Научная статья на тему 'The view of the first book on the History of Tajik Literature referring to the XX-th century'

The view of the first book on the History of Tajik Literature referring to the XX-th century Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
100
15
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЯ ТАДЖИКСКОЙ ЛИТЕРАТУРЫ XX ВЕКА / ТАДЖИКСКАЯ СОВЕТСКАЯ ЛИТЕРАТУРА / ЛИТЕРАТУРНАЯ КРИТИКА / «ОЧЕРК ИСТОРИИ ТАДЖИКСКОЙ ЛИТЕРАТУРЫ» / HISTORY OF THE TAJIK LITERATURE REFERRING TO THE XX-TH CENTURY / TAJIK SOVIET LITERATURE / LITERARY CRITICISM / "ESSAY ON THE HISTORY OF TAJIK LITERATURE "

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Аъзамов Субхонджон Бахромович

В статье впервые на основе изучения многочисленных источников 50-х годов XX века говорится о серьезных предпосылках создания «Очерка истории таджикской литературы» в двух томах (1956-1957). Согласно выводам автора статьи рассматриваемое произведение является первой книгой по истории таджикской литературы нового периода, и, несмотря на определенные недостатки, оно создано на уровне критической мысли таджикского литературоведения тех лет. Подчеркивается, что и сегодня данная книга считается исходным пунктом в систематическом изучении истории таджикской литературы. Автор статьи предпринял попытку определить ценность этого научного труда с точки зрения исследователей того периода и с опорой на материалы первоисточников литературной критики статей и рецензий в периодической печати.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Взгляд на первую книгу по историитаджикской литературы двадцато, столетия

Designing on the premise of the study of numerous sources referring to the 50-ies of the XX-th century, the author dwells on serious prerequisites beset with the creation of “The Essay on the History of Tajik Literature” in two volumes (1956-1957) for the first time. In conformity with the author's conclusion, the literary production under study is considered to be the first book on the history of the Tajik literature of the new period; despite of certain shortcomings, it was created at the level of the critical thought and outlook of the Tajik literary criticism of those years. It is emphasized that even today the relevant book is a starting point in a systematic study of the history of Tajik literature. The author of the article makes an andeavour to determine the value of the given scientific work under the angle of the researchers of that period proceeding from the materials of the primary sources of literary criticism articles and reviews in the periodical press.

Текст научной работы на тему «The view of the first book on the History of Tajik Literature referring to the XX-th century»

УДК 002.4 С. Б. АЪЗАМОВ

ББК 76.17

НИГО^Е БА НАХУСТИН ТАЪРИХНОМАИ АДАБИЁТИ ТОЧИКИИ САДАИ БИСТ

Тахдикд нисбатан васеи илмии таърихи адабиёти точикии садаи бист ба унвони «адабиёти шуравии точик» аз нимаи дувуми солх,ои 40-уми садаи бист огоз ёфтааст, ки дар китоби дучилдаи «Очерки таърихи адабиёти советии точик» ( Минбаъд ин китобро мухтасар «Очерк» номидем.- С.А.) навъе чамъбаст гардид. Ин очерк бо кушишу зах,мати ходимони шуъбаи адабиёти советии Институти забон ва адабиёти АФ РСС Точикистон бо хдмкории мутахассисони Институти ховаршиносии АФ СССР таълиф шуда, аввалан ба забони русй дар як китоб (10), сипас ба забони точикй дар ду китоб (12) дастраси олимону алокадорони накди адабиву адабиётшиносй карор гирифт.

Ин асар аввалин таърихномаи адабиёти давраи нави точик буда, бо вучуди нуксу норасой ва заъфи таълиф дар сатху савияи матлуби тафаккури наккодй ва чашмандози адабиётшиносии точикии он солх,о ба миён омада, имруз низ аз чониби ахли тахкик ба сифати «ибтидои омузиши системаноки таърихи адабиёти муосири точик» (15, 94) арзёбй шудааст.

Мутолиаи маводи дарачаи аввал дар заминаи накду тахлили ин «Очерк», ки пас аз нашри он сурат гирифт, яъне маколаву такризхои мутахассисони солхои 50-уми садаи бист, хамзамон арзёбии китоби мазкур дар мархалаи дигари баъдии тафаккури адабиётшиносй -давраи бозсозии горбачёвии нимаи дувуми солхои 80-уми садаи бист ахли тахкикро то андозае бо раванди вакту фазои тахияи лоихаи таърихномаи аввали адабиёти нави точик, хадафу накшахои таълиф, арзишу ахамияти хоси он ва, дар мачмуъ, махосин ва маойиби китоб ошно месозад.

Дар маколаи арзишманди академик Мухаммадчон Шукуров бо номи "Якумин «Таърихи адабиёти советии точик» зимни бозгуи раванди таълифи китоби дигари шашчилдаи «Таърихи адабиёти советии точик. Инкишофи жанрхо» ба таърихчаи таълиф ва нашри китоби дучилдаи «Очерки таърихи адабиёти советии точик» низ ишорахои мухим сурат гирифтааст. Тибки шаходати М. Шукуров «Очерк» хдмчун кушиши нахустини тадкики умумии дастчамъй бо рохбарии мудири онвактаи сектори адабиёти советии точики Институти забон ва адабиёти АИ Шарифчон Хусейнзода ба вучуд омадааст (23, 15).

Хайъати муаллифон каблан аз хисоби мутахассисони номии замон, аз чумла ховаршинос Иосиф Самойлович Брагинский, адабиётшиносони точик Сохиб Шухратиевич Табаров ва Шарифчон Хусейнзода созмон ёфт, сипас ба сафи хайъат мухаккикони чавону умедбахш Мухаммадчон Шукуров (Шакурй) ва Александр Эделман, ки аввали солхои 50-уми садаи гузашта дар радифи чанд мутахассиси хатмкардаи Маскав ва Ленинград ба Институти забон ва адабиёт барои фаъолияти тахкикотй сафарбар гардид, хамрох шуданд (23, 52).

Афзун ба инхо дар таълифи бахшхои кисми дувуми «Очерк» ахли тахкик Юрий Бобоев, Михаил Исаакович Занд, Носирчон Асадович Маъсумй, Холик Мирзозода сахм гирифтанд. Дар шиносномаи хдйъати тахририяи кисми дувуми китоб номхои Р. Г. Рафаэлова ва М. Явич низ ба сифати муаллифони бахшхои чудогона сабт шудааст.

Муаллифи мукаддимаи кисми 1 - И. С. Брагинский, А. С. Эделман, Ш. Хусейнзода, боби 1 - А. С. Эдельман, боби 2 - И. С. Брагинский ва А. С. Эделман, боби 3 - С. Табаров, М. Шукуров ва Ш. Хусейнзода, боби 4 - Ш. Хусейнзода, хотима - А. С. Эделман ва Ш. Хусейнзода, мураттиби фехрасти мухтасари адабиёти советии точик X,. Бахриддинова мебошанд.

Дар мачмуъ, сохтори кисмати аввалини «Очерк» аз мукаддима, чахор боб - «Адабиёти советии точик дар давраи галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ва устувор гардидани Хокимияти Советй дар Точикистон (1917-1929)», «Адабиёти советии точик дар давраи панчсолахои пеш аз чанг (1930-1941)», «Адабиёти советии точик дар давраи Ч,анги Бузурги Ватанй (1941-1945)», «Адабиёти советии точик дар давраи баъди чанг (1945-1954)» ва хотимаву фехрасти адабиёт иборат аст.

Дар кисми дувуми «Очерк» тахкики монографии рузгору осор ва мероси адабии намояндагони адабиёти нимаи аввали садаи бист - устодон С. Айнй, А. Лохутй, П.

Сулаймонй, М. Рахимй, Ч,. Икромй, А. Дехотй, М. Турсунзода, С. Улугзода, Р. Ч,алил, М. Миршакар, X,. Юсуфй сурат гирифтааст, ки таълифи онро Ю. И. Бобоев, И. С. Брагинский, М. И. Занд, Н. Маъсумй, Х. Мирзозода, Р. Г. Рафаэлова, М. Шукуров, А. С. Эделман, М. М. Явич анчом додаанд. Аммо дар маколаи Ш. Хусейнзода аз номхои Р. Г. Рафаэлова ва М. М. Явич ёд нашудааст (23, 52).

Бо вучуди таъкиди дакдку равшани хакки таълиф ба кисматхои умдаи «Очерк» муаллифии бахшхои чудогонаи он баъзан норавшан аст. Хусусан, дар кисмати очеркхои монографй рочеъ ба рузгору эчодиёти намояндагони адабиёт на хамаи муаллифони он муайян шудаанд.

Тарчумаи коркардшудаи русии китоб «Очерк истории таджикской литературы» ном дорад, ки аз чониби пажухишгарони Институти забон ва адабиёт бо хдмкории ходимони Институти адабиёти чахонии ба номи Горкий АФ СССР, хусусан бо ёрмандии мунаккид ва адабиётшиноси варзида, профессор Г. Л. Ломидзе, тахрири умумии адабиётшиноси номвар З. Г. Османова ва мунаккиди точик М. Шукуров дар як чилди мухтасар ба табъ расидааст (11). Арзишу ахамияти онзамонии ин асар дар такризи В. Асрорй мукаррар гардидааст (3).

Як нуктаи мухим он аст, ки хукуки муаллифй ба бахшхои мухталифи китоб дар баргардони русй аз нусхаи точикии он бархе тафовутхо дорад. Ин нукта дар пешгуфтори хайъати тахририя низ матрах шудааст. А. С. Эделман дар нашри точикй муаллифи чудогонаи боби 1 буда, дар айни замон бо И. С. Брагинский дар таълифи боби 2 ширкат варзида буд. Дар боби аввали тарчумаи русй бошад хидмати хар ду ба сифати хаммуаллиф сабт шудааст. Иштироки Л. Демидчик ва Р. Х,одизода дар таълифи нашри точикй кайд нашуда, аммо дар такмилаи русй ба сифати муаллифони бахшхои чудогонаи боби 3 (драматургия) ва 4 (танкиду адабиётшиносй) ворид шудаанд. М. Шукуров дар нусхаи точикй танхо дар таълифи боби 3 хаммуаллиф буд, аммо дар варианти русй афзун ба ин боб чун муаллифи бахшхои чудогонаи боби 1 (А. Х,амдй) ва боби 2 (Б. Азизй) сабт шуда, дар боби 4 тахлили осори чудогонаи С. Айнй, Ф. Ниёзй, С. Улугзодаро анчом додааст. Муаллифони очеркхои чудогонаи монографй дар бораи рузгор ва осори намояндагони маъруфи адабиёти шуравии точик С. Айнй - И. С. Брагинский, А. Лохутй - М. И. Занд, М. Турсунзода - Ю. И. Бобоев, М. Миршакар - Р. Г. Левковская, С. Улугзода - М. Шукуров ба шумор мераванд.

Fайр аз ин, киёси нусхаи точикии «Очерк» бо тарчумаи русии он чанд нуктаи норавшани дигарро низ пеши назар меоварад. Аз чумла, ба чойи яке аз муаллифон кисми дувуми точикй Р. Г. Рафаэлова дар такмилаи русии китоб номи Р. Г. Левковская омадааст. Маълум нест, ки ин номхо чудогонаанд ё иртиботе бо хам доранд ё омезиш ёфтаанд!...

Дар «Очерк»-и русй накши мунозираву мухокимахои мутахассисони дарачаи аввали точику рус равшан ба назар мерасад. Сохтори нусхаи русй аз мукаддима, чахор боб, тавсифи монографии рузгору осори С. Айнй, А. Лохутй, М. Турсунзода, С. Улугзода, М. Миршакар, хотима ва фехрасти мухтасари асархо таркиб ёфтааст.

Х,адди бештари пажухандагон якчилдаи «Очерк истории таджикской литературы» (1961)-ро тарчумаи мухтасари китоби дучилдаи «Очерки таърихи адабиёти советии точик» (19561957) ба шумор овардаанд, ки ба назари мо танхо то чое дуруст асту халос. «Очерк»-и русй ба хеч вачх тарчумаи мухтасари «Очерк»-и точикй нест, балки такмилае бар китоби точикй аст, ки бо иловаи номи чанд мутахассиси хамкор, афзудани бахшхои чудогона ба бобу фаслхо, ислохи куллии нуктахои таърихи адабиёти навин ва рузгору осори намояндагони барчастаи он, коркарди назароти адабиётшиносй, илова ва ё кайчй задани нукоти таърихи сиёсй-ичтимой ва адабии точикон дар садаи нав, дар мачмуъ тачдиди назар ба матолиби «Очерк»-и кухан руи нашрро дидааст.

Дар бораи монандй, умумият, тафовути сохторй ва мухтавоии гузоришот, хамназарй ва нигохи мутафовити бахшу бобхо, мохияти тахкик, матолиби назарй дар зимни таълиф, раванди тахриру коркарди куллии ин ду асар ба таври чудогона метавон изхори назар кард.

Дар мачмуъ, бо такя ба ин суханони М. Шукуров метавон гуфт: «Дар таълифи китоб тамоми адабиётшиносоне, ки он вакт ба омузиши адабиёти хозираи халки точик машгул буданд, иштирок доштанд. Онхо аз тачрибаи танкиди чорй ва тадкикоти адабиётшиносии солхои 30-50 натича гирифта ва онро такмил дода, чидду чахд намуданд, ки манзараи умумии тараккиёти адабиёти точикро давр ба давр аз назар гузаронанд. Ин китоб як таърихчаи адабиёти советии точик буда, муаллифон бисёр масъалахои асосии пешрафти тадричии онро мухтасаран мавриди баррасии илмй карор дода буданд. Дар натича, барои тадкикоти мукаммалтари он масъалахо заминаи мусоид фарохам омад» (24, 15). Дар ин иктибос мурод аз фарохам омадани заминаи мусоид ба тадкики мукаммал ишора ба падид

омадани китоби нави шашчилдаи «Таърихи адабиёти советии точик» аст, ки дар ин маврид низ метавон дар макколаи чудогона изгори назар кард.

Аз мух,ак,к,ик,они замони мо профессор Атахон Сайфуллоев огози тадкдкд илмии таърихи адабиёти муосири точикро аз солхои 50-уми садаи бист ба шумор овардааст (15, 94). Аммо манобеи илмии охири солхои 40-ум ва ибтидои 50-уми садаи бист дар баробари зикри зарурати таълиф, раванди чамъоварии мавод ва расму шевахои ба миён омадани «Очерк» ба замони вокеии фикри таълифи китоб низ ишора менамоянд. Аз чумла, чунон ки аз гузориши директори онвактаи Институти забон ва адабиёт, забоншиноси маъруф Муллочон Фозилов бармеояд, фикри ба вучуд овардани "Очерк" баъди итмоми чанги чахонй огоз ёфта, накшаи таълифи он аз соли 1946 ба барномаи корхои илмию-тадк,ик,отии институт ворид шуда будааст. Номбурда дар яке аз макколахояш зимни танкиди вазъи нобасомони пажухишхои забону адабиёти точик чунин изхор доштааст: "Омухтани таърихи адабиёти советии точик яке аз вазифахои асосии институти мо мебошад... ин кор дар планхои институт аз соли 1946 боз зикр мешаваду гайрикканоатбахш ичро шуда истодааст" (19, 93].

Ш. Хусейнзода низ ба сифати эксперти асосй бештар аз зарурати таълиф ва замони ба вучуд омадани «Очерк» дарак медихад, ки он низ асосан аз давраи пас аз анчоми Ч,анги Бузурги Ватанй огоз меёбад. Дар гузориши номбурда ба мачлиси машваратии минтакавии мутахассисони чамохири Осиёи Миёна ва ^азок,истон (Сталинобод, 15-17-уми майи соли 1956), ки хоса барои мухокимаи "Очерк" бо ташаббуси Институти адабиёти чахонии ба номи А. Горкий дар хдмкорй бо Институти забон ва адабиёти АФ РСС Точикистон нигаронида шудааст, чараёни омодагй ба тахияи маводи марбут ба таърихи адабиёт ва таълифи он ба таври равшан накш ёфтааст (1, 21).

Дар холи номураттабй карор доштани Фонди дастнавис ва китобхои адабй-бадей, камёб будани мероси адибони точик дар китобхонахо, аз лихози библиографй муаррифй нашудани осори адабии солхои 20-30-юми садаи бист, кам будани пажухишхо дар заминаи таърихи адабиёти нави точик, дар салохияти адабиётшиносони точик карор надоштани халлу фасли масоили асосй ва мубрами таърихи адабиёт чун монеаи чиддии таълифи таърихномаи адабиёти навини точик арзёбй шудааст.

Бо вучуди ин, дар солхои аввали чанг ва пас аз он дар мавриди масоили адабиёти ахди шуравй ва чойгохи суханварони чудогона чанд рисола ва силсилаи маколоти мухаккикони номии русу точик таълиф шуданд. Дар байни ин асархо китоби адабиётшинос ва мунаккиди сохибном Сохиб Табаров «Материалхо доир ба омухтани адабиёти советии точик» (17) хамчун кушиши нахустини таъйини сайри таърихи адабиёти нав дар нимаи аввали садаи бист, «тачрибаи аввалин» дар рохи шинохти адабиёти шуравй ва манбаи мухими илмии ошной бо эчодиёти адибони намоёни он бахо гирифтааст. Аввалин бор бо калами номбурда ба табъ расидани китобе оид ба адабиёти шуравии точик бино ба акидаи адабиётшинос Маъруф Рачабй "гувохи он буд, ки накди ин давра барои равшану чамъбаст кардани таърихи 25-30 - солаи адабиёти шуравй раъй гирифта буд" (13, 190).

Дар хамин замина ба китобхои адабиётшиноси пуркор ва хушсалика Холик Мирзозода «Материалхо аз таърихи адабиёти точик» (1950) ва китолби дигари у бо хамин унвон, ки соли 1962 ба табъ расид, метавон ишора кард, ки дар шинохти мохияти адабиёти ибтидои садаи бист аз чашмандози он замон маъхази мухим мебошанд (6, 7). Ба сабаби алхол дастрас накардани китоби аввал дар заминаи тафовути ин ду нашр сухан ба миён наовардем.

Пас аз фарохам омадани фазои неруманди илмй, вусъати доираи чашмандози назарии адабиётшиносону мунаккидон, гузашта аз ин, таъсиси Академияи фанхои Точикистон ва дар хайъати он созмон ёфтани Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакй, мутамарказ шудани нерухои илмии адабиётшиносй дар ин маркази мухими тадкики забон ва адабиёти точик муносибати ахли тахкик ба масъалаи таълифи таърихи адабии систематикй андак дигаргун шуд. Кори таълифи таърихи адабиёти нав ба сифати вазифаи аввалиндарача арзишу ахамияти хос пайдо кард. Муносибати накди шуравй ва мунозираву мунокишаи пайвастаи мафкуравии ахли замон барои харчи тезтар фарохам овардани таърихномаи адабиёти навин мусоидат кард, харчанд дар заминаи назарии бунёди тархи мазкур аз дидгохи замон ва таъсири идеологии вакт ба ин раванд метавон изхори назархои интикодй низ ба амал овард. Дар ин замина аввалин бахсхо дар рисолаи М. Рачабй ба назар мерасад (13). Адабиётшиноси маъруф Абдулганй Мирзоев, хамзамон забоншинос Муллочон Фозилов дар мавриди ба таври мукаммал омухта нашудани адабиёти ин давра ва ба вучуд овардани таърихи илмии он гуфтугуи тахассусй анчом додаанд (5, 19).

Ба ин тарик, алокамандони таълифи «Очерк» махсусияти шароити фарогири замонро чун меъёри созгори муносибат ба казияи нигориши таърихи адабиёт ба шумор оварданд. Бино ба шаходати Ш. Х,усейнзода нусхаи аввали «Очерк» дар давоми ду сол навишта шуд, дастнависи он мохи ноябри соли 1954 дар мачлиси Шурои илмии Институти забон ва адабиёт бо иштироки хадди бештари мунаккидону адабиётшиносони чумхурй, мутахассисони бахши таърих, забон, фалсафа ва адибони точик мухокима гардид. «Ин мухокима, - менависад мухаккик, - якчанд камбудихои чиддиеро, ки дар кори мо вучуд дошт, ошкор намуд. Танкид ва фикру мулохизахоеро, ки хангоми мухокима баён карда шуданд, ба эътибор гирифта, коллективи муаллифон корро аз нав дида баромад ва ба натичае омад, ки амалан ба вучуд овардани тахрири нави асар зарур аст» (23, 52).

Ба муаллифони таърихномаи адабиёти навини точик зимни фарохам кардани нусхаи нави «Очерк» тачрибаи хуби таърихи адабиётнигории адабиётшиносони русу украин ва белорус чун санад ва меъёри нигох ба хидмат омад. Афзун бар ин, мачлисхои машваратие, ки мохи январи соли 1955 дар Институти адабиёти чахонии ба номи Горький ва мохи июни хамон сол дар шахри Алма-Ато баргузор гардид, таконбахши шаклгирии «Очерк» буд (1, 128).

Аз диди мо, раванди бахсу баррасии пайваста ва накду назарсанчии густурдаи ахли тахкикро дар муносибат ба арзишу ахамияти илмии «Очерк» дар ду мархалаи мухими нигориши таърихи адабиёти навини точик метавон шарху тавзех дод. Аввалан, накди адабиётшиносон ва мунаккидони хирфай ба «Очерк» дар нимаи дувуми солхои 50-уми садаи бист, сониян, казовати адабиётшиносону нокидони хирфаии нимаи дувуми солхои 80-уми садаи бист дар робита ба чойгохи ин асар (дар ин бора ниг 9).

Накди накд дар нимаи дувуми солхои 50-уми садаи бист аз хар чихат барои таъйини чойгохи асар аз лихози диду назари расмй ва таъсири дастуроти хизбй дар адабиётшиносй мусоидат кардааст. Аз ин чихат, «Очерк» хануз дар вакташ мавриди мухокимаи васеи мутахассисон - мунаккидон ва адабиётшиносони расмии точик ва чумхурихои дигари шуравй, хоса марказ карор гирифт ва сазовори бахои сазовор гардид. Махосин ва маойиби асар дар гуфтугузори мутахассисони Институти адабиёти чахонии ба номи Горкий, институтхои забону адабиёти Академияи илмхои чумхурихои ^азокистон, Узбекистон, ^иргизистон, Гурчистон, намояндагони муассисахои илмию эчодй, адибону муаррихон ва файласуфон таъкид шудааст (1, 128).

Аз сабаби он ки нашри таърихномаи чадиди адабиёти нави точик ба давраи баргузории Анчумани бистуми хизби коммунисти шуравй (1956) рост омад, дар мархалаи дувуми арзёбй - давраи дигаргунихои фикрии ахди Горбачёв ин асар аз чониби бархе алокамандон чун огози чахиши нав дар шинохти вежагии адабиёти нимаи аввали садаи бист, мархалаи тозаи нигориши таърихи адабиёти нави точикй арзёбй гардид. Аз чумла, академик М. Шакурй дар огози дахаи 90-уми садаи бист огози тагйири консепсияи адабиётшиносии нави точикй, роху самтхои рушди афкори адабиро ба нашри "Очерк" мансуб ва марбут донистааст (26, 105).

Мо хамрохи профессор М. Мирзоюнус бо бахрамандй ва такя ба ин гуна андешахо навишта будем, ки китоби «Очеркхои таърихи адабиёти советии точик» дар замонаш ба сифати яке аз намунахои мухим ва барчастаи зухуроти нигохи нав дар колаби накди шуравй махсуб меёфт.(9, 120-121). Дар ин маврид бештар ба хамин гуна андешаву акоиди М. Шакурй такя шудааст. Бо вучуди ин асли казия нигохи дигарбора, хамчунин бахсу тавзех мехохад.

Ч,ойи шубха нест, ки кушиши мунаккидону адабиётшиносони точик пас аз анчумани мазкур дар рохи дигаргунии фазои сиёсиву ичтимой ва адабиву фархангии чомеаи шуравй кобили таваччух буд. Бо вучуди ин, дар таърихномаи мархалавии адабиёти навини точик -"Очерки таърихи адабиёти советии точик" хосили назарчуй ва чусторхои мафкуравии ахди Иосиф Сталин (то замони Никита Хрущев - дахсолаи аввали пас аз чанг) накши равшан дорад. Дар ин маврид Ш. Хусейнзода чунин изхори назар кардааст: «Ба коллективи мо комилан рашван аст, ки дар ин китобе, ки то съезди ХХ партия навишта шудааст, бисёр камбудихо мавчуданд. Ба мо лозим аст, ки дар асоси вазифахои наве, ки съезди ХХ партия дар назди илму фанни советй гузоштааст, барои ба вучуд овардани «Очерк»-е, ки ба талаботи олии партия чавоб дода тавонад, бисёр кор кунем» (23, 62). Ба ин нукта дар перомуни худи китоби "Очерк" низ ишора шуда, дар тавзехи мухтасари хайъати тахририяи кисмати дувум омадааст, ки хадди бештари бахшхои «Очерк» ду-се сол кабл аз чопи китоб таълиф шуда, ба дархости сохторхои адабП ва ичтимоиву фархангии замон комилан посухгу набудаанд. ^исми аввали «Очерк» барои нашр 20-уми декабри соли 1955 имзо шуд, ки бозгуи анчоми таълифи он дар нимаи аввали солхои 50-ум аст (10, 304).

Дар давраи дувуми навназарй ба таърихи адабиёти точикии садаи ХХ(нимаи дувуми с. 80-уми садаи ХХ) академик М.Шакурй ба арзиши китоб дар мукоиса ба ахамияти таърихномаи шашчилдаи адабй чунин ишора кардааст:«Пас аз Анчумани ХХ-и КПСС рохи таърихии адабиёти мо ва эчодиёти намояндагони пешбари он аз нав дарк шуд. Ин дарки нав дар «Таърихи адабиёти советии точик. Инкишофи жанрхо» аз дучилдаи «Очерки таърихи адабиёти советии точик» тамоман фарк мекунад. «Очерк» савияи онвактаи адабиётшиносии точикиро, аз ичтимоигароии дурушт хеле гирифтор будани онро дар худ акс додааст»(26, 105).

Бо ин хама бахсу мунозирахо, ба назари мо - "Очерки таърихи адабиёти советии точик" огози мархалаи чадид дар шинохти таърихи адабиёти нави точик ба шумор меравад. Бо нашри ин китоб таълифи таърихномаи адабй барои адабиёти давраи нави точикй то андозае ранги матлуби илмй ва шакли шевои фаннй дарёфтааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Ахбори журнал // Шарки сурх.-1956.-№°5.-С. 128.

2. Асрорй, В. Баъзе мулохизахо дар бораи «Очерки таърихи адабиёти советии точик» / В. Асрорй // Газетаи муаллимон.-1956.-10 май.-С. 3.

3. Асрорй, В. Мулохизахо оид ба як китоби мухим / В. Асрорй // Шарки сурх.-1962.-№8.-С. 149-158.

4. Бозсозй ва таърихи адабиёти советии точик: Сухбати гирдимизй бо ширкати М. Шукуров, С. Табаров, А. Набиев, А. Абдуманонов, Ю. Акбаров, Ш. Рахмонов, М. Рачабов, А. Аминов // Садои Шарк.-1989.-№1.-С. 125-134.

5. Мирзоев, А. Чдмъбаст ва вазифахои навбатии мо дар сохаи таърих, археология, этнография, забон, лугатсозй ва адабиёт / А. Мирзоев // Развитие науки в Таджикистане: Труды Таджикский филиал АН СССР. Том 27.-Сталинабад, 1951.-С. 224-225.

6. Мирзозода, Х. Материалхо аз таърихи адабиёти точик (Асрхои ХУ1-Х1Х ва ибтидои асри ХХ) / Х. Мирзозода.-Сталинобод, 1950.-305 с.

7. Мирзозода Х. Материалхо аз таърихи адабиёти точик / Х. Мирзозода.-Душанбе: Нашриёти давлатии адабиёти таълимй-педагогии Точикистон, 1962.-140 с.

8. Мирзозода, Х. ^айдхо оид ба «Очерки таърихи адабиёти советии точик» / Х. Мирзозода // Шарки сурх.-1956.-№5.-С. 115-122.

9. Мирзоюнус М., Аъзамзод С. Оид ба консепсияи нави тахкдкд таърихи адабиёт ва накди адабии точикии садаи бист / М. Мирзоюнус, С. Аъзамзод // Садои Шарк.-2012.-№2.-С. 119-127.

10. Очерк истории таджикской советской литературы. Часть 1 / Редколлегия М. Турсун-заде, И. С. Брагинский, С. Табаров, Ш. Хусейн-заде, А. С. Эдельман, М. Шукуров.-Сталинабад: Издательство АН Тадж. ССР.-304 с.

11. Очерк истории таджикской литературы / Реколлегия И. С. Брагинский, З. Г. Османова, С. Ш. Табаров, М. Ш. Шукуров, Ш. Хусейнзаде, А. С. Эдельман / Редакторы З. Г. Османова и М. Ш. Шукуров.-Москва: Изд. АН СССР, 1961.-480 с.

12. Очерки таърихи адабиёти советии точик. Кисми I / Хдйъати тахририя М. Турсунзода, И. С. Брагинский, С. Табаров, Ш. Хусейнзода, А. С. Эдельман, М. Шукуров.-Сталинобод: Нашриёти давлатии Точикистон, 1956.-312 с; Кисми II/ Х,айъати тахририя И. С. Брагинский, М. Шукуров, А. С. Эделман, Ш. Хусейнзода.-Сталинобод: Нашриёти давлатии Точикистон, 1957.-522 с.

13. Рачабй, М. Таърихи танкид ва адабиётшиносй / М. Рачабй.-Душанбе, 1997.-208 с.

14. Сайфуллоев, А. Бозгуи чанд муаммо / А. Сайфуллоев // Садои Шарк.-1989.-№2.-С. 116-126.

15. Сайфуллоев, А. Баъзе муаммохои таърихи адабиёти муосир / А. Сайфуллоев // Фуруги маънавият.-Хучанд: Нашриёти давлатии ба номи Рахим Ч,алил, 2003.-С. 94-116.

16. Солех, С. Дар бораи якчанд норасоихои кисми якуми «Очерки таърихи адабиёти советии точик» / С. Салох // Шарки сурх.-1956.-№6.-С. 132-138.

17. Табаров, С. Материалхо доир ба омухтани адабиёти советии точик (Ёрй ба муаллимони адабиёт) / С. Табаров.-Сталинобод: Нашриёти давлатии Точикистон, 1948.-200 с.

18. Фетисов, М. И. Дар бораи «Очерки таърихи адабиёти советии точик» / М. И. Фетисов // Шарки сурх.-1956.-№12.-С. 100-118.

19. Фозилов, М. Барои тараккиёти минбаъдаи забоншиносии советии точик / М. Фозилов // Шарки сурх.-1952.-№°7.-С. 90-102.

20. Хрдизода, Р. Дар бораи «Очерки таърихи адабиёти советии точик» / Р. Хрдизода // Шарки сурх.-1956.-№°5.-С. 106-114.

21. Х,усейнзода, Ш. Доир ба баъзе масъалах,ои «Очерки таърихи адабиёти советии точик» / Ш. ^усейнзода // Шарки сурх.-1956.-№°6.-С. 124-131.

22. Х,усейнзода, Ш. Масъалах,ои танкиди адабй дар адабиёти советии точик / Ш. Хусейнзода // Шарки сурх.-1959.-№>4.-С. 57-72.

23. Х,усейнзода, Ш. Доир ба баъзе масъалах,ои «Очерки таърихи адабиёти советии точик» / Ш. Х,усейнзода // Бах,с ва андеша.-Душанбе: Ирфон, 1964.-С. 50-62.

24. Шукуров, М. Якумин «Таърихи адабиёти советии точик» / М. Шукуров // Адабиёт ва санъат.-1984.-22 март.-№8(328).-С. 15.

25. Шукуров, М. Через призму жанра: К вопросу о научной основании создания «Истории таджикской советской литературы. Развитие жанров» / М. Шукуров // Коммунист Таджикистана.-1984.-29-го марта.-С. 3.

26. Шукуров, М. Аз пайи дарёфти фа^миши нав / М. Шукуров // Садои Шарк.-1990.-№7.-С. 105-113.

REFERENCES:

1. Tidings of Journal// The Red Orient.- 1956.-№5.-P. 128.

2. Asrori, V. Certain Considerations Beset with "Essay on the History of Tajik Soviet Literature"/ V. Asrori // Teachers' Newspaper .-1956.-May 10.-P. 3.

3. Asrori, V. Considerations Beset with an Important Book / V. Asrori // Teachers' Newspaper.-1956.-May 10.-P. 3.

4. Reconstruction and the History of Tajik Soviet Literature: Round Table Conversation with the participation of M. Shukurov, S. Tabarov, A. Nabiev, A. Abdumanonov, U. Akbarov, Sh. Tahmonov, M. Rajabov, A. Aminov // The Voice of Orient. -1989. -№1. - P. 125-134.

5. Mirzoev, A. The Result and our Next Tasks in the Field of History, Archeology, Ethnography, Language, Lexicography and Literature / A. Mirzoev // Development of Science in Tajikistan: Works of the Tajik Branch under AS USSR. Volume 27. - Stalinabad, 1951.-P. 224-225.

6. Mirzozoda, Kh. Materials of the History of Tajik Literature. (referring to the XVI-th - the XIX-th Centuries and the Beginning of the XX-th Century) / Kh. Mirzozoda. -Stalinabad, 1950.-305 P.

7. Mirzozoda, Kh. Materials of the History of Tajik Literature / Kh. Mirzozoda. - Dushanbe: State Publishing-House of Educational-Pedagogical Literature of Tajikistan, 1962.-140 P.

8. Mirzozoda, Kh. Notes Beset with "Essay on the History of Tajik Soviet Literature" / Kh. Mirzozoda // The Red Orient. -1956.-№5.-P. 115-122.

9. Mirzoyunus M., Azamzod S. On the New Conception Aimed to the Study of the History of Literature and Tajik Literary Critique Referring to the XX-th Century / M. Mirzoyunus, S. Azamzod // The Voice of Orient.-2012.-№2.-P. 119-127.

10. Essay on the History of Tajik Soviet Literature. Part 1 / Under the general editorship of M. Tursunzada, I. S. Brahinskiy, S. Tabarov, Sh. Huseynzada, A. S. Edelman, M. Shukurov. -Stalinabad: Publishing House of AS of the Tajik SSR. - 304 p.

11. Essay on the History of Tajik Literature / Under the general editorship of I. S. Braginskiy, Z. G. Osmanova, S. Sh. Tabarov, M. Sh. Shukurov, Sh. Huseynzada, A. S. Edelman / Editors Z. G. Osmanova and M. Sh. Shukurov. - M.: Publishing-house of AS USSR, 1961. - 480 p.

12. Essay on the History of Tajik Soviet Literature. Part I / Under the general editorship of M. Tursunzoda, I. S. Braginskiy, S. Tabarov, Sh. Huseynzoda, A. S. Edelman, M. Shukurov. -Stalinabad: State publishing-house of Tajikistan, 1956. -312 p.; Part II / Under the general editorship of I. S. Braginskiy, M. Shukurov, A. S. Edelman, Sh. Huseynzoda. -Stalinabad: State publishing-house of Tajikistan, 1957.-522 p.

13. Rajabi, M. The History of Critiques and Literary Criticism / M. Rajabi. - Dushanbe, 1997. -208 p.

14. Saifulloev, A. Interpretation of Some Riddles / A. Saifulloev // The Voice of Orient. -1989.-№2.-P. 116-126.

15. Saifulloev, A. Some Problems Dealing with the History of Modern Literature / A. Saifulloev // The Light of Morality ///. -Khujand: State publishing-house named after Rahim Jalil, 2003. -P. 94 - 116.

16. Soleh, S. Concerned with Some Shortages of the first Part of "Essay on the History of Tajik Soviet Literature" / S. Saloh // The Red Orient .-1956.-№6.-P. 132-138.

17. Tabarov, S. Materials Concerning to the Study of Tajik Soviet Literature (rendering help to literature teachers) / S. Tabarov. -Stalinabad: State publishing-house of Tajikistan, 1948.-200 P.

18. Fetisov, M. I. On "Essay on the History of Tajik Soviet Literature" / M. I. Fetisov // The Red Orient.-1956.-№12.-P. 100-118.

19. Fozilov, M. For Further Development of Tajik Soviet Linguistics / M. Fozilov // The Red Orient.- 1952.-№7.-P. 90-102.

20. Hodizoda, R. About "Essay on the History of Tajik Soviet Literature" / R. Hodizoda // The Red Orient.- 1956.-№5.-P. 106-114.

21. Huseynzoda, Sh. Some Views on Certain Issues "Essay on the History of Tajik Soviet Literature" / Sh. Huseynzoda // The Red Orient. -1956.-№6.-P. 124-131

22. Huseynzoda, Sh. Problems of Literary Critiques in Tajik Soviet Literature // Sh. Huseynzoda // The Red Orient.- 1959.-№4.-P. 57-72.

23. Huseynzoda, Sh. Some Views on Certain Issues of "Essay on the History of Tajik Soviet Literature" / Sh. Huseynzoda // Discussion and think. -Dushanbe:Irfon, 1964.-P. 50-62.

24. Shukurov, M. The first "The History of Tajik Soviet Literature" / M. Shukurov // Literature and Art. -1984.-March 22.-№8(328).-P. 15.

25. Shukurov, M. Through Prims of Genre: To the Issue of Scientific Foundations of Formation of "The History of Tajik Soviet Literature" Development of the genres" / M. Shukurov // Communist of Tajikistan. -1984.-March 29.-P. 3.

26. Shukurov, M. In Search of New Concept / M. Shukurov // The Voice of Orient. 1990.-№7.-P. 105-113.

Ниго^е ба нахустин таърихномаи адабиёти тоцикии садаи бист

Вожа^ои калиди: таърихи адабиёти тоцикии садаи бист, адабиёти шуравии тоцик, тащиди адабй, «Очерки таърихи адабиёти советии тоцик», «Очерк истории таджикской литературы»

Дар мацола аввалин маротиба ба таври цудогона ва бо такя ба маъхазуои фаровони солуои 50-уми садаи бист оид ба заминауои циддии фароуам омадани китоби "Очерки таърихи адабиёти советии тоцик" дар ду цилд (1956-1957) сухан рафтааст. Ба хулосаи муаллиф ин асар аввалин таърихномаи адабиёти давраи нави тоцик буда, бо вуцуди фарогирии нуцсу норасой ва заъфи таълиф дар сатуу савияи матлуби тафаккури наццодй ва чашмандози адабиётшиносии тоцикии он солуо ба миён омада, имруз низ аз цониби аули тауциц уамчун ибтидои омузиши системавии таърихи адабиёти тоцик шинохта шудааст. Муаллиф кушиш ба харц додааст, ки арзишу ауамияти ин асари мууими илмиро аз лиуози муутаво ва назари олимони он замон бо такя ба маводи дасти аввали нацди адабй - мацолаву тацризуо дар матбуоти он замон муцаррар намояд.

Взгляд на первую книгу по истории таджикской литературы двадцатого столетия

Ключевые слова: история таджикской литературы XX века, таджикская советская литература, литературная критика, «Очерк истории таджикской литературы»

В статье впервые на основе изучения многочисленных источников 50-х годов XX века говорится о серьезных предпосылках создания «Очерка истории таджикской литературы» в двух томах (1956-1957). Согласно выводам автора статьи рассматриваемое произведение является первой книгой по истории таджикской литературы нового периода, и, несмотря на определенные недостатки, оно создано на уровне критической мысли таджикского литературоведения тех лет. Подчеркивается, что и сегодня данная книга считается исходным пунктом в систематическом изучении истории таджикской литературы. Автор статьи предпринял попытку определить ценность этого научного труда с точки зрения исследователей того периода и с опорой на материалы первоисточников литературной критики - статей и рецензий в периодической печати.

The View of the first Book on the History of Tajik Literature Referring to the XX-th Century

Keywords: history of the Tajik literature referring to the XX-th century, Tajik Soviet

literature, literary criticism, "Essay on the History of Tajik Literature " Designing on the premise of the study of numerous sources referring to the 50-ies of the XX-th century, the author dwells on serious prerequisites beset with the creation of "The Essay on the History of Tajik Literature" in two volumes (1956-1957) for the first time. In conformity with the authofs conclusion, the literary production under study is considered to be the first book on the history of the Tajik literature of the new period; despite of certain shortcomings, it was created at the level of the critical thought and outlook of the Tajik literary criticism of those years. It is emphasized that even today the relevant book is a starting point in a systematic study of the history of Tajik literature. The author of the article makes an andeavour to determine the value of the given scientific work under the angle of the researchers of that period proceeding from the materials of the primary sources of literary criticism - articles and reviews in the periodical press.

Маълумот дар бораи муаллиф:

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Аъзамов Субхонцон Бахромович, номзади илмуои филология, дотсент, мудири кафедраи адабиети муосири тоцики Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров (Цумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд), E-mail: [email protected] Сведения об авторе:

Аъзамов Субхонджон Бахромович, кандидат филологических наук, доцент, заведущий кафедрой современной таджикской литературы Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд), Е-mail: subhonazamzod@mail. ru Information about the author:

Azamov Subhondjon Bahromovich, candidate of philological sciences, Associate Professor, chief of the department of modern Tajik literature under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.