Научная статья на тему 'The idea of non-violence in Abuhanif s creations'

The idea of non-violence in Abuhanif s creations Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
56
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ВЕЛИКИЙ / САМОПОЗНАНИЕ / ЦИВИЛИЗАЦИЯ / КУЛЬТУРА / ПОЛИТИКА / ЭТИКА / ТЕЧЕНИЕ / ИСЛАМ / ГЛОБАЛИЗАЦИЯ / ТОЛЕРАНТНОСТЬ / КОНФЛИКТ / GREAT / SELF-COGNITION / CIVILIZATION / CULTURE / POLITICS / ETHICS / COURSE / ISLAM / GLOBALIZATION / TOLERANCE / CONFLICT / ABUHANIF / ХУДШИНОСӣ / СИЁСАТ / АХЛОқ / МАЗҳАБ / ИСЛОМ / ГЛОБАЛИЗМ / ТАҳАММУЛПАЗИРӣ / ДСТ / НИЗО / ДИН

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Усанов Равшан Тураяевич, Сатторов Бегали

Статья посвящается учению о философии ненасилия осноположника религиозного течения ханафия Абуханифы. Отмечается, что учение Имома Аъзама основано на исламе и в нём смешались мировоззрение религиозного течения, знание философии, равноправие, социальная справедливость в мире. Подчёркивается, что учение Абуханифы о ненасилии отражает всеобщие ценности человечества, присущие не только таджикам, но и другим нациям. Делается вывод о том, что доктрина ненасилия Абуханифы в современных условиях человеческого общества может сыграть важную роль в преоделении противоречивых аспектов глобализма и модернизма.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Идея ненасилия в творчестве Абуханифы

The article dwells on the tenet of the philosophy beset with nonviolence of a landowner of the religious movement called hanafi Abu Hanifa. Imom Azam's tenet was established based on Islam and it mixed the worldview of the religious movement, knowledge of philosophy, equality, social justice in the world and is represented not only by the follower of other religions, but to all mankind either. Over the past 1300 years, the universal values and foundation of humanity, which are not only Tajiks, but other nations either, will be able to protect their dignity. They are automated for living conditions and they will be able to eliminate global problems and modernize the main plan and contribution, upon the whole

Текст научной работы на тему «The idea of non-violence in Abuhanif s creations»

07.00.10.ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА 07.00Л0.ИСГОРИЯ НАУКИ И ТЕХНИКИ 07.00.10. HISTORY OF SCIENCE AND TECNOLOGY

УДК8 Т 2 ББК 83.3 Т

МАСЪАЛАИ Усанов Равшан Тураяевич, дотсенти кафедраи

АДАМИ сиёсатшиноси ва фарщнгшиносй; Сатторов Бегали, ЗУРОВАРЙДАР дотсенти кафедраи сиёсатшиноси ва фарщнгшиносии ТА ЪЛИМОТИ МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Fафуров» (Тоцикистон, АБУХАНИФА Хуцанд), E-mail: [email protected]

Усанов Равшан Тураяевич, доцент кафедры политологии и культурологии; Сатторов Бегали, доцент кафедры политологии и культурологии ГОУ «ХГУ имени академика Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)

Usanov Ravshan Turaevich, Associate Professor of the department ofpolicy studies and philosophy of culture; Sattorov Begali, Associate Professor of the department of policy studies and philosophy of culture under the SEI «KSU named after acad. B.Gafurov» (Tajikistan, Khujand)

Вожа^ои калиди: худшиноси, сиёсат, ахлоц, мазщб, Ислом, глобализм, тщаммулпазирй, дусти, низо, дин

Дар мацола дар бораи гояи адами зуроварии асосгузори мазуабй ва мутафаккири тоцик Абууанифа маълумоти муфассал дода мешавад. Тазаккур меравад, ки таълимоти Имоми Аъзам бар пояи ислом бунёд ёфта, дар он цауонбинии мазщбй, илми, фалсафи ва милли бо щм омехта шуда, баробари, адолати ицтимои, сущу бародари, тщаммулпазирй на тануо бо пайравони дищои дигар, балки бо тамоми башарият пешкаш гардидааст. Цайд карда мешавад, ки таълимоти Абууанифа оид баа адами зуровари арзишуои умуми ва бунёдиибани башар аст, ки на тануо ууввияти миллати тоцик, балки ууввияти миллии дигар цавму халщоро низ дар тули таърихи 1300-соли охир цифз намуда, дар оянда низ имкону цудрат дорад аз ощо пуштибони кунад. Хулоса мешавад, ки таълимоти бидуни зуроварии щнафй, ки дар шароити феълии цомеаи башари метавонад ба хотири бартараф кардани пацлуцои ихтилофовари глобализм ва модернизм нацши зарури ва ногузири худро бозад.

Ключевые слова: великий, самопознание, цивилизация, культура, политика, этика, течение, Ислам, глобализация, толерантность, конфликт

Статья посвящается учению о философии ненасилия осноположника религиозного течения ханафия Абуханифы. Отмечается, что учение Имома Аъзама основано на исламе и в нём смешались мировоззрение религиозного течения, знание философии, равноправие, социальная справедливость в мире. Подчёркивается, что учение Абуханифы о ненасилии отражает всеобщие ценности человечества, присущие не только таджикам, но и другим нациям. Делается вывод о том, что доктрина ненасилия Абуханифы в современных условиях человеческого общества может сыграть важную роль в преоделении противоречивых аспектов глобализма и модернизма.

Key words: great, self-cognition, civilization, culture, politics, ethics, course, Islam, globalization, tolerance, conflict, Abuhanif

The article dwells on the tenet of the philosophy beset with nonviolence of a landowner of the religious movement called hanafi Abu Hanifa. Imom Azam^s tenet was established based on Islam and it mixed the worldview of the religious movement, knowledge of philosophy, equality, social justice in the world and is represented not only by the follower of other religions, but to all mankind either. Over the past 1300 years, the universal values and foundation of humanity, which are not only Tajiks, but other nations either, will be able to protect their dignity. They are automated for living conditions and they will be able to eliminate global problems and modernize the main plan and contribution, upon the whole

ИДЕЯ НЕНАСИЛИЯ В ТВОРЧЕСТВЕ АБУХАНИФЫ

THE IDEA OF NON- VIOLENCE IN ABUHANIFS CREATIONS

Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон соли 2009 соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардида буд. Ин и;дом падидаи бузурги фархангй буда, арчгузорй аз фарзанди бузурги миллат дар тарбияи худшиносиву худогохии мо хидмати босазо хохад кард. Маълум аст, ки дар таърихи тамаддуни фархангии башар хар як миллат рисолати азалияшро анчом дода, дар масири рушди он чойгохи хешро муайян месозад. Намунаи барчастаи ин миллати точик аст, ки зухури он кохи пуршукухи илму маърифатро рифъат бахшида, хамчун борони файзбахш ба рушду нумуи маорифу маданияти олам оби хаёт додааст. Дар гахвораи тамаддуни точик фарзонагоне тарбия ёфтанд, ки на танхо сарзамини точиконро ибодатгохи хирадмандон сохтанд, балки донишро чавшани хеш намуда, башариятро ба дунболи илму маърифат кашидаанд. Дар байни ин абармардон пешвову имом, олими номдор, фа;ехи машхури ислом, саромади мазхаби ахли суннат ва чамоат Абуханифа ма;оми хоса касб намудааст.

Абуханифа шахсияти дорои тафаккури ;авй ва чолибе буд, ки хамчун шогирди сахоба ва тобеин дар тахкими илми калому усули ислом, фи;ху сиёсат ва ахло; андешахои чолиб ва гояхои бунёдй пешкаш намуд. Агар ба ум;и андешаи Абуханифа руй оварем, дарёфт хохем намуд, ки доираи маълумоту дониш ва чахонбинию чахонфахмии вай хеле васеъ буда, таълифоти у мачмуае аз хазоини хикмати башарй, гавхари фалсафию равонй ва ахло;ию рухонй мебошад.

Абуханифа сохиби истеъдоди олй буда, хакимест, ки дар осори хеш бо намояндагони мактабу равияхои мухталифи илмиву сиёсй ва фир;аву мазохиби исломиву гайриисломй бахсхо намудааст. Вай дар осору таълифоташ ба хотири дифоъ аз ;онун, волоияти он, суботу оромии чомеа андешаву мулохизоти асхоби а;л ва арбоби на;л, а;идаи ахли чабария, ;адария, муътазилия ва соири фир;ахои даврони хешро хостааст хамоханг созад. Абуханифа фа;ехи равшанфикрест, ки тавонист дар халли масоили ихтилофангез на;л ва а;лро бо хам ошно созад ва аз аввалин шахсоне буд, ки дар фархангии исломй тавозуни а;л ва на;лро ба вучуд оварад. Дар ин маврид сухани Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат Эмомалй Рахмон чоиз ба ;айд аст: «Аслан мероси а;идатй ва фархангии Абуханифа дар тахкими хамзистии осоиштаи тамоми мусулмонон, махсусан таъмини вахдати миллии точикон ахамияти хаётй дорад. Во;еан хам мазхаби Абуханифа дар тули таърих ва хам дар рузгори ичтимоии мардум ба омили мухими вахдати миллй ва башарй, мусолиха ва тахкими суботу оромии чамъият табдил ёфтааст. Мебояд, ки мо аз ин таълимоти созанда дар мамли рузмараи худ пурсамар истифода намоем» (2).

Тахлили осор ва андешахои каломй, фалсафй, фи;хй, сиёсй ва ахло;ии Абуханифа аз он шаходат медихад, ки вай равшантарин намунаи инсони комил, олими бузург, мутафаккири шахир ва нобигаи нотакроре буд, ки дар халифат нахзати ислохгароиро бо ;удрати тавонояш пеш бурда, тавассути таълимоти инсонпарварй ва начотбахшаш дар масири таърих миллионхо мардумони сайёраро новобаста аз нажоду миллат бо хам дуст ва хамфикр сохт. Кадрдонй аз ин фарзанди бузурги точик, шинохти миллат, обру ва нуфузи вайро дар саросари чахон баланд хохад бардошт. Гузаштаи пурифтихор, хикмати амалй ва амалкарди сиёсии Имоми Аъзам далели садо;ат ба миллати худ ва замонати ба;ову и;тидори мо мебошад. Миллати худогох ва бедор харгиз нахохад мурд ва тавре, ки Президенти мамлакатамон таъкид сохтанд, омузишу тахлили фалсафии афкору осори Имоми Аъзам ва дигар бузургони гузаштаи мо шинохти миллат ва та;озои замони имруз буда, «зиндагию корномаи Имоми Аъзам ва таълимоти абадзиндаи у, ки пахлухои гуногуни хаёти динй-фархангии кишварро чун оина равшан сохта, моро барои анчом додани рисолати созандагй рахнамой мекунанд, ахамияти бузурги хаётй дорад. Бо бахрабардорй аз онхо дар сулху салох бо намояндагони дигар дину мазхабхо зистан аз рисолатхои мусулмонии мост» (3,17).

Бидуни шак дар сатхи чахонй чашн гирифтани 1310 солагии Имом Абуханифа, ки намунаи дарки ами;и ха;и;ати исломй ва ворисияти хикмати миллй аст, ма;оми хоса дошта, ба пойдории сулху субот, рафъи тафри;аи мазхабиву динй, таъмини амнияти миллй, дифоъ аз дастовардхои волои исти;лолияти давлатй, эхёи мучаддади арзишхои чавхарии хал;и точик, худшиносй ва худогохии миллат, омузишу маърифати шуури мазхабиву динй ва ахло;й мусоидат хохад намуд.

Ч,омеаи чахонй дар шароити комилан мутазоди таърихй ба асри нав ворид гашт ва ин гузариш ба мархилаи чадиди такомулу дигаргунихои бузурги бунёдии илмиву фархангй ниёз ба тархи наву тозае дорад. Дар огози ин аср мо хамагон шохиди натичахои нихоии он

тахаввулоте шудем, ки аз нигохи мазмуну мухтаво ва раванди манти;ию чавхарии худ бар асоси на;шахои муайян ва арзишхои мушаххас таррохй гардиданд. Ин арзишхо модернизм, гуногунандешй, фардгароиро дар бар гирифтанд, ки онхо дар мачмуъ якрангу якнаво набуда, аз як тараф боиси пешрафту инкишоф шуда бошанд, аз тарафи дигар руйдоду зухури шуму ифротгароёнаи глобализмро ба арсаи оламу таърих оварданд.

Пайдост, ки глобализм ба сарнавишти таърихии инсоният ва дурнамои он таъсири рузафзун ва пайваста мегузорад. Во;еан хам хамин чахонишавй буд, ки некуахволии мардум, техникаву технологияи чадид, истехсолот ва истеъмолот, ошкорбаёниву гуногунандешии демократиро амалан татби; сохт ва боиси наздикшавии ахолии сайёра ва рушду нумуи кишвархо ва хал;хо гардид. Лекин глобализм бо хадафхои шуму худкомаш мучиби пахншавй ва тавсеаи терроризму экстеримизм, зуроварии кишвархо ба сари якдигар, харобу валангор сохтани шахрхои обод, ;атлу куштори хазорон одами бегунох, бухрони марговари и;тисодиву ичтимой, кохиши захирахои табий, гармшавии и;лими замин, аз байн рафтани арзишхо ва фардияти миллй гардид.

Ба хотири тахияи чунин модели нави муносибатхои инсонй аз чониби муха;;и;он ва сиёсатмадорони кишвархое, ки масъалаи хастй ё нестии онхо ба миён омадааст, дар такя бар принсипхои демократия, тахаммулпазирй, дустй, рафо;ат ва хамдигарфахмии чомеахо, ки ба фархангу тамаддунхои мухталиф тааллу; доранд, корхои назаррас анчом пазируфта истодаанд. Зеро, онхо ба хубй дарк намудаанд, ки дар чунин зербинои заиф, ки дар натичаи раванди глобализм ва сиёсати гаразолуди кишвархои ;удратталаб ба вучуд омадааст наметавон чомеаи чахониро аз бухрони густардаи умуми чахонй, ки бухрони и;тисодй танхо яке бахшхои он аст, рахо бахшид ва миллионхо инсонхоро аз марг начот дод.

Ч,умхурии Точикистон аз минбархои баланди байналмилалй борхо доир ба ин масъала ба ахли башар гушрас намуд, ки бо хам му;обил гузоштани чахонбинии гуногун ва аз тари;и зуроварй хал намудани низоъхо на ба касоду шикасти и;тисод, балки фасоди давлатхо ва дар мачмуъ инсоният хохад бурд. Мисоли равшани он чанги беохири Фаластину Исроил, Афгонистон, Иро;у Сурия ва низоъхо дар мамлакатхои дигари Араб аст, ки то имруз, мутаассифона башарият рохи халли онхоро наёфтааст ва агар ба хамин минвол ва дар чахорчубаи арзишхои модели муосири байналмилалй пеш равад, шояд садсолахои дигар низ халли ин муамморо наёбад.

Таърихи башар, хоса, таърихи садсолахои охири миллати точик низ, ки даврахои хассос ва печ дар печро пушти сар кардааст, мисоли ин чанги тахмилии солх,ои 90-уми асри ХХ мебошад. Миллати точик хамчун миллати фархангй ва дорои анъанаи адами зуровариву низоъ, ки чавхари он чахорчубаи аа;идахои миллии точикии «маранчу маранчон» аз баракати ачдоди чафопархези мо, аз чумла Имоми Аъзам нухуфтааст, , нишон дод, ки тарзу усули дигар субот ва пешравии чомеа низ вучуд дорад. Хднуз чарохати он захм сихат нагаштааст ва шояд ин чарохат хамеша боиси норохатии мо бошад, чунки хал;и точик дар тули таърихи мавчудияти хеш бар сари хеч ;авму миллате ва болотар аз он, бар сари хал;и худ тег накашидааст. Му;аддас донистани замин ва пок нигох доштани он, ки бунёди фалсафаву одамияти гузаштагони моро ташкил медихад, аз даврони ;адим то имруз мохияти хешро гум накардааст ва дар асоси он мо наметавонем даст ба низоъ занем. Точикон аз азал тахаммулпазир буданд ва онон дар рохи мубориза алайхи бадй дар хар шакле, ки набошад,кушиш ба харч медоданд. Муборизаи у аз тари;и камолоти нафсию рухй ва фазилатхои инсонй сурат мегирифт. Дар замони баъд аз зухури ислом низ хамин хикмати миллй буд, ки он дар мероси намояндагони барчастаи хал;и точик, аз чумла мероси каломй ва фи;хии Имоми Аъзам инъикос ёфт ва он метавонад усул ва намунаи равшани гуфтугуи фархангу тамаддунхои мухталиф ;арор гирифта, пойдевори тархи нави чахонишавй (бар асли чахони чанд;утбй) шавад.

Таълимоти Имоми Аъзам, ки бар пояи гояхои адами зуроварии мазхабй бунёд ёфта, дар он чахонбинии мазхабй, илмй, фалсафй ва миллй бо хам омехта шуда, баробарй, адолати ичтимой, сулху бародарй, тахаммулпазирй на танхо бо пайравони динхои дигар, балки бо тамоми башарият пешкаш гардидааст. Ин арзишхои умумй ва бунёдии инсонианд, ки на танхо хувияти точикй, балки хувияти миллии дигар ;авму хал;хоро низ дар тули таърихи 1300-соли охир хифз намуданд ва дар оянда низ имкону ;удрат доранд аз онхо пуштибонй кунанд. Онхо мухаррике хастанд, ки дар шароити феълии чомеаи башарй метавонанд ба

хотири бартараф кардани пахлухои ихтилофовари глобализм ва модернизм накши зарурй ва ногузири худро бозанд.

Агар чахонбинии Имоми Аъзам танхо бар пояи дин бунёд меёфт, у наметавонист чунин як мазхаби тахаммулпазирро созмон дихад. У исломро на барои мукобилгузорй бо динхои дигар, балки барои муттахидсозии онхо, ки аз мохияти рисолати чахонии ин оин сар мезад, пуштибонй мекард ва мехост бехтарин низоми волоияти конунро дар симои ин кеши муваххид офарад ва амалй созад. Хдмин аст, ки мазхаби ханафй ба фикхи амику фарогири худ аз замони пайдоишаш пайваста дар хизмати на танхо чомеаи исломй, балки тамоми башарият буд. Махз дурбинй, фарогирй, вусъати назар ва ба эхтиёчу талаботи рузмарраи мардум мувофик будани мазхаби ханафй буд, ки он дар тули асрхо хамчун мазхаби расмй дар олами ислом ривоч ёфт ва тарзу усули он ба низоми конунгузории давлатхо ва созмонхои байналмилалй рох пайдо кард.

Абуханифа дар сиёсати амалкардаи сиёсии худ аз мавкеии мазхабии худ набаромада, барои дифоъ аз волоияти конун нахзати тахаммулпазириро ба вучуд оварда буд. Чй тавре дар зиндагиномаи у хохем дид, баъди бозгашт аз Басра ба Куфа Имоми Аъзам тамоми таваччухи хешро ба тадвини фикху конунхо мутамаркиз карда, зимни он ба максади иктидору бако пайдо кардан ва рохи амалй чустани ин конунхо барномаи махсуси амалй-сиёсиеро тархрезй кард, ки дар он хатто нишоне аз сиёсатбозихои онвакта ва имруза, аз кабили хушунат, гурухбозй, хиллаву найрангхои сиёсй ва гайра набуд. Кору пайкори Абуханифа дар бахши сиёсат чихати конунманд кардани хукумат, ки имруз яке аз талаботи низоми демократист, равона шуда буд. Натичаи бузурге, ки сиёсати хомушу ором, аммо хакимонаи у дар як муддати муайян ба дунбол дошт, на танхо ба унвони усули сиёсати исломй пазируфта шуд, балки боби заррине дар таърихи сиёсатшиносии чахони муосир карор гирифт.

Бо баррасии сайри тахаввули шахсияти фикрй ва амалии вай ба ин натича мерасем, ки Имоми Аъзам монанди гузаштагони худ аз рохи тичорату бозоргонй зиндагияшро пеш бурдааст. Вай пас аз даргузашти падар касбу кори эшонро, ки фуруши матоъхои абрешимй буд, равнак дода, дар зодгохаш шахри Куфа корхона истехсоли матоъхои абрешимиро рохандозй мекунад. Тичорати Имом Абуханифа бисёр васеъ буд ва дар бисёре аз шахрхо намоянда дошт ва бо бозоргонони бузургу сохибони корхонахо муомила мекард. Вай дар муомила чунон чониби эхтиётро риоя мекард, ки хатто ба андозаи як дирхам аз рохи ночоиз вориди хазонааш намешуд. Шухрати афзояндаи садокати Имоми Аъзам ширкати уро, ба истилохи имруза, ба бонки амонатгузорие табдил медихад. У ба манзури хифзу нигохдории амонатхои мардум даст ба икдоми бонкдории хосе зада, хамчун аввалин поягузори низоми бонкии бебахра ва бефоиз ба хотири барвардани хочати ниёзмандон, сарпарастии занхои бешавхар, лутфу мехрубонй ва кумаки моддй ба факирон, фарохам овардани сарфу харчи омузиши тодибилмон хидматхои шоён кардааст. Агар хар касе аз чумлаи толибилмон мехост издивоч кунад, Имоми Аъзам шахсан сарфу харчи издивочашро ба ухда мегирифт ва хатто харчи оилахои бисёре аз толибилмонро пардохт мекард. Шогирдаш Абуюсуф таъкид месозад, ки то бист сол кафолати у ва ахли аёлашро ба ухда гирифта буд. Ирсоли тухфа ва ё хадяе ба олимон, бузургони илм ва гайра кори маъмулй ва хамешагии у буд. Тамоми ин саховатмандй аз хисоби даромад ва манфиатхои аз рохи тичорат ба даст омада, амалй мегашт. Ба хамин далел хонаи Имоми Абуханифа ба «мачлис ал-барака» машхур гардида буд.

Рафтори окилонаи инсон аз ибтидо ва ба таври табий ба манфиати волои инсонй равона шудааст. Хддафмандии акл барои манфиати олй дар иродаи нек зохир мегардад. Аз ин ру Абуханифа дар иродаи нек бидуни тардид манфиати ягонаро медид. Ба андешаи вай танхо иродаи нек мохияти арзиши ягона дорад. Барои хамин ирода нек номида мешавад, ки он харгиз наметавонад бад бошад ва бар зидди худ руй оварад ва мукобилият намояд: «Бидон, ки вакте, ки ба мардум бадй ва бадрафторй кардй, бо ту душман ва бадбин мешавад» (4, 302). Зери мафхуми некй Абуханифа, кабл аз хама, набудани хислатхои худписандй, зулм, тафохур ва адами зуровариро дар назар дорад. Иродаи нек ин иродаи бегаразона буда, онро наметавон ба ягон чизи дигар иваз кард, зеро вай арзиш надорад ба он маънй, ки бебахост.

Ин мисолхо далолат мекунад, ки роху равиши ичтимой, сиёсй ва иктисодии пешниходсохтаи Имоми Аъзам намунаи барчастаи пешравии чомеаи инсонй буда, метавонад бо истифода аз формулаи муттахидсозандаи «чахонбинии динй, илмй, фалсафй ва арзишхои миллй» ба як гояи фарокавмй ва фаромиллй табдил ёбад. Он дорои тамоми арзишхое хаст, ки

метавонад дар му;обили глобализм ва модернизми пурнизоъ истодагарй намояд. Чунин гоя метавонад Fарби аз нигохи технология пешрафтаро бо Шар;и аз ин мав;еъ дурмонда, вале дорои захирахои бои рухиву маънавй ва табий наздик созад. Ин гояи фаро;авмй метавонад вокунишу аксуламали шадидеро дар му;обили «низои тамаддунхо» поя гузошта, инсониятро тари;и хикмати ризоияту хамдигарфахмй ва гуфтугу бо хам наздик созад. Танхо чунин хикмате метавонад бетафовутй ва оромии бамавриди чомеаи инсониро ба чунбиш оварда, худхохию худпарастй, ки ;исми чудонопазири табиати инсонхо гардидааст, батадрич аз байн барад. Ин тарз имкон дорад дар байни онхо му;аддасоти инсонй аз ;абилй мухаббат, таваччух, хидмати якдигарй, хайрхохй, хусни ният, осудагй, накукорй, лутфу мехрубонй ва нисорро таблиг намояд, зеро во;еан хам имруз бидуни муболига, дигаргунихову тахаввулоти чадид инсонро камарзишу но;ис ва худкому пойбанди гаризахои табий гардонидааст.

Тамоми динхои му;аддаси тавхидй, аз чумла дини мубини Ислом, ки Имоми Аъзам яке аз бузургтарин ва маъруфтарин уламои он аст, тайи таърихи духазорсолаи охир кушиш доранд, ки инсон ва дар мачмуъ инсониятро аз маъюсй ва мусибат начот диханд. Ба ;авли Абуханифа хайрхохй барои хосу ом, ночиз, ха;ир надонистани мардум, бо эхтиёт, хушрафтор ва нек будан, ба сабру тахаммул даст задан, аз лаън, нафрин, дашном, бухлу хасад дурй чустан, химматбаландй, хифзи муруввату чавонмардй фазилатхои аслй ва тавхидй буда, бегонаро барои кас ;арин месозад.

Холо низ ин гуфтахо ва амалкарди Абуханифа дар замоне, ки меъёрхои ахло;ии инсоният билкул дигар шудаанд, хусусияти фаромиллй ва фархангии хешро аз даст надоданд. Даъватхои вай танхо фалсафаи инсондустй (гуманизм) набуда, хусусияти амалгарой (прагматикй) доранд ва аз баракати хамин хусусиятхои во;еъгароёна ва тахаммулпазирии худ, як ;исми ахолии кураи замин аз ;олаби у дар зиндагии рузмарраи хеш истифода мебаранд. Во;еан хам, дар ин даъватхо асосхои ичтимоии гуфтугу ва тахаммулпазирй нухуфта, дар хар давру замон метавонанд хамчун намунаи рохнамо барои та;лид, судчуй ва гайра мавриди бахрабардорй ;арор гиранд.

Аз руи мохияти худ низ таълимоти Абуханифа ба арзишхои башарият, яъне шахс, тахаммулпазирй ва ризоияти ом мутоби; аст. Чуноне ки зикр гардид, инхо арзишхое хастанд, ки дар ;арни ХХ! аз чомеаи инсонй рахти сафар бастаанд. Онхо дар таълимоти Абуханифа дар мачмуъ чавхари натичагирй аз омезиши илм, фалсафа, фарханги миллии точикй ва дини ислом хамчун намунаи барчастаи яктопарастианд. Дар асоси хамин синтез мазхаби ханафй аз рузи зухури худ то имруз дар масохати чугрофии васеъ аз Куфа то Афри;о, Осиёи Марказию Чин, Русияву Аврупо тайи асрхои тулонй андешахои тахаммулпазирй ва ризоияти милиию фархангй, ки чавхари демократияи муосирро ташкил медиханд, дар амал татби; мегардад. Аз тари;и ин мазхаб тахаммулпазирии тавхиди исломй дар чахорчубаи хамон манти;и башарй, беш аз 1300 сол инчониб матрах мегардад. Тахаммулпазирие, ки бо ибтикори Абуханифа аз хулули арзишхои умуминсонй тархрез шуд, аз нигохи фи;хи исломй падид омад, лекин он танхо марбут ба ин чомеа ва дин набуд. Ин сохти ганй аз чониби хазорхо мутафаккиру андешаманди баъдй ба шароитхои нави рузгор мутоби; кунонида шуд. Имруз низ мухтавову мохияти он таъсири ами;е ба андешаи демократия ва низоми ;онунгузории он гузоштааст. Бунёди ин андешахо аз Абуюсуф то Ахмади Ясавй ва аз Ч,алолиддини Румй то мутафаккири муосири турк Фатхулло Гулен, хамчун бехтарин бунёди тагйирнопазири замон таблиг гардида, дар байни мардумони Аврупо, Осиёю Афри;о ва Амрико чойгохи худро пайдо кардааст.

Хизмати Абуханифа низ дар ин нукта чамъбаст мешавад, ки у хамчун зодаву парвардаи мухити миллй барои исти;боли дини ислом ва равна;и тахаммулпазирии ичтимой сахми назаррас гузошт. Аз дидгохи Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон эхтирому корбандии суннат ва анъанахои роич ба хал;ияту ;авмхои мухталиф василаи мухими танзими хаёти ичтимоии эшон хохад буд. Имоми Аъзам низ бо дарки зарурати бозмонии русум, урфу одат ва хамохангсозии бо консепсияи ахло;иву ичтимоии исломй амри ногузир махсуб меёбад: «Имом Абуханифа бо нубуг ва заковати фитрии хеш ба дурустй дарёфт, ки урфу одат ва анъанахои мардумй метавонанд, сарчашмаи муассири танзими зиндагй ва умуман ичтимоиёти одамон гарданд. Ин арзишхо хосили тачрибаи тулонй буда, дар масири таърих бо заковату хиради инсон ва тахаммулпазирии ичтимой такмил ёфтанд» (1, 47).

Хулоса, Абуханифа назарияи адами зуровариро аз Куръони карим ва хадисхои набавй бардошт намуда, онхоро ба таълимоти ахлокии Ачам ва илми замонаш такмил дода, гояи томи адами хушунатро ба вучуд овард. Тибки мазхаби Имоми Аъзам хайр, адлу инсоф, накукорию нексириштй, рафтори шоиста ва ахлоки хамида боиси аз байн рафтани хушунат дар чомеа мегардад. Fояи адами зуроварй масъалаест, ки аз худуди як миллат берун рафта, хусусияти умумибашарй дорад ва арзишхои он ба доираи як мазхабу як халк махдуд намешавад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Рузгор ва осори Хдзрати Имоми Аъзам. Хучанд, 2008.-68 с.

2. Рахмон, Э. Имоми Аъзам ва хуввияти миллй / Э. Рахмон//Ч,умхурият. -2008. -№133 (21490). -13 ноябр

3. Рахмон, Э. Имоми Аъзам ва фарханги миллй/ Э. Рахмон -Душанбе: ЭР-граф,2009.

4. Шамолов, А.А. Ахвол, осор ва афкори Имоми Аъзам/ А.А. Шамолов -Душанбе: Дониш, 2009.- 318 с.

REFERENCES:

1. The Lifestyle and Works of Hazrat Imomi A'zam. - Khujand, 2008. - 68 p.

2. Rahmon, E. Imomi A'zam and National Cognition/E. Rahmon. //Jumhuriyat. 2008.- № 133 (21490). 13.11.2008. - P.2.

3. Rahmon, E. Imomi A'zam and National Culture/ E. Rahmon - Dushanbe: Er-graph, 2009.

4. Shamolov, AA. The Life, Works and Ideas of Imomi A'zam/ A.A. Shamolov - Dushanbe: Knowledge, 2009. - 318 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.