УДК 159
Комилов Д.Р.
Сомонаи расмии Донишгохи байналмилалии забонхои хоричии Точикистон ба номи Сотим Улугзода (Душанбе, Точикистон)
Саидзода А.Р.
Сомонаи расмии Донишгохи байналмилалии забонхои хоричии Точикистон ба номи Сотим Улугзода (Душанбе, Точикистон)
АФКОРИ РАВОНШИНОСИИ ИМОМИ АЪЗАМ
Аннотация: Дар мацолаи мазкур оид ба назарищои афкори психологии Имоми Аъзам маълумот дода шудааст. Муаллифон оид тарцумаи осори Имоми Аъзам, дастрасии онро та^лил бо цустцуйи илми тащиц намудаанд.
Имоми Аъзам дар осор^ои худ таълимот оид ба хусусият^ои цавуари афкори ахлоци, психологи, тарбият ва шакл^ову анвои онро амицу щмацониба тащиц намудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки Имоми Аъзам дар асоси тащицоти анцомдодаи худ муайян кардааст, ки ца^онбинии у ба суи бисёр андеши дарак медщад.
Муаллифон кушиш бар он доранд, ки уадафуои асоси тацицотро оид ба назар^ои осори Имоми Аъзамро муайян намоянд.
Ключевые слова: афкор, психологи, %икмат, ахлоц, тарбият, таълимот, усул, замон, назария, ташакуллёби.
Хддафи таълимоти Имоми Аъзам пур аз хикмат, тарзи муносибатхои дуруст бо одамон, усулхои халли мочаро, дуруст ба рох мондани муносибатхои оилавй ва ташаккули шахсияти чавонон ба миён меорад.
Максади омузиш аз ин мавзуъ аз он иборат аст, ки шакли чанбахои равоншиносии онро муайян намоем. Гарчанде ки илми равоншиносй хамчун
илми мустакил дар асри Имоми Аъзам вучуд надошта бошад хам, лекин у дар таълимоти худ аз усулхои равоншиносй (психологи) хеле хуб истифода мебурд.
Имоми Аъзам Абуханифа Нуъмон ибни Собит муассиси яке аз бузургтарин, пахншудатарин ва одилтарини мазхаби ханафия мебошад. Соли 2009-ум бо дастгирии Хукумати Чумхурии Точикистон «Соли байналмилалии бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам Абуханифа» эълон гардид.
Имоми Аъзам аввалин факех ва хомиест, ки забони шаккарини «точикии форси дар катори забони бою гании араби-забони дину ойин ва коргузори хонд».[1]
Имоми Аъзам забони точики, яъне форси ва густариши онро басо содикона ба рох монда, ба ин васила забони аждодии худро дар катори забони араби, забони илму хикмат ва дину давлат эълон кардааст.
Бинобар ишорати мухаккикон, Имоми Аъзам дар он замонхои хеле тезу тунди густариш ва интишори дини Ислом ва чорикунии забони араби тавонист, ки забони точикии форсиро пой бар чо карор бидихад.
Имоми Аъзам забони точикии форсиро забони дуюми дин, баъд аз забони араби эълом дошт. Сониян тафсири Куръон ва хондани намозро бо забони точикй-форсй ичозат дод. Аввалин тафсирхои Куръон, аз он замон аст (мисли тафсири Табари, тафсири кучаки Куръон, аз чониби Шайхурраис Абуалии Сино) ва гайра.
Дар замони салтанати фархангдори Сомониён, (ба хусус дар даврони Исмоили Сомони забони форси, дар баробари забони араби, забони илму адаб, нигориш ва низ давлатдори буд.
Дар хаёти мадании асри 1Х-Х чараёни «шуубия», хеле равшану возех дар адабиёт зухур карда буд. Ба зури интишор додани расму ойин ва забону фарханги араби, босуръат идома дошт. Арабикунони хануз, аз замони тавсия ёфтани Ислом, дар мамолики берун аз Маккаю Мадина огоз гардида буд.
Дар он даврони пурталотуми асри хеш, Имоми Аъзам тавонист, ки шучоатмандона карзи миллати хешро, дар назди ахли точику форс адо намояд ва бузургии забони точики-форсиро нигох дорад.
Махз кишвархои точикнишин, яъне форснишин ба хусус дар Мовароуннахру Хуросон ва кисмате аз марзи Эрон мазхаби ханафи, ки муассиси он Имоми Аъзам аст, хеле густариш ёфт. Хонадони Оли Сомон мазхаби ханафиро, ки муассисаш олиму хаким ва факеху имоми кабир Абуханифаи Форси буд, хуш пазируфтанд. Абухафси Кабир ва Абухафси Сагир-падару писар, ки бузургтарин фукахойи ханафимазхаби Осиёи Маркази, дар ахди Сомони буданд, дар назди шогирдони Имоми Аъзам ба хусус дар назди Имом Мухаммад илми фикх омухтаанд (барои маълумоти муфассал оиди хаёт ва фаъолияти ин ду бузургфакех ва мушовирони маънавии давлати Сомониён метавонед ба китобхои «Таърихи Бухоро»-и Наршахи ва «Салоти Масъуди»-и Мавлави Шайх Масъуди Самарканди ва китоби-бадеи-таърихии устоди насри худогохии милли-Мухаммадзамони Солех, бо номи «Девори Хуросон» ва чанде дигар мурочиат намоед.
Н.Неъматов-муаррихи шинохтаи точик, дар китобашон «Давлати Сомониён» тазаккур дода, ки дар Осиёи Миёнаи давраи Сомониён, ба таври расми, мазхаби ханафи кабул шуда буд.
«Холо мазхаби Имоми Аъзам дар Точикистон, Афгонистон кулли чумхурихои Осиёи Маркази, Поволже, яъне, Тотористону Бошкирдистон, Кафкози Шимоли, Казокистон, Сурия, Покистон, Туркия, Хиндустон, Миср, Ирок, як кисмати Эрон, Индонезия, Бангладеш, Арабистони Сауди, як кисми Чин ва Анатолия ва Балкан, яъне, Югославия, Албания ва каме дар Булгория, сохилхои Бахри Сиёх ва гайра, дар масоили дини хукмрон аст.[3] Ва бояд кайд кард, ки имруз, аз хама пахншудатарин ва чашмрастарин мазхабе, ки чомеъасозаш метавон шуморид, ин мазхаби Ханафист, яъне мазхаби Имоми Аъзам зеро, ки адл, адолат ва эхтироми башарият, шиор ва ормонхои олии башари, мароми уст, яъне «Бо дустон мурувват бо душманон мадоро».[3]
«Шурои муфтиёти Осиёи Маркази, Казокистон, Тотористону Бошкирдистон, Хиндустон, Афгонистон, Покистон, Миср, Ирок, Туркия, як кисми Чин ва гайра дар фатвою карорхои хеш ба фикхи ханафи истинод меоваранд. Бояд кайд кард, ки имруз дар баъзе кисматхои Индонезия, Хинд,
Малайзия, Югославия, Булгория ва савохилхои Бахри Сиёх (Крим) хам мусалмонони ханафимазхаб икомат доранд.[3]
Осору афкори фикхии Имоми Аъзам дар замонаш шухрати оламгир дошт ва имруз хам акидахои одилонаву башардустонаи ин марди чахони хираду хикмат кадри худро гум накардаву нахохад кард. Балки чун хуршед медурахшаду башариятро ба суи рохи рост, яъне, ба рохи Худошиносй хидоят мекунад. То имруз афкори Имоми Аъзамро олимони зиёде аз кабили Шайх Шахобиддин Ахмад ибни Хдчари Ал-Маккий «Ал-хайрот-ал-хисон фй-манокиб Ал-Имом Ал-Аъзам Абуханифа Ан-Нуъмон» ба форсй «Манокиби Имоми Аъзам» Ал-Азхар, Лубнон чопи 1377х Мухаммад Абузахра «Абуханифа хаётуху ва осоруху», Кохира-1977, Иноятуллохи Иблог, «Имоми Аъзам Абуханифа ва афкори у», Боголюбов А.С., «Этика правовие воззрения Абуханифа ан-Нумон, Полестинский Сборник 1987 М., Фикх-ал-Крзй Абуабдуллох Хусайн ибни Алии Саймирй «Ахбор Абуханифа ва асхобихи», Бейрут-Лубнон, 1976, Мухаммадсабури Бухорй «Имоми Аъзам ва мазхаби у» Бухоро соли 1997, М.Бухорй «Акоиди Имоми Аъзам дар партави Куръон ва Суннат» Бухоро 1998, С.Б.Бузургмехр «Х,азрати Имоми Аъзам» мачал., "Точикистон" N3-4. 1998: Бегичон Рустамзода "Имоми Аъзам (Абуханифа) кист". Душанбе 1999, Б.Рустамзода. Акидахои фикхии Абуханифа (Имоми Аъзам), Душанбе 1999, 42с ва гайра мебошад, ки бузургй, такво мартаба, макому манзалат ва маъруфияти Имоми Аъзамро муайян мекунад.
Дар равоншиносии муоширати корй яке аз усулхои самарабахши ба сари масъала овардани хамсухбат, бо шахс мурочиат кардан аст. Яке аз хусусиятхои хамсухбат бо шахс ин ифодаи эътибору эхтиром ба шахсияти хамсухбат мебошад. Ба ин восита, у метавонад нисбати мо хисси таваччух зохир кунад.
Имоми Аъзам хангоми ба савол чавоб гуфтан ва ё хал кардани масъалае хатман аз далеловарихо истифода мебурданд, чунки таъсири чавобе, ки бо далел исбот мешавад, бенихоят зиёд аст. Дар илми равоншиносй, хусусан психологияи муоширати корй дар бобати далеловарй роху усулхои муайянеро кор карда баромадаанд.
Имоми Аъзам аслан аз амали киёс зиёд истифода мебурданд, ки дар музокироти кори он бо номи усули мукоисанамои машхур аст. Усулхои далеловариеро, ки Имоми Аъзам меоварад, метавонем, ки дар рафти муошират васеъ истифода барем.
Бояд кайд кард, ки Имоми Аъзам дар баробари махорати баланди далеловари доштанаш, инчунин дар бахсу мунозира хам одобу усулхои хуби муоширатро истифода мебарад. Масалан, хар вакт ба шогирдонаш чунин мегуфт: " Агар шахси оми ва нодон бо ту мубохисаю мунозира кард, бо вай мубохиса макун, ки обруйи туро мебарад". [4]
Дар психологияи муоширати кори омадааст, ки хар кас вобаста аз аклу фахмиши хеш бахс мекунад. Бахс кардан на хама кас метавонад дар майдони бахс бояд дониши мукаммал, диккат ва максади муайяну одоби хамида дошта бошем. Имоми Аъзам бисёр хуб гуфтаанд, ки бо чунин одамон бахс маъние надорад. Инчунин Имоми Аъзам дар бахсумунозира хечгох ба газаб намеомаданд. Ба шогирдонаш хам таъкид мекард: "дар бахсхои илми хечгох хашмгин нашавед ва газабро истифода набаред".[4]
Имоми Аъзам бо шогирдонаш бисёр хам мушфикона рафтор мекард. Афкори у ин буд, ки бо шогирдон чидди ва бо сахтгирии шадид муносибат намекард. Ин назарияи Имоми Аъзам маънои онро доранд, ки дар рафти таълимдихи бояд фазои солими муошират бошад ва ба вучудоварандаи ин фазои солим танхо устод аст.
Дар замони у, аз он усулхое, ки имруз илми равоншиноси такя мекунад, истифода мешуданд. Имоми Аъзам низ дуруст мешуморид, ки хечгох афкор ё назарияро танхо коркард намекард. Аввал масоилеро дар доираи шогирдонаш мегузошт ва шогирдон хар як афкору акидаи худро мегуфтанд. Имоми Аъзам мавкеи худро изхор мекард ва нихоят бехтарин тафаккурро муайян карда мешуд.
Имоми Аъзам ба масъалахои равоншиносиву ахлоки даст зада, дар назди оммаи мардум нагуфтани сифатхои бади ягон касро маслихат медоданд. Имоми Аъзам мефармояд: "Шахсеро ба бади шинохти, бадиашро пеши мардум зикр
макун, балки хубиеро дар вай чустучу кун ва бо хамин хубй аз у ёд кун".[4] Шумо агар хангоми сар задани низоъ хусусиятхои бади тахкиркунандаро як су гузошта, кушиш кунед корхою хусусиятхои хуби уро ба ёд оваред. Аз таълимотхои Имоми Аъзам доир ба равоншиносии оилавй чавхари тахкикотеро чамъ кардан мумкин аст, ки то хол кисме аз он масъалагузорй нашудааст. Имоми Аъзам дар халли низоъхои оилавй чунон эхтиёткорона муносибат менамуданд, ки нихоят ба фоидаи зану шавхар баробар хал мешуд.
Хулоса, Мазхаби ханафия рохест, ки шиораш адл асту адолат, яъне, мусалмонони мазхаби ханафия, ба пайравони хамаи динхои осмонй ва кулли башар муносибати хуб доранд. Яхудихо ва насронихо-масехиён-ахли китоб хастанд ва ханафиён онхоро низ эхтиром мекунанд. Ва мусалмонони ханафимазхаб ба китобхои аз чониби Худо ба онхо фиристодашуда имон овардаанду доранд ва паёмбарони онхоро паёмбарони худ медонанд.
Омузиши афкори пешкадам, маслихатомезу пурхикмат ва чомеасози гузаштагонамон, ба мисли пири ахли такво, факехи бузург ва инсони комилу ормонй Имоми Аъзам барин кубарои азимушшаън метавонад, ки чомеаи моро аз ин вартаи махвшавй берун орад.
Мухаммад Икбол хуб гуфтааст, ки:
Дар чахон болу пари хеш кушодан омуз,
Ки паридан натавон, бо пару боли дигарон. [5]
Моро иттиходи инсондустиву демократй, бунёдгаро, ки битавонад чавобгуи кулли мушкилоту хомии ахли башарият бошад.
Афкори равоншиносии Имоми Аъзам чанбахои ичтимой дошта, дар рушду инкишофи чомеаи имруза низ мавкеи хоса доранд. Мутаассифона, то хол андешахои у мавриди тадкикот карор наёфтаанд. Умед аст, ки мутахассисони сохавй сари ин масъала фикру мулохизахои хешро иброз намуда, ба пахлухои нихонии андешахои ин шахсияти оламшумул шарху баёни тоза руйи кор меоранд.
СПИСОК ЛИТЕРАТУРЫ:
1. «Ислам». Энциклопедический словаръ. Москва 1996. стр. 11-152, 273
2. «Ислам». Краткий справочник. Москва: Наука: 1986, стр. 114-115
3. Бартолъд В.В. Персидская кулътура и ее влияние на другие страны. Соч. Т.б. Москва 1966. стр. 174-177
4. Мухаммад Ч,авоб Машкур. Таърихи сиёсии Сосониён. чил.2. Техрон. 1366 х. сах. 1252-1253
5. Мухаммад Икболи Лохури. Куллиёти форси. «Паёми ошно» Душанбе -2008