Научная статья на тему 'On Literary-Religious viewpoints of Soinuddin Khujandi'

On Literary-Religious viewpoints of Soinuddin Khujandi Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
151
45
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СОИНУДДИН ХУДЖАНДИ / РЕЛИГИОЗНО-ЛИТЕРАТУРНЫЕ ВОЗЗРЕНИЯ / СУННИТСКИЙ ТОЛК / ИСФАГАН / НАКШБАНДИЯ / SOINUDDIN KHUJANDI / RELIGIOUS-LITERARY VIEWPOINTS / SUNNIT SPIRIT / ISFAGAN / NAKSHBANDIYA

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Садриддин Мирзоев

В статье рассматриваются религиозные воззрения и литературные связи Соиниддина Худжанди. Автор в ходе обобщения и научного комментирования критической литературы по исследуемой теме приходит к выводу, что Соинуддин Худжанди, будучи религиозным предводителем суннитов, внес неоценимый вклад в распространение ислама на территории Исфагана.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on religions viewpoints and literary ties of Soinuddin Khujandi. In the course of generalization and scientific commentary on critical literature on the theme explored the author comes to the conclusion that Soinuddin Khujandi being a religious chieftain of Sunnits made an invaluable contribution into a diffusion of Sunnit spirit on the territory of Isfagan.

Текст научной работы на тему «On Literary-Religious viewpoints of Soinuddin Khujandi»

УДК 8Т1 С.МИРЗОЕВ

ББК 83.3(2Т)+83.3(0)4

НИГОХЕ БА АФКОРИ ДИНИ-АДАБИИ СОИНУДДИНИ ХУЧАНДИ

Яке аз шахсиятхои маърyф, вале камшинохтаи хонадони Хyчандй Хоча Соинуддин Алй ибни Мухаммад аст, ки арбоби тахкик бардак уро «Спинозаи эронй» хондаанд (3, с.312).

То кунун корномаи илмй ва чахоншиносии ин нависанда мастур мондааст ё ба таври шоиста шинохта нашудааст, чунонки Мухаммадтакй Донишпажух менависад: «Х,акки он (яъне Соинуддин. -С.М.) адо нашудааст ва диккати бештаре мехохад. Надидаам то кунун касе босазо ва дархур сухан бигуяд ва аз осору акоиди у дуруст бахс карда бошад» (3, с.310).

Х,аккан, Хоча Соинуддини Хучандй (1370-1433м.) яке аз нухбагони доирахои мухталифи андеша ва тафаккури исломй аст, ки дар рохи касби дониш ба муддати 25 сол ранч кашида, дар улуми мутадовалаи он замон: фикх, усули фикх, ирфон, калом, фалсафа, улуми адабй, хадис ва тафсир саромади даврон гардид, «то он чо ки будуни у зухури мактаби фикрй- фалсафии Исфахон ва хикмати мутолиа мутасаввир нест».

Вай ба Ибни Турка, Туркаи Хучандй, Соинуддини Хучандй, Соинуддини Турка, Соинуддин Тукаи Хучандй ва Соинуддини Исфахонй шухрат дорад.*

Бархе донишмандон ба монанди ^озй Нуруллохи Шуштарй, Мирзо Абдул-лохи Афандй, Х,енри Корбен ва мисли ин Соинуддин ва хонадони уро пайрави ахли ташайуъ донистаанд.

Нуруллохи Шуштарй бар асоси як байти шеърй, ки гуё Соинуддин дар ситоиши хазрати Алй (а) суруда, уро дар радифи урафои шиамазхаб карор додаст ва он байт чунин аст:

Вазамму aйнaйxluмo ^yццamyн aлa-л-aмo Ва фamxlу айнайка бu-л-бacupamu ё Алй. (15, c. 41)

Чaшмoнaшoнpo пуш^ан дaлeлu куp будaнaшoн аcm,

Ва чaшмoнampo ба дuдau 6omM бuкушo, эй Алй. (Тapцумa аз мo)

Байти мавриди истиноди Шуштарй дар китоби мухталиф омада ва баъзе уламо бар хамин тарик натичагирй кардаанд, аз чумла Маъсум Садри Шерозй хам онро овардааст (6, с.68-69).

Ба кавли Забехулло Сафо ба сабаби байти дар боло накл шуда, Соинуддинро аз Х,ирот берун карданд. Ахиран, фукахои Х,ирот дар мазмуни

Бapou мaълумomu бeшmap doup ба зuндaгuнoмa ва цa%oншuнocuu Cornyddrnu Хуцандй myллoб мyлo%uзa фapмoянд ба кumoбu мyaллuфu т camp%o: Caдpuддuн Мupзoeв. Вuжaгщou caбкu ва бaдeuu ocopu rncpuu «Ацлу uшц» ва «Аmвopu caлoca»-u Cornyddrnu Хуцандй. - Хуцанд: Homup, 2013.- 232ca%.

байти мавриди андеша шак оварда, онро куфр донистанд ва Соинуддин мачбур шуд, ки аз интисоби он даст кашад (10, с.721).

Аммо Соинуддини Хучандй дар осораш борхо ишора мекунад, ки у ва хонадонаш дар мазхаби ахли суннат ва чамоат, яъне шофеъимазхаб будаанд, чунонки дар рисолаи «Тухфаи Алоия»-и худ чунин гуяд: « Ва чун хар як аз ин бузургон ва мучтахидон, ки ба саъйи чидд ва кадами ичтиход ин рохи мубораки шаръи Мухаммадиро-салавотуллоха ва салома алайх равшан гардониданд... Вочиб шуд суханони хамаро дар ин аркони ислом гирдоварй кардани вачхи хар якро ба забони хикмат ва китоб намудан, то як табака аз мадоричи соликони рохи якин равшан карда бошад... Валекин чун мавотии икдоми ин факир ва ачдод дар ин рохи муборак самти таквй симати шофеъй вокеъ гашта ва низ овозаи хикмат ва китоб дар ин чоргохи мазохиб бар кавли y рост меояд. Аввалан татбики он усул бар мустакари ин мазхаб нихода шуда ва баъд аз он диккати назари хар як бад-он мулхак шудааст.» (18, с. 183).

Таъбири «Валекин чун мавотии икдоми ин факир ва ачдод дар ин рохи муборак самти таквй симати шофеъй вокеъ гашта», далели боризе ба шофеъимазхаб будани Хоча Соинуддин ва ахли байташ мебошад.

Баррасихои таърихй хам нишон медихад, ки Хучандиёни Исфахон, ки беш аз чахорсад сол зимоми хукумати Исфахон ва раёсати мазхабии он зери саропарастии эшон карор дошт, пайрави имом Шофеъй буданд. Нахустин шахсияти маъруфи ин хонадон Абубакр Мухаммад Собити Хучандй (вафот 1090м.) дар шахри Марв ба вазъу хитоба машгул будааст.

Хоча Низомулмулки Тусй вазири Маликшохи Салчукй, ки ба ирфони исло-мй ва вазъу хитоба иродати хос дошт, чихати адои фаризаи намози чумъа ба масчиди чомеъи ин шахр ворид гашта, шефтаи фазлу фиросати Абубакри Хучандй шуда, аз у дархост мекунад, ки хамрохи вай ба Исфахон биравад ва раёсати шофеъиёни ончоро бар ухда гирад. Абубакри Хучандй даъвати Хоча Низо-мулмулкро пазируфта, хамрохи у ба Исфахон омада, раёсати мазхабй ва масъу-лияти мадрасаи низомияи ин шахрро ба зимма мегирад (4, с.219, 11, с.20-23).

Ин мадрасаро минбаъд ба муносибати лакаби Садриддин, «Садрия» номиданд (9, с. 13).

Бад-ин тартиб, бо омадани Абубакри Хучандй ба Исфахон, яъне аз асри Х1 ба баъд, мухочирати хонадони Хучандй ба ин шахр огоз гардид.

Абубакри Хучандй пас аз зиндагонй дар шахри Исфахон зуд маъруф гардид ва ба мачлиси дарсаш аз дуртарин кишвархои исломй хозир мешуданд. Солиёни дароз раёсати мазхабй ва мадрасаи Низомияи Исфахонро бар зимма дошт ва дар ин муддат як зумра донишварони он рузгор дар ин мадраса тахсил намуда, зери назари у ба дарачаи илмй расида будаанд, ба монанди:

1. Абуалй Х,асан ибни Сулаймон (ваф. 525х./1131м.), ки назди Абубакри Хучандй илми фикх омухт ва мансаби казои Хузистон ва устоди Низомияи Багдодро дарёфт. (14, хаждах)

2. Абуабдуллох ибни Саъди Розй (мутаваффо 525х./ 1131м.) яке аз муридони Абубакри Хучандй будааст. (17, с. 134)

3. Ахмад ибни Саламо (мутаваффо 527х./ 1133м.) дар мадрасаи Низомияи Исфахон аз Абубакри Хучандй фикх омухтааст(5, с.205).

4. Абуалаббос ибни Ратби аз шогирдони Абубакри Хучандй будааст(14, с.

123-124).

5. Садриддини Варовинй сохиби китоби «Марзбоннома» (13, бисту ду).

Пас аз вафоти Маликшохи Салчукй, катли Хоча Низомулмулки Тусй ва

даргузашти Садриддини Хучандй ошубхои исмоилиён ва дигар фиркахои мухталифи шофеиён огоз гардид ва дар ин саркашихо соли 533х,./ 1129 м. Абдулатифи Хучандй раиси шофеиёни Исфахон хам кушта шуд. Аз як тараф миёни шофеиён ва ханафиёни Исфахон низ ошуб ва задухурд ба амал омада, аз тарафи дигар хучуми мугул ба Исфахон хамачоро ба хоку хун яксон кард.

Камолиддин Исмоил шоири маъруфи Исфахон дар китъаи шеърй авзоъ ва ахволи он замонро чунин баён кардааст:

То Дардашт уасту Чуй Нест аз кушишу кашиш чора.

Эй Худованди х;афт сайёра,

Подшофе фирист хунхора,

То ки Дардаштро чу дашт кунад Чуи хун овард зи Чубора (7, с.109)

Аз шеъри Камолиддини Исфахонй чунин мулохиза карда мешавад:

1.Мардуми Исфахон дар замони Салчукиён ва Хоразмшохиён пайрави ахли суннат ва чамоат буда, шофеиён дар махаллаи «Дардашт» ва ханафиён дар «Чуйбора» сукунат доштанд.

2. Дар рузгори Хоразмшохиён миёни шофеиён ва ханафиён ошубхо ва гиру дорхои бисёр хунин сурат гирифта, Исфахони он рузгор ба хоку хун яксон шуда, шоир орзу мекунад подшохе хунхора биёяд ва ин авзоъро орому осуда намояд.

3. Шеъри Камолиддин Исмоил дар шинохти авзоъи сиёсй ва мазхаби он давра аз манобеи аввалия махсуб мешавад, зеро худи шоир хам дар он авзоъ ва ахвол умр ба сар бурдааст.

Аз ин китъаи шеърй як нуктаи дигари бисёр мухим, ки дар сарчашмахои таърихй хам зикр шудааст бармеояд, ки хучандиёни Исфахон дар махаллаи «Дардашт» зиндагй мекарданд.

Падари Соинуддини Хучандй хам дар махаллаи «Ниморуд»-и Исфахон, ки бахше аз махаллаи «Дардашт»-и Исфахон мебошад, сокин будааст.

Х,ануз хам ин махалла дар Исфахон бо номи «Ниморуд» маъруф аст ва дар шафати бозори бузурги Исфахон пас аз масчиди нав вокеъ аст.

Муаллифи ин сатрхо хангоми ширкат дар 25-умин Х,амоиши байнал-миллалии китоби Техрон (7-12 майи соли 2012), ки чанд руз дар Исфахон хам будам, ин махалларо зиёрат кардаам.

Аслан, Хоча Соинуддин дар масъалаи мазхаб дар осораш чй ба забони арабй ва чй ба забони форсй бисёр мунсифона сухан гуфтааст. У дар «Нафсат-ул-масдури аввал» як нуктаи муфидро иброз медорад, ки ба кавли вай тамоми бузургони ислом, аз чумла машоихи суфия пайрави ахли суннат ва чамоат буданд ва гайр аз тоифаи ахли суннат дигарон улуми тасаввуфро идрок карда наметавонанд:

«Шиа ва муътазила дар усул ба хам муттафиканд ва бо фалсафа низ дар бештар муттафиканд ва инхо хама душманони суннат ва чамоатанд ва машоихи суфия хама суннат ва чамоат мебошанд, ки гайр аз тоифаи ахли суннат ин илмро (илми тасаввуф) идрок намекунанд. Ва хар ки назди муршид меояд ба талаби ин илм, то уро ба суннат ва чамоат намеорад, ба иршоди у машгул намешавад» (18, с.212).

Ин мулохиза барои макому мартабаи мазхаби ахли суннат ва чамоат аз хар нигох судманд аст ва таъбири «машоихи суфия хама суннат ва чамоат мебошанд, ки гайр аз тоифаи ахли суннат ин илмро идрок намекунанд», далели он аст, ки урафои адабиёти форсии точикй, ба монанди Имом Fаззолй, Шайх Аттор, Х,аким Саной, Мавлоно Балхй ва дигарон суннимазхаб будаанд.

Мусташрики фаронсавй Х,енри ^рбен дар маколааш «Жарфбинии маънй аз таъвилоти суфиёни эронй», бар асоси гуфтахои Соинуддин дар рисолаи «Шакк-ул-камар» уро ахли ташайуъ донистааст, ки гайри тахкик аст.

Аслан номи ин рисола «Шакк-ул-камар ва соат» ё шархи ояти «Иктарабати-с-соату ва-ншакка-л-камару»* аст. Муаллиф дар мавридхое аз ин китоб донишмандй ва бузургии хазрати Алй(а)-ро васф намуда, маънии шикофтани камар, тафсири соат, хисобу мизон, улуми сиррия, чафр ва дигар хакоики он оламро тавзех додааст.

^тоб бо хамди Худо ва дуруд ба Мухаммад (с) огоз шуда, мусанниф сабаби иншои онро дар мукаддима чунин баён намудааст: «Рузе аз рузхо. асои саёхат ба дасти кабул гирифта,гирди саропои олами кавн мегашт ва ба дидаи эътибор дар хар бозор менигарист. Як ногох, гузор бар мадориси улуми русум, ки майдони тачоруби фахум аст афтод. Дид, ки дар бахси шакки камар ва тахкики баёни он, бисоти мунозара густарида, ба забони ахли зохир ва мутакаллимон исботи маонии он мекарданд... Соинуддин дар идомаи суханаш мегуяд, ки «Ин бикри давлатхонаи нубуват ва эъчоз аз назари бегонагони шахристони акл пушида аст ва дасти идроки ноболигони мартабаи футувват ба домани исмати эшон нарасида.»

Бинобар ин хост, ки дар маънии шакк-ул-камар ва «соат» дар партави хадиси «Барои ^уръон хафт батн» аст, назари хафт табака росихони илмро тавзех дихад:

Табацаи аввал. Ахли зохиранд, яъне мухаддисони каломи набавй ва хофизони сувари он ки пушт бар мутаккои таклид зада.

Табацаи дуюм. Х,ам ахли зохиранд, валекин аз мартабаи таклид гузашта ва ба поймардии фикру назар ба сархади тахкик рох бурда.

Табацаи сеюм. Хукамои зохир ва мутаахирон эшонанд., ки бар хотири эшон, ки ин камари махбус ба воситаи он ки чузве аз фалак аст шикофта натвонад шуд.

Табацаи чахорум. Хукамои кадим, ки ба урфи замон эшонро ишрокиён хонанд. Бар усули эшон шикофтани камари махсус, мухол аст.

Иктарабат.Он соат (киёмат) наздик омад ва мохи осмон шикофта шуд. Сураи ^амар, ояти 1

Табацаи панчум. Мухаккикони суфианд ва ахли шухуд... камар дар ибороти мазкур киноят аз он сурат аст.

Табацаи шашум. Рамзхонии хуруфи куръонианд, ки илми ин ба василаи фикру амал ва воситаи касбу назари эшон аз хамон суратхо берун ояд.

Табацаи х,афтум. Мартабаи авлил ядй ва-л-абсор аст ва хоси ин замон аст, ки Сайиди мо - салому-л-Лоха ало обо-ал-киром ва алайх зохир кардаи он аст, ки комилон ва мухаккикон ичмолан маълум карданд, ки хуручи тамоми маонй аз ин сурати комила, валекин ба тасили истинботи он очиз буданд. Аммо аз рузи хисобу мизон ва тахкику аъмол очизанд, инхо хама махсус аст ба амир алайхи-с-салом...» (18,с. 153).

Хамчунон ки маълум гардид, хадафи Соинуддин аз ин китоб баёни дигар аст ва максуди вай аз «Сайиди мо» Сайид Хусайни Ихлотй аст, ки вай поягузорй нахзати хуруфия шинохта шудааст. Бино ба гуфтаи муаллифи «Хафт иклим» хам Соинуддини Хучандй аз Султон Хусайни Ихлотй таълим гирифтааст (8, с.451). Сайид Нафисй хам дар мукаддимаи девони ^осими Анвор менависад, ки «Хоча Соинуддин, Неъматуллохи Валй, ^осими Анвор. бо Сайид Хусайни Ихлотй дар сохили Нил мулокот дошта буданд (Мукаддимаи девони ^осими Анвор, наваду панч).

Манзур аз « Амир алайхисаллом» хазрати Алй (а) мебошад. Яъне Соинуддин хам ба монанди дигар машоихи суннат ва чамоат дар манокиби хазрати Алй (а) дар рисолахои худ муносиб сухан гуфтааст. Ба назари мо хамин боис гардида, ки бархе хамчун Хенри Корбен у ва ахли байташро пайрави ахли шиа баршуморанд. Аммо, ин омил барои исботи ташайуъи Соинуддин кобили кабул буда наметавонад, хамчунон ки адабиётшиноси эронй Иброхими Дебочй менависад: «Мавозеъе, ки Хенри Корбен ва бархе дигар дар ташайуъи Ибни Турка ба он истинод намуданд, барои исботи ташайуъи у кофй ва тамом нест ва ин шеваи машоихи суфия аст, хох ахли ташайуъ ва хох ахли тасаннун, зеро дар китобхо ва манобеи ирфонй бисёр дида шуда, ки машоихи суннат ва чамоат ба ахли байт ва хазрати Алй (а) холисона иродат варзидаанд ва суфиёни ахли суннат дар силсилахо ва курсиномахои худ аз хазрати Амир (а) ба унвони сарсилсилаи валй. ва автоди* чахон ёд карданд ва Ибни Турка хам ба хамин минхол рафтааст» (13, с.38).

Дар кутуби адабй ва манобеи ирфонй хам омадааст, ки Хучандиёни Исфахон хамешагй аз мазхаби шофей пайравй намуда, бахри тарвичу таблиги ин мазхаб саъю талошхои зиёде кардаанд.

Яке аз сабабхои асосии хичрати нахустини фарди машхури хонадони Хучандй Абубакр Мухаммад ибни Собит, ки бо хохиши Низомулмулки Тусй сурат гирифта буд, таблигу ташвики мазхаби шофей дар Исфахон будааст.

Аз тарчумаи ахволи Фахрулмулук ибни Низомулмулк хам бармеояд, ки максуди вай аз таъсиси низомияхо даъват аз уламо ва бузургон чихати таблиги мазхаби Имом Шофей дар хар гушаву канори олам будааст.

Автод - чор авлиёе, ки гуё дар чор тарафи дунё карор гирифтаанд.

Хамон гуна ки 499 х/. 1106 м. бо дархости у Имом Мухаммад Газзолии Тусй (1058-1111) ба Нишопур рафт ва муддати як сол дар мадрасаи Низомия ба тадрису таълим иштигол дошт.

Ё Абулхасан Киёи Харосй (ваф. 504х\. 1110 м.) яке аз хамдарсони Имом Газзолй, ки то охири умр мударриси мадрасаи Низомияи Багдод буд (17,с.32, 69).

Соинуддини Хучандй дар бисёре аз осораш таъкид мекунад, ки азобу шиканчахои вай ба сабаби пуштибонй аз шариати ислом ва пайрави акидаи суннат ва чамоат будани уст: « Ва Худой огох аст, ки ду навбат ин факир бо вучуди пирй ва шикастагй аз Ирок ба Хуросон омад. чихати махками ин кори бузург: Яке акидаи суннат ва чамоат дар хузури бузургони дин ва хамаро гувох гирифт бар он акида то мачоли сухани душманон дар боби мазхаб набошад... ва яке дигар ба арз расонид, ки чун ручуъи корхо хама ба шаръ мефармоянд, хукми шаръ бояд, ки дар гояти ахком аз сари чид тамом ва камоли эхтимом парастида шавад» (18, с.208).

Хоча Носириддин Убайдуллох дар мавриди тарикаи Соиниддини Хучандй гуяд: «... Тарикаи Сайид ^осим, Хоча Соиниддин ва Мавлоно Шарафаддини Яаздй тачрид будааст» (1, с.209).

Аз гуфтахои Хоча Ахрор чунин бармеояд, ки тарикаи Соиниддини Хучандй накшбандия будааст ва арбоби тахкик вокифанд, ки машоихи тоифаи накшбандй пайрави ахли суннат ва чамоат мебошанд. Мо хам ба ин кавл мувофик хастем ва сихатии он аз хар нигох кобили кабул аст:

1. Хоча Ахрор ва Хоча Соинуддин хамзамон ва ё карибулахд хастанд, бино-бар ин, иттилои Хоча Убайдуллох ба хайси манобеъи аввалия махсуб мешавад. Аз ишорахои шархихолии Соинуддин хам пайдост, ки чун Амир Темур Исфа-хонро тасхир намуд, бо супориши у хонадони Хоча Соинуддин ба Самарканд кучонида шуданд ва раёсати шофеъиён ва мансаби козии ин шахр бар ухдаи бародари бузургаш будааст (18, с.107).

Баъзе акобири накшбандия хам чун Сирочиддини Хиравй аз Соинуддин таълим гирифта будаанд: «Мавлоно Сирочиддин бисёре аз дарвешонро дида буд ва мулозимоти ин тоифа бисёр карда буданд, «Мафохис»-ро пеши Хоча Соинуддин хонда буд...(1, с. 210).

2. Бунёди силсилаи накшбандия бар пояи шариати исломй асос ёфтааст. Хоча Соинуддин хам дар андешаву афкори ирфонии хеш хамонгуна ки ёд кардааст, як сари му аз шариат берун нарафтааст.

Ин силсила мансуб аст ба Хоча Бахоуддини Накшбанд (мутаввафои. 791х/.1391м.), ки насаби таълимаш ба Хоча Абдухолики Гиждувонй мерасад. Хамаи машоихи ин силсила унвони «Хоча» доштаанд, аз чумла Соиниддин хам.

3. Тачрид дар лугат ба маънои аз дигарон дур гаштан танхо мондан яъне гушанишинй кардан аст (16, с.359). Бархе машоихи накшбандия, хамчун Соинуддини Хучандй дар баъзе маворид тарикаи тачридро ихтиёр карда буданд. «Боз ин факир майли гушанишинй карда, тарки маносиб ва вазоиф кард.» (19,с.204).

Бибояд гуфт, ки муаллифоти Хоча Соиниддин 70 китоб аст, аммо вай дар чое хам аз ин осор изхори ташайуъ накардааст: «эътикоди ин факир (яъне

Соинуддин -С.М.) ба гайр аз он чй аиммаи суннат ва чамоат ризвоналлоха алайхим ачмаин бар онанд, набуда...» (2, с.220).

Бинобар ин, бо назардошти мулохизоти дар боло матрахшуда, метавон ба чунин натича расид, ки назархои донишмандон Нуруллохи Шуштарй, Мирзо Абдуллохи Афандй, Маъсум Садри Шерозй, Хенри Корбен ва монанди ин, ки хучандиёни Исфахон, аз чумла Хоча Соиниддинро шиамазхаб баршумурдаанд, сахех нест.

Калидвожа^о: Соинуддини Хуцандй, андеша%ои динй-адабй, маз%аби суннй, Исфахон, Нацшбандия

Пайнавишт:

1. А%вол ва суханони Хоца Убайдулло%и А%рор/ Ба тас%е%, муцаддима ва таълицоти

Орифи Навшо%й.-Те%рон: Донишго%й, 1380. -846 са%.

2. Ба%ор, Му%аммадтацй. Сабкшиносй ё таърихи татаввури насри форсй / М. Ба%ор.

-Ч.Ш. -Те%рон: Заввор,1381.-440 с.

3. Донишпажу%, Му%аммадтацй. Мацмуаи расоили Хуцандй// Фар%анги Эронзамин

/М. Донишпажу%. -1345. -Ч. 4.-С. 307-312.

4. Ибни Асир. Ал-комил фи-т-таърих. - Бейрут: Дор-ул-китоби-л-арабй, 1967. -429 с.

5. Ибни Касир, Имодуддин Абулфидо. Ал-бидоя ва-н-ни%оя. -Те%рон: Матбаъ-ул-

истицомат, 1357. -Ч.12. -С. 150-260.

6. Маъсум, Алишо (Садри Шерозй). Тароиц-ул-%ацоиц: дар се муцаллад/ А. Маъсум. -

Те%рон: Боронй, 1345. -Ч3: 541с.

7. Камолиддин, Исмоил. Девон /И. Камолиддин; ба э%тимоми дуктур Ба%рулулумй.-

Те%рон: Де%худо, 1348.-763 с.

8. Розй, Амин А%мад. Хафт ицлим /А.А. Розй; Тас%е% ва %авошии Сайид Му%аммадризо:дар се муцаллад. - Те%рон: Суруш,1389. -Ч.2: 691с.

9. Хошимй, Садр. Хонадони Хуцандй дар Исфа%он/С. Хошимй. -Ёдгор, ша%ривари

1325 % /. сентябри 1946 м, соли сеюм, шумораи аввал. -С.11-31.

10. Сафо, Забе%улло. Таърихи адабиёт дар Эрон ва цаламрави забони порсй аз поёни царни %аштум то авоили царни да%уми %ицрй/ З.Сафо -Те%рон: Мацид, 1373.607с.

11. Сафо, Забе%улло. Таърихи адабиёт дар Эрон ва цаламрави забони порсй аз миёнаи царни V-ум то огози царни VIII. /З. Сафо. -Те%рон: Шо%аншо%, 1372. -Ч.1 -717 с.

12. Варовинй, Саъдиддин. Марзбоннома /С. Варовинй; бо муцаддима ва тас%е%и Му%аммад Равшан. -Дар ду цилд. - Те%рон: Катиба, 1367.- 1154с.

13. Соинуддин, Алии Турка. Ал-мано%иц фи-л-мантиц. А. Т. Соинуддин; ба э%тимоми Ибро%ими Дебоцй. - Те%рон: Донишго%, 1376.- 232 с.

14. Субкй, Тоциддин Алй. Табацот-уш-шофеъия-л-кубро/Т.А. Субкй; та%цици Абдулфатто% Му%аммад, Му%аммад Ат-Таноцй.- Халаб, 1964.-189 с.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

15. Шуштарй, Козй Нурулло%. Мацолис-ул-муъминин / КН. Шуштарй. - Те%рон: Исломия, 1375. -Ч.1. -239с.

16. Фар%анги забони тоцикй. Кисми дуюм.-Москва: Советскоя энциклопедия, 1969.949 с.

17. Хумой, Чалолиддин. Раззолинома. Шар%и а%волу осор ва афкори Имом Газзолй / Ч. Хумой. - Те%рон: Фуругй, 1368.- 712 са%.

18. Соинуддин, Му%аммад ибни Турка. Ча%орда% рисолаи форсй/ М.Т. Соинуддин; муцаддима ва тавзе%от: Сайид Ма%муди То%ирй. -Те%рон: Ашроф, 1390.-374с.

Reference Literature

1. About the Life and Outlook of Khodja Ubaydullokhi Akhror /With table of contents, corrections and commentaries by Orifi Navshokhi. -Tehran: Donishgokhi, 1380. -84pp.

2. Bakhor, Mukhammadtaki. Style and History of the Persian Prose. -V.III.. -Tehran: Zavvor, 1381. -440pp.

3. Donishpazhukh, Mukhammadtaki. Collection of Khudjand Treatises// Iranian Culture.-1345. -V.4. -pp. 307-312.

4. Ibni Asir. Universal History. -Beirut: Publishing House of Arabian Book, 1967. -429pp.

5. Ibni Kasir, Imoduddin Abulfido. Beginning and End. -Tehran, Matba-ul-istikomat, 1357. -V.12. -pp. 150-260.

6. Masum, Alisho (Sadri Sherozi) The Way to the Truth. Tehran: Boroni, 1345. -V.3: 541pp.

7. Kamoliddin Ismoil. Divan. /I. Kamoliddinov: under the editorship of Dr. Bahrululumi. -Tehran: Dehhudo, 1348. -763pp.

8. Rosi, Amin Ahmad. Seven Parts of the World. / A.A. Rozi; Editorship and Supplements by Saiyd Mukhammadrizo: in three volumes. -Tehron: Surush, 1389. -V.2: 691.

9. Khoshimi, Sadr. Khudjandi's Family in Isfaghan. -Heritage /September, 1946. -№1. -pp. 11-31.

10. Safo, Zabehullo. The History of Literature in Iran and Persian-Speaking Countries from the Ead of the End of the VIII-th Century of Hijra up to the Beginning of the X-th Century of Hijra. -Tehran: Najid, 1372. -607pp.

11. Safo, Zabehullo. The History of Literature in Iran and Persian-Speaking Countries since the Middle of the V-th Century up to the Beginning of the VIII-th Century of Hijra. -Tehran: Shokhanshokh, 1372. -V.1. -717pp.

12. Varonini, Sadriddin. Marzban-name. Introduction and editorship by Mukhammad Ravshan. -In two volumes. -Tehran: Katiba, 1367.- 1154pp.

13. Soinuddin, Alii Turka. Methodologies in Logic A.T. Soinuddin; under the editorship of Ibrohim Deboji. - Tehron: Donishgoh, 1376. -232pp.

14. Subhi, Tojiddin Ali. The Great Dynasty of the Shafeids: under the editorship of Abdulfattoh Mukhammad, MukhammadAt-Tanoji. -Aleppo, 1964. -189pp.

15. Shushtari Kozi Nurulloh. Gatherings of True Believers. -Tehran: Islomiye, 1375. -V.1. -239pp.

16. The Dictionary of the Tajik Language. Part two. -Moscow: Soviet Encyclopaedia, 1969. -949pp.

17. Khumoi, Djaloliddin. Gazzolinoma. Commentaries to Imom Gazzoli's Life, Heritage and Outlook. -Tehran: Furughi, 1368. -712pp.

18. Soinuddin, Mukhammad ibni Turki. Fourteen Persian Letters. / Introduction and Commentaries by S.M. Tohiri. -Tehran: Ashraf, 1390. - 374pp.

О религиозно-литературных воззрения Соинуддина Худжанди

Ключевые слова: Соинуддин Худжанди, религиозно-литературные воззрения, суннитский толк, Исфаган, накшбандия

В статье рассматриваются религиозные воззрения и литературные связи

Соиниддина Худжанди. Автор в ходе обобщения и научного комментирования

критической литературы по исследуемой теме приходит к выводу, что Соинуддин

Худжанди, будучи религиозным предводителем суннитов, внес неоценимый вклад в распространение ислама на территории Исфагана.

On Literary-Religious Viewpoints of Soinuddin Khujandi

Key words: Soinuddin Khujandi, religious-literary viewpoints, Sunnit spirit, Isfagan, nakshbandiya

The article dwells on religions viewpoints and literary ties of Soinuddin Khujandi. In the course of generalization and scientific commentary on critical literature on the theme explored the author comes to the conclusion that Soinuddin Khujandi being a religious chieftain of Sunnits made an invaluable contribution into a diffusion of Sunnit spirit on the territory of Isfagan.

Роцеъ ба муаллиф:

Садриддин Мирзоев, докторанти кафедраи адабиёти классикии тоцики Донишго^и давлатии Хуцанд ба номи акад. Б.Гафуров (Цум^урии Тоцикистон, ш. Хуцанд),

e-mail: [email protected] Сведения об авторе:

Садриддин Мирзоев, докторант кафедры таджикской классической литературы Худжандского государственного университета им. акад. Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), e-mail: [email protected]

Information about the author:

Mirzoyev Sadriddin, Aspiring Doctor's Degree Challenger of the department of Tajik classical literature under Khudjand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khudjand), e-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.