Научная статья на тему 'АНАЛИЗ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В СРЕДСТВАХ МАССОВОЙ ИНФОРМАЦИИ'

АНАЛИЗ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В СРЕДСТВАХ МАССОВОЙ ИНФОРМАЦИИ Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
32
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН / ПОЛИТИКА / СМИ / ПЕРИОДИЧЕСКИЕ ИЗДАНИЯ / ТЕЛЕВИЗОРЫ / РАДИО

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Шарифов Шухрат

Эта статья посвящена отражению политической жизни страны в средствах массовой информации. Целью данной статьи является информирование СМИ страны о том, насколько её вклад способствует укреплению государственной независимости и национального единства. Научные исследования показали, что средства массовой информации, наряду с другими государственными и общественными организациями, продемонстрировали свой вклад в реализацию государственной политики Республики Таджикистан, позволяя различным заинтересованным сторонам в государственном управлении.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ANALYSIS OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN IN THE MEDIA

This article focuses on the reflection of the political life of the country in the media. The purpose of this article is to inform the country's media how much its contribution contributes to the strengthening of state independence and national unity. Scientific research has found that the media, along with other state and community organizations, demonstrated its contribution to the implementation of the state policy of the Republic of Tajikistan, enabling various stakeholders in the public administration.

Текст научной работы на тему «АНАЛИЗ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В СРЕДСТВАХ МАССОВОЙ ИНФОРМАЦИИ»

ИНЪИКОСИ РАВАНД^ОИ СИЁСИИ чумхурии ТОЧИКИСТОН ДАР BAO

Шарифов Ш. Ц.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Пас аз пош хyрдани Иттиходи Шуравй дар хаёти сиёсй, иктисодй, ичтимой ва фархангии Чумхурии Точиистон таFЙироти куллй ба амал омад. Пеш аз хама орзуи чандинасраи мардyми точик чомаи амал пушид, яъне ин миллати чабри таърихдида сохиби Истиклолияти давлатй гардид, ки ин раванди давлатдории мардуми точикро аз бунёд дигаргун сохт [1]. Интихоби шакли давлатдорй, эчоди конун, озодандешй, таFЙироти макомоту кумитахо ва дигар субектхои давлатдорй пурра ба ихтиёри худи давлат ва Хукумати Точикистон вогузор гардид.

Баробари бахшхои дигари чомеа дар фаъолияти BAO-и мамлакат низ таFийротхои чиддй ба амал омад. Дар катори расонахои давлатй нашрияхои хусусй низ арзи хатсй карданд, ки дар сахифоти онхо проблемахои мухталифи чоме дарч мегардиданд. Яке аз масъалахои мехварй, ки дар тамоми расонахо мавкеи мухимро ишFOл мекард ва дар мадди назари кормандони соха карор дошт, хаёти сиёсии мамлакат буд.

Маълум аст, ки баробари ба даст даровардани истиклолияти давлатй фазои сиёсии мамлакат ноором гардид. Хусуматхои мазхабию махаллй, нотавонбинй ва талоши кудратхохони бархе аз аъзои манфиатчуи чомеа чумхуриро ба гирдоби чанги шахравандй кашид. Гурухе бо рохи зурй накшаи дигаргунсозии сохти конситутсионии мамлакатро дар сар мепарвариданд ва бо тамоми хастй барои расидан ба ин накшаи нопоки хеш талош меварзиданд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар ин даврони хассос ягона ниходе, ки метавонист бо фаъолияти пурсамари худ пеши рохи чанги шахрвандиро бигирад, ин BAO-и кишвар буд. Aммо на хамаи онхо ин рисолати худро бидуни Fаразy манфиатчуи ба субут мерасониданд.

Дар фосилаи солхои 1992-1997 рузномаву мачаллахои давлатй бо сабаби мушкилоти молиявй кам нашр мегардиданд. Масалан, рузномахои давлатии "Чумхурият" ва "Садои мардум" дар ду- се хафта як бор ва он хам бо теъдоди нихоят кам нашр гардида, на барои хдмаи мардум дастрас мешуданд. Пахши барномахои телвизионй низ чавобгуи талаботи замон набуд, зеро ин хамаи бастагй ба вазъи ноороми кишвар ва масъалаи иктисод дошт. Харобкории гуруххои силохбадаст таъсири манфии худро ба хамаи бахшхову сохоти ичтимой, аз чумла, сохаи энергетикаи кишвар расонид, аксари минтакахои мамлакат аз кувваи барк махрум гардида буданд. Ягона васоити ахбори умуме, ки дар барномахои худ оид ба мушкилоти чомеа каму беш таваччух зохир менамуд, «Радиои Точикистон» буд. Aммо барномахои он низ самти яктарафаро интихоб намуда буданд ва дар халлу фасли муамохои чанги шахрвандй чандон сахм намегузоштанд.

Хамзамон баъзе аз рузномахои Fайридавлатй низ ба монанди «Сухан», «ЧароFи руз», «^долат» ва Fайрахо масъалахоеро инъикос менамуданд, ки вазъро мураккаб намуда, ахли чомеаро ба гирдоби чанг мекашид. Чунончи, рузномаи «Сухан» дар хамон давра вобаста ба гирдихамоии мардумй чунин навишта буд: «Гирдхамоии чахордахрузаи нерухои мардумй сахифаи дурахшонест дар таърихи халки точик. Дар он 10 хазор нафар ахли захмати чумхурй, хам чавонони бедору далер ва хам пирони равшанзамир ширкат варзиданд. Бори аввал дар таърих беш аз 170 нафар гирдихамомадагон аксарияташонро чавонписарон ва хатто чавондухтарон ташкил медоданд, ки чанд руз гуруснанишинй карданд». Нашри чунин маводхо аз чониби BAO-и Fайридавлатй дар он давра хеле зиёданд [2, с.8].

Баъди баргузории Ичлосияи таърихии 16-уми Шурои Олй тамоми макомотхои давлатй ва хусусй вазифадор гардиданд, ки барои муътадил гардидани вазъ дар мамлакат чораандешй намоянд. BAO-и мамлакат низ дар баробари дигар ниходхои чомеа ба хотири таъмини сулху вахдат аз тамоми имкониятхои мавчуда истифода намуд. Бештар он проблемахои сиёсиеро пайгирй намуд, ки дар онхо таъмини вахдати миллй тачассум меёфт.

Бояд кайд намуд, ки дар тамоми даврахои таърихй чавонон неруе мебошанд, ки барои ба анчом расонидани харгуна амал кодиранд. Мутаассифона дар солхои чанги шахрвандй нахустин шуда гуруххои чинояткор чавононро ба майдони чанг кашиданд. Онхоро аз руи махалу мазхаб чудо намуда, ба мукобили якдигар бар чанг бархезонданд. Хукумати Чумхурии Точикистон бо дарки баланди масъулияти сиёсй ба максади харчи зудтар ором намудани вазъ дар кишвар даст ба амалисозии сиёсати давлатии чавонон зад. Баъди шаш мохи ба даст даровардани Истиклолияти давлатй ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сиёсати давлатии чавонон» ба тасвиб расид. Васоити ахбори умум низ дар баробари дарчи дигар бахшхо, ба инъикоси сиёсати давлатии чавонон ру оварданд. Хар падидае, ки дар хаёти

чавонон дар фосилаи солхои 1992-1997 ва минбаъд ба вучуд меомад, хатман дар ВАО инъикос меёфт.

Чунонки дар рузномаи «Ч,авонони Точикистон» инъикос гардидааст, 2-юми феврали соли 1993 Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон бо чавонон вохурй намуд. Иштирокчиёни вохурии намояндагони чавони Точикистон бо рохбарияти чумхурй «Мурочиатнома ба чавонони Точикистон»-ро кабул крданд, ки дар он чунин навишта шудааст: «Давлат бояд боварй дошта бошад, ки шахрвандони чавонаш онро дасгирй менамоянд. Бинобар ин, мо ба давом додани фаъолияти тамоми ташкилотхои Иттифоки чавонони Точкистон, иштироки фаъолонаи онхо дар ичрои ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сиёсати давлатии чавонон» даъват менамоем. Х,амаи корро бояд анчом дод, ки мо хамчун кувваи муташаккилонаи муттахид амал намоем, ки барои он чудо кардани одамон аз руи аломатхои динй ё дигар тааллукияти ичтимой, милатгарой ва махалчигй бегона бошад, то ин ки чавонон ба эчодкорй, накукорй ва сулх, муттахид намудани миллат ва мустахкам кардани дустии байни халкхои Точикистон машгул шаванд» [4].

Соли 1994 бо дастовардхои бузурги худ дар таърихи даврони Истиклолият сахифаи дурахшон махсуб меёбад. Новобаста бо душворихои мураккаби иктисодй ва ичтимой-сиёсй, идомаёбии муковимати харбии мухолифин, Точикистон самти гузаронидани ислохотхои катъии сиёсй ва иктисодй, демократикунонии хаёти чомеаро пеш гирифт.

6-уми ноябри соли 1994 дар натичаи раъйпурсии умумихалкй Конситутсия Чумхурии Точикистон кабул гардид. Дар хар чомеаи демократй афзоиши таваччухи ахолй ба хаёти сиёсй ва кушиши он барои ширкат дар дигаргунисозихои чомеа яке аз шартхои мухимтарини инкишофи давлат мебошад. Чунончи, рузномаи «Ч,авонони Точикистон» инъикос намудааст, ислохоти сиёсй шароит ва имкониятхои заруриро барои ворид гардидани чавонони мамлакат ба раванди идоракуни чомеа фарохам оварданд. Ин шароиту имкониятхо, пеш аз хама, дар Конситутсияи Чумхурии Точикистон, ки ба чавонон кафолату имкониятх,ои баробарро дар баробари дигар кишрх,ои чомеа дар ташкил ва фаъол намудани иттих,одиях,ои чамъият медих,анд, тачассум ёфта аст. Агар соли 1992 дар Чумхурии Точикистон 10 иттих,одияи гайри^укуматии чавонон амал дошта бошанд, пас соли 2007 шумораи онх,о ба зиёда аз 150 расид.

Ч,авонон тадричан дар идоракунии мамлакат фаъол гардида, давра ба давра сафи кормандони сиёсиию чамъиятй аз х,исоби онх,о зиёд мешавад. Мувофик бо маводх,ои нашрнамудаи рузномаи «Садои мардум» аввалин маротиба мох,и феврали соли 1995 чун ба вакили Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон даъвати якум (мох,и феврали соли 1995) зиёда аз 30 нафар чавонони то 35 сола интихоб шуданд. Онх,о намояндагони сохторх,ои макомоти давлатй, макомоти сохтори х,ифзи хукук ва низомй, сох,ибкорон, омузгорон ва дигарон буданд.

Соли 2000 дар хаёти чамъиятию сиёсии Точикистон боз як вокеаи мухими таърихй ба амал омад. Тибки Конситутсияи Чумхурии Точикистон бори аввал дар таърихи халки точик парламенти доимамалкунандаи дупалатагй таъсис дода шуд.

10-уми декабри соли 1999 сесияи XV Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (даъвати якум) конунхои конситутсионии чумхурй «Дар бораи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» ва «Дар бораи интихоботи вакилон ба мачлисхои махаллии вакилони халк»-ро кабул намуд. Мувофики он Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон- макоми олии намояндагй ва конунгузорй буда, аз ду палата-«Мачлиси миллй» ва «Мачлиси намояндагон» иборат аст.

Дар асосои Конситутсия ва конунхои конситутсионй «Дар бораи интихоботи Мачлиси Олии Чумхурии Точикстон» ва «Дар бораи интихоботи вакилон ба Мачлисхои махаллии вакилони халк» бо фармони Президенти Чумхурии Точикистон 27-уми феврали соли 2000 интихобот ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон даъвати дуюм ва ба Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, мачлиси вакилони халки вилоятй, шахрй, нохиявии даъвати дуюм эълон карда шуд.

Инчунин бо максади баланд бардоштани маърифати шахрвандй ва фарханги сиёсй, омузиши дакики системаи конунгузорй дар кишвар, принсипхои асосй, коидаву конунхои фаъолияти Мачлиси Олии чумхурй, тарзу мархилахои кабули конунхо, рушди донишу малакаи мубохисавй байни чавонон Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати чумхурй дар якчоягй бо ташкилоти чавонон «Мо ва чомеаи шахрвандй» 24-уми майи соли 2010 аз хисоби донишчуёни фаъоли муассисахои тахсилоти олии мамлакат Парлумони чавонони Точикистонро таъсис дод. Аввалин чаласаи он дар Маркази таткикоти стратегии чумхурй бо иштироки вакили мачлиси намояндагон Низом ^осим баргузор шуд. Дар он вакилон, ки каблан тавассути мизхои мудаввар, сухбатхо ва саволномахо интихоб гардида буданд, муаррифй гардиданд. Дар он чаласа раиси намоянадагони парлумони чавон Саидов

Фирузмухаммад интихоб гардид. Парлумони чавонони Точикистон модели Мачлиси намояндагони мачлиси Олй буда, аз 63 вакили чавон иборат аст ва онхо аз тамоми каламрави чумхурй интихоб мешаванд [6].

Чунонки дар рузномаи «Чавонони Точикистон» инъикос гардидааст, максади асосии рушди парламентаризми чавонон мусоидат ба равандхои демократикунонии чомеа дар чумхурй мебошад.

8-уми ноябри соли 2012 дар рузномаи «Чавонони Точикистон» мусохибаи рузноманигор Чобиров Н. бо раиси Парлумони чавонони Точикистон Нозилшоев Ч,. сурат гирифтааст. Дар мубохиса кайд гардидааст, ки таъсиси чунин парлмуон барои мустахкам намудани чомеаи шах,рвандй фоли нек буда, дар хал намудани мушкилоти чавонон дар макотиби олии мамлакат накши бориз дорад.

Х,амин тавр, накши ВАО-и мамлакат дар солхои сохибистиклолй пахлухои мухталифи хаёти сиёсии кишваро дар сахифахои худ инъикос намуда, дар таъмини амнияти миллй, истиклолияти давлатй, эхёи арзишхои миллй ва диагр унсурхои сиёсии мамлакат сахми арзандаи худро гузоштааст. Бояд зикр намуд, ки васоити ахбори умум чун оинаи тамомнамое мебошанд, тамоми пахлухои сиёсати дохиливу хоричии мамлакат дар сахифахои он дарч гардида, ба маърази умум гузошта мешаванд.

АДАБИЁТ

1. Набиева Р., Зикриёев Ф., Зикиёева М. Таърихи халки точик.-Душанбе: Собириён, 2010.

2. Хочазод С. Таърихи радиои Точикистон. Кисми 2.-Душанбе, 2006. -С. 8.

3. Сухан 1991 аз 16 окт.

4. Чавонони Точикистон 1993 6 феврал.

5. Миров А. Интихоботи Мачлиси Оллии Чумхурии Точикистон//Садои мардум, 1996, 27 апрел.

6. Мирзоев М. Конуни конситутсионии ЧТ "Дар бораи интихоботи вакилон ба Мачлисхои махаллии вакилони халк" //Садои мардум 1999, 15 декабр.

7. Чавонони Точикистон 2012, 21 март.

8. Чобиров Н. Чавонон парлумон доранд/Чавонони Точикистон, 2012, 27 сен. С. 6.

9. Чобиров Н. Парлумони чавонон аз хисбхои сиёсй иборат нест// Чавонони Точикистон, 2012, 8 нояб.

АНАЛИЗ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В СРЕДСТВАХ МАССОВОЙ ИНФОРМАЦИИ

Эта статья посвящена отражению политической жизни страны в средствах массовой информации. Целью данной статьи является информирование СМИ страны о том, насколько её вклад способствует укреплению государственной независимости и национального единства. Научные исследования показали, что средства массовой информации, наряду с другими государственными и общественными организациями, продемонстрировали свой вклад в реализацию государственной политики Республики Таджикистан, позволяя различным заинтересованным сторонам в государственном управлении.

Ключавые слова: Республика Таджикистан, политика, СМИ, СМИ, периодические издания, телевизоры, радио.

ANALYSIS OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN IN THE MEDIA

This article focuses on the reflection of the political life of the country in the media. The purpose of this article is to inform the country's media how much its contribution contributes to the strengthening of state independence and national unity. Scientific research has found that the media, along with other state and community organizations, demonstrated its contribution to the implementation of the state policy of the Republic of Tajikistan, enabling various stakeholders in the public administration.

Kay word: Republic of Tajikistan, politics, media, media, periodicals, televisions, radio.

Сведение об авторе:

Шарифов Шухрат - старщий препадаватель кафедры права Таджикского государственного педагогического университета им С.Айни, Тел: (+992) 907992222

About the autor:

Sharifov Shukhrat - Senior Lecturer, Department of Law, Tajik State Pedagogical University named after S. Aini, Phone: (+992) 907992222

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.