Научная статья на тему 'Заминањои такмил додани корњои тарбиявї дар маќомоти корњои дохилї'

Заминањои такмил додани корњои тарбиявї дар маќомоти корњои дохилї Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
131
12
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
корҳои тарбиявӣ / милитсия / меъѐрҳои ахлоқӣ / ахлоқи касбӣ / раванди тарбия / воспитательная работа / милиция / этическая норма / профессиональная этика / воспитательный процесс

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Давлатшоева Азиза Ширинбековна

Дар мақола заминаҳои аслии боло бурдани сатҳи корҳои тарбиявии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар марҳилаи муосири иҷрои ислоҳот мавриди ба»ҲС» қарор гирифтааст.Таваҷҷӯҳ ба ҳолат ва мушкилоти корҳои тарбиявӣ дар ниҳодҳои умури дохилӣ мутамарказ шудааст.Меъѐрҳои асосии ахлоқии кормандони милитсия, дар асоси санадҳои мавҷудаи давлатӣ, нишон дода шудааст.Моҳият ва аҳамияти меъѐрҳои ахлоқӣ дар ташаккули симои фарҳангиву ахлоқии корманди идороти умумури дохилӣ таъин гардидааст.Муаллиф диққати асосиро бар он равон месозад, ки ахлоқи муошират яке аз аносири беҳбуди кори тарбиявист, ки дар раванди тарғиби арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонбинии муосир ба манзури таҳкими арзишҳои ахлоқӣ ва ҳирфавии ҳайати шахсӣ ба даст меояд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ОБ ОСНОВНЫХ АСПЕКТАХ ПОВЫШЕНИЯ УРОВНЯ ВОСПИТАТЕЛЬНОЙ РАБОТЫ СОТРУДНИКА МИЛИЦИИ

В статье рассматриваются основные аспекты повышения уровня воспитательных работ сотрудников органов внутренных дел на современном этапе реализации реформы. Акцентируется внимание на состоянии и проблемах воспитательной работы в органах внутренних дел Выявляются основные этические нормы для сотрудников милиции на основе действующих государственных законов.Определяются сущность и значимость этических норм в обеспечении культурно-нравственного облика сотрудника органов внутренних дел. Автор обращает внимание на то, что этика общения является одним из основных элементов совершенствования воспитательных работ, которое достигается в процессе пропаганды национальных ценностей и современного мировоззрения с целью укрепления нравственных и профессиональных ценностей личного состава.

Текст научной работы на тему «Заминањои такмил додани корњои тарбиявї дар маќомоти корњои дохилї»

УДК 316 ББК 83, 3(Т)

Давлатшоева Азиза Ширинбековна,

номзади илмуои педагогика, подполковники милитсия, сардори кафедраи забощои Академияи Вазорати коруои дохилии Чумуурии Тоцикистон (Цумуурии

Тоцикистон, ш.Душанбе),

Давлатшоева Азиза Ширинбековна,

кондидат педагогических наук, подполковник милиции, началник кафедры языков Академии Министерство внутренных дел Республикаи Таджикистан (Республика Таджикистан, г. Худжанд)

Davlatshoeva Aziza Shirinbekovna, candidate of pedagogical sciences, lieutenant colonel of militia, chief of the department of languages under the Academy Ministry of Internal Affairs of RT (Tajikistan Republic, Dushanbe), EMAIL: azizadavlat@mail.ru

Вожахои калиди: коруои тарбияви, милитсия, меъёруои ахлоци, ахлоци касби, раванди тарбия

Дар мацола заминауои аслии боло бурдани сатуи коруои тарбиявии кормандони мацомоти коруои дохили дар маруилаи муосири ицрои ислоуот мавриди ба»Х,С» царор гирифтааст. Таваццуу ба уолат ва мушкилоти коруои тарбияви дар ниуодуои умури дохили мутамарказ шудааст.Меъёруои асосии ахлоции кормандони милитсия, дар асоси санадуои мавцудаи давлати, нишон дода шудааст.Моуият ва ауамияти меъёруои ахлоци дар ташаккули симои фаруангиву ахлоции корманди идороти умумури дохили таъин гардидааст.Муаллиф диццати асосиро бар он равон месозад, ки ахлоци муошират яке аз аносири беубуди кори тарбиявист, ки дар раванди таргиби арзишуои милли ва цауонбинии муосир ба манзури таукими арзишуои ахлоци ва уирфавии уайати шахси ба даст меояд.

Ключевые слова:воспитательная работа, милиция, этическая норма, профессиональная этика, воспитательный процесс,

В статье рассматриваются основные аспекты повышения уровня воспитательных работ сотрудников органов внутренных дел на современном этапе реализации реформы. Акцентируется внимание на состоянии и проблемах воспитательной работы в органах внутренних дел Выявляются основные этические нормы для сотрудников милиции на основе действующих государственных законов.Определяются сущность и значимость этических норм в обеспечении культурно-нравственного облика сотрудника органов внутренних дел. Автор обращает внимание на то, что этика общения является одним из основных элементов совершенствования воспитательных работ, которое достигается в процессе пропаганды национальных ценностей и современного мировоззрения с целью укрепления нравственных и профессиональных ценностей личного состава.

Key words: educational work, police, ethical standards, professional ethics, educational process.

The article deals with the main aspects of improvement of educational work standard in Organs of Internal Affairs at the present stage of realization reform. The author notes the state and problems of educational work in Internal Affairs Bodies, reveals the main ethical norms for police staff on the basis of current state laws. The essence and significance of ethical standards in ensuring the cultural and moral character of an assistant of the internal affairs body are determined in the article. The author pays attention to the fact that ethics of communication is one of the main elements of the improvement of educational work, which is achieved in the process of promoting national values and modern outlook in order to strengthen the moral and professional values ofpersonnel.

Корманди макомоти корх,ои дохилй шахсест, ки хукуку озодих,ои хдр як инсон ва шахрвандро, катъи назар аз шахрвандй, чойи истикомат, чинс, миллат, нажод, забон, эътикоди динй, мавкеи сиёсй, тах,сил, вазъи ичтимой ва молу мулкй хдмоя намуда, хдмояи

ЗАМИНАУОИ ТАКМИЛ ДОДАНИ КОРМОМ ТАРБИЯВИ ДАР МАЦОМОЩ

КОРУОИ ДОХИЛИ

ОБ ОСНОВНЫХ АСПЕКТАХ ПОВЫШЕНИЯ УРОВНЯ ВОСПИТАТЕЛЬНОЙ РАБОТЫ СОТРУДНИКА МИЛИЦИИ

CONCERNED WITH THE MAIN ASPECTS OF IMPROVEMENT OF THE LEVEL OF EDUCATIONAL WORK OF THE POLICE

STAFF

хаёт ва саломатй, хукуку озодихо аз кирдорхои гайриконунй, пешгирии чиноятхо, хукуквайронкунихо - самтхои асосии фаъолияти у ба хисоб мераванд, ки дар робита бо инсон ба рох монда шудаанд (7). Аз ин лихоз Фармони Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон «Дар бораи ба рох мондани системаи ягонаи корхои тарбиявй бо хайати шахсии сохтори корхои дохилй ва мукаммал намудани он» (9)оид ба пешгирй ва аз байн бурдани холатхои суиистифода аз вазифахои хизматй, тамаъчуйй ва ришвахурй, зохир намудани беэътиной нисбат ба мурочиати шахрвандон, дагалй ва маданияти пасти муошират дар фаъолияти харрузаи кормандони чузъу томхои макомоти корхои дохилй чиддй ба рох монда шудааст. Хангоми аз як вазифа ба вазифаи дигар таъйин гардидани кормандон, додани рутбаи махсуси навбатй, гайринавбатй ва ё як зина баландтар аз вазифаи ишголнамуда, дар кисмати тавсифномаи пешниходхо, норасогихо дар сифатхои шахсй дарч карда мешаванд, аз чумла риоя нанамудани одоби муошират. Оид ба корхои тарбиявй дар макомоти корхои дохилй, ки одоби муошират яке аз самтхои афзалиятноки он ба хисоб меравад, дастурамалхои зиёд ба тасвиб расидаанд, ки ичрои бечунучарои онхо тахти назорати махсуси рохбарияти Вазорати корхои дохилй карор дорад. Дар чузъу томхои ВКД дар асоси мукаррароти дастурамалхо накшахои мачмаавии солонаи чорахои ташкилй ва амалй, ки ба тарбияи хайати шахсии макомот, аз чумла ба тарбияи ахлокй, маънавй равона мегардад, тахия гардида, тасдик мегарданд ва дар асоси он кор мебаранд. Икдоми созмонхои чамъиятй, аз чумла судхои шарафи хайати каторй ва рохбарикунандаи макомоти корхои дохилй, шурои занон, собикадорон дар макомоти корхои дохилй оид ба гузаронидани чорабинихо, ки ба тарбияи ахлокии кормандон равона карда шудаанд, аз чихати моддй дастгирй мегарданд. Муовинони сардорон оид ба кор бо хайати шахсй талабот доир ба одоб ва ахлок, риоя намудани одоби муошират бо шахрвандонро зери назорати махсуси хеш карор дода, чихати мукаммал намудани онхо бо чалб намудани мутахассисони сохавй, гузаронидани машгулиятхои махсус ба рох мемонанд, ки ин тарз натичаи дилхох ба бор меорад. Ичрои катъии талаботи оинномахои низомй, аз чумла суханронй дар муносибат бо хамкасбон ва муошират бо шахрвандон хадафи асосии низоми кори тарбиявй дар макомоти корхои дохилй мебошад.

Парвариши пиринсипнокй дар масъалаи одобу ахлок, муошират бо шахрвандон дар асоси маданияти хукукй ва саводнокии касбй хангоми ичрои вазифахои хизматй ва берун аз он заминахои асосии корхои тарбиявй ба хисоб мераванд. Самаранокии раванди корхои тарбиявй самтхои зеринро такозо дорад: аз худ намудани шакл ва усулхои муосири фардии тарбия; кор дар алохидагй бо зинахои гуногуни кормандон; ба назар гирифтани хусусиятхои равонии хар як корманд; омузиши пурраи шахсияти корманд, бо максади муайян намудани хислатхои фардй; интихоби шакл ва усули таъсиррасонии фардй- тарбиявй; хавасмандкунонй дар назди дигарон, хамчун намуна; мушохида, корманд дар холатхои гуногун омухта мешавад; чалб намудан ба корхои чамъиятй; шунидани ахбори (хисоботи) корманд дар мачлисхои хайати шахсй; ташриф намудан ба чойи истикомати корманд; бардоштани чазо пеш аз мухлати мукараргардида; сухбати фардй бо корманд (таъсиррасонй ба шуур ва хиссиёти корманд) (9). Корхои тарбиявй дар Академияи ВКД Чумхурии Точикистон тавассути низоми самараноки тарбияи курсантон ва шунавандагон, ки ба ривоч додани хисси садокат ба Ватан ва фахр намудан аз касб-корманди милитсия мусоидат менамоянд, дар заминаи илмй-амалй ташкил гардидааст. Талабот оид ба интизом, одоб ва ахлоки хизматй, муошират бо шахрвандон дар Академияи ВКД зери назорати махсус карор гирифта, чихати мукаммал намудани онхо дар накшахои соли хониш бо гузаронидани лахзахои махсуси тарбиявй пеш аз огози дарсхо, пешбинй карда шудааст.

Риоя намудани одоби муошират аз нигохи Хусайн Воизи Кошифй шараф аст ва хар ки дар нутк адаб риоя накунад аз шарафи одамй бебахра мемонад. Инчунин хангоми сухан рондан чандин шарти адаб аст, ки риоя намудани онхо танхо боиси афзудани кадри гуянда мегардад: Аввал ин ки суханро муносиби холи хар кас бояд гуфт, яъне: Бо ёри нав аз гами ку^ан бояд гуфт, Бо у ба забони у сухан бояд гуфт (4, 78).

Бо лутф бояд сухан кард на бо дуруштй. Хангоми сухан рондан хандонруй ва кушодачехра бояд буд. Бо шунавандаат тарзе муошират намо, ки боиси ранчиши у нагардад. Сухане гуй, ки манфиат дошта бошад. Сухани бемантик ба забон овардан хуб нест, агар сухани бузургонро истифода бари манфиати бештар дорад. Ба руйи шунаванда чахидан ва сухани сахт гуфтан беодобй аст. Бисёр сухан кардан нишонаи камаклй аст, ки ба кавли шоир:

Кам гую гузида гуй чун дурр, То з-андаки ту цауон шавад пур. Об, арчи басе зулол хезад, Аз хурдани пур малол хезад (5, 79).

Яъне сухани нек бояд гуфт, то аз он нафъ ба шунавандаат расад. Дар яке аз хадисхо овардаанд, ки барои бародари диниат хуну молатро ва барои душманат адлу инсофатро хадя кун ва барои умуми мардум кушодаруй ва некукориятро хадя намо, бо мардум ончунон муошират намо, ки агар бимирй ба маргат ашк бирезанд ва агар зинда монй эхтироми хосса дошта бошанд. Бахше аз муваффакияти инсон дар чомеа ва чигунагии иртиботи у бо дигар инсонхо вобаста аст. Ин мухим аст, ки корманди макомоти корхои дохилй чи гуна бо мардум бархурд мекунад ва барои онхо арзиш дошта, дар баробари хамаи инсонхо масъулиятшинос бошанд ва худро аз мардум чудо накунанд.

Дар ривояте омадааст, ки Имом Бокир(а) фармуд: Хар гох муъминон бо хам мулокот намуда сухбат намоянд, Худованд дасташро дар миёни дасти онон карор медихад. Бархурди хуб ва гарму самимй бо дигарон сабаби ба даст овардани ризоияти Худованд ва муваффакияти инсон дар зиндагй мешавад.

Ба талаботи асосии одоби муошират, ки аз фаъолияти харрузаи корманди макомоти корхои дохилй бармеоянд, дохил мешаванд: хушмуомилагй; ботакаллуфй; боилтифотй; дурустрафторй; пуртокатй; хоксорй, фурутанй; боодобй; вочибият, зарур шуморидан ва сахехй (7). Ин хислатхои хамида бо хам алокаманд буда, хар кадоми онхо ахамияти худро дар муошират доранд.

Хушмуомилагй аз рафтору муносибати хдмидаи бани башар ба х,исоб рафта, маънояш хушрафторй, некухислатй, мех,рубонй мебошад, вале баъзан инсон хушмуомилагии хешро намоишкорона нишон медихад, дар лахзаи дигар фаромуш мекунад, ки ин тарзи рафторро навкарона меноманд, зеро танхо дар лахзае, ки лозим аст, нишон дода мешавад. Асоси хушмуомилагй дар чист? Эхтиром намудани кадру кимат, эътибори хар шахс, ки бо у вомехурем. Шаъну эътибор ин донистани мавкеи худ дар чомеа, хештаншиносй мебошад. Хушмуомилагй дар муносибати самимонаи хайрхохона пайдо мешавад. Лутфу мархамат, хама вакт табъи инсонро болида мегардонад. Инсони хушмуомила таваччухи мардумро бахогузорй карда метавонад, аз кумаки онхо минатдорй менамояд, кушиш менамояд, ки ба неки бо неки чавоб гардонад.

Ботакаллуфй - яке аз сифатхои одоби муошират, ки тахти мазмуни он назокату латофат ва илтифот дар муошират фахмида мешавад. Гузашта аз ин ботакалуфй хушахлокй ва нексириштй муносибати чинсро низ нишон медихад. Ин хислат ба мардхо имконият медихад, ки кувваи хешро дарк намояд, мардонагй нишон дихад, хисси химоятгарй доштаашро нишон дихад, шахсони аз худ заифтарро мухофизат кунанд.

Дурустрафторй баъзан дар хаёти инсон вазъияти чанчолй ба амал меояд ва дар ин хол риоя намудани одоби муошират, амал намудан дар доираи хушрафториро такозо мекунад. Хатто дагалй низ дар доираи хушрафторй писанд меояд. Мисол меорем, ки замоне Наполеон дар сари хашму газаб яке аз дипломатхои Франсияро сахт сарзаниш мекунад ва у аз манзилгохи бошукух берун омада, чумлаеро ба забон овард, ки дар таърих монд: "Мутассифона, чунин шахси бузург, аз тарбияи дуруст бах,ра наёфтааст". Дурустрафторй кадри инсонро меафзояд, дар назди мардум нуфузи у зиёд мегардад, аммо на хама вакт шахс ва дар хама холат метавонад худро идора кунад, вале аз чихати психологй боинтизом будан ва худро идора карда тавонистан асоси кор аст(2, 34).

Пуртокатй ин махорати холати шахсро дарк кардан, ба изати нафси касе нарасидан аст, ки бо олихиматй ва гунохи шахсро бахшидан вобастагй дорад. Танхо инсони пуртокат метавонад муносибатро хуб нигох дорад.

Хушмуомилагй ин нозукй, зиракй, гамхорй,боадабй, нармгуфторй дар муомила бо одамон аст. Инсони ботарбия муносибати хеш, акидаи хешро зуран бор намекунад, балки акидаи дигар шахсро эхтиром менамояд.

Хоксорй, фурутанй, яъне ба кавли «хоксорй инсонро зеб медихад». Зохирпарастй, рохи ноустувори ба даст овардани обру аст.

Боадабй ин дар муошират бо одамон ёфтани услуби дуруст аст. Одоби муомила ин нигох доштани андозаи ахлок дар муошират бо одамон мебошад. Танхо боадаб будан ба мо имконият медихад ки мо ахлоки худро дар мукоиса бо дигарон дида, касеро наранчонем.

Вочибият, сахехй ин хислатхо шахсро водор месозанд, ки дар гуфтаи худ устувор бошад, ба ваъдааш вафо кунад, ки ин хусусият бо дакикият, покизакорй ва пухтакорй як мебошанд.

Вочибият ва сахехй инхо шароитхои мусоиди маъмули таъминкунандаи комёбй дар тамоми самти фаъолият мебошанд. Х,амин тарик муваффакият дар хаёт на танхо дар риоя намудани коидахои хушмуомилагй, ахлок, балки аз чузъхои дигар, вусъат додани шавку хавас, чозибанокии шахс, хиссёти шухтабъй, кобилияти худтанкидкунй низ иборатанд. Педагоги машхури рус К.Д. Ушинский одатхои хубро сармояи ахлок номидааст, ки инсон дар хаёт истифода мебарад (1, 35). Одоби муошират оинаи хушахлокист. Инсони хушахлок махз бо хамин хусусиятхояш фарк мекунад, ки у пайваста тарзи рафтору одоби хешро сайкал медихад.

Заминаи асосии такмил додани корхои тарбиявиро, ки одоби муошират яке аз чузъхои мухими он ба шумор меравад, дар раванди таргиби арзишхои миллии ниёгон ва чахонбинии муосир бо максади эхё намудани сифатхои ахлокй ва касбии хайати шахсй, аз чумла ватандустй, садокат ба савганди хдрбй, хисси чавобгарии шахсй барои сарнавишти таърихи Ватан, шучоатнокй ва фидокорй, часорат, адолатпарварй, росткавлй ва вафодорй, оштинопазирй ба олами чиноят ба рох монда, таргиб намудани панду андарзхои ниёгон дар чузъу томхои макомоти корхои дохилй самараи дилхох ба бор меорад.

ПАЙНАВИШТ:

1. К^аландаров А, Тарбияи ватандустии кормандони сохаи маориф, Душанбе, 2006. -89 с

2. Количенко А.А. О соблюдении этических норм сотрудниками ОВД//Надежды. Сборник научных статей студентов ННГУ им. Н.И. Лобачевского.- Нижний Новгород, 2016.-С.79-85.

3. Малиновский А.А. Кодекс профессиональной этики: понятие и юридическое значение// Журнал российского права. -2008.- № 4. -С. 39-44.

4. Самойлюк Р.Н., Количенко А.А. Государственное принуждение как средство обеспечения порядка в правовом государстве // Наука. Мысль.- 2015.- N° 3.-C. 64-69.

5. Симзяев А.В. Профессионально-этическая культура сотрудника ОВД // Психопедагогика в правоохранительных органах. -2009. -№ 3. - С. 12-15.

6. Хусайн Воизи Кошифй. Футувватномаи султонй. Ахлощ му»ХС»инй. Рисолаи Хртамия. -Душанбе: Адиб, 1991.- 320 с.

7. Крнуни Ч,Т дар бораи милитсия// http://vkd.t)/index.php/t)/sanad-o/onun-oi-um-urii-to-ikiston/79-onuni-umurii-toikiston-qdar-borai-militsiyaq

8. Кодекси одоби касбии корманди милитсия// http://vkd.tj/index.php/tj/sanad-o/farmon-o/11518-kodeksi-odobi-kasbii-kormandon

9. Фармони ВКД Чумхурии Точикистон аз1-уми январи соли 2008 «Дар бораи ба рох мондани системаи ягонаи корхои тарбиявй бо хайати шахсии сохтори корхои дохилй ва мукамал намудани он».

REFERENCES:

1. Kalandarov A., Educational work of patriots of Education sphere, Dushanbe, 2006. -89 p.

2. Kolichenko A.A. On the observance of ethical standards by assistance of the ATS / / Hope. Collection of scientific articles of students of NNSU named after N.I. Lobachevsky. - Nizhny Novgorod, 2016.-P.79-85.

3. Malinovsky A.A. Code of professional ethics: the concept and legal value // Journal of Russian law. -2008.-№ 4. -С. 39-44.

4. Samoylyuk R.N., Kolichenko A.A. State coercion as a means of maintaining order in a state of law // Science. Thought.- 2015.- № 3.-C. 64-69.

5. Simzyaev A.V. Professional and ethical culture of the assistant of IAB // Psychopedagogy in law enforcement.

-2009. -№ 3. - p. 12-15

6. Husain Voizi Kashifi. Sophistication Freelancer Herot's thesis. -Dushanbe: Adib, 1991.- 320 p.

7. Law of the Republic of Tajikistan // http://vkd.tj/index.php/tj/sanad-o/onun-oi-um-urii-to-ikiston/79-onuni-umurii-toikiston-qdar-borai-militsiyaq

8. Professional Code of Police Officer // http://vkd.tj/index.php/tj/sanad-o/farmon-o/11518-kodeksi-odobi-kasbii-kormandon

9. Decree of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan from January 1, 2008 "About the establishment of a single educational system with the personal composition of internal work and its completion".

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.