Научная статья на тему 'Topical issues of spiritual and moral education ofjunior pupils at the present stage'

Topical issues of spiritual and moral education ofjunior pupils at the present stage Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
159
38
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
арзишҳои маънавию ахлоқии шахс / арзишҳои ахлоқии мусбат / эҳсоси қарзи инсонӣ / таҷрибаи ахлоқӣ / тарбия / духовно-нравственные качества личности / положительные нравственные качества / чувства человеческого долга / нравственный опыт / воспитаниеspiritual and moral qualities of personality / positive moral qualities / sense of human duty / moral experience and upbringing

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Gulmadov Faiz

В статье рассматриваются вопросы духовно-нравственного воспитания младших школьников на современном этапе. Автор отмечает, что вопрос духовно-нравственного воспитания является одной из важных составных частей человеческой культуры и имеет тесные связи с экономической и политической жизнью общества. Автор приходит к выводу что в современном этапе развития образовательной системы Республики Таджикистан проблема духовно-нравственного воспитания является не только центральной проблемой педагогики, но и приоритетным направлением политики государства. Исследованы возможности использования методов и исторического опыта предшественников при духовно-нравственном воспитании младших школьников Автор на основе проведенного исследования показывает, что в процессе духовно-нравственного воспитания у младших школьников формируются такие человеческие качества, как гуманность, скромность, трудолюбие, честность, правдивость, отзывчивость, милосердие, доброта, ит.д.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

This article discusses the issues of spiritual and moral education ofjunior pupils at the present stage. The author notes that the issue of moral education is an important part of human culture and has a close interrelation with the economic and political life of society. The author points out that the issue of moral and spiritual education is not only a central issue of pedagogy, but also an important issue of the governmental policy in the present stage of development of education system of the republic of Tajikistan. The use of methods and historical experience of ancestors in terms of spiritual and ethical education ofjuniors is studied in the paper. Based on the study, the author shows that human qualities like humanism, modesty, diligence, honesty, truthfulness, compassion, mercy, kindness, goodness, etc. are developed in the process of spiritual and moral education ofjunior pupils.

Текст научной работы на тему «Topical issues of spiritual and moral education ofjunior pupils at the present stage»

13.00. 02. НАЗАРИЯ ВА УСУЛҲОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

13.00. 02. ТЕОРИЯ И МЕТОДИКА ОБУЧЕНИЯ И ВОСПИТАНИЯ

13.00. 02. THEORY AND METHOD OF TRAINING AND EDUCATION

УДК 373(2T) Ф.ГУЛМАДОВ

ББК 74.200

МАСЪАЛАҲОИ АКТУАЛИИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВИЮ АХЛОҚИИ МАКТАББАЧАГОНИ

ХУРДСОЛ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Вожаҳои калидӣ: арзишҳои маънавию ахлоқии шахс, арзишҳои ахлоқии мусбат, эҳсоси қарзи инсонӣ, таҷрибаи ахлоқӣ, тарбия

Дар зери мафҳуми тарбияи маънавию ахлоқӣ принсип ва нормаҳои асосии муносибатҳои ахлоқии одамон нисбат ба якдигар, оила, ва ҷомеа, ки ба меъёри некию бадӣ, дуруг ва ҳақиқат асос ёфтаанд, фаҳмида мешавад. Бинобар ин, тарбияи маънавию ахлоқӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими тарбияи шахсият ба ҳисоб рафта, дар наели наврас тарбия намудани чунин сифатҳои ахлоқии шахсият, ба монанди шаъну эътибор, нангу номус, масъулиятшиносӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ростқавлию поквичдонӣ, хайрхоҳӣ, накукорӣ ва гайраро дар назар дорад.

Дигаргуниҳои азими иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии дар охири асри XX ва авали асри XXI баамаломада ба таври куллӣ ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро тагйир дод, ки ин, албатта, ба ташаккули шахсияти наели наврас бетаъсир намемонад.

Албатта, тагйирот баамаломада ба шуури ҷамъиятӣ низ таъсир расонида, як навъ буҳрони ахлоқиро ба вуҷуд меорад, ки ин барои аз даст додани арзишҳои анъанавии ахлоқӣ ва халалдор гардидани талабот ва қоидаҳои ахлоқӣ замина мегузорад. Тарбияи сифатҳои маънавию ахлоқии шахсият вобаста ба нисбатан пурзур шудани воситаҳое, ки фаъолияти инсонро дар ҷомеа осон мекунанд (технократизатсия), ҷараёни ҷудошавии аҳолӣ ба қишрҳои гуногун ва аз ҷиҳати моддӣ аз якдигар фарқ кардани аҳолӣ, вобаста ба зуд тагйир ёфтани ҷаҳони имрӯза, вобаста ба фаъол будани инсон ба иҷрои амалиёти наву рафторҳои нав, аҳамияти хеле ҳам муҳимро касб мекунанд. Ба ҳамин муносибат кор дар самти тарбияи маънавию ахлоқии наели наврас дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пурзӯр мегардад, ки айни замон ҷустуҷӯи шаклу воситаҳои нави тарбияи ахлоқии мактаббачагон ба амал омада истодааст.

Айни замон дар ҷомеа буҳрони иҷтимоӣ давом дорад, ки ин, албатта, ба асосҳои тарбияи ахлоқии ҷомеа таъсири худро мерасонад. Ҳамзамон даст кашидан аз анъанаҳои гузашта, набудани мақсад, вазифа ва арзишҳои муайян ба инкишофи ахлоқии наели наврас ба оқибатҳои номатлуб оварда мерасонад. Тадқиқоти сотсиологӣ ва педагогӣ нишон медиҳад, ки дар давраи дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ аз ҳама мураккабтар дар назария ва амалияи илми педагогика масъалаи камолёбии ахлоқии шахсият боқӣ мемонад.

Ба ҳамин муносибат ҷустуҷӯи шаклу воситаҳои нави тарбияи ахлоқии мактаббачагон ба амал меояд, ки ба як қатор шартҳо вобаста мебошад:

-ба таври якхела таъсир расонида натавонистани омилҳои иҷтимою иқтисодӣ ва педагогӣ барои дар амал татбиқ намудани тарбияи ахлоқии хонандагон;

-омода набудани аксари коллективҳои педагогӣ барои ба таври натиҷанок ба роҳ мондани тарбияи ахлоқии хонандагон дар шароити бештар тагйир ёфтани шароити иҷтимоӣ;

-ба ҳақиати воқеӣ нигаронида нашудани аксар назарияҳои тарбияи ахлоқӣ дар шароити ҳақиқати иҷтимоию педагогӣ;

-дар оила пастшавии симои ахлоқии падару модар мушоҳида карда мешавад, ки ин ногузир боиси аз даст додани мавқеи ахлоқии кӯдакон мегардад;

-мавҷуд набудани низоми мукаммали омӯзиши рафтору кирдори кӯдакон ба омӯзгорон имкон намедиҳад, ки сабабҳои зоҳир намудани рафторҳои ношоистаи мактаббачагонро муайян намоянд.

Гузаронидани сӯҳбат, мусоҳиба, пурсишномаҳо миёни омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ нишон дод, ки дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол бисёр мушкилот вудуд дорад. Ин вазъият

242

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES

№1(42) 2015

ба зарурияти куллиан такмил додану аз нав дида баромадани мазмун ва маҷмӯи шаклу усулҳои нави таъсиррасонй ба шахсияти мактаббачагонро ба миён меорад.

Масъалаи тарбияи маънавию ахлоқӣ наели наврас ҳамчун масъалаи муҳим, на танҳо мавриди таҳқиқу омӯзиши илми педагогика, ҳамзамон мавриди таҳқиқу омӯзиши илмҳои фалсафа, иҷтимоиёт, психология ва дигар илмҳо низ қарор дорад.

Файласуфон, олимони соҳаи иҷтимоиёт, психологҳо, педагогҳо аз нуқтаи назари ба худ хос масъалаи ахлоқнокиро маънидод намуда аксари онҳо маънавиётро ҳамчун маҳак ва қисми марказии кори тарбиявӣ меҳисобанд.

Мо дар масъалаи тарбияи арзишҳои маънавию ахлоқии хонандагон мавқеи файласуфонро дар бораи шуури ҷамъиятӣ ҳамчун як раванди фаъоли эҷодӣ, ки ҳаёти воқеиро инъикос менамояд, ба асос гирифтем. (С.Ф. Анисимов, Р.Г. Апресян, А.А. Архангелский, В.М. Бакшатновский, Г.Е. Глезерман, А.И. Гусейнов, М. Мамардашвили, Н.Н. Крутов, А.А. Спиркин,) Ҳамчунин ба назар гирифта шуд, ки роҳи беҳтарини тарбияи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ин иштироки бошууронаи ҳар як шаҳрванд дар барпо намудани ҷомеаи нав мебошад.

Файласуфон вазифаҳои зерини ахлоқро, аз қабили инсондӯстӣ, арзишнокию самтнокии ахлоқ, батанзимдарорӣ, назарияи гнесеологӣ, ваҷҳнокӣ, арзишнокию робитанокии ахлоқ ва пешгӯикунӣ кушода додаанд. А.И. Титаренко моҳият ва вазифаҳои арзишҳои маънавию ахлоқиро муайян намуда, қайд менамояд, ки «ахлоқнокӣ барои инсон нақши ивазнашавандаи «кутбнамо»-и (компас) рафторро иҷро менамояд, ки имкон медиҳад шахе ба таври самаранок мавқеи худро дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дунёи махсуси фарҳангӣ, ҷаҳони арзишҳои иҷтимоӣ муайян намояд (8, 99).

Файласуфон робитаи байни ахлоқ ва ҷомеаро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулосае омаданд, ки шуури ҷамъиятӣ ҳастии ҷамъиятиро муайян месозад. «Дар ин маврид дар маркази диққат на он робитаҳое қарор доранд, ки аз ҳастии ҷамъиятӣ ба шуури ҷамъиятӣ равона карда мешаванд, балки ҳамон робитаҳои мутақобилаи аз шуури ахлоқӣ ба ҳастӣ ва ба ҷомеа нигаронидашуда қарордоранд» (2, 35).

Тавре файласуфон қайд менамоянд, маънавиёт ин дониши махсус буда, онро ҳамчун дониши махсус инкор намудан ҷоиз нест. «Аввалан, он бо дониш на ба он маънӣ алоқамандӣ дорад, ки ба муносибати инсон ва фарҳанги маънавии ӯ таъсир мерасонад, балки ба ин маънӣ аст, ки аксар вақт меъёрҳои ахлоқӣ шакли муайянро гирифта, пурқувват мешаванд ва то андозае таъсири донишҳои назариявии одамонро (ба илмҳои табиӣ, илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ) оид ба ҳақиқати воқеӣ меозмоянд» (2, 55-56). Аз нигоҳи мо чунин тарзи муайян намудани мафҳуми ахлоқ барои таҳқиқоти масоили тарбияи арзишҳои маънавӣ-ахлоқии хонандагон хеле муҳим мебошад.

Файласуфи ахлоқшинос А.А. Ҳусейнов ҳангоми ба роҳ мондани тарбияи маънавию ахлоқӣ муқобили пеш гирифтани роҳи ба ахлоқ тобеъгардонӣ, насиҳатгӯиҳо ва талқини ҳаёти маънавии пуршиддат баромада, таъкид намудааст, ки «ҳеҷ гоҳ ин маънои онро надорад, ки гӯё тарбияи ахлоқӣ бидуни ба тарбиягирандагон додани таҷрибаи ахлоқӣ ба воситаи сухан, бе муроҷиат ба арзишҳои ахлоқӣ дар ҳамон намуде, ки онҳо дар забои инъикос ёфтаанд, амалӣ мешавад. Маълум аст, ки ин номумкин аст. Расонидани таъсири ахлоқӣ бо усули шифоҳӣ дар навбати худ шароити муайянро талаб менамояд. Дар айни ҳол сухан дар бораи самаранокии муҳокимаронии ахлоқию тарбиявӣ меравад, на дар бораи сухан (масалан, дар бораи ягон асари бадей)» (8, 244). Ба ақидаи мо, муаллиф роҳу усули хеле ҳам мувофиқи тарбияи арзишҳои маънавию ахлоқиро муайян намудааст. Муҳокимарониҳои мустақиман босуботи ахлоқӣ дар он ҳолате бамаврид мебошанд, ки онҳо ҳодисаҳои гирду атроф ва фикру ақидаи умумиро инъикос кунанд, маънои ахлоқии вазъияти муайянро муҳим шуморанд, ба таври зич ба муносибатҳои боварӣ ва муҳаббат байни фард дохил бошанд, ба хоҳиши фард мувофиқ бошанду талаботеро амалй намоянд, ки муҳокимарониҳои ахлоқӣ ба кй нигаронида шуда бошад.

Ғояи ташаккули арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар асарҳои педагогҳои машҳур А.С. Макаренко, Н.К. Крупская ва В.А. Сухомлинский амиқ таҳлил гардидааст. Онҳо бар он ақида буданд, ки арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар сурате амалй мегарданд, ки агар мактаббачагон маънй ва мафҳуми аслии мақсадҳои дар назди домеа гузоштаро дарк намоянд.

Н.К. Крупская менависад: «Одаме, ки кору амалаш аз якдигар фарқ мекунад, ба ҳеҷ дарде даво шуда наметавонад. Ӯ ба осонй ба доми шахеи разил афтида, ба коре хиёнат мекунад, ки барои он мубориза бурда истодааст» (3, 681). Бинобар ин, ӯ таъкид менамояд, ки дар хонандагон бояд чунин маҳоратеро тарбия намоем, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаашон тарзи рафтори дурустро на дар сухан, балки дар амал интихоб намоянд.

Масъалаи ташаккули арзишҳои маънавию ахл_оқии мактаббачагон дар мақола ва асарҳои А.С. Макаренко ҳаматарафа асоснок карда шудааст. Ӯ барномаи комили назарияи ахлоқро кор карда

243

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES

№1(42) 2015

баромада, онро дар ҷаласаҳои умумй ба самъи тарбиятгирандагони худ пешниҳод менамуд. Ӯ таъкид менамуд, ки барон амалӣ намудани ин барнома омӯзгоронро зарур аст, ки дойр ба амалй намудани мақсади тарбияи ахлоқӣ тасаввуроти комил дошта бошанд. Бинобар ин, дар тадқиқоти илмии А.С. Макаренко назарияи ахлоқ, шарҳу эзоҳи усулҳои ахлоқ мавқеи муҳимро ишгол менамоянд. «Ман дар хотир дорам, ки баъди як сӯҳбат дар мавзӯи ахлоқ чи тавр зуд ва бо хушнудӣ коллективи ман дар баъзе ҳолату вазъиятҳо ба вуҷуд меомад. Як қатор сӯҳбат ва силсиласӯҳбатҳо дар мавзӯи ахлоқ миёни коллективи май муҳити солими фалсафиро ба миён меовард»,-менависадА.С. Макаренко (6, 142).

Тарбияи арзишҳои маънавию ахлоқии мактаббачагонро амалй намуда, А.С. Макаренко қайд менамуд, ки донише, ки бо кору фаъолияти воқеӣ алоқамандӣ надошта бошад, асоси фаъолият шуда наметавонад. Ягонагии эътиқоди ахлоқӣ ва рафторҳои ахлоқӣ, ба ақидаи А.С. Макаренко, дар тарзи рафтори тарбиятгарон инъикос меёбад, яъне вақте наврас дар танҳоӣ қарор дораду бояд ягон рафтори хуби «махфӣ» зоҳир намояд. Ӯ чунин меорад: «Мо бояд дар мактабҳои худ чунин ашхосеро тарбия намоем, ки ҳар кадоми онҳо аъзои фаъоли ҷомеа бошанд, дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёти худ меъёрҳои дурусти рафторҳои ахлоқиро интихоб намоянд ва дар навбати худ қобилияти аз дигарон талаб намудани чунин рафтору муносибати дурустро дошта бошанд» (6,142).

В.А. Сухомлинский чунин меҳисобад, ки арзишҳои маънавию ахлоқии мактаббачагон, ақида ва ҳиссиётҳои ахлоқӣ, пеш аз ҳама, дар меҳнат, мубориза ва дар кору фаъолияти воқеии ҳаррӯза ба миён меоянд. Ӯ дар асоси далелҳои дақиқу равшан исбот намудааст, ки роҳи ташаккули арзишҳои_маънавию ахлоқии мактаббачагон тавассути одатҳои ахлоқӣ ва шуури ахлоқӣ сурат мегирад. Ӯ тасдиқ менамояд, ки асоси шуури ахлоқӣ дар давраи бачагӣ ва наврасӣ гузошта мешавад. «Маҳз дар хурдсолӣ, ки қалб пур аз таъсири эҳсосот аст, мо метавонем дар назди кӯдакон меъёрҳои ахлоқии умумибашариро возеҳу равшан кушода, алифбои ахлоқро омӯзонем» (6, 160). Педагоги боистеъдод маҳз ҳамон меъёрҳои асосии ахлоқро нишон додааст, ки онҳо барон наврасон ҳамчун алифбои ахлоқ ва мактаби ибтидоии шаҳрвандӣ хизмат менамоянд (6, 162-165).

Бояд зикр намуд, ки инсон дар ҳаёти ҳарӯзаи худ рафторҳои гуногуни ахлоқиро мушоҳидаи намуда, таассуроти гуногунро аз cap мегузаронад. Дар натиҷаи мушоҳида рафторҳои гуногуни ахлоқӣ тасавуроти ахлоқии инсон ганӣ мегардад, ки ин имкон медиҳад, шахе дар интихоби рафтори ахлоқӣ душворӣ накашад.

Шахе дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ дар кор ва хона, ҳангоми муносибат бо кӯдакон, ҳамкорон, дӯстон, хешу табор ва пайвандон, мизоҷон, кӯшиш мекунад, ки масъалаҳои ба худ ва дигарон дахлдоштаро ҳал намояд. Донишҳои муайяне, ки инсон дар соҳаи ахлоқ аз худ мекунад, дар натиҷаи муоширати амалӣ бо дӯстон ва одамони дигар, ҳангоми хондани асарҳои бадей ва воситаҳои ахбори омма ба даст меоянд. Ammo мулоҳизаи дуруст на ҳама вақт дар ҳалли вазифаҳои ҳаётан муҳиме, ки инсон дар назди худ мегузорад, ёрй расонида метавонад. Барон ни зарур аст, ки аввалан арзишҳои маънавию ахлоқӣ бошуурона аз худ карда шаванд ва дуюм барон он кӯшиш намудан лозим, ки дар инсон талаботи дар амал истифода бурдани онҳо эҳсос карда шавад.

Маънавиёт ҳамчун яке аз ҷузъҳои муҳими маданияти инсон ба паҳлӯҳои ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа алоқамандии зич дорад. Масъалаи тарбияи арзишҳои маънавию ахлоқии наели наврас яке аз масъалаҳои муҳими илми педагогика ба шумор рафта, ҳамзамон яке аз масъалаҳои марказии на танҳо назарияи педагогика, балки яке аз муҳимтарин проблемам сиёсати домеа низ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз домеа ба инсони комил ниёз дорад. Бинобар ин, дар назди омӯзгорон вазифа гузошта мешавад, ки дар хонандагон унсурҳои дохилии равонй, ба монанди худдарккунй, худназораткунй, худбаҳодиҳӣ ва гайраро ташаккул дода, кӯдакон на танҳо ба воситаи тарбия, балки ба омили он низ табдил ёбанд.

Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз на танҳо омӯзгорони синфҳои болой, балки омӯзгорони синфҳои ибтидоиро низ ба ташвиш овардааст ин дар мактаббачагони хурдсол ба таври нокифоя ташакул ёфтани арзишҳои маънавию ахлоқӣ мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки бо роҳу усулҳои самаранок дар мактаббачагони хурдсол тарбияи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон муайян намудан лозим аст, ки инкишофи ахлоқии мактаббачагони хурдсол ба кадом самт равона мебошад.

Тарбия ва ташаккули арзишҳои ахлоқӣ мураккаб буда, дар ҳар давраи инкишофи синнусолии наели наврас мақсад ва вазифаҳои он тагйир меёбад. Ташаккули арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар сурате самараи дилхоҳ дода метавонад, ки агар омӯзгорон ва падару модарон аз овони бачагй ба

244

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES

№1(42) 2015

ин масъала ҷиддӣ машгул шаванд. Таҳкурсии арзишҳои маънавию ахлоқӣ низ дар синни хурди мактабӣ гузошта мешавад. В.А. Сухомлинский таъкид менамояд, ки «Тарбияи ахлоқӣ аз аввалин қадамҳои бошууронаи кӯдак cap шуда, то вақте давом мекунад, ки вай он ҳақиқатеро, ки нуқтаи баланди маданияти ахлоқи инсонист, аз худ кунад» (13, 73). В.А. Сухомлинский аз худ намудани рафторҳои неки инсониро шарти муҳими ташаккул додани арзишҳои ахлоқии наели наврас шуморида, роҳҳои дар назди кӯдакон чй тавр кушода додани нишонаҳои аввалини маданияти ахлоқиро, ки ҳамчун ибтидои мактаби камолоти инсонист, нитон додааст.

Бояд зикр намуд, ки агар мо ҳар чи бештар ба хонандагон дар бораи меҳрубонӣ ва гамхору дилсӯз будан нисбат ба якдигар ҳарф зада, сангдилию бераҳмиро маҳкум намоем ҳам, агар кӯдак дар кӯчаву бозор, магоза ва мактаб шоҳиди муносибати дагалона шавад, пас ҳамаи кӯшишҳои мо нисбат ба талқини ахлоқи шоиста ба боди фано хоҳанд рафт.

Одатҳои бад дар кӯдакон худ аз худ пайдо намешаванд. Агар кӯдакон ягон рафтори нодуруст содир кунанд, ё худ дар вақти суханронӣ суханҳои қабеҳро истифода баранд, падару модарон ҳайрон мешаванд, вале онҳо фаромӯш мекунанд, ки худи онҳо бо ҳамсояҳо чунин рафтор менамоянд, кӯдакон бошанд, танҳо онҳоро тақлид ва такрор менамоянду халос. Ба ибораи дигар гӯем, роҳи тайнамудаи кӯдак ин ҳамон роҳи тайкардаи падару модарон мебошад.

Масъалаи дигаре, ки падару модарон ва омӯзгорон ба он бояд эътибори диддй диҳанд, ин дар мактаббачагони хурдсол ба қадри даркорӣ инкишоф наёфтани тафаккури интиқодӣ мебошад, ки ин ба дарки яктарафаи меъёрҳои ахлоқӣ оварда мерасонад. Мо бояд дар хонандагон мал акай муқоиса намудани рафтори худ бо дигаронро омӯзонем, ки ин ба ташаккули сифатҳои ахлоқии хонандагон дигаргунии диддиро ворид месозад. Барон ин зарур аст, ки бо хонандагон мунтазам корҳои гуногуни дастдамъи ташкил карда гузаронида шавад. Аз нуқтаи назари педагогй як воситаи хубу самарабахши ташаккули арзишҳои маънавию ахлоқии мактаббачагони хурдсолр ин ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намудани хонандагон мебошад. Корҳои дастҷамъона ҷамъиятӣ бояд озодонаву ба таври демократй ташкил карда шаванд, то ин ки дар мактаббачагони хурдсол унсурҳои мустақилона кор кардан бештар ташаккул дода шавад. Ҳамзамон иштироки бачаҳо дар корҳои гуногуни дастдамъиба мактаббачагони хурдсол имкон медиҳад, ки як муҳити хубе барон ташаккул додани афкори меҳнатдӯстӣ ва супоришҳои ҷамъиятӣ ба миён оварда шавад. Дар ин до, бисёр муҳим аст, ки омӯзгор тамоми кору фаъолият, ташаббус ва махсусан фаъолияти эдодии хонандагонро барон манфиати умум дастгирй намояд.

Бояд зикр намуд, ки фаъолияти дастдамъитадрибаи рафторҳои ахлоқии хонандагонро бой гардонда, дар онҳо мустақилона фаъолият карданро меомӯзонад. Дар кору фаъолияти мухталифи дастдамъи иштирок намуда, дар хонандагон эҳсоси ба ҳам ёриву кӯмак кардан пайдо мешавад. Онҳо ба меҳнати худ эҳтиёткорона муносибат менамоянд, кори огозкардаи хешро то ба охир мерасонанд. Ҳамин тариқ, бачаҳо тавассути фаъолияти дастдамъона меъёрҳои оддии ахлоқро хуб аз худ менамоянд.

Шароити аз ҳама хуб барон аз худ намудани меъёрҳои ахлоқӣ ин иштироки кӯдакон дар корҳои муфити дамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Бачаҳо дар фаъолияти дастдамъона иштирок намуда, ба талабот ва хусусиятҳои хоси кори фоиданоки дамъиятй ошно мешаванд, аз хушнудии корҳои дамъиятӣ огоҳ мегарданд. Дар дараёни чунин корҳо аз худ намудани меъёрҳои ахлоқӣ беҳтару хубтар сурат мегирад.

Ташкили меҳнати фоиданоки дамъиятй ба мактаббачагони хурдсол имкон медиҳад, ки онҳо меъёрҳои ахлоқиро бошуурона аз худ кунанд. Дар дараёни ин ё он кори фоиданоки дамъиятй дар кӯдакон ҳиссиётҳои ахлоқии гуногун ба миён меояд, ки ин барон рутттдн хуби эҳсосот ва диду назари онҳо мусоидат менамояд. Байни эҳсос ва ташвишоти онҳо робитаи табий мавдуд аст. Ҳангоми набудани ин навъи робита арзишҳои маънавию ахлоқӣ рушду такомул намеёбанд. Эҳсоси хуби ахлоқӣ, ки дар дараёни корҳои дамъиятии мухталиф ба миён меояд, барон қонеъгардонии шавқу завқи хонандагон шароити хуберо фароҳам меорад. Дар сурати набудани эҳсоси ахлоқӣ, хонандагон аз рафтори худ ва дигарон таассуроти хуб намебардоранд. Ҳамзамон зарур аст, ки дар раванди фаъолияти дастдамъона ба таври муназзам афкори умум ташаккул дода шавад, ки он дар асоси донишҳои ахлоқӣ ва рафтор кӯдакон асос ёфта бошад.

Ба корҳои озмоишии гузаронидашуда такя намуда, қайд намудан бамаврид аст, ки шарти асосй, ки бидуни он ҳалли масъалаи ташаккули арзишҳои маънавию ахлоқии мактаббачагони хурдсол гайриимкон аст, ин муносибати фардӣ ба ҳисоб меравад. Муносибати фардй бо мактабачагони хурдсол ба шахсияти ҳар яке аз онҳо таъсири мусбат мерасонад, агар он аз рӯи низоми муайян амалй карда шавад:

-омӯхтани рафтори кӯдак;

245

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES

№1(42) 2015

-муайян намудани восита ва усулҳои муайян;

-ташкили дурусти муносибати фардӣ бо ҳар як кӯдак ҳангоми иҷрои корҳои гуногуни дастҷамъӣ;

Ҳар қадаре ки дар фаъолияти якҷоя имкониятҳои фардӣ, сифатҳои шахсии мактаббачагон кушода шаванд, ҳамон қадар зиёдтар мазмуни ахлоқии амали иҷрошуда арҷгузорӣ шуда, онҳо аз иҷрои кори муайян қаноатманд мешавад. Ин дар кӯдакон боваринокӣ ва қавииродагиро ташаккул дода, шахсро ҳидоят менамояд, ки қавлу амалаш аз якдигар фарқ накунад ва бовариро ба мақсадҳои гузошташуда зиёд созад. Дар ин ҷо таъкид намудан лозим аст, ки қобилияти иҷрои корҳои якҷоя хонандагонро водор месозад, ки бо дигар ашхос ҳамкорӣ намоянд, бо онҳо муносибатҳои хуби ҳамкории хешро барқарор созанд, қувваю кӯшиши худро барон ба даст овардани мақсади ягона равона созанд. Ширкат дар корҳои дастҷамъӣ на танҳо иҷрои якҷояи амалҳои гуногун мебошад, балки муносибатҳои мухталифи байни иштирокдорони он низ ба ҳисоб меравад. Ба онҳо ҳамчунин талаботҳои ҷамъиятӣ, ки мақсади онҳо аз мувофиқ омадани ин муносибатҳо бо меъёрҳои муносибати байниҳамдигарӣ иборат мебошад, дохил мешаванд.

Ташкилу ба роҳ мондани тарбияи арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар мактаббачагони хурдсол бе алоқаи мактаб бо оила гайриимкон аст. Муваффақияти кори муаллим бо падару модарон дар он зуҳур меёбад, ки ӯ то кадом андоза метавонад дар якҷоягӣ рафторҳои манфӣ ва мусбии хонандагонро баҳо диҳад. Таъсирнокии ҷараёни аз худ намудани арзишҳои маънавию ахлоқии мактаббачагони хурдсол ҳамчунин аз чи туна муносибат намудани муаллимон ба падару модарон вобастагии зиёд дорад. Бинобар ин, муаллимон дар муносибат бо падару модарон ҳамеша бояд меъёрҳои педагогии ахлоқиро риоя намоянд.

Муваффақияти ҳамкории мактаб бо оила дар ташаккули арзишҳои маънавию ахлоқии мактаббачагони хурдсол ҳамчунин аз баланд бардоштани маданияти педагогии волидайн вобастагии калон дорад. Бинобар ин, яке аз масъалаҳои ташкили кори озмоишӣ-таҷрибавии мо баланд бардоштани маданияти педагогии падару модарон ба ҳисоб мерафт.

Дар ташаккули арзишҳои маънавию ахлоқии мактаббачагони хурдсол вобаста ба шароити имрӯза истифодаи бурдан аз урфу одат ва анъанаҳои пешқадами халқи тоҷик, ки дар давоми ҳазорсолаҳо наели зиёдро дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия намуданд, аҳамияти беандоза калон доранд. Бинобар ин, лозим аст, ки дар оила ва мактаб роҳҳо ва усулҳои самарабахши анъанаҳои халқиро дар алоқамандӣ бо шароити имрӯза ҷустуҷӯ карда шавад.

Яке аз воситаҳои самарабахшу муфид дар ташаккули арзишҳои маънавию ахлоқии мактаббачагони хурдсол ин тарбия намудани ҳисси қарзи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Тарбияи ҳисси қарзи инсонӣ яке аз масъалаҳои муҳими илми педагогика ба шумор рафта, ҳамзамон яке аз масъалаҳои марказии на танҳо назарияи педагогика, мактаб ва оила, балки яке аз муҳимтарин проблемам сиёсати домеа низ ба ҳисоб меравад.

Дар наели наврас ташаккул ва тарбия намудани ҳисси қарзи инсонӣ ба шарте самараи дилҳоҳ дода метавонад, ки агар ба ин кор ҳанӯз аз овони кӯдакӣ шурӯъ карда шавад. Заминаҳои пайдоиши ҳисси қарзи инсонй аввал дар оила гузошта мешаванд. Оила барои мактаббачагони хурдсол ҳам ҳайъати меҳнатӣ ва ҳам такягоҳи ахлоқӣ ва ҳам дараҷаи баланди меҳру муҳаббати инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Эҳсоси қарз ҳангоме дар дили кӯдак ошён мегузорад, ки агар сухани тарбиятгар дар қалби ӯ нерӯи рӯҳиро падид оварад ва барои меҳнати илҳомомез баҳри нафъи халқу меҳан ифода кардани худро воҷиб донад. Агар сухани тарбиятгар орому осуда бошад, агар ҳадафи сухани ӯ танҳо хабар додан бошад, дар ин сурат он нерӯи рӯҳие, ки барои адои қарзи олӣ водиб аст, дар дили кӯдак устувор нахоҳад шуд ва ӯро сӯи қуллаҳои баланди ормонҳо бурда наметавонад.

Эҳсоси қарзи инсонй ҷавҳари ахлоқие мебошад, ки ташакули инсони комили домеа ба он вобастагии зиёд дорад. Эсоси қарзи инсонй, ин садоқати шаҳрвандӣ ба гояҳову ормонҳо, тобеъ карда тавонистани манфиати худ ба манфиати умум, маҳрум сохтани худ аз мақсадҳои шахей баҳри баромадан ба қуллаи ормонҳои баланд, оштинопазирй ба душман ва омодагй бахшидани рӯзгори худ дар роҳи шараф, шафқат ва шӯҳрати меҳан ва некй карда тавонистан ба мардум аст.

Эҳсоси қарз довари ботинии инсон ва муҳимтарин ангезаи виддон мебошад. Дар баробари ин, барои инсон эҳсос намудани қарзи инсонй аз он нуқтаи назар қадру қиммат пайдо мекунад, ки бе дарки он ӯ қонунҳои надиби ахлоқи инсониро тасаввур карда наметавонад.

246

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES

№1(42) 2015

ПАЙНАВИШТ:

1. Глезерман,Г.Е. Рождение нового человека. /Проблемы формирования личности при социализме / Г.Е.Глезерман. - М.: Политиздат, 1982.- 255 с.

2. Краткий словарь по философии/ Под. общ. ред. И.В. Блауберга, И.К. Пантина.- 4-е изд.-М.: Политиздат, 1982.- 431 с.

3. Крупская, Н. К. Научимся работать по настоящему. // Пед. соч.: В 10- ти т. Т.3./ Н.К.Крупская. М.: Издательство АПН РСФСР, 1959.- 426- 427с.

4. Крутов, Н.Н. Мораль в действии: (О закономерностях влияния морали на поведение личности/

H. Н.Крутов. - М.: Политиздат, 1977.-255 с.

5. Макаренко, А.С. Методика организации воспитательного процесса. // Пед. соч. в 8-ми т. Т.1./ А.С. Макаренко.-М.: Педагогика, 1983.-С.267- 329

6. Макаренко, А.С. //Пед. соч. в 8-ми т. Т. 4./ А.С. Макаренко. -М.: Педагогика, 1984.-С.41-375

7. Мамардашвили, М. К. Как я понимаю филосифию: Избр. ст., докл., выступ., интервью. / М. К.Мамардашвили,Трете издание.-М.: Прогресс, 1999.- 415 с.

8. Марксистская этика: Учебное пособие для вузов / А.А. Еусейнов, В.И. Бакштановский и др.: Общ. ред. А.И. Титаренко -3-е изд., дораб. и доп.-М.: Политиздат, 1986.- 336 с.

9. Мораль и этическая теория./ Под ред. О.П. Целиковой.-М.: Изд.-во «Наука», 1974.- 295 с.

10. Нравственное воспитание. //Проблемы теории и практики. Ред. кол.: А.К. Уледов (отв. ред.) и др.- М.: Мысль, 1979.- 303 с.

11. Ожегов, С.И. Словарь русского языка. Ок. 57000 слов /Под. ред. докт. фил. наук. Н.Ю. Шведовой.- 14-ое изд. стереотип. М: Русь. яз., 1983. - 816 с.

12. Пиаже, Ж. Избранные психологические труды. Психология интеллекта. Еенезис числа у ребёнка/ Ж. Пиаже. М.: Просвещение, 1969.- 659 с.

13. Сухомлинский, В.А. Избр. пед. соч., в 3-х т. Т.3./В.А. Сухомлинский. -М.: Педагогика, 1981.640с.

14. Сухомлинский, В.А. Избр. пед. соч. в 3-х т. Т.2./В.А. Сухомлинский. - М.: Педагогика, Педагогика, 1980.- 348с.

15. Теоретические проблемы воспитательного коллектива.//Тартуский гос. ун-т.-Тарту, 1975.- 308с.

REFERENCES:

I. G. E. Glezerman, The birth of the new man. / The problems of forming a personality in the environment of socialism / G. E. Glezerman, Moscow: Politizdat, 1982.-.255p.

2. Concise Dictionary of Philosophy / Editor-in-chief I V Blauberg, I K Pantina, 4th edition, Moscow: Politizdat, 1982.- 431p.

3. N. K. Krupskaya, Let's learn to work properly // Pedagogical Writings: in 10 volumes, volume 3./N. K. Krupskaya- Moscow: Publisher APN RSFSR, 1959.- 427p.

4. N. N. Kroutov, Morality in action: (On the laws of morality influence on the behavior of an individual / N. N. Krutov, Moscow: Politizdat, 1977.- 255p.

5. A. S. Makarenko, Methodology of organizing educational process // Pedagogical Writings in 8 volumes, volume 1. / A. S. Makarenko, Moscow: Pedagogy, 1983.- P.267- 329

6. A. S. Makarenko, // Pedagogical Writings in 8 volumes, volume 4. / A. S. Makarenko, Moscow: Pedagogy, 1984.- P.41-375

7. M. K. Mamardashvili, My understanding of philosophy: selected articles, rep., the speeches, interview. / M. K. Mamardashvili, Moscow: Progress, 1999.- 415p.

8. Marxist ethics: A teaching manual for high schools / A. A. Guseinov, V I Bakshtanovskiy et al: Gen. Ed. A. I. Titarenko, 3rd ed., improvement and amendments, Moscow: Politizdat, 1986.- 336p.

9. The moral and ethical theory. / Ed. O. P. Tselikova, Moscow: Nauka, 1974.- 295p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

10. Moral education. // Problems of theory and practice, editorial board: A. K. Uledov (responsible editor) and others, Moscow: Mysl, 1979.- 303p.

11. S. I. Ozhegov, Dictionary of Russian Language, under editorship of the Doctor of Philology N. U. Shvedova, 14th ed. Stereotype / S. I. Ozhegov. - Moscow: Russkiy Yazik, 1983.- 816p.

12. J. Piaget, Selected psychological works. Psychology of intelligence, The genesis of a number in the child / J. Piaget, Moscow: Prosvesheniye, 1969.- 659p.

13. V. A. Sukhomlinskiy, Selected pedagogical writings, in 3 Vols. V.3. / V. A Sukhomlinskiy, Moscow: Pedagogika, 1981.- 640 p.

247

НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES

№1(42) 2015

14. V. A. Sukhomlinskiy, selected pedagogical writings in 3 Vols. V.2. / V. A. Sukhomlinskiy, Moscow: Pedagoghika, Pedagoghika, Moscow 1980.- 348p.

15. Theoretical problems of an educational team: a collection of articles, Tartu: Tartu State University Press, 1975.- 308p.

Актуальные вопросы духовно-нравственного воспитания младших школьников на современном этапе

Ключевые слова: духовно-нравственные качества личности, положительные нравственные качества, чувства человеческого долга, нравственный опыт, воспитание

В статье рассматриваются вопросы духовно-нравственного воспитания младших школьников на современном этапе. Автор отмечает, что вопрос духовно-нравственного воспитания является одной из важных составных частей человеческой культуры и имеет тесные связи с экономической и политической жизнью общества. Автор приходит к выводу что в современном этапе развития образовательной системы Республики Таджикистан проблема духовно-нравственного воспитания является не только центральной проблемой педагогики, но и приоритетным направлением политики государства. Исследованы возможности использования методов и исторического опыта предшественников при духовно-нравственном воспитании младших школьников Автор на основе проведенного исследования показывает, что в процессе духовно-нравственного воспитания у младших школьников формируются такие человеческие качества, как гуманность, скромность, трудолюбие, честность, правдивость, отзывчивость, милосердие, доброта, ит.д.

Topical issues of spiritual and moral education ofjunior pupils at the present stage

Keywords: spiritual and moral qualities of personality, positive moral qualities, sense of human duty, moral experience and upbringing

This article discusses the issues of spiritual and moral education ofjunior pupils at the present stage. The author notes that the issue of moral education is an important part of human culture and has a close interrelation with the economic and political life of society. The author points out that the issue of moral and spiritual education is not only a central issue of pedagogy, but also an important issue of the governmental policy in the present stage of development of education system of the republic of Tajikistan. The use of methods and historical experience of ancestors in terms of spiritual and ethical education ofjuniors is studied in the paper. Based on the study, the author shows that human qualities like humanism, modesty, diligence, honesty, truthfulness, compassion, mercy, kindness, goodness, etc. are developed in the process of spiritual and moral education ofjunior pupils.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Гулмадов Файз, номзади илмҳои педагогй, дотсент, сармутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаимаориф. (Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе),

E-mail: gulmadov.fayz@mail.ru; E-mail:fgulmadov53@mail.ru

Сведения об авторе:

Гулмадов Файз, кандидат педагогических наук, доцент, Главный специалист Государственной службы по надзору в сфере образования (Республика Таджикистан, г. Душанбе),

E-mail: gulmadov.fayz@mail.ru; E-mail:fgulmadov53@mail.ru

Information about the author:

Gulmadov Faiz, Candidate of Science in Pedagogy, Associate Proffesor, Chief Expert of the State Service on Education Monitoring (Republic of Tajikistan, Dushanbe),

E-mail: gulmadov.fayz@mail.ru; E-mail:fgulmadov53@mail.ru

248

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.