. Агар Саъдии Шерозиро паямбари газал хондаанд, Х,офизу Камолро сарояндаи ишку зебой ва Абдуррахмони Ч,омиро хотиматушшуаро махсуб медонанд.
Мирзо Шухии Хучандй низ аз зумраи он шоиронест, ки дар нимаи аввали асри XVIII дар инкишоф ва интишори ин шакли шеърй сахми арзандае гузошта, дар партави сабку услуби суханварони пешин чодаи мустакил ва хосаи худро дар газалсарой пайдо кардааст. Fазалхои Шухии Хучандй агар аз як чониб дар нихояти содагиву равонй эчод шуда, афкору андешахои латифи ошиконаро тачассум кунад, аз чониби дигар, онхо инъикосгари афкори хакимона, акидахои ирфонй ва гояхои хаётдустонаву башарпарваронаи шоир мебошанд.
Омузиши газалхои Шухй ба хулосае меорад, ки шоир дар нигориши газал мартабаи баланд доштааст. Девони Мирзо Шухии Хучандй дар доираи нигориши девонхои суханварони пешин аз газали хамд огоз мешавад. Маъмулан, газали ифтитохии девонхоро шуаро аз оёти Каломи Шариф ва аходиси набавй истинод мекунанд. Шухии Хучандй низ силсилаи газалхои аввалини девонашро дар мадху ситоиши Худованд ва паямбараш бахшида, мухимтарин хадафхои хешро аз эчоди газал баён мекунад.
Яке аз мавзуъхои асосии газалиёти Шухй ишк буда, он аз назари шоир дар баробари оташи сузон будан кудрати бехамтоеро молик аст.
Шоир ишкро дар баробари хамаи гармиву сардихо, талхиву ширинихо азиз медорад ва барои ухамешагй он хамчун мафхуми мукаддас боки мондааст. Аз назари шоир маъшука инсонест, ки зиндагии шоирро музайян ва рузгорашро сафову рух мебахшад, онро ширину зебо мегардонад. Аз ин ру, у дар мурочиат ба маъшука мегуяд: Биё, ки бе ту чу фасли хазон бахор гузашт, Нафас ба синаи булбул чу неши хор гузашт. Муаттал аст чунон бе ту базми майнушон, Ки умри чом ба дасти пиёладор гузашт.
[35/11,74б; 36,110].
Ё чои дигар мегуяд:
Биё, биё, ки маро интизорихост,
Ки кор бе ту диламро ф^ону зорихост.
Ба рохи машхади нозат фитодаам умрест,
Ба ханчари ту диламро сари дучорихост.
[35/11,77б; 36,117].
Бо дидани рухи маъшука аз дилишоир гам ва аз хотираш губор дур мешавад. Дуснаш ба чилва омаду Fам аз канор рафт, Оина ру намуду зи хотир Fубор рафт.
[35/П,81а-81б; 36,121].
Ишк барои Шухии Хучандй аз мухимтарин воситахои такомул ва пешрафти фард буда, хеч чиз чойи онро гирифта наметавонад. Чунончи, шоир дар васфи ишк сухан карда, буду набуди хастиро аз ин мафхуми мукаддас медонад. Худро сухтаи партави ишк, булбули ошёнаи ишк, шамъи хонаи ишк ва сокини остонаи ишк мехонад: Синасузам, забонаи ишкам, Дилхарошам, таронаи ишкам. Нола аз ман баландпарвоз аст, Булбули ошёнаи ишкам... Дар шаби ошикон ба кор оям, Нолаам, шамъи хонаи ишкам. Фор^ аз дайру Каъбаам, Шухй, Сокини остонаи ишкам [34, 129а; 36,230].
Ошной бо ин гуна осор ва омузиши амики ин гуна ашъор ба хулосае меорад, ки Шухии Хучандй дар баробари мутафаккир, донишманд ва ориф буданаш як инсони хокй буд, ки ба маъшукаи заминй дилбастагии том дошт. Ин гуна газалхои шоир ифодагари эхсосоти баланди инсонй, чахони поку музайяни шоирро ифода мекунад ва моро водор мекунад, ки дар баробари бахо додан ба истеъдоди эъчозофари шоир ба рузгору осораш хамчун ба зиндагии як фарди заминии асри XVIII назар кунем.
Шоир дар абёти зер зиндагии вазнину сарпечидаи хешро ба бахре монанд мекунад, ки ба туфони ходисот мубталост ва аз он рохи халосй нест. Ин маъниро дар истифода аз образи Нух ва киштйу шоирона баён месозад. Шоир мегуяд, ки зиндагии мо монанди он бахрест, ки ходисоти зиндагй моро бар фано мебарад ва аз он умеди халосй нест, зеро киштии Нух буд, ки замоне мардумро начот дод, вале моро илочи он нест: Бахрему чушдидаам туфони ходисот, Киштии Нух рах набарад дар канори мо [35/П,50а; 36,30].
ва шоир дарду ранчи хешро баъди марг низ анчомнопазир мехисобад. Ба кавли у, баъди вафоташ бар мазори у гузоштани нишон хочат надорад, зеро аз турбати шоир, ки хамоно садои нолаву фигон берун хохад омад, хар бинандаро аён хохад шуд: Баъд аз фано хам аз дили мо нола сар кашад, Шухй, чйхочат аст алам бар мазори мо.
[35/П,50а; 36,30]
Дар ашъори Мирзо Шухй оид ба кутохдастиву камбагалии шоир ишорахои чолиб ба назар мерасанд. Аз намунаи ин абёт дарёфтан душвор нест, ки шоир як зиндагии факирона, вале сарбаландонаро аз сар гузаронидааст:
Оху ф^они мо ба насобаш расидааст, Шухй, ба шох гуй, ки гирад закоти мо.
[34, 10б; 35/П,54б; 36,47]
Шухй, то кай зери бори миннати гардун шавй, Дур кун аз худ кулоху хиркаи пашминаро.
[35/П,53б; 36,46]
Дар ашъори Шухй талкини озод зиндагй кардану озода будан, тобеи афроди дун ва дунё нагаштан, бори зиндагии хешро бо неруи хосе кашидан аз мавзуоти мехварй махсуб мешавад. Шоир дар газали зерин дунёро аз назари хеш ба калами тасвир мекашад ва ба дунё дил бастанро нодуруст хисоб мекунад:
Масоз такя ба рохат ба маскани дунё,
Ки нест чои фароFат нишемани дунё.
Кунад хамеша зи савдои хом саргармй,
ДимоFи он ки хурад дуди гулхани дунё [35/П,55а; 36,49].
Дар идома шоир дунёро ба афроди дуну пастфитрат монанд мекунад, ки харгиз аз онхо чашми некй наметавон дошт.
Ба дастгирии дунон касе нахест зи чо,
Маёр бехуда дар чанг домани дунё [35/П,55а; 36,49].
Ва ба донишу илми хеш бовар карданро дар шинохти дунё нодуруст мешуморад ва магруриро хато медонад:
Машав ба дониши худ зери осмон маFрур,
Мабод боз фиребат дихад фани дунё.
Макаш ба касди чахон ох аз чигар, Шухй,
Ки теFи ту накунад кор бар тани дунё [35/П,55а; 36,49].
Чун хамаи суханварони пешин Шухй низ дар ашъораш ахли риё зохидони хушкро, ки зохиран Худогуянд, вале дар асл ба нафъи нафси аммораи хеш кор мекунанд, зери тозиёнаи танкид карор медихад. Дастори зохид ва ришу фаши уро асбобе барои дарёфти хурду хоб мебинад:
Фашу дастор асбобу хуру хоб аст, эй зохид, Зи душ афканд бояд дар талаб бори лавандиро.
[35,56а; 36,51]
Шоир талкин мекунад, ки дар ин замона ба хар касу нокас рози дили хешро набояд ифшо кард. Тахти ибороти "рози дил" ва "сирри ишк" мусалламан, шоир ду матлабро дар назар дорад: якум асрори калби инсон, ки ифшои он бароигайр суде надорад, дувум хадафи шоир сирри ишки илохист, ки аз назариу дарку маърифати он на хамаро даст медихад: Рози дил, эй Худоталаб, фош макун ба дигаре, Мухр магир аз дахон тунги майи бачушро. Махрами сирри ишки у нест ба чуз Fуломи у, Лоики ин гухар нашуд он ки насуфта гушро.
[35,57а; 36,31]
Аз назари Шухй, махсусан, ба ахли риё изхори хакикат чоиз набуда, дурй чустан аз онхо айни матлаб аст. Аз ин ру, шоир дар идомаи газал талкин мекунад, ки аз сари риё бандагй дар назди Худованд харгиз кабул нест ва иктидо варзидан дар паси афроди худофуруш низ чоиз нахохад буд. Х,амзамон, талкин мекунад, ки дар ин замона кадри сухан намондааст ва хомушй гузидан бехтарин фазилат аст:
Бандагии риёиён нест кабули хазраташ, Нияти иктидо макун кавми худофурушро.
Шухй ба гавхари сухан кадр намонда дар чахон, Гар накушой бехтар аст, мухри лаби хамушро.
Дар осори Шухй иборахои хосаи шоироне кам нестанд, ки махсусан, офаридаи шоир мебошад. Ин иборот дарки маънии мармуз ва таърихист. Чунончи, дар байти зер ибороти «хавои халилй»:
Кунй хавои халилй, иморати дил кун,
Камй зи Каъба надорад дили хароб ин чо [35,51а; 36,33].
Дар ин байт максуд аз «хавои халилй» хаваси дусти Худо буда, паямбари Худо Иброхими Халилуллох дар назар дошта шудааст. Бо истифода аз ин таъбир, шоир маънии латиферо ироа мекунад: дили инсон аз Каъба кам нест, иморати дил аз бунёди хонаи Худо камтар кадр надорад ва он касе ки дилеро дармеёбад ва шод мекунад, дар макоми Иброхими Халилуллохчой хохад дошт. Байти машхури Румй бахси доманадор ва деринаи дили инсон ва хонаи Худоро тачассум мекунад:
Дил ба даст овар, ки хаччи акбар аст, Аз хазорон Каъба як дил бехтар аст.
Каъба бунёди Халили Озар аст, Дил назаргохи Ч,алили анвар аст.
Дар мавриди умри дароз дидани Шухии Хучандй байти зер низ далолат мекунад: Пирй чу дод муждаи васли вафоти мо, Барги шукуфа рехт зи нахли хаёти мо.
[34, 10б; 35,54б; 36,47]
Дар ашъори Мирзо Шухй оид ба кутохдастиву камбагалии шоир ишорахои чолиб ба назар мерасанд. Аз намунаи ин абёт дарёфтан душвор нест, ки шоир як зиндагии факирона, вале сарбаландонаро аз сар гузаронидааст:
Оху ф^они мо ба насибаш расидааст, Шухй, ба шох гуй, ки гирад закоти мо.
[34, 10б; 35,54б; 36,47].
Шухй, то кай зери бори миннати гардун шавй, Дур кун аз худ кулоху хиркаи пашминаро.
[35,53б; 36,46]
Шоир дар чодаи суханварй худро шогирди устоде намешуморад ва душманони истеъдодашро мурочиат мекунад, ки уро аз он ки суханвари худруй аст, таъна мезанад: Таъни худруйй мазан, эй нотавонбин, дар сухан, Хомаи Шухй мураххас буд аз устодхо [35,60б; 36,63].
Дар девони шоир ашъоре кам нестанд, ки он оханги муночот ва ниёишро доранд. Дар ин гуна газалхо Шухй ба Илохй мурочиат мекунад ва аз даргохи У барояш рахму мурувватхо хохиш дорад ва аз зумраи некон даршумурдан ва номаи аъмолашро ба назар гирад. Илохй, даршумор аз чумлаи некон хисобамро, Бигардон сархати хурон варакхои китобамро.
[35,62б; 36,69]
Дар ин гуна ашъор Шухй ба киссахо ва санадхои куръонй низ ишорат мекунад, ки аз дониши баланди фикхии у гувохй медихад. Чунончи, дар байти зер сухан дар бораи вайрон шудани девори ятимон аз чониби Х,изр (а) меравад, ки дар поёни сураи Ал-Кахф омадааст. Мутобики инкисса Дазрати Хизр (а) се амал: шикастани киштй, ба катл расонидани чавоне ва афтонидани девори ятимро анчом медихад, ки хамагй дар фароварди хеш хикмате дошт, аз чумла, афтонидани девори ятим боиси дарёфти симу зари волидайни онхо мегардад: Зи хар су чордевори вучудам хок мерезад, Бувад Хизре, ки сангин созад ин факри харобамро.
[35,62б; 36,69]
Дар ашъори Шухй панду андарзу хикмат макоми шоиста дорад. Шоир ба тарики мустаким хонандаро панд медихад ва аз пастию баландии зиндагй уро хушдор месозад. Аз назари Шухй, ширинихои зиндагй аслан, захр аст ва набояд инсони окил фиреби онро хурда бошад. Ба иборати дигар, инсон фирефтаи олами зохир набояд бошад: Захр аст, мануш аз кафи айём шакарро, Аз даст мадех зоикаи хуни чигарро [35,62б; 36,70].
Аз аъмоли фарзанди нохалаф сарпасту сарафканда гаштани падарро ба тири кач, ки аз камон хато баромадааст, монанд мекунад:
Бо таъна нишон гашт камон аз качии тир, Фарзанди забун мешиканад шаъни падарро.
[35,62б; 36,70]
Шухй дар идомаи газал панди зиндагиро ба амсолу хикам баён мекунад. Аз чумла, аз байти зерин бо мардуми хоксору заминй омехтан ва муътакиди онхо буданро дар зиндагй мухим мешуморад. Ин гуна афрод чун решаи дарахт хастанд, ки тавассути онхо шоху барги дарахт сабз мегардад ва нихоят бор меорад:
Аз хокнишинон магузар, толиби файзй, К-аз реша расад бахра, на аз шох самарро.
[35,62б; 36,70]
Шоир дар мактаи газал андешахои чолиб ва афкори хакимонаи худро намехохад ба гуши афроде резад, ки бар дили онхо асарнопазир бошад:
Шухй надихад бар лаби худ рухсати гуфтан, Х,арфе, ки нарезад ба дили Fайр асарро. [35,62б; 36,70]
Афкори хикматомези Мирзо Шухии Хучандй дар ашъораш аглаби мавридхо ба тарики хитоб ба хонанда ифода меёбад. Ба андешаи шоир, ишрату фарогати дунё монанди пирзоли мурдаест, ки инсон чихати гофиливу бехабарй уро ба огуш мегирад: Дур кун аз дил хаёли ишрати дунёи дун, Чанд гирй дар канор ин пирзоли мурдаро?!
[35,63а; 36,71]
Ё дар идомаи хамин газал мегуяд:
Fайри бадхуй набошад чораи ахли фасод,
Нештар созад зи раг овора хуни мурдаро [35,63а; 36,71].
Дар мавриди бесуд будани панду хикмат бар гуши бехирадону нокобилон шоир борхо ишора мекунад:
Бо бехирадон руй макун гуфтай, Шухй, Ч,уххол чй донанд бахои гухари мо? [35,64а; 36,73]
Ё дар идомаи газал сангиндилонро аз файзу рахмат, мехру мухаббат дур ва бенасиб мешуморад, чунончи аз шароб пиёла суде намебардорад: Сангиндилон зи файз нагарданд бахравар, Аз нашъаи шароб чйхосил аёFро?! [35,67а; 36,81]
Ё дар газали дигар, хамин маъноро ба тарики зайл ифода мекунад: Инсони нокобилро тарбият кардан суде надорад, чунончи ба чашмони нобино тутиё молидан камоли беаклист: Надорад суд сайъ зй мардуми неку ба нокобил, Насозад тутиё кодир ба дидан чашми аъмиро.
[35,67а; 36,82]
Шухй аксуламали ин матлабро низ зикр кардааст: Сухани ашхоси сияхдил, ки аз хикмату маърифат дур аст, барои инсонхо таъсирпазир нест, зеро харгиз зогчои булбулро гирифта наметавонад:
Х,арфи сияхдилон накунад бо касе асар,
Набвад чу андалеби чаман нагма зогро [35,67а; 36,81].
Шухии Хучандй аз ашъори баланд ва истеъдоди хеш ифтихор дорад. У бахои хешро дар олами сухан медонад ва онро сазовори ахли маърифат ва сухан мешуморад: Намедонам, чи лаззат бурда тифли чашми он бадху, Намемонад замоне аз багал девони Шухиро.
[35,67а; 36,82]
Шухии Хучандй борхо ишора бар он мекунад, ки "тутиён ба назми у дил додаанд". Агар дар абёти зерин тутиёнро дилдодаи назми хеш хонда, аз найи каламаш резиши шакарро тасвир кунад:
Чунон ба назми ту дил дода, тутиён, Шухй,
Ки гуй софшакар резад аз найи каламат[35,87а; 36,160].
Дар байти дигар, чихати килки шакарбори шоир хомушй гузидани тутисуханон, яъне, суханварони дигарро зикр месозад:
Тутисуханон аз чй хамушанд дар ин давр? Шухй, набувад килки шакарбори ту боис?
[35,97б; 36,170]
Дар чойи дигар суханхояшро аз лаъли Бадахшон болотар мешуморад: Шухй, аз рашки суханхоят Бадахшон шуд хароб, Хуни хасрат лаъл аз икболи гавхар мехурад.
[35,102б; 36,182].
Мирзо Шухии Хучандй хамчун инсони боаклу донишманд ба зиндагии рузмарра бо чашми ибрат назар менамояд. Ба масъалахои чузъии зиндагии инсон, ки он ба хавову хавас тааллук дорад, камтар таваччух месозад. Шоир дар ашъораш зиндагии он чахонро бар ин чахон мукаддам мешуморад. У айшу ишрати ин дунёро беокибат медонад ва азбаски дар ин чахон зиндагии талх уро насиб кардааст, у мутмаин аст, ки фардои у хуштару бехтар мебошад:
Ишрати дунё надорад окибат, Бошад аз имруз хуш фардои мо [35,64б; 36,76].
Дар девони Мирзо Шухии Хучандй мавзуи деринаи адабиёт - маърифати сухан, ахли дил ва мардуми дур аз дарку маърифати хакикат ва маъниву мазмуни баланд макоми мехварй дорад. Шоир худро аз мардуми бехираду нодон дур мегирад: Онро ки магзи сар набувад, аз сухан чйхаз, Мушки Хутан хавола макун бедимогро! [35,67а; 36,81]
Х,амин тавр, аз мисолхои мазкур метавон ба хулосае расид, ки шоир дорои завки баланди суханшиносиву сухансанчй буда, ба осори худу хамасронаш бахои вокей медод. Дар баробари эхтирому мухаббат ба осор ва шахсияти шоирони дигар Мирзо Шухии Хучандй ба нигоштахои худ низ бахо медод. Ин амали у агар аз як чониб таваччухи хонандаро ба худ чалб намояд, аз чониби дигар, тазкиранигорон, мухаккикони улуми адабро водор мекунад, ки ба мухимтарин чанбахои хунарй ва адабии шеъри Мирзо Шухии Хучандй назар созанд. Аслан, фахрияхо дар таърихи адабиёти точик собикаи тулонй дошта, хадафи он танхо таърифу тавсифи худи шоир набуда, балки он як рахнамое дар шинохти пахлухои мухталифи шеъри ин ё он адиб мебошад.
Ин андешахо, ки хамчун меъёри шинохти мавзуъхои газалиёт баён шудаанд, дар эчодиёти Шухии Хучандй низ ба назар мерасад. Зеро дар ашъори шоир дар баробари мавкеъ пайдо кардани ашъори мазхабй, ки макоми аввалия доранд, мавзуъхои муносибати инсони вокей ба хаёт ва чомеа, садои инсони аз вазъи замон ва сохти чомеа норизо баръало эхсос мегардад. Шоир аз даврони нобасомон шикоят дорад ва зикр мекунад,ки дар ин дунё танхо дард кашидем ва зиндагии пуркасодеро аз сар гузаронидем: Рузгоре зи фалак дард кашидем рафтем, Адам аз миннати номард кашидем рафтем Бахри кути мани савдозада з-ин дайри хароб,
Impact Factor: SJIF 2021 - 5.81 ФИЛОЛОГИЧЕСКИЕ НАУКИ
2022 - 5.94 PHYLOLOGICAL SCIENCES
Гарди кулфат ба рухи зард кашидем рафтем.
КИТОБНОМА:
1. Абдуманон Насриддин. Тазкираи шоирони Хучанд. Хучанд- 2015
2. Ёкубов, Камол. Акидахои сиёсй -ичтимоии Шухии Хучандй // Камол Ёкубов // Сборник статей аспирантоа кафедры марксисто- ленинской филологии Т У имени В.И. Ленина.-Душанбе, 1973.- С. 66-73
3. Малехои Самаркандй. Музаккируласхоб, Нусхаи хаттии Институти Шаркшиносии Академияи Илмхои Чумхурии Узбекистон №58.
4. Насриддинов А. Донишмандон ва сухансароёни Хуканд. Хуканд: - Нури маърифат - 2003 434с.
5. Шодиев Эргашалй. Тазкираи шоирони Хуканд. Хуканд: Рахим Чалил. 1997
6. Шухии Хучандй. Девон. Нусхаи хаттии Академияи улуми Чумхурии Точикистон. Шумораи 2313
7. Шамсиддини Шохин. Тахия ва тавзехи Чурабеки Назрй ва Бехрузи Забехулло. - Душанбе: Дониш.-2018. - 287 с.
8. Шерозй, Х,офиз. Куллиёт. Мураттиб ва муаллифи сарсухан Н.Шанбезода. - Душанбе: Ирфон, 1983. - 670 с.
9. Шухии Хучандй. Девон. Девони Шухии Хучандй, шумораи 2313 махфуз дар захираи дастнависхои ИШ АИ Чумхурии Точикистон.
10. Шухии Хучандй. Девон. Девони Шухии Хучандй, шумораи 863-II Маркази мероси хаттии АМИТ.
11. Шухии Хучандй. Мунтахаби газалиёт. Тахия ва тавзехи Бахром Рахматов. - Хучанд: Ношир, 2016. - 600 с.