Научная статья на тему 'УНСУРҲОИ ТАШКИЛДИҲАНДАИ АНДЕША ВА АФКОРИ СОИНУДДИНИ ХУҶАНДӢ'

УНСУРҲОИ ТАШКИЛДИҲАНДАИ АНДЕША ВА АФКОРИ СОИНУДДИНИ ХУҶАНДӢ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
31
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
андешаву афкори Соинуддини Хуҷандӣ / ирфон / тасаввуф / фалсафа / шариат / Ибни Арабӣ / Мулло Садро / Оли Хуҷанд / Soinuddin Khujandi tenet / mysticism (irfon) / Sufism / philosophy / sharia / Ibn Arabi / Mullo Sadro / Oli Khujand

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Мирзоев Садриддин Холович

Масъалаи сарчашмаҳои ташаккули таълимоти мутафаккири барҷастаи куруни вусто Соинуддини Хуҷандӣ, ки яке аз намояндагони дурахшони хонадони маъруфи Оли Хуҷанд дар Исфаҳон мебошад, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Зикр гардидааст, ки сарчашмаҳои асосии таълимоти Соинуддин анъанаи исломӣ, яъне Қуръону ҳадис ва шариат, тасаввуф, ирфон, машшоияи шарқӣ, фалсафаи ишроқ ва ҳуруфия ба шумор мераванд. Бо такя ба гуфтаҳои худи мутафаккир мулоҳизаи як қатор олимон дар бобати мансубияти Соуниддини Хуҷандӣ ба мазҳаби шеа рад карда шудааст. Таъкид гардидааст, ки Соуниддини Хуҷандӣ аввалин шуда ба талфиқи таълимоти Ибни Сино, Суҳравардӣ ва Ибни Арабӣ, яъне ба ҳам овардани ишроқия ва машшоия кӯшиш ба харҷ додааст, аз ин рӯ аз пешкисватони дастовардҳои Садруддини Шерозӣ (1572-1640), ки бо номи Мулло Садро маъруфият дорад, маҳсуб мегардад. Нақши Соуниддин дар пайдоиши ҳикмати мутаолияи Мулло Садро пайгирӣ шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SOURCES OF SOINUDDIN KHUJANDI`S DOCTRINE AND IDEAS

The article dwells on the issue concerned with sources of the doctrine formation of the well-known medieval thinker Soinuddin Khujandi being one of the prominent representatives of the famous Oli Khujand dynasty in Isfahan. It is confirmed that the main sources of Khujandi doctrine were: Islamic tradition, namely the Koran, hadiths, sharia, Sufism and mysticism (irfon), Eastern peripatetism, Ishraq philosophy and Hurufi one. Designing on the premise of the statements of the thinker himself refutes a number of researchers` opinion about Soinuddin Khujandi`s backgrounds to the shia sense of Islam. It is emphasized that Soinuddin Khujandi for the first time made an endeavor to synthesize Ibn Sina, Suhravardi and Ibn Arabi tenets, namely to reconcile Ishrakism and peripatetic philosophy, thereby to some extent anticipating Sadriddin Shirozi`s achievement known as Mullo Sadro (1572-1640). The role of Soinuddin in the emergence of Mullo Sadro's transcendental philosophy is traced.

Текст научной работы на тему «УНСУРҲОИ ТАШКИЛДИҲАНДАИ АНДЕША ВА АФКОРИ СОИНУДДИНИ ХУҶАНДӢ»

УДК: 82.09 (575.3)

DOI 10.24412/2413-2004-2023-1-56-64

УНСУРХ,ОИ Мирзоев Садриддин Холович, н.и.филол. дотсенти ТА ШКИЛДИХА НДА И кафедраи адабиёти классикии тоцики АНДЕША ВА АФКОРИ МДТ "ДДХ ба номи акад. Б. Fафуров СОИНУДДИНИХУЦАНДИ (Хуцанд, Тоцикистон)

ИСТОЧНИКИ Мирзоев Садриддин Холович, канд.филол.наук, ДОКТРИНЫ И ИДЕЙ доцент кафедры таджикской классической СОИНУДДИНА ХУДЖАНДИ летаратуры ГОУ "ХГУ имени академика Б.

Гафурова " (Худжанд, Таджикистан)

SOURCES OF Mirzoyev Sadriddin Kholovich, candidate of SOINUDDIN KHUJANDFS philological sciences, Associate Professor of the DOCTRINE AND IDEAS department of Tajik classical literature under the SEI

"KhSU named after academician B. Gafurov " (Khujand, Tajikistan) E-MAIL: mirzozoda-75@mail.ru

Масъалаи сарчашмауои ташаккули таълимоти мутафаккири барцастаи куруни вусто Соинуддини Хуцандй, ки яке аз намояндагони дурахшони хонадони маъруфи Оли Хуцанд дар Исфауон мебошад, мавриди баррасй царор гирифтааст. Зикр гардидааст, ки сарчашмауои асосии таълимоти Соинуддин анъанаи исломй, яъне Куръону уадис ва шариат, тасаввуф, ирфон, машшоияи шарцй, фалсафаи ишроц ва ууруфия ба шумор мераванд. Бо такя ба гуфтауои худи мутафаккир мулоуизаи як цатор олимон дар бобати мансубияти Соуниддини Хуцандй ба мазуаби шеа рад карда шудааст. Таъкид гардидааст, ки Соуниддини Хуцандй аввалин шуда ба талфици таълимоти Ибни Сино, Сууравардй ва Ибни Арабй, яъне ба уам овардани ишроция ва машшоия кушиш ба харц додааст, аз ин ру аз пешкисватони дастовардуои Садруддини Шерозй (1572-1640), ки бо номи Мулло Садро маъруфият дорад, маусуб мегардад. Нацши Соуниддин дар пайдоиши уикмати мутаолияи Мулло Садро пайгирй шудааст.

Калидвожа^о: андешаву афкори Соинуддини Хуцандй, ирфон, тасаввуф, фалсафа, шариат, Ибни Арабй, Мулло Садро, Оли Хуцанд

Рассмотрена проблема источников формирования доктрины известного средневекового мыслителя Соинуддина Худжанди, одного из ярких представителей знаменитой династии Оли Худжанд в Исфагане. Утверждается, что основными источниками доктрины Худжанди были: исламская традиция, то есть Коран, хадисы, шариат, суфизм и мистицизм (ирфон), восточный перипатетизм, философия ишрака и хуруфитская философия. На основе высказываний самого мыслителя опровергается мнение ряда исследователей о принадлежности Соинуддина Худжанди к шиитскому толку ислама. Подчеркивается, что Соинуддин Худжанди впервые попытался синтезировать учение Ибн Сины, Сухраварди и Ибн Араби, то есть примирить ишракизм и перипатетическую философию, тем самым в некоторой степени предвосхитив достижение Садриддина Ширази, известного как Мулло Садро (1572-1640). Прослежена роль Соинуддина в возникновении трансцендентальной философии Муллы Садро.

Ключевые слова: учение Соинуддина Худжанди, мистицизм (ирфон), суфизм, философия, шариат, Ибн Араби, Мулло Садро, Оли Худжанд

The article dwells on the issue concerned with sources of the doctrine formation of the well-known medieval thinker Soinuddin Khujandi being one of the prominent representatives of the famous Oli Khujand dynasty in Isfahan. It is confirmed that the main sources of Khujandi doctrine were: Islamic tradition, namely the Koran, hadiths, sharia, Sufism and mysticism (irfon), Eastern peripatetism, Ishraq philosophy and Hurufi one. Designing on the premise of the statements of the thinker himself refutes a number of researchers' opinion about Soinuddin Khujandi's backgrounds to the shia sense of Islam. It is emphasized that Soinuddin Khujandi for the first time made an endeavor to synthesize Ibn Sina, Suhravardi and Ibn Arabi tenets, namely to reconcile Ishrakism and peripatetic philosophy, thereby to some extent anticipating Sadriddin Shirozi's achievement known as Mullo Sadro (1572-1640). The role of Soinuddin in the emergence of Mullo Sadro's transcendental philosophy is traced.

Key words: Soinuddin Khujandi tenet, mysticism (irfon), Sufism, philosophy, sharia, Ibn Arabi,

Mullo Sadro, Oli Khujand

Дар тахдщу баррасии дурнамоихои фикрии Хоча Соинуддин рангин камоне аз мавчудии тафаккури исломй ба мушохида мерасад, вале меби нем, ки дар ин камон хамаи рангхо аз вусъати яксонй бархурдор нестанд. Рангхои сардй, фалсафй ва каломй дар доираи тафаккуроти вай мачоли андаке доранд ва галаба бо рангхои гарми шаръй, ишро^й ва иш^й аст [14, шасту хаш].

Осори мансури зери даст будаи Хоча Соин хам дол бар он аст, ки нави санда андешаву орои мазхаби исломиро ба хубй медонист ва дар мавориди зарурй ба тахлилу тавзехи онхо мепардохт. Рисолахои "Асрор-ус-салот" ва "Суллам дору-с-салом" намунаи боризе хастанд, дар бузургии у бар фи^хи мазхаби ахли суннат. Ё рисолахои "Шавд -ал-^амар" ва "Мадоричи афхом" низ донишмандии вайро бар чараёнхои фикрй ва равияву фир^ахои исломй нишон медихад. Бинобар ин, яке аз унсурхои ташкилдихандаи андешахои Соинуддини Хучандй шариат мебошад.

Соинуддин ба монанди аксари донишмандони пешин дар амал пойбанди ша риат буд, аммо вазъияти он замон созгор набуд, ки андешахои шаръй дар фар ханг ва маорифи исломй ошкор гардад.

Аз ин ру, Соинуддин дар бобати дин ва масъалахои тафсиру хадис наздик бист рисолаи хурду бузург навиштааст, ки мо шартан ин навъи осори нависандаро хангоми дастабандй кардан, ба гурухи осори динй - мазхабй их тисос додаем [5, с.69 ], чунонки худи вай дар ин маврид сарехан гуяд: "Аз илми тафсиру хадис ва усули дину фи^х хеч илми дигар ба дарс нагуфта" [11, с.170 ].

Манобеи на^лии шариат низ омил бар он шуда, ки вай дар хар фурсате оёту аходисро зинати маънавии каломи худ созад. Хдтто мушохида мекунем, ки ин равишро дар номахояш ба салотину амирони ва^т хам раво дидааст ва худи Соинуддин бар ин шеваи таълиф сарехан ишора мекунад: ... "Дааби ин фа^ир чунин аст, ки ба хар касе, ки расид, маънии хадис ва оятеро ба хотири у оварад:

То ба афус ба поён наравад умри азиз,

Дар сухан^ои илох,й нига^е бояд кард" [12, с. 296 ].

Аммо, мутаассифона бо сабаби номусоид будани авзои рузгори Соинуд дини Хучандй дар бисёре аз осораш таъкид мекунад, ки азобу шиканчахои вай ба сабаби пуштибонй аз шариати ислом ва пайрави а^идаи суннат ва чамоат будани уст: « Ва Худой огох аст, ки ду навбат ин фа^ир бо вучуди пирй ва шикастагй аз Иро^ ба Хуросон омад... чихати мухаккими ин кори бузург: Яке а^идаи суннат ва чамоат дар хузури бузургони дин ва

хaмapо гувох г^ифт бap он авдца, то мачоли cyxaни дyшмaнон дap боби мазхаб набошад... ва яке дигap ба apз pacонид, ки чун pyчyи коpхо хама ба шapъ мефapмоянд, хукми шapъ бояд, ки дap FOяти ахком аз capи чид (д) тамом ва камоли эхтимом пapacтидa шавад» [12, с. 208 ].

кapдaн муносиб аст, ки бapxе донишмандон хамчун ^озй Нypyл лохи Шyштapй, Mиpзо Абдуллохи Афандй, Оrçобyзypги Техpонй, Сайид Хусайни Нacp ва дигapон Соинуддини Хучандй ва xонaдони ypо пaйpaви ахли ташайюъ донистаанд [4].

Аммо Хоча Соинуддин дap зиндагиномаи xyднaвишт "Нафсат-ул- мacдyp" ва оcоpи дигapaш capехaн таъкид мекунад, ки y ва xонaдонaш дap мазхаби ахли суннат ва чамоат, яъне шофеъимазхаб буданд, чунонки дap pиcолaи «Тухфаи Алоия» меxонем: «... Валекин чун мавотии ивдоми ин фа^^ ва ачдод дap ин pохи мyбоpaк симати та^вй симати шофей во^еъ гашта ва низ овозаи хикмат ва китоб дap ин чоpгохи мазохиб бap ^авли y pоcт меояд [12, с.183 ]. Ё мaвpиди дигap гуяд : "Эъти^оди ин фа^^ ба Faйp аз он чи аиммаи суннат ва чамоат pизвонaллохa алайхим ачмаин бap онанд, набуда... " [12, с.113 ].

Бинобap ин, нaзapи донишмандони мyхтapaм Нypyллохи Шyштapй, Mиpзо Абдуллохи Афандй, Оrçобyзypни Техpонй [10], Сайид Хусайни Нacp [3, с. 39] ва монанди ин дap бобати шиа будани Соинуддини Хучандй ва xонaдонaш сахех нест.

Хоча Соинуддин оид ба ин масъала дap «Нaфcaт-yл-мacдypи аввал» як нуктаи мyфидpо ибpоз медоpaд, ки ба ^авли вай тамоми бyзypгони ислом, аз чумла мaшоиxи суфия пaйpaви ахли суннат ва чамоат буданд, ки Faйp аз тоифаи ахли суннат дигapон улуми тacaввyфpо идpок кapдa наметавонанд : «Шиа ва муътазила дap усул ба хам муттафи^анд ва бо фалсафа низ... бештap муттафи^анд ва инхо хама душманони суннат ва чамоатанд ва мaшоиxи суфия хама суннат ва чамоат мебошанд, ки Faйp аз тоифаи ахли суннат ин илмpо (илми тасаввуф- С. М.) идpок намекунанд. Ва хap ки назди мypшид меояд ба талаби ин илм, то ypо ба суннат ва чамоат наме оpaд, ба ^шоди у мaшFyл намешавад» [12, с.212 ].

Ин мулохиза бapои малому мapтaбaи мазхаби ахли суннат ва чамоат аз хap нигох судманд аст, ки бapои aввaлинбоp дap гуфтахои Соинуддин Хучандй ба тaвpи capех баён шудааст. Хатто Соинуддин дap андеша ва а^оиди каломй, aгapчй дap оcоpи вай мачоли андак доpaд, мyxолифи нaзapи муътазила cyxaн мегуяд. Масалан, вай дap acapи "Эъти^одот" ба бappacии нaзapиёти ф^^ахои каломй, дap чанд мaвpиди масъалаи иxтилоф мепapдозaд: амсоли pyъяти Худованд, дap боби шафоат, дap масъалаи хусну ^убх ва дap хама мaвpид а^идаи xyдpо мyxолифи муътазила ва шиа баён мекунад.

Аз он чумла, дap масъалаи pyяти (дидоp) Худованд чунин менависад : "Зулчалоле, ки бо вучуди ин азамат ва иззат дидоpи хамаи aнвоppо дap pyзи ^иёмат, аз дидаи ахли имон дapеF нaдоpaд. Дyp аз он cyxaн, ки муътазила гуянд, ки хapгиз ypо натавон дид... чи дидaвapони куйи имон ва и^он дap он pyз, дидоpи Уpо монанди мохи чaхоpдaх тобанда бинанд." [12, с.227 ].

Храмин тapиrç, эъти^оди Хоча Соинуддин ба шapиaти ислом, бap тамоми оcоp ва абъоди фикpии у соя давондааст, чунонки пас аз ин андешаву аф коpи фалсафй, ^фонй ва ишpоrçии у хамагй дap заминаи шapиaт бунёд меёбад. Хамин мaxcycият аст, ки на^ш ва ма^оми Соинуддини Хyчaндиpо дap зyхypи хикмати мутаолй дap acpи хабдахуми мелодй добили бappacй менамояд ва мебинем, ки андешаву aфкоpи Соинуддини Хучандй ба а^оиди донишмандони acpи Сафавй, хамчун Mиpдомоди Аcтapободй, М^финди pиcкий, Мулло Сaдpои Шеpозй, Абдyppaзоrçи Лохичй, Мулло Хусайни Файз ва чуз онхо тaъcиp кapдaacт.

Дар бобати таьсиргузорй ва заминасоз будани андеша ва акоиди Хоча Соинуддин, чихати рушди "хикмати мутаолй" ахли фан хам муносиб мулохиза кардаанд. Донишманди маьруф Сайид Хусайни Наср перомуни Садриддини Шерозй, маьруф ба Мулло Садро тахкикоти арзишманд анчом дода, чунин на тичагирй мекунад : "Соинуддин Ибни Туркаи Исфахонй, муаллифи китоби " Тамхид-ул- кавоид" аз аввалинхост, ки назари Ибни Сино, Сухравардй ва Ибни Арабиро чамьбаст кардааст ва накши вай дар пайдоиш ва рушди баьзе унсур хои чахонбинии Мулло Садро назаррас аст" [3, с.19 ].

Ин мухаккик мавриди дигар чунин менигорад: "Мулло Садро аз осори начандон гузаштаи намояндагони ишрокй, бетардид, аз навиштахои Ч,алолид дини Даввонй ва Ибни Турка (яъне Соинуддини Хучандй С. М.) огохии хуб дошт " [3, с.73 ].

Ин мулохизахо гувохи онанд, ки накши Хоча Соин дар пайдоиши хикмати мутаолияи Мулло Садро дар асри хабдахуми мелодй дархури баррасй аст.

Яке аз сарчашмахои дигари афкору акоиди Хоча Соин илми фалсафа ва масьалахои борики он ба шумор меравад. Аз мазмуну мохияти асархои нависанда бармеояд, ки вай дар баррасии акл ва равиши аклонй, ки мавзуи асосии фалсафа аст, бисёр вокебинона натичагирй мекунад. Аз дидгохи у тарики истидлолу бурхон яке аз роххои расидани инсон ба куллаи тавхид мебошад ва ё ба ифодаи дигар коил аст, ки акл нахуст офаридаи илохист ва макоми халифатуллохиро доро аст: «Хазрати кудсй (яъне акл - С.М.) шиори бузургй аст, бо вучуди он ки муншаиёни девони азал ба парвонаи казо нафо зи боргохи Ч,алол, мисоли тафвизи хилофати рубьи маскун ба исми хакоик расми у навишта, маншури иёлаташро ба тугрои «Иннй чоилун фи-л- арзи халифатан» мувашшах (ороста) сохтанд ва маснади сиёдати хиттаи оламро ба шарафи тамкин ва хулуси у ороста..." [11, с. 33].

Аз ин лихоз, Хоча Соинуддин муддаист, ки акли назарй бо мукаддамоти якинй ва тарики истидлол, яке аз роххои расидани инсон ба тавхид аст, аммо ба воситаи он ки дар ин рох шакку тардид мавчуд аст, расидан ба максад ба нудрат хосил мешавад. Бояд роххои муносибе пайдо кард: "Расидан ба мабдаи шухуди вохид ва шуур бад-он чанд тарик дорад: яке тарики акли назарй аст, ки ба дастёрии бурхон ва мукаддамоти якинй ба сархади он рох меёбанд ва ба воситаи он ки дар ин рох ашвоки шукук ва хошоки шубахот, монеи сайри солик мегардад, вусул ба д-он тарик багоят нодир мебошад ва таьвики бисёр меафтад:

Рох;и тавх;идро ба ацл мацуй, Дидаи рухро бо хор махор.

Ва яке дигар тасфияи суфия аст ва тахсили завки идроки он хакоик ба маёмини тарки маъхудот ва фатоми нафс аз сойири русуму одот... Ахли вусул бештар аз тарики аввал мебошанд ва рохи эшон пештар аст.. " [ 14, хафтоду се].

Аз мачмуи андешахои Соинуддини Хучандй ин маьно истинбот меша вад, ки у бо фалсафа ва таълимоти файласуфон комилан ошност. Ё ба ифодаи дигар нависанда маьлумоти кофй дар бобати макотиби фалсафии пеш аз худ дорад ва муносиб назариёти фалосифаро накду тавзех мекунад.

Аз мухимтарин рисолаи нависанда, ки арсаи накди андешаву орои фал сафй таьлиф шудааст, китоби "Тамхид-ул- кавоид" мебошад. Ин китоб наму наи олии талфики фикри ирфонй ва фалсафй аст. Хоча Соинуддин ва ниёи бузургаш, Хоча Афзалуддин муаллифи "Кавоид - ут- тавхид" дар ин навишта ба ирфонй намудани масоили фалсафй назар доштаанд. Масъалахои мехварии китоб дар баёни тавхиди илохй ва бахси иштироки маьнавии вучуд аст. Дар масоли борики вучудшиносй, ки дар фалсафа аз уммухоти мабохис ба шумор меравад, бахс мекунад.

Китоби "Тамхид-ул- ^авоид" аз pyзгоpи xyди Соинуддин, яъне аз дахаи сеюми rçapни понздахуми мелодй cap кapдa, то имpyз дap хавзахои тaдpиcy таъ лими иpофони нaзapй acлитapин китоб аст, бapои шиноxти тавхид ва масоили боpики он, хамчунонки "Фусус-ул-хикам" бapои шиноxти инсони комил ва вилоят унвон шудааст [15, с.11 ].

Аслан талфи^и мaоpиф коpе сахлу осон набуда, танхо касоне аз ухдаи он мебapомaдaнд, ки аз устодони мусаллами илму хикмат ва фapхaнгy маъ pифaт махсуб мешуданд. Яке аз ин фapзонaгон Соинуддин Мухаммади Хучандй мебошад, ки дap олами фалсафа ба Ибни Тypкa ма^уф аст.

Бино ба нaзapи Ибни Typra а^л бояд дap пapтaви тазкия ва тасфияи нафс, нузхати дил pyшд намояд ва а^^о бо нypи дил ва сафои ботинй бояд зиннат дод, то ба ха^ои^ даст ёбад.

Аз ин дидгохи Ибни Typкa а^л ва фалсафаи машшоъ бе имдоди нypи илохй добили эътимод нест. Ба хамин далел, фалсафа мaвpиди таваччухи вай хикмати ишpоrç аст. Хамин мaxcycиятpо хам дap андешахои иpфонй ва хам дap aфкоpи хypyфиaш метавон дид. Ин нукта дap тaъcиpгyзоpии Хоча Соин чихати pyшдy инкишофи фикpии баъд аз вай доpои ахамият аст:

"А^л нypеcт, ки дap aндapyни одамй пайдо мешавад, ки тамйизи хap чизе мекунад... Нypи а^л бе он ки нypи офтоби нубувват бо у ëp шавад ё нypе, ки ^оимма^оми нypи нубувват бошад, ин коpи тамйиз аз у наёяд, чи хамчунончи xypшед, офтоби олами кавн аст, ха^и^ати Мухаммад офтоби олами вучуд ва мapотиби он аст, ки беистионат ва ëpии У хеч доной ва тамйиз тамом наша вад... Аз ин чост, ки атфол чун аз мapтaбaи хайвонй дap гузаштанд ва оcоpи зyхypи а^л ва тамйиз дap эшон пайдо шавад, шapъ, ки cypaти нубувват аст, бap у вочиб мегapдонaд, то а^л аз коpи xyд бекоp намонад [13, с. 128].

Яъне, матлаб ин аст, омезиши а^лу шapиaт дap заминаи масоли боpики иpфон аз мyхимтapин абъоди андешаи Хоча Соинуддин аст, ки дap кaноpи андешаи бyзypгони дигap андак- андак заминасози мактаби фалсафии Исфа хон дap acpи Сафавия гapдид.

Аз ин чо, тиб^и нaзapи Хоча Соинуддин мaъpифaти ^фонй ва фалсафй ду гyфтоpи мутабойин нестанд, балки хap як дap ма^ом ва rçaлaмpaви xyд доpои apзишy эътибоpaнд. Шиноxти фалсафй ё а^лй натичаи а^л аст ва мaъpифaти иpфонй ё шухудй махсули тасфияи нафс, paфъи хичобхо ва сафои ботинй:

«Мо нaмепaзиpем, ки чун тaчоpyби иpфонй фав^и а^ланд, дигap а^л имкони дapки онхоpо нaдоpaд. Бале, поpaе аз ха^ои^и пинхон, биззот ва бевосита бapои а^л добили вусул нестанд, балки а^л онхоpо бо кумаки г^ифтан аз ^увваи дигapе, ки аз xyди а^л шapифтap аст, дapмеëбaд..., аммо чун тавассути ин ^увва ба даст омаданд, онхо низ монанди мyдpaкоти дигap, дap дасфаси а^л ва андеша rçapоp мег^анд. Айнан монанди идpоки махсусот, ки а^л онхоpо ба воситаи хавос дapк мекунад. Хap неpyе, ки як маънои кулл^о дapëбaд, чи бо нaзap ва бypхон ва чи аз pохи кашф ва вичдон, хад ва pacми а^л ба он сид^ мекунад. «А^л» ба маънои мутадовили он, ки мабнои улуми pacмй аст ва аз pохи истидлол аз pохи маълум ба мачхул меpacaд, (яъне хамон ^увваи фикpия) набояд бо мутла^и а^л ва андешаи инсон, ки ин хам яке аз мapотиб ва дapaчоти он аст, иштибох шавад» [2 , с. 69].

Дap ин низоми фи^й, Соинуддин улуми нaзapй ва а^л^о ба унвони меъëp ва манти^и тaчоpyби иpфонй ва мaоpифи зав^й донистааст. Ба хамин далел дap бештapи acapхояш ишоpa мекунад, ки бapои солик ногyзиp аст, ки аввал улуми ха^и^ияи фикpй ва нaзapиpо тахсил кунанд, хатто мантии хам, ки чузъи онхост нисбат ба мaоpифи зав^й истифода намоянд. Ин ба д-он маъност, ки ихотаи солик дap улуми нaзapй ва а^лй ypо дap баёни ха^ои^и кашфй имдод меpacонaд ва пояи ^фони нaзapиpо мустахкам менамояд.

Аз ин ру, аз дидгохи Хоча Соинуддин маьрифати ирфонй бо маьрифати аклй муттахид аст ё ба таьбири дигар ду гуфтори мутафовит нестанд ва улуми назарй ва бурхонй яке аз меъёрхои ёфтахои шухудист.

Соинуддин дар баррасии акл ва чанбахои мухталифи он андешаву акоиди Синоро пайравй кардааст, аммо мулохиза мешавад, ки бештар ба назарияи Шай хи Ишрок наздиктар аст, чунонки мехонем: " Муддате аст, ки шайхе аз тарафи гарбии кудс омада... хамаро дар рибкаи инкиёд ва хидмат кашида.." [11, с.35 ]. Ин чо шайх рамзи акл аст, ки тибки андешаи фалосифа нахустин офари даи Илохй аст. Байтулмукаддас ё Кудс, ки шайх аз ончо омада, ба маьнии олами укул фахмида мешавад. Аммо Байтулмукаддас хамон машрике аст, ки Хай ибни Якзон дар рисолаи Сино соликро ба румузи он ошно мекунад [11, с.91 ].

Тибки назари Соинуддин, акл аз тарафи гарбии Кудс омада ва ин масъала ба назарияи Шайхи Ишрок наздиктар аст, то андешаи Ибни Сино. Тавзех он ки Сино махалли аклро самти шаркии Кудс медонад, аммо дар забони Сухравардй Кудс чойгохи ишк аст, на макони акл. Ва Соинуддин хам, ки коил ба наздикии аклу ишк, яьне талфики фалсафа ва ирфон аст, исолатро ба акл намедихад.

Байтулмукаддасро хостгохи акл медонад, аммо чониби гарбии онро, на тарафи шаркй. Мурур ба зиндагонии Хоча Соинуддин ва осори мутааддиди вай, зиёда аз дах рисола дар ирфон тафаккуроти суфиёнаи уро бозгу мекунад, ки дар фарозу нишеби рузгор борхо ба суфигарй муттахамаш карданд, вале мухити андешаи вай хеч гох аз афкори ирфонй холй намонд. Ин худ басанда аст, ки Котибии Туршрезй шоири маьруф ба хотири таьлим гирифтани илми ирфон аз Табрез ба Исфахон назди Соинуддин омад ва ирфони назариро омухт.

Ин ба д-он маьност, ки майдони асосии тахкикоти вай ирфон ва тасаввуф аст, ки дар ин замина зиёда аз дах рисолаи илмй навиштааст. Аз ин чост, ки Соинуддинро аз "мухаккикини урафо" хондаанд .

Ба назари Соинуддин "Ин тоифа (ирфон ва машоихи суфия.- С.М) дар он мекушанд, ки Мухаммадро чунончй уст, бишносанд ва илми уро бидонанд ва китоби у, ки Куръон аст, фахм кунанд. Fайр аз ин хеч максуде дигар надо ранд... " [12 ,с. 186].

Нависанда мавриди дигар дар рисолаи "Анчом" чунин менависад: "Илми тасаввуф хикмати имонй аст, ки Куръони карим ва алсинаи суннати Мухам мадй бад- он нотик гашта ва аз ин ду манбаи исломй сарчашма гирифтааст" [13, с.165].

Аз ин гуфтахои Соинуддин чунин фахмида мешавад, ки ирфон мафкурае аст, ки дар заминаи фарханги куръонй ба вучуд омадааст ва мабонии аслии тасаввуфи исломй Куръон ва аходиси набавй будаааст. Яъне Хоча Соинуддин барои аввалин бор ё ба сухани дигар хануз дар асри XIV ду нуктаи мухим ва муфидро ба тахкик гирифта, дар канори ин чониби амонатро хам риоят карда аст:

1. Ба назари Соинуддини Хучандй машоихи суфия пайрави ахли суннат ва чамоат мебошанд, ки гайр аз тоифаи ахли суннат дигарон ба шоистагй улуми тасаввуфро идрок карда наметавонанд.

2. Сарчашмаи асосии ирфони исломй Куръон ва суннати Мухаммад (с) буда аст.

Нуктаи дуюми назари Соинуддинро аксарияти мухаккикони асримиёнагй ва замони

муосир таъйид кардаанд, аз кабили Масинони Фаронсавй ва Никол сони Инглисй [8]. Адабиётшиносон Косим Fанй [1, с.3-21], Зиёуддини Саччодй, [9,с.5-18] ва дигарон ба табъи Соинуддини Хучандй сарехан эътироф кардаанд, ки манбаи аслии ирфони исломй Куръон ва суннати Мухам мадй будааст. Аз адабиётшиносони точик профессор Расулхон

Ходизода ахиран дар ин бобат китобе навишт ва ба чунин андеша расид [16, с.8-9].

Шахсияти Хоча Соинуддини Хyчандй беш аз хама дар каламрави илми ирфон кобили баррасй аст, аммо махдудиятхои сиёсй ва фишорхои ичтимоии он рузгор омил бар он 6уд, ки вай аз мачлисхои расмии ирфон худдорй карда, чониби амонатро риоят кунад.

Интисоби Хоча Соин ба тасаввуф ва ирфон, махсусан, вахдати вучуд ва эътикодоти хуруфии нависанда уро водор мекард, ки дар партави Куръону суннат, асархое навишта, бад- ин васила бегунохии худро ба исбот расонад: " Забони таъни айбчуён, хар касеро номе мениханд ва чомаи ному номуси хар ки мешиносанд, ба рангхои гуногун меразанд: Якеро ба рафз нисбат мекунанд ва якеро ба д-он ки хоричй аст ва якеро ба д-он ки муътазила аст. Ин факирро боре дар силки суфия мекашанд, мисли Чунайду Шиблй, Боязиду Хоча Мухаммадалии Хаким Тирмизй ва Шайх Саъдиддини Хамавй..." [12 , с. 78].

Нуктаи дигари гуфтанй ин аст, чахонбинии Мухйиддин ибни Арабй таъсири амике бар андешаву афкори Соинуддин дошт. Аз ин ру, нависанда дар навиштахои худ дар хар фурсате ба акволу ашъори Ибни Арабй пардохта, дар ин замина аз такриму тамчиди вай ёдоварй кардааст. Ба хамин чихат, лугот ва истилохоти ирфонии назарй дар саросари навиштахои y фаровон ба кор рафтааст. Ин ба д-он маъност, ки бидуни ошной бо мактаби фикрии Ибни Арабй наметавон муваффак ба сайди маонй аз рисолахои Соинуддини Ху чандй шуд. Осор ва низоми фикрии Соинуддин хам гувохи он аст, ки вай яке аз муфассирон ва муравиччони мактаби ирфони Ибни Арабй махсуб мешавад ва кисме аз китобу рисолахои y дар заминаи ирфони Ибни Арабй таълиф гарди даанд [6].

Аз ин чост, ки Хоча Соинуддин мухаккикони назарии ирфонро дар мар табае фаротар аз мутакаллимон ва фалосифа карор медихад ва дар осори хеш, таъвили масоили диниро тибки усули ирфонй тавзех медихад.

Хамин тарик, сарчашмахои осори Соинуддини Хучандй ё ба ифодаи дигар аносири ташкилдихандаи андешаву орои Хоча Соин иборат аз ирфону фал сафаву шариат ва афкори хуруфй будааст.

Соинуддин се рохи деринаи тамаддуни башарй: дин, ирфон ва фалсафро тай кардааст ва тибки осори зеридасти мо буда, метавон гуфт, ки яке аз вижа гихои ин орифи номовар танаввуи мавзуи дар таълиф ва шеваи баён будааст. Муаллифоти Соинуддини Хучандй шомили беш аз 60 китобу рисола мебошад ва нависанда дар хар боб: ирфон ва тасаввуф, шариати исломй, фаласафа, калом ва хуруфу эхсоъ навиштахои чолибу судманд дорад, аммо шахсияти нависанда пеш аз хама дар каламрави илми ирфон кобили таъкид ва баррасй аст. Аз бузургтарин хидматхои Соинуддин Алй хам, ки уро дар олами тафаккур маъруф гардонидааст, талфики чахоншиносии ирфону фалсафа ва шариат мебошад, он хам дар пирояи сабки адабй - илмй.

Хоча Соинуддин Алй ибни Мухаммад Хучандии Исфахонй факех, хаким, ориф ва адиб буда, накши мухим дар мафохими фархангии Исфахону Хучанд дорад. Низоми фикрй ва фардияти нависандагии Хоча Соин ба чахоншиносии бисёре аз орифону файласуфони минбаъда, аз кабили Мулло Садрои Шерозй, ^озй Хасани Майбудй, Мирдомоди Астарободй, Мирфиндириский, Абдурра зоки Лохичй ва Мулло Хусайни Файз дар заминаи улуми адабй ва тахкикоти ирфону фалсафа таъсири амик расонидааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Fanu, Косим. Таърихи тасаввуф дар Ислом/ КосимFanR-Te^pon : Ибни Сино, 1331.- 336с.

2. Иброуимиён, Сайид Хусайн. Маърифатшиноси дар ирфон. / Сайид Хусайн Иброуимиён.- Теурон : Марази интишорот, 1378.- 215 с.

3. Наср, Сеййид Хусайн. Садр-ад-дин Ширази и его трансцендентальная теософия: Интеллектуальная среда, жизнь и труды / Перевод с английского Р. Псху / Сеййид Хусайн.-Москва: Языки славянской культуры, 2013.- 128 с.

4. Мирзоев С. Х. Нигоуе ба афкори дини ва адабии Соинуддини Ху цанди / С. Х. Мирзоев //Ахбори ДДХБСТ. Силсилаи илмуом гумани тари.-№ 2(58), 2014.- С. 199-208

5. Мирзоев С. Х.Табацабандии мавзуии осори Соинуддини Хуцанди / С. Х. Мирзоев // Ахбори ДДХБСТ. Силсисаи илмуои гуманитари.- №4 (65).- 2015.- С. 81-92

6. Мирзоев С. Х. Шаруи Соинуддини Хуцандй ба осори Ибни Араби // С. Х. Мирзоев // Паёми Донишгоуи миллии Тоцикистон (Мацаллаи илмй) .- Бахши илмуои филологи .-№ 6, 2022 . - С. 231- 238

7. Мутаууари, М. Ошнои бо улуми исломи. Цилди дуввум.-Калом; Ирфон. Хикмати амали / М. Мутаууари. -Душанбе: Ройзании фаруанги , 1999.- 188 с.

8. Николсон, Р. А. Тасаввуфи исломи ва робитаи инсону Худо. Чопи сеюм / Тарцумаи Шафеи Кадкани /Р. А. Николсон . - Теурон: Сухан, 1382.-207 с.

9. Саццоди, Зиёуддин. Муцаддимае бар мабонии ирфон ва тасаввуф / Зиёуддини Саццоди .- Теурон: Самт, 1389.- 337 с.

10. Теурони, Оцобузург. Аз- Зариа ило тасонифи-ш- шиа. Ацсоми-с- сони мина-л- цузъи-т-тосеъ / Оцобузурги Теурони .- Теурон: Кум, 1378. сау. 338- 362

11. Хуцанди, Соинуддин. Ацлу ишц ё мунозироти хамс / Тасуеу ва тауцици Акрам Цудии Неъмати / Соинуддини Хуцанди. -Теурон: Аули цалам, 1375 -.218 с.

12. Хуцанди, Соинуддин.Чауордау рисолаи форси / Муцаддима ва тавзеуот: Маумуди Тоуири / СоинуддиниХуцанди .-Теурон: Ояти ишроц, 1389 у.- 373 с

13. Хуцанди, Соинуддин. Рисолаи анцом / Ба кушиши Иброуими Дебоци / Соинуддини Хуцанди.//Донишкадаи адабиёт. - 1342. - Цилди 3.- С.154-181

14. Хуцанди, Соинуддин . Шаруи Назм-уд-дурар / Тасуеу ва тауциц аз Цудии Неъмати / Соинуддини Хуцанди. -Теурон: Мероси мактуб,1384.-509 с.

15. Хуцанди, Соинуддин. Тамуид-ул-цавоид / Тасуеу ва уавоши Мууам мадризо Кумшаи ва Мирзо Мууаммад. [Муцаддима ва таълиц: Цалолид дини Оштиёни] / Соинуддини Хуцанди.-Кум: Бустони китоб, 1387 у.- 489 с.

16. ХодизодаР. Тасаввуф дар адабиёти форс- тоцик/Р. Ходизода.-Душанбе: Адиб, 1999.-187с.

REFERENCES:

1. Ghani, Qosim. The history of Sufism in Islam / Qosim Ghani. - Tehran: Ibn Sina, 1331. - 336p.

2. Ebrohimiyon, Sayyid Husayn. Epistemology in mystics. / Sayyid Hussayn Ebrohimiyon. -Tehran: Central publishing-house, 1378. - 215 p.

3. Nasr, Sayyid Husayn. Sadr-ad-din Shirazi and his transcendental theosophy: intellectual environment, life and work / translated form English by R. Pshu / Sayyid Husayn. - M.: Language of Slavic Culture, 2013. - 128 p.

4. Mirzoyev S.Kh. Some views concerned with religious and literary thoughts of Soinuddin Khujandi / S. Kh. Mirzoyev // Bulletin of the TSULBP. Series of humanitarian sciences. - No. 2(58), 2014. - P. 199-208.

5. Mirzoyev S.Kh. Thematic classification of Soinuddin Khujandi's creations / S.Kh. Mirzoyev // Bulletin of the TSULBP. Series of humanitarian sciences. - No. 4 (65).- 2015. - P. 81-92

6. Mirzoyev S.Kh. Sainuddin Khujandi^s commentary on Ibn Arabics creations // S.Kh. Mirzoyev // Bulletin of the Tajik National University (scientific journal). Series of philological sciences.- No. 6, 2022. - P. 231-238

7. Mutahhari, M. Familiarity with Islamic science. V.2. Kalom; Mystics. Practical wisdom /M. Mutahhari. - Dushanbe: Cultural Council, 1999. - 188p.

8. Nicholson, R.A. Islamic Sufism and the relationship between human-being and God. The 3rd edition / Translated by Shafei Kadkani /R. A. Nicholson. - Tehran: Speech, 1382. - 207p.

9. Sajjodi, Ziyouddin. An introduction to the backgrounds of mystics and Sufism / Ziyouddin Sajjodi. - Tehran: Streamline, 1389. - 337p.

10. Tehroni, Oqobuzurg. Az-zaria ila tasonifi-sh-shia. Aksomi-s- soni mina-l- tse-t-tose' / Oqobuzurg Tehroni.- Tehran: Kum, 1378. - P. 338-362.

11. Khujandi, Soinuddin. Mind and love or conflict of khams / Edited and researched by Akram Judi Ne 'mati /Sounuddin Khujandi. - Tehran: Ahli Qalam, 1375 - 218p.

12. Khujandi, Soinuddin. Fourteen Persian treatises / Introduced and explanted by Mahmudi Tahiri /Soinuddin Khujandi. - Tehran: Ayoti Ishroq, 1389 h. - 373 p.

13. Khujandi, Soinuddin. Final thesis / under the editorship of Ibrohim Deboji / Soinuddin Khujandi.//The institute of literature. - 1342. - V.3.-P. 154-181.

14. Khujandi, Soinuddin. Commentary on nazm-ud-durar / Edited and researched by Judi Ne'mati /Soinuddin Khujandi. -Tehran: Written heritage, 1384. - 509p.

15. Khujandi, Soinuddin. Tamhid-ul-qawaid / Edited and researched by Muhammadrizo Qumshai and Mirzomuhammad. [Introduction and commentary: Jaloliddin Oshtiyoni] / Soinuddin Khujandi. - Kum: Bustoni Kitob, 1387 h. - 489p.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

16. Hodizoda R. Sufism in Persian-Tajik literature / R. Hodizoda. - Dushanbe: Man-of-Letters, 1999. - 187p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.