Научная статья на тему 'On the aesthetic education of younger students'

On the aesthetic education of younger students Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
707
49
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПЕДАГОГИКА / ЭСТЕТИКА / ВОСПИТАНИЕ / ШКОЛА / ШКОЛЬНИК / УЧИТЕЛЬ / ЛИЧНОСТЬ / НРАВСТВЕННО-ЭСТЕТИЧЕСКИЕ КАЧЕСТВА / НРАВСТВЕННЫЕ ОТНОШЕНИЯ / PEDAGOGY / AESTHETICS / EDUCATION / SCHOOL / STUDENT / TEACHER / PERSONALITY / ТАРБИЯТ / МАКТАБ / ХОНАНДА / ОМӯЗГОР / ШАХСИЯТ / СИФАТҳОИ АХЛОқИЮ ЭСТЕТИКӣ / МУНОСИБАТҳОИ АХЛОқӣ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Зохидова Сабоат Абдумуминова

Статья посвящена одной из актуальных проблем современной педагогики нравственноэстетическому воспитанию младших школьников, и адресована, прежде всего, учителям общеобразовательных школ. В ней рассматриваются важность и значимость нравственно-эстетического воспитания младших школьников, повседневные проблемы эстетического воспитания, которые могут быть полезными как для учителей общеобразовательных школ, так и для преподавателей вуза. В статье теоретические положения уместно подкреплены примерами из литературных произведений таджикских педагогических представителей. Результаты анализа и изучение темы также может быть полезным магистрантам, аспирантам, докторантам PhD и всем соискателям области педагогики.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Об эстетическом воспитании младших школьников

The article is devoted to one of the topical problems of modern pedagogy the moral and aesthetic education of younger schoolchildren, and is addressed, above all, to teachers of secondary schools. Here is analyzed the relevance and the importance of the moral and aesthetic education of younger schoolchildren, which may also be useful for university teachers. Theoretical statements are correctly corroborated by using samples of literary writings of Tajik pedagogical representatives. The results of the research are also useful for undergraduates, graduate students, PhD students and all applicants in the field of pedagogy.

Текст научной работы на тему «On the aesthetic education of younger students»

УДК 373.7

ББК 74.200 С.А.ЗОХИДОВА

РО^ЕЪ БА ТАРБИЯИ ЭСТЕТИКИИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛИ МАКТАБЙ

Тарбияи хонандагон амали хеле серчабхаю фарогир ва гохе мураккабу печида аст. Дар мактаб хар як амалу харакат, хар во;еаю гуфтор бо тарбия ало;амандии ;авй дорад. Аз нахуст;адамхои хонанда ба мактаб барои тарбияи хаматарафаю устувори у, барои минбаъд ба шахсияти фаъоли чомеа табдил ёфтанаш замина гузошта мешавад. Яъне, бинои маънавияти шогирдон бояд аз хиштхои нахустинаш росту бегалат бошанд. Дар ;атори дигар самтхои тарбия бояд ба тарбияи эстетики (зебоишиносй)-и хонандагон ди;;ати чиддию хамешагй дод. Тарбияи эстетикй бо рафтору гуфтор, нишасту хез, гирумон, муносибату муошират ва бо либоспушию озодагии насли наврас ало;аманд мебошад.

Масъалаи тарбияи ахло;ию эстетикии хонандагон яке аз мухимтарин вазифахои хонавода, мактаб ва чомеа ба шумор меравад.Доир ба масъалаи тарбияи эстетикии хонандагон дар илми педагогика тад;и;оти доманадоре анчом ёфтаанд, ки корхои олимон, педагогхо К.Д.Ушинский, А.С.Макаренко, Я.Коменский, М.Ф. Овсянников, М.С.Каган, Ю.А.Лукин, О.В. Лармин, Ю.У. Фохт-Батушкин, И.А. Джидарянро метавон ба таври алохида ;айд намуд.

Тарбияи эстетикй чун дигар шаклхои тарбия барои таъсир расонидан ба фард ё гурухи ичтимой, бо ма;сади муайяни чамъиятй равона карда мешавад. Тарбияи эстетикй на т анхо ба шуури одамон, балки ба рафтору хислат ва фаъолияти онхо таъсир расонда, онхоро хаматарафа тарбия менамояд.

Тарбияи эстетикй дар хар давру замон аз пахлухои мухими тарбияи инсони босавод ва фархангй ба хисоб мерафт.Он вобаста ба замон ва талаботи чомеа роху василахои нав пайдо намуда, хадафхои гуногун дошт.масалан, дар давраи ати;а, дар Юнони ;адим ма;сади тарбияи эстетикиро дар инкишофи гармоникии гражданини озод, "гармонияи рух ва бадан" медиданд(4, 58 ).Дар асрхои миёна бошад, тарбияи эстетикй бештар барои инкишофи маънавияти мазхабии у нигаронида шуда буд. Тарбияи эстетикй дар замони шуравй бештар барои тарбияи ахло;и одами нави шуравй нигаронида шуда буд.

Тарбияи эстетикй хатто вобаста ба синну соли тарбиягиранда ма;сад ва вазифахои худро тагйир медихад, ки дар ин бора олимон Г.С. Лабковская, Д.Б. Лихачев, Н.И. Киященко ва дигарон андешахои худро ироа намудаанд. Аммо тарбияи эстетикии мактаббачаи хурдсол дар шароити имруза, ки замони пешрафти илму техника ва фановарихои иттилоотй аст, вазифаву талаботи нав мегузорад.Ба мактаббачаи хурдсол фахмонидани эстетика ва тарбияи эстетикй як андоза кори душвор аст, аммо тавассути мафхумхои барояш дастрас ва фанхои суруд, муси;й, расмкашй, аз ёд кардани шеър, тамошои филми тасвирй, афсонаву филмхои бачагона ин мушкилро осон намудан мумкин аст.

Муаллим ба хонандагон бо истифодаи фонди лугавию истилохоти барояшон мафхум мефахмонад, ки инсонро пеш аз хама чй тавсиф медихад? Албатта маданияти у! Ва бад-ин васила мафхуми "маданият"-ро барои хонандагони хурдсол мефахмонад. Дар идомаи сухан меомузонад, ки ин мафхум, яъне маданият чиро ифода мекунад. Маданият - ин маънавият, ахло;, одоб, дарки шахрвандият, маърифатнокй ва фаъолияти эчодии инсон ба хисоб меравад.

Маданияти инсон инъикоскунандаи олами ботинии у буда, барои ташаккули он тарбияи ахло;ию эстетикй на;ши мухим мебозад.

Тарбияи эстетикй хамчун инкишофи ;обилияту истеъдоди дарк кардан, эхсос кардан, фахм кардани зебоиву хушохангии ходисоти хаёт ва ислоху татби;и он дар фаъолияти инсонй муайян карда мешавад.

Тарбияи эстетикй бо хамаи чанбахои тарбия тавъам буда, бештар бо тарбияи ахло;й иртиботи ногусастанй дошта, таассуроти шодию андухи инсонро якхела инъикос мекунад. Неруи тарбиятноки санъат хам дар он аст, ки инсонро водор мекунад шигифттарин эхсосоти гаму андух ва шодию нишоти худро во;еан баён созад.

Тавъамии тарбияи эстетикй бо тарбияи ахло;й барои хонандагони хурдсол бо ташакулёбии мехру мухаббат ба диёр, ба кишвар, ба падару модар ва хешону пайвандон хувайдо гардида, ба онхо як навъ зав;и эстетикй ва ифтихори ахло;у одобро густариш медихад.

Дар чараёни фаъолияти бадеию эчодй барои хонандагони хурдсол пеш аз хама хотира ва зехн ;авй мегардад, хусусан хотирахои босира ва сомеа. Масалан, хангоми кашидани расмхо

кудакону наврасон хотироти биноии худро та;вият медиханд, зеро онхо чизеро тасвир менамоянд, ки дида бошанд ва ё дар хотир дошта бошанд. Ин ба ташаккули тафаккур таъсир мерасонад, ки дар навбати худ тарбияи эстетикиро комил мекунад.

Ба назари мо масъалахои асосии тарбияи эстетикии хонандагон иборат аст аз:

- равонасозии ташаккули зав;и эстетикии хонандагон ба мухити атроф;

- дарназаргирии инкишофи ;обилияти идроки эхсосоти зебой дар табиату, санъат;

- ташаккули махорати бадей дар расмкашй, сурудхонй, таррозй, воизй ва гайра;

Мактаб муассисаи таълимию тарбиявй буда, дар он роху усулхо ва воситахои гуногуни ташаккули шав;у зав; ва маърифати ахло;ию эстетикии хонандагон ба амал бароварда мешаванд. Зеро халли масъалахои ахло;ию эстетикии хонандагон яке аз вазифахои мухими муаллимону мактаб ба шумор меравад. Аз ин лихоз, савод ва одобу ахло; маърифати эстетикии хонандагон яке аз шартхои мухимтарини чомеаи мутамаддин ба шумор меравад.

Форигуттахсилони мактахои тахсилоти хамагонии замони инкишофи босуръати техникаву технологияро месазад, ки сифатхои муайянеро доро бошанд. Аз чумла,

- муста;илона ва му;арризона фикр кардан;

- эхсос карда тавонистани ходисоти тавлидшаванда аз во;еоти таърихй;

- муносибати босаводона бо иттиллоти навин;

- рафтори муаддабона ва хушохангона дар зиндагй ва гайра.

Вазифаи дилхох педагог такмил додани истеъдоду малакаи шогирд пеш аз хама дар тарбия ва беш аз хама дар тарбияи ахло;ию эстетикй, зеро аз шогирди камсаводи ботарбия шахсият сохтан мумкин аст, аммо шогирди донои бетарбия хеч гох шахсият намегардад ва ин ;онуни таърихи башарият аст.

Кирдору гуфтор ва хатто харакату ;иёфасозихои шахсони боахло;у хушрафтор барои дигарон ва пеш аз хама барои чавонону наврасон намунаи ибрат мегардад, ки бевосита яке аз усули таълими ахло;ию эстетикии хонандагон ба шумор меравад.

Донишманди шинохтаи рус академик Борис Тимофеевич Лихачёв андар мохияти омузиши тарбияи эстетикии кудакон чунин изхори а;ида кардааст, ки ташаккул ва инкишофи омузиши идроки кудак барои малакаву махорати у ба эчодиёт ва эчодкории у таъсири бевосита дорад (3,. 167)

Г.С. Костюк бошад, дилхох адабиёти мактабиро василаву воситаи асосии мактабй барои тарбияи эстетикии хонандагон хисобидааст, ки ба назари мо, во;еан хамин хел хам хаст (1).

Ташаккули шахсият ва тамаддуни эстетикй барои тарбияи эстетикии хонандагони хурдсол созгору мусоид ва хеле мухим мебошад. Хис карда тавонистани зебоии мухити атроф ва рафтору кирдори шахсони калонсол пеш аз хама омузгорон ба кудакон ва наврасон холатхои махсуси эхсосотиб равониро ба вучуд меорад, ки дар хаёти минбаъдааш на;ши мухим ва хатто абадй мебахшад. Махз бад-ин васила хонандагони хурдсоли мактабй метавонанд шав;у зав;и чустучуй ва пажухиширо дар худ бедор намуда, дар мачмуъ муносибати худро ба хаёт ташаккул диханд.

Ташаккули зав;и эстетикии шахс махз дар овони кудакию наврасй ва чавонй ибтидо мегирад ва бинобар маълумоти академик Лихачёв Б.Т. "давраи томактабй ва синни хурди мактабй аз нуктаи назари тарбияи эстетикй ва ташаккули муносибати ахло;ию эстетикй замони халкунандаи тарбият ба шумор меравад" (2).Муха;;и;и фав;уззикр барха; ;айд менамояд, ки махз дар хамин даврон ташаккули босуръати муносибати шахс ба олами хастй ибтидо мегирад, ки тадричан ба хул;у табиати у табдил меёбад.

Ба назари мо мохияти шахсият ва худшиносии ахло;ию эстетикии фард махз синни хурдсолии мактабй ташаккул меёбад. Синни хурдсолии мактабй синни махсус махз аз чихати хар гуна тарбият ва бешу пеш аз хама тарбияи ахло;ию эстетикй ба шумор меравад. Махз дар хамин давра шахс чй гуна тарбият бигирад, чунин тарбият то охири умр барои у хул; мегардад. Кариб тамоми ниёгони классики форс-точик хангоми сухан аз боби тарбият дар ин бора изхори а;ида кардаанд, ки равшантару хадафрастар суханони зерини "пири панд" Шайх Муслихиддин Саъдии Шерозй мебошад:

Хишти аввал чун нихад меъмор кач, То ба охир меравад девор кач. Баъд аз волидайн ва мехтарони хар хонавода, албатта на;ши аз хама мухимро дар тарбияи ахло;ию эстетикии мактаббачагони хурдсол омузгор мебозад ва хар гуна тарбияти чавонону наврасони синни мактабй аз малакаву махорат ва донишу чахонбинии педагогии устодонашон вобастагии калон дорад.

Хулоса тарбияи эстетикй мухимтарин рукни тарбияи хонандагон ба шумор меравад, ки ганигардонии тачрибаи хиссиёту доираи эхсосоти шахсро мусоидат мекунад ва ба дарки чанбахои ахлокй ва хатто чисмонии фардият таъсир мерасонад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Костюк Г.С. Развитие и воспитаниеГ.С.Костюк// Общие основы педагогики / Под ред. Ф.Ф. Королева, В.Е. Гмурмана. - М.: Просвещение, 1967. -С.139-158

2. Лихачев Б.Т.Критерии эстетического воспитания отношения школьников к искусству и действительности // Советская педагогика.- 1983.- № 6.- С.52-57.

3. Лихачев, Б. Т. Теория эстетического воспитания школьников: учеб. пособие по спецкурсу для студентов пед. ин-тов/Б.Т.Лихачев. - М.: Просвещение, 1985. - 176 с., с. 167.

4. Медведь Э.И. Эстетическое воспитание школьников в системе дополнительного образования. Учебное пособие /Э.И.Медведь.-ЦГЛ "РОН", 2002.- 321 с.

5. Неменский Б.М. Мудрость красоты: о проблемах эстетического воспитания/Б.М.Неменский. - М., 1987.-234с.

6.Сабуров Х.М. Отражение нравственно-ценностный аспект формирования толерантности в науке./Х.М.сабуров // Ученые записки Худжандского государственного университета имени Б. Гафурова. Серия гуманитарно-общественных наук.- 2017.- №4(53).- С.227 - 234.

REFERENCES:

1 .Costuk G.C. Development and Education . - in bk.: General basement of pedagogy / under red. F.F. Korolyov, V.E. Gurman. - M.: Prosvesheniye, 1967. -P.139-158

2. Likhachyov B.T. The criteria of aesthetical education schoolchildren's attitude towards the art and // Sov.pedagogic, 1983, #6. P.52-57

3. Likhachyov B.T. The theory of aesthetical education of schoolchildren: manual. Special course Manual for students of pedagogical - M.: Prosvesheniye, 1985. - 176p., P.167

4. Medved E.I. The aesthetical education of schoolchildren in the system of additional education. Manual. TsGL "RON", 2002

5. Nemenskiy B.M. The wisdom of beauty: about the problems of aesthetical education. - M., 1987, 6.Saburov Kh.M. The reflection of formation of moral aspects of tolerance in science.// Scientific Notes of Khujand state university named after academician. Humanity sciences #4 (53). - Khujand, 2017. - P.227-234.

Роцеъ ба тарбияи эстетикии хонандагони хурдсоли мактабй

Вожа^ои калидй: педагогика, эстетика, тарбият, мактаб, хонанда, омузгор, шахсият, сифатхои ахлоцию эстетики,муносибатхои ахлоци. Мацола ба яке аз масъалахои мубрами педагоги - тарбияи ахлоцию эстетикии хонандагони хурдсоли мактаби бахшида шуда, пеш аз хама зарурияти дар хамкории оила,муассисахои томактаби,муассисахои тахсилоти умуми ва ахли цомеа бехтар намудани он байни насли наврас дар шароити имруза мавриди барраси царор дода шудааст. Дар он ахамияту мухиммияти тарбияи ахлоцию эстетикии хонандагони хурдсоли мактаби мавриди барраси царор гирифта, масъалахои рузмарраи тарбияи эстетики ва дорои сифатхои ахлоцию эстетики будани мактабиёни хурдсол нишон дода шудааст, ки барои омузгорони мактабхои тахсилоти миёна ва оли низ аз ахамият холи нест.Цщати тацвияти тахлилхои гузаронидашуда аз осори панду ахлоции намояндагони педагогикаи мардумии тоцик бомаврид истифода карда шудааст. Омузишу тахлили мацола инчунин барои магистрантон, аспирантон, докторони PhD, фавцулдокторантон ва умуман барои пажухишгарони сохаи педагогика манфаатовар мебошад.

Об эстетическом воспитании младших школьников

Ключевые слова: педагогика, эстетика, воспитание, школа, школьник, учитель, личность, нравственно-эстетические качества, нравственные отношения

Статья посвящена одной из актуальных проблем современной педагогики - нравственно-эстетическому воспитанию младших школьников, и адресована, прежде всего, учителям общеобразовательных школ. В ней рассматриваются важность и значимость нравственно-эстетического воспитания младших школьников, повседневные проблемы эстетического воспитания, которые могут быть полезными как для учителей общеобразовательных школ, так и

для преподавателей вуза. В статье теоретические положения уместно подкреплены примерами из литературных произведений таджикских педагогических представителей. Результаты анализа и изучение темы также может быть полезным магистрантам, аспирантам, докторантам PhD и всем соискателям области педагогики.

On the aesthetic education of younger students Key words: pedagogy, aesthetics, education, school, student, teacher, personality

The article is devoted to one of the topical problems of modern pedagogy - the moral and aesthetic education of younger schoolchildren, and is addressed, above all, to teachers of secondary schools. Here is analyzed the relevance and the importance of the moral and aesthetic education of younger schoolchildren, which may also be useful for university teachers. Theoretical statements are correctly corroborated by using samples of literary writings of Tajik pedagogical representatives. The results of the research are also useful for undergraduates, graduate students, PhD students and all applicants in the field of pedagogy.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Зо^идова Сабоат Абдуманоновна, унвонцуи кафедраи педагогикаи ицтимои ва касбии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Fафуров(Ч}ущурии Тоцикистон, ш.Хуцанд), E-mail:saboat1977@mail.ru Сведения об авторе:

Зохидова Сабоат Абдумуминова, соискатель кафедры социальной ипрофессиональной педагогики Худжандского государственного университета имени Бободжона Гафурова(Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail:saboat1977@mail.ru Information about the autor:

Zohidova Saboat Abdumanonovna ,research worker of the department of social and professional pedagogy of Khujand state university named after academician Bobojon Gafurov E-mail:saboat1977@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.