Академик Александр Семёнов солхои зиёд ба омузиши сарчашмахои нодири хаттй ва маводи чопй машгул шуда, зиёда аз 250 маколаи илмиро нашр намуд. Дар байни китобхо ва маводи чопии у 22 номгуи фехристномахо ва дастурхои библиографй мавчуданд, ки аксарияти онхо доир ба таърихи китобдорй ва китобшиносии точик маълумот медиханд.
Аввалин дастури тавсиявии библиографй, ки соли 1918 академик А.А. Семёнов мураттаб намудааст «Тасвири дастхатхои исмоилй» ном дошта, дар асоси манбаъхои хаттй доир ба таърихи ислом ва мазхаби исмоилия маълумоти пурарзиш додааст [2.169].
Соли 1919 дастури академик А.А.Семёнов «Дастхатхои Шарк дар китобхонаи мархум В.В.Веляминова-Зернова» мураттаб гардида, бо мукаддимаи академик В.В.Бартолд нашр шуд. Ин дастур дар асоси сарчашмахои нодир дар бораи 42 номгуи дастхатхои Шарк маълумот додааст, ки аз онхо 14 дастхат ба забони туркию тоторй, 25 дастхат ба забони форсй ва бокимонда ба забони арабй навишта шудаанд. Академик А.А.Семёнов таърихи таълифи ёфтани хар як асархоро муайян намуда, дар бораи хар яки онхо шархи мухтасар додааст [3.17].Соли 1925 ду дастури мухими библиографиро тахти унвони «Нишондихандаи библиографй доир ба газвори гилемхои Осиё» («Библиографический указатель по ковровым тканям Азии») ва «Фехристи дастхатхои шуъбаи таърихи Китобхонаи марказии Бухоро» мураттаб намуда, нахустин маротиба доир ба асархои таърихии Китобхонаи марказии Бухоро маълумоти аник додааст [4.32].
Академик А.А.Семёнов соли 1926 дастури библиографиро тах,ти унвони «Нишондихдндаи адабиёти форс доир ба таърихи узбекони Осиёи Миёна» (Указатель персидской литературы по истории узбеков в Средней Азии // Труды Библиогр. Комиссии, бывшей при СНК Тадж. ССР. - Ташкент.- 1926.-Вып. 3. - 31 с.) мураттаб намудааст, вале мутаассифона ин дастур дар китоб-хонах,ои Чумхурии Точикистон мавчуд нест.
Лозим ба тазаккур аст, ки соли 1935 академик А. А.Семёнов, ки дар вазифаи директори китобхонаи бунёдии Донишгохд давлатии Осиёи Миёна фаъолият дошт, дастури библиографии «Фех,ристи дастхатх,ои форсй, арабй ва туркй дар китобхонаи Донишгохд давлатии Осиёи Миёна (САГУ)» - ро мураттаб намуд. Дар пешгуфтори дастури мавсуф кайд кардааст, ки мураттаб намудани дастури шарх,их,олию библиографй на танх,о вазифа, балки карзи х,амаи муассисах,ои илмию таълимй мебошад. Дастури мазкур дар асоси тавсияи библиографии Е.Кал (соли 1889) ва дигарон мураттаб гардида, дар сарсухани он академикА.А.Семёнов дар бораи захираи китобхона маълумот дода, аз чумла кайд кардааст: «Захираи китобхонаи Осиёи Миёна аз ду кисм иборат буд. ^исми якум дастхатх,ои чамъовардаи солх,ои 1920-1930 ва кисми дигари маводи китобхона ба собик генерали Ша^рисабз Чурабек мансуб мебошанд». Ин дастур доир ба 140 дастхат маълумот медихдд, ки аз онх,о 75-тои он ба забони форсй, 34 дастхат ба забони арабй ва 30 дастхат ба забони туркй мебошанд [5.88]. Дастур аз
нишондихандаи умумии номгуи асархо ва номи алифбоии муаллифон иборат мебошад. Ин яке аз аввалин дастурхои мукаммали библиографй мебошад, ки оид ба захираи дастхатхои Китобхонаи Донишгохи давлатии Осиёи Миёна маълумот дода, хонандаро бо мазмуни асар, соли нашр, андоза, намуди мукова ва навъи когаз шинос менамояд. Мувофики маълумоти академик А.Семёнов аксарияти мирзоён ва устодон дар болои мукова мухр ва ё нишони хешро мегузоштанд, ки онхоро аз руи чилди китоб муайян кардан мумкин аст.
Дар тули 20 сол академик А.А.Семёнов дастури номбурдаро такмил дода, соли 1956 маротибаи дуюм онро тахти унвони «Фехристи дастхатхои форсй, арабй ва туркй дар Китобхонаи Донишгохи давлатии Осиёи Миёна ба номи В.И.Ленин» аз номи Китобхонаи бунёдии Донишгохи давлатии Осиёи Миёна ба номи В.И.Ленин нашр намуд.
Дастури мазкур доир ба 199 китоби каламй маълумот медихад, ки аз он 102 дастхат ба забони форсй-точикй, 66 дастхати арабй ва 31 дастхати туркй мебошанд. Дастур ба тамоми талаботи библиографй чавобгу буда, дорои кумакфехрист ё нишондихандаи номгуи асархо ва фехристи алифбоии муаллифон мебошад [6.86].
Соли 1940 аз тарафи Китобхонаи бунёдии Донишгохи давлатии Осиёи Миёна «Маводи нишондихандаи библиографияи асархои чопии Алишери Навой ва адабиёт дар бораи у» нашр гардид, ки онро академик А.А.Семёнов ба ифтихори 500-солагии зодрузи шоири бузурги узбек мураттаб намудааст. Дар пешгуфтори дастур А.А.Семёнов кайд кардааст, ки онро бо захмати зиёд мураттаб сохта, онро рузи 28-уми ноябри соли 1938 ба нашр омода намуд. Дастур доир ба 134 номгуй мавод маълумот медихад, ки аз онхо 45 асару маводи нашршудаи А.Навой дар солхои 1841-1938 ва 89 асари дигар дар бораи у маълумот медиханд. Чорчубаи хронологии дастур маводи нашр-шударо аз соли 1487 то соли 1926 - ро дар бар мегирад [7.38]. Дастур дорои нишондихандаи алифбоии асархои нашршудаи А.Навой, нишондихандаи алифбоии муаллифон мебошад, ки хонандаро ба хаёт ва фаъолияти эчодии у аз наздик шинос менамояд.
Инчунин соли 1940 академик А. А. Семёнов «Тасвири асархои дастхати Навой дар Китобхонаи давлатии оммавии Узбекистон»-ро мураттаб намудааст. Дастури мазкур 91 номгуи адабиёти гуногунмазмунро дар бар мегирад ва дар бораи вакти чоп, макони нашр, мазмун ва андозаи асар маълумоти муфассал додааст [8.44].
Академик А.А.Семёнов омузиши таърихи китоб ва китобдории Шаркро идома бахшида, соли 1945 доир ба «Захираи дастхатхои Шарк дар Китобхонаи давлатии оммавии Ч,ШС Узбекистон» маълумот медихад [9]. Маколаи илмии олим дар байни шаркшиносон ва мухаккикон барквор пахн гардида, доир ба арзиши илмии он дар шахри Тошкент 25-уми июл рузномаи «Дакикати Шарк» гузориши муфассалро нашр намуд.
Академик А.А.Семёнов ба таърихи китобдорию китобсозии кишвархои Шарк, Осиёи Миёна ва гузаштагони халки точик машгул гардида, соли 1951 дар чилди 29 «Осори Филиали точикистонии Академияи илмхои ИЧШС" маколаи «Усулхои зинату ороиш додани дастхатхои кадимаи Шарк"-ро нашр намуда, рочеъ ба усулхои ороиш додани сахифаи дастнавис, рассомону наккошон ва асархои баъзе рассомон ба таври муфассал маълумот додааст. Академик А.Семёнов доир ба рисолаи номаълуму бемуаллифе, ки ба асри XVII дар байни Бухоро ва ё Балх навишта шуда, маълумот дода, онро ба забони русй тарчума намудааст. Рисолаи мазкур доир ба тайёр намудани сиёхй (ранг), таркиби рангу когаз ва ороиши дастнавис ва тарзу усулхои гуногуни китобсозй низ маълумот додааст [10].
Яке аз нахустин китобномахои бунёдй тахти унвони «Фехристи дастхатхои шарки Академияи илмхои Чумхурии Узбекистон» мебошад, ки аз чониби Институти шаркшиносии АИ ЧШС Узбекистон солхои 1952-1957 дар 5 чилд мураттаб гардид. Китобхонаи Институти шаркшиносии Академияи илмхои Чумхурии Узбекистон дар асоси Китобхонаи оммавии Тошкент (соли 1870) ва Китобхонаи давлатии оммавии ЧШС Узбекистон (соли 1918) баъди таъсисёбии АИ ЧШС Узбекистон аз 3-юми ноябри соли 1943 ба фаъолият огоз намуда, захираи он зиёда аз 13 хазор дастхатро (манускрипт) бо забонй арабй, форсй, точикй ва туркй дар бар мегирад. Бо вучуди мушкилихои давраи Чанги Бузурги Ватанй (солхои 1944-1945) шаркшиносони бузург А.А.Семёнов, И. Адилов, В.И.Беляев, Е.К.Бетгер, А.Е.Шмидт, Д.Г.Вороновский ва дигарон ба мураттаб намудани фехристи дастхатхо огоз намуданд, ки чилди якуми он соли 1952 бо тахрири академик А.Семёнов нашр гардид. Чилди мазкур дар бораи 743 дастхат маълумот медихад, ки онхоро аз руи мазмун ба шуъбаи таърих (285 дастхат), матншиносй, илмхои дакик, тиб, чугрофия, хочагии кишлок ва санъат чудо намуда, дар охири хар як асар нишондихандаи номи дастхат ва ному насаби муаллифон аз руи забон омода карда шудааст [11.440].
Чилди дуюми он соли 1953 ба ифтихори 10-солагии таъсисёбии Академияи илмхои Чумхурии Узбекистон бо пешгуфтори академик А.А.Семёнов аз чоп баромад. Чилди мазкур доир ба 1025 дастхат дар бораи адабиётшиносй, назмшиносй ва фолклор аз руи забон, давраи барориш аз асри Х то асри ХХ маълумот медихад. Академик А.А.Семёнов дар пешгуфтори он кайд кардаст, ки аз камбудихои чилди якум хулоса бароварда, дар чилди дуюм нишондихандаи асархо аз руи забон, номгуи асархо, номи муаллифон аз руи алифбо ва нишондихандаи хронологии асархою муаллифонро мураттаб намудааст [12.590].
Чилди сеюм низ бо пешгуфтори академик А.Семёнов соли 1955 нашр карда шуда, 222 асари фалсафа, мантик, сотсиология ва сиёсатро дар бар мегирад.Ин асар аз нишондихандахои библиографии забонй, номй ва хронологй бархурдор мебошад. [13.590].
Ч,илди чахоруми он соли 1957 дар зери тахрир ва пешгуфтори академик А.Семёнов нашр гардида, 661 дастхатро доир ба таърихи пайдоиши дини ислом, зиндагии пайгамбар, китоби ^уръон, хадис, фикх ва зарурияти намоз дар бар мегирад.Дастхатхо аз руи хронология (солшуморй) мураттаб гардида, расму сурати мукова, чилд ва баъзе сахифахои лозимй дар он нишон дода шудааст. Асари мазкур низ дорои нишондихандахои библиографй ва киммати баланди илмй буда, дар охир ба тарики чадвал солшумории хичрию милодй нишон дода шудааст [14.554].
Академик А.А.Семёнов дониши васеъи хамачониба дошта, дар мурат-табсозии чунин китобномахои бунёдй, мисли китобшиносони касбй одита-рин чузъиёти китобшиносиро ба инобат гирифтааст.
Азбаски академик Александр Семёнов аз соли 1920 то охири умр бо ки-тоб ва кори китобхона робитаи ногусастанй дошт, якчанд маротиба барои чамъоварии китобу маводи зарурй барои китобхонахои Узбекистон ба Санкт-Петербург ва Москва сафар намудааст. Дар натичаи сафархои хизма-тй нодиртарин сарчашмахои каламй ва бехтарин китобхоро чопиро ба ки-тобхонаи шахсии хеш интикол додааст. Дар байни китобхои каламии китоб-хонаи академик А. А. Семёнов маводи зиёди нодир ва камёфт мавчуд мебо-шанд.
Академик А.А. Семенов 17-уми ноябри соли 1958 аз олам чашм пушид ва бо Кдрори Шурои Вазирони РСС Точикистон № 411 аз 24-уми ноябри соли 1958 бо максади пос доштани хотираи неки академик А.А.Семёнов дар назди Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмхои Ч,умхурии Точикистон Китобхона (хона-музей) у таъсис дода шуд. Мувофики васиятномаи академик Александр Семёнов аз 14-уми июни соли 1954 тамоми чизу чора ва китобхонаю маводи бойгониро ба духтаронаш Олга Семёнова, Лариса Семёнова ва наберааш Татяна Семёнова мерос мондааст, ки онхо дар хавлии 14-уми кучаи Ширшо-ваи шахри Тошкент зиндагй мекунанд. Маблаги умумии нархи маводи китобхона, бойгонй ва молу амвол 15 хазор суми соли 1954-ро ташкил менамуд. Ба кавли академик Ахрор Мухторов бо чунин маблаги калон экспонатхои хона-музей ва захираи китобхона харидорй гардида, Китобхонаи академик А. Семёнов дар кучаи Ворошилов 4 (холо Истаравшан,18) хонаи 16 кушода шуд.
То имруз дар захираи китобхонаи академик А.Семёнов 8611 нусха китоб нигох дошта мешавад, ки аз он 396 нусха китобхои форсй ва арабй аз онхо 112 дастнавис ва 284 чопи сангй (литография), 417 нусха китоб бо забонхои англисй, франсузй ва немисй махфуз мебошанд.
Кисми асосии захираи китобхона, зиёда аз 3570 нусха китобхои нодири асрхои XVIII - XIX ташкил медиханд, ки худи академик А.Семёнов онхоро дар замони зиндагиаш чамъоварй намудааст. Инчунин дар захираи китобхона маълумотномахо: энсиклопедияхои универсалию сохавй, лугатхо, соло-
нахо, хисобот, солномахо ва гайрахо махфуз мебошанд. Ба гайр аз захираи китобхо дар китобхонаи мазкур фотонусхахо, диафилмхо, хуччатхои шахсии академик А.Семенов ва шакли пештараи дафтари кории у (мизи корй, диван, рохаткурсй (кресло), курсй, трюмо, мошинкаи чопкунй, маводи хатнависии руйимизй) то 15-уми сентябри соли 2018 нигох дошта шудаанд.
Китобхонаи академик Александр Александрович Семёнови Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмхои Чумхурии Точикистон 16-уми июни соли 1954 дар асоси Китобхонаи шахсии яке аз бостоншиносони намоёни собик Иттиходи Шуравй Якубовский Александр Юревич (1886-1953) ташкил ёфтааст. Якубовский А. Ю. аз соли 1945 то охири умр рохбари Экспедитсияи бостоншиносии Точикистон буда, солхои 1948-1949 сардори эъзомияи илмии санъати наккошии Панчакенти кадим низ фаъолият карда, дар баркарор намудани онхо накши калон гузоштааст.
Мувофики маълумоти бойгонй китобхонаи А.А.Семёнов дар шахри Душанбе бо Кдрори Шурои илмии Институти таърих аз 16-уми июни соли 1954 дар асоси захираи Китобхонаи шахсии А.Ю.Якубовский, ки аз 2470 (ду хазору чорсаду хафтод) номгуй китобу мачалла иборат буд, ташкил ёфта-аст.Китобхона дар як хучраи хонаи истикоматии (се хучрагй) академик А.А.Семёнов ташкил ёфта, дар он чо рафхои китобмонй насб гардиданд. Маълумотномаи мудири китобхона В.Денисова ва дафтари бакайдгирии (инвентарй) раками якуми Китобхонаи А.А.Семёнов гуфтахои болоро тасдик менамоянд [15].
Дар захираи китобхонаи Якубовский нодиртарин дурдонахои илм ба монанди-Лугати энсиклопедй (Энциклопедический словарь) нашри солхои 1890-1902 дар 41 чилд ва 79 китоб, маводи зиёди бостоншиносию сиккашиносй ва мачаллахои мухталифмазмун махфуз мебошанд, ки то имруз аз он захира 357 китоб бокй мондааст. Азбаски кисми зиёди захираро мачаллахо ва чузвахо ташкил медоданд, бо мурури замон мазмунан фарсуда гардида, мувофики санад дар солхои минбаъда аз захираи китобхона сокит карда шудаанд. Аз чумла, 15-уми июли соли 1966 зиёда аз 520 нусха мачаллаи «Давраи нав» («Новое время»), «Шарора» («Огонек»), 1967 (санади № 3 аз 10.09. 1967 зиёда аз 120 нусха мачалла аз захира сокит карда шуданд.
Зиёда аз 8 000 (хашт хазор) захираи китобхона, 10 адад чевони калони китобмонй ва маводи дигар аз 14-уми сентябр то 20-уми октябр барои нигохдории муваккатй ба бинои ичоравй кучонида шуданд.
Академик Александр Семёнов дар китобхонаи шахсии худ асархои зиёди сайёхону мухаккикони тоинкилобй ва давраи Шуравиро чамъ овардааст, ки дар байни онхо асархои шаркшиносони маъруф, аз кабили М.С. Андреев, Г. Арандаренко, П.А. Баранов, А.Е. Бертелс, Е.К. Бетгер, А.А. Бобринский, А. Вамбер, Гордон, Б.Л. Громбачевский, К.Г. Залеман, И.И. Зарубин, Д.Л. Иванов, А.А. Иванов, П. Лукнитский, И. Минаев, И.В.
Мушкетов, Н.В. Николский, В.Ф. Ошанин, Т.Н. Пахалина, Д.В. Путята, В.С. Соколова, Ягелло, А. Шишов, Эделман, Б.И. Искандаров ва гайрахо киммати бузурги илмиро доро мебошанд.
Дастури библиографии Е.К.Бетгер нодиртарин нишондихандаи библиографии «Адабиёти таърихй ва мардумшиносй дар бораи Точикистон» («Указатель историко-этнографической литературы о Таджикистане») мебошад, ки соли 1940 дар шахри Тошканд мураттаб гардидааст. Як нусхаи дастхати нодир (чопи мошинй дар китобхонаи академик А.А.Семёнов махфуз мебошад. Нишондиханда аз сарсухан, кисми библиография, фехристи номхо ва номхои чугрофй иборат буда, кисми зиёди он 385 номгуйи он ба таърих, тарзи зиндагй ва урфу одати мардуми Бадахшон бахшида шудааст.
АДАБИЁТ
1. Древние библиотеки // Пионер Востока. - Ташкент. - 1938. - (№ 43) 12 май.
2. Описание исмаилитских рукописей, собранных А. А. Семеновым // Известия Российской Академии наук. - Сер. 6.- Т. 12.- 1918.- № 87.- 169 с.
3. Восточные рукописи в библиотеке покойного В. В. Вельяминова -Зернова // Известия Российской Академии наук. - Пг, 1919. - Сер. 6. - Т. 12- (С. 855 - 872) - 17 с
4. Каталог рукописей исторического отдела Бухарской центральной библиотеки // Труды Библиогр. Комиссии, бывшей при СНК ТаджССР. - Вып. 2- Ташкент. - 1925. - 32 с.
5. Описание персидских, арабских и турецких рукописей Фундаментальной библиотеки Среднеазиатского государственного университета // Труды Средне -Азиатского Государственного Университета. - Сер. 2. - Вып. 4. - Ташкент, 1935. - 88 с.
6. Описание таджикских, персидских, арабских и тюркских рукописей Фундаментальной библиотека Среднеазиатского государственного университета им. В. И. Ленина. -Вып. 2. - Ташкент. - 1956. - 88 с.
7. Материалы к библиографическому указателю печатных произведений Алишера Навои и литературы о нем. - Ташкент, 1940. - 38 с.
8. Описание рукописей произведений Навои, хранящихся в Государственной публичной библиотеке УзССР. - Ташкент, 1940- 45 с.
9. Государственная публичная библиотека УзССР и фонды Восточных рукописей Узбеки-
стана // Литературный Ташкент. - Т. I. - 1945.
10. Рецепты оформления старинных восточных рукописей // Труды Таджикского Филиала АН СССР. - 1951. - Т. 29. - С. 89 - 98.
11. Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР: Каталог. - Т. I (1-743) / Под ред. и при участии А. А. Семенова. - Ташкент, 1952. - 443 с. +121 табл.
12. Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР. - Т. 2 (744 -1878) / Под ред. и при участии А. А. Семенова. - Ташкент, 1954. - 590 с.
13. Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР. Каталог. - Т. 3 (1879 -2800) / Под ред. и при участии А. А. Семенова. - Ташкент, 1955. - 555 с.
14. Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР. Каталог. - Т. 4 (2801 -3462) / Под ред. и при участии А. А. Семенова. - Ташкент, 1957. - 554 с.
15. Денисова В. В библиотеке // Гулистон. - 1962. - С.128.
АКАДЕМИК АЛЕКСАНДР СЕМЁНОВ - КИТОБШИНОС
Дар макола фаъолияти китобшиносии академики Академияи илмх,ои Ч,умх,урии Точикистон, аъзо-корреспонденти Академияи илмх,ои Чумдурии Узбекистон (1943), Ходими хизматнишондодаи илми Узбекистон (1945) ва
Точикистон (1946), доктори илмх,ои таърих (1942), профессор ва аввалин директори Институти таърих бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ах,мади Дониши Академияи илмх,ои Чумдурии Точикистон Александр Александрович Семёнов мавриди омузиш карор дода шудааст.Сах,ми академик А.А. Семёнов дар ташаккули таърихнигорй, мардумшиносй, манбаъшиносй, кишваршиносй, катибашиносй, китобдорию китобшиносии точик бених,оят калон мебошад. Калидвожах,о: кытоб,дастнавис,тадцщот, эъзомия, маъхазшиноси, китобдор, китобшиноси, нишондоди библиографы.
АКАДЕМИК АЛЕКСАНДР СЕМЕНОВ - БИБЛИОГРАФ
В данной статье речь идёт о жизни и научно-библиографической деятельности академика Александра Александровича Семенова (1873-1958 гг.). А. А. Семенов после окончания Лазаревского института г. Москвы (1890 г.) работал при генерал-губернаторе Туркестана, а после образования Средне - Азиатского государственного университета (САГУ) с 1920 по 1951 года работал в Ташкенте. Он собрал большое количество книг и после образования Академии наук Тадж ССР (14.04.1951) приехал в г. Душанбе. С 1951 до 1958 года возглавлял Институт истории АН Тадж. ССР.
Ключевые слова: книга, рукопись, исследования, экспедиция, источниковедение, библиотекарь, библиография, библиографический указатель.
ACADEMICIAN ALEKSANDR SEMENOV-BIBLIOGRAHF
In this article we are talking about the life and scientific bibliographic activities of the academian A.A.Semenov (1873-1958).
The Academician A.A.Semenov completion of Lazarevsk Institute of Moscow (1890) worked at General-governor of Turkestan and after forming of the Middle-Asian state university (the MASU) from 1920 to 1951 worked in Tashkent. He has collected a big amount of the books and after forming the Academies of the sciences of Tajik SSR have arrived in Dushanbe. Since 1951 till 1958 was the Head of the History Institute of the Academy of Science of the Tajik SSR.
Key words: science, research worker, Ph.D., academician, doctor, professor, research, expedition, meeting, Russian-Tajik encyclopedia.
Маълумот дар бораи муаллиф: Сулаймоншо Гуломшоев - номзади илмдои таърих, ходими илмии шуъбаи давраи кадим, асрдои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Ч,Т. Тел.: (+992) 9352668 52, E-mail: gulomshoev@,mail.ru
Сведения об авторе: Сулаймоншо Гуломшоев - кандидат исторических наук, научный сотрудник отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша АН РТ. Тел.: (+992)935266852, E-mail: [email protected]
Information about the author: Sulaymonsho Gulomsoev-candidate of Historical Sciences, research assistant of the Department of Ancient, Medieval and New History of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after. A.Donish of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan. Phone: (+992) 935266852, E-mail: [email protected]
УДК: 9 (575.3)
МУСС ХОЧ,А ВА САРНАВИШТИ У
БОБОЕВ Д.М., МИРЗОАЛИЕВ А.И.
Донишгохи техникии Точикистон ба номи академик M.Q Осимй
Myœ хоча дар дарбори амири Бухоро сохиби о6рую эътибори зиëде бyдааст. Аз ин мавкею манзалати хеш истифода бурда, мавсуф дар назди хокимони Уротеппа имтиëзхои хосро низ доро гардид. Mасалан, y аз за-минхои дар ихтиëpаш буда умуман ба давлат андоз намедод. У хатто баъзан вакт ба корхои идоракунии мулки Уротеппа низ дахолат мекард. Хони Бухоро дар мактуби худ оид ба таъйин намудани Окбyта ба мансаби хокими Уротеппа ва Хучанд Myсо хочаро огох намуда, таъкид кардааст, ки барои нафъи кор, бо кyшбегй тифок бошад ва дар худуди фармонхои y амал намояд [1]. Бо хамин мазмун падари Окбyта ба Myсо хоча низ му-рочиат намудааст. Myлки Myсо хоча аз хама намуди андоз озод ва мулки холис эълон мегардад.
Myœ хоча дар мавзеи Кухистони Mастчох низ дорои замищои зиëд ва чарогоххо буд, ки аз дехаи Палдорак то саргахи даpëи Зарафшон тул мекашидааст. Myœ хоча амакаш эшони Хоча Калонро аз ^аротегин даъват менамояд ва ба y дар инчо идораи мулки мазкурро месупорад. Дам-замон, дар музофоти Бекободи вилояти Сypхондаpëи Ч,умхурии Узбеки-стон, инчунин тибки маълумоти Бобур, эшони Myхаммадюсyф дар мавзеи Ёр-Айлок ва Авлда-Ато (Алма-Атои Ч,умхурии ^азокистон) замин, молу мулки зтеде доштааст.Шухрати ин авлод, берун аз каламрави Уротеппа хеле маъруфу машхур гашта буд.[2].
Дар асрхои XV11-XV111 низ ин авлод хамчун хомии асосии хокимони Уротеппа ба мисли Рустамбек шинохта шудаанд. Дамаи хуччат ва фармонхои Рустамбек, хокимони махаллй бо мухри козй Myсо хоча тасдик гардидаанд [1].
Авлодони эшони Myхаммадюсyф зиëда аз 300 сол вазифаи козй ва козикалони Уротеппаро ичро намудаанд. Барои таъмини амният ва пой-дории хукмронии хокимони Уротеппа ва осудагии давлатдории авлод ва ворисони худ Myœ хоча бо бисëpе аз хонхо ва хокимони даврони худ хешу табор гаштааст.Духтари хокими Уротеппа Дотамбий - Mаликабонyоим соли 1782 ба писари Myœ хоча, Ибодулло хоча издивоч намуда аст [1].
Дар асоси тавсияи хокими Уротеппа-Окбута ва шариат амал намуда, хони Бухоро фармон баровард, ки вориси хамаи давлату сарвати сайид Myœ хоча писари калонии y сайид Убайдулло хоча шинохта шавад ва хукуки идора намудани молу мулк ба Убайдулло хоча вогузор гардида, мулки y аз хамаи намуди андозхои давлатй озод карда шавад.