Научная статья на тему 'ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ'

ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
923
32
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
суверенитет / безопасность / мир / государство / независимость.

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Абдуллоева Муҳаббат Убайдуллоевна, Дудакова Ҷамила Убайдуллоевна

Известно, что сегодня мир на пороге третьего тысячелетия сложными и запутанными путями ведет человечество к неопределенному будущему, и осознание и осмысление его событий очень серьезно и сложно для человека. Глобальные события конца прошлого века с чередой крахов системы социалистических государств и независимости национальных государств создали идеологию, и принесли распад и распад одним странам и единство и единство другим странам, контрастное событие по карта мира. Конечно, это считалось новым взрывом в политической науке. Этот период со всеми его проблемами заслуживает такой трактовки, ибо комплекс событий и его социальные, экономические, политические и правовые события настолько судьбоносны и судьбоносны, что его звуки дойдут до глубины грядущих столетий, как эпоха тотального революция без проблем. Этот период, несмотря на то, что в нем было много процессов распада и столкновений, что-то дал и подарил каждому народу и каждой стране. Получение независимости было величайшим благом для таджиков. Как мы с вами знаем, одним из важных столпов государственного строительства является государственная независимость.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по философии, этике, религиоведению , автор научной работы — Абдуллоева Муҳаббат Убайдуллоевна, Дудакова Ҷамила Убайдуллоевна

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ»

ТОЧИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИКЛОЛИЯТ

АБДУЛЛОЕВА МУХДББАТ УБАЙДУЛЛОЕВНА

омузгорй кафедраи фалсафа Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

ДУДАКОВА ЧАМИЛА УБАЙДУЛЛОЕВНА

омузгорй кафедраи фалсафа Донишгохд давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Аннотация Известно, что сегодня мир на пороге третьего тысячелетия сложными и запутанными путями ведет человечество к неопределенному будущему, и осознание и осмысление его событий очень серьезно и сложно для человека. Глобальные события конца прошлого века с чередой крахов системы социалистических государств и независимости национальных государств создали идеологию, и принесли распад и распад одним странам и единство и единство другим странам, контрастное событие по карта мира. Конечно, это считалось новым взрывом в политической науке. Этот период со всеми его проблемами заслуживает такой трактовки, ибо комплекс событий и его социальные, экономические, политические и правовые события настолько судьбоносны и судьбоносны, что его звуки дойдут до глубины грядущих столетий, как эпоха тотального революция без проблем. Этот период, несмотря на то, что в нем было много процессов распада и столкновений, что-то дал и подарил каждому народу и каждой стране. Получение независимости было величайшим благом для таджиков. Как мы с вами знаем, одним из важных столпов государственного строительства является государственная независимость.

Ключевые слова: суверенитет, безопасность, мир, государство, независимость.

Маълум аст, ки Имруз чахон дар остонан хазораи се бо роххои мураккабу печида инсониятро ба суи ояндаи номуайян хидоят менамояд, ки шинохту дарки ходисахои он барои инсон басо чидист ва мураккаб. Ходисахои оламгири охири царни гузашта бо силсилаи бархамхурихои низоми давлатхои сотсиалистию истицлолияти давлатхои миллй тавлидгари як мафкура буда, пошхурй ва парокандашавиро барои цисмате аз кишвархо ва муттахидию вахдатро ба иддаи дигари давлатхо як ходисаи тазод руи харитаи чахон овард. Албата дар илмй сиёсй ин таркиши нав ба хисоб мерафт. Ин давраест, ки бо хама мушкилихояш чунин муносибатро арзандааст, зеро мачмуи ходисаву лапишхои ичтимой, ицтисодй ва сиёсию хуцуции он то он дарача тацдирпазиру тацдирсозанд, ки садохои он ба умки садсолахои оянда, ба хайси як даврони гардиши куллй бидуни мушкили хохад расид. Ин давр бо вучуди он, ки бисёре аз равандхои пошхурию бархурдхоро дорост, ба хар миллат ва хар кишваре чизе дода, инъоме бахшидааст. Барои точикон сохибистицлол шудан бузургтарин неъмат буд. Тавре, ки ба хамаи мову Шумо маълум аст, яке аз рукунхои мухими бунёди давлат истицлолияти давлатист.

Истицлолият ин танхо бо эълон намудану цабули санади сохибихтиёрй ва эъломия анчом наёфта хуцуци халцу миллатро ба таъсиси хокимияти давлатии мустацил дар дохили кишвар амалй намудану онро чун субъекти сохибихтиёр ба арсаи сиёсати чахонй ва майдони муборизаи хастй ворид сохтан аст. Аз назари хуцуци конститутсионии муосир истицлолияти давлатй сарчашмаи худро аз сохибихтиёрии давлатй мегирад. Сохибихтиёрии давлатй як навъи сохибихтиёрии умумист. Сохибихтиёри асосан се навъ мешавад: Халцй, миллй ва давлатй.

Сохибихтиёрии халцй дар ифодаи иродаи халц хамчун манбаи хокимияти давлатй зохир меёбад. Яъне халц сарчашмаи ягонаи давлатист. Барои сохибихтиёрии халцй демократия ва институтхои демократй, цонуният ва низоми интихоботи озод, пинхонй ва шаффоф хизмат мекунад. Ба ибораи дигар халц дар муайян намудани тарзи зиндагй,

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

шакли идора ва низоми ицтисодию ичтимой сохибихтиёр аст. Сохибихтиёрии миллй ин хуцуци миллат мустациман бе дахолати дигар миллатхо хуцуци худро дар муттахид шудан, таъсис додани давлати мустацил ва муайянкунии мацоми сиёсии худ фахмида мешавад.

Хамин тавр сохибихтиёрии давлатй, ки ба истицлолияти комили давлат дар муносибатхои дохилй ва хоричй анчом меёбад.

Чунин воцеаву дастовардхо барои Точикистон яъне (истицлолияту Вахдати миллй) ба осонй ба даст наомадааст.

Точикистон то пош хурдани Иттиходи Шуравй сохибихтиёрии халцй ва миллиро нисбатан дошт, аммо пас аз пош хурдани иттиход, ки дар асоси шартнома хуцуцхо махдуд шуда буд, х,уцуцх,ои сохибихтиёрй то сохибихтиёрии давлатй ба Точикистон насиб гашт. Ба кишвари мо зарур буд, ки ба мафхум ва ахамияти ин неъматхои олй ба дурустй сарфахм рафта, онро ба манфиати умум намояд. Истицлолияти кишвар, аз рох,и вазнину нохамвор хифз намудани он ва баромад ба низоми давлатхои чахонй бо мацсади эътирофи миллат сохибдавлат дар назди мардуми Точикистон пайи 29 соли истицлолият, вазифа ва муаммохои мухталифи сиёсй, хуцуцй, ичтимой ва ицтисодиро пеш гузошта истидодааст. Дар сархади ду тамаддуни аз назари ицтисод тафовутдошта (капитализм ва сотсиализм), ду идеологияи таърихан ноошно (дунявият ва ислом) дар рацобат буда давлати Точикистон чой дошта, баъд аз пошхурии низоми давлати шуравй як нуцтаи нихоят дарднок ва осонгирро мемонд. Рахимов А. дуруст цайд карда буд, ки сохибихтиёрии давлатии Точикистон неъмати бузургест,ки миллати точик ва мардуми чумхурй ба он комёб шудаааст. Аз ин ру, сохибихтиёрии чумхуриро цадр кардан, пойдории онро устувор гардонидан ва амнияти онро таъмин намудан вазифаи муцаддаси хар як шахрванди точик мебошад.

Эътирофи байналмиллалии Чумхурии Точикистон аз 9 сентябри соли 1991 огоз шуд. Шинохти байналмиллалии Точикистон дар давоми солхои сохибистицлоли бо Президенти он Эмомалй Рахмон иртиботи мустацим дорад. Дар арзи 30 соли охир кишвари мо ба узви комил хуцуци чомеаи чахонй табдил ёфт, узвияти бисёре аз созмонхои бонуфузи байналмиллалиро касб намуд, ки дар воцеъ хидмати асосй дар ин роху ба сарвари давлат мутаалиц аст.

Чумхурии Точикистон худро дар назди хамаи шарикон ва бидуни хамагуна пешрафт барои имзои бевоситаи баробархуцуц ва судманди созишномаву шартномахои дучониба ва бисёрчониба, ки манфиатхои ин ё он давлати мустацилро махдуд намесозанд, кишвари кушода эълон мекунад.

Имруз истицлолияти давлатии Чумхурии Точикистонро зиёда аз 157 кишвари чахон расман эътироф кардаанд. Чумхурии Точикистон бо эътирофи асноди асосии муносибатхои байналмиллалй, аз чумла Оинномаи Созмони милали Муттахид, Катъномаи нихоии Хелсинкй ва дигар санадхои сиёсати дохилй ва хоричии худро поягузорй менамояд, инсон, хифзи хуцуц ва озодии онро сарфи назар аз мансубияти миллй, динй, нажодй ва чинсй арзишхои олй мешуморад.

Факдт танх,о дар соли 1993, 12 созмони байналмиллалЬ аз цабили С.М.М. Созмони амният ва хамкории Аврупо, сандуци байналмиллалии асъор, Бонки чахонй, Бонки бозсозй ва рушди Аврупо, дар соли 1994 -8 созмони байналмиллалй, соли 1995 ду созмони байналмиллалй ва соли 1996 ду созмони дигар дар Чумхурии Точикистон намояндагихои хешро ифтитох кардаанд ва ба фъолият шуруъ карданд.

Чумхурии Точикистон сарфи назар аз вазъияти муташаннизи сиёсии дохиллй афзалаиятхои мухими хоричии худро дуруст муайян кард. Чунон, ки Президенти Чумхурии Точикистон таъкид намуд : "Чумхурии Точикистон аз нигохи чойгохи чугрофй, мавцеи геополитикй ва манфиатхои ицтисодй шомили панч минтацаи сиёсист: аввалан, Иттиходи Давлатхои мустацил, ки ба тахкими муносибатхои хамачониба

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

тамоюл дорад: дувум- Осиёи марказй. Х,амкорих,ои минта;авй ва муттахид сохтани имконоти и;тисодй, манфиатхои хаётан мухими Точикистон ва хамаи кишвархои ин мин та;а аст: минта;аи саввум, аз фазои давлатхои форсизабонон иборат аст: минта;аи чахорум муштамил (фарогиранда) аз кишвархои исломии Шар; аст ва онхоро на танхо ягонагии дин, анъана ва расму оин, балки имконоту талаботи рушди миллй ба хам наздик мекунад: минта;а ё арсаи панчум, ки чомеаи чахонист ва вобастагии мута;обил дар он харчи бештар та;вият меёбад ва тадризан ба тамаддуни умумибашарй наздик мешавад" .

Фахмиши мушаххаси мав;еи геополитиуй ва таъини равшани самтхои асосии сиёсати хоричй ба Точикистон имкони дарёфти чойгохи худ дар чахони муосир ва истифодаи имконоти ганиро дар халли мушкилоти дохилй фарохам овард.

Дар х,амкорих,ои мута;обилан судманд бо созмонхои бонуфузи байналмилалй СММ, Иттиходи Аврупо,ИДМ, Иттиходи и;тисодии Авросиё, Созмони хамкории Шанхай, Созмони амният ва хамкории Аврупо, Созмони конфронси Исломй ва ба дигар созмонхо дар сиёсати хорифии Точикистон мав;еъи хос дорад.

Точикистон дар радифи ИДМ хамкориро бо ду созмони дигар: 1.Иттих,оди и;тисодии АврОсиё,2.Созмони Шартномаи амнияти дастачамъй, ки дар худуди Иттиходи Шуравии соби; фаъолият мекунанд, низ дар сиёсати хоричии худ бартар мехисобад. Точикистон ба масъалахои минта;а, аз чумла вазъи хавзаи бахри Арал таваччухи чиддй зохир мекунад. Кишвари мо яке аз муассисони фонди байналмилалии бахри Арал аст ва дар радифи кишвархои дигари минта;а тамоми имкону ;увваи худро ба хама ин мушкилй минта;авй ва чахонй равона месозад.

Чумхурии Точикистон на фа;ат ба мушкилии начоти Арал, балки ба масъалахои таъмини ахолии чахон бо оби ошомидагй ва сарфачуй дар истифодаи захирахои об ди;;ати чиддб медихад. Ташаббусхои Президенти Чумхурии Точикистон дар мавриди соли байналмиллалии оби пок эълон кардани соли 2003, эътирофи Дахсолаи байналмиллалии "об барои хаёт" (2005-2015), ки аз тарафи 185 мамлакати чахон дастгирй шудааст, хамчун "соли байналмиллалии хамкорй дар масъалаи об" эълон гардидани оли 2013 ва дар дигар бораи навбатй эълон доштани солхои 2018-2028 Дахсолаи байналмилалии "Об барои рушди устувор" гувохи равшани болоравии обрую эътибори Точикистон дар арсаи байналмиллист.

Эътирофи Точикистон хамчун кишвари мувафа; дар татби;и "Хадафхои рушди хазорсола" низ комёбии назарраси он ба сифати давлатест, ки хам акнун дар рохи дурусти тара;;иёт ;арор дорад.

Дар солхои 90 -уми асри гузашта сарфи назар аз он ки дар кишвар задухурдхои мусаллахона идома доштанд, чойи баргузории муло;отхои минта;авй ва байналмиллалй интихоб шудании шахри Душанбе ва минта;ахои дигари Точикистон далели суботи тадричии вазъият, эътироф ва эхтироми сёсати пешгирифтаи рохбарияти мамлакат дар сохтмони давлатй буд.

Боиси ифтихор аст, ки дар Чумхурии Точикистон имруз сафоратхои Арабистони Саудй, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолй, ИМА, Белорусия, Озарбойчон, Олмон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Фаронса, Федератсияи Русия, Узбекистон, Афгонистон, Эрон, Чин, Ч,опон, Кореяи Чднубй, Хиндустон, Кдзо;истон ва Кдргизистн фаъолият мекунанд. Сафарати баъзе аз кишвархои дигар низ кушоиши меёбанд.

Чумхурии Точикистон низ вобаста ба манфиатхои миллй ва сиёсати хоричии худ дар 24 кишвари чахон намояндагии дипломатй (сафоратхона) хешро ифтитох кардааст. Илова бар ин 30 созмони минта;авй ва байналмилалй, 9 очонс ва дигар муассисаю

сохторхои СММ фаъолият мекунанд. Имруз дар Чумхурии Точикистон 46 созмонхои гайридавлаии байналмиллалй сабт но шудаанд, ки онхо бо созмонхои байнихукуматй дар рушди бахшхои гуногуни хаёти чомеа сахми муста;им мегузоранд.

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Мухимияти стратегияи минтацавй ва байналмиллаии Чумхурии Точикистон дар шароити мураккаб тезу тунд ва тагйирёбандаи чахони ибтидои асри XXI, ки тамоюл ва равандхои он хамаруза ва ба таври амиц ба мазмуну мухтавои тахавуллоти ичтимой дар кишвар ва хастии халци мо таъсир мерасонад, сурат мегирад.

Набояд фаромуш сох, ки Точикистон дар мархилаи тахаввулотии таърихи инсоният истицлолият ба даст оварда, ба чомеаи чахони ворид шуд. Дар давраи аввали сохибистицлолй дар назди давлату миллат як идда мушкилихои мухими меистоданд, ки аз халли оцилонаи онхо имруз ва ояндаи чумхурй вобастагй дошт. Сарвари давлат дар якчоягй бо мардум, ба тахдидхои таърихй чавоб дода, ба миллат сулх, вахдат ва мустацилияти сиёсй оварданд. Махз хиради азалй ва фарханги сулхофари миллати шарафманди точик буд, ки баъди хазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба сафи чомеаи башарй бо асолату хуввияти миллии худ ворид гардем ва дар он мацоми шоиставу сазовори худро сохиб шуда, муцаддасоти миллиамонро химоя намоем.

Эъломияи Истицлолияти Точикистон хам бо вучуди ба даст овардани расмияти сиёсй то расидан ба чавхари аслй, яъне то воцеияти хаётй пайдо кардани худ мархилашои душворгузари ташаккулу тахаввулро паймурдааст.

Таърихи кунунии точикон аз хар самте, ки ба он нигарем ва аз пойгохи хар масъалае, ки ба тахцицй он ручуъ намоем, бо касби истицлолияти мамлакат пайванд мегирад. Истицлолият сарманшаи чахони имрузаи миллати точик аст, ки дар ниходи худ хадафхои олии миллй, таърихй ва инсонии мардумро асолат бахшид. Дар вусъати шинохтизамони пойгохи аввали истицлолияти воцей тавфиц дар андарёфти консепсияи мехварии сиёсиву ичтимост бо решаву унсурхои мустахками маънавй, ки аз хувияти миллй ва фархангии халц маншаъ мегирад.

Си сол аст, ки Точикистон бо эътимоди цавй ба ояндаи дурахшони худ дар чодаи истицлолияти давлатй дар халцаи кишвархои мутамаддини чахони бо сарбаландй, шарафмандй ва шоистагй рох мепаймояд. Аз дидгохи сиёсй хуччати расмии ин даварони нави таърихи миллати мо - Эъломияи Истицлолияти давлатии Точикистон аст, ки соли 1991 дар чаридаи айём интишор гардид.

Чун сархади шинохти лугавии мафхуми истицлолият фаротар меравем ва аслу мохияти онро дар матни сарнавишти таърихии цавму миллатхо ба андеша меоварем, дармеёбем, ки эъломи истицлолият ва касби сохибихтиёрии сиёсиву ицтисодй фацат огози рисолати сангинест, ки бо тархандозй, ташаккул ва рушди низоми усулан чадиди сиёсй ва ниходхои умури чамъиятй давра ба давра мазмун ва мохияти хациции худро мукаммал мемозад.

Истилохоте аз цабили "истицлолияти давлатй", "истицлолияти сиёсй", "истицлолияти ицтисодй", "истицлолияти фархангй", "истицлолияти энергетикй" ва гайра дар луготи тафаккури сиёсй роич гардида, дар рахгузори воцеияти имруза аз чузъ то кулли зиндагии мардуми точик рох ва нуфуз пайдо кардааст.

Гардиши айём.ю ки доваре холис ва мунсифу одил аст, собит намуд, ки фарханги сулх дар ниходи маънавй, чахоншиносй ва иродати ахлоциву инсонии Эмомалй Рахмон асли зиндагисозе, аст, ки дар рисолат ва сиёсати давлатдории у мувозинату оромишро дар вучуди хар инсон, дар хастии чамъият ва дар муносибату муомилот ба давлату миллатхои дигар мехвари хама пирузихо ва пиндорхои нек ба шумор меоварад. Дар авчи вазъияти хушунатбори сиёсиву ичтимой андеша ва фитрати сарвари чавону тозаинтихоби давлат бо хикмати Чалолуддини Балхй ороставу оганда буд:

Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазрааи пок, Ба чуз мехр, ба чуз ишц дигар тухм накорем.

Дар рузгоре, ки оташи чанги шахрванди забона мезад ва бародарони хамчун ба сари хамдигар шамшер кашиданд, пешоханги миллат бо касби табаххур дар хицмати таърих бар ин бовари ояндасоз буд, ки "Дар тули хазорсолахои оини давлату давлатории

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

точикон сахтихои хорошикани таноззулу эхё шуданро борхо аз сар гузаронида, аз дунболи хар шикасту инцироз боз эхёшавй ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст".

Дилу нияти пок, ростию шаффофй, такя ба фазли чахонофарин, эътицод ба хиради мардум, огохй аз цикмату омузахои таърих аз огози давлатории Эмомалй Рахмон дар сиришти маънавй ифодати сиёсии у махзари тамоми корсозихо буд, ки бо вучуди сахтиву мушкилоти хорошикан дар зиндагй ва сарнавишти миллат, давра ба давра ба суи эхёву камолот рох мекушод.

Аз цадим миллати точикро суннате буд, ки дар сомон додани хар амале бо бехтарин ва хуштарин ниятхо дасти дуо мекушоянд. Имруз мардуми точик бо шукргузорй аз зиндагии осоишта ва шоистаи худ, ки аз овони сугу мусибат ба фасли оромишу сурур расидааст,дар хацци давлат ва сарвари муаззами худ пайваста дасти дуо мебардоранд, то ояндаи рушантару зеботаре барои точикон ато фармояд, миллату Ватан ва пешвои фарухцадами онро хофизу нигахбон бошад, босаодату сарбаландй ба суи човидонахо рахнамой кунад. Ин дасти дуои халц, ки тафсири пуштибониву дастгирии эшон аз сиёсати давлати тозаистицлоли Точикистон аст, номаи хидоятест, ки пешвои миллати точикон, миллати куханбунёд ва тамаддунофари моро ба сарманзили мацсуд хохад расонид. Хамчунон, ки гузаштагони мо фармудаанд:

Давлат зи дастгирии мардум ба по бувад, Фонуси ин чарог зи дасти дуо бувад.

АДАБИЁТ

1. Арутюнян Г.Г. М.В.Баглай, Конститутсионное право. Энциклопедический словарй. М.2006 с.471

2. Системаи сиёсии чамъият. Душанбе, 2005.с.16

3. Э.Рахмон, Независимост. -великое благо для страны и народа.2004. № 4.с.14.

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.