ТОЧИКИСТОН ВА МАВКЕИ ОН ДАР ХАЛЛИ МАСЪАЛАХОИ УМУМИЧАХОНЙ
БАХОДУРОВ БЕХРУЗ ФАЙЗУЛЛОЕВИЧ
кандидат исторических наук Бохтарский государственный университет имени Носира
Хусрава
Аннотация Автор в своей статье рассматривает глобализацию внутренней политики в годы независимости. Глобализация политики Республики Таджикистан в годы независимости имеет научную теоритическую и практическую важность. Чтение и заключения существующей научной литературы показывает, что проблемы глобализации политики Республики Таджикистан является необходимостью и своевременным.
Ключевые слова: Политические оргонизации, режим, глобальный, несависимость, Запод, Восток, государство, Таджикистан, нация.
Mo одатан ба гирудори зиндагии имруза мубтало гардида, рочеъ ба фардои наздику дури хеш кам ахамият медихем. Чаро? Ба назар чунин мерасад, ки инсоният дар тули таърихи беш аз 5 хазорсолаи тамаддуни давлатдорй танхо ба зинае расидааст, ки хаддалимкон имрузи хешро мутобики максад ва матлаб биорояд. Вале дар масъалаи фардо мушки- лихо пешоруи у зиёданд. Агар чунин намебуд, кулли салтанатхою ва тамаддунхои оламгир бо ду иллат: яке иллати чахонхохй ва дигаре муборизаи гурухи дохилй махв намегаштанд. Дарду иллат аз нодуруст муносибат кардани давлату халкиятхо ба ояндаи худ сарчашма гирифтааст [1.5 с].
Дар бештари мавридхо мушкилихои зиндагй ва нобасомонихои рузгори имруз ба мо имкон намедихад, ки рочеъ ба ояндаи наздику дури худ андеша намоем. Мо дар халли бисёр масъалахои чузъй ва куллии имруз дар арсаи сиёсат, хукук ва ичтимоиёт ба душворй дучор шуда, дар халли онхо куввату гайрати беандоза сарф намуда, интизори он мешавем, ки имрузу фардои наздик натичаи онро мебинем. Аз ин ру мо, ба миён омадани чунин мушкилихои навбатиро, ки дар ояндаи наздику дур эхтимол дорад, бо вазъу шароитхои боз хам мураккабтар пайдо гардад, аз мадди назар дур монда, пойбанди халли бисёр масъалахои на он кадар мухимми имруз мемонем.
Бехабар аз он, ки бо чунин муносибат ва ин тарзи амал мушкилихои ояндаро барои худ тавлид карда истодаем, зеро мушкилию проблемахои чахонии имруз барои мо махз дар хамин айёми тозаистиклолй пайдо нашудаанд. Тухми он, решаи он ва омилхои зояндаи он хануз хеле кабл аз даврони шуравию пештар аз он тахия гардидаанд. Гузашта аз он, заминахои ин мушкилот на хамеша аз чониби ачнабиён, балки бештар аз чониби худи намояндагони миллати мо тахия ва эч,од шудаанд. Бузургон дуруст гуфтаанд, ки хабибу табибу рациби мо ба гайри мо каси дигар нест.
Дар ин мачро мо - шахрвандон ба одитарин сабаки таърихй- эътирофи неруи пешбарандаи таърих - инсон, яъне инсони оянда аз диккат намедихем. Мо медонем, ки агар дар оила фарзандон донишманду содиц бошанд, оила обод мешавад. Вале ба тарбияи дурусти хамин чавонон машгул намешавем, инчунин андеша намекунем, ки махз хамин донишу малакаи насли оянда, ки дар партави гояи миллй ва эхтироми истикклолият бояд ба воя расад, гарави ободии фардои миллати мост. Миллат агар ба хазинаи тиллоии оянда чи арзишеро ворид созад, фардоиёни вай аз ин хазина хамонро ба мерос мегиранд. Имруз аз назари тахкикоти илмй олимони мо дар пахнои илми чахонй хануз макоми такдирсозро касб накардаанд, оё мешавад, ки аз ин зина истода ба фонди бойгонии миллат донишу малакаеро ворид намоем, ки фардо дархури ояндаи миллат шавад? Албатта, мешавад, агар мо нисбат ба манфиати имрузу фардои давлати тозаистиклол бетараф набуда, дар атрофи
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
сиёсати хирадмандонаи Рохбари давлат муттахид шуда, дар радифи бузургтарин арзишхои башарй - сулху субот, адлу инсоф ва хукуку озодии инсон захмат кашида бунёдкорию созаидагиро шиори зиндагии хеш карор дихем.
Дар шароити чахонишавии манфиатхо, дахолати кишвархо ба худуди давлатхои дигар ва дастёбй ба суиистифодаи фишангхои ичтимой, динй ва сиёсй на танхо ба максад мутобик нест, балки як манбаи хатари чиддиро мемонад. Таърих боз гайриинтизорихои худашро дорад, ки акли инсонй ба пешгуии он намерасад. Яке аз манбаъхои асосие, ки ба раванди истиклолиятхохии кишвархои чавон ва давлатхои заиф халал ворид менамояд, ин чахонишавии манфиатхо дар интихои асри гузашта ва ибтидои хазораи се буд.
Дар ибтидои хазораи се чомеаи инсониро раванди чахонигароии масъалаю мушкилихо чун тори анкабут ба огуши худ кашида, дар амалй гардидани накшахои ошкорою пинхони давлатхои абаркудрат ва таъмини сиёсати дар пахнои стандарти дугона зохирёфтаи онхо, накши торафт мухимро бозида истодааст. Мо инкор намесозем, ки раванди чахоншавии масоил ва халли дастачамъии онхо дар асоси принсипи баробарии манфиати халку миллатхо ба умумияти одам ва вахдати чомеаи инсонй созгор буда, бузургтарин неъмат ва шояд хатти нихоии рохи марказии инкишофи бани башар бошад. Вале ин равандро бо манфиатхои миллию динй, иктисодию сиёсии давлатхои чудогона гизо бахшидан ва аз он мохирона истифода намудани кисмате аз кишвархои чахон моро хушдор менамояд, ки ба мавчхои чахонишавй ва бархурд ба лапишхои он дар доираи иктисодиёт, сиёсат, ичтимоиёт, хукук, дин ва дигар пахнохои хаёти хеш чй тавре ки Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон борхо таъкид доштанд, зиракию хушёриро аз даст надода, манфиатхои миллию истиклолияти давлатро бояд хифз намоем. Чунин масъулиятро имруз хар як фарзанди баору номус бояд ба душ дошта бошад.
Чдхонишавй чун раванди тамаркузхохонае, ки теъдоди афзоишёбандаи одамонро торафт бештар ба низоми ягонаи молиявию иктисодй, чамъиятию сиёсй бо алокахои фарх,ангию динию забонй муттахид менамояд, падидаи ягона ва нав нест. Ин ходиса хануз аз даврони кадим дар доирахои мухталиф бо тарз ва шаклхои гуногун худро вонамуд кардааст. Мухаккикон дуруст кайд мекунанд, ки муносибатхои чахонй ибтидои худро аз нахустин бахамоии хамсояхо (авлодхо, кабилахо, халкиятхо) дар шакли чангу сулх, мубодилот, мухочират ва амсоли инхо гирифтааст [2., 66 с.]. Гурухи дигари олимон, ки ба ин раванд хусни таваччух зохир намудаанд, кайд мекунанд, ки таърихи инсоният чанд даврахои чахонишавиро паси cap намудааст. Тибки андешаи М. Стегер давраи нахустини (тотаърихии) чахонишавй хазорсолахои V-III то эраи мо; давраи дуюм понздах асри баъди таваллуди Исои Масех (чахонишавии бармахал); сеюм солхои 1500-1750 (чахонишавии кабл аз давраи нав); чорум солхои 1750 - ум ва солхои 70-уми асри XX (чахонишавии даврони нав) ва панчум (муосир) давраи муайяни он аз соли 1970 асри гузашта то имрузро фаро мегирад [3.292 с.].
Дар таърих дар хар замоне, ки ин ё он намуди муносибат, арзишхои умумиятдошта, конуниятхои муайяни ойни зиндагй шакли идоракунй доираи таъсиррасонй, механизмхои идоракунй, дар доираи манфиатхои гурухе аз доираи зарурй ва имкоми пахншавии падида ва ходисахо берун мерафтанд, накш ва нуфузи чахонишавй эхсос мегардид.
Як чиз мусаллам аст, ки чахонишавй ба андозаи муайян барои кудратхои бузург хизмат мекунад ва инро хамонхое, ки ба ин раванд неру мебахшанд, хуб медонанд. Аммо тарафи дигари хамин масъала, ки ба хамон андоза ин чараён ба манфиати кишвархои ру ба тараккй зарар мерасонад, онхо шунидан намехоханд. Вале дар баробари ин бояд хотирнишон сохт, ки дар раванди чахонишавй давлатхои хурд ва ру ба тараккй ба усули низомй ва инкори ошкоро пахн намегарданд. Онхо бо додани имкону манфиатхои муайян
ба фазои кишвархои хурд ворид шуда, дар холатхои зарурй тадричан ба фурубарии арзишхо огоз менамоянд. Халку миллатхои хушёр дархол ин дарду иллатхоро эхсос мекунанд ва барои пешгирии зарару окибатхо чораандешй менамоянд. Аммо халку миллатхои хобрафта вакте хушёр мешаванд, ки на танхо арзишхо, балки режиму низомхои худро аз даст дода, бозича ва воситаи дасти дигарон шудаанд. Яъне нихояти кори беахамиятй фоидаи комил ва зарари чиддии тарафи дигар аст. Аз ин назар чун ин раванд ду чанба барои ду гурухи давлатхо дорад, маълум мешавад, ки он мисли хар ходисаи берабт инкишофёбанда бидуни истилоха ва тахлил аз як су гирифта, ба як су зам кардан аст. Чун дар ин чараён дар ибтидо чанбахои мусбат барои харду тараф дорад пас, месазад, сари он андеша намуд, ки аз чан-бахои мусбати алока, муносибатхои байнихамдигарй, такмили иктисодиёт, истифодаи тачрибаи якдигар ба манфиати мутакобил истифода намуда, механизмхои кам ва нихояти кор нест кардани зарархои онро андеша намоем. Дар шароите, ки инсоният дар асри иттилоот зиндагй карда, хохиши харакати озодро дар кураи замин дорад, андеша намудан сари ин пахлухои чахонишавй хамчун бахамоии манфиатхо вазифаи мукаддаси хама давлатхо ва ахли илм бояд бошад.
Ба хар пахное, ки мавчи чахонишавй ва ё як чараёни пешрафтаи он гарбгарой ворид мешавад, мо дарди рухи миллиро бо гум кардани арзишхои миллй, худшиносии миллй ва фарханги ачдодй эхсос мекунем. Ачиб он аст, ки таърих аз як чониб, ба кудратхои бузург имкон медихад, ки манфиатхои худро дур аз сархади таърихию миллиашон хифз намоянд ва аз чониби дигар, шарту шароитхои мусоиди пахншавии ин манфиатхоро дар колаби нав тархрезй намоянд.
Таърих собит менамояд, ки дар хамин даврахо низ халку миллатхое, ки ба ин харакатхо бо дарназардошти манфиатхои дохилию хоричй, сиёсию иктисодй дуруст чавоб додаанд, мунтазамии инкишоф, пайдархамии нумуи фарханг, асолат ва хувияти фархангии хешро нигох доштаанд. Аммо дар холатхое, ки халку кавмиятхо бидуни муковимати ман-фиатовар вориди огуши фарханги чахонгирон гардидаанд, онхо худ ва ояндаи насли худро хамчун кавмият ва ё халкияти муайян ё ба нестй додаанд ё ба як холати ногувори сиёсй ва бемарзй муддатхо дар замири кишвархои бегона мондаанд. ^исмате аз ин халкиятхо бо мурури замон аз сахнаи таърих хамчун вохиди этникию забонй пурра нест гардида, кисмати дигар бо зехни олй, забони ташаккулёфтаи илмию адабй тавонистаанд мавчудияти худро дар ниходи давлатхои чахонгир то дер гох нигох доранд. Точикон аз зумраи халкиятхои охир будаанд. Ба хар хол дар масири таърих накши чахонишавии манфиатхои кишвархои бузург онхоро тимсоли актёрхои фаъол ва он кишвархоеро, ки мавриди тасхир ва забти аввалихо мегардиданд, чун актёрхои пассиви сахнаи таърих муаррифй мекард. Мо айни хол масъулем, ки накши худро дар раванди чахонишавии масъалахо дар доираи манфиатхои миллй хамчун актёри фаъоли сахнаи таърих пуштибонй намоем. Зеро имрузи мо гарави ояндаи фарзандонамон хохад буд. Имруз агар мо манфиатхои миллй ва сиёсии кишварро хифз нанамуда, пояхои истикдолияти онро устувор нагузорем, фардо фарзандон ва насли оянда бо мушкилихои нав истодагарй карда наметавонанд.
Устуворгардонии давлатхои миллй воситаи мухимми химоя аз окибатхои манфии чахонишавист. Давлатхо дар раванди чахонй ворид шуда, тобеи коидахои умумй мегарданд, ки хар лахза метавонад онхоро махв намояд. Дар давлат бояд бо накшаю маром ва талаботи ба худ хос ба чахонишавй ворид шавад. Ин талабот ба химояи арзишхои миллй, дифоъ аз бозии коидаи дугона, баробарй ва г. асос меёбад. Чунин сурат гирифтани кор имкони интихоби ду рохи ояндаро тархрезй менамояд. Якум, ин рохи тахаммулпазирй ва хамдигарфахмй, ки дар пахнои бахамоии арзишхои миллй, фархангй ва умумй дар заминаи хирад наздикшавии чомеаи инсонй зина ба зина мукаммал мегардад. Дуюм, рохи мунокиша, ки аз гуногунии манфиатхои миллй ва фархангй сурат мегирад. Ин раванд дар пахнои
давлатхои миллй ташаккули халку миллатхоро дар заминаи устувори худшиносии миллии яктарафа аз умки мунокиша ва чангхо бо рохи вазнин ба умумият хидоят мекунад. Ин рох хамон пешгуии таърихшиноси англис А. Тойнби ва баъдан рохи тахкимбахшидаи С. Хантингтон мебошад: «Ман бовар дорам, ки дар ца^они ру ба тарацкд дигар манбаи асосии низоъ идеология ё щтисоднахох,ад буд. Мух,имтарин сащащое, ки инсониятро аз х,ам цудо мекунанд ва манбащои бартарии низоъро фар^анг муайян мекунад. Давлати миллй дар муносибатхои байналмилалй хокимияти асосй хохад монд, вале мухимтарин низоъхои сиёсати чахонй дар байни миллатхо ва гуруххои мансуб ба тамаддунхои гуногун ба вучуд меоянд. Бархурди тамаддущо омили асосии сиёсати ца^онй мегардад. Хащои шикасти байни тамаддущо он чизест, ки хащои цаб^а^ои ояндаро меху ранд» [4.11с.]. Албатта, ин гирудор ва мунокишахо дар сатхи болои дар сархади манфиатхои миллату халкхо тахрезй мегардад, аммо чанбаи умкии он боз ба мафкура ва иктисодиёт тавъаманд. Мисол, дар раванди чахонишавй ва пахн намудани мафкураи гарбй, тахмили хукуку озодихои инсон, демократия ва ё вестернизатсияи (гарбгароии) конунгузорй дар Югославия, Украина, Грузия, Афгонистон, Ирок, ^иргизистон ва амсоли ин кишвархо манфиатхои дастовардхои гарбй, кашидан ба суи гояи хукмрони гарбй ва истифода аз сарватхои зеризаминй асосан нафт омили асосй махсуб мешуд. Хдтто дар мубори- заи байни Гарб ва экстремизму терроризми исломй низ мо махсусияти ошкорои муборизаи динхоро намебинем. Баръакс, динхои чахонй ва намояндагони онхо дар мукобили якдигар тахаммулпазиранд, хама гуна нифоку хархашаро мо байни нерухои сиёсй ва кудратхои гарбию шар;й мебинем, ки кадом як арзиш ва ё нобоварии онхо боиси ихтилоф гар- дидааст (Эрону Амрико).
Чдхонишавй ба яке аз хукукхои аслии башар ба хукуки худмуайянкунии халку миллатхо тачовуз мекунад. Оинномаи СММ аз соли 1945 ва Паймони байналхалкй оид ба хукукхои шахрвандй ва сиёсй аз соли 1966 ин хакро ба хар халку миллат кафолат додааст. Хукук ба худмуайянкунии миллй унсури мухимми истиклолияти давлатй ва сохибихтиёрии кишвар аст.
Г арб дар татбики арзишхо коидахои дугонаро (правила двойных стандартов) татбик менамояд, чй бо хукуку озодихои инсон, чй бо хукуки худмуайянкунии давлатхо. Маълум аст, ки давлатхои имрузаи чахон аз назари сохтори давлатй ва таксимоти худудй-маъмурй ба сода-унитарй, мураккаб- федеративй ва конфедаративй - иттиходи давлатхои мустакил чудо мешаванд. Аксари давлатхое, ки дар масири таърих чун давлатхои бузург, асосй ва таъсирбахш эътироф мешаванд, давлатхоеанд, ки аз назари сохтори мураккабанд ва дар пахнои халку миллатхои мухталиф таъсис ёфта, хамаи ин намояндагони этникиро дар пахнои асотири ягонаи миллй муттахид сохтаанд. Давлатхои ягона ва этникй гарчанде аз назари этникй ягона хам бошанд, дар дохил теъдоди муайяни халкхои дигарро низ доранд, вале онхо имруз аз назари иктисодй на он кадар накши мухим дар муносибатхои байналмилалй доранд. Гарб ба мукобили Шарк хамин арзиши худмуайяниро бо коидаи дугона истифода менамояд. Сиёсатмадорони гарбй хеле хуб дарк намудаанд, ки дар ин муборизаи низомй ва сохторй аз хама мухим вайрон намудани компоненте, арзише, ки хамин ягонагй ва сохтори низомиро устувор нигох медорад, воситаи мухим ва нишонрас аст. Чунин компонент ва арзиш дар давлатхои мураккаби шаркй вахдат ва ягонагии миллатхои этникист. Яъне вайрон намудани гояи ягонаи миллй шарти мухими аз дохил пароканда кардани давлатхои мураккаби бисёрэтникии Шарк аст. Вале онхо фахмида наметавонанд, ки хушёрии мардуми Шарк хамин нуктаи дардмандро дар бадани давлатхои муттахидаи бисёрэтникии онхо кашф карда, истифода намуданаш аз эхтимол дур нест.
Имрузхо Г арб ба андешаи худшиносии миллй ва сиёсии мардуми Шарк бозй намуда, кишвархои Шаркро ба парокандагй кашиданист. Магар ин усул ба худи Fapб тахдид карда наметавонад? Сиёсатшинос И. Шамир дуруст кайд мекунад, ки чунин беморй метавонад
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "ЕпсИвББ Ь^М ш 8с1епсе"
боиси марги кишвархои гарбй гардад, зеро онхо низ давлатхои аз назари этникй му-раккабанд. Мисол, Франсия бо Прованс ва Каталония, ки ду гурухи бузурги кавмиятхои муттахидаи фаронсавихои шимолиро муаррифй мекунад, дар киёс ва таносуб мисли Руссия ва Украина мебошад. Ба замми ин дар Франсия автономияхои давлатмонанди Баскхо, Бретан ва Корсика мавчуданд, ки имкони ба чунин беморй расиданаш хар лахза мавчуд аст. Ё Амрико бо теъдоди зиёди штатхои этникй аз Диксии кадим то Англияи нав, боз чамоахои чандинмиллионаи испанию африкоии хануз бе хукуки худмуайянкунй, имкони мисли борут таркиданро аз истифодаи ин усул доро аст. Fapб ин хакро, яъне хакки худумуайянкунии халку миллатхоро дар Шарк талаб намуда, дар худ онро чузъи вахдати миллй мехисобад. Яъне дар муносибат бо худ гарбиён зери истилохи халц ва ё миллат вахдати ягонаи сиёсй ва дар муносибат бо Шарк компонентнхои этникй ва халкиро мешиносанд [5.207с]. Датто аз ин усул таълимоти гарбии марксистй васеъ истифода намуда, хукуки халкхои славянро, ки дар итоати олмонихо карор доштанд, дар вакташ инкор намуда, ин хакро ба субъектхои импературии Русия орзу мекарданд.
Чдхонишавй хамчун раванди мутамарказхох ба хукук васеъ такя мекунад. Чдхонишавй бидуни хукук таъсири худро дар пахнои иктисодиёт, сиёсат ва ичтимоиёт расонида наметавонад. Дар чомеаи муосир бидуни воситахои хукукй чахонишавиро тасаввур кардан нашояд. Чунин такянамой бо чанд омил тавъам хаст.
Аввал ин, ки дар замони муосир хукук воситаи муассири тарзхои амалй сохтани накшаю чорабинихост. Махз тавассути хукук сиёсат ва накшахои мураккаби хамкории байнидавлатй, созишнома дар бораи ба самти муайян равон намудани иктисодиёт, кабул намудани коидаю стандартхои ба манфиати кишвархои бузург мусоидаткунанда ва амсоли инхо амалй мегардад. Замони бо рохи зурй ба суйи худ кашидан, замони бо тегу туп тобеъ намудани халцу миллатхо гузашт. Акнун замони таргиб, ташвик ва тахмили арзишхо ва стандартхо огоз гардид. Аз ин назар чахонишавии интихои асри XX ва ибтидои асри XXI-ро бидуни хукук тасаввур кардан нашояд, зеро чахонишавй катъи назар аз зери пардахои сиёсй ва мафкуравии худ тавассути пояхои устувори хукук амалй мегардад.
Дуюм, табиати чахонишавй ба умумияти хукук ва арзишхои хукукй мувофикат мекунад, зеро хам чахонишавй ру ба умумигардонии масоил ва халли якхелаи онхо такозо менамояду хам хукук даъвй ба ягонагй ва умумият хамчун коидаи рафтор дорад. Шинохти ягона ва умумии хукук хамчун меъёри ичтимой бо аломату вежагихои умумй эътирофшуда аз як тараф ва умумй хисобидани арзишу манфиатхои иддае аз кишвархо аз чониби дигар, хукукро чун падидаи умумй ва чахонишавиро хамчун чараёни умумигардонии манфиати иддае аз давлатхо ба хам мутобик овардааст. Бахусус назария ва фахмиши нисбатан эътирофшуда ва пешкадами хукуки табий ва фалсафаи хукук, ки хукукро чун арзиши олй, меъёри хакикат, адолат ва озодй эътироф намуда, манбаи онро табиати инсон, хиради инсонй ва илохй шинохтаанд, басо майдони мувофику созгори раванди чахонишавист, ки чунин умумиятро дар дигар пахнохо талаб дорад. Дукуке, ки аз кадим дар чустучуи хакикат, адолат ва табиати инсон буд, имруз хамчун нуктаест, ки ба умумият ва ягонагии инсон часпида, заминаи чахонишавии манфиатхо гашта истодааст. Аз ин назар Шершеневич Г. Ф хануз дар ибтидои карни гузашта гуфта буд: «Хукуки табий аз хусусияти ин ва ё он халк вобастагй надорад, ин хукуки мутобики табиати инсон хукуки инсон аст. Аз ин чо космополитизми хукукист. Агар хукуки табий ягона, доимй ва тагйирнопазир бошад, вазифаи конун чустани хамин ягонагй ва умумият аст. Пас, наметавон даъво кард, ки хукук англисию олмонию фаронсавй бошад. Дукук хамин умумият ва ягонагии умумиинсонист. Агар тафовут дар хукуки давлатхо дида шавад, ин танхо тасаввури сохтаи таърихист» [6.22 с.].
Сеюм, ин ки чахонишавй хамчун раванди ба манфиатхои кишвархои абаркудрат мусоидаткунанда ва ё дар атрофи арзишхои муайян муттахидшаванда акнун ба сархади давлатхои миллй на бо аслиха, балки бо «канду ширинихо», яъне бо домхои муайяни хайрхохона ворид мешавад. Дар катори дигар чанбахои мусбат эчодгарони чахонишавй доир ба пахн намудани арзишхои умумиинсонй ва сиёсие харф меза- нанд, ки дар тачрибаи имрузаи давлат бехтарину макбултарин шумурда шудаанд. Ба сифати чунин воситахо ва домхо муттассифона, хукуки инсон, демократия ва амният низ амал мекунад. Чорум, чахонишавй ба падидаи хукуки инсон хамчун ходисаи умумиятдошта такя намуда, дар кадом пахное зохир гардад, инсонро чун ченаки арзишхо эътироф менамояд. Худи назарияи умумигардонй ва универсализатсияи хукуки инсон хамчун аломати мухимми чахонишавй амал мекунад. Чунин арчгузорй тафовути байни миллату халкхоро шикаста, ба сохибихтиёрии миллй ва хукуки худмуайянкунии миллатхо точовуз мекунад, яъне у ба арзишхои умумибашарй такя мекунаду ба арзишхои миллй мухолифат меварзад.
Компанияхои байналмилалй ва дигар институтхои чахонии иктисодй, иттилоотй ва ичтимоию хукукй дар худуди давлатхои мухталиф комат афрохта, ба хаёти иктисодию ичтимоии халку миллатхо таъсир расонида, дар доираи манфиат ва арзишхои умумй бисёре аз халку миллатхоро муттахид менамоянд, аммо чунин муттахиднамой на федератсия ва на конфедератсияро иваз карда метавонад. Ин муттахидй табиати дигаре дорад. Вале ин ходиса имкон дорад ба давлатхои миллй таъсири манфй расонида, ба сохибихтиёрии давлатй ва миллй латма занад. Ин латма хам ба давлатхои дохили иттиход ва хам хорич эхсос мегардад. Ин чараён, махсусан, ба давлатхои миллии аз назари иктисодй ва инфраструктура ташаккулнаёфта бештар таъсири бад мерасонад. Агар ба ин раванди мукобил, халку миллатхо сиёсати худро дуруст ба рох монда натавонанд, эхтимол меравад, дар оянда гояи хукуки миллй ва давлати миллй хамчун мафкураи сиёсй мавкеи худро аз даст дода, ба накшахои дуюмдарача ва сеюмдарачаи сиёсати давлатхо табдил ёбад. Дар баробари ин мавкеи чомеаи шахрвандй ва дигар навъхои озодии чомеа ва давлат, ки дар он фардхо на хамчун шахрванд ва намояндаи миллати тахчои, балки мисли инсон ба маънии томаш шинохта мешавад, афзоиш меёбад. Албатта, чунин дидгох аз назари кулл ва умумй бартарият ва афзалият дорад, зеро гояе, ки инсонро мепарастад, аз андешае, ки миллат ва шахрванди чудогонаро хадаф карор додааст, дар хама холат бартарихо дорад, аммо мушкилй сари дигар масъала аст. Оё метавонад чунин шавад, ки инсоният зинаи худшиносии миллиро нагузашта, ба худшиносии умумии инсон бирасад. Дигар ин ки, агар мо хукукро ба сифати яке аз унсурхои асосии низоми ичтимой - фарх,ангй эътироф намоем, дар он мавкеи меъёрмукарраркунй, доираи рафтор ва эталонхои дигари арзишманд, ки ба фаъолияти озоди субъектон вобаста аст, накши асосиро мебозад. Асосан ин шакли худташкилнамоии фаъолият ва парадигмахои рафтор аст, ки дар пахнои демократия ва фазои озоди чомеаи шахрвандй рух медихад. Аз ин назар, Лукашева Е. А. дуруст кайд намудаанд, ки «фарх,анг аз назари умум ин шакли худташкили одамон аст, ки тавассути меъёрхо ва арзишхо сурат мегирад»[7.29 с. ]. Бинобар он дидгохи боло моро водор мекунад андеша намоем, ки накши озоди одамон, созмонхо ва дигар иттиходи одамон дар худташкилкунии фаъолият ва бунёди чомеаи шахрвандй дар чунин шароит чй хохад шуд? Ва такдири худи демократияи асил, ки аз хокимияти хал;й манбаъ мегирад ва иродаи хукмрон иродаи шахрвандон аст, чй хохад шуд? Зеро чахонишавй бисёр масъалахоеро ба сари халку миллатхо бор мекунад, ки онхо на хамеша хохони кабули чунин коида ва парадигмахо хастанд. Чунин сурат гирифтани вазъи чамъияти оянда дар тачрибаи пеш;адами давлатхои аврупой ;исман тачассум ёфта истодааст. Эхтимол меравад дар ин минтака давлатхои миллй давраи нихоии инкишоф ва ташаккули худро паси сар намуда, гояи миллатгарой ба шаклдигаркунй ва гузариш ба навъи дигар омодагй мебинад (диккат
дихед, ки ин ходиса танхо пас аз 300 соли мавчудияти ин давлатхои миллй рух дода истодааст). Дар ин мачро хулосаи олими олмонй Ю. Хабермас хеле бамаврид аст: "Дар партавиафзоишигуногунандешй дарцомеа^оимиллй ва чоли1щоиглобалие, ки^укумащои миллй дар арсаи беруна рубару мешаванд, давлати миллй дигар наметавонад чщорчуби мувофщро барои нигох, доштани шах,рвандии демократ барои ояндаи наздик таъмин кунад. ". [8.379 с. ].
Ин албатта ояндаи наздики Аврупо аст, ки тахминан то худуди 50 сол идома ёфтанаш мумкин аст. Барои мо, бо дарназардошти тачрибаи 300 солаи давлатхои миллй, кам андар кам 100 соли оянда дар пахнои давлати миллй корхо бояд анчом дод. Дар ин муддат моро танхо гояи давлати миллй начот хохад дод. Ин гоя мисли як кишр ва кабати гафси хаёти маънавй ва ичтимоии миллат аст, ки чомеа ва давлати моро аз дахолати бечои муттамаркази чараёнхои иктисодй, сиёсй ва динии барои мо бегона хифз менамояд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Азроянц Э.Глобализатция: катастрофа или путь к развитию. М. 2002. с.208.
2. Лукашева Е.А. Права человека и процессы глобализации современного мира.
М.2007.с.290.
3. Стегер М. Глобализация и идеология глобализма. М.2006.с.292.
4. Тойнби А.Д. Цивилизация перед судом истории М.2003.с.592.
5. Холиков А.Г. Андешаи давлати Миллй. Душанбе. 2013. с. 682.
6. Шершеневич Г.Ф. Общая теория права. М.1995. т-2. 439с..
7. Эмомалй Рах,мон. Точикон дар оинаи таърих. Лондон. 2000. К-1. с.237.