Научная статья на тему 'Эътирофи эҳтимоли бегуноҳӣ - меъёри асосии фаъолияти ахлоқии журналист'

Эътирофи эҳтимоли бегуноҳӣ - меъёри асосии фаъолияти ахлоқии журналист Текст научной статьи по специальности «СМИ (медиа) и массовые коммуникации»

CC BY
213
29
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ВАО / журналист / меъѐрњои ахлоќї / ахлоқи касбии журналист / рисолати журналист / эњтимоли бегуноњї / виљдон / пешдоварї / мањкумнамої / СМИ / журналист / этические стандарты / профессиональная этика журналиста / журналистская миссия / презумпция невиновности / совесть / предварительное судейство / осуждение

Аннотация научной статьи по СМИ (медиа) и массовым коммуникациям, автор научной работы — Бобоҷонова Ранохон Маҳмудовна, Бобољонова Мутриба Султоновна

Масъалаи эътирофи эњтимоли бегуноњї яке аз омилњои муњимми риояи ахлоқи касбї дар журналистикаи муосир маҳсуб меѐбад, ки дар мақола сухан дар бораи он меравад. Қайд шудааст, ки имрўзњо дар маќола, гузориш ва ѐ њама гуна иттилооти вобаста ба ќазияи љиноятидоштаи журналистон пешдоварї ва эътироф накардани эњтимолияти бегуноњии шахс ба назар мерасад. Тазаккур меравад, ки дар ВАО оид ба шахси ба љавобгарии љиноятї кашидашуда то собит гардидани гуноњи шахс дар асоси њукми судии ба ќувваи ќонунї даромада, маводе нашр мегардад, ки дар он шахс њамчун гунањкор эътироф мегардад, ки ин на фаќат омили риоя накардани ахлоқи касбї, балки наќзи ќонун низ мебошад. Муаллифон бар он назаранд, ки омўзишу баррасии нуктањои марбут ба эътирофи эњтимоли бегуноњї њамчун талаботи этикаи касбии журналистї дар замони муосир ва илми журналистика муфид мебошад. Дар маќола њамин самти масъала бо такя ба маводи нашрияњо тањќиќ гардида, муаллифон дастрасӣ бо маводи нашрия, сарчашмањои илмиву оммавї ва санаду меъѐрњои марбут ба ахлоқи касбї масъалаи мазкурро натиҷабардорӣ намудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

ПРЕЗУМПЦИЯ НЕВИНОВНОСТИ - ТРЕБОВАНИЕ ПРОФЕССИОНАЛЬНЫХ ЭТИЧЕСКИХ НОРМ ЖУРНАЛИСТИКИ

В статье рассматриваются вопросы презумпции невиновности личности, что является одним из важных факторов профессиональной этики в современной журналистике. Отмечается, что сегодня в статьях, репортажах и других информационных материалах, связанных с событиями, отражающими судебные дела, со стороны журналистов замечается предварительное судейство и непринятие вероятности невиновности личности. Указывается, что в СМИ встречаются материалы, где личности, относительно которых возбуждено уголовное дело, до вынесения законного судебного приговора признаются виновными, что является не только не соблюдением профессиональной этики, но и правонарушением. Подчеркивается, что изучение и исследование материалов печати с точки зрения презумпции невиновности, как требования профессиональной журналистской этики, является важным в современной журналистике и науке журналистики. В статье, с опорой на материалы печати, исследуется данный аспект вопроса, автор, анализируя материалы прессы, научных и массовых источников, также кодексов и норм профессиональной этики в прессе пришла к интересным результатам.

Текст научной работы на тему «Эътирофи эҳтимоли бегуноҳӣ - меъёри асосии фаъолияти ахлоқии журналист»

10.01Л0.РУЗНОМАНИГОРЙ 10.01.10. ЖУРНАЛИСТИКА 10.01.10. JOURNALISM

УДК 00.6 ББК 76.12

ЭЪТИРОФИ ЭХТИМОЛИ БЕГУНОХД -МЕЪЁРИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ АХЛОЩИ ЖУРНАЛИСТ

ПРЕЗУМПЦИЯ НЕВИНОВНОСТИ -ТРЕБОВАНИЕ ПРОФЕССИОНАЛЬНЫХ ЭТИЧЕСКИХ НОРМ ЖУРНАЛИСТИКИ

PRESENSE NON-PATENT-REQUIREMENTS PROFESSIONAL ETHICAL NORMS OF JOURNALISM

Бобоцонова Ранохон Махмудовна, доктори илмуои филология, муовини раиси ХХДТ(Тоцикистон, Душанбе); Бобоцонова Мутриба Султоновна, сармуаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарцумаи МДТ "ДДХ ба номи акад. Б. Гафуров (Тоцикистон, Хуцанд)

Бободжонова Ранохон Махмудовна, доктор филологических наук, заместитель председателя НДПТ, ( Таджикистан, Душанбе);Бободжонова Мутриба Сулоновна, старший преподаватель кафедры журналистики и теории перевода ГОУ "ХГУ имени акад. Б. Гафурова (Таджикистан, Худжанд)

Bobojonova Ranohon Mahmudovna, Dr. of Philology, Vice-Chairman of the People's Democratic Party of Tajikistan(Tajikistan, Dushanbe),E-MAIL: rano-bobojon@mail.ru; Bobojоnova Mutriba Sultanovna,, senior lecturer of the department of journalism and theory of translation under the SEI "KhSU named after acad. B. Gafurov" (Tajikistan,Khujand), E-MAIL:mbobojonova1987@mail.ru

Вожщои калиди: ВАО, журналист, меъёруои ахлоцй, ахлоци касбии журналист, рисолати журналист, эутимоли бегуноуй, вицдон, пешдоварй, маукумнамой

Масъалаи эътирофи эутимоли бегуноуй яке аз омилуои мууимми риояи ахлоци касбй дар журналистикаи муосир маусуб меёбад, ки дар мацола сухан дар бораи он меравад. Цайд шудааст, ки имрузуо дар мацола, гузориш ва ё уама гуна иттилооти вобаста ба цазияи циноятидоштаи журналистон пешдоварй ва эътироф накардани эутимолияти бегуноуии шахс ба назар мерасад. Тазаккур меравад, ки дар ВАО оид ба шахси ба цавобгарии циноятй кашидашуда то собит гардидани гуноуи шахс дар асоси уукми судии ба цувваи цонунй даромада, маводе нашр мегардад, ки дар он шахс уамчун гунаукор эътироф мегардад, ки ин на фацат омили риоя накардани ахлоци касбй, балки нацзи цонун низ мебошад. Муаллифон бар он назаранд, ки омузишу баррасии нуктауои марбут ба эътирофи эутимоли бегуноуй уамчун талаботи этикаи касбии журналистй дар замони муосир ва илми журналистика муфид мебошад. Дар мацола уамин самти масъала бо такя ба маводи нашрияуо тауциц гардида, муаллифон дастраси бо маводи нашрия, сарчашмауои илмиву оммавй ва санаду меъёруои марбут ба ахлоци касбй масъалаи мазкурро натицабардори намудаанд.

Ключевые слова: СМИ, журналист, этические стандарты, профессиональная этика журналиста, журналистская миссия, презумпция невиновности, совесть, предварительное судейство, осуждение

В статье рассматриваются вопросы презумпции невиновности личности, что является одним из важных факторов профессиональной этики в современной журналистике. Отмечается, что сегодня в статьях, репортажах и других информационных материалах, связанных с событиями, отражающими судебные дела, со стороны журналистов замечается предварительное судейство и непринятие вероятности невиновности личности. Указывается, что в СМИ встречаются материалы, где личности, относительно которых возбуждено уголовное дело, до вынесения законного судебного приговора признаются виновными, что является не только не соблюдением профессиональной этики, но и правонарушением. Подчеркивается, что изучение и исследование материалов печати с точки зрения презумпции невиновности, как требования профессиональной журналистской этики, является важным в современной журналистике и науке журналистики. В статье, с опорой на материалы печати, исследуется данный аспект вопроса, автор, анализируя материалы прессы, научных и массовых источников, также кодексов и норм профессиональной этики в прессе пришла к интересным результатам.

Key words: media, journalist, ethical standards, professional ethics of a journalist, journalistic mission, presumption of innocence, conscience, preliminary judging, condemnation.

Questions beset with presumption of innocence of the individual is considered to be one of the important factors of professional ethics in modern journalism. Today, the articles, reports and other informational materials related to the events reflecting court cases on the part of journalists notice the preliminary judging and not accepting the likelihood of innocence of the individual. In the media, there are materials in which individuals with respect to whom a criminal case has been initiated, before a legal court sentence is pronounced guilty, which is not only not respecting professional ethics, but an offense either. In reference to it, the study of print materials from the point of view of the presumption of innocence as the requirements of professional journalism ethics is important in modern journalism and the science of journalism. In the article, relying on the materials of the press, this aspect of the issue is explored, the author proceeding from the materials of the press, scientific and mass sources, as well as codes and norms of professional ethics in the press came to interesting results.

Воситаи ахбори омма ;увваи пешбарандаи чомеа ва таъминкунандаи иттилоот махсуб меёбад. Он дар баробари инъикосу хабару во;еоти гуногун дар бораи рафти тафтишоти пешакии парвандаи чиной ва ё баррасии парвандаи чиноятй дар суд хабару гузориш омода ва пахн менамояд, ки инъикоси он вижагиву нозукихои ба худ хос дорад. Зеро дар пасманзари чунин ахбори чиной обруву эътибори афроди гуногун меистад. Бинобар ин воситаи ахбори омма ва журналистон хангоми тахияи ма;ола, гузориш ва ё хабар вобаста ба ;азияи чиной аз пешдоварй дар бораи гунахкор будани ин ё он шахс худдорй намоянд. Тиб;и ахло;и журналистй журналистон то собит гардидани гунохи шахс дар асоси хукми судии ба ;увваи ;онунй даромада, дар бораи гунахкор будани шахси ба чавобгарии чиноятй кашидашуда, ху;у;и хулосабарорй надоранд.

Аммо тахлилхо нишон медиханд, ки пешдоварй, махкумнамой ва баходихии яктарафаро дар маводи нашрияхои Сугд дучор омадан мумкин аст. Баъзе аз журналистон миёни мафхумхои "гумонбаршуда", "боздоштшуда", "айбдоршаванда", "судшаванда", фарк нагузошта, калимахои махкумкунандаи "порахур", "одамкуш", ";аллоб", "чинояткор", ";отил" ва "дузд"-ро истифода мекунанд, ки ин албатта, хилофи ахло;и журналистй аст. Маводи зерин намунаи ин гуфтахост:

Дар хафтаномаи "Вароруд", зери гушаи "Иттилоъ", маводе тахти унвони "Порахур ба даст афтод" (4) нашр шудааст, ки ба сомонаи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон тааллу; дорад.

Дар сарлавхаи хангомасози муаллиф шахси ба гумони порахурй дастгиршударо, ки хануз суд содир гардидан ва ё муайян накардааст, "порахур" гуфтааст. Пахши чунин хабар ва сарлавхои хангомабарангез на;зи эхтимолияти бегунохии тиб;и ;онун му;арраршуда ва хамчунин риоя накардани талаботи моддаи 161-и КЧ, ЧТ (;арор доништани тафтишоти пешакии парвандахои чиноятй) аст. Тиб;и моддаи 20 Консититутсияи Чумхурии Точикистон "Х^еч кас то эътибори ;онунй пайдо кардани чиноят гунахкор дониста намешавад". Тиб;и му;аррароти Конститутсияи Точикистон танхо суд метавонад чинояткор будани шахрвандро муайян намояд ва то замони эълони хукми суд ва ;увваи ;онунй гирифтани он ВАО ва журналистон бояд аз пешдоварй худдорй кунанд.

Хдмчунин, муаллиф ному насаб, чойи кори гумонбар ва гирифтани пораро пурра овардааст, ки ин аз доираи ахло;и касбии рузноманигор берун мебошад. Дар ин хабар омадааст: "Санаи 19. 07. 2014 кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабинихои фаврй-чустучуй мудири кафедраи коллечи омузгории Донишгохи давлатии Хучанд шахрванд Туйчиев Олимчон соли таваллудаш 1967, исти;оматкунандаи нохияи Б. Fафуровро бо гумони гирифтани пора дастгир намудаанд" (4).

Агар ба чузъиёти охири хабар таваччух намоем он чо "бо гумони гирифтани пора" зикр гардидааст, ки худ аллакай нишон медихад, ки гунохи шахс хануз собит нашудааст ва эхтимолияти бегунохии у вучуд дорад.

Ба андешаи муха;;и;и журналистикаи точик, профессор И. Усмонов, он андешаи шахсие ки журналист дар бораи ин ё он нафар тасаввур мекунад, ба сифати ха;и;ати зиндагии вай шуморида ба ;алам кашидан дуруст нест: «Шахсеро барои камбудии ичтимоияш тан;ид карда, дар айни ва;т уро бо суханхои пасту баланд сиёх кардан ва ба ин васила хандахариш намудан аз руйи одоб нест. Агар у чинояткор бошад, хамон чиноятро нишон додан, агар у бадкор бошад, хамон бадкориро нишон додан даркор аст» (2, 32).

Аммо дар хабари болой меъёри одии ахло;и касбии рузноманигорон риоя нашуда, бар иловаи ин принсипи эхтимолияти бегунохй аз назари эътибор дур мондааст. Бехтар мебуд, дар ин хабар ба чои ному насаб харфхои аввали ному насаби гумонбар - Т.О. оварда мешуд, ки то хадде хайсияти гумонбар то хукми ;онунй гирифтани айб пос дошта шуда, дар ин шакл тах;иру маззамати шахс ба мушохида мерасад. Мастур доштани шахсияти гумонбар ба ин тарз дар тачрибаи ахбори криминалй роич аст, ки бояд дар ВАО низ ба хотири риояи эхтимоли бегунохй мавриди истифода ;арор гирад.

Маводи дигар дар хафтаномаи номбурда бо унвони "Боздошти мудири богчаи бачагона дар Хучанд" (1), аст, ки дар он низ эхтимоли бегунохии шахс риоя нашудааст. Дар ин матлаб омадааст, ки "як мудири богчаи бачагона дар шахри Хучанд барои гирифтани пора боздошт шуд" (1).

Дар чумлаи мазкур чузъи "барои гирифтани пора боздошт шуд" хилофи ахло;и касбии журналистй буда, мухаррир ба хотири риояти эхтимоли бегунохии шахси гумонбар бояд онро "бо гумони гирифтани пора" тахрир менамуд.

"Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсия Махбуба Умарзода мудири богчаи бачагонаи № 6 дар шахри Хучанд барои ;абули 2 кудак ба богча 2 хазор сомонй талаб мекунад.

Мудири богча тавассути сармураббй Мархамат Мухиддинова ба шахрванд Тоштухтаева мерасонад, ки барои ;абули 2 наберааш 2 хазор сомонй ба сифати пора дихад. Бо мурочиати шахрванд Тоштухтаева мудири богча Умарзода ва миёнарав Мухиддинова хангоми гирифтани маблаг боздошт шуданд" (1).

Хабар ниёз ба тахрири чиддй дорад. Зеро, дар як хабари иборат аз чахор чумла, чахор маротиба ибораи "мудири богча" ва ду маротиба "2 хазор сомонй" такроран оварда шудаанд.

Набояд фаромуш кард, ки тиб;и му;аррароти Конститутсияи Чумхурии Точикистон, танхо суд метавонад чинояткор будани шахрвандро муайян намояд ва то замони эълони хукми суд ва ;увваи ;онунй гирифтани он ВАО ва журналистон бояд аз пешдоварй худдорй кунанд.

Дар ин холат банди 15-уми «Меъёрхои ахлокди фаъолияти журналистй дар Точикистон» -«Ислохи хато» яке аз усулхои мухими худтанзимкунии фаъолияти воситахои ахбори омма буда, барои таъмини муста;илияти касбии онхо нак,ши мухим мебозад. Ислохи хато, инчунин, гувохи масъулиятшинос будани воситаи ахбори омма буда, эътиборашро дар байни хонандагон баланд мебардорад, зеро ислохи хато хонандагонро гумрох намесозад.

Ислохи хаторо бо усулхои гуногун, аз чумла "бо роххои интишор кардани тасхех, эзох, нашри такрории мавод, эълони ислохи хатогии техникй, нашри чавоб, раддия ва гайрахо ба амал баровардан мумкин аст» (6, 36).

Эхтиром накардани хаёти чабрдида омили дигари вайрон кардани ахло;и касбй аст. Дар ВАО баъзан маводе ба назар мерасад, ки дар он хангоми тахияи мавод оид ба ходисахои чиноятй меъёрхои ахло;и касбии журналист риоят нашудаанд. Омузиш нишон дод, ки одатан дар чунин мавод махрамияти хаёти шахси чабрдида хифз карда нашудааст.

Масалан, дар рузномаи "Вароруд" зери унвони «Одамчаллобон» (3) ма;олаи Абдувалй Нозиров, прокурори на;лиёти Сугд ба табъ расидааст. Ин мавод оид ба шахрванд Замира Ёрибековаи 33-сола, сокини шахраки Зафарободи нохияи Зафаробод ва Лола Ахмадоваи 30-сола, сокини шахри Чкалов, ки мехостанд бо воситаи равон кардани духтарон ба шахри Дубайи Аморати Муттахидаи Араб даромади пулй ба даст оранд, маълумот медихад. Дар мавод доир ба духтарони ба доми фиреб афтода маълумоти васеъ дода шудааст. Масалан, дар мавод омадааст, ки «мохи феврали соли равон ду нафар духтари точик - Муяссар Рачабова (соли таваллудаш 6.06.1986), сокини кучаи ба номи Исмоили Сомонй, чамоати дехоти Бобочон Fафуров ва Тахмина Бобочонова (санаи таваллудаш 4.08.1987) бошандаи махаллаи 13, хонаи 88, шахри Хучанд ба доми фиреби Лола афтоданд. Лола ба онхо «кухи тилло» ваъда дод. Вай гуфт, ки ва;те ба шахри Дубай мераванд, онхоро дар аэропорт Замира ном чавонзан исти;бол мегирад» (3).

Ин чо муаллиф баробари ному насаби чабрдидагонро пурра овардан, синну сол ва сурогаи онхоро низ ошкор кардааст, ки ин бар зидди талаботи ;онун ва хилофи ахло;и журналистй ва хатто одоби шар;й аст. Тавассути ВАО ошкор намудани ин гуна маълумот метавонад ба хаёти чабрдидагон ва наздикони онхо таъсири бевоситаи манфй расонад, чунки муносибати хамсояхо, шиносхо, хешу табор нисбат ба онхо метавонад дигар шуда, ба чабрдидагон зарари маънавию рухй расонад, ки дар натича онхо азияти рухию равонй бинанд.

Ин чо идораи ВАО ва журналист бо дагалона вайрон кардани ахлоки касбй ба якчанд камбудй рох додаанд:

Аввалан, маълумоти фаврии расмии макомоти хифзи хукук бе тагйир оварда шудааст, ки он мутобик ба талаботи маводи ВАО нест. Маълумот дар бораи синну сол, чойи истикомат, номи пурраи чабрдида иттилооти барои маводи фаврй хатмй буда, он бо максади муайян намудани шахсият ва чойи кайди истикомати чабрдида зарур аст, оварда мешавад.

Дувум, идораи ВАО-ро лозим буд, ки маводи корманди прокуратураро тахрир намуда, дар холати лозима дар повараки он эзохи идораро меовард.

Тахлилхо нишон доданд, ки гарчанде нашрияхои "Вароруд", "Сугд", "Хдмсояхо", "Нилуфар" талаботи меъёрхои этикаи касбиро ба таври лозима риоя намоянд хам, аммо дар холатхои чудогона дагалона вайрон кардани одоби касбй ва эътироф накардани эутимолияти бегуноуй дар нашрияхои мазкур ба назар мерасад, ки ин низ монеа дар рохи пойдор гаштани фахмиши ягона ва риояи меъёрхо аз чониби журналистон ба хотири рушдии озодии баён аст. Танзими хукукй ва худтанзимкунии фаъолияти ВАО аз риояи меъёрхои ахлокии журналистй ба омилхои ичтимоию эчодии озодии сухан мутаалликанд. Бинобар ин худтанзимкунй танхо дар чахорчубаи конун амал карда, озодии баён ва иттилоотро кафолат медихад. Рузноманигорон, хоса мухаррирони нашрияхо ва агентихои иттилоотиро зарур аст, ки дар вакти чопи ахбори криминалистй имконияти ба вучуд омадани накзи хукук ва манфиатхои чониби дигарро пешгирй намуда, меъёрхои ахлокии касбиро мутобики стандартхои муайяни касбй ба низом дароварда, ба ин васила дар таъмини эътирофи эхтимолияти бегунохии ашхоси гумонбар ба чиноят сахм гузоранд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Боздошти мудири богчаи бачагона дар Хуцанд//Вароруд.- 2015. -14 феврал.

2. Журналистикаи байналхалцы - VI/ Мацмуаи мацолауо. - Душанбе, 2014. - 144 с.

3. Нозиров, А. Одамцаллобон /А. Нозиров //Вароруд.- 2010. - 14 июн.

4. Порахур ба даст афтод//Вароруд.- 2014. -23 июл.

5. Тафсири "Меъёруои ахлоции фаъолияти журналисты дар Тоцикистон" / И. Иноятов, Н. Царшибоев. - Душанбе, 2011. - 40 с.

REFERENCES:

1. Detention of the Head of the Kindergarten in Khujand // Varorud.- 2015. -14 February.

2. International Journalism - VI / Collection of articles. - Dushanbe, 2014.

3. Nozirov, A. Resellers of People / A. Nozirov // Khakikati Sughd.-2012. - June 14.

4. The Breeder Got Caught // Varorud.- 2014. -23 Jul.

5. Inoyatov I., Qarshiboev N. Commentary to the "Ethical Norms of Journalistic Activity in Tajikistan" / I. Inoyatov, N. Qarshiboev. - Dushanbe, 2011.- 40p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.