Научная статья на тему 'Peculiarities of moral-legal upbringing of students under the contemporary conditions'

Peculiarities of moral-legal upbringing of students under the contemporary conditions Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
146
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
УЧАЩИЕСЯ / ПЕДАГОГ / ШКОЛА / РОДИТЕЛИ / ВОСПИТАНИЕ / ОБРАЗОВАНИЕ / ГУМАНИЗМ / НРАВСТВЕННО-ПРАВОВОЕ ВОСПИТАНИЕ / ФОРМИРОВАНИЕ ЛИЧНОСТИ / ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ УСЛОВИЯ / PUPILS / PEDAGOGUE / SCHOOL / PARENT / UPBRINGING / EDUCATION / HUMANISM / MORAL-LEGAL EDUCATION / INDIVIDUAL''S FORMATION / PEDAGOGICAL CONDITIONS

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Шаропов Шавкатджон Ахмадович, Мухаммадиева Гулрух Изатуллоевна

В статье рассматривается актуальная проблема современности-нравственно-правовое воспитание учащихся. Отмечается, что создание нравственной среды невозможно без организации целенаправленной нравственно-правовой деятельности учащихся. Авторами исследуются некоторые особенности этой проблемы, вытекающие из сложившихся условий независимости нашей страны и определяются насущные задачи школы по организации и управлению системой нравственно-правового воспитания учащихся

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Особенности нравственно-правового воспитания учащихся в современных условиях

In their article the authors canvass the actual problem dealing with modernity moral-legal upbringing of students. It is underscored that the creation of a moral environment is impossible without an organization targeted at moral-legal activity of students. They explore certain peculiarities of the relevant problem arising from the complicated conditions of our country independence and define the vital tasks of school aimed at organization and management with the system of moral-legal upbringing of students.

Текст научной работы на тему «Peculiarities of moral-legal upbringing of students under the contemporary conditions»

13.00.02.НАЗАРИЯ ВА УСУЛДОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ 13.00.02.ТЕОРИЯ И МЕТОДИКА ОБУЧЕНИЯ И ВОСПИТАНИЯ 13.00.02.THEORY AND METHODS OF TRAINING AND EDUCATION

УДК 37 018.2 ББК 74.200.

Ш.А.ШАРОПОВ

Г.И.МУ^АММАДИЕВА

ВИЖАГИИ ТАРБИЯИ АХЛОКИЮ ^УЦУЦИИ ХОНАНДАГОН ДАР МАР^ИЛАИ ИМРУЗА

Ахамияти бештар пайдо кардани масъалаи тарбияи ахлокию хукукии хонандагон дар замони истиклолияти давлатии Ч,умхурии Точикистон ба вижагии шароити педагогии тарбия дар мактаб ва оила, ки дар раванди ислохоти сохаи маориф ба миён меоянд, вобаста мебошад.

Ба ин масъала таваччухи хоса зохир карда, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар Паёми хеш ба Мачлиси Олии чумхурй андешаеро таъкид намуд, ки тарбияи шахрванди ояндаи кишвари мо бояд дар асоси дигаргунихои демократие сурат гирад, ки дар худ гояхои башардустона, арзишхои умумиинсонй ва миллиро тачассум кардаанд (8).

Ахамияти тарбияи ахлокию хукукиро чанбаи башардустонаи он таквият мебахшад, зеро мундарича, шакл ва методхо на танхо мувофики конун пешгирй кардани онхо, балки огохонидану эхтиётро аз рафторхои зиддичамъиятй пешбинй менамоянд.

Дар айни хол мохияти башардустонаи тарбияи ахлокию хукукй метавонад ба махдудияти маънидоди мафхуми тарбия ва баробар донистани он бо вокеияти педагогй, аз чумла, фаъолияти педагогй оварда расонад. ^айд бояд кард, ки фахмиши тарбия хамчун фаъолияти педагогй ба сифати объекти таъсирот мавкеъ доштани тарбиятгирандаро пешбинй менамояд. Маъмулан, дар ин маврид хадафхои тарбия хамон мебошанд, ки мураббй муайян кардааст.

Х,адафи тарбияи ахлокию хукукиро аввал дар сатхи ичтимой мукаррар кардан табий мебошад: тарбияи шахрванди риоякунандаи конун, пешгирии амалхои зиддихукукй, ташаккули масъулият ба таъсироти зиддичамъиятй.

Тарбияи ахлокию хукукй тибки талаботи чомеа хамчун чузъи низоми тарбияи мактабй пайдо шуда, хадафи тарбия - таъмини хонандагон бо тачрибаи шахсии татбики хукукхо ва ичрои ухдадорихо дар муносибатхои ахлокй ва хукукй; пешгирии вазъиятеро, ки пуррагии муносибатхои мактаббачаро бо вокеияти ичтимой халалдор мекунанд, амалй мегардонад.

Тахлили равонии тарбияи ахлокию хукукй хамчун фаъолияти педагогй хамбастагии диалектикии чузъхои сохтори (фаъолият, рафтор, амалиёт)-и онро бо мундарица (мотивхо, хадафхо ва шароит) нишон дод. «Х,ангоми тагйироти ба омили ичтимой вобастаи мундарича ва сохтори фаъолият, - таъкид мекунад А.Н.Леонтев, - иваз шудани дарачанокии мотивхо, чунбиши мотив суйи хадаф, ки амалхоро ба фаъолият табдил медихад, инчунин таъсири фаъолият ба ташаккули шахсият мушохида мегардад» (6,105).

Мотиви пешбарандаи тарбияи ахлокию хукукй дар кушиши мукаррар намудани муносибатхои хукукии субъектхои хаёти мактаб зохир мешавад. Мувофикати мотиви шахсии педагог бо хадафи аз чихати ичтимой мухим - химояи хукукхои кудак хамчун заминае барои инкишоф ёфтани амалхои чудогонаи пешгирикунанда то ба сатхи фаъолияти педагогй хизмат мекунад. Дарки мундаричаи ичтимоии мотиви шахсй субъектхои фаъолияти педагогиро ба такмили касб водор месозад ва барои инсонпарварона гардидани шароити тарбия замина фарохам меорад.

Дар ин маврид ахамияти бартараф кардани норасоихои шахсй дар муошират, фарханги рафтор, тахлили танкидии хатохои педагогй ва баланд бардоштани сатхи тахассусмандии педагогй чиддан меафзояд ва аз чониби мураббиён дарк мегардад. Мундаричаи педагогии хадафи фаъолияти ахлокию хукукии мураббй дакик мегардад: такмили махорати педагогй, барои фарохам овардани шароити педагогии ба рох мондани низоми муносибатхои инсонпарваронаву демократй дар синф ва мактаб.

Тахлили назариявии хадафи тарбия, ки Б.П.Битинас аз чихати илмй асоснок кардааст, барномаи тарбияи муносибати арзишпазирро бо назардошти сатххои гуногуни муваффак шудан ба он ошкор месозад: аз ташаккули мавкеи шахсият - мавкеъхои хусусй -муносибатхои чузъй - сифатхои шахсият то зухуроти мушаххаси он дар рафтор(1). Дар мавриди интихоби чунин муносибат дар муайян кардани хадафхои тарбияи ахлокию хукукй ошкор намудани шартхои педагогии ташаккули шахсияти наврас бо назардошти вазъияти ичтимоие, ки дар он муносибати тарбиятгиранда ба вокеияти ичтимой шакл гирифтааст, масъалаи аввалиндарача мегардад. Чустучуи халли он махсусияти тарбияи ахлокию хукукй, яъне пешгирии беназоратии педагогии мактаббачагонро ошкор менамояд. Дурнамое, ки ба тарбиятгиранда хамчун хадафи шахсии бартараф кардани норасоихо дар рафтор пешниход мешавад, дар шакли имконияти андухтани тачрибаи ахлокию хукукии табдил додани шароити вокеии хаёту фаъолият ба вокеияти инкишофи худ муаррифй мегардад. Х,амин тарик, хадафи умумии тарбияи ахлокию хукукй хамчун фаъолият ташаккули мавкеи фаъоли шахсият мебошад.

«Мавкеъхои хусусии шахсият, яъне муносибати тарбиятгирандаро ба чузъхои мухимтарини вокеияти ичтимой: идеали чамъиятй, одамон, фаъолияти инсон, зебой» баррасй намуда, мо ба сифати хадафи хусусии тарбияи ахлокию хукукй мавкеи ахлокии шахсро ба таври хоса таъкид менамоем(1, 57). Он «хамчун муносибати инсонпарваронаи тарбиятгиранда ба одамон, ки заминаи муносибатхои мустаким ва гайримустакими уро ташкил медихад, тавсиф меёбад» (1, 58).

Мо онро ба назар мегирем, ки дар сатхи минбаъдаи низоми дарачаноки хадафхои тарбия «мавкеи ахлокиро рухияи коллективизм, муносибати одамдустонаву бегараз ба одамон, боинтизомй, фарханги рафтор ва г. мушаххас менамояд» (1, 60). Ба иборати дигар, хадафхои ин сатх дар тарбияи муносибатхои мушаххаси ахлокй, яъне муносибат ба инсони дигар, ифода меёбанд.

Х,амин тарик, татбики гояи инсонпарварона намудани тарбия ва самтбахшии он барои фарохам овардани чунин шароити педагогии таълим дар мактаб, ки тарбиятгиранда хамчун субъекти инкишофи шахсии худ имкони интихоби тарзи мустакилонаи рафторро дорад, асоси ташкили муосири тарбияи ахлокию хукукии мактаббачагон мебошад. Чунин дидгох ба мо имкон дод, ки дар рафти асоснок кардани назариявию методологии мундаричаи тарбияи ахлокию хукукии хонандагон ба тахкики мотивхо, хадафхо ва шартхои ин навъи фаъолияти педагогй диккати махсус дихем.

Ба андешаи мо, хадафи тарбияи ахлокию хукукй ташаккули шахсияти риоякунандаи конун мебошад, ки меъёрхои башардустонаи муошират ва муносибати тарафайнро бо ихтиёри худ ичро карда, онхоро дар зиндагй химоя менамояд. Барои татбики ин максад самти фаъолияти педагогй - фарохам овардани шароити мувофик барои амалкарди низоми муносибатхои инсонпарваронаву демократй дар синф ва мактаб - таъйин мегардад. Тарбияи ахлокию хукукй, ки бо талаботи чомеа ба миён омада, чузъи таркибии низоми тарбия дар мактаб мебошад, барои хонандагон тачрибаи шахсии татбики хукукхо ва аз чониби онхо ичро шудани ухдадорихоро дар муносибатхои тарафайн таъмин мекунад. Ин имкон медихад, ки рафтори зиддичамъиятй дар вазъияти хатарнок, ки мукаммалии муносибатхои мактаббачагонро бо вокеияти ичтимоии онхоро ихотакунанда вайрон месозад, пешгирй шавад.

Омузиши зухуроти мушаххаси рафтори мактаббачагон аз руйи нишондихандахои донишхои ахлокию хукукй, таассурот, кушишхо ва амалхо имкон медихад, то тасдик намоем, ки синкретизми чанбахои когнитивй, хиссй ва амалиётй дар таъсироти педагогй ба муносибатхои тарбиятгирандагон накши хадафмандии мусбатро барои накшагирии низоми тарбияи ахлокию хукукй ичро мекунад.

Инак, мундаричаи тарбияи ахлокию хукукии мактаббачагонро мукаррар намуда, кайд бояд кард, ки меъёри ноил гардидан ба хадафхои чузъй - тарбияи сифатхои чудогонаи шахсият, татбики хадафхои нисбатан умумй, тарбияи муносибатхои ахлокию хукукй ва хамчун хадафи нихой - тарбияи мавкеи ахлокии фаъолонаи шахсият мебошад.

Тахлили хаматарафаи хадафи тарбияи ахлокию хукукй аз лихози мушаххасгардонии педагогии он нишон дод, ки ин хадаф аз чихати мундарича ичтимой буда, метавонад дастрас бошад ва дар шакли педагогй бо назардошти сатхи инкишофи синнусолии кудак ифода ёбад. Тарбияи ахлокию хукукй метавонад сабабхои душвортарбия гардидани кудакро пешгирй ва бартараф намояд, аммо танхо дар холате, ки худи сабаб заминаи педагогй дошта бошад. Л.С.Виготский навишта буд: «Бо вайроншавии шахсият на танхо ба воситаи бартараф

кардани сабабхое, ки ба он овардаанд, балки тарики созмони фаъолонаи шахсият, ташкили ягонагии он, ёрй додан ба шахс дар мукобилаташ бар зидди вайроншавй, тахрик бахшидани инкишофи у ва г. мубориза бурдан мумкин аст» (5,296). Бартараф кардани сабабхо, бархам задани беназоратии педагогии мактаббачагон мундаричаи кори пешгирикунандаро дар мактаб таъйин менамояд, ки кисми таркибии тарбияи ахлокию хукукй мебошад.

Зери мафхуми тарбияи ахлокию хукукии мактаббачагон мо низоми хадафмандонаи таъсироти ба хам пайвастаи педагогиро ба акл, хиссиёт ва амалхои мактаббачагон мефахмем, ки вазъияти ичтимоии ворид гардидани тарбиятгирандагонро ба муносибатхои байнишахсии гайримустакиму фаъолмандонаи вобастагии бомасъулият бо бачагони дигар, педагогхо, волидайн таъмин мекунад. Х,адаф - ташаккули муносибатхои ахлокию хукукй -андухтани тачрибаи шахсии интихоби тарзи рафтор дар вазъияти хатарнок дар заминаи меъёрхои ахлокй ва хукукй буда, мундарича - тарбияи масъулиятшиносй, боинтизомй, муташаккилй, мехнатдустй, хисси иззати нафси шахсй, кунчкобй хамчун зухуроти муносибатхои ахлокию хукукии шахсияте мебошад, ки мавкеи фаъоли ичтимой дорад.

Х,ангоми бунёд ва инкишоф додани низоми тарбияи ахлокию хукукии мактаббачагон аз чониби мо унсури асосй - ташкилию сохторй мукаррар гардид.

Мундаричаи он бо шаклхои гуногуни фаъолияти педагогй, махсусан бо фактхои ошкор намудан ва пешгирии поймолшавии хукукхои кудак дар оила ва мактаб иртибот дошт. Дар семинархои психологию педагогии омузгорон ва рохбарони синфхо, машгулияти омузишии педагогй барои волидайн, дар кори кумитахои падару модарон ва Шурои мактаб, клубхо аз руйи майлу рагбат, хамчунин дар тамоми сатххои дигар санадхои меъёрии хамкориву таъсири мутакобили педагогхо, хонандагон, волидайн, кормандони ташкилоти хифзи хукук барои рохандозии фаъолияти ахлокию хукукй дар мактаб бояд коркард шаванд.

Ташкили кори ахлокию хукукй дар Шурои мактаб созмон додани марказеро такозо дорад, ки фаъолияти коллективи педагогй ва ташкилоти чамъиятиро барои татбики хадафи гузошташуда бояд самт бахшад ва назорат намояд. Накши пешбари педагогхо дар кори маркази ташкилу хамохангсозии тарбияи хукукй бояд аз руйи накша чараён гирифтани фаъолияти якчояи калонсолон ва бачагонро таъмин намояд.

Аз нигохи мо, махз комёбии фаъолияти якчояи субъект - муносибатхои субъектии мураббиён ва тарбиятгирандагонро фаъол мегардонад. Вокеияти амалхо ва кори самарабахши низоми тарбия ба дарку кабул намудани хадафи умумй ва ахамияти шахсии он вобаста мебошад.

Субъектхои низоми тарбияи ахлокию хукукй, пеш аз хама, маъмурияти мактаб, рохбарони синфхо, омузгорони таърих ва хукук, худи мактаббачагон, волидайни онхо, кормандони сохаи хукук ва ташкилоти хифзи хукук, хукуматхои нохиявй, шахрй ва вилоятй бояд бошанд. Онхо дар фаъолияти якчоя Шурохо, комиссияхо, марказхо созмон медиханд, ки номхои гуногун доранд, аммо мохиятан хамагон тарбияи хукукии хонандагонро ба рох мемонанд.

Омузиш ва тахлили амалияи мактаб ба зарурати бунёди хадафмандонаи макомоти ташкилкунандаву хамохангсоз, ки махз бо тарбияи хукукй машгул аст, итминон мебахшад. Дар ин маврид таквият ёфтани мундаричаи ахлокии тарбияи хукукй, яъне асоси тарбияи ахлокию хукукй вокей мегардад.

Тахти мафхуми «фаъолияти ахлокию хукукй» ба сифати унсури калидй мо тамоми мачмуи амалхоро мефахмем, ки ба таври объективй ва субъективй ифодагари муносибати хукукй ба объекти этикй мебошанд. Мохиятан ин амалиётест, ки аз мотиви риояи хукуку озодихои «инсони дигар» бармеоянд, аз нигохи натича бошад, онхо дар асоси конун ва меъёрхои хукук ба манфиатхои ин «шахси дигар» мусоидат мекунанд.

Функсияи ин унсур тачассум ёфтани муносибатхои ахлокию хукукй, ворид кардани хар як хонанда ба корномаи ахлокию хукукй мебошад. Ташкили он бар механизми функсионалй (чй? барои кй? ба хотири чй?) ва амалиётй (чй тавр?) асос меёбад.

Бунёди мухити ахлокй бидуни фаъолияти муташаккилонаи ахлокию хукукии мактаббачагон гайриимкон аст. Ташкили ин фаъолият, ба андешаи баъзе мухаккикон, мухити ахлокии мактабро ба зудй тагйир медихад (7,255).

Низоми тарбия падидаи на шахшуда, балки пайваста инкишофёбанда аст. Гояхо, тасаввуроти гуногун, воситахои устувори таъсири мутакобили бачагон, ин ё он навъхои фаъолият, сохторхои ташкилй пайдо мешаванд ва аз байн мераванд; хаёти коллектив мураккаб мегардад ва танзим мешавад ё баръакс, бетартибй меафзояд - хамаи ин падидахо чараёни инкишофи низоми тарбияи ахлокию хукукиро муайян мекунанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Битинас, Б. Структура процесса воспитания (методологический аспект) / Б.Битинас. -Каунас, Швиеса,1984. - 190с.

2. Бондаревская, Е.В. Проблемы формирования нравственного сознания личности старшего школьника /Е.В. Бондаревская// Советская педагогика.- 1980.- №1. - С.14- 16.

3. Бурмистров, В.А. Правовая культура и перестройка./ В.А.Бурмистров. - Киев: О-во «Знание» УССР, 1989. - 47с.- (Cep.l, Правовое воспитание, №6)

4. Вуколов, В.К., Назаров В.В. Родители и правовое воспитание подростков./ В.К.Вуколов.-Ростов н/Д, 1988. - С.109-116.

5. Выготский, Л. С. Проблема возраста. Собр. соч.: В 6-ти т. / Под ред. Т. А. Власовой. - М.: Педагогика, 1983. -1.4. - С. 244 - 268.

6. Леонтьев, А.Н. Деятельность, сознание личность. Изд. 2-е. / А.Н.Леонтьев. -М.: Политиздат, 1977. - 304с.

7. Нематов, П.С. Необходимость и значение планирование нравственного воспитания студентов как фактор профилактики негативных явлений. Вестник ТНУ (научный журнал), №3/1(194),2016. -С.255.

8. Эмомали, Рахмон. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Олии Ч,Т. Душанбе:Матбуот. 2016.

REFERENCES:

1. Bitinas, B. The Structure of the Process of Education (methodological aspect). / B. Bitinas. -Kaunas, Shviesa, 1984. - 190 p.

2. Bondarevskaya, Ye.V. Problems Beset with Formation of Moral Consciousness of the of Senior Schoolchild Individual / Ye.V. Bondarevskaya// Soviet pedagogy, 1980, №1. - P.14-16.

3. Burmistrov, V.A. Legal Culture and Perestroika. / V.A. Burmistrov. - Kiev: Knowledge, 1989. -47 pp. (Series.l, Legal Education, N6)

4. Vukolov, V.K., Nazarov V.V. Parents and Legal Upbringing of Teenagers. / V.K.Vukolov. -Rostov-on- the Don, 1988. - P.109-116.

5. Vygotsky, L.S. The Problem of Age. Collection of Compositions. In 6 volumes / under the editorship of T.A. Vlasova. - M.: Pedagogy, 1983. -1.4. - P. 244 - 268.

6. Leontiev, A.N. Activity, Consciousness Individual. The 2-nd edition. / A.N. Leontiev. - М.: Political literature publishing-house, 1977. - 304 p.

7. Nematov, P.S. Necessity and Importance of Planning Moral Upbringing of Students as a Factor in a Prevention of Negative Phenomena. Bulletin of the Tajik National University (scientific journal), №3 / 1 (194), 2016. - P. 255.

8. Emomali Rahmon. Message of the President of the Republic of Tajikistan to the Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan. - Dushanbe: Press, 2016.

Вижагии тарбияи ахлокию ^укуции хонандагон дар мар^илаи имруза

Вожа^ои калиди: хонандагон, педагог, мактаб, волидайн, тарбия, маориф, инсонпарварй, тарбияи ахлоцию ууцуци, ташаккули шахсият, шароити педагоги

Дар мацола яке аз масъалауои мууими имруза-тарбияи ахлоци- ууцуции хонандагон дар шароити муосир барраси гардидааст. Кайд мешавад, ки бунёди мууити ахлоци бидуни фаъолияти муташаккилонаи ахлоцию ууцуции мактаббачагон гайриимкон аст. Ташкили ин фаъолият, ба андешаи мууаццицон, мууити ахлоции мактабро ба зуди тагйир медщад. Муаллифон тибци тауцицоти хеш баъзе вижагиуои ин масоилро, ки аз шароитуои имрузаи соуибистицлолияти мамлакат бармеояд равшан намуда, вазифауои мууими мактабро оид ба ташкил ва назорати низоми тарбияи ахлоци- ууцуции хонандагон муайян кардаанд.

Особенности нравственно-правового воспитания учащихся в современных условиях

Ключевые слова: учащиеся, педагог, школа, родители, воспитание, образование, гуманизм, нравственно-правовое воспитание, формирование личности, педагогические условия В статье рассматривается актуальная проблема современности-нравственно-правовое воспитание учащихся. Отмечается, что создание нравственной среды невозможно без организации целенаправленной нравственно-правовой деятельности учащихся. Авторами

188

исследуются некоторые особенности этой проблемы, вытекающие из сложившихся условий независимости нашей страны и определяются насущные задачи школы по организации и управлению системой нравственно-правового воспитания учащихся

Peculiarities of Moral-Legal Upbringing of Students under the Contemporary Conditions

Key words: pupils, pedagogue, school, parent, upbringing, education, humanism, morallegal education, individuals formation, pedagogical conditions In their article the authors canvass the actual problem dealing with modernity moral-legal upbringing of students. It is underscored that the creation of a moral environment is impossible without an organization targeted at moral-legal activity of students. They explore certain peculiarities of the relevant problem arising from the complicated conditions of our country independence and define the vital tasks of school aimed at organization and management with the system of moral-legal upbringing of students.

Маълумот дар бораи муаллифон:

Шаропов Шавкатцон А^мадович, доктори илмуои педагогй, профессори кафедраи педагогикаи ицтимой ва касбии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд), E-mail:sharofzod54@ mail.ru

Му^аммадиева Гулрух Иззатуллоевна, унвонцуи кафедраи педагогикаи ицтимой ва касбии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд), E-mail: donnore@mail.ru Сведения об авторах:

Шаропов Шавкатджон Ахмадович, доктор педагогических наук, профессор кафедры социальной и профессиональной педагогики Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова.(Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail:sharofzod54@ mail. ru

Мухаммадиева Гулрух Изатуллоевна, соискатель кафедры социальной и профессиональной педагогики Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова.(Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail: donnore@mail.ru Information about authors:

Sharopov Shavkatjon Ahmadovich, Dr. of Pedagogy, Professor of the department of social and professional pedagogy under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: sharofzod54 @ mail.ru

Mukhammadiyeva Gulrukh Izatulloevna, claimant for candidate degree of the department of social and professional pedagogy under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: donnore@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.