Научная статья на тему 'ВКЛАД А. А. БЕЛЕНИЦКОГО В ИЗУЧЕНИЕ НАСТЕННЫХ РОСПИСЕЙ ДРЕВНЕГО ПЕНДЖИКЕНТА'

ВКЛАД А. А. БЕЛЕНИЦКОГО В ИЗУЧЕНИЕ НАСТЕННЫХ РОСПИСЕЙ ДРЕВНЕГО ПЕНДЖИКЕНТА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
153
48
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЯ / РАННЕЕ СРЕДНЕВЕКОВЬЕ / АРХЕОЛОГИЯ / ГОРОДИЩЕ / ДРЕВНИЙ ПЕНДЖИКЕНТ / ХРАМ / АРХИТЕКТУРНЫЙ ДЕКОР / ИЗОБРАЗИТЕЛЬНОЕ ИСКУССТВО / НАСТЕННАЯ РОСПИСЬ / ИКОНОГРАФИЯ / ИДЕОЛОГИЯ / КУЛЬТ / ВКЛАД УЧЕНОГО

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Каримова Ганджина Бахтиёровна

В статье приводятся сведения по работе известного русского востоковеда, внесшего значительный вклад в археологическое исследование Древнего Пенджикента. Основное внимание уделено результатам плодотворной работы А. А. Беленицкого по изучению произведений настенной живописи. Подчеркивается, что предметами изучения этого исследователя становились такие вопросы, как трактовка росписей, выяснение представленных образов, анализ использованных принципов иконографии и т.д. На основе сравнения пенджикентских росписей с произведениями монументального искусства из других памятников, он указал на существование согдийской живописной школы эпохи раннего средневековья. Большую научную ценность представляют сформулированные им положения по господствовавшей в регионе идеологии и местным культам. Автор статьи заключает, что А. А. Беленицкий внес значительный вклад в то, чтобы признать городище Древнего Пенджикента как памятник первостепенной важности для изучения истории материальной культуры Средней Азии соответствующей эпохи.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

A. A. BELENITSKY'S CONTRIBUTION TO THE STUDY OF WALL PAINTINGS OF ANCIENT PENJIKENT

The article provides information on the work of a famous Russian and orientalist who made a significant contribution to the archaeological study of ancient Penjikent. The main attention is paid to the results of the fruitful work of A. A. Belenitsky on the study of wall paintings. It is emphasized that the subjects of study of this researcher were such issues as the interpretation of paintings, clarification of the presented images, analysis of the used principles of iconography, etc. Based on the comparison of Panjikent murals with works of monumental art from other monuments, he pointed out the existence of the Sughd painting school of the early middle ages. Of great scientific value are the propositions formulated by him on the prevailing ideology and local cults in the region. The author concludes that A. A. Belenitsky has made a significant contribution to the transformation of the settlement of ancient Penjikent in the monument of paramount importance for the history of material culture of Central Asia of the era.

Текст научной работы на тему «ВКЛАД А. А. БЕЛЕНИЦКОГО В ИЗУЧЕНИЕ НАСТЕННЫХ РОСПИСЕЙ ДРЕВНЕГО ПЕНДЖИКЕНТА»

get acquainted with ancient beliefs, as well as the symbolism of images in ancient fine arts.

Key words: Bactria, Sogd, antiquity, religion, zoorastrism, visual art, terracotta, statuette.

Маълумот дар бораи муаллиф: Сайфуллоева Шахноз Изатуллоевна- унвончуи Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ. Тел: (+992) 985843505. E-mail:Saifulloeva86@mail.ru

Information about the author: Sayfulloeva Shakhnoz Izatulloevna -Applicant for the Donish Institute of History, Archeology and Ethnography, National Academy of Sciences of Tajikistan

Тел: (+992) 985843505. E-mail:Saifulloeva86@mail.ru УДК-930.23

САХ,МИ А. А. БЕЛЕНИТСКИЙ ДАР ОМУЗИШИ ДЕВОРНИГОРА^ОИ ПАНЧДКЕНТИ КАДИМ

КАРИМОВА Г. Б., Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Таърихи омузиши шахри Панчакенти ^адим аз соли 1946 огоз меёбад.Мухимтарин кашфиёти дар ин шахркада ичрошуда-кашфи ёдгорихои сершумори санъати тасвирй, пеш аз хама, деворнигорахо мебошад. ^адамхои нахустини тахкикоти муназзами Панчакенти ^адим бо номи узви вобастаи Академияи илмхои Иттифоки Шуравй А. Ю. Якубовский тавъаманд.Дар муддати кутох мусавварахои девории Панчакент макоми сарчашмаи ахаммияташ якуминдарачаро сохиб шуданд, ки акнун ягон мухаккики фарханги Сугд ва эхтимол, тамоми Осиёи Миёнаи давраи асрхои миёнаи бармахал онро ба инобат нагирифта наметавонад.

Яке аз мухаккикони маъруфи деворнигорахои Панчакенти ^адим А. М. Беленитский (1904-1993) ба шумор меравад. У дар вилояти Смоленски Русия таваллуд шуда, соли 1930 дар шахри Тошканд факултети шаркшиносии Донишгохи давлатии Осиёимиёнагиро хатм карда, хамон сол ба Чумхурии Точикистон омада, бо фаъолияти таълимй ва илмй машгул гардидааст. У аз соли 1947 ба омузиши бостоншиносии шахркадаи Панчакенти ^адим шуруъ намуд. Нахустин маколааш дар мавзуи ин шахри бостонй соли 1949 руи чопро дид, харчанд он бо деворнигорахо алокаманд набуд.Бо мурури замон мухаккики номбурда вобаста ба хафриёти Панчакент зиёда аз 120 асари хурду калонро дар алохидагй ва хаммуалифй таълиф намуд.

Маколаи якуми у, ки мавзуи он бо мусавварахои деворй алокаманд буд, соли 1950 нигошта шудааст. Дар он муаллиф дар заминаи сарчашмахои гуногун, аз чумла деворнигорахо, оид ба маъбад будани бинои № 1 ва дар ин минтака хукмрон будани чомеае, ки ин биноро бунёд кардааст, андешаронй мекунад [12, 104-108].

Вале дар мазмуни баъзе асархои дар нимаи аввали солхои 50-ум нашркардаи у костагихо ба назар мерасиданд. Барои мисол, соли 1954 маколаи А.М.Беленитский дар чилди дуюми "Осори Экспедитсияи бостоншиносии Точикистон" (нашри Маскав) чоп шуд. Ин макола ба мавзуи маъбадхои панчакентй бахшида шуда, дар он тавсифи баъзе аз мусавварахо мавчуданд. Маводи овардашуда то дарачае сатхй буд, ки инро худи муаллиф низ таъкид кардааст. Бар замми ин, А. М. Беленитский асосан маълумотеро, ки А. Ю. Якубовский дар чилди якуми "Асархои экспедитсияи бостоншиносии Точикистон" нашр карда буд, такроран пешниход намуд [13,21-58].Бар хилофи ин, дар дигар асархои А.М. Беленитский баъдан маводи тахлилй-мукоисавй чойи сазоворро ишгол мекунанд.

А. М. Беленитский баъд аз А. Ю. Якубовский ва М. М. Дяконов дар давоми чахоряк аср (солхои 1954-1979) сарварии Экспедитсияи бостоншиносии Панчакентро ба ухда дошт [5,13]. Дар давоми ин солхо у хамасола дар мачаллахои илмии "Бостоншиносии Шуравй", "Мавод ва тахкикотхо доир ба бостоншиносии ИЧ,ШС", "Кашфиёти бостоншиносй", "Ахбороти мухтасари Институти таърихи фарханги моддй", "Асархои Академияи илмхои Ч,ШС Точикистон", "Ахбори Академияи илмхои Ч,ШС Точикистон", "Осори Институти таърихи Академияи илмхои Ч,ШС Точикистон", "Корхои бостоншиносй дар Точикистон" оид ба рафт ва натичахои хафриёти ин ёдгории таърихй хисоботи илмй ба нашр мерасонид. Дар тахияи як кисми хисоботи илмии солона у бо дигар мухдккикони Панчакенти ^адим - Б. И. Маршак, В. И. Распопова ва А. И. Истоков хамкории пурсамар мекард.

Баъзе маколахои хисоботи А.М. Беленитский хеле муфассал мебошанд.Барои мисол, асари соли 1958 нашркардаи у дар бораи натичахои умумии хафриёти солхои 1951-1953-уми Панчакенти ^адим бе назардошти тасвирхо 50 сахифаи мачаллаи "Мавод ва тадкикотхо доир ба бостоншиносии ИЧ,ШС"-ро фаро мегирад [10,104-154].

Дар катори тахияи хисоботи чорй, А.М. Беленитский ба шарх додани мавзуъхои деворнигорахо машгул буд. Дар доираи маколаи соли 1956 интишоркардааш у се сужаи деворнигорахоро барои тахлилкунй кабул кардааст. Барои ду сужаи каблан аз чониби мухаккикон шарх додашуда у нуктаи назари фарккунандаи худро оид ба мавзуи сахнахо пешниход карда, сахнаи сеюми соли 1953 кашфшударо нахустин шуда махз А.М. Беленитский шарх додааст. Аз чумла, мусаввараи тачдидшудаи

девори шаркии бинои хурди хампахлуи маъбади якуми Панчакентро А. Ю. Якубовский хамчун базми ба иди бахор бахшидашуда шарх дода буд ва чунин хулосаи уро М.М. Дяконов дастгирй кардааст. Барои чунин хулосабарорй у тасвир шудани кадаххо, гулхо, нимурён будани баъзе иштирокчиёни маросим, серхаракат будани вазъи баъзеи онхо, навохтани асбобхои мусикиро хамчун асос кабул карда буд. А. Ю. Якубовский таъкид кардааст, ки дар асар, якинан, манзараи ракси маросимй пешниход шудааст [14,104].

А. М. Беленитский бошад доираи сарчашмахои чалбшавандаро васеътар гардонида, дар натича тавзехе пешниход кардааст, ки комилан бархилофи маънидодкунии А. Ю. Якубовский мебошад. Ба сифати чунин сарчашмахои нав барои А.М. Беленитский маводи мардумшиносии марбут ба анъанахои сокинони Рашту Дарвоз, Помир ва Истаравшан, инчунин ахбори сарчашмаи хаттии марбут ба Арманистони кадим (асри IV) хизмат кардаанд. Ин мачмуи маълумотро тахлил намуда, мухаккик менависад, ки деворнигора дар асл сахнаи ракси маросимиро нишон медихад, вале на ба маънои идкунии омад-омади бахор ("Гули сурх"), балки дар маънои ба чо овардани маросими азодорй [8,57-58].

Соли 1954 нашриёти Академияи илмхои ИЧ,ШС дар шахри Маскав мачмуаи академии "Панчакенти ^адим"-ро аз чоп баровард, ки дар он маколаи муфассали А.М. Беленитский нашр гардид. Муаллиф дар такя ба мусавварахои Панчакенти ^адим идеология ва парастишхои Сугдро тахкик мекунад. У чунин андеша меронад, ки маъбадхои Панчакенти ^адим ва анъанаи мусаввирии мухташами дохили онхо бо фаъолияти эчодии рассомоне, ки мутааллики чомеаи монавиён буданд, дар алока хастанд. Махорати мусавирии сугдиён аз худи Монй ва шогирдони у сарчашма гирифта, аз насл ба насл мерос мондааст [1,64].

Дигар маколаи хеле муфассали А.М. Беленитский соли 1959 дар мачмуаи "Мучассама ва мусаввараи Панчакенти ^адим" ба нашр расид. Он ба муайян намудани мазмуни бадеии ёдгорихои дар бинои истикоматии калони Панчакент (объекти VI) кашфшуда бахшида шудааст. Мухаккик хулоса мекунад, ки ин биноро ашроф - заминдори калон сохибй мекард. А.М. Беленитский ба тахлили бадеии хамбастагии дар девори пахлугии манзили 26-уми ин бино овардашуда, ки дар он тасвири худои мох бокй мондааст, диккати зиёд медихад. Мавсуф асархои сершумори мувофикаткунандаи аз Сугд ва минтакахои хамсоя ёфташударо чалб карда, хулоса мебарорад, ки махз Осиёи Миёна бояд ба сифати сарчашмаи чугрофии пайдоиши ин гуна хамбастагй дониста шавад [7,53-64].

Дар яке аз маколахои у пораи мусаввара бо тасвири мухосираи калъа, ки дар толори маросимхои касри Деваштич кашф шуд, омухта шудааст. Аз руи симо ва тарзи либоспушии кахрамонхо у чунин

натичагиpй мекунад, ки даp асаp сахнаи аз чониби аpабхо мyхосиpа намyдани калъаи сyFдй нишон дода шyдааст. Даp ин макола A.M. Беленитский тасвиpи силохи калъакуб - манчани^о тахлил ва тачдид каpдааст. Даp девоpхои Панчакенти ^адим се тасвиpи истифодаи чунин силох мавчуданд, хаpчанд танхо як тасвиp даp холати каноатбахш (хонданибоб) бокй мондааст. У чунин натичагиpй мекунад, ки тасвиpи мазкyp баpои илми хаpбй саpчашмаи нав буда, имкон медихад, ки сатхи таpаккии тупхои хаводиханда даp асpхои миёнаи баpмахал аниктаp ва мyкаммалтаp тасаввyp каpда шавад [3, 215-221].

А. M. Беленитский хамчунин таъсиpи мутакобилаи санъати тасвиpии СyFдpо бо минтакахои дигаpи дypy наздик мукоиса мекунад. Аз чумла, соли 1978 даp натичаи тахлили амики яке аз поpахои мyсавваpаи объекти VII шахpи бостонии Панчакент pобитаи онpо бо фаpханги Х,инд таъкид каpдааст. Даp ин асаp гypyхи сенафаpаи одамон даp дохили pавоки дусутуна тасвиp шудаанд. Рассом даp маpкази тасвиp чуссаи нимбаpахнаи pаккосеpо, ки pонхояшpо пусти паланг пушонидааст, чойгиp каpдааст. Аз ду чониби у бо микёси хеле хypдтаp симохои ду нафаpи нишаста намоёнанд. Як нафаpи онхо даp даст ашё баpои чамъоваpии кypбонихо доpад, даp дасти чапи нафаpи дигаp, шояд, pитон мавчуд аст. Беpyн аз pавок даp девоpи хамсоя мyсавваpа идома меёбад, ки танхо поpае аз он бокй мондааст. Даp ин чо тасвиpи боз як шахси нишастаpо мебинем, ки бо дасти чап косаpо ба сатхи пеши баp баpдоштааст. Болотаp аз у сypоби мyтpиби ба зону нишаста тасвиp каpда шудааст. А. M. Беленитский таpзи исти pаккос, танхо аз пусти паланг ибоpат будани пушок, инчунин бо pанги кабуд ичpо шудани чуссаи ypо ба инобат гиpифта, даp зеpи таъсиpи конунхои мyкаддаснигоpии Шива ("шохи pакскyнандаи кабyдгаpдан") пайдо шудани симои даp девоpнигоpаи Панчакент тасвиpшyдаpо таъкид каpдааст [4,4-5].

Даp pисолаи соли 1973 нашpкаpдаи A.M. Беленитский "Санъати мухташами Панчакент: мyсавваpа ва мучассама", ки хачман калон нест (камтаp аз 70 сахифа), аз мехнати чахоpякасpаи ин мyаppих ва санъатшиноси забаpдаст оид ба тахкики ёдгоpихои бадеии Панчакент натичагиpй шудааст. Он аз чахоp боб ибоpат аст. Даp боби аввал мyсавваpа ва мучассамахо мавpиди тавсифи умумй каpоp дода шудаанд. Тавсифи мyсавваpахои даp оpоиши меъмоpии маъбадхо ва бинохои истикоматй истифодашуда даp алохидагй ба ичpо pасидааст. Даp боби дуюми pисола хусусиятхои техникй ва услубии ёдгоpихои санъати Панчакент тахлил каpда шудаанд. Даp доиpаи боби сеюм А. M. Беленитский мавзуъхои санъати тасвиpии ин шахpкадаpо меомузад ва мухаккик андешахои хyдpо оид ба сужахои паpастишй ва достонй даp доиpаи зеpбобхои мустакил баён каpдааст.Даp боби хотимавии моногpафияи мазкyp чанбахои умумй ва вижагихои ёдгоpихои санъати

Панчакенти ^адим ва дигар навохии Осиёи Mrëra ва давлатхои хоричии ин давра дар мукоиса баррасй карда шyдaaнд. А.M. Беленитский менависад, ки дар Панчакент нaмyнaи бехтарини падидаест, ки дар асрхои миёнаи бармахал дар доираи санъати маъбадй ва касрй дигар махдуд намешавад, акнун табакаи хеле васеи шахрвандони сарватманд толорхои маросимии хонахояшонро бо деворнигорахо ва кандакорй дар чу6 оро медоданд [6,54-55].

А. M. Беленитский тачдиди маъбадхои Панчакенти ^адимро масъалаи хеле мухим медонист ва бо ин максад аз мусавварахо ва дигар тарзхои ороиши меъмории дар худуди ин ёдгории таърихй кaшфшyдa босамар истифода бурдааст. Ба ин мaвзyъ тарики махсус y хануз соли 1952, яъне панч сол баъд аз кашфиёти шахри мазкур py оварда буд [9, 119-126]. Баъд аз ду дахсола (соли 1973) y зарур донист, ки бо инобати ёдгорихои нави ёфташуда ин мавзуъро дар хамкорй бо Л.Л. Гуревич ва Б. И. Mapшaк таквият бахшад [11,157-160].

Х,амчунин А. M. Беленитский чандин маколаи илмии дигар ба нашр расонидааст, ки махсус ба мaвзyи деворнигорахои Панчакенти ^адим бахшида шудаанд. Дар ин самт y бештар бо олими шаркшинос ва мутахассиси сохаи таърихи санъат Б.И. Mapшaк хамкории пурсамар кардааст.

Х,арчанд баъди соли 1979 А. M. Беленитский дигар ба экспедитсияи номбурда рохбарй намекард, вале дар тахкикоти бостоншиносии Панчакенти ^адим фаъолияти худро идома дода, дар алохидагй ё хаммуаллифй хисоботи чорй ба нашр мерасонид. Баъзе аз чунин маводи тахияшуда баъди соли 1993 дар синни 89-солагй вафот кардани ин олими барчаста руи чопро диданд.

Соли 2019 дар шахри Санкт-Петербург мачмуи маколахои илмии мунтахаб ва очеркхою ёддоштхои шаркшинос ва ин бостоншиноси барчастаи рус тахти унвони "Таърих ва фарханги Осиёи Mapкaзй дар давраи кадим ва асрхои миёна. Очеркхои солхои гуногун (чомеа, таърих, фарханг)"интишор шуд [5]. Баъзе аз маколахои ин мачмуа дар бораи мусавварахои Панчакенти ^адим маълумот медиханд, харчанд такроран интишор шудаанд, аз ин py барои тавсифи онхо ниёз вучуд надорад.

Дар умум, доираи мавзуъхои тахкикотии А. M. Беленитский марбут ба шахри Панчакенти ^адим фарох буд. Ин олими барчаста дар омузиш ва муарификунии деворнигорахои ин шахри бостонй ва дар ин замина, санъати тасвирии CyFди асрхои миёнаи бармахал сахми арзанда гирифтааст. Дар натичаи мехнати бисёрсолаи y ва хамсафонаш мавчудият ва асолати мактаби вижаи мусаввирии сyFдй муайян карда шуд. Бо истифода аз ин сарчашма y пахлухои гуногуни идеология ва парастишхои дар ин минтака хукмронро ошкор намуда, оид ба анъанахои бемисли

ачдодони мо маълумоти нав пайдо кард. Зах,матх,ои А. М. Беленитскийро ба инобат гирифта соли 1975 Хукумати Ч,ШС Точикистон уро бо унвони баланди Ходими шоистаи илми чумх,урй сарфароз гардонид.

АДАБИЁТ

1. Беленицкий А. М. Вопросы идеологии и культов Согда (По материалам

пянджикентских храмов) / А. М. Беленицкий // Живопись древнего Пянджикента. - М.: Из-во АН СССР, 1954. - С. 25-82.

2. Беленицкий А. М. Вопросы хронологии живописи раннесредневекового Согда / А.

М. Беленицкий, Б. И. Маршак // Успехи среднеазиатской археологии. - Вып. 45. - 1979. - С. 32-37.

3. Беленицкий А. М. Древнейшее изображение осадной машины в Средней Азии / А.

М. Беленицкий // Культура Востока. Древность и раннее средневековье. - Л., 1978. - С. 215-221.

4. Беленицкий А. М. Из истории культурных связей Средней Азии и Индии в раннем

средневековье / А. М. Беленицкий // КСИИМК. - Вып. 98. - М.: Изд-во АН СССР, 1964. - С. 33-42.

5. Беленицкий А. М. История и культура Центтральной Азии в древности и

средневековье. Эссеистика разных лет (общество, история, культура) / А. М. Беленицкий. - СПб.: Изд-во РГПУ им. А. Герцена, 2019 . - 740 с.

6. Беленицкий А. М. Монументальное искусство Пенджикента. Живопись,

скульптура / А. М. Беленицкий // Материалы сессии, посвященной итогам археологических и этнографических исследований 1964 г. в СССР: Тезисы докладов. - Баку, 1965. - С. 54-55.

7. Беленицкий А. М. Новые памятники искусства древнего Пенджикента. Опыт

иконографического истолкования / А. М. Беленицкий // Скульптура и живопись древнего Пенджикента. - М.: Изд. АН СССР, 1959. - С. 53-64.

8. Беленицкий А. М. О некоторых сюжетах пенджикентской живописи / А. М.

Беленицкий // КСИИМК. - Л., 1956. - Вып. 61. - С. 56-62.

9. Беленицкий А. М. О пянджикентских храмах / А. М. Беленицкий // КСИИМК. -

Вып. 45. - М. Изд-во АН СССР, 1952,- С. 119-126.

10. Беленицкий А. М. Общие результаты раскопок городища древнего Пенджикента

(1951-1953 гг.) / А. М. Беленицкий // МИА. - 1958. - № 66. - С. 104-154.

11. Беленицкий А. М. Пенджикентские храмы и развитие согдийского культового

искусства в V-VII вв. / А. М. Беленицкий, Л. Л. Гуревич, Б. И. Маршак // Тезисы докладов сессии, посвященной итогам полевых археологических исследований 1972 г. в СССР. - Ташкент, 1973. - С. 157-160.

12. Беленицкий А. М. Раскопки здания № 1 в древнем Пенджикенте / А. М.

Беленицкий // МИА. - № 15. - М.-Л., 1950. - С. 104-108.

13. Беленицкий А. М. Раскопки согдийских храмов в 1949-1950 гг. / А. М. Беленицкий

// МИА. - № 37. - М.-Л.: Изд-во АН СССР, 1953- С. 21-58.

14. Дьяконов М. М. Росписи Пянджикента и живопись Средней Азии / Дьяконов М.

М. // Живопись древнего Пянджикента. - М.: Из-во АН СССР, 1954. - С. 83-158.

САХ,МИ А. А. БЕЛЕНИТСКИЙ ДАР ОМУЗИШИ ДЕВОРНИГОРА^ОИ ПАНЧДКЕНТИ ЦАДИМ

Дар ма^ола маълумот дар бораи шар^шиноси шинохта А. М. Белинитский оварда мешавад, ки дар тахдщи таърихи бостонии Панчакенти ^адим сах,ми

калон гузошта аст. Фаъолияти пурсамари А. А. Беленитский чихати омузиши мусавварахои деворй дар маркази ди;;ат ;арор дода шудааст. Кайд карда шудааст, ки ин муха;;и; бо шарх додани деворнигорахо, муайян кардани симохои тасвиршуда, тахлили ;оидахои му;аддаснигорй ва халли дигар масъалахо машгул гардида, дар асоси му;оисаи деворнигорахои Панчакенти Кадим бо асархои санъати монументалии дар дигар ёдгорихо кашфшуда у барои замони асрхои миёнаи бармахал мавчудияти мактаби вижаи мусаввирии Сугдро таъкид кард. Коидахои баёнкардаи у оид ба идеологияи дар минта;а хукмрон буда ва парастишхои махаллй арзиши баланди илмй доранд.Муаллифи ма;ола натичагирй мекунад, ки акнун дар омузиши таърихи маданияти модии Осиёи Миёнаи давраи марбута Панчакенти Кадим ёдгории ахаммияташ якуминдарача ба шумор меравад ва барои чунин ма;омро сохиб шудани шахри мазкур А. А. Беленитский сахми калон гузоштааст.

Калидвожахо: таърих, асрхои миёнаи бармауал, бостоншиноси, шауркада, Панцакенти Цадим, маъбад, ороиши меъмори, санъати тасвири, деворнигора, муцаддаснигорй, идеология, парастиш, сауми олим.

ВКЛАД А. А. БЕЛЕНИЦКОГО В ИЗУЧЕНИЕ НАСТЕННЫХ РОСПИСЕЙ ДРЕВНЕГО ПЕНДЖИКЕНТА

В статье приводятся сведения по работе известного русского востоковеда, внесшего значительный вклад в археологическое исследование Древнего Пенджикента. Основное внимание уделено результатам плодотворной работы А. А. Беленицкого по изучению произведений настенной живописи. Подчеркивается, что предметами изучения этого исследователя становились такие вопросы, как трактовка росписей, выяснение представленных образов, анализ использованных принципов иконографии и т.д. На основе сравнения пенджикентских росписей с произведениями монументального искусства из других памятников, он указал на существование согдийской живописной школы эпохи раннего средневековья.

Большую научную ценность представляют сформулированные им положения по господствовавшей в регионе идеологии и местным культам.

Автор статьи заключает, что А. А. Беленицкий внес значительный вклад в то, чтобы признать городище Древнего Пенджикента как памятник первостепенной важности для изучения истории материальной культуры Средней Азии соответствующей эпохи.

Ключевые слова: история, раннее средневековье, археология, городище, Древний Пенджикент, храм, архитектурный декор, изобразительное искусство, настенная роспись, иконография, идеология, культ, вклад ученого.

A. A. BELENITSKY'S CONTRIBUTION TO THE STUDY B. OF WALL PAINTINGS OF ANCIENT PENJIKENT

The article provides information on the work of a famous Russian and orientalist who made a significant contribution to the archaeological study of ancient Penjikent. The main attention is paid to the results of the fruitful work of A. A.

Belenitsky on the study of wall paintings. It is emphasized that the subjects of study of this researcher were such issues as the interpretation of paintings, clarification of the presented images, analysis of the used principles of iconography, etc. Based on the comparison of Panjikent murals with works of monumental art from other monuments, he pointed out the existence of the Sughd painting school of the early middle ages. Of great scientific value are the propositions formulated by him on the prevailing ideology and local cults in the region. The author concludes that A. A. Belenitsky has made a significant contribution to the transformation of the settlement of ancient Penjikent in the monument of paramount importance for the history of material culture of Central Asia of the era.

Key words: history, early middle ages, archeology, ancient settlement, ancient Penjikent, temple, architectural decor, fine art, wall painting, iconography, ideology, cult, scientist's contribution.

Сведения об авторе: Каримова Ганджина Бахтиёровна-соискатель Института истории, археологии и этнографии имени А. Дониша НАНТ. Телефон: (+992) 918817250,(+37 992) 2217260. E-mail: gancinkarimova@gmail.com

Information about the author: Karimova Ganjina Bakhtierovna - candidate of the A. Donish Institute of history, archeology and Ethnography of the. Tel. : (+992)918817250,(+37 992) 2217260. E-mail: gancinkarimova@gmail.com

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.