Научная статья на тему 'АБДУЛҚОДИР МУҲИДДИНОВ ХОДИМИ БАРҶАСТАИ ДАВЛАТӢ ВА СИЁСИИ СОЛҲОИ 20-УМИ АСРИ ХХ'

АБДУЛҚОДИР МУҲИДДИНОВ ХОДИМИ БАРҶАСТАИ ДАВЛАТӢ ВА СИЁСИИ СОЛҲОИ 20-УМИ АСРИ ХХ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
28
10
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Тоҷикистон / А. Муҳиддинов / Бухоро / ҶМШС / кумита / ҶХШБ / замин / масъалаҳои иқтисодӣ / ҳуҷҷатҳо / ИҶШС / миллӣ / савдо / саноат / тиҷорат / Tajikistan / A. Mukhiddinov / Bukhara / ASSR / committee / BNSR / land / issues / economic / documents / USSR / national / trade / industry / business.

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Саидзода Исмоил

Мақола ба ҳаёт ва фаъолияти ҳизбиву давлатии арбоби барҷастаи ҳизбиву сиёсӣ Абдулқодир Муҳиддинов бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси маводи мавҷудаи илмӣ, сарчашмаҳои бойгонӣ саҳми А. Муҳиддиновро дар барпо намудани сохти Шуравӣ дар Осиёи Миёна, хизматҳои ӯ баҳри ба Ҷумҳурии мустақили Шуравӣ табдил додани Тоҷикистон, инчунин дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ инъикос намудааст. Муаллиф бештар фаъолияти ин шахси кордонро дар вазифаи Раиси Комис-сариати Халқии ҶМШС Тоҷикистон таҳлил намуда, бо далелҳои муътамад хизматҳои ӯро нишон додааст. Инчунин тақдири минбаъдаи А. Муҳиддинов пас аз таъқиботи сиёсии солҳои 30юм низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ABDULKODIR MUKHIDDINOV AN OUTSTANDING SOCIAL AND POLITICAL FIGURE OF THE 1920-XX CENTURY

The article is devoted to the life and work of a prominent government and party figure Abdulkodir Mukhiddinov. The author, on the basis of existing scientific literature, archival materials and periodicals, reveals the merits of A. Mukhiddinov in the establishment of Soviet power in Central Asia, the transformation of Tajikistan into a union republic and in the socio-economic and cultural development of the republic. The author also describes in detail the merits of A. Muhiddinov as Chairman of the People's Commissariat of Tajikistan. The author also examines his fate after the repression.

Текст научной работы на тему «АБДУЛҚОДИР МУҲИДДИНОВ ХОДИМИ БАРҶАСТАИ ДАВЛАТӢ ВА СИЁСИИ СОЛҲОИ 20-УМИ АСРИ ХХ»

Key words: housing history, town, house, tradition, technology, ecology, architecture.

Сведения об авторе: Зокиров Рахимджон Шарифович - преподаватель Политехнического института Технического университета Таджикистана им. академика М.С. Осими в городе Худжанде. Телефон: (+992) 92-807-67-66. E-mail: [email protected]

Information about the author: Rahimjon Sharifovich Zokirov - teacher of the Polytechnic Institute of the Technical University of Tajikistan named after Academician M.S. Osimi in the city of

Khujand. Phone: (+992) 92-807-67-66. E-mail: [email protected]. ♦-♦

УДК 94 (470+571.15)"1920/1930"

АБДУЛЦОДИР МУ^ИДДИНОВ - ХОДИМИ бар^астаи ДАВЛАТЙ ВА СИЁСИИ СОЛ^ОИ 20-УМИ АСРИ ХХ

САИДЗОДА И.,

Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Допиши АМИТ

Мирзо Абдулкодир Мухиддинов соли 1892 дар шахри Бухоро дар оилаи сарватманд бо номи Мирзо Мухиддин Мансуров таваллуд шудааст. Аз соли 1909 у яке аз иштирокчиёни фаъоли харакати мухолифони зидди низоми амирй дар Бухоро ва аз соли 1917 рохбари ташкилоти чавонбухориён буд. Соли 1919 ба сафи Х,из-би Коммунистии болшевикон дохил шуда, дар сарнагун кардани низоми амирии Бухоро дар соли 1920 фаъолона иштирок намуд.

Аввалхои мохи сентябри соли 1920 Мирзо Абдулкодир Мухиддинов - сардори Кумитаи халкй оид ба зироаткорй (кишоварзй), аз 14 сентябри соли 1920 Раиси ташкилоти (кумитаи) инкилобии умумибухорой, аз мохи сентябр то мохи апрели соли 1922 вазифаи нозири савдо ва саноат, аз мохи апрели соли 1922 то мохи июни соли 1923 - хамчун намояндаи махсуси Чумхурии Бухоро дар Москва фаъолият дошт. У аз мохи сентябри соли 1923 раиси Шурои иктисодии ЧХШБ, аз мохи ноябри соли 1924 - муовини раиси ташкилоти инкилобии ЧМШС Точикистон, аз мохи декабри соли 1926 то мохи январи соли 1929 раиси Кумитаи халкии советии ЧМШС Точикистон кор кардааст. Аз мохи январи соли 1929 рохбари корхо оид ба намояндагии доимии ЧМШС Точикистон дар назди Шурои иктисодии Осиёи Миё-на ва баъд аз ташкил шудани ЧШС Точикистон хамчун намояндаи доимии ЧШС Точикистон дар Шурои иктисодии Осиёи Миёна кор карда, баъди он корманди Кумитаи халкй оид ба таъминот ва муовини раиси Кумитаи фавкулодаи халкии таъминоти ИЧШС дар Осиёи Миёна фаъолият намудааст.

31 майи соли 1934 А. Мухиддинов дар фаъолияти зиддиинкилобй гумонбар дониста шуда, аввал ба хабс ва сипас ба катл расонида шуд. 25 январи соли 1958 Коллегияи судй оид ба корхои чиноятии Суди Олии ИЧШС парвандаи мархум А. Мухиддиновро аз нав баррасй намуда, баъди маргаш хукми катли уро махкум карда, дар хусуси бегунох ба катл расидани у хукм баровард.

Маълумоти аввалин дар бораи А. Мухиддинов дар ёддоштхои Файзулло Хочаев [14,109] ва Садриддин Айнй [1,75-76,188] дида мешавад. Муаллифон, шохидони вокеахои он солхо, маълумот дар бораи хонавода, кадамхои аввалаи у

дар ташкили харакати чавонбухориён ва фаъолияти у дар ин ташкилотро то соли 1918 овардаанд.

Дар навиштахои Р. Фиш ва Р. Хошим [20,45] хамин гуна маълумот дар бораи А. Мухиддинов ва инчунин маълумоти кутох дар бораи фаъолияти у дар мансаби Раиси Кумитаи инкилобии Умумибухорой дода шудааст.

Маколахои Б. Эргашев [18,78-81] хам дар шинохти шахсияти А. Мухиддинов ахамият доранд ва нигоштахои Б. Эргашев яке аз корхои аввалин мебошанд, ки дар онхо фаъолияти хизбй ва давлатии А. Мухиддиновро аз соли 1910 вакте ки у нав ба муборизаи зидди низоми амирй дар Бухоро хамрох мешавад, то январи соли 1929 яъне то аз вазифаи раиси ЧМШС Точикистон озод шуданаш, баррасй шудаанд. Маколахо, маълумоти аник; доранд ва муаллиф ба тарчумаи холи А. Мухиддинов диккати чиддй медихад.

Бешубха, барои омузиши хаёт ва фаъолияти А. Мухиддинов маколаи Р. Масов ва Ш. Султонов [9] маълумот ва далоили чолиб дорад, зеро ки дар асоси маводи бойгонй навишта шудааст. Дар он таваччух ба фаъолияти аввалаи инкилобии А.Мухиддинов, корхои рохбарикунандаи у дар макомоти кудратии ЧХШБ ва солхои охири умраш шудааст.

Дар давраи гузариши ЧМШС Точикистон ба Чумхурии Шуравии Сотсиалистй ба фаъолияти Мухиддинов А. бахо дода мешавад. Мавкеи Мухиддинов А. оид ба масъалахои миллй муфассал дар китоби Р. Масов «Таърихи табартаксим» низ инъикос ёфтааст [10,70].

Баъзе суханронихо [6], маърузахо [7] ва маколахои [2,17] А. Мухиддинов, ки дар сахифахои матбуоти даврии он солхо нашр шудаанд, мавчуданд, вале мутаас-сифона кисми зиёди онхо баъди ба хабс гирифта шуданаш дар соли 1934 нобуд шудаанд. Маколае, ки соли 1931[15] оид ба кор дар Кумитаи халкй оид ба таъми-нот навиштааст, хифз шудааст.

Тахкикот нишон дод, ки солхои 1920 - 1928 даврае, ки А. Мухиддинов дар сохторхои баланди хизбй ва давлатй фаъолият дошт, пурра равшан нест. Тавре дар боло кайд шуд, мохи сентябри соли 1920 баъд аз сарнагун кардани аморати Бухоро Кумитаи инкилобии умумибухорой ташкил ва рохбари он Абдулкодир Мухид-динов таъйин шуд.

Дар назди Хукумати ЧХШБ вазифахои душвор - пахш кардани мукобилияти тарафдорони сохти низоми каблй, бардам додани дастгохи собики идоракунй ва барпо намудани дастгохи идоракунии нав, дар махалхо барпо намудани Хокимияти Шуравй ва баланд бардоштани иктисодиёти мамлакат меистод. Хамаи ин масъа-лахоро Кумитаи инкилобии умумибухорой бо рохбарии А. Мухиддинов хал мекард.

Масъалаи асосие, ки хокимияти нав дар назди худ гузошт, бархам додани заминдории феодалй буд. 30 сентябри соли 1920 «Декрет дар бораи замин» кабул шуд, ки мувофики он хама гуна замин, чорво ва васоили мехнат моликияти чамъиятй эълон шуда, бояд дар байни дехконони камбагал таксим мегардиданд, аммо бо ин карор на хама розй буданд. А. Мухиддинов зидди ин карор буд, зеро у шароити махал ва дарачаи иктисодии рушди мамлакатро хуб дониста, мефахмид, ки гузаронидани ин гуна ислохот кори осон нест ва чунин мепиндошт, ки хукуки фуруши замин бояд бокй монад, зеро ки заминхои барои киштукор мувофик

аллакай дар ихтиёри дехконон буданд ва ба хазинаи амир андоз месупориданд, заминхои дигар барои кишт номувофик буданд ва барои таксим кардани онхо байни дехконон аввал масоили обёрй бояд хал мешуд. «Дар шароити Бухоро танхо бо рохи аз дигар дехконон гирифтани замин ва ба безамин додани он мумкин буд» [11, 46].

Дар Бухорои онвакта як кувваи бузургро рухониён ташкил мекарданд, ки катъиян зидди милликунонии замин буданд. А. Мухиддинов хамаи инро ба назар гирифта, дар суханронихояш тарафдори нигох доштани моликияти хусусй ба замин буд. Хусусан, 22 феврали соли 1921 дар чаласаи Кумитаи Марказии хизбй, ишти-роки намояндагони хамаи вилоятхои ЧХШБ, масъалаи заминро баррасй намудааш [11, 146]. «Бо таклифи А. Мухиддинов, сарфи назар аз эътирози Саъдуллоев ва Турсун-Хочаев карор дода шуд, ки дехконон ва кулакхо замини худро метавонанд ба хар кас фурушанд» [12,162]. Аммо ин пешниходро рузи дигар коммунистони «чап» рад карданд. Дар Анчумани якуми умумибухороии Шурохо А. Мухиддинов низ дар бораи ихтилофи худ дар масъалаи бархам додани моликияти хусусй ба замин сухан ронда, чунин гуфтааст: «Тибки шариат, хеч моли мусалмонро бе ризои-яти у бегона кардан мумкин нест... Ман тарафдори онам, ки молу мулке, ки то имруз сохиб доранд, дар хамон шакл бимонанд» [11,45]. Аммо фикри уро на танхо ба эътибор нагирифтанд, балки барои чунин суханронй махкум хам карданд. Мин-баъд хам бо як катор сабабхо дар ЧХШБ милликунонии замин ба маънои томаш ба амал бароварда нашуд.

А. Мухиддинов хангоми дар вазифаи рохбари Кумитаи инкилобии умумибухо-рой буданаш барои ба даст овардани сохибихтиёрии (истиклолияти) миллй-дав-латии Чумхурии халкй кушиш мекард. У дар тайёр кардани лоихаи Конститутсияи ЧХШБ [16, в.1] фаъолона иштирок карда, бо хамрохии падараш Мирзо Мухиддин Мансуров дар омода ва бастани Шартномаи иттифокй байни ЧШФСР ва ЧХШБ [16, в.2] ширкат намуд ва аз руйи масъалахои савдо бо ЧШФСР гуфтушунид бурда, кушиш намуд, ки бо давлатхои хоричии Гарб ва Шарк муносибатхои нави тичо-ратй ба вучуд оварда, муносибатхои тичоратии каблиро нигох дорад. Аммо чунин мустакилият бисёрихоро ба ташвиш овард. Нозири корхои хоричии ЧХШБ Хошим Шаик дар Москва А. Мухиддиновро огох карда, мегуяд: «...Хукумати Бухоро ва хусусан Шуморо дар химоя намудани манфиатхои афгонй гумонбар мекунанд. За-мони дар Москва будани Мансуров ва наздик шудани у бо Бройдо ва вохурии Шу-мо бо у хозир дар Москва дар доираи Комиссариати халкии корхои хоричй (КХКХ) таассуроти манфй ба амал овард. КХКХ ба дустии Афгонистон боварй надорад» [16, в.3].

А. Мухиддинов хохиши дар ЧХШБ нигох доштани сармояашро надошт. Дар телеграмма аз 28 апрели соли 1921 у менависад: «Дар вакти гуфтушуниди шахсй бо рафик ^арахон 26-уми хамин мох у хабар дод, ки аз руйи маълумоте, ки вай дар дасти худ дорад, Хукумати Англия ба микдори зиёд пулхои когазии Бухороро ме-барорад ва дар худуди Бухоро ба воситаи точирон пахн мекунад. У изхор намуд, ки барои химояи манфиатхои Чумхурии Бухоро вочиб аст хамачониба барои рох надодани чунин кор мукобилият лозим аст, системаи нави муосирро чорй намуда, тартиби муайяни ба муомилот баровардани пулхои когазй, ки барои аз ворид ва пахн шудани пулхои когазии калбакй кафолат дода тавонад; то таъсиси низоми

нави барориши пул дар Бухоро комилан катъ карда шавад... Дар холати катъ шуда-ни барориши пулхои когазй дар ЧХШБ, ЧШФСР ният дорад ЧХШБ-ро мунтазам бо пулхои когазй таъмин намояд, лекин зарур аст пешакй дар бораи талаботи пули когазй барои Чумхурии Бухоро барои хар мох эълон намояд.

Лекин ман шубха дорам, ки чунин маблаггузаронй метавонад моро ба тобеияти номатлуб расонад, зеро ки дар ин холат ЧШФСР метавонад нисбат ба ЧХШБ макоми назоратиро ишгол намояд, чунки баровардани пулхои когазй дар ЧШФСР аз руйи дархост ва тибки накщаи харочоти пешниходгардида ичро мешавад. ЧШФСР метавонад ба ин расмият такя кунад ва ин мавкеъро нисбати мо бо мукар-рар кардани назорат татбик намояд» [16, в.4].

А. Мухиддинов аз мохи сентябри соли 1921 то мохи апрели соли 1922 дар ва-зифаи нозири савдо ва саноат фаъолият карда, бо намояндагони ташкилоти мухта-лифи тичоратй доимо гуфтушунид гузаронида, шартномахои хамкорй ба имзо ме-расонд. Бо ташаббуси бевоситаи у сахми ширкати русй-бухорой оид ба захираи ашёи хоми чорво (номи ихтисоршудааш Бухсырье) ташкил ёфт [8].

Мохи сентябри соли 1923 А.Мухиддинов рохбари Шурои иктисодии ЧХШБ таъйин гашт ва бо низоми андоз, истехсолот, тичорат кор кард. Дар баробари ин, у ба саноати косибй (касбхои хунархои дастй) ва тичорати хурд диккати махсус ме-дод. А. Мухиддинов икрор мешуд, ки дар савдои дохилй аз хидмати точирони хурд набояд беэътиной кард, зеро ки онхо дар таъмини ахолй бо маводи зарурй, махсу-сан дар минтакахои душворгузар накши калон доранд. У чунин мешуморид, ки ба «саноати косибй (хунармандй) бояд кумак расонд. Набояд фаромуш кард, ки ко-сибон ядрои асосии саноати мо хоханд буд» [13].

Бар хилофи дигарон А. Мухиддинов низоми андозро сахт махкум карда, онро хеле баланд ва нархи харидро хело паст хисоб мекард. Дар мачлиси машваратии коркунони масъул (31 -уми марти соли 1924) А. Мухиддинов хамчун рохбари Шурои иктисодии Бухоро суханронй намуда, чунин гуфт: «Сиёсати имрузаи андози мо тахминй аст. Андозхо аз меъёрхои бозорй, баъзан хатто 2-3 маротиба зиёдтар бу-данд. Дехкон дар вакти супоридани 1 пуд галла аз руйи андоз мачбур аст, ки дар бозор 2-3 пуд галла фурушад. Барои сабук кардани вазъияти дехконон ва баланд бардоштани нархи харид чорахо андешида шаванд» [13].

Мохи апрели соли 1924 бо карори Бюрои Осиёи Миёна КМ ХДР А. Мухиддинов ба хайати Комиссияи оид ба таксимоти миллй-худудии чумхурихои Осиёи Миёна дохил карда шуд [15, в.4]. Мутаассифона, то холо хуччатхои бойгонй ёфт нашудаанд, ки фаъолияти А. Мухиддиновро дар ин хайати комиссия равшан намоем. Сабаб дар он аст, ки хамаи хуччатхо оид ба таксимоти миллй-худудй соли 1924 махфй шуда, солхои зиёд бо онхо шинос шудан номумкин гашт.

Баъд аз ташкил шудани ЧМШС Точикистон, 26 ноябри соли 1924 Кумитаи Инкилобии ЧМШС Точикистон ташкил шуд. Рохбари у Нусратулло Махсум ва муовини рохбар - Абдулкодир Мухиддинов таъйин гардиданд. А. Мухиддинов хануз дар мохи ноябр ба халли масъалахои ташкили макомоти нави хокимияти давлатй дар чумхурй шуруъ намуд. Бо масъалахои конунгузорй басо чиддй машгул шуда, хусусиятхои махаллии тараккиётро мукаммал дониста, кушиш намуд, ки конунхои иттифокиро бо назардошти шароити хочагии махал аз нав дида баромада, тагйир дихад.

Яке аз хуччатхои имзокардаи А. Мухиддинов: «Баробари ба хайати ИЧЧШС до-хил шудан дар худуди ЧМШС Точикистон конунхо ва кодексхои дар худуди Ит-тифок амалкунанда ба таври хатмй пахн мешаванд. Аммо шароити махаллии хаёти хочагй ва маишии ахолй барои тагйир, коркард ва мутобикгардонии кисми конунхо ба вазъияти махал корхои зиёд талаб мекунанд. Хайати Раёсати Кумитаи инкило-бии ЧМШС аз тарафи худ масъалахое, ки барои коркард ва декретбарорй дар навбати аввал истодаанд, ба миён гузошт. Ин масъалахо инхоянд: масъалахои за-мин, истифодабарии об ва сохибкунй (Кодекси замини муваккатй), масъалахои халли бахсхо оид ба замин, масъалахои хукукхои оилавй ва хоказо. Хайати Раёсати Кумитаи Инкилобии ЧМШС Точикистон хамаи комиссариатхои халкиро даъват намуда, дар доираи ухдадорихои худ дастур дод, ки ба коркарди ин масъала фавран шуруъ кунанд» [15, в.5].

А. Мухиддинов таъсири пурзури дин, устувории ислом дар хифз намудани усулхои дахлнопазирии моликияти хусусй ва хусусиятхои муносибатхои оилавй-маишии он замонро ба назар гирифта, дарк кард, ки танхо нусхабардории конунхо боиси иштибохи чиддй мегарданд. Аммо на хамеша ба андешаи у гуш медоданд. Мутаассифона, дар он вакт аллакай тартиби катъиян риоя кардани фармонбардорй ва ичрои хамаи дастурхо, ки аз макомоти давлатии марказй меомаданд, ташкил шуда буд. Оид ба хамаи масъалахо бояд карору карордодхои марказро риоя ме-кард. Лекин А. Мухиддинов хеч вакт "фармонбардор" набуд. Инак дар давраи кол-лективонии комил дар чумхурй, вакте ки дар зери пардаи бархам додани бойхо молу мулки бисёр хочагихои дехконони миёна ва камбагалонро мусодира карданд ва бо ин сабаб мухочирати оммавии дехконон ба Афгонистон огоз ёфт, Мухиддинов А. чунин сиёсати коллективониро интикод карда, онро барои хочагидории Точикистон нодуруст ва харобиовар медонист [11, 47].

А. Мухиддинов мохи декабри соли 1926 ба вазифаи раиси Комиссариати Халкии ЧМШС Точикистон таъйин шуд ва доимо бо намояндагони макомоти хукуматии ЧШС Узбекистон хамкорй карда, боварй хосил кард, ки манфиатхои халки точикро Узбекистон ба эътибор намегирад ва барои ташкил кардани шароити мусоид барои рушди иктисодии Точикистон ахамият намедихад. Аз ин ру, А. Мухиддинов ба хулосае меояд, ки Чумхурии Точикистон танхо метавонад дар хо-лати аз хайати ЧШС Узбекистон баромадан рушди самараноки иктисодиёти худро таъмин намояд. Масалан, «9 июни соли 1927 гурухи кории Точикистон, ки ба Москва барои халли масоили хочагй омада буд, дар гузориши худ ба унвони раиси Комиссариати Халкии ЧМШС Точикистон А. Мухиддинов кайд мекунад, ки чони-би Узбекистон он имтиёзхоеро, ки барои Точикистон муайян шудаанд, ба манфиа-ти худ истифода мекунад. Чун маблагхои барои Точикистон пешбинишуда тавас-сути макомоти молиявии Узбекистон мегузаранд, онхо аз ин суйистифода мекунанд» [8а, 466-467].

А. Мухиддинов оид ба таксимоти миллии соли 1924 микдори зиёди маводи ко-миссияи экспертиро оид ба хайати миллии вилоятхои гуногуни Осиёи Миёна дар арафаи таксимоти миллй омухт, бо маълумоти баруйхатгирии ахолии солхои 19201926 шинос шуд ва ба хулосае омад, ки дар таксимоти миллии соли 1924 ба ишти-боххои дагалона рох дода шудааст. Дар бисёре аз суханронихо ва маколахо у бо

факту далелхои зиёд исбот мекунад, ки халки точик барои барпо намудани давлати сохибистиклол хукуки комил дорад [12, 162].

Бинобар ин, вакте ки нимаи дуюми солхои 20-ум дар бораи табдил додани ЧМШС Точикистон ба чумхурии сохибихтиёр сухбатхо огоз шуданд, яке аз та-рафдорони фаъол, барои чудо кардани Точикистон аз хайати ЧШС Узбекистон А. Мухиддинов буд. 19 июни соли 1929 комиссияи корй оид ба масъалахои таксимотй байни ЧШС Узбекистон ва ЧМШС Точикистон ташкил шуд [3, в.5]. Ба хайати ин комиссия А. Мухиддинов хам шомил гашт.

Дар чаласахои Комиссия оид ба таксимоти байни Узбекистон ва Точикистон у борхо оид ба масъалахои гуногуни бахснок иштирок ва суханронй кардааст, ки ин далелхо бо карорхои Комиссия ба баъзе масъалахо сабт шудаанд. Масалан, у хохиш мекунад, ки карори Комиссия оид ба масъалахои ба Узбекистон хамрох кардани заминхои Сурхандарё ва шахри Термиз аз нав дида баромада шаванд [11, 90].

Ба андешаи А. Мухиддинов нохияи Сурхандарё бояд ба Точикистон хамрох шавад, зеро ки дар он чо ахолии точикнишин бартарй дорад ва шахри Термиз - бо далелхои иктисодй, хамчун «нуктаи мухимми транзитй барои Точикистон...» ба Точикистон хамрох карда шавад, чунки аз руйи чунин далелхои иктисодй шахри Самарканд ва Бухоро ба Узбекистон хамрох шуда буданд [11, 169]. А.Мухиддинов нуктаи назари худро дар халли бахсхои худудии байни чумхурихои Осиёи Миёна дошт. У чунин акида дошт, ки бояд Федератсияи республикахои Осиёи Миёна ташкил шавад ва Точикистон ба он федератсия чун вохиди мустакил дохил гардад. ^аламраве, ки ахолии точикнишин доранд, ба Точикистон баргардонда шаванд (Бухоро, Самарканд, Хучанд, кисми Фаргона), ки онхо баъди таксимоти миллй соли 1924 ба хайати Чумхурии Узбекистон дохил шудаанд [11,170].

13 январи соли 1929 дар чаласаи фраксияи Президиуми КИМ Точикистон А. Мухиддинов аз вазифаи раиси Комиссариати Халкии ЧМШС Точикистон бо хохиши худ озод карда шуд [3, В.4]. Хуччатхои бойгонии хамон солхо хам инро тасдик мекунанд. Дар мавод оид ба парвандаи ба ном «блоки рости зиддисоветии тротскичиён» номи А. Мухиддинов хеле зиёд зикр мешавад, ки дар он чо уро ба тамоюлгароии рост ва миллатгароии буржуазй [11,73] айбдор мекунанд.

А. Мухиддинов бо иттихоми узви ташкилоти контрреволютсионй гунахгор ва соли 1933 тибки хукмнома ба катл расонида шуд, аммо баъди катли у хам дар хуччатхои гуногуни айбдоркунанда номи у боз хам вомехурад. Масалан, дар маво-ди Пленуми VIII КМ Х,К (б) Точикистон аз 16 августи соли 1937 чунин навишта шудааст: «Оё мо намедонем, ки миллатчии буржуазии фошшуда Мухиддинов, ки парронда шуда буд, бо контрразведкаи Англия алока дошт? Магар ин миллатгаро масъалаи мустакилияти давлатии точиконро ба миён нагузошт...?» [5, в.31]. Дар он вакт вазъият умуман дар мамлакат тагйир ёфта буд.

Хамаи онхоеро, ки аз руйи ягон масъала бо нуктаи назари умумй кабул шуда розй набуданд ё ин, ки фикру акидаи худро доштанд, дархол «душмани халк» эълон мекарданд. А. Мухиддинов хам натавонист аз ин раванди номатлуб дар ка-нор монад.

Озодандешй, мустакилй, норозигй бо сиёсати расмии рохбарият аз руйи бисёр масъалахо оид ба сохтмони сотсиалистй ба он оварда расонд, ки у яке аз аввалин курбонихои таъкиботии оммавии солхои 30-юм гардид.

АДАБИЁТ

1.Айнй С. Таърихи инкилоби Бухоро. - Душанбе: Адиб, 1987.-240 с.

2.Абдукодир Мухиддинов. Мардуми шахр ва атрофи Бухоро точиканд ё узбак?//Рахбари дониш. - 1928. - №8-9. - 66 с.

3. Бойгонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон. - Х.10.- Р.3.- П.111.

4. Бойгонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон. - Х. 35. - Р.1. - П.187.

5. Бойгонии Хизби коммунистии Точикистон. - Х.3.- Р.3. П.243. - В.31.

6. Выступление на II- й Среднеазиатской экономической конференции//Туркестанская правда. - 1924. - 14 мая.

7.Доклад на собрании ответственных работников Бухреспублики//Туркестанская правда. -1924. - 31 марта.

8.Известия ВЦИК и ЦК Бухарской коммунистической партий. - 1924. - 31 марта.

8а. История таджикского народа: новейшая история (1917-1941). -Душанбе, 2004. -№5. -752 с.

9.Масов Р., Султонов Ш. Абдулкадыр Мухиддинов: «Вытянуть народ из тьмы средневековья» //Коммунист Таджикистана. - 1989. - 22 октября.

10.Масов Р. История топорного разделения. - Душанбе: «Ирфон», 1991. - 189 с.

11.Масов Р., Султонов Ш. Цит. по кн.: Фир Р., Хашим Р. Глазами совестя. - Душанбе: Ирфон, 1978. -296 с.

12.Мухитдинов А. Ошибка будет немедленно исправлена//Коммунист Таджикистана. -1931. - 15 сентября.

13. Туркестанская правда. - 1924. - 31 марта.

14.Файзулла Ходжаев. Избранные труды. - Ташкент: Фан, 1970. - Т.1. - 500 с.

15.Центральный архив Президента России (бывший Центральный партийный архив Института марксизма - ленинизма при ЦК КПСС). - Ф. 17. - Оп. И. - Д. 73.

16.Центральный архив Президента Россия. - Ф. 62. - Оп. 2, - Д. 100.

17.Центральный государственный архив Узбекской ССР (далее: ЦГА Узб. ССР). - Ф. 46. -On. 1, - Д. 179.

18. Эргашев Б. Первый таджикский премьер//Коммунист Таджикистана. - 1989. - №10. - 96 с.

АБДУЛКОДИР МУХИДДИНОВ - ХОДИМИ БАРЧДСТАИ ДАВЛАТЙ ВА СИЁСИИ СОЛХОИ 20-УМИ АСРИ ХХ

Макола ба хаёт ва фаъолияти хизбиву давлатии арбоби барчастаи хизбиву сиёсй Абдулкодир Мухиддинов бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси маводи мавчудаи илмй, сарчашмахои бойгонй сахми А. Мухиддиновро дар барпо намудани сохти Шуравй дар Осиёи Миёна, хизматхои у бахри ба Чумхурии мустакили Шуравй табдил додани Точикистон, инчунин дар рушди ичтимой-иктисодй ва фархангии чумхурй инъикос намудааст.

Муаллиф бештар фаъолияти ин шахси кордонро дар вазифаи Раиси Комис-сариати Халкии ЧМШС Точикистон тахлил намуда, бо далелхои муътамад хизматхои уро нишон додааст. Инчунин такдири минбаъдаи А. Мухиддинов пас аз таъкиботи сиёсии солхои 30- юм низ мавриди баррасй карор гирифтааст.

Калидвожа^о: Тоцикистон, А. Мухиддинов, Бухоро, ЧМШС, кумита, ЦХШБ, замин, масъалахои ицтисодй, хуццатхо, ИЧ,ШС, милли, савдо, саноат, тицорат.

АБДУЛКОДИР МУХИДДИНОВ - ВЫДАЮЩИЙСЯ ОБЩЕСТВЕННО-ПОЛИТИЧЕСКИЙ ДЕЯТЕЛЬ 1920-х ГОДОВ ХХ ВЕКА

Статья посвящена жизни и деятельности видного государственного и партийного деятеля Абдулкодира Мухиддинова. Автор на основе существующей научной литературы, архивных материалов и периодической печати рассматривает заслуги А. Мухиддинова в деле установления советской власти в Средней Азии, преобразования Таджикистана в союзную республику и в социально-экономическом и культурном развитии республики. Автором также подробно изложены заслуги А. Мухиддинова на посту Председателя народного комис-сариата Таджикистана. Автор рассматривает также его судьбу после полити-ческих репрессий 1930-х годов.

Ключевые слова: Таджикистан, А. Мухиддинов, Бухара, АССР, комитет, БНСР, земля, экономические вопросы, документы, СССР, национальный вопрос, торговля, промышленность, бизнес.

ABDULKODIR MUKHIDDINOV - AN OUTSTANDING SOCIAL AND POLITICAL

FIGURE OF THE 1920-XX CENTURY

The article is devoted to the life and work of a prominent government and party figure Abdulkodir Mukhiddinov. The author, on the basis of existing scientific literature, archival materials and periodicals, reveals the merits of A. Mukhiddinov in the establishment of Soviet power in Central Asia, the transformation of Tajikistan into a union republic and in the socio-economic and cultural development of the republic. The author also describes in detail the merits of A. Muhiddinov as Chairman of the People's Commissariat of Tajikistan. The author also examines his fate after the repression.

Key words: Tajikistan, A. Mukhiddinov, Bukhara, ASSR, committee, BNSR, land, issues, economic, documents, USSR, national, trade, industry, business.

Сведения об авторе: Саидзода Исмоил - докторант (PhD) Института истории, археологии и этнографии имени Ахмада Дониша Национальной академии наук Таджикистана. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки, 33. E-mail: [email protected]. Тел:918-28-85-19.

About the author: Saidzoda Ismoil - PhD candidate at the Institute of History, Archaeology, and Ethnography named after Ahmad Donish, National Academy of Sciences of Tajikistan. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave., 33. E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.