Научная статья на тему 'Мулоҳизаҳо дар бораи иҷтимоъгароӣ дар раванди таълиму тарбияи мактаббачагон'

Мулоҳизаҳо дар бораи иҷтимоъгароӣ дар раванди таълиму тарбияи мактаббачагон Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
1505
79
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
мутобиќшавии иљтимої / ташаккул / тарбия / иљтимоинамої / таълим / хусусиятњои психологї / мактаббачаи хурдсол / бозї / муњити иљтимої / социальная адаптация / формирование / воспитание / социализация / обучение / психологические особенности / младший школьник / игры / социальная среда

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Собирова Назира Солиљоновна

Дар маќола масъалањои мутобиќшавии иљтимоии хонандагони хурдсол њамчун масъалаи педагогї баррасї гардидааст. Кайд шудааст, ки дар синни 6-10 солагї ќуввањои потенсиалии насли наврас њамчун мањаки шахсият ташаккул меѐбад. Дар њамин давра то 70 фоиз сифатњои шахсии кӯдак маълум ва поянда мегарданд. Иттилооти дар ин синну сол азхудшуда дар тамоми умр боќї мемонад. Натиљагирї карда мешавад, ки мактаби ибтидої бояд чунин муњити иљтимоиро созмон дињад, ки дар он лањзањои гуногун, аз он љумла бозињо ба бачањо барои азхуд кардани њуќуќњои худ, озодона худмуайяншавї, инчунин дар асоси таљрибаи бевоситаи шахсиаш фањмиши худро оиди мансуб будан ба арзишњои баланд-оила, мактаб, љомеаи љањонї ва миллї васеъ ва амиќ намояд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

НЕКОТОРЫЕ СООБРОЖЕНИЯ О ПРОЦЕССЕ СОЦИАЛИЗАЦИИ ПРИ ОБУЧЕНИИ И ВОСПИТАНИИ МЛАДШИХ ШКОЛЬНИКОВ

В статье рассматриваются вопросы социализации младших школьников как педагогическая проблема. Отмечается, что в возрасте 6-10 лет раскрываются потенциальные силы растущего человека, формируется ядро личности. Указывается, что в этот период проявляются и утверждаются до 70% личностных качеств ребенка, а информация, усваиваемая ребенком в этом возрасте, остается на всю жизнь. Делается вывод о том, что начальная школа должна спланировать и организовать социальную среду со своим характером и ценностями, в которой различные ситуации, включая игры, помогут детям осознать свои права, свободно самоутверждаться, а также расширить и углубить на основе непосредственного опыта свое понимание принадлежности к большим ценностям семье, школе, национальному и мировому сообществу.

Текст научной работы на тему «Мулоҳизаҳо дар бораи иҷтимоъгароӣ дар раванди таълиму тарбияи мактаббачагон»

УДК 372.85 ББК 74.262.21

Собирова Назира Солицоновна, унвонцуи кафедраи педагогикаи ицтимой ва касбии МТД "ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров (Тоцикистон, Хуцанд);

Собирова Назира Солиджоновна, соискатель кафедры социальной и профессиональной педагогики ГОУ "ХГУ имени акад. Б.Гафурова ( Таджикистан, Худжанд);

Sobirova Nazira Solidjonovna, claimant for candidate degree of the department of social and professional pedagogy SEI "KhSU named after acad. B.Gafurov (Tajikistan Khujand), E-MAIL: sobiri.n@mail.ru

Вожа^ои калиди: мутобицшавии ицтимой, ташаккул, тарбия, ицтимоинамой, таълим, хусусиятуои психологй, мактаббачаи хурдсол, бозй, мууити ицтимой

Дар мацола масъалауои мутобицшавии ицтимоии хонандагони хурдсол уамчун масъалаи педагогй баррасй гардидааст. Кайд шудааст, ки дар синни 6-10 солагй цуввауои потенсиалии насли наврас уамчун макаки шахсият ташаккул меёбад. Дар уамин давра то 70 фоиз сифатуои шахсии кудак маълум ва поянда мегарданд. Иттилооти дар ин синну сол азхудшуда дар тамоми умр боцй мемонад. Натицагирй карда мешавад, ки мактаби ибтидой бояд чунин мууити ицтимоиро созмон диуад, ки дар он лаузауои гуногун, аз он цумла бозиуо ба бачауо барои азхуд кардани ууцуцуои худ, озодона худмуайяншавй, инчунин дар асоси тацрибаи бевоситаи шахсиаш фаумиши худро оиди мансуб будан ба арзишуои баланд-оила, мактаб, цомеаи цауонй ва миллй васеъ ва амиц намояд.

Ключевые слова: социальная адаптация, формирование, воспитание, социализация, обучение, психологические особенности, младший школьник, игры, социальная среда

В статье рассматриваются вопросы социализации младших школьников как педагогическая проблема. Отмечается, что в возрасте 6-10 лет раскрываются потенциальные силы растущего человека, формируется ядро личности. Указывается, что в этот период проявляются и утверждаются до 70% личностных качеств ребенка, а информация, усваиваемая ребенком в этом возрасте, остается на всю жизнь. Делается вывод о том, что начальная школа должна спланировать и организовать социальную среду со своим характером и ценностями, в которой различные ситуации, включая игры, помогут детям осознать свои права, свободно самоутверждаться, а также расширить и углубить на основе непосредственного опыта свое понимание принадлежности к большим ценностям - семье, школе, национальному и мировому сообществу.

Key- words: social adaptation, formation of behavior, upbringing, socialization of pupils, tuition, psychological peculiarities, junior schoolchild, games, social milieu.

The article dwells on the issues ofjunior schoolchildren's socialization as a pedagogical problem. It is underscored that potential forces of growing man are disclosed at the age of 6-10; a core of an individual being formed. Up to 70% of child's personal qualities are revealed being confirmed. Information imbibed by a child at this age remains with him/her for the rest of lifetime. The inference is made that primary school must plan and organize a social milicu with its character and values; divers situations springing up there, games inclusive, will help children realize their rights, freely assert themselves as individuals, deepen and enlarge their own understanding of appurtenance to elevated ralues on the basis of direct experience_ those of family, school, national and words community.

Вазъи имрузаи ичтимоию фархднгии Точикистонро тагйиротх,ои сифатй, дигаргун шудани афзалияту арзишх,о дар шуури чамъият тавсиф мекунад. Тагйирот хдмаи сох,ах,ои чамъият, алалхусус сохди маорифро бештар фаро гирифтааст, ки ба туфайли он мундаричаи таълиму тарбияи хонандагони чавон дигаргун шудааст. Дар мархдлаи х,озираи рушди чамъият раванди инсондустй ва инсонигароии маориф беш аз пеш таквият меёбад, самтияти ба шахсият нигаронидашудаи раванди таълиму тарбия х,ар чй бештар мавкеи устуворро ишгол менамояд.

Ноустувории вазъи ичтимоию - иктисодй ва сиёсй дар чамъият, ки онро мархдлаи гузариш меноманд, ба рушди сохди фархднг ва маориф на хдмеша таъсири мусбат мерасонад, ки он, дар навбати худ, кори механизмх,ои раванди ичтимоъгароии насли наврасро мушкил месозад.

МУЛОХИЗА^О ДАР БОРАИ ЩТИМОЪГАРОИ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ МАКТАББАЧАГОН

НЕКОТОРЫЕ СООБРОЖЕНИЯ О ПРОЦЕССЕ СОЦИАЛИЗАЦИИ ПРИ ОБУЧЕНИИ И ВОСПИТАНИИ МЛАДШИХ ШКОЛЬНИКОВ

SOCIAL ADAPTATION OF YOUNGER STUDENTS AS A PEDAGOGICAL

PROBLEM

Равшан аст, ки муносибатх,ои пештара ба тарбия, мундаричаи он, усул ва воситах,ои амалй намудани тарбия, ба талаботи чамъияти демократй, ки дар Точикистон бунёд шуда истодааст, чавобгу буда наметавонад. Айни замон самтгирих,ои нави арзишй, ки ба ичтимоъгароии шахсият мусоидат мекунанд, дар мархдлаи шаклгирй карор доранд.

Таълим танх,о як чузъи ташаккули шахсият мебошад, ки бо он мактаб хдмчун муассисаи таълимй машгул аст. Тайёр набудани чавонон ва наврасон ба мутобикшавии ичтимой дар шароити имрузаи зиндагй ва ташаккули нокифояи чунин сифати шахсият, монанди фаъолнокии ичтимой аз чумлаи окибатх,ои манфии замони гузашта мебошанд. Ин х,олат ба хусусияти тарбияи насли наврас тагйироти назаррас ворид месозад. Масъалаи тарбия танх,о дар сурати ба хдсоб гирифтани хусусиятх,ои равонии шахсияти мактаббача, накши мух,ити ичтимоии тарбия, омили муносибатх,ои ичтимоии хдмон чамъият, ки дар он талаба зиндагй мекунад, хдлли пурраи худро ёфта метавонад.

Тагйироти марбут ба мундаричаи тарбияи тамоюли ахлокию шахсиятй дошта ва масъалаи ичтимоъгароии шахсият ба хонандагони синни хурди мактабй низ тааллук дорад. Мах,з ба хдмин сабаб масъала дар бораи хусусияти хддафманди таълими тамоюли ичтимой дошта, баланд бардоштани самарабахшии ичтимоъгароии хонандаи хурдсол дар каринаи фаъолияти таълимй ва имкони идораи ин раванд хеле чиддй ба миён омад.

Бе тачдиди маънавии раванди тарбия тачдиди маънавии чамъият умуман ва х,ар як узви он, шахрвандони давлати демократии тавлидёфтаистода имконнопазир аст.

Мароки илмй ба масъалаи ичитимоъгарой ва идроки он хднуз аз охири солх,ои 70-уми асри XX авч гирифта буд ва боиси ба миён омадани як катор тадкикот гардид, ки дар онх,о масъалаи ичтимоигарой амиктар, аз мавкеи мухталиф ва дар иртибот бо даврах,ои гуногуни синнусолии хдёти инсон мавриди баррасй карор гирифт.

Дар тадкики масъалаи ичтимоъгарой хдмчун х,одисаи педагогй, бисёр олимон, монанди Л.С.Виготский, П.Л.Галперин, С.Л.Рубинштейн, Д.Б.Элконин, В.В.Давидов, Л.В.Мудрик, Д.И.Фелдштейн, Н.Ф.Голованова, И.С.Кон, Л.И.Новикова, В.Г.Бочарова, Л.Н.Леонтев, А.Л.Леонтев, Ш.Л.Амонашвили, Д.С.Лихачев, Н.П.Селиванова, В.А. Сластенин, А.И.Арнолдов, Г.И.Шиянов ва дигарон сах,ми арзанда гузоштанд.

Дар тадкикоти зиёде аз ин ё он чихдт ба масъалах,ои педагогй ва психологии синни хурди мактабй бахшида шуда зикр ёфтааст, ки дар 6-10- солагй кувваи инсонй дар х,оли рушд ошкор мегардад, асоси шахсият ташаккул меёбад. Дар ин давра 70%- сифатх,ои шахсиятии хонанда ошкор ва шакл мегиранд. Маълумоте, ки вай дар ин синну сол аз бар мекунад, тамоми умр дар хотираш накш мебандад (5, 45).

Синни хурди мактабй яке аз давра^ои мух,имтарини хдёти хонанда аст, зеро замони дар мактаби ибтидой тах,сил карданаш, тачрибаи ичтимоии у фаъол шуда, тачрибаи нав ташаккул меёбад. Мах,з дар назди мактаби ибтидой вазифаи ёрй расонидан ба хонанда дар ташаккули тамоюл ва рафтори арзишманд, ки онх,о талаботи чамъият ва умуман, тамаддуне мебошанд, ки дар он бача зиндагй мекунад, меистад. Мах,з мактаб анъанах,ои мусбати ичтимой ва фархднгии онх,оро ба шароит^ои муосир мутобик мегардонад. Мукаррароти мазкур бо сиёсати давлат оид ба тарбия, ки асосаш принсипх,ои инсондустй ва хдсси баланди шах,рвандист, мутобикат мекунад ва онх,о дар Конститутсияи Ч,умх,урии Точикистон ва ^онун «Дар бораи маориф»(4), инчунин санад^ои байналхалкй оид ба хукувдои кудак инъикос ёфтаанд.

Солх,ои тах,сили хонанда дар мактаби ибтидой бо идроки чои худ дар низоми муносибат^ои чамъиятй, дар талаба пайдо шудани асос^ои дарки эчодии вокеият тавсиф меёбад. Дар синни 6-10-солагй озодии раванд^ои психикй, рефлексияи рафтори шахсй ба вукуъ мепайвандад, ки инкишофи талаботи хонандаро ба эътироф аз тарафи шахсони дигар ва талаботро ба азхуд кардани фаъолияти нави аз чихдти ичтимой мухдм таъмин менамояд. Х,амин тавр, дар ин синну сол, тадричан заминаи фархднги ичтимой гузошта мешавад, талаба чун узви чомеа, ки дар он зиндагй мекунад, ру ба ташаккул менихдд.

Ба муассисаи таълимй, аз чумла мактаби ибтидой вазифах,ои тарбияи асосх,ои ичтимоию ахлокии шахсият гузошта мешавад, ки дар оянда дар хдмаи марх,алах,ои фаъолияти хдётй уро дар худуди анъанах,ои ичтимой - фархднгии он чамъият, ки вай дар он зиндагй мекунад, нигох, медоранд.

Вазифаи мактаби ибтидой, чун шакли хдкикии маълумоти асили ибтидой, ташаккул ва инкишофи шахсияти хонанда, бидуни таълими босалохдят ва самарабахши фанх,ои мактабй бомуваффакият ичро шуда наметавонад. Мах,з фанх,ои таълимй ба туфайли хусусият ва характери байнифаннии мундаричаи таълим ба амалигардонии мукаррарот дар бораи таъиноти мактаби ибтидой мусоидат мекунанд.

Махз мактаби ибтидой бояд мухити ичтимоии дорои вижагй ва арзишхои худиро ба накша гирад ва ташкил намояд, ки дар он вазъиятхои гуногун, аз чумла бозихо, ба хонандагон ба дарки хукукхои худ, худтасдиккунии озодона ёрй мерасонад. Х,амчунин махз мактаб дар асоси тачрибаи бевосита имкон медихад кудакон мансубияташонро ба арзишхои воло - оила, мактаб, чомеаи миллй ва чахонй васеъ ва амиккунанд.

Бо вучуди он ки дар тадкикоти илмй ва адабиёти педагогй доираи васеи масъалахои марбут ба инкишоф, тарбия ва таълими хонандагони синни хурди мактабй (ташаккули раванди маърифат, ташаккули майорат ва малакаи фаъолияти таълим, тарбияи сифатхои шахсият ва г.) мавриди баррасй карор гирифтаанд, ба масоили ичтимоъгарой ва ташаккули малакаи ичтимой ва асосхои фарханги ичтимоии мактаббачаи хурдсол диккати кофй дода намешудааст.

Ичтимоъгароии шахсият - раванди мураккаб, бисёрчанба, мунтазам буда, онро хам аз мавкеи «дар тули хаёт аз тарафи фард аз бар кардани меъёри ичтимой ва арзишхои фархднгии чамъияте, ки вай ба он мансуб аст»(3, 21) ва хам аз мавкеи дар давоми зиндагй дар чамъияти мазкур аз чониби фард аз худ карда шудани тачрибаи ичтимой баррасй кардан лозим аст. Х,амин тавр, сухан дар бораи аз чониби фард аз худ кардани тачрибаи ичтимоии чамъиятй ва андухтани тачрибаи ичтимоии шахсй меравад. Махз аз ду мавкеъ баррасй кардани масъала ба раванди хамкории фард бо чамъият таъсир мерасонад, ки мохияти ичтимоъгарой низ хамин аст. Назарияи ичтимоигарой дар охири асри XIX бо нашри китоби чамъиятшиноси амрикой «Назарияи ичтимоъгарой»-и Ф.Г.Гидинг арзи хастй кардааст. Дар он бори аввал истилохи «ичтимоъгарой» истифода шуда буд (1). Боиси тазаккур аст, ки мафхуми «ичтимоъгарой», ки аз руи акидаи Гидингс «тайёр кардани маводи инсонй ба хаёти ичтимой» аст, бо шарху тафсири хозираи ин мафхум мувофикат дорад.

Давра ба давра пайдошавй ва аз байн рафтани истилохи «ичтимоъгарой» дар сахифахои адабиёти психологй ва педагогй ба муносибати манфй ба чамъиятшиносон ва равоншиносони хоричй алокаманд аст, ки аз онхо мавкеи педагогикаи давраи шуравй «пахнкунандагони чахонбинии буржуазй» махсуб меёфтанд. Таваччух ба масъалаи шахсият дар илми ичтимоии психологию педагогй боиси таваччух ба масъалаи ташаккули тачрибаи ичтимой ва мутаносибан, ба раванди ичтимоъгарой низ гардид. Табиист, ки маънидод ва мухтавобахшй ба мафхуми «ичтимоъгарой» на танхо аз рафти харакати акидаи педагогй дар сохаи ташаккули ичтимоии шахсият, балки аз шароити ичтимоию иктисодй ва чамъиятию сиёсй, ки дар он чамъият зиндагй мекунад, вобаста аст. Бинобар ин тагйироти ичтимой, ки дар чамъият ба вучуд меояд, ба шарху тавзехи мафхуми ташаккулёфта бе таъсир намемонад.

Истилохи «ичтимоъгарой» аз нуктаи назари илми педагогикаи муосир як кадар замонавй карда шудааст ва дар намуди умумй маънои зеринро дорад: «умуман таъсири мухит, ки фардро ба иштирок дар хаёти чамъиятй чалб менамояд, ба у фахмидани фарханг, рафтор дар чомеахо, худтасдиккунй ва ичрои накшхои ичтимоии мухталифро меомузад»(3, 21). Истилохи ичтимоъгароиро кутохтар чун раванди хамгироии кудак ба чамъият, «чойгир шудан дар батни фарханги инсон» муайян намудан мумкин аст (2).

Дар офаридани консепсияи муосири мафхуми ичтимоъгарой Абулханова - Славская сахми арзанда гузоштааст, ки акидаро дар бораи шахсият хамчун сатхи инфиродии хастии чамъй баён кардааст. Ба акидаи муаллиф дар ичтимоъгароии шахсият накши асосиро мухити инсон намебозад. Мухим он аст, ки дар ин мухит барои инсон чи мухимтар аст.

Дар инкишофи назарияи ичтимоъгарой инчунин сахми И.С.Конро махсус кайд кардан лозим аст, ки дар коркарди консепсияи ватании мафхуми ичтимоъгарой ва накши он дар инкишофи шахсият хиссаи назаррас гузоштааст. «Истилохи сермаънои «ичтимоъгарой» мачмуи хамаи равандхои ичтимоиро ифода мекунад, ки ба туфайли он фард системаи муайяни дониш, меъёр, арзишхоро меомузад ва тачдид мекунад, ки низоми мазкур ба у имкони ба хайси узви комилхукуки чомеа амал карданро медихад. Ичтимоъгарой на танхо таъсири бошуур, хадафманд, назоратшаванда (тарбия ба маънои васеъ), балки равандхои гайримуташаккили худбахудруйдихдро низ дар бар мегирад, ки бо ё он рох ба ташаккули шахсият таъсир мерасонанд»(6, 46). Бо акидаи «ичтимоъгарой дар байни равандхое, ки ташаккули шахсиятро тавсиф мекунанд, раванди аз хама васеъ аст», розй нашудан мумкин нест.

Фард меъёри ичтимой ва арзишхои фархангиро аз худ намуда, таъсири чамъиятро ба худ эхсос мекунад, у «ичтимоъгаро» мешавад. Меъёрхои ичтимоии чамъиятеро, ки дар он зиндагй мекунад, азхуд карда, фард вакте узви комилхукуки он мегардад, ки фаъолнокй зохир намояд, дар чамъият худро тасдик кунад ва худро инкишоф дихад.

Мураккабй ва бисёрпахлуии раванди ичтимоъгарой дар таърифхои то андозае аз якдигар тафовут доштаи ин раванд инъикос ёфтааст, ки мухаккикони гуногун баён кардаанд. Масалан,

В.Д.Паригин ичтимоъгароиро чун «раванди хеле мушкили тарбияи инсон муайян мекунад, ки нуктадои зеринро дарбар мегирад:

- заминадои биологй: вуруди бевосита ба мудити ичтимой: - маърифати ичтимой; муоширати ичтимой;

- аз бар кардани малакаи фаъолияти амалй, аз он чумла, дам олами ашё ва дам мачмуи накшдо, меъёрдо, дукукдо, вазифадо, фаъолона тагйир додани олами атроф, тагйир додан ва сифатан дигаргуншавии худи инсон, инкишофи хдмачонибаи у»(8, 9).

Ичтимоигарой ва тарбия бо дам зич алокаманданд ва табиист, ки дар раванди ташаккули шахсияти хонанда накши калон мебозанд. Аз як тараф, тачрибаи хонанда бой мегардад, аз тарафи дигар у худро дамчун шахсият татбик карда, ба вазъиятдои даётй, атрофиён таъсир расонида метавонад. То кадом андоза талаба метавонад худро дамчун намояндаи чамъияти муайян татбик кунад, аз омилдои бисёр вобаста аст. ^абл аз дама, ин умуман аз чамъияте, ки дар он ба камол расида, инкишоф ёфтааст, аз навъи муассисадои таълимие, ки дар ондо тарбия гирифтааст, аз омузгорон, волидон, дустон, ки уро дар давраи ташаккули шахсият идота менамуданд, аз хусусияти фаъолияти кудак ва аз сатди ин фаъолият вобастагй дорад.

Дар байни омилдои зиёд, ки ба раванди ичтимоъгарой таъсир мерасонанд, омилдое дастанд, ки хусусияти нисбатан умумй ва нисбатан хусусй доранд. А.В.Мудрик(7) таснифи зерини омилдои ичтимоъгароиро пешнидод кардааст: макроомилдо (коинот, сайёра, умуман олам, мамлакат, чамъият, давлат); мезоомилдо (кавм, шадр, деда, минтака, васоити ахбори омма, унсурдои нисбатан мустакили фарданг); микроомилдо (оила, дамсоя, мактаб, гуруддои дамсолон, ташкилоти гуногун). Дар дар гуруди омилдо дар чузъи он нисбат ба умуман чамъият, ба гуруди ичтимоии муайян, ба дар як шахсияти алодида вобаста аз давраи синнусолй дорои адамияти мухталиф мебошад. Гайр аз он, накш ва адамияти дар як чузъи гуруди омилдои номбаршуда метавонад аз навъи муассисаи таълимй, аз хусусияти фаъолияти таълимгиранда, аз дар як фанни таълимии мушаххас, ки инчунин дар раванди ичтимоъгарой иштирок мекунад, вобаста бошад.

Ташаккули талаба дамчун намояндаи чомеаи муайян, дарки мансубияташ ба чомеаи муайян дар низоми дамкорй бо олами атроф ба амал меояд, ки аз мачмуи омилдои ичтимоъгарой иборат аст. Дар даёти дарруза, мо мафдумдои «мамлакат», «чамъият», «давлат»-ро бисёр истифода мебарем. Ин мафдумдо вокеиятдои мухталифро ифода мекунанд ва дар яке аз ондо дар раванди ичтимоъгароии фард умуман ва талаба аз чумла накши худро мебозанд.

Мамлакат - мафдуми чугрофист. Ин масодатест, ки дудуддои муайян ва мавкеи чугрофй дорад. Шароити табиию иклимии ин ё он мамлакат гуногун аст ва ба сокинон ва фаъолияти даётии ондо таъсир мерасонад(З). Зичию афзоиши адолй, намуди муайяни меднат вазъи саломатии сокинон ба шароити чугрофии мамлакат алокаманд аст. Шароити табиию иклимиро чорчубаи муайян раванди ичтимоъгарой дисобидан мумкин аст. Ондо накши мустакилро намебозанд, аммо якчоя бо омилдои дигар баъзе хусусиятдои ичтимоъгароиро муайян мекунанд. Мамлакат, умуман яке аз мудимтарин макроомилдои ичтимоъгарой аст, зеро раванди ичтимоъгарой бевосита бо фарданги халки ин марзи чугрофй марбут аст.

Давлат - мафдуми сиёсию дукукй аст. Вай мачмуи муассисадо ва ташкилотдои ба дам алокаманд (дастгоди дукумат, макомоти маъмурй ва молия, суд) мебошад, ки чамъиятро идора мекунад, далкаи низоми сиёсии чамъият мадсуб меёбад, ки вазифадои докимиятдориро молик аст. Сиёсат, идеология, амалияи ичтимой барои шадрвандон шароити муайяни зиндагй фародам меоранд, ки дар он раванди ичтимоъгарой амалй мегардад. Бачадо, наврасон, чавонон бошуурона ва бешуурона меъёр ва арзишдоеро азхуд мекунанд, ки давлати мазкур мукаррар мекунад ва амалй мегардонад. Инчунин давлат низоми нидоддои тарбияро ташкил мекунад, ки бо ёрии он ичтимоъгароии насли наврас ба амал бароварда мешавад, зеро ичтимоъгарой ва тарбия аз чумлаи вазифадои мудимтарини давлат аст.

Ч,амъият - мафдуми асосан сиёсию ичтимой мебошад. Он мачмуи муносибатдои ичтимоии дар чамъият байни одамон мукарраргардида аст, ки аз лидози сохтор аз оила, синфдо, табакадо, гуруддои касбй, синнусолй, минтакавй ва хайрия, дамчунин давлат иборат аст. Яъне чамъият - чисми томи дорои сохтордои иктисодй, экологй, ичтимой, идеология ва фардангй мебошад, организме, ки дорои тарзи муайяни танзими фаъолияти даётии одамон аст.

Х,амин тавр, чунин шуморидан чоиз аст, ки модияти раванди ичтимоъгарой дар он зодир мегардад, ки инсон дамчун узви он чамъият, ки ба вай мансуб аст, ташаккул меёбад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Божович, Л. И. Проблемы формирования личности: Избр. психол. тр. / Под ред. Д.И. Фельдштейна ; Рос. акад. образования, Моск. психол.-соц. ин-т. - 3-е изд. - М. : МПСИ ; Воронеж : МОДЭК, 2001. - 349 с.

2. Выготский, Л.С. Собрание сочинений: т.4: Детская психология (Текст) / под ред. Д. Б. Эльконина. -1984. -431с.

3. Гавров, С.Н., Никандров Н.Д. Образование в процессе социализации личности / С.Н. Гавров //Вестник УРАО - 2008. - №5. - С.21.

4. Голованова, Н.Ф. Социализация и воспитание ребенка. / Н.Ф. Голованова. -Учеб. пос. для студ. выс. уч. зав. - СПб: Речь, 2004. - 272 с.

5. Закон Республики Таджикистан «Об образовании».-Душанбе, 2013.

6. Кон, И.С. Ребёнок и общество. -М.: Академия, 2003. -336 с.

7. Мудрик, А. В. Социализация человека. - М.: «Academia», 2004. — 300 с.

8. Парыгин, Б.Д. Основы социально-психологической теории.-М.:Мысль,1971.-352с.

REFERENCES:

1. Bozhovich, L. I. Problems of Individual's Formation. Selected Pedagogical Works // Under the editorship of D.I. Feldstein. Russian Academy of Education. Moscow Psychologico - Social Institute. The thirds edition. M.: MPS/; Voronezh: MODEC, 2001.- 349pp.

2. Vygotsky, L.S. Collection of Composition. V. 4. Children's Psychology/ Under the editorship of D. B. Elconin. - 1984/-431pp.

3. Yavrav, S.N., Nicandrov N. D. Education in the Process of Individual's Socialitization// Bulletin of URAO. - 2008, №5 - pp. 21

4. Yolovanova, N. F. socialization and Upbringing of Childe// N. F. Yolovanova. - Manual for higer school students. - SPb: Speech, 2004. - 272pp.

5. Tajikistan Republic Law "On Education ". - Dushanbe, 2013

6. Kon, I. S. Child and Society. - M.: Academy, 2003. - 336pp.

7. Mudrik, A. V. Socialization of Man. - M.: "Academia", 2004. - 300pp.

8. Pazyghin, B. D. The Yrounds of Social- Pcychological Theory. - M.: Thought, 1971. -352pp.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.