Научная статья на тему 'АҲМАД ИБНИ АБДУЛЛОҲИ ХУҶУСТОНӢ – ЗУҲУР ВА СУҚУТИ ҚУДРАТИ Ӯ ДАР ХУРОСОН'

АҲМАД ИБНИ АБДУЛЛОҲИ ХУҶУСТОНӢ – ЗУҲУР ВА СУҚУТИ ҚУДРАТИ Ӯ ДАР ХУРОСОН Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
2
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Хорасан / Тахириды / Саффариды / Нишапур / Мухаммад ибн Тахир / Я’куб Лайс / Амр ибн Лайс / Ахмад ибн Абдуллахи Худжустани / Абуталха / Герат / Гурган / Табаристан / Khurasan / Tahirids / Saffarids / Nishapur / Muhammad ibn Tahir / Yakub Lais / Amr ibn Lais / Ahmad ibn Abdullahi Khujustani / Abutalha / Herat / Gurgon / Tabaristan.

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Камолов Хамзахон Шарифович

В течение правления Тахиридов Хорасан был относительно мирным. Падение этого государства и захват Нишапура Я’кубом Лайсом на некоторое время сделали города Хорасана небезопасными. Появление новых претендентов на престол, каждый из которых представлял себя представителем государства Тахиридов, было лишь для того, чтобы получить власть и унаследовать тахиридское правительство. Ахмад ибн Абдуллах Худжустони был одним из влиятельных лиц Хорасана времен правления последнего эмира Тахиридов, Мухаммада ибн Тахира. После падения государства Тахиридов, он перешел на службу к Я’кубу ибн Лайсу. Когда Я’куб отправился из Нишапура в Систан, Ахмад ибн Абдуллах Худжустони представил себя наместником Тахиридов и начал борьбу со своими соперниками, чтобы расширить свое влияние в Хорасане. Непрерывные конфликты Худжустони со сторонником Амра ибн Лайса Абуталхи и посредничество Хусейна ибн Тахира, который был последним представителем династии Тахиридов, создали хаотическую и беспорядочную ситуацию в Хорасане. Каждый из претендентов на тахиридское государство приложил немало усилий, чтобы привлечь внимание жителей Хорасана, особенно нишапурцев. Несомненно, добрая память об истории тахиридского правления в Хорасане вызывала подобные претензии и со стороны Худжустони. Чтобы привлечь внимание жителей Хорасана, Худжустони называл себя Ахмадом ибн Абдуллохом Тахири, читал проповеди и чеканил монеты от имени Мухаммада ибн Тахира. Однако с расширением своего влияния он исключил имя Тахирида из проповедей и чеканил монеты от своего имени. Несомненно, подобные действия привели к расширению спора между претендентами на власть в Хорасане и, наконец, к убийству Худжустони.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

AHMAD IBN ABDULLAH KHUJUSTONI – THE RISE AND FALL OF HIS POWER IN KHORASAN

During the Tahirids reign, Khorasan was relatively peaceful. Nishapur by Yakub Lais made the cities of Khorasan unsafe for some time in fall of this state and the capture. The emergence of new claimants to the throne, each of whom presented himself as a representative of the Tahirid state, was only in order to gain power and inherit the Government of Tahirid. One of the influential persons of Khorasan during the reign of the last Tahirid emir, Muhammad ibn Tahir was Ahmad ibn Abdullah Khujustoni. After Tahirid state fall, he went into the service of Yakub ibn Lays. When Yakub left Nishapur for Sistan, Ahmad ibn Abdullah Khujustoni presented himself as the Tahirid governor and began fighting his rivals to expand his influence in Khurasan. The conflicts Khujustoni's continuous with Amr ibn Lays' supporter Abutalhi and the mediation of Hussein ibn Tahir, who was the last envoi of the Tahir dynasty, created a chaotic and disorderly situation in Khorasan. Each of the contenders for the Tahirid state made many efforts to attract the attention of the inhabitants of Khorasan, especially the Nishapurians. The good memory undoubtedly of the history of Tahirid rule in Khorasan gave rise to similar claims on the part of Khujustoni. To attract the attention of the people of Khorasan, Khujustoni called himself Ahmad ibn Abdulloh Tahiri, preached sermons and minted coins in the name of Muhammad ibn Tahir. However, as his influence expanded, he removed Tahirid's name from his sermons and minted coins in his own name. Undoubtedly, such actions led to the expansion of the dispute between contenders for power in Khorasan and, finally, to the murder of Khujustoni.

Текст научной работы на тему «АҲМАД ИБНИ АБДУЛЛОҲИ ХУҶУСТОНӢ – ЗУҲУР ВА СУҚУТИ ҚУДРАТИ Ӯ ДАР ХУРОСОН»

ТАЪРИХИ ВАТАНЙ - ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ - NATIONAL HISTORY «-♦

УДК: 94(55): 355.02(571.1)

АХМАД ИБНИ АБДУЛЛОХИ ХУЧУСТОНЙ - ЗУХ,УР ВА СУКУТИ КУДРАТИ У ДАР ХУРОСОН1

Хамза КАМОЛ,

Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ

Баъд аз фурупошии давлати Тохириён ва ба сари кудрат омадани Саффориён шахрхо ва рустохои Хуросон муддате дучори ноамнй ва ошубхо гардиданд. Яъкуби Лайс, ки бархоста аз табакаи косибон буд, ба якин дар идораи давлат тачриба надошт ва аксари авкоти у масруфи фуру нишонидани исёнхо дар ин ва ё он шахри Хуросон мегашт. Дар шумори он исёнгарон иддае буданд, ки танхо барои касби кудрат худро муддай бар чойнишинй ва меросбарии хукумати Тохи-риён мешумориданд. Зеро Хуросон, ки дар муддати панчох соли хукумати Тохи-риён бо оромиши нисбие хамрох буд ва дар ин замон гирифтори нооромихо гар-дид, муддаиёни кудратро бар он водор месохт, ки барои чалби таваччухи хуро-сониён ваъдаи баркарории хукумати Тохириёнро ба онон бидиханд. Ахмад ибни Абдуллохи Хучустонй аз шумори ин муддаиёни хукумат буд, ки барои расидан ба кудрати сиёсй хатто худро Ахмад ибни Абдуллохи Тохир номид.

Ахмад ибни Абдуллохи Хучустонй аз амирони барчастаи охири хукумати Тохирён аст, ки пас аз сукути ин давлат, дар ибтидо ба Саффориён пайваста, баъдан барои баркарории хукумати хонадони Тохирй дар Хуросон бо Саффориён вориди набардхо шуд, ки муддате чанд пойтахти Хуросон - Нишопур ва дигар шахрхои Хуросон дар кабзаи фармони у афтод.

Ахмад ибни Абдуллох зодаи дехе бо номи Хучустон буд, ки бино

ба ахбори «Худуду-л-олам» он «нохиятест андар кух ва уро кишту барз бисёр аст ва мардумоне чангианд» [10, 92] ва ба навиштаи Ибни Асир Хучустон аз «куххои Хирот ва хумаи Бодгис шумурда мешуд» [5,4354]; ба гуфтаи Истахрй «Хучустон-дехи Ахмад ибни Абдуллох, ки эшон (сокинонаш) хаворич бошанд» [1, 212].

Низомии Арузии Самаркандй дар маколаи дувуми рисолааш «Чахор макола» зикре чунин аз Ахмад ибни Абдуллохи Хучустонй мекунад: «Ахмад ибни Абдуллох ал-Хучустониро пурсиданд, ки ту марде харбанда2 будй, ба амирии Хуросон чун афтодй? Гуфт: «Ба Бодгис дар Хучустон рузе девони Ханзалаи Бодгисй хамехондам, бад-ин ду байт расидам:

1 Макола дар асоси лощаи «Таърихи халки точик» (асри III - аввали асри XX), раками кайди давлатй 0121и1211 навишта шудааст.

2 Харбанда - касе, ки хар ба кироя дщад.

Me^rapñ rap 6a коми rnep Aap acr, Шaв, xaTap кун, зи коми mep бичуй. Ё бyзypгию иззу нeъмaтy чох,, Ё чу мapдон-т мapги py6оpyй.

Доияe (xохишe) дap ботини мaн пaдид омaд, ки бa xe4 вaчх дap он холaт, ки aндap бyдaм, pозй нaтaвониcтaм буд. Хapонpо бифpyxтaмy acn xapидaм вa aз вa-тaни xeш peхлaт кapдaм вa бa xидмaти Aлй ибн aл-Лaйc шyдaм, бapодapи Яъкуб ибн aл-Лaйc вa Aмp ибн aл-Лaйc» [4, 42-43]. Дap идомa ин мyaллиф мeнaвиcaд, ки Aлй ибни Лaйc ypо бa шaхнaгии иктоъотaш1 дap мaвзeи Кapyxи Хдоот вa Хи-вофи Нишопyp мaнcyб мeкyнaд. Соли 262 хк/875-76 Aхмaди Хyчycтонй aз ито-aти Сaффоpён cap пeчидa, Хaвофpо Fоpaт кapдa, воpиди Бaйхaк мeшaвaд, ки ду хaзоp caвоp дap aтpофии у чaмъ шyдa, Нишопyppо тacxиp мeкyнaд вa capaнчом бap capоcapи Хypоcон дacт мeёбaд [4, 43; 13, 26-27].

Чунош ки aз xaбapи мyaллифи номaълyми «X,yдyдy-л-олaм» paвшaн мeшa-вaд, cокинони Хyчycтон aхли 4a^y нaбapд бyдaaнд, бa ин caбaб бaъид бa нaзap мepacaд, ки Aхмaд ибни Лбдуллох зepи тaъcиpи шeъpи X,aнзaлaи БодFиcй шyFли acоcии xyдpо paхо кapдa, бa Сaффоpиён пaйвacтa бошaд.

Бино бa xaбapи «Тaъpиxи Сиcтон» Лхмaд ибни Aбдyллохи Хyчycтонй зaмонe ки Яъкуби Лaйc Нишопyppо фaтх кapд, дap чyмлaи capвapони cолyкони2 Хypоcон бa Яъкуби Лaйc пaйвacт: «Чун (Яъкуби Лaйc) бa Нишопyp кapоp гиpифт, шлу-кони Хypоcон чaмъ шyдaнд вa тaдбиp кapдaнд, ки ин мapд cохибкиpон xохaд буд вa дaвлaтe бyзypг доpaдy мapдe мapд acr вa кace бap у бap нaёяд, моpо caвоб он бошaд, ки бa зинхоpи у paвeм вa бa pyзгоpи дaвлaти у зиндaгй хaмeкyнeм. nac Сapкyб aл-Кaбиp, ки номи вaй Ибpохим ибни Муолим буд вa Ибpохим ибни Hnëc ибни Лcaд вa Aбyбилол aл-Хоpичй вa Ибpохим ибни Aбeхaфз вa Aхмaд ибни Лбдyллох aл-Хyчycтонй вa Лзиз ибни ac-Сapй ин хaмaгони ёpон вa гypyхи xern нaздики Яъкуб омaдaнд вa Яъкуб эшонpо бинaвоxтy xилъaт дод вa бо xeштaн бa Сиcтон овapд» [7, 224-225].

Лз ин xaбap xyлоca мeшaвaд, ки Лхмaд ибни Лбдуллохи Хyчycтонй монaнди cоиpи aшxоcи мaтpaхшyдa дap чомeaи он вaкт aз тapики aйёpй шух-paT ёфтa, Ta-вониcтaacт nac aз фypyпошии дaвлaти Тохиpиён дap Хypоcон вa зaъфи кyдpaти идоpй дap ин кишвap дap кaшмaкaшихои мyддaиёни хyкyмaт нaкши бapчacтae ифо кyнaд.

Хотадони Сapкyб (Шapкyб) aл-Кaбиp, ки зикpaш paфт, хyзypи фaъолe дap pyxдодхои Хypоcони ин зaмон доштaнд, бaвижa мyноcиботи якe aз нaмояндa-гони ин xонaдон Лбyтaлхa Мaнcyp бо Aхмaди Хyчycтонй гохe мeхвapи тacвиpхои хaводиcи ин зaмон дap мaнобeи дигapи тaъpиxй гapдидaaнд. Ибни A^p pочeъ бa ин xонaдон мeнaвиcaд: «^ни Шapкyб ce бapодap бyдaнд: Иб-

1 К^итъае аз замини хироч, ки ба лашкариён медоданд ва галлаи он маоши ононро таъмин мекард.

2 Солук - фукарои Хуросон буданд, ки гирди хам омада, барои гирифтани хакки худ аз байтулмол ахёнан ба рохзанй ва тугён машгул мешуданд.

pохим, Aбyхaфcи Яъмap вa Лбyтaлхa Мaнcyp фapзaндони Мycлим. Солxypдaтa-pин онхо Ибpохим буд. У дap чaнги Яъкуб бо X,acaн ибни Зaйд дap Гypгон озмуни шкй aз xyд нaмyдa буд вa Яъкуб ypо бap дигapон пeшй дод» [5, 4354].

Aкcapи мaнобeи тaъpиxй axбоpи Лхмaд ибни Лбдуллохи Хyчycтониpо пapо-кaндa, дap иpтиботи ин вa ё он вокea додaaнд, вaлe Ибни A^p дap acapaш фacли вижae бa Лх^д ибни Лбдуллохи Хyчycтонй бaxшидa, гyзоpиши мyфaccaлe aз тaлошхои у бapои кacби кyдpaт дap Хypоcон кapдa, мeнaвиcaд, ки «у aз ёpони Мyхaммaд ибни Тохиp буд» [5, 4354]. Ин мyaллиф xaбapи Лpyзии Сaмapкaндиpо дap боpaи nac aз чиpaгии Яъкуб ибни Лaйc бap Нишопyp дap cоли 259 хичpи кaмapй, пaйвacтaни Лх^ди Хучустонй бa у вa бapодapaш Ллй ибни Лaйcpо тac-дик нaмyдa, мeнигоpaд, ки Лх^ди Хyчycтонй бap он шуд, то бо нaйpaнг бa хaдaфи xyд дacт ёбaд вa нaxycт бap зидди пиcapони Шapкyб (Сapкyб) - Ибpохим, Aбyхaфcи Яъмap вa Лбyтaлхa Мaнcyp, ки capдоpони бонуфузи Яъкуби Лaйc бу-дaнд, paшк бypдa, бa тaвтea пapдоxт. Лхмaди Хyчycтонй бa Ибpохим гуфт, ки Яъкуб мexохaд бо нaйpaнг тypо нобуд cозaд вa Ибpохим aз ин cyxaн пapeшон шуд. Aхмaди Хyчycтонй бa у пeшниход кapд, ки чоpa он aCT, ки хap ду cyи бapо-дapaт Яъмap, ки ин зaмон Бaлxpо шaхpбaндон кapдa буд, гypeзeм, зepо мaн низ aз Яъкуб хapоc доpaм. Aхмaди Хучустонй нaзди Яъкуб омaдa, aз фиpоpи Иб-pохим ypо огох œx^ Aхмaди Хyчycтонй nac aз он ки Яъкуб вa Ибpохимpо бa якдигap бaдгyмон cоxт, aз cyи Яъкуб бa нaбapди Ибpохим paфтa, ypо бa кaтл pa-шнд^ бо ин aмaл нaзди Яъкуби Лaйc тaкappyб ёфт [5, 4355].

Соли 261 хк/874-875, зaмонe ки Яъкуб xоcт aз Нишопyp бa Сиcтон paвaд, Лзиз ибни Сappиpо дap Нишопyp вa бapодapaш Aмppо дap Хдоот мacъyли yмypи идоpй бapгyмошт. Aхмaди Хyчycтонй, ки aз хaмин зaмон aндeшaи мyxолифaт дap cap мeпapвapонид, бa Ллй ибни Лaйc гуфт, ки «ду бapодapи ту Хypоcонpо миёни xyд тaкcим кapдaнд вa бa ту 4roe нapacид. Бeхтap acт мapо бa Хypоcон фиpиcтй, то бapои ту 4roe дacтy по кyнaм вa коpхои ту cомон дихaм» [5, 4355]. Ллй aз бapодapaш Яъкуб бapои Хyчycтонй xоcт то yмypи идоpии Хypоcонpо бa вaй cyпоpaд. Яъкуб бо вучуди он ки бa Хyчycтонй эътимод нaдошт вa дилaш гу-вохй мeдод, ки у таймоншиган acт, бa жшниходи бapодapaш мyвофикaт кapд. «Лмиp Лх^д Лбдуллохи Хyчyc-тониpо вилояти Хypоcон aмиp Яъкуб ибн aл-Лaйc дод... вa ин буд дap caнaи 261 (хк)» [2, 67].

Чун Яъкуб aз Нишопyp paфт, Хучустонй «caд мapд бapои xyд г^д овapд вa онхоpо бa Пушти Нишопyp биёвapд вa бо хокими он чaнгид вa ypо бepyн pонд вa aз он чо боч биcтонд, он гох pохи ^ум^ дap пeш гиpифт вa дap Бacтом кyштоpи бyзypгe домaн зaд вa дap cоли 261 хк. бap он чо ёфт» [5, 4355].

Хyчycтонй дap OFOЗи cоли 262 х.K./ceнтябp-октябpи шли 875 бa Нишопyp хучум овapд, ки дap нaтичa фapмондоpи он Лзиз ибни Сappй фиpоp тамуд вa бa дacтypи Хyчycтонй xyтбa бa номи Тохиpиён xондa шуд [5, 4356].

Чунош ки зи^ шуд, Лхмaди Хyчycтонй бapои чaлби тaвaччyхи мapдyми Ни-шопyp, ки хaнyз aз хyкyмaти чaндинcолaи Тох^иён xотиpaи xyшe доштaнд, зохиpaн xyдpо aлокaмaнди ин дудмон нишон додa, хaтто xyдpо Aхмaд ибни Лбдуллохи Тох^й номид. Лммо дap озод кapдaни Мyхaммaд ибни Тох^ вa бa

тахти Нишопур бозгардонидани y, ки ин замон дар зиндони Систон ба сар меба-рад, талош накард.

Ахмади Хучустонй пас аз ба даст овардани Нишопур, Рофеъ ибни Харса-маро, ки яке аз фармондехони сипохи Яъкуб буд, ба назди хеш даъват карда, фар-мондехии сипохашро ба y супорид. Он гох номае ба Яъмар ибни Шаркуб ба Балх навишта, Уро назди худ хонд, то бо кумаки якдигар Хуросонро аз дасти Саффо-риён берун оранд. Äммо Яъмар ба сабаби катли бародараш ба дасти Хучустонй ба хамкорй бо y ризоят надод ва ба Хирот хамла карда, бо фармондори он Тохир ибни Хафс чангида, бар он шахр чира шуд. Аз ин гуна сурат гирифтани кор Ахмади Хучустонй ба хашм омада, ба чониби Хирот лашкар кашид, ки миёни онхо ду даргирй рух дод, аммо саранчом Ахмади Хучустонй бо фиреб Яъмарро ба катл расонид. Дастае аз чонибдорони Яъмар пиромуни бародари y Абуталха гирд омада, рохи Нишопурро пеш гирифтанд. Нишопур ин замон зери фармони Хусайн ибни Тохир, бародари Мухаммад ибни Тохир карор дошт, ки аз Исфахон ба Нишопур омада буд. Хусайн ибни Тохир ин орзу дошт, ки Ахмади Хучустонй, чуноне ки ваъда карда буд, хутбаро ба номи y бихонад, аммо Ахмади Хучустонй аз гардонидани хутба ба номи y имтиноъ варзид. Абуталха дар Нишопур ба номи Хусайн ибни Тохир хутба хонд ва дар шумори чонибдорони y карор гирифт. Бо шунидани ин хабар Ахмади Хучустонй бо дувоздах хазор савор ба Нишопур лашкар кашида, дар хаволии ин шахр таваккуф намуд ва бародараш Аббосро ба набарди Абyталха фиристод. Ин набард ба шикасти лашкари Хучустонй мунчар шуда, Аббос ба катл расид. Хучустонй пас аз огохй аз ин шикаст, ба Хирот бар-гашт, вале аз кушта шудани бародар хабар надошт [5, 4356].

Бино ба ахбори муаллифи «Таърихи Байхак» Хучустонй аз Абуталха дар харос буд ва «Рофеъ ибни Харсамаро ба макр назди y фиристод, то бувад, ки уро халок тавонад кард» [2, 67]. Бинобар ин Рофеъ ибни Харсама тадбире андешида, ба Нишопур рафт ва сар ба фармони Абуталха оварда, узр хосту амон ёфт. Абуталха уро аз мукаррабони худ кард. Бо ин хама у пинхонй бародари Хучустонй Аббосро чустучу намуд ва чун хабари катли Аббосро дарёфт, онро ба Ахмади Хучустонй расонид. Сарчашмахо гузориш медиханд, ки Рофеъ ибни Харсама он-чунон назди Абуталха эътимод ёфт, ки Абуталха вайро хамрохи ду коргузораш - Хасани хочиб ва Хомид ибни Яъкуб ба гирдовари молиёти Байхак ва Буст ра-вона кард. Баъд аз гирдоварии молиёт Рофеъ он дуро ба банд гирифт ва молиёти ин ду нохияро ба назди Ахмади Хучустонй овард. Гузориши паймоншикании Рофеъ ибни Харсама ба Абуталха расид ва у бо лашкаре ба дунболаш рафт, вале Харсама дар рустое аз Хавоф пинхон шуд [2, 67-68; 5, 4357].

Дар мохи рачаби соли 263 хк/март-апрели соли 877 Абуталха сипохе бо фар-монехии Исхоки Шории хоричй ба Гургон фиристод. Хокими Гургону Дайламон ин замон Хасан ибни Зайди Алавй буд. Сипохиёни Исхоки Шорй хуни бисёре аз сокинони Гургонро рехтанд [5, 4357].

Баъд аз вокеаи Гургон Исхоки Шорй бар зидди Абуталха шурид. Нишопу-риён ба Абуталха бадбин шуданд ва уро аз шахрашон ронда, ба Ахмади Хучустонй нома навишта, уро аз Хирот ба Нишопур даъват карданд. Ахмади

Хучустонй бa Нишопyp омaд вa Лбyтaлхa бa X,acaн ибни Зaйди Aлaвй дap Ta-бapиcтон пaнох бypд. Лбyтaлхa бо cипохe, ки X,acaн ибни Зaйди Aлaвй дap hx-тиёp у ниход, боpи дигap бa Нишопyp хaмлa кapд, aммо коpe aз nern нaбypд. Би-лоxиpa Лбyтaлхa дacт aз мyхоcиpaи Нишопyp кaшидa, бa чониби Бaлx paфтa, онpо шaхpбaнд кapд. Taбapй cоли бa Нишопyp омaдaни Лхмaди Хyчycтониpо cоли 265 хк/878-79 зикp кapдa, мeнaвиcaд, ки «^ap ин cол Лхмaд ибни Лбдул-лохи Хyчycтонй бap Нишопyp Faлaбa ёфт вa X,ycaйн ибни Тох^ - омили Мyхaм-мaд ибни Tохиp бa Мapв paфт» [9, 6481]. Лммо ин pyxдодхоpо Ибни Лcиp мapбyт бa ^лхои 265-266 х.к/878-79-879-80 мeдонaд [5, 4358].

Лз cyи дигap Лхмaди Хучустонй бa бaхонaи хaмпaймонии X,acaн ибни Зaйд бо Лбyтaлхa дap мохи paмaзони cоли 265 х.к./aпpeл-мaйи 879 бa чониби Гypгон лaшкap гашид. X,acaн ибни Зaйд aз мapдyми Гypгон мaдaд xоcт вa бо вучуди pacидaни кyмaк aз чониби мapдyми Гypгон, cипохи у aз хaм пошид вa X,acaн ибни Зaйд бa Омул фиpоp кapд. Лaшкapи Лхмaди Хyчycтонй Гypгонpо Fоpaт кapдa, «чaхоp хaзоp, хaзоp диpхaм aз эшон бож cитонид» [5, 4358].

Чунош ки бa мyшохидa мepacaд, то зaмони мapги Яъкуби Лaйc (мохи июни cоли 879) Лх^ди Хyчycтонй ошкоpо aлaйхи Яъкуби Лaйc бa мyбоpизa бapнaxо-CTaaCT вa ин зaмон вонaмyд мeкapд, ки бap зидди хокимони capкaши бaъзe шaхpхои Хypоcон тaлошхо мeкyнaд. Чун бaъди вaфоти Яъкуби Лaйc бapодapaш Лмpи Лaйc чойнишини у гapдид, Лх^ди Хyчycтонй хaдaфи xyдpо ошкоp кapд.

Бино бa гyзоpиши Taбapй Хyчycтонй пeш aз он ки бо Aмpи Лaйc воpиди нaбapд шaвaд, дap моххои чyмодиyлоxиp вa paчaби cоли 266 хк. / янвap-фeвpaл, фeвpaл-мapти cоли 880 у бa Гypгон «бa Fофилгиpй бa X,acaн ибни Зaйд такт, ки X,acaн aз у хaзимaт шуд вa бa Омул пaйвacт вa Хyчycтонй бap Омул вa бaъзe нaвохии Taбapиcтон тacaллyт ёфт» [9, 6489] вa дap идомa ин мyaллиф мeнaвиcaд, ки дap «хaмин cол Хучустонй aмволи бозapгонони Гypгонpо Fоpaт кapд вa шaхppо отaш зaд» [9, 6489].

Лх^ди Хyчycтонй зaмонe бa Нишопyp pacид, ки бa Лмpи Лaйc aз cyи xaли-фaи Лббоcй мaншypи хyкyмaти Хypоcонy Сиcтон вa Фоpc pacидa буд вa у дap Нишопyp кapоp дошт [3, 311]. Дap нaбapдe, ки миёни Aмpи Лaйc вa Лхмaди Хyчycтонй pyx дод, Aмpи Лaйc шикacт xypдa, бa Хдоот фиpоp кapд [3, 311; 5, 4358; 7, 237]. Дap зимн Taбapй мeнaвиcaд: «Ba хaм дap ин cол (266 хк) миёни Хyчycтонй вa Aмp ибни Лaйc нaбapдe буд, ки Хучустонй бap Лмp Faлaбa ёфт вa Уpо хaзимaт кapдy воpиди Нишопyp шуд вa омили Aмppо aз он чо бypyн кapд вa чaмъe aз онхоpо, ки дap он чо cyи Aмp гapоиш доштaнд, бикушт» [9, 6489]. Лммо Taбapй дap чойи дигape aз acapaш ин pyxдодpо мохи шaвволи cоли 267 хк. [9, 6533] /мaй-июни cоли 881 зи^ мeкyнaд, ки иштибох acт.

Ши^сти xyдpо Лмpи Лaйc дap нaбapди Нишопyp бо Лхмaди Хyчycтонй aз pобитaи пинхонии бapxe aз aтpофиёнaш, aз чyмлa бapодapaш Ллй ибни Лaйc бо Aхмaди Хyчycтонй мeдид: «Ллй ибн aл-Лaйc, бapодapи Aмp aндap нихон cyи Хyчycтонй rac фиpиcтод, ки мaн ёpи тyaм вa бо бapодap xилоф кapд, то чун хapб кapдaнд вa хол бap ин чyмлa буд ^a) Лмp нaдониcт, хaзимaт кapд pyзи пaнчшaнбe, шaш pyз гyзaштa aз зyлхиччaи caнaи 266 хк. (18 июли cоли 880)» [7,

237]. Дар Хирот Амри Лайс тасмим гирифт, то барои ин хиёнат бародарашро зиндонй кунад [7, 237].

Табарй дар рухдодхои соли 267 хк/880-881 хабар медихад, ки Амри Лайс Мухаммад ибни Тохирро ба мукотиба бо Хучустонй ва Хусайн ибни Тохир мут-тахам дониста, у ва тане чанд аз мардуми хонадонаашро ба иттихоми ин ки ба-родари у Хусайн ибни Тохир бо хамдастии Ахмади Хучустонй дар минбархои Хуросон хутба ба номи вай хондааст, дастгир ва зиндонй кард [9, 6495]. Аммо ин хабари Табарй бо навиштахояш дар иртиботи шикасти Яъкуби Лайс дар мохи рачаби санаи 262 х.к /апрели 876 аз лашкари халифаи Аббосй дар Дайри Окул ва озод гаштани Мухаммад ибни Тохир, ки дар банди оханин хамрохи у буд ва ба назди халифа даъват шудани Мухаммад ибни Тохиру хилъат гирифти у [9, 6451] ва ба раёсати шуртаи БаFдод таъйин шуданаш, ихтилоф дорад [5, 4350]. Яъне, Мухаммад ибни Тохир, ки дар БаFдод буд, наметавонист дар ин рухдодхои Хуросон, ки фармони идораи хукумат аз чониби халифа ба Амри Лайс дода шуда буд, хузур пайдо кунад.

Аз суи дигар дар Нишопур имоми ахли хадиси ин шахр ба номи ^орй Яхё ибни Мухаммад ибни Яхёи Зухлй ва низ гурухе аз мутаваа (довталабон) ва факехон, ки аз Амри Лайс чонибдорй мекарданд, ба сабаби он, ки Ахмади Хучустонй аз чониби халифаи БаFдод маншури хукумати Хуросонро нагирифта буд, уро маломат карда, ба мухолифати у бархостанд. Хучустонй барои мукобила бо ин гурух аз ихтилофхои ду фиркаи асхоби хадис (ахли Мадина) ва асхоби раъй (ахли Ирок) дар Нишопур истифода карда, бо химоят аз гурухи асхоби раъй та-вонист бар Яхёи Зухлй, ки аз мардуми Мадина буд ва дигар мухолифонаш FOлиб ояд [3, 313; 5, 4358].

Ахмади Хучустонй пас аз тахкими мавкеи худ дар Нишопур барои мукобила бо Амри Лайс ба Хирот омад. Чун Амри Лайс тадобири амниятии шоистае барои дифоъ аз Хирот гирифта буд, бинобар ин Ахмади Хучустонй дар тасхири ин шахр коре карда натавонист ва руй ба чониби Систон оварда, 28 рабеулахири соли 267 хк/6 декабри соли 880 ба дарвозаи Систон расид. Сокинони шахр, ки аз чониби Амри Лайс бо сипох мадад ёфта буданд, дар баробари лашкари Ахмади Хучустонй муковимат карданд, то у саранчом пас аз вайрон намудани рабази Систон ва ба сабаби шуриши сокинони Нишопур ба ин шахр бозгашт [3, 312; 5, 4359; 7, 237].

Дар Нишопур гурухе аз ахолй ва айёрони шахр боз пиромуни Яхёи Зухлй, ки зикраш рафт, гирд омада, бо сипохе, ки Амри Лайс ба кумаки онхо фиристода буд, намояндаи Ахмади Хучустониро ба сабаби бадрафторй бо мардум дастгир карданд ва чонибдорони Амри Лайс шахрро ба даст оварданд. Баъди ба даст овардани ин хабар Ахмади Хучустонй худро ба Нишопур расонида, бори дигар бар шахр чира шуд ва ба мучозоти мухолифонаш пардохт: «Гурухе аз ёрони Кай-кон (Яхёи Зухлй) кушта шуданд ва Кайкон худ пинхон гашт ва пас аз замоне худро намуд, пас уро гирифтанд ва бар у деворе кашиданд, то бимурд» [5, 4359].

Ибни Асир менависад, ки Ахмади Хучустонй тамоми соли 267 хк. дар Нишопур бимонд [5, 4359]. Аммо бино ба гузориши Табарй Хучустонй дар 267 хк.

тacмим г^ифт, ки ^оки Лчaмpо низ тacxиp кyнaд. У бо cипохaш то Симнон pacид, aммо мapдyми Рaй хиcоpхои шaхppо ycтyвоp кapдaнд вa ин буд, ки у дap ин лaшкapкaшй тaвфик нaёфт вa бa Нишопyp бозгaшт [9, 6546].

Taбapй дap pyxдодхои Хypоcони cоли 267 хк. хaмчyнин xaбap мeдихaд, ки «Хучустонй бapои xeштaн диноpy диpхaм откга зaд, вaзни диноp дaх донг буд вa вaзни диpхaм хaшт донг вa нaкши он чунин буд: «Лл-мулку вa-л-кyдpaтy ли-л-Лох вa-л хaвлy вa-л-кyввaтy би-л-Лох, ло илохa илло-л-Лох, Мyхaммaдy-л-pa-cyли-л-Лох»; вa бap cyи дигapи он чунин буд: «Лл-Муктамид Aлaллох би-л-юмни вa-c-caодaти» вa бap cyи дигap «aл-Bофй Aх,мaд ибни Лбдуллох» [9, 654647].

Лз ин гyзоpиши Taбapй чунин бapмeояд, ки Aх,мaд ибни Лбдуллохи Хyчycтонй то шли 267 хк. aз Tохиpиён тобeият мeкapдaacт вa бaъд aз тaхкими мaвкeи cиёcияш дap Хypоcон дap хaмин cол номи Мyхaммaд ибни Tохиppо дap шaхpхои мyxтaлифи Хypоcон aз xyтбa aндоxтa, xyтбa вa cиккa бa номи xyд вa xaлифaи Лббоcй Мyътaмид мeзaнaд. Лз Aхмaд ибни Лбдуллохи Хyчycтонй отк-кaхои мapбyт бa cолхои 267 вa 268 хк. вучуд доpaнд, ки дap Хдоот вa Нишопyp зapб шyдaaнд. Якe aз откгахои дap Нишопyp зapбзaдaи Лхмaд ибни Лбдуллохи Хучустонй дap тapкиби откгахои «Гaнчинaи Кулоб» [12], ки бa acpхои VIII-X тaaллyк доpaнд, мaвчyд acт вa онpо донишмaнди точик Лбдyвaлй Шapифзодa му-aйян кapдaacт [12, 133]. «Дap pyи диpхaми Нишопyp, ки cоли 268 хк/881-882 бa номи xaлифa aл-Мyътaмид зaдa шyдaacт, - мeнaвиcaд мyaллиф, - номи Aх,мaд ибни Лбдуллох xондa мeшaвaд» [12, 18].

Ибни A^p дap идомaи бaёни capгyзaшти Aхмaди Хyчycтонй мeнaвиcaд, ки Лмpи Лaйc бa Лбyтaлхa, ки Бaлxpо шaхpбaндон мeкapд, номa нaвиштa, ypо бa Хдоот дaъвaт кapд. Сипac Aмpи Лaйc Лбyтaлхapо бap чой xyд дap Хypоcон гу-мошт вa xyд paвонaи Сиcтон шуд. Aхмaд ибни Лбдуллох бa Сapaxc отпох кaшид, ки коpгyзоpи Лмpи Лaйc он чо буд. Лбyтaлхa бa кyмaки у бa Сapaxc омaд вa дap нaбapд бо Лх^ди Хyчycтонй шикacт xypд. Лх^ди Хучустонй бa дyнболaгиpии Лбyтaлхa то бa Хулм омaд вa чaнги дигap миёни онон pyx дод, ки боз Aбyтaлхa бa шикacт мyвочeх шyдa, бa Сиcтон фиpоp кapд. Лхмaди Хyчycтонй то aвоxиpи шли 268 хк. /июни cоли 882 дap мaвзee бо номи Тоикони Taxоpиcтон бимонд [5, 4359; 7, 239].

Эхтимол мepaвaд ин зaмон буд, ки Лхмaди Хyчycтонй X,иpотpо низ тacappyф кapд вa дap он чо бa номи xyд cиккa зaд. Чaндe бaъд хaнгомe ки Tохиpиён aз химояти Aх,мaди Хyчycтонй ноyмeд шyдaнд, Лхмaд ибни Мyхaммaд ибни Tохиp, фapзaнди оxиpин aмиpи Tохиpии Хypоcон, ки дap он зaмон дap Хоpaзм фapмон мepонд, cипохe бa Нишопyp фиpиcтод, то омилони Лхмaди Хyчycтониpо aз он чо бepyн кyнaд, aммо мyвaффaк нaшyд [5, 4360].

Чунош зикp шуд, Aхмaди Хyчycтонй зaмонe ки дap мaвзeи точикони Taxо-pиcтон бa cap мeбypд, xaбap ёфт, ки Лбyтaлхa модapaшpо дap Нишопyp бa acоpaт гиpифтaacт. Aх,мaди Хyчycтонй бapои paхоии модapaш бa он чо шитофт вa бино бa xaбapи Taбapй дap мохи зyлхиччaи cоли 268 хк / июн-июли cоли 882, тибки гyзоpиши Ибни Фундук вa Ибни Лcиp дap мохи шaвволи cоли 268 х.к./aпpeл-

майи соли 882 дар Шодиёхи Нишопур ба дасти ду тан аз Fyломонаш ба исмхои Ромчур ва ^yнлyF, ки аз у озурдагй доштанд, ба катл расид [2, 68; 5, 4361; 9, 6553, 6559].

Аммо ба ривояти Авфй дар «Ч,авомеъу-л-хикоёт» Хучустонй вакте барои си-тондани мол ба Табаристон рафт, яке аз Fyломонаш ба номи Айёш хонаи уро дар Нишопур Fорат карда, модаршро бо худ бурд ва уро дар байн рохи Гургон ба катл расонид. Хучустонй ба Нишопур баргашта, бузургону мардуми шахрро сахт сар-заниш карда, дасти бедод бар мардум бигушод, то инки саранчом худ ба дасти Fyломонаш кушта шуд [8, 507-511].

Аз сарзаниш ва чазо додани Хучустонй нишопуриёнро Ибни Асир чунин ме-нависад: «Ахмад ибни Абдуллох хангоме ки пас аз кушта шудани модараш аз Тоикон ба Нишобур бозгашт, найзае дароз дар миёнаи саройе бар замин карду гуфт: «Мардуми Нишопур бояд чандон марворид пиромуни ин найза бирезанд, ки найзаро натавон дид». Нишобуриён аз у харосиданд, гурухе аз бузургону бо-заргонон руй нихониданд, мардум даст ба ниёиш бардоштанд... Худой мехри хеш бар онон густаронид ва Ахмад ибни Абдуллох хамон шаб кушта шуд» [5, 4362].

Пас аз катли Хучустонй чонибдоронаш Рофеъ ибни Харсамаро ба фармон-дехй баргузиданд [5, 4361-4362]. Табарй дар рухдодхои соли 269 хк/882-83 аз фармондехии Рофеъ ибни Харсама бар Хуросон чунин ёд мекунад: «Дар ин сол Рофеъ ибни Харсама хамаи вилоятхои Хуросонро, ки Хучустонй бар он тасаллут ёфта буд, ухда кард. Ва чунон буд, ки Рофеъ ибни Харсама хирочи чанд вилояти Хуросонро аз пеш гирифта буд ва мардуми он чоро факир карда буд ва вилоятро ба вайронй дода буд» [9, 6570].

Ахмад ибни Абдуллохи Хучустонй замоне даъвии хукумати Хуросон кард, ки давлатдории беш аз панчохсолаи Тохириён дар Хуросон ру ба заъфу инхитот нихода буд. Бо истифода аз ин вазъ у талош кард, то аз мероси Тохириён насибае ба даст орад. Бо вучуди ин ки Алй ибни Лайс аз бародараш Яъкуби Лайс барои Хучустонй хост то умури идории Хуросонро ба вай супорад ва у низ ризоят дод, аммо Хучустонй ба бахонаи химоят аз дудмони Тохириён муддате идораи сарзамини Хуросонро аз дасти Саффориён берун овард. Аз мухимтарин авомили пирузии Хучустонй дар Хуросон ин гирифторихои Яъкуби Лайс дар чануби Эрон ва Ирок, шикасти у дар набард бо лашкари халифаи Аббосй дар мохи апрели соли 876 дар Дайри Окул [5, 4351; 11, 385] ва билохира вафоташ дар мохи июни соли 879 дар Гунди Шопур [6, 600, 7, 233; 11, 387] буд.

Аксари манобеи таърихии ин давр ва баъди он аз иртиботи Хучустонй бо дастгохи хилофати Аббосй ахборе надодаанд, ба чуз аз Алй ибни Зайди Байхакй маъруф ба Ибни Фундук, ки менависад: «аз тавобеи эшон (Тохириён) буд амир Ахмад ибни Абдуллохи Хучустонй ва у амири Хуросон буд ба фармони ал-Муътамид» [2, 66]. Аммо халифаи Аббосй, ки аз тавсеаталабихои Яъкуби Лайс дар харос буд ва мехост миёни у ва Яъкуб созише ба миён биёяд, наметавонист барои мукобила бо Яъкуб хукумати Ахмад ибни Абдуллохи Хучустониро дар Хуросон таъйид карда бошад.

Баъд аз марги Яъкуби Лайс, бародараш Амри Лайс натавонист Хучустониро

шикаст дихад ва аз Хуросон берун кунад. Бо вучуди ин ки халифаи Аббосй макоми шахнагии БаFдод ва низ маншури хукумати Хуросонро ба Амри Лайс дода буд, бо ин хама ал-Муътамид намояндагони давлати Саффориёнро тахдиди чиддие барои дастгохи хилофат медонист. Бинобар ин халифа ал-Муътамид, ки аз баркарории давлати Тохириён барои мукобила бо хатари Саффориён ноумед шуда буд, тохту тозхои Ахмад ибни Абдуллохи Хучустонй дар Хуросон ва каш-макашихои вай бо Амри Лайс ва чонибдоронаш дар мисоли Абуталха метавонист дастгохи хилофати уро аз хатари бархоста аз Хуросон осудахотир нигах дошта бошад.

Баъзе аз таърихнигорон ба далели ин ки сокинони зодгохи Ахмад ибни Аб-дуллох-Хучустон ба хоричй будан шухрат доштанд, уро низ хоричй хондаанд. Аммо аFлаби онон дар рисолахои хеш, ки дар танвири савонехи холи Ахмади Хучустонй дар ин мухтасар аз онхо мусмир истифода шуд, уро аз шумори хо-ричиён надонистаанд. Чунин ба назар мерасад, ки итлоки ин унвон ба у аз чониби бархе аз таърихнигорони садахои миёна шояд ба сабаби хуручу исёнхояш алайхи хокимони вакт буда бошад.

Ахмад ибни Абдуллохи Хучистонй бо ин ки марде кудратхоху ситамгор буд ва аз хар василае барои расидан ба хадафи худ бахра мегирифт, боз хам ба гуфтаи Ибни Асир «Ахмад род, бахшанда, диловар ва хушрафтор буд ва дар ростои ка-соне, ки пеш аз руи кор омаданаш бо у хамрохй карданд, некии бисёр мекард ва рафтораш дар фурутанй ва некукирдорй бо онхо дигаргунй наёфт» [5, 4362].

AДAБИЁТ

1.Абуисхок Иброхими Истахрй. Масолик ва мамолик. Ба эхтимоми Э. Афшор. Техрон: Бунгохи тарчума ва нашри китоб, - 1340. -234 с.

2.Абулхасан Алй ибни Зайди Байхакй, маъруф ба Ибни Фундук. Таърихи Байхакй. Тасхех ва таъликоти А. Бахма-нёр. Техрон: Конун, - 1317 х.х. -362 с.

3.Абусаъид Абдулхай ибни Заххок ибни Махмуди Гардезй. Зайну-л-ахбор. Мухаккик ва мусаххех А. Хабибй. Техрон: Дунёи китоб, - 1363 х.х. -665 с.

4.Ахмад ибни Умар ибни Алй Низомии Арузии Самаркандй. Чахор макола. Тасхехи М. К^азвинй, ба кушиши М. Муъин. Техрон: ÄрмyFOн. - 1328 х.х. -134 с.

5.Иззиддин ибни Асир. Таърихи комил. Ч10. Тарчумаи Х. Ожир. Чопи аввал. Техрон: Асотир, 1382 х.х. С. 41894595.

6.Масъудй Абулхасан Алй ибни Хусейн. Муручу-з-захаб. Ч2. - Техрон: Илмй ва фархангй, 1357 х.х. -772 с.

7.Муаллифи ношинохта. Таърихи Систон. Мухаккик ва мусаххех М. Бахор. Чопи дувум. Техрон: Падидаи Ховар, - 1366 х.х. -417 с.

8.Мухаммад Авфй. Чавомеъу-л-хикоёт ва лавомеъу-р-ривоёт. Ба кушиши Амирбону Мусаффо. Техрон, 1352 х.х. -

600 с.

9.Мухаммад Чарири Табарй. Таъриху-р-русули ва-л-мулук. Тарчумаи А. Поянда. Ч15. Чопи панчум. Техрон: Асотир, 1375 х.х. С.6379-6785.

10.Худуду-л-олам ва мина-л-Машрик ила-л-МаFриб. Ба кушиши М. Сутуда. - Техрон: Гулшан, 1362 х.х. -252 с.

11.Фасехи Хавофй. Мучмали Фасехй. Мукаддима, тасхех ва тахкики Мухсин Ночии Насрободй. Ч1. - Техрон: Асотир, - 1386 х.х. -436 с.

12.Шарифзода А. Ганчинаи Кулоб (Дирхамхои сомонй). Д., Шарки озод, 2019. - 648 с.

13.Эдвард Браун. Таърихи адабиёти Эрон аз Фирдавсй то Саъдй. Ч1. Тарчумаи Ф. Мучтабой ва F. Афшор. Чопи чахорум. Техрон: Марворид, - 1367. - 464 с.

A^^ ИБНИ AБДУЛЛОXИ ХУЧУСТОНЙ - ЗУ^УР BA СУЦУТИ K^PATO У ДAР ХУРОСОН

Дар замони хукумати Тохириён Хуросон нисбатан ором буд. Сукути ин давлат ва ишFOли Нишопур аз чониби Яъкуби Лайс шахрхои Хуросонро муддате ноамн кард. Зухури муддаиёни чадиди точу тахт, ки хар кадом худро намояндаи давлати Тохириён муаррифй мекарданд, танхо

ба манзури касби кудрат ва ба ирс бурдани хукумати Тохириён буд.

Ахмад ибни Абдуллохи Хучустонй аз афроди бонуфузи Хуросон дар замони охирин амири Тохириён, Мухаммад ибни Тохир буд. Пас аз сукути Тохириён ба хидмати Яъкуби Лайс рафт. Хангоме ки Яъкуб Нишопурро ба максади Систон тарк кард, Ахмад ибни Абдуллохи Хучустонй худро ба унвони волии Тохириён муаррифй намуд ва барои густариши нуфузи худ дар Хуросон ба мубориза бо ракибони худ бархост.

Даргирихои пайдарпайи Хучустонй бо чонибдори Амр ибни Лайс - Абуталха ва миёнчига-рии Хусайн ибни Тохир, ки охирин намояндаи дудмони Тохириён буд, авзои нобасомон ва бе-назмеро дар Хуросон ба вучуд овард. Хар яке аз муддаиёни давлати Тохириён барои чалби та-ваччухи сокинони Хуросон, бавижа нишопуриён талоши фаровоне мекарданд. Бидуни шак хоти-раи хубе аз таърихи хукумати Тохириён дар Хуросон мучиби бурузи чунин иддаохое аз чониби Хучустонй гардид. Хучустонй барои чалби таваччухи мардуми Хуросон худро Ахмад ибни Абдуллохи Тохирй номид ва дар хутба номи Мухаммад ибни Тохирро зикр карда, ба номаш сикка мезад. Аммо бо густариши нуфузаш, номи ин намояндаи Тохириро аз хутбахо берун андохт ва ба номи худ сикка зад. Бидуни тардид чунин икдомоте ба густариши ихтилоф миёни муддаиёни кудрат дар Хуросон сабаб шуд ва дар нихоят ба катли Хучустонй анчомид.

Калидвожа^о: Хуросон, Тохириён, Саффориён, Нишопур, Мухаммад ибни Тоуир, Яъцуби Лайс, Амр ибни Лайс, Аумад ибни Абдуллохи Хуцустонй, Абуталха, Х,ирот, Гургон, Табаристон.

АХМАД ИБН АБДУЛЛАХ ХУДЖУСТОНИ -ВЗЛЕТ И ПАДЕНИЕ ЕГО ВЛАСТИ В ХОРАСАНЕ

В течение правления Тахиридов Хорасан был относительно мирным. Падение этого государства и захват Нишапура Я'кубом Лайсом на некоторое время сделали города Хорасана небезопасными. Появление новых претендентов на престол, каждый из которых представлял себя представителем государства Тахиридов, было лишь для того, чтобы получить власть и унаследовать тахиридское правительство.

Ахмад ибн Абдуллах Худжустони был одним из влиятельных лиц Хорасана времен правления последнего эмира Тахиридов, Мухаммада ибн Тахира. После падения государства Тахири-дов, он перешел на службу к Я'кубу ибн Лайсу. Когда Я'куб отправился из Нишапура в Систан, Ахмад ибн Абдуллах Худжустони представил себя наместником Тахиридов и начал борьбу со своими соперниками, чтобы расширить свое влияние в Хорасане.

Непрерывные конфликты Худжустони со сторонником Амра ибн Лайса - Абуталхи и посредничество Хусейна ибн Тахира, который был последним представителем династии Тахири-дов, создали хаотическую и беспорядочную ситуацию в Хорасане. Каждый из претендентов на тахиридское государство приложил немало усилий, чтобы привлечь внимание жителей Хорасана, особенно нишапурцев. Несомненно, добрая память об истории тахиридского правления в Хорасане вызывала подобные претензии и со стороны Худжустони. Чтобы привлечь внимание жителей Хорасана, Худжустони называл себя Ахмадом ибн Абдуллохом Тахири, читал проповеди и чеканил монеты от имени Мухаммада ибн Тахира. Однако с расширением своего влияния он исключил имя Тахирида из проповедей и чеканил монеты от своего имени. Несомненно, подобные действия привели к расширению спора между претендентами на власть в Хорасане и, наконец, к убийству Худжустони.

Ключевые слова: Хорасан, Тахириды, Саффариды, Нишапур, Мухаммад ибн Тахир, Я'куб Лайс, Амр ибн Лайс, Ахмад ибн АбдуллахиХуджустани, Абуталха, Герат, Гурган, Табаристан.

AHMAD IBN ABDULLAH KHUJUSTONI - THE RISE AND FALL OF HIS POWER IN KHORASAN

During the Tahirids reign, Khorasan was relatively peaceful. Nishapur by Yakub Lais made the cities of Khorasan unsafe for some time in fall of this state and the capture. The emergence of new claimants to the throne, each of whom presented himself as a representative of the Tahirid state, was

only in order to gain power and inherit the Government of Tahirid.

One of the influential persons of Khorasan during the reign of the last Tahirid emir, Muhammad ibn Tahir was Ahmad ibn Abdullah Khujustoni. After Tahirid state fall, he went into the service of Yakub ibn Lays. When Yakub left Nishapur for Sistan, Ahmad ibn Abdullah Khujustoni presented himself as the Tahirid governor and began fighting his rivals to expand his influence in Khurasan.

The conflicts Khujustoni's continuous with Amr ibn Lays' supporter Abutalhi and the mediation of Hussein ibn Tahir, who was the last envoi of the Tahir dynasty, created a chaotic and disorderly situation in Khorasan. Each of the contenders for the Tahirid state made many efforts to attract the attention of the inhabitants of Khorasan, especially the Nishapurians. The good memory undoubtedly of the history of Tahirid rule in Khorasan gave rise to similar claims on the part of Khujustoni. To attract the attention of the people of Khorasan, Khujustoni called himself Ahmad ibn Abdulloh Tahiri, preached sermons and minted coins in the name of Muhammad ibn Tahir. However, as his influence expanded, he removed Tahirid's name from his sermons and minted coins in his own name. Undoubtedly, such actions led to the expansion of the dispute between contenders for power in Khorasan and, finally, to the murder of Khujustoni.

Key words: Khurasan, Tahirids, Saffarids, Nishapur, Muhammad ibn Tahir, Yakub Lais, Amr ibn Lais, Ahmad ibn Abdullahi Khujustani, Abutalha, Herat, Gurgon, Tabaristan.

Сведения об авторе: Хамза Камол (Камолов Хамзахон Шарифович) - Институт истории, археологии и этнографии имени А. Дониш НАНТ, доктор исторических наук, профессор, заведующий отделом древней, средневековой и новой истории. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки, 33. Тел: (+992) 93-421-28-44. E-mail: hamza_Kamol@mail.ru.

About the author: Khamza Kamol (Kamolov Khamzakhon Sharifovich) - A. Donish Institute of History, Archeology and Ethnography NAST, Doctor of Historical Sciences, Professor, Head of the Department of Ancient, Medieval and Modern History. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave., 33. Тел: (+992) 93-421-28-44. E-mail: hamza_Kamol@mail.ru

4-♦

УДК: 82-3:911(55)"4/9"

АВЕСТИЙСКАЯ ГЕОГРАФИЯ В «ШАХНАМЕ»

Ходжаева Н. Дж.,1 Институт истории, археологии и этнографии им. А. Дониша НАНТ

В древности и средневековье границы между различными историко-культурными областями в основном определялись по рекам, горам, морям и озерам. Некоторые элементы ландшафта становились ориентирами для обозначения прохождения естественной границы на местности на многие столетия. Наглядным примером сказанному служит «Авеста» - священная книга зороастризма, религии, которую исповедовали древние иранские народы, в том числе и предки таджиков. В «Авесте» с названиями основных оронимов и гидронимов связывались и исторические события древности, и естественные границы между различными племенными союзами (древние части «Авесты», а позже государственными образованиями и областями (поздние части «Авесты»).

«Авеста» - древнейший и важнейший письменный памятник древности, восходящий отдельными частями ко второй половине II тыс. до н.э. [26, 162-166; 27, 80; 17, 44-

1 Статья написана на основе проекта «История таджикского народа» (Ш век -государственный регистрационный номер 0121X11211.

начало XX века)

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.