Научная статья на тему 'Заминахои пайдоиш ва густариши фикх ва мазхаби ханафи'

Заминахои пайдоиш ва густариши фикх ва мазхаби ханафи Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
4783
382
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ФИКХ / МАЗХАБ / ХАНАФИЯ / МАКТАБИ ХАНАФИ / АХЛИ РАЪЙ ВА КИЁС

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Fиёсов Н.

Тhe Factors of Foundation and Spread of Hanafi`s Theology and Law Doctrine N.Giyasov Key words: jurisdiction, khanafiya, khanafit school, akhli ra`ye va qiyоs. The problems of Hanifi's tenet are touched upon in the article in which the basis of its emergence and the factors of its rapid spread to the North and the East, including Anatolia, the Balkans, the North Caucasus, the Black Sea area, the Volga riverside area, Central Asia, India, Indonesia and other countries, are analyzed. The author underlines that it is Abu Hanifa from whom the writing tradition of Islamic theology had started. The main sources of his tenet come from the Koran and the Sunnah. The author considers Abu Hanifa to be the first theologian who used the methods of casuistic juridical matters study so that it allowed bringing scholastic developments of faqihs and everyday life rules together. He developed the technique of using rational principles of analogy (Qiyos) and preference (Istehsan) in solving juridical matters which had been used by Prophet's followers throughout his life time. Abu Hanifa was the first to prove the opportunity of using a custom norm (Urf) as one of juridical sources. Other factors that promoted a wide spread of the ideas were an extraordinary personality of Imam, his style of life and principles he followed, also his scientific heritage and the school he had founded which raised Pleiades of talented people, who further disseminated his ideas throughout the Khalifat. Most of his disciples whose number was more than 40 had left the large scientific heritage, which was completed and systematized by Abu Hanifa's theological ideas. The ways of spreading the doctrine in Khorasan and Maverannahr and its acceptance as an official interpretation in solving juridical problems are also considered in the article.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «Заминахои пайдоиш ва густариши фикх ва мазхаби ханафи»

Н. Fuëcoe

ЗАМИНАХОИ ПАЙДОИШ ВА ГУСТАРИШИ ФИКХ ВА МАЗХАБИ ХАНАФИ

Вожахои калиди: Фикх, мазхаб, ханафия, мактаби ханафи, ахли раъй ва киёс

Маънии лугавии "фикх" "фахми чизе, фахмидан, донистан, биниш, хушёри, донои, дониш"-ро дорад (1), ки баъдтар ба истилохи дини табдил ва маънии "дониши дини, донистани ахкоми шаръи ва усули дин"-ро ба худ касб мекунад. Дар пайдоиш, тахким ва густариши фикх хамчун чараёни илми дар олами исломи Абуханифа Нуъмон ибни Собит (р) ва баъдтар мактаби фикхии эшон накши бориз доранд, зеро мазхаби ханафи аввалин мазхаби фикхии мунташир аст, ки дар заминаи мактаби фикхии тадвин ва ба низоми муайян даровардашуда ба вучуд омадааст. Аммо ёдовар шуд, ки ин мактаби фикхи ва мазхаби он дар чои хушку холи ба вучуд наомадааст.

Масъалаи пайдоиш ва омилхои густариши он бо шухрати беназираш дар олами исломи аз масъалахои мухими шинохт ва дарёфти таълимоти ин мазхаб ба шумор меравад. Ахамияти ин масъала барои Точикистони имруза дучанд аст, зеро бо вучуди пайравии аглаби ахолии он аз ин мазхаб тасаввуроти мардуми мо дар бораи он бисёр хира аст.

Уламои таърихи фикх давраи пайдоиши исломро то замони тадвини фикх, ки ба замони фаъолияти фикхии Имоми Аъзам хам рост меояд, ба се мархала таксим мекунанд:

1. Замони рисолат

Мархалаи якум ба асри Расули Акрам (с) тааллук дорад, ки дар он давра шариат аз чониби эшон аз тарики вахйи илохи ва хамчунин бо аквол ва афъоли Расули Акрам(с) мукаммал гардонида шуд. Бо вучуди ин, Расули Акрам(с) ба сахобагон фикхи тадвиншударо аз худ ба мерос нагузоштаанд ва хукми шаръи дар ин давра дар асоси вахй ва суннат бароварда мешуд. Хамзамон Паёмбар (с) ба сахобагон изни ичтиход дар холати заруриро дода буданд, чунонки Муъоз ибн Чабал(р) хангоми фиристода шуданаш ба Яман гирифта буд. Дар хамин айём, яъне замони зиндагии Паёмбар (с) бархе аз сахобагон, ба мисли хулафои рошидин, Ибни Масъуд, Убайя ибни Каъб, Муъоз ибн Чабал, Зайд ибни Собит, Абдуррахмон ибни Авф, Абумусо ал-Ашъари ва чанд тани дигар ба додани фатво дар ин ё он масъалаи шаръи огоз карда буданд.

2. Замони сахобагон

"Сахоба" ашхосеанд, ки ба сухбати Расули Акрам (с) мушарраф гаштаанд. Баъди вафоти Расули Акрам(с) футухоти исломи тавсиа ёфт, мардуми бисёре аз аквом ва халкиятхои дигар исломро пазируфтанд. Дар зери таъсири ин вокеахои айни кору масъалахое пеш омаданд, ки собикаи хукм надоштанд ва дар замони Расули Акрам(с) рух надода буданд. Махз зери таъсири хамин вазъият зарурати ичтиход ба вукуъ пайваст, ки дере нагузашта боз ба як замина ё масдари баровардани хукми шаръи табдил ёфт. Бунёди ичтиход бар ёфтани раъй буд ва раъй баъди тафаккуру тааммул дар хакикати масъала аз рохи акл ба даст меомад, ки баъдан дар таълимоти Имоми Аъзам ва ба шарофати эшон дар фикхи исломи бо истилохи "киёс ва раъй" макбул гашт. Гузашта аз ин, дар замони сахобагон хануз илми хадис дар шакл ва низоми муайян тадвин нагашта буд ва ба тадвини он хам фарзандони баруманди точик, амсоли Имом Бухори, Имом Тирмизи ва дигарон баъдтар киём намуданд. Аз ин ру, сахобагон дар ахди хулафои рошидин хангоми халли масъалаи чадид дар баровардани хукми он ба Куръони Шариф ё суннати Расули Акрам(с) ва амали эшон такя мекарданд. Дар холати чавоб наёфтан аз ин сарчашмахо, байни хам машварат мекарданд ва хукми шаръи муттафик алайхро мебароварданд.

Дар сарчашмахо таъкид аз он рафтааст, ки аз байни сахобагон Умар ибни Хаттоб, Али ибни Абутолиб, Ибни Масъуд бештар дар баровардани раъй пешоханги доштанд. Хамзамон аз Ибни Умар, Абдуллох ибни Амр ибни ал-Ос ва Зубайр хам ёдовар мешаванд, ки дар ин замон аз факехони чирадаст махсуб мешудаанд (2).

3. Замони тобеъин

Дар зери ин истилох давраи баъди хулафои рошидинро мефахманд, ки он ба замони зиндагии сахобагони хурд ва тобеъини бузург рост меояд. Ба ибораи дигар гуем, ин замон аз давраи таъсиси давлати Умавиён огоз меёбад ва бо охири садаи якуми хичри ба интихо мерасад.

Бояд таъкид кард, ки асосгузори сулолаи Умавиён - Муовия ибни Абусуфён, ки ба соли 661 милоди ба сари хилофат нишаст, вазъияти сиёси, дини ва ичтимоиро дар каламрави хилофат ба кулли тагйир дод. Дар замони Умавиён маснади халифа мероси гашт ва минбаъд ба чои интихоб хукумат ба фарзандони хонадони умави нисбат ёфт. Гузашта аз ин, умавиён ба хонадони Расули Акрам (с) душмани огоз карданд

ва чанд тан аз авлоди Расули Акрам(с) ба дасти эшон кушта шуданд. Бузургманиши, чабр, зулму таадди авзои сиёсии хилофатро муташаннич ва боиси зухури равия ва фиркахои гуногун гардид. Ин вазъият ва, алалхусус таксим шудани мусалмонон аз нигохи сиёси ба гуруххо ба фикх ва такдири минбаъдаи он бетаъсир намонд. Махз дар хамин давра бархе аз ашхос барои хотири ба даст овардани инояти хукмронони вакт, ё таквият бахшидан ба афкори дини-сиёсии хаммаслакон, ё барои асоснок намудани таълимоти мазхабии худ ба ифроту дуруг даст заданд (3).

Бо вучуди хамаи ин, махз дар хамин давра ду мактаби бузурги раъй ва хадис ба вучуд омад, ки асоси онро таълимоти бузургтарин шахсиятхои Мадинаи Мунаввара ва шахри Куфа ташкил доданд. Мактаби раъйи Куфаро Иброхим ан-Нахаъи (ваф.96\715) ва мадрасаи Мадинаи Мунаввараро Саъид ибни Мусайяб (ваф.98/717) сардори кардаанд. Замони тобеъинро метавон мархалаи пайдоиши мукаддамоти фикхи исломи ва зухури мазхабхои фикхии гуногун каламдод кард.

Ин буд, ки хануз дар замони тобеъин дар Макка ва Мадина аз "фатвои ироки" сухан мегуфтанд ва онро барраси мекарданд, ки намунае аз эътирофу шинохти чойгохи факехони аввалини исломи берун аз ватани аслии ислом буд. Дар нимаи дуюми садаи аввали хичри бошад, чойгохи раъй ва усули корбурди он мушаххастар гардид. Ривояти Аммора ибни Умайр аз Ибни Масъуд, Омири Шаъби аз Умар ва Абуавни Сакафи аз Муъоз ибни Чабал, бо андак тафовуте дар лафз, хама дар якчояги асоси ин низомро дар истинботи хукми шаръи то андозае рушан мекунад: нахуст ручуъ ба Куръони Шариф, пас аз он суннати Расули Акрам (с), сипас акволи сахоба ва дар сурати ёфт нашудани хукм дар манобеи накли амал ба раъй ва ичтиход. Дар садаи дуюми хичри низ хамин низом мазмуни таълимоти Имоми Аъзамро ташкил ва шеваи кории мактаби фикхии ханафиён гашт, зеро устоди бузурги Имоми Аъзам - Хаммод ибни Абусулаймон аз шогирдони барчастаи Иброхими Нахаъи буданд ва пас аз даргузашти он кас ба соли 96/715 тадриси фикх ва додани фатворо дар Куфа бар ухдаи хеш гирифта буданд.

Махз дар хамин даврони сарнавиштсоз Нуъмон ибни Собит ба олами хасти чашм кушоданд, дар мухити фархангдусти хонаводаги нашъунамо ёфтанд ва дар айёми чавони Куръони Мачидро хифз намуданд. Дар 15-солаги бо падари худ ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гаштанд. Дар ин айём ва сафархои минбаъдаи худ бо чанд тан аз сахобагони Расули Акрам (с) ба мисли Анас ибни Молик, Абдуллох ибни ал-Хорис ибни Чазъ аз-Зубайди, Восила ибни ал-Аскаъ, Оиша бинти Ачрад, Абдуллох ибни Абиавфи, Амр ибни Харис, Абутуфайл Омир ибни Восила, Сахл ибни Саъд ва дигаронро мулокот намудаанд ва аз ин ру аз зумраи тобеъин махсуб мешаванд (4).

Абуханифа(р) аз факехон ва олимони бисёри Куфа дониш омухтанд, аз чумла аз Омири Шаъби, Абуисхоки Сабеъи, Осим ибни Абиннучуд, Кайс ибни Муслим ва гайра. Вале устоди вежаи Имоми Аъзам Хаммод ибни Абусулаймон буданд ва Абуханифа дар халкаи дарси эшон 18 сол ширкат намуданд. Абуханифа дар замони тахсил сафархое ба Басра, Хичоз, Макка ва Мадина карданд ва зимни онхо аз машоихи ин хавзахо дониш омухтанд. Филмасал, дар Мадина чанде дар мачлиси дарси Рабиъа ибни Абдуррахмон, ки аз машхуртарин факехони ахли раъй махсуб мешуд, ширкат намуданд. Дар Макка хам чанд замоне мулозими мачлиси Ато ибни Абурибох, Амр ибни Динор ва Абузубайри Макки буданд.

Абуханифа пас аз вафоти устоди худ - Хаммод ибни Абусулаймон (120/738) ба унвони барчастатарин шогирди мактаби эшон марчаи судури фатво ва тадриси фикх дар Куфа гаштанд. Бахши умдаи осори илмии эшон мавзуъхои каломиро дарбар мегирад, аммо "ба эътирофи хамагон майдони аслии корномаи бузург ва таърихии Имоми Аъзам фикх, яъне илми шариат будааст. Таваччух ва ручуъи у ба фикх амри конуни буд: бо фарогирии амик ва комили улуми исломи у возехан дарк намуд, ки фикх тарзи солех ва дурусти муайян намудан ва татбик сохтани ахкоми Куръон ва суннати Расули Акрам дар хаёти уммати исломи мебошад, ки бо анбухи азим ва рузафзуни масоил, мушкилот ва печидагихои ичтимои ва акидати-фикри ру ба ру буд ва ба дастури сахех ниёз дошт" (5).

Имоми Аъзам дар халли масоили фикхи бо камоли масъулият ва сидк ба Куръони Шариф, аходиси набави ва суннати Расули Акрам(с) рафтор ва дар асоси онхо ичтиход мекарданд. Бо такозои рузафзуни чомеа Имоми Аъзам ба сарчашмаи дигари фикхи исломи - киёс даст заданд. Махз ба шарофати мактаби Имоми Аъзам киёс ба майдони фарохтари истифодаи адиллаи мантики ва аклони табдил ёфт ва сабаби зухури аклгарои дар дини ислом гардид. Ба ибораи дигар гуем, акл, хирад ва тафаккури инсони мухаррики кабули ахкоми шаръи дар масоили гайритааббуди гашт. Аз ин чо ханафиёнро "асхоби раъй ва киёс" низ номидаанд. Имоми Аъзам бар он акида буданд, ки ахкоми шариат аз чониби Худованд фуруд омад, то манфиати мардумро таъмин намояд ва хеч як ибодат ва кирдорхои бандагон Худовандро суде намебахшад. Аммо ахкоми шариат фарохтар аст, аз ин ру хикмат ва маслахати нухуфта дар онхо бояд аз якдигар тафовут дода шаванд. Бархе аз ахкоми шариат ба одоб ва суннатхои маросими ибоди тааллук доранд, ки хадаф аз ичрои онхо такарруби банда ба Худо аст. Аз ин чо чунин ахком пайрави нусуси шаръи хастанд ва

раъйу киёс дар ин мавридхо бо камтарин роххо ба кор гирифта мешавад. Бархе дигар аз ахкоми шариат ба масъалахои рузмарраи зиндагии инсони ва худи инсон дар чомеа марбутанд ва хикмати аслии тадвини ин ахком эчоди як низоми хукукии солим дар чомеа аст. Ба акидаи Имоми Аъзам дар тадвини хамин гуна ахкоми шариат раъй бояд мавриди корбурд карор бигирад.

Заминаи дигари фикхи ханафи ва мухимтарин омили густариши он ва мазхаби ханафи осори илмии Имоми Аъзам аст, ки дар он асосхои илмии фикх ва мазхаб матрах шудаанд. Бино бар ахбори сарчашмахо ба Имоми Аъзам таълифоти зерин тааллук доранд:

1. "Фикху-л-акбар" ва он китобест шомили масъалахои усули дин, ба мисли сифатхои Худои таъоло, имон, кадар, нубувват, меъод буда, онхо ба забони содда, фахмо ва бидуни далелхои шаръи, ба чуз се чой, шарху тафсир ёфтаанд. Муаллиф танхо дар се маврид 1) дар огози китоб бо овардани Сураи Ихлос; 2) хини шархи калом ба ояти 164 Сураи Нисо - "Ва сухан гуфт Худой ба Мусо гуфтани"; 3) дар баёни сифати Худои таъоло, ки он ба мисли сифати махлукин нест ба ояти 11 Сураи Шуро - "... нест хамчун у чизе ва уст шунаво ва бино" (6) - ба далел аз Куръони Шариф такя мекунад.

Ин асар бо вучуди мухтасарии худ дар фикхи исломи шухрати зиёд касб намудааст. Далели ин акида шарххои зиёде аст, ки ба ин асар аз чониби маъруфтарин факехони исломи навишта шудааст. Теъдоди ин шарххо беш аз 15 асар мебошад. Мутаассифона, аксари ин шарххо омухта ва нашри тоза надидаанд ва дар шакли дастхат дар китобхонахо махфузанд. То чое, ки ба рокими ин сутур маълум аст, ба чуз ду шарх, дигар шарххои бар "Фикху-л-акбар" навишташуда руи чопро надидаанд.

Мансуб ба калами Имом Аъзам будани ин асарро маълумоти сарчашмахои муътабаре, ба мисли "ал-Фехрист"-и Ибни Надим, "ал- Фарк байна-л-фирак"-и ал-Багдоди, "Китобу-т-табсир фи-д-дин"-и Абулмузаффари Исфаройини, "Кашфу-з-зунун"-и Хочи Халифа, "ал- Муштабах"-и аз-Захаби ва дигарон таъйид мекунад. Нусхаи кадимтарини он тахти №234 дар китобхонаи Мадинаи Мунаввара махфуз аст(7). Ин нусха ба ривояти Наср ибни Яхёи Балхи (ваф.268\881-882) - шогирди Абусулаймони Чузчони аст ва у онро аз нусхахои Мухаммад ибни Мукотили Рози (ваф.248/862), ки аз чехрахои шинохтаи ахли раъй ва факехи номдор аст, руйбардор кардааст. Ибни Мукотил бошад, онро аз нусхаи Исом ибни Юсуф (ваф.215/830) ва у аз нусхаи фарзанди Имоми Аъзам - Хаммод ибни Абуханифа Нуъмон ибни Собит ал-Куфи (ваф.176/792-793) руйнавис кардааст.

2. "ал-Фикху-л-абсат", ки бо ин ном ва барои хотири фарк гузоштан байни ин асари Имоми Аъзам ва "ал-Фикху-л-акбар"-и эшон бо ин унвон ба табъ расидааст. Он рисолаест шомили чавобхои Абуханифа ба саволхои шогирдаш - Абумутеи Балхи. Он дар шакли суол бар пурсишхои эътикоди ва марбут ба казо ва кадар, имон ва гайра тахия шудааст. Орои Имоми Аъзам дар ин асар бо гузоришашон дар китобхои дигар ва марбут ба масоили фавкуззикр ихтилофе надорад. Чунин ба назар мерасад, ки ин китобро шогирди эшон - Абумутеи Балхи тадвин ва нашр карда ва он бевосита ба калами Абуханифа тааллук надорад. Ин акида мабни бар он хам хаст, ки Абумутеъ Имоми Аъзамро ба хайси "сохиби китоби "ал-Фикху-л-акбар" муаррифи менамояд. Ин ибора мучиби он шудааст, ки бархе муаллифин онро ба Абумутеъ нисбат диханд (8). Нусхахои хаттии гуногуни ин асар дар китобхонахо мавчуданд, минчумла дар Дору-л-кутуб тахти №№64-215 дар ривоятхои Шайх Абубакр ибни Масъуд ибни Ахмад ал-Косони (ваф. 587/1191), Мухаммад ибни Ахмад ибни Абуахмад Алоуддини Самарканди (тав. ва вафот номаълум), Абуабдуллох Хусайн ибни Али ал-Кошгари (ваф.484/1091) ва гайра. Ин асари Имоми Аъзам ду маротиба дар Кохира дар солхои 1307/1890 ва 1368\1949 ба чоп расидааст.

3. "ал-Олим ва-л-мутаъаллим", ки ба мисли "ал-Фикху-л-абсат" дар колаби савол ва чавоб таълиф шудааст. Мавзуи аслии ин асар таълимот дар бораи ирчои ханафи ва равшани андохтан ба масъалаи робитаи имон ва амал мебошад. Ибни Надим дар "ал-Фехрист"-и худ аз ин асар дар зумраи осори Абуханифа ёд мекунад. Нусхахои мутааддиди ин асар дар шакли дастхат то замони мо расидаанд. Ин китоби Имоми Аъзам бори аввал дар соли 1349/1930 дар Хайдарободи Дакан ва бори дигар дар соли 1368/1949 дар Кохира ба табъ расидааст.

4. "Рисола ило Усмон ал-Батти", ки ба факех ва мутафаккири басри - Усмон ибни Сулаймони Батти (ваф. 143/760) дар масъалаи ирчоъ навишта ва бахшида шудааст. Имоми Аъзам дар ин асари худ зимни рушани андохтан ба диди худ дар ин масъала, тухмати ирчои ифроти ба хештанро инкор намудаанд. Муаллифони бисёре аз сарчашмахо, ба мисли Ибни Надим, Исфаройини, Баздави ин рисоларо ба Абуханифа нисбат додаанд. Ин асар дар Кохира хамрох бо "ал-Олим ва-л-мутаъаллим"дар соли 1368/1949 ба чоп расидааст.

5. "ал-Васийя" - рисолаест, ки аз васияти Абуханифа иборат аст ва шомили эътикодоти мактаби ханафи ва дастурхои ахлоки. Ин рисола дар соли 1936 милоди дар Кохира ба чоп расидааст.

6. "Васийятун ило тилмизихи ал-Кози Абиюсуф". Рисолае, ки муштамил ба дастурхои ахлоки дар масоили казоват мебошад. Ин асар бори аввал дар Димишк ба соли 1403/1983 ба чоп расидааст.

Ба Абуханифа боз якчанд рисолахоеро нисбат медиханд, ки баръакси осори фавкуззикр хануз хам ба табъ нарасидаанд ва дар шакли дастхат ё ишорахо дар осори дигарон то замони мо расидаанд, ба мисли "Васийятун ило ибнихи Хаммод", "Рисолатун фи-л-имон ва такфир ман кола бихалки-л-Куръон", "ар-Рад ала-л-кадария" ва гайрахо.

Ичтиходи илмии Абуханифа бар замми хулку атвори хамида, саховатпешаги, дар хама холат сухани хак гуфтан, равиши дакик ва эхтиёткори дар мавриди хукми шаръи баровардан аз мухимтарин омилхои нашъунамо ва тарвичи фикх ва мазхаби ханафи хануз дар замони зиндагии Имоми Аъзам гардид.

Омили дигар ва хеле муассир дар густариши ин мазхаб мактаби Имоми Аъзам буд, ки аз он даххо факехони бузург бархостанд ва фаъолияти илмии минбаъдаи эшон, аз як тараф, боиси шукух ва шахомати ин мактаб гашта бошад, аз чониби дигар, сабаби пахн гаштан ва ба хукми расми шинохта шудани ин мазхаб дар гушахои гуногуни олами исломи шуд. Бино бар маълумоти сарчашмахои таърихи ва дини теъдоди шогирдони Абуханифа, ки дар масоили фикхи китобхо навиштаанд, беш аз 40 нафар аст. Табиист, ки ба он танхо ашхосе шомиланд, ки осори эшон аз хаводиси рузгор эмин мондааст ё зикри осори эшон дар ин ё он асари баъди рафта. Дар мукаддимаи ин шогирдон бояд аз ал-Кози Абуюсуф Яъкуб ибни Иброхим (ваф.183/799) ёд кард. У аввалин шогирди Имоми Аъзам аст, ки дар фикх китоб тадвин кард. Ибни Надим аз бархе таълифоти Абуюсуф дар масоили закот, руза, фароиз, худуд, хариду фуруш, шикор ва куштанихо, хироч ва гайрахо маълумот медихад, ки дар шакли рисолахои алохида дар хар яки ин масоил навишта шуда буданд. Аз ин осори у то замони мо танхо "Рисола фи-л-хироч", "Китобу-л-осор", "Китоб ихтилоф Абиханифа ва Ибн Абилайло" расидаанд.

Абуюсуф дар замони хилофати се халифаи аббоси - Махди (775-785), Ходи (785-786) ва Хорунаррашид (786-809) мансаби казоро бар ухда дошт. У аввалин кози дар таърихи ислом мебошад, ки ба лакаби ифтихории "Козиюлкуззот" мушарраф гаштааст (9). Махз ба шарофати фаъолияти илми ва сиёси-динии Абуюсуф фикхи ханафи на танхо дар хилофати Аббосиён ба расмият шинохта шуд, балки таълимоти у дар каламрави исломи густариш ёфт.

Баъди вафоти Абуюсуф казои Багдод ба шогирди дигари Абуханифа - Мухаммад ибн ал-Хасан ибн Фуркад аш-Шайбони тахвил мешавад. Шайбони дар Восит таваллуд ва дар Куфа нашъунамо ёфтааст. Фикхро дар назди Абуханифа омухта, пас аз вафоти Имоми Аъзам дар назди Абуюсуф ба итмом расонд. Дере нагузашта ба лакаби ифтихории "Имоми ахли раъй" ноил гашт. Бо Хорунаррашид ба Рай сафар кард ва дар он чо дар соли 189/805 дар синни 58-солаги вафот кард. Мухаммади Шайбони хам муаллифи чандин осори фикхи аст, ки дар байни онхо "Чомеъу-с-сагир", "Чомеъу-л-кабир", "Сияру-с-сагир", "Сияру-л-кабир", "Китобу-л-осор", "Китобу-л-хучча ало ахли-л-Мадина" маком ва шухрати хосса доштааст.

Ба чуз ин, аксари шогирдони Имоми Аъзам бино бар шухрату шахомати ин мактаб ба мансаби казо расиданд ва дар тарвичи ин мактаб ва рушду нумуи он ва табдили он ба як мазхаби бузургу машхур хидмати вофир карданд. Зуфар ибн ал-Хузайл ибни Кайс ал-Анбари, (ваф.158/774-775), ки аз шинохтатарин чехрахои мактаби Имоми Аъзам махсуб мешавад, хануз дар замони зиндагии устоди худ ба мансаби казои Басра расида буд. Хаммод ибни Абуханифа ан-Нуъмон ибн Собит - фарзанди Имоми Аъзам баъди вафоти шогирди падари худ - ал-Косим ибн Муъин ал-Куфи, ки дар замони Имоми Аъзам мансаби казои шахри Куфаро бар душ дошт, ба он мансаб таъйин гашт. Абулхай ал-Лакнави аз шогирдон ва дустони наздики Абуюсуф буд, чанде козиюлкуззоти Багдод шуд ва дар густариши мазхаби Абуханифа дар Ирок ва алалхусус дар Хуросон хидмати зиёд кард.

Дар кисмати шаркии хилофат - дар Хуросон низ чандин тан аз факехони номвари ханафи дар сарчашмахо зикр шудаанд, ки ба мансаби казои шахрхои калони ин кисмати олами исломи даст ёфтаанд. Аз чумла, Нух ибни Абимарям - козии Марв, Хафс ибни Абдуррахмони Балхи - козии Нишопур, Хакам ибни Абдуллох ибни Муслим Абумутеи Балхи - козии Балх ва гайра.

Яке аз шахсиятхои барчаста, ки дар ривочи минбаъдаи фикху мазхаби ханафи дар каламрави Сомониён дасти бевосита дорад, Хоча Абухафс Ахмад ибни Хафс ибни Забаркон ибни Абдуллох ибни ал-Бахр ал-Ачали ал-Бухори мебошад. Зохиран у дар соли 150/767 дар Бухоро таваллуд ёфтааст ва яке аз дарвозахои Бухоро унвони "Хакрох"-ро ба шарофати он, ки хонаи Абухафс дар шафати он будааст, ба худ гирифта, зеро мардуми Бухоро ва акнофи он барои чустани хакикат ва халли масоили умдатарин назди у меомадаанд (10). Абухафс, ки дар сарчашмахо бо лакаби "Абухафси Кабир" ном бурда мешавад, дар Багдод назди Мухаммад ибн ал-Хасани Шайбони фикх омухтааст. Баъди бозгашт ба Бухоро мактаби хешро дар Бухоро ташкил дод ва шогирдони зиёде аз он баромадаанд. Зухду такво, дониш ва табаххури у

дар каламрави исломи чунон будааст, ки аз баракати он Бухоро унвони ифтихории "Куббату-л-ислом"-ро гирифтааст. Саид Нафиси интишори дониш ва донишмандии мардуми Бухоро, эхтироми донишмандонро дар ин мулк низ аз шарофати Абухафси Кабир медонад (11).

Дар густариши фикхи ханафи ва умуман ба низоми муайян ва чолиб даромадани мазхаби Имоми Аъзам накши хуросониён аз ибтидои пайдоиши он бориз будааст. Хануз дар асри VIII ва ибтидои асри IX дар Хуросон мактабе таъсис шуд, ки низоми эътикодии худро дар асоси таълимоти фикхи Абуханифа танзим намуд ва он ба унвони "Мактаби ханафии ахли суннат ва чамоат" иштихор дошт. Зодгохи аввалини мактаби ханафиён эхтимолан Нишопур ва алалхусус Марв будааст, зеро мухити суннатгароии он барои ташаккули ин мазхаб ва тарвичи он дар манотики дигар заминахои мусоиде фарохам месохт. Вучуди факехон, ба мисли Абуамр Зарири Нишопури ва Ибн Мубораки Марвази, ки дар фикхи ханафи ва чомеаи исломии он ахд чойгохи шоистае доштанд, барои ба конунхои нахустини мактаби ханафии ахли суннат ва чамоат мубаддал шудани Нишопуру Марв ва баъдтар Самарканду Бухоро хидмати сазоворе кардаанд (12).

Ин буд, ки мазхаби Абуханифа бо фикхи у дар фосилаи камтар аз як карн чунон чойгохе пайдо кард, ки дар Шарку Fарби олами исломи пахн шуд ва асоси мазхабхои дигар гардид. Имом Абуабдуллох Мухаммад ибни Идрис ибни Усмон ибни Шофеии Хошими (150/767-204/820) - асосгузори мазхаб ва фикхи шофеи фармудаанд: "Касе агар хохад, ки фикхро омузад, бояд Абуханифа ва асхоби уро мултазим бошад, зеро хамаи мардум дар фикх фарзандони Абуханифаанд" (13).

ПАЙНАВИШТ

1. Сулаймони С. Фарханги араби-точики. - Душанбе: "ЭР-граф", 2005, ч.2, с.325.

2. Хавво, Ахмад Саъид. ал-Мадхал ило мазхаби Имом Абиханифа ан-Нуъмон. - Чадда: Дору-л-Андалус ал-хазро, 2002, с.25.

3. Хамон асар, с.26.

4. Хамон асар, с.35.

5. Эмомали Рахмон. Имоми Аъзам ва хувияти милли/Рузгор ва осори хазрати Имоми Аъзам - Хучанд: Ношир, 2008, с.8-9.

6. Ниг. ба: Тарчумаи Тафсири Табари. Тахия ва таъликоти Н. Салимов, Н. Зохидов, Н. Fиёсов, А. Хасанов, А. Самеев. - Хучанд: Нури маърифат, 2007,ч. 1-2.

7. ал-Хумаййис, Мухаммад. Усулу-д-дин инда-л-Имом Абиханифа. -ар-Риёз: Дор ас-Самиъи ли-н-нашр ва-т-тавзиъ, 2007, с.98.

8. Хамон асар, с.119.

9. Хамон асар, с.93.

10. Бартольд В.В. Сочинения, т.1. - М.: Издательство восточной литературы, 1963, стр.152.

11. Нафиси, Саид. Мухити зиндаги ва ахволу ашъори Рудаки -Техрон: Амири Кабир, 1382, с.235.

12. Абдуллоев А., Fиёсов Н. Вазъи дин ва мазохиб дар ахди Сомониён/Донишномаи Сомониён,ч.1.-Хучанд: Нури маърифат, 2008, с.269.

13. Хофиз Абибакр Ахмад ибни Али ал-Хатиб ал-Багдоди. Таърих Багдод ав Мадинату-с-салом, ч.13. -Байрут: Дору-л-китоб ал-араби, с.366.

Thy FactoKs of Еог^айоп and SpKyad of Hanafis Thyology and Law DoctKiny N. Giyasov

Kyy woKds: jsKisdiction, khanafiya, khanafit school, akhli ка yy va qiyos.

Thy pKOulyms ofHanifi's tynyt aKy toechyd гроп in thy aKticly in which thy uasis of its ymyKgyncy and thy factOKS of its Kapid spKyad to thy NoKth and thy Yast, inckding Anatolia, thy Halkans, thy NoKth Caгcasгs, thy Hlack Sya axya, thy Volga KivyKsidy axya, CyntKal Asia, India, Indonysia and othyK coгntкiys, aKy analyzyd.

Thy aгthoк гndyкlinys that it is Аиг Hanifa fKom whom thy WKiting tKadition of Islamic thyology had staKtyd. Thy main soгкcys of his tynyt comy fKom thy KoKan and thy Sгnnah. Thy aгthoк considyKs Аиг Hanifa to uy thy fiKst thyologian who гsyd thy mythods of casгistic jгкidical mattyKs s^dy so that it allowyd UKinging scholastic dyvylopmynts of faqihs and yvyKyday lify кгlys togythyK. Hy dyvylopyd thy tychniqey of

гsing Kational pKinciplys of analogy (Qiyos) and pKyfyKyncy (Istyhsan) in solving jгкidical mattyKs which had иууn гsуd uy Pкophуt'sfollowyKs thкoгghoгt his lify timу.

Am Hanifa was thy fmst to pKovy thy oppoK^nity of гsing a cгstom noKm (rf as ony of iгкidical soгкcуs.

OthyK factoKs that pKomotyd a widy spKyad of thy idyas wyKy an yntmoKdinaKy pyKsonality of Imam, his styly of lify and pKinciplys hy followyd, also his sciyntific hyKitagy and thy school hy had ondyd which Kaisyd Plyiadys of talyntyd pyoply, who feKthyK dissyminatyd his idyas thкoгghoгt thy Khalifat. Most of his disciplys whosy mmuyK was moKy than 40 had lyft thy laKgy sciyntific hyKitagy, which was complytyd and systymatizyd ny Am Hanifa's thyological idyas.

Thy ways of spKyading thy doctKiny in Khomsan and MavyKannahK and its accyptancy as an official intyKpKytation in solving juridical pKonlyms aKy also considyKyd in thy aKticly.

A. Хасаноe

EAt3E XyCyCHOTXOH 3AEOHHH «CABO^y-^-At3AM»-H AEy^KOCHMH CAMAPKAHflH

Bowaxou Kanudu: Bowc, 3a6oH, Hacp, duH, Mct3xa6

Ehho 6a ax6opu MaHo6eu KyxaH, gap oro3H 3yxypu Ma3xa6u Hmomh At3aM HaKmu xypocoHueH gap rycTapumu ^hkxh xaHa^H Ba yMyMaH Bypygu oh 6a hh30mh MyaftaHy H0gu6 6opu3 6ygaacT. XaHy3 gap acpu VIII Ba u6Tug0H KapHH IX gap XypocoH 6a 6yHegu MaKTa6e acoc ry3omTa myg, kh HH30MH эtтнкоgнн oh gap 3aMHHau TatgHMOTH ^hkxh A6yxaHH^a TaH3HM e^Ta, oh 6o yHBOHH "MaKTa6H xaHa^HH axgu cyHHaT Ba HaMoaT" umTHxop naftgo Kapg (Hur. 2, 303-304; 5, 389). flap gaBpoHH 6atgu, 6a xycyc axgu C0M0HHeH EyxopoBy CaMapKaHg 6a MyxuMTapuH KOHyHH phbohh MaKTa6u Ta3aKKype$Ta, kh Hamp Ba 3ogroxu HaxycTHHH oh, 6a 3aHHH KaBH, Humonyp Ba 6a BH^a MapB 6a myMop MeoMag, My6aggag rapgugaHg (Hur. 7, 269, 270).

•Ho3hm 6a TatKHg acT, kh oroxuu mo ponet 6a rycTapumu Ma3xa6u xaHa^H Ba MaKTa6u axgu cyHHaT Ba naMoaTH XypocoH to gaBpau KygpaTe6uu C0M0HHeH HanaHgoH 3ueg acT. flap hh 3aMHHa 6apxe a3 na^yxumrapoH Ta3aKKyp gogaaHg, kh "6a mapo^ara h6thkopoth ^apxaHruu yMapou comohh, kh Ha TaHxo a3 Ma3xa6u xaHa^H nymTu6oHH MeHaMygaHg, 6agKH gap 6apo6apu 6y3yprgomTH ^aKexoH ohxopo 6a Tapxpe3HH 3ep6uHOH ugMHH hh Ma3xa6 MyKagga^ Kapga 6ygaHg, gacTOBapgxou MatHaBHH KaBMxou эpонн 6a Maray 6aTHH TaMaggyHH ucgoMH Bopug myg" (2, 306). Max3 gap hh gaBpa a3 hohh6h A6ygK0cuM Hcxok h6hh MyxaMMag h6hh HcMOug MygaKKa6 6a "XaKHMH CaMapKaHgu" 6o xugoaTH aMup HcMOugu Comohh (xyKM. cogxou 892907) Tatgu^ mygaHH pucogae MaBcyM 6a "CaB0gy-g-at3aM", kh gap arga6u capnamMaxo 603 TaxTH yHBOHH "Pucoga gap axKOMH ^hkxh xaHa^u" hom 6ypga mygaacT (Hur. 13, 277), xogucau Tacogy^H HecT. A3 hh xycyc gap oro3H pucogau Ta3aKKype$Ta OMagaacT, kh "aMupu ogug - HcMOug 6u^apMyg Map A6gyggox h6hh A6mat^appo Ba 6okh ^yKaxopo, kh: "EaeH KyHeg Ma3xa6u pocT Ba TapuKH cyHHaTy HaMoaT - oh kh nagapoHH mo 6ap oh 6ygaaHg". nac auMMa Ba y umopaT KapgaHg 6a Xona A6ygK0cuMH CaMapKaHgu Ba 0Hp0 ry^TaHg: "naftgo KyH Mopo poxu pocTH cyHHaTy HaMoaT, oh kh naftraM6ap, agaftxuccagoM, 6ap oh 6yg. Ba 6u^apMyg, to TacHH^ Kapg hh khto6po 6a T03H Ba 6a Ha3gHKH aMupu XypocoH OBapgy ap3a Kapg. XaMa nucaHgugaHgy ry^TaHg: "Poxh pocTH cyHHaTy HaMoaT hh acT". nac aMupu XypocoH 6u^apMyg, kh: "Hh khto6po 6a nopcu rapgoHeg, to HyHOH kh xocpo 6yBag, 0Mp0 HH3 6yBag Ba MaH^uaT KyHag Ba Ma3xa6po HeKy 6ug0HaHg Ba a3 xaBO Ba 6ugtaT gyp 6omaHg" (3, 19; 12,.93).

flap 6apxe ocopu TaxKHKH OMagaacT, kh: "CaB0gy-g-at3aM" gap axgu cagTaHaTH Hyx h6hh MaHcypu Comohh (xyKM. cogxou 976-997) 60 cynopumu aMupu H0M6ypga a3 hohh6h maxcu HOMatgyM 6a 3a6oHH nopcuu gapu TapnyMa rapgugaacT (Hur. 2, 306). Bage a3 aK ax6opu gap "CaB0gy-g-at3aM" 3HKpe$Ta MycaggaM Merapgag, kh TapnyMau nopcuu gapuu acap HH3 a3 Tapa^H xygu XaKHMH CaMapKaHgu cypaT rupH^Taacr: "nac MaH (XaKHMH CaMapKaHgu - A.X.) hh khto6po 6a nopcu naMt KapgaM, 3epo kh oh xoct aMupu XypocoH Hyx h6hh MaHcyp, paxMaTyggoxu aganxu, a3 nacu oh kh ygaMOH Kyggu MoBapoyHHaxppo naMt Kapg, to nango Kapga oag эmонpо poxu pocT Ba cupaTH pacyg, caggaggoxy agaftxu Ba caggaM, Ba epoHy xyga^OH pomuguH, pu3B0Hygg0XH agafixuM anMauH" (3, 20-21; 12,.95). HyHHH HKgoMH yMapou comohh, arap, a3 aK Tapa$, 6a aHgemau 0mH0 coxTaHH xap hh 6emTapu OMMau MapgyM 60 ygyMH maptHM ugoxu napaeH rupu^Ta 6omag, a3 hohh6h gurap, ohxo 60 nafipaBH 6a ^aTBOH A6yxaHH^a 6a hh Kop gacT 3agaaHg. MatgyM acT, kh Hmomh At3aM gap gaBpoHH 3HHgaruam "3a6oHH Mogapuu xyg - tohhkhpo xaMHyH 3a6oHH gyByMH u6ogaTH gHHH, ^atoguaTH ^apxaHru Ba hhthmoh hoh3 goHucTa, 6a xothph xu^3y HuraxgomTH oh acocxou maptupo TatHHH HaMyg" (1, 2;

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.