Научная статья на тему 'ЊУЌУЌИ КОРМАНДОНИ ЌУВВАЊОИ МУСАЛЛАЊ БА МАНЗИЛ ВА САЊМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛИСОЗИИ ОН'

ЊУЌУЌИ КОРМАНДОНИ ЌУВВАЊОИ МУСАЛЛАЊ БА МАНЗИЛ ВА САЊМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛИСОЗИИ ОН Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Президент / конститутсия / њуќуќ / ќуввањои мусаллањ / манзил / шароит / корманд / кафолат. / Президент / конституция / право / вооруженные силы / жилище / условия / сотрудник / гарантии.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Шарифзода А.

Дар маќола сухан оид ба наќши Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар амалисозии њуќуќи кормандони ќуввањои мусаллањ ба манзил меравад. Тањлили Конститутсия Љумњурии Тољикистон бо дигар конститутсияњо, аз љумла, Конститутсияи Россия пешнињод гардида, ќайд мешавад, ки наќши Президент дар ин масъала бузург буда, барои кору зиндагии шоистаи хизматчиёни њарбї шароити муосир муњайё карда шуда, ин тадбирњо пайваста идома дода мешаванд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE RIGHT OF ARMED FORCES PERSONNEL TO HOUSING AND THE CONTRIBUTION OF THE LEADER OF THE NATION IN ITS IMPLEMENTATION

В статье речь идет о роли Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона в реализации права военнослужащих на жилище. Представлен анализ Конституции Республики Таджикистан с другими конституциями, в частности, с Конституцией России, отмечается, что роль Президента в указанном вопросе велика, созданы современные условия для достойной жизни военнослужащих. По мнению автора работа в данном направлении продолжается и по сей день.

Текст научной работы на тему «ЊУЌУЌИ КОРМАНДОНИ ЌУВВАЊОИ МУСАЛЛАЊ БА МАНЗИЛ ВА САЊМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛИСОЗИИ ОН»

Труды Академии МВД Республики Таджикистан. № 1 (57). 2023 Осори Академияи ВКД Ч,умдурии Точикистон. № 1 (57). 2023

^^^АСОИЛИ НАЗАРИЯ, КОНУНГУЗОРЙ ВА АМАЛИЯ

ПРОБЛЕМЫ ТЕОРИИ, ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА И ПРАКТИКИ Problems Of the theory, Legislation and Practice

ТДУ 342.516

^УКУЦИ КОРМАНДОНИ ЦУВВА^ОИ МУСАЛЛА^ БА МАНЗИЛ ВА СА^МИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛИСОЗИИ ОН

ПРАВО ВОЕННОСЛУЖАЩИХ ВООРУЖЕННЫХ СИЛ НА ЖИЛИЩЕ И ВКЛАД ЛИДЕРА НАЦИИ В ЕГО ОСУЩЕСТВЛЕНИИ

THE RIGHT OF ARMED FORCES PERSONNEL TO HOUSING AND THE CONTRIBUTION OF THE LEADER OF THE NATION IN ITS IMPLEMENTATION

Шарифзода А.

Sharifzoda A.

Роубари Хадамоти матбуоти Президенти Цум^урии Тоцикистон, доктори илмхои таърих, профессор, узви вобастаи

Академияи миллии илмхои Тоцикистон Руководитель Пресс-службы Президента Республики Таджикистан, доктор исторических наук, профессор, Член-корреспондент Национальной Академии

наук Таджикистана

Head of the Press Service of the President of the Republic of Tajikistan, Doctor of Historical Sciences, Professor, Corresponding Member of the

National Academy of Sciences of Tajikistan

Ихтисоси илми: 12.00.02 - Хукуки конститутсионй; хукуки мурофиаи судии конститутсионй; танзими хукукии хокимияти махаллй (5.1.2. Илмхои хукукй-оммавй (хукукй-давлатй)).

Научная специальность: 12.00.02 - Конституционное право; право конституционного судебного процесса; правовое регулирование местной власти (5.1.2. Публично-правовые (государственно-правовые) науки).

Scientific specialty: 12.00.02 - Constitutional law; constitutional litigation; legal regulation of local authorities (5.1.2. Public law (state law) sciences).

Такриздщанда: Зоир Ч,.М. - ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносй ва хукуки ба номи академик А. Баховаддинови Академияи миллии илмхои Точикистон, доктори илмхои хукукшиносй, профессор, Мушовараи давлатии адлияи дарачаи 1.

Рецезент: Зоир Дж.М. - главный научный сотрудник Института философии, политологии и права имени академика А. Баховаддинова Национальной академии наук Таджикистана, доктор юридических наук, профессор, Государственный советник юстиции 1 -го класса.

Reviwer: Zoir J.M. - Chief Researcher of the Institute of Philosophy, Political Science and Law named after Academician A. Bahovaddinov of the National Academy of Sciences of Tajikistan, Doctor of Law, Professor, State Counselor of Justice 1st class.

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

Аннотатсия: Дар макола сухан оид ба накши Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар амалисозии хукуки кормандони куввахои мусаллах ба манзил меравад. Тахлили Конститутсия Чумхурии Точикистон бо дигар конститутсияхо, аз чумла, Конститутсияи Россия пешниход гардида, кайд мешавад, ки накши Президент дар ин масъала бузург буда, барои кору зиндагии шоистаи хизматчиёни харбй шароити муосир мухайё карда шуда, ин тадбирхо пайваста идома дода мешаванд.

Вожауои калиди: Президент, конститутсия, хукук, куввахои мусаллах, манзил, шароит, корманд, кафолат.

Аннотация: В статье речь идет о роли Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона в реализации права военнослужащих на жилище. Представлен анализ Конституции Республики Таджикистан с другими конституциями, в частности, с Конституцией России, отмечается, что роль Президента в указанном вопросе велика, созданы современные условия для достойной жизни военнослужащих. По мнению автора работа в данном направлении продолжается и по сей день.

Ключевые слова: Президент, конституция, право, вооруженные силы, жилище, условия, сотрудник,гарантии.

Annotation: The article deals with the role of the Leader of the Nation, the President of the Republic of Tajikistan, respected Emomali Rahmon, in the implementation of the right of military personnel to housing. An analysis of the Constitution of the Republic of Tajikistan with other constitutions, in particular, with the Constitution of Russia, is presented, it is noted that the role of the President in this matter is great, modern conditions have been created for a decent life for military personnel, and these activities will continue in the future.

Key words: President, constitution, law, armed forces, housing, conditions, employee, guarantees.

Асосхои хукукии таъмини ичтимоии хизматчиёни давлатии Чумхурии Точикистон, аз он чумла, кормандони куввахои мусаллах, пеш аз хама ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос меёбад. Чунончи, дар кисми 3-юми моддаи 1-и Конститутсия мукаррар шудааст, ки «Точикистон давлати ичтимой буда, барои хар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фарохам меорад» [1]. Чунин меъёр дар конститутсияхои давлатхои иштирокчии ИДМ низ мукаррар гардидааст. Масалан, дар к. 1, м. 7 Конститутсияи Федератсияи Россия дарч шудааст, ки «Федератсияи Россия давлати ичтимой буда, сиёсати он бахри фарохам овардани шароити таъминкунандаи зиндагии арзанда ва озодонаи рушди инсон равона шудааст» [2]. Мусаллам аст, ки шароити зиндагии арзандаро бе таъмини манзили истикоматй тасаввур кардан гайриимкон аст.

Дар шароити кунунй яке аз масъалахои бисёр мухим дар куввахои

мусаллах таъмини афсарон бо манзили зист аст. Давоми солхои сохибистиклолй аз чониби рохбарияти давлату Хукумат, бахусус Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон барои кору зиндагии шоистаи хизматчиёни харбй ва кормандони макомоти хифзи хукуку тартибот шароити муосир мухайё карда шуда, ин тадбирхо пайваста идома дода мешавад.

Тайи чанд соли охир дар худуди вилоятхо ва пойтахти кишвар танхо аз Вазорати мудофиа зиёда аз 600 нафар хизматчиёни харбй ва оилахои онхо бо манзили зист таъмин гардиданд ва бунёди хонахои истикоматй ё худ шахраки низомиён барои афсарону оилахои онхо идома дорад.

23-юми сентябри соли 2005 дар нохияи Чиргатол (имруза нохияи Лахш) Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон аз хонахои истикоматие, ки барои афсарони кисми харбй бунёд гардидаанд, дидан карда, бо

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

шароити зисти ахли оилахои афсарон шиносой пайдо намуданд.

Мухтарам Эмомалй Рахмон дар хонаи афсари чавон, капитан Муким Аббосов бо у ва ахли оилааш сухбат намуда, аз шароити зист ва ахволи маишй дар ин мавзеи кухистон пурсон шуданд ва ба ин оилаи чавон хамчунин тухфахо такдим намуданд [3, с. 282].

15-уми ноябри соли 2007 Сарвари давлат, мухтарам Эмомалй Рахмон дар шахри Хучанд дар маросими тантанавии ба истифода додани бинои нави истикоматй ба афсарони Гвардияи миллии Чумхурии Точикистон иштирок намуданд.

Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон лентаи рамзиро бурида, бинои нави дорои 30 хонаи як ва духучрагиро расман мавриди истифода карор доданд [4, с. 274].

24 марти соли 2011 Сарвари давлат мухтарам Эмомалй Рахмон ба шахри Чкалов (хозира Бустон) ташриф оварда, дар ифтитохи бинои сеошёнаи истикоматии Гвардияи миллии Точикистон иштирок намуданд.

Дар ин бино 81 нафар афсарони Гвардияи миллй, ки дар гарнизони харбии Сугд адои хизмати пуршарафи Ватан мекунанд, сохиби хонахои истикоматй шуданд. Президенти кишвар мухтарам Эмомалй Рахмон бинои истикоматиро, расман, мавриди бахрабардорй карор доданд ва калидхои хонахоро ба ахли оилаи афсарони хуштолеъ такдим намуда, онхоро хам бо ин руйдоди пурфарах ва хам бо иди Наврузи фархундапай табрику тахният гуфтанд.

Ба хамаи сохибхонахо Президенти кишвар, Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллах, мухтарам Эмомалй Рахмон телевизор, яхдон ва дигар ашёи рузгор тухфа намуданд. Бояд таъкид намуд, ки хамаи манзилхо бо мебел, чихози рузгор ва дигар асбобу ашёи зарурй чихозонида шудаанд.

Дар давоми солхои 2006-2011 бо дастгирии Президенти Чумхурии Точикистон 500 хизматчии харбии Гвардияи миллй сохиби хонахои истикоматй гардидаанд [5, с. 75]. 16-уми

марти соли 2012 дар арафаи чашни пурифтихори Навруз бо гамхории Президенти кишвар, мухтарам Эмомалй Рахмон 352 нафар аз кормандони сохторхои кудратй сохиби хонахои хизматй шуданд.

Дар кучаи Нусратулло Махсуми пойтахт бо иштироки Сарвари давлат мухтарам Эмомалй Рахмон 4 бинои нави 9-ошёнаи истикоматй мавриди бахрабардорй карор гирифт. Президенти кишвар, мухтарам Эмомалй Рахмон калидхоро ба сохибони хуштолеи ин хонахо такдим намуда, онхоро бо ин руйдоди пурфарах дар рузгори оилавиашон табрику тахният гуфтанд.

Дар ин чо кормандони Вазорати мудофиа, Вазорати корхои дохилй, Кумитаи давлатии амнияти миллй, Гвардияи миллй, ^ушунхои сархадй, Прокуратураи генералй, Агентии назорати маводи нашъаовар ва гайра сохиби хонахои якхучрагй ва духучрагию сехучрагй шуданд.

18-уми сентябри соли 2012 дар шахри Хоруг Сарвари давлат, мухтарам Эмомалй Рахмон зимни боздид аз отряди сархадй ду бинои шашошёнаи истикоматиро бо 48 хона барои кормандони сохторхои кудратй ва макомоти хифзи хукуку тартибот ба истифода доданд.

10-уми ноябри соли 2014 Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар кучаи Сохилии нохияи Фирдавсии пойтахт бинои наву замонавии бисёрошёнаи хонахои истикоматиро барои кормандони Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ба истифода доданд. Бинои хонахои истикоматй 9-ошёна буда, дорои 50 хонаи як, ду ва 3 хучрагй мебошанд.

Хдмин тарик, дар Рузи милитсияи точик аз чониби Сарвари давлат ба 50 нафар хизматчии сохторхои зертобеи Вазорати корхои дохилй манзили истикоматй такдим карда шуд.

Соли 2014 кариб 650 оилаи хизматчиёни милитсияи точик бо китъахои замини наздихавлигй ва манзили истикоматй таъмин гардидаанд.

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

19-уми октябри соли 2015 дар дехаи Калъачаи Азими чамоати дехоти Еазантараки нохияи Еончй (имруза нохияи Деваштич) Президенти кишвар, мухтарам Эмомалй Рахмон дар фазои тантанавй ду бинои дуошёнаи истикоматиро ба афсарони дидбонгохи сархадй такдим намуданд.

Дар ин чо 24 оилаи афсарони марзбони кисми низомй бо манзил таъмин гардиданд [6].

22-уми феврали соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар нохияи Синои шахри Душанбе бинои 9 ошёнаи истикоматиро барои оилахои афсарони Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон ба истифода доданд.

Бинои истикоматй аз 18 хонаи сехучрагй ва 27 хонаи духучрагй иборат буда, бо тархи хеле зебо ва чавобгу ба талаботи меъёрхои шахрсозй сохта шудааст.

Хдмин тавр, 45 оилаи мухофизони сарбаланду сарфарози Ватан, ки аъзои он дар мачмуъ беш аз 240 нафарро ташкил мекунад, ба шарофати сиёсати инсондустонаи Президенти кишвар, мухтарам Эмомалй Рахмон сохиби манзили зист шуданд.

5 майи соли 2016 Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон дар расми мавриди истифода карор додани бинои нави истикоматй барои кормандони сохторхои кудратй ва макомоти хифзи хукуку тартиботи кишвар иштирок карданд.

Бинои нави 15 ошёна дар махаллаи Зарафшони нохияи Синои шахри Душанбе чойгир буда, бо тарху услуби нави санъати меъморй бунёд шудааст.

Бинои нав 108 манзили як ва ду хучрагй дошта, баробари мавриди бахрабардорй карор гирифтан дар он зиёда аз 100 нафар корманди сохторхои кудратй ва макомоти хифзи хукуку тартибот аз чумла намояндагони вазоратхои адлия, мудофиа, корхои дохилй, Кумитаи давлатии амнияти миллй, Кумитаи холатхои фавкулодда ва

мудофиаи гражданй ва Кушунхои сархадй бо манзили зист таъмин гардиданд.

11-уми сентябри соли 2016 дар нохияи Кухистони Мастчох Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар вазъияти тантанавй як бинои дуошёнаи истикоматиро мавриди истифода карор доданд.

Ин бинои хуштарху замонавй аз 16 манзили як, ду ва сехучрагй иборат буда, барои оилахои хизматчиёни давлатй ва кормандони макомоти хифзи хукуки нохия пешбинй гардидааст.

Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон, шахсан калиди якчанд манзили истикоматиро ба сохибонашон супориданд ва барои зиндагии ободу осудаашон дар ин манзилхо ба онхо дуои хайр доданд.

13-уми сентябри соли 2016 дар шахри Бустон Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар расми мавриди истифода карор додани бинои нави истикоматй барои хизматчиёни харбии чузъу томхои Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон, ки дар гарнизони Сугд хизмат мекунанд, иштирок намуданд.

Бинои истикоматй дуошёна буда, он дорои 32 хонаи истикоматии як, ду ва се хучрагй мебошад [7, с. 218].

14 сентябри соли 2016 бо иштироки Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар махаллаи 19 шахри Хучанди вилояти Сугд бинои баландошёнаи истикоматй ифтитох гардид. Аз чониби Пешвои миллат ба хизматчиёни давлатй ва кормандони хифзи хукук, ки мушкилии чойи зист доштанд, хона тухфа карда шуд [7, с. 221].

26-уми сентябри соли 2016 дар маркази нохияи Лахш, бо иштироки Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар вазъияти тантанавй як бинои дуошёнаи истикоматй мавриди бахрабардорй карор дода шуд.

Бинои мазкур аз 12 манзили як, ду ва сехучрагй иборат буда, барои афсарони Кушунхои сархадй ва дигар кормандони сохторхои кудратй пешбинй гардидааст [7, с. 241].

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

10-уми ноябри соли 2016 Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар кучаи Рахмон Набиеви шахри Душанбе бинои баландошёнаи истикоматиро барои кормандони Вазорати корхои дохилии чумхурй ба истифода доданд.

Бинои истикоматй дар мачмуъ аз 40 хонаи як ва ду хучрагй иборат мебошад. Сарвари давлат, мухтарам Эмомалй Рахмон дар вазъияти тантанавй ба чанд оилаи хуштолеъи кормандони макомоти хифзи хукуку тартибот ва оилахои кормандони хангоми адои вазифа халокгардида хона такдим карданд [7, с. 313].

6-уми ноябри соли 2017 бо иштироки Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон ва Раиси шахри Душанбе, мухтарам Рустами Эмомалй дар махаллаи Зарафшон, кучаи Бобо Хдмдами шахри Душанбе бинои 9-ошёна барои кормандони макомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон ба истифода дода шуда, аз ин хисоб 54 нафар аз кормандони макомоти прокуратура сохиби манзили зист гардиданд [8].

21-уми феврали соли 2018 бо иштироки Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон ва Раиси шахри Душанбе, мухтарам Рустами Эмомалй дар махаллаи Зарафшони шахри Душанбе бинои 12-ошёнаи иборат аз се кисм барои 200 оилаи хизматчиёни давлатй, аз чумла 40 оилаи кормандони низомй мавриди истифода карор дода шуд [9].

16-уми сентябри соли 2020 Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шахри Хучанд бинои баландошёнаи истикоматй барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон дар вилояти Сугдро мавриди бахрабардорй карор доданд. Бинои истикоматй аз 9 ошёна ва таххона иборат буда, дорои 32 хучраи бархаво мебошад [10, с. 260].

24-уми сентябри соли 2020 дар доираи сафари корй дар шахру нохияхои вилояти Хатлон Президенти Чумхурии

Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар нохияи Восеъ бинои 3-ошёнаи истикоматй барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистонро, ки бо тархи хеле зебо бунёд гардидааст, мавриди истифодабарй карор доданд.

Бинои мазкур дорои хонахои ду ва сехучрагй буда, дар он шароити арзандаи истикомату истирохат фарохам оварда шудааст [11].

29-уми сентябри соли 2020 Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон ва Раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Раиси шахри Душанбе мухтарам Рустами Эмомалй дар кучаи Шарифчон Хусейнзодаи нохияи Шохмансури пойтахт бинои мухташами баландошёнаи истикоматиро, ки бо санъати хоси меъморй бунёд гардидааст, мавриди бахрабардорй карор доданд.

Сарвари давлат, мухтарам Эмомалй Рахмон пас аз шиносой бо имкониятхои бинои нав, нахустин калиди хучрахои истикоматиро ба кормандони ^ушунхои сархадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон такдим карданд.

Дар бинои наву замонавй 76 корманди ^ушунхои сархадй сохиби хонаи истикоматй гардиданд [12].

11-уми декабри соли 2020 Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ва Раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Раиси шахри Душанбе, мухтарам Рустами Эмомалй дар кучаи Саъдй Шерозии нохияи Синои пойтахт ду бинои баландошёнаи истикоматиро барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон мавриди бахрабардорй карор доданд.

Бинохои истикоматй аз 12 ошёна ва 124 хонаи бархавои як ва духучрагй иборат мебошад.

Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон пас аз шиносой бо шароити бинохои нав, ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

Точикистон хонахои истикоматиро такдим карданд.

Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ба 120 оилаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллй, ки дар ин ду бинои баландошёна сохиби хонахои нави истикоматй гардиданд, яхдон, телевизор, мошини чомашуй ва дигар чихози зарурии рузгор такдим намуданд [10, с. 358].

Бояд кайд намуд, ки бо максади таъмини шароити арзандаи зиндагии кормандони сохторхои кудратй дар ошёнахои болой ва шафати бинохои навбунёди макомоти хифзи хукук мехмонхонахо, хобгоххо ва хонахои истикоматй бунёд шудаанд. Хдмчунин дар шахру нохияхо як катор бинохои истикоматиро барои хизматчиёни давлатй бунёд ва ба истифода доданд. Хонахо бо чихоз, ашёи рузгор таъмин буда, барои зиндагии кормандон бо ахли оила мусоид мебошад [13].

Аз чумла, 10-уми сентябри соли 2019 бинои наву замонавии Прокуратураи нохия Муъминобод, 10-уми июли соли 2020 бинои Хадамоти давлатии "Мухофиза"-и Вазорати корхои дохилй дар шахри Душанбе, 20-уми августи соли 2020 бинои нави сеошёнаи шуъбаи Вазорати корхои дохилй дар нохияи Ванч, 12-уми сентябри соли 2020 шуъбаи минтакавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон дар водии Зарафшони вилояти Сугд, 24-уми

сентябри соли 2020 Прокуратураи нохияи Восеъ, 9-уми апрели соли 2021 бинои шуъбаи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон дар дехоти Ворухи шахри Исфара, 12-уми июни соли 2021 бинои маъмурии Хадамоти давлатии "Мухофиза"-и Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон дар вилояти Сугд, 20-уми августи соли 2021 бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон дар нохияи Исмоили Сомонии шахри Душанбе, 22-юми сентябри соли 2021 манзилхои истикоматй барои хизматчиёни давлатй ва сохторхои кудратй, 5-уми октябри соли 2021 бинои истикоматии 9-ошёна барои хизматчиёни давлатй ва харбй, 21-уми октябри соли 2021 Муассисаи давлатии таълимии "Коллечи оташнишонй-техникй"-и Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон дар дехоти Корези нохияи Дангара, 21-уми октябри соли 2021 шуъбаи хадамоти "Мухофиза"-и Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон дар махаллаи 15 дехоти Корези нохияи Дангара, 27-уми октябри соли 2021 бинои Гурухи "Точикобод"-и шуъбаи нохияи Вахши Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон ифтитох гардид, ки нишони олии дастгириву гамхорихои рохбарияти давлат ва Хукумати Чумхурии Точикистон, хосса Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон нисбат ба кормандони соха мебошад.

Адабиёт ва сарчашмахои истифодашуда

1. Конститутсияи Чумхурии Точикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 (бо тагйиру иловахо аз 22-юми майи соли 2016) // Маркази миллии конунгузории Чумхурии Точикистон: сомонаи расмй. - http://www.mmk.tj (санаи мурочиат: 16.04.2022).

2. Конститутсияи Федератсияи Россия (бо тарики раъйпурсии умумихалкй 12.12.1993 то тагййроту иловахо аз 01.07.2020) // [Манбаи электронй] // Речаи воридшавй: http://publication.pravo.gov.ru/Document/View/0001202007040001 (Санаи мурочиат: 20.09.2022).

3. Шарифзода, А., Сирочов, З. Эмомалй Рахмонов: Соли фарханги оламгир (Сиёсати дохилй ва хоричии Президенти Точикистон дар соли 2005). - Душанбе: Деваштич, 2006. - С. 281-284.

4. Шарифзода, А., Сирочов, З. Эмомалй Рахмонов: Огози мархилаи нав (Сиёсати дохилй ва хоричии Президенти Точикистон дар соли 2007). - Душанбе: Деваштич, 2007. - 312 с.

5. Шарифзода А., Косимй З. Эмомалй Рахмон ва 20 солагии исттиклол (Сиёсати дохилй ва хоричии Президенти Точикистон дар соли 2011). - Душанбе: Шучоиён, 2012. - 275 с.

6. Бинохои дуошёнаи истикоматй барои афсарон дар нохияи Гончй // Садои мардум, 19-уми октябри соли 2015. - № 140.

Труды Академии МВД Республики Таджикистан. № 1 (57). 2023 Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (57). 2023

7. Шарифзода, А., Айниддин, С., Шамсиддинзода, С. Эмомалй Рахмон ва 25-уми соли Истиклолияти давлатй (Сиёсати дохилй ва хоричии Президенти Чумхурии Точикистон дар соли 2016). - Душанбе: Бухоро, 2017. - 325 с.

8. Бинои истикоматй барои кормандони макомоти прокуратура // Садои мардум, 6-уми ноябри соли 2017. - № 131.

9. Ифтитохи чанд иншоот аз чониби Пешвои миллат дар пойтахт // Чумхурият, 21-уми феврали соли 2018. - № 39.

10. Шарифзода, А., Айниддин, С. Эмомалй Рахмон ва 5500-солагии Саразм (Сиёсати дохилй ва хоричии Президенти Чумхурии Точикистон дар соли 2020). Китоби 20. - Душанбе: Дониш, 2021.

- 357 с

11. Ифтитохи бинои истикоматй барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон дар нохияи Восеъ (24.09.2020) // [Манбаи электронй] Речаи воридшавй: http://www.president.tj/node/24023 (санаи мурочиат - 12.12.2022).

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

12. Иштироки Пешвои миллат дар маросими бахрабардорй аз иншооти навбунёди пойтахт // Чумхурият, 29-уми сентябри соли 2020. - № 190.

13. Ифтитохи иншооти нав ва муаррифии наклиёти мусофирбар дар пойтахт // Чумхурият, 20-уми декабри соли 2020. - № 150.

References and used sources

1. Constitution of the Republic of Tajikistan dated November 6, 1994 (with amendments dated May 22, 2016) // National Legislative Center of the Republic of Tajikistan: official website. -http://www.mmk.tj (date of application: 16.04.2022).

2. The Constitution of the Russian Federation (by popular referendum on 12.12.1993 until amendments and additions from 01.07.2020) // [Electronic source] // Access mode: http://publication.pravo.gov.ru/Document/View/0001202007040001 ( Date of application: 20.09.2022).

3. Sharifzoda, A., Sirojov, Z. Emomali Rahmonov: Year of global culture (Domestic and foreign policy of the President of Tajikistan in 2005). - Dushanbe: Devashtich, 2006. - S. 281-284.

4. Sharifzoda, A., Sirojov, Z. Emomali Rahmonov: The beginning of a new stage (Domestic and foreign policy of the President of Tajikistan in 2007). - Dushanbe: Devashtich, 2007. - 312 p.

5. Sharifzoda, A., Qasimi, Z. Emomali Rahman and the 20th anniversary of independence (Domestic and foreign policy of the President of Tajikistan in 2011). - Dushanbe: Shujoiyan, 2012. - 275 p.

6. Two-story residential buildings for officers in Gonchi district // People's Voice, October 19, 2015.

- No. 140.

7. Sharifzoda, A., Ainiddin, S., Shamsiddinzoda, S. Emomali Rahmon and 25 years of state independence (Domestic and foreign policy of the President of the Republic of Tajikistan in 2016). -Dushanbe: Bukhara, 2017. - 325 p.

8. Residential building for employees of the prosecutor's office // Voice of the people, November 6,

2017. - No. 131.

9. Opening of several facilities by the Leader of the Nation in the capital // Republic, February 21,

2018. - No. 39.

10. Sharifzoda, A. Ainuddin, S. Emomali Rahmon and the 5500th anniversary of Sarazm (Domestic and foreign policy of the President of the Republic of Tajikistan in 2020). Book 20. - Dushanbe: Donish, 2021. - 357 p.

11. Opening of a residential building for employees of the Department of the State Committee for National Security of the Republic of Tajikistan in Vose district (24.09.2020) // [Electronic source] Access mode: http://www.president.tj/node/24023 (date of application - 12.12. 2022).

12. Participation of the leader of the nation in the ceremony of taking advantage of the newly built facilities of the capital // Republic, September 29, 2020. - No. 190.

13. Opening of new facilities and presentation of passenger transport in the capital // Republic, December 20, 2020. - No. 150.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.