Научная статья на тему 'The State of research and edition of Persian-Tajik tezkires of Maverannakhr literary circle (the end of the XIX-th the beginning of the XX-th centuries)'

The State of research and edition of Persian-Tajik tezkires of Maverannakhr literary circle (the end of the XIX-th the beginning of the XX-th centuries) Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
244
362
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАЪРИХИ АДАБИЁТИ ФОРСӣ-ТОҷИКӣ / ҳАВЗАИ АДАБИИ МОВАРОУННАҳР / ТАЗКИРА / ТАЗКИРАИ МАНЗУМ / ТАЗКИРАШИНОСӣ / ИСТОРИЯ ПЕРСИДСКОГО-ТАДЖИКСКОЙ ЛИТЕРАТУРЫ / ЛИТЕРАТУРНЫЙ КРУГ МАВЕРАННАХРА / ТЕЗКИРЕ / ПОЭТИЧЕСКОЕ ТЕЗКИРЕ / ИССЛЕДОВАНИЕ ТРАДИЦИИ СОСТАВЛЕНИЯ ТЕЗКИРЕ / HISTORY OF PERSIAN-TAJIK LITERATURE / LITERARY CIRCLE OF MAVERANNAKHR / POETICAL TEZKIRES / EXPLORATION OF TEZKIRE COMPOSITION TRADITION

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Азамов Субхонжон Бахромжонович

В статье осуществлен краткий научный обзор издания и изучения тезкире, составленных в литературном круге Мавераннахра за последние сто лет. Особое внимание автор уделяет судьбе известного тезкире Садриддина Айни «Образцы таджикской литературы», изъятого в конце 20-х годов XXстолетия по наущению пантюркистов из научного оборота. Подчеркивается, что изучение тезкире получило невиданный размах в годы независимости. В статье преведены интересные факты об истории составления поэтического тезкире в истории персидско-таджикской литературы.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The author of the article presents a brief scientific survey of the published and studied tezkires composed in the literary circle of Maverannakhr for the latest hundred years. He pays special attention to the fate of the well-known tezkire by Sadriddin Aini “Patterns of Tajik Literature ” withdrawn at the end of the 20-ies of the passed century from scientific circulation; the campaign being egged on by pan-Turkists. It is emphasized that the studies of tezkires have been enjoying a wide range for the years of independence. Interesting facts about the history of composing poetical tezkires in Persian-Tajik literature are adduced in the article.

Текст научной работы на тему «The State of research and edition of Persian-Tajik tezkires of Maverannakhr literary circle (the end of the XIX-th the beginning of the XX-th centuries)»

С. Аъзамов

ВАЗЪИ TA^bÇHbÇ ВА НАШРИ ТАЗКИРА^ОИ ФОРСЙ-ТОЦИКИИ ХДВЗАИ МОВАРОУННАХ.Р (охири асри XIX ва ибтидои асри XX)

Вожщои калидй: таърихи адабиёти форсй-тоцикй, х,авзаи адабии Мовароуннах,р, тазкира, тазкираи манзум, тазкирашиносй

Фарогирии масоили мубрами таърихи адабиёти форсй-тодикии асри XIX ва ибтидои асри XX аз рохи нашр, тахкик ва накду баррасии сарчашмахои дарадаи аввал, хоса шинохти вок,еии дойгохи тазкирахо дар таърихи адабиёт, таъйини арзишхои адабиву таърихй, мухтассоти замону макон, шароити таълифу тадвин, накши ин навъ осор дар бознамоии сатхи ташаккули адабиёти форсй-тодикй аз мухимтарин дастовардхои адабиётшиносй дар каламрави форсизабонони Осиёи Марказй махсуб мешавад. Таваддух ба ин мавзуъ бо хадафи нашр ва тахкики маъхазхои адабй аз дахахои аввали асри гузашта шуруъ шуда, дар таълифоти мухталифанвои илмиву пажухишй, мак,ола ва рисолахои дудогона, дар перомуни осори дигари адабиётшиносй густариш ёфтааст.

Аздумла, бонашри литографии тазкирахои «Тухфа i-ул-ахбоб фи тазкира 1-ул-асхоб»-и Кори Рахмагуллохи Возех ба эхтимоми Мирзо Салимбеки Инок, (1914) ва «Афзал-ут-тазкор фи зикри-иш-шуаро ва-л-ашъор»-и Афзал махдуми Пирмастй (1918) дар матбааи Орифдонбойи шахри Тошканд аввалин маротиба дастрасй бо сарчашмахои охири асри XIX ва ибтидои асри XX ибтидо ёфт. Бо ин хол дар шинохти нисбатан васеи равандхои адабй, бархе аз хусусиятхои адабиёт, кддри шеъру шоирй ва накду сухансандии ин давра кддами фарохтар гузошта шуд.

Баъдтар ба вудуд омадани тазкираи маъруфи устод Айнй «Намунаи адабиёти тодик» (Маскав, 1926) ва дар пайравии у тазкираи «Намунаи адабиёти узбек»-и Абдурауфи Фитрат (Тошканд,

1928) дар рох,и дарки кайфияти адабиёти ин давраи каламрави Мовароуннахр заминаи мухим фарохам оварданд. Аз чумла, «Намунаи адабиёти точик» «кддами нахустин дар тахкики адабиёти асри XIX» (14,7) буда, манбаи мухими тахкику бозшиносии чойгохи тазкирахо дар таърихии адабиёти форсй-точикй ба шумор меравад.

Соли 1946 мухаккики узбек А. Муталлибов тарчумаи русии «Тухфат-ул-ахбоб»-и Возехро анчом дода, дар ин боб рисолаи номзадй дифоъ кард. «Бехтарин чихати кори А. Муталлибов дар ин чост, ки дар он хусусиятхои забонй ва услубии «Тухфат-ул-ахбоб» то андозае дуруст нигох дошта шудааст».

Аз нимаи дувуми солхои 50-уми асри XX зарурати гахкики манбаъхо ба таври васеъ ба миён омад. Рисолаи Р. Х,одизода «Сарчашмахои асосии омузиши адабиёти охири асри XIX ва ибтидои асри XX» (14) кушиши нахустини тахкику баррасии тазкирахо ба шумор меравад, ки дар китоби «Адабиёти точик дар нимаи дувуми асри XIX» (1968) низ мухтасаран гунчоиш ёфтааст.

Пас аз ин теъдоде аз уламои точик ба тахкик ва нашри бештари силсилаи маъхазхои адабй имкон ёфтанд. Азбаски аз ибтидои солхои 60-ум бо ибтикори А. Мирзоев таваччух ба шинохти адабиёти баъди асри ХУ1 афзуд, тахкики маъхазхои адабиёти асрхои охир чун чузъи тахкики таърихи адабиёт ба сифати намунахои пурарзиши матнши-носии муосири точик арзишу ахамияти консепсуалй пайдо кард.

Накшу сахми намояндагони мактаби матншиносии точикии солхои 70-80-уми асри гузашта дар ин замина то имруз чои бахс надорад. Нашри пайвастаи силсилаи мутуни тазкирахо фазой холии адабиётшиносии точикро пур кард. Дар баробари ин, ба вучуд омадани пажухишхо рочеъ ба тазкирахо ва дар онхо мавриди баррасй карор гирифтани масоили мехварии таърихи адабиёт аз вусъату густариши ин самти нигариши илмй дарак медихад. Аз чумла, як бахши рисолаи Т. Неъматзода « Возех» (7,62-82) ба гадкики арзиши адабии «Тухфат-ул-ахбоб»-и Возех бахшида шудааст.

Соли 1966 рисолаи С. Сиддиков «Мероси илмиву адабии Шарифчон махдуми Садри Зиё» хамрох бо замимаи матни илмии «Тазкори ашъор» таълиф гардид, ки хеле дертар, баъди даргузашти муаллиф raxi и унвони «Садри Зиё ва тазкирахои у» (9) бо вероиши академик М. Шакурй ва профессор М. Хочаева ба табъ расид.

Чун солхои 70-80-уми асри XX шинохти матн ва гасхехи нусхахои хаттй дар Точикистон ба мархалаи нав ворид шуд, нашри тазкирахо

низ равиши хос пайдо кард. Тасхех ва нашри силсилаи матнхои илмй-интикдции «Тазкират-уш-шуаро»-и Хрчй Неъматуллохи Мухтарам (1975), «Тухфат-ул-ахбоб фи тазкират-ул-асхоб»-и Кори Рахматул-лохи Возех (1977), «Тазкират-уш-шуаро»-и Абдулоххочаи Абдй (1983), «Ништари ишк»-и Хусайнкулихони Азимободй (дар 5 чилд, 1985-1988) ба эхтимоми А. Чрнфидо руи нусхахои муътабари мавчуда мухимтарин тадбирхо дар заминаи дастрасй ба кутуби тарочими ахвол ва намунахои ашъори шуаро ба шумор мерафтанд (10; 11; 13).

Дар он мархала «ба табъ расонидани матнхои комили тазкирахо аз руи нусхахои мавчуда ба шакли тасхех ва тартиби мутуни инти-к,одй ва ё хатто интишори нусхахои алохидаи нодира на факат ба максади хифзи он нусхахои каламй, балки дар навбати аввал барои гузоштани ин хама маъхазхои гаронбахои маданият дар дастрасй олимони мутахассис аз вазифахои бенихоят мухим ва зурур» ба шумор мерафт (11,6).

Дар мачмуъ, бо фарохам омадани чанд рисола оид ба тазкирахои куруни вусто, дар Мовароуннахр ва каламрави дигари забон ва адабиёти форсй - «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё (С. Сиддиков), «Тухфаи Сомй»-и Соммирзои Сафавй (А. Сатторов), «Афзал-ут-тазкор фи зикри-ш-шуаро ва-л ашъор»-и Афзал махдуми Пирмастй (А. Зохир) «Тазкират-ут-таворих»-и Абдуллохи Кобулй (Ш. Нуриддинов), «Лубоб-ул-албоб»-и Мухаммад Авфии Бухорой (С. Вохидов), «Тазкират-ул-хавотин»-и Мирзо Мухаммади Шерозй (Ф. Ализода), «Х,адикат-уш-шуаро»-и Девонбеги Шерозй (С. Саидов), «Намунаи адабиёти точик»-и Садриддин Айнй (А. Махмадаминов), «Каламот-уш-шуаро»-и Сархуш ва «Сафинаи Хушгу»-и Биндробандос Хушгу (3. Раффорова), «Хизонаи Омира»-и Руломалихон Озоди Балгиромй (X,. Каландаров). «Мачмуат-уш-шуаро»-и Фазлии Намангонй (М. Шониёзов, Э. Рачабов), тазкирахои Мирсиддикхони Хдшмат (И. Эшонкулов), «Муосирони суханвар»-и Холмухаммади Хаста (3. Мирзозода) ва гайра дар рохи шинохти пахлухои мухталифи ин бахши осори адабиёти форсй-точикй мавод ва осори мухиме дар ихтиёри мо карор гирифааст, ки бо хама фарозу нишебашон мухиманд.

Тахкики тазкирахои ибтидои асри XX дар солхои 90-ум маъниву мохияти дигар ба даст овард. Агар дар тамоми замони шуравй арзи-шу ахамияти тазкираи «Намунаи адабиёти точик»-и устод Айнй ба таври хеле мухтасар танхо дар перомуни рисолахои умумии адабиёт-

шиносй ва таърихнигории тодик, хатто дар крлаби чанд мак,ола накду iaiiKex шуда бошад, дар солхои 90-ум ва ибтидои асри XXI дар чанде аз осори мухи ми родеъ ба таърихи адабиётшиносй ва накди адабй, ки данбаи худшиносии милливу таърихй доштанд, ин асар ба доираи мухокимаи диддй ва муфассали мунаккидону муар-рихон ва файласуфон кашида шуд. Дифои рисолахои номзадиву докторй ва нашри чанд китоби мухим дар ин замина - «Ч,у стучу и хакикат» (1996, ба русй), «Адабиётшиносй ва худогохии миллй» (1997), «Айнишиносй ва замони хозира» (2003) родеъ ба арзишу ахамияти «Намунаи адабиёти тодик» (А. Махмадаминов) данбаи адабиётшиносй ва накду сухансандии ин тазкираро ба маротиб зиёд нишон дод.

Академик М. Шакурй дар чанд китоби арзишманд - «Хуросон аст, ин до!» (1996, 1997, 2005), «Сарнавишти форсии тодикии Фароруд дар садаи бист» (2003,2005), «Чусторхо дар забон, адаб ва фарханг» (2005), «Садриддин Айнй - равшангари бузург» (Душанбе, 2006) аз дойгохи мумтози ин тазкираи Айнй дар робита ба данбахои сиёсй, идтимой, адабй ва фархангии замон бобхои дудогона ихтисос додааст.

Дастрасй ба тазкирахо дар огози асри нав, хусусан бо нашри матни илмии «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё дар интишороти «Суруш»-и Чумхурии исломии Эрон бо кушиши М. Шакурй, ки солхои 60-уми асри гузашта бо тасхехи шодравон С. Сиддикй тахия шуда буд, ба мархалаи дигар ворид гардид (12). Ин манбаъ алхол аз байни тазки рахои Садри Зиё аввалин асари ба ахли тахкик, дастрас ба шумор меравад. Гарчанде дастрасй ба нашри илмии «Тазкори ашъор»-и манзум хавсалаи мутолиаи алокдмандони мавзуъро ба осори дигари Садри Зиё бештар мегардонад, мутолиаи ин асар дар дудогонагй низ барои муайян кардани сайри таърихии накди адабй ва бознамоии масъалахои умдаи накду накдодй ДаР хавзаи Мовароуннахр хамчун манбаи нурбахо хидмат мекунад.

Аммо, бо вудуди ин, дар шакли дастнавис махфуз мондан ва дастрас набудани чанде аз ин таълифот мушкили зиёд дар омузиши нави таърихи адабиёт ва фарохам овардани манзараи вок,еии хаё ги адабии ин давра эдод мекунад. Таърихи адабиёти ин ахд бо он ки хеле зиёд ва ба таври густурда тахкику баррасй шудааст, имруз ба таддиди назар ниёз дорад. Нашри комили осори Садри Зиё ва маъхазхои дигари ин давра дар рохи таддиди назар ба таърихи

адабиёт, барои дарки консепсияи нави омузиши он мухим хохад буд. Аз чумла, ба фикри мо, ошной бо мухтавои тазкирахои мавсуф - «Шуарои мутааххирин», «Фузалои мутааххирин», «Дафтархои мусаввада» (мусаввадаи 2) аввал аз хама барои фахмиши хамачонибаи ихтилофи назари худи муаллиф ба масоили умдаи шеъру шоирй дар хавзаи Мовароуннахр, казовати хакку ботил дар мавриди макоми шоирон, аслу вокеияти эчодгарии онхо муфид ва арзишманд мебошад.

Асархое аз кабили «Латоиф ва мутойибот», «Мадх ва зам, бадеха ва суолу чавоби шуаро», «Тазкират-ул-хумако» ва «Сабабхои инкилоби Бухоро» дар китоби «Наводири Зиёия»-и Садри Зиё (Душанбе, 1991; Техрон, 2000) ва бархе аз бахшхои «Рузномаи Садри Зиё» (Техрон, 2003) низ дар шинохти мукаммали назари таърихй, интикодй ва зебоишиносии Садри Зиё ба шеъру шоирй, бознамоии равандхои фикрй ва мохияти мафкуравии адабиёт, хидматхои у дар бознамоии хаёти адабии он давра арзиши мухим доранд. С. Сиддикй дар солхои 60-уми асри гузашта маводи марбут ба хаёти адабй ва рузгори шоирони замонро аз перомуни ин асархои Садри Зиё гирдоварй карда буд, ки ба нашри эронии «Тазкори ашъор» хамчун «Замимаи 2» ворид гардидааст.

Яке аз дастовардхои мухи ми давраи нави хаёти илмиву адабии точикон дастрасй ба нашри нави «Намунаи адабиёти точик» мебошад, ки пас аз махрумии дурудароз ва бахсу казовату гуфтугузору кашмакаши зиёд амалй гардид. Аммо он на дар Точикистон, балки дар Нутрии исломии Эрон ба хати форсй ба табъ расид, ки бозхонй, танкех ва тахшияи онро доктор А. Равокй анчом додааст (1). Дар пешгуфторхои А. Шеърдуст, М. Шакурй, К. Айнй ва А. Равокй ба ин нашр чойгохи адабпажухй ва наккодии «Намунаи адабиёти точик» ба таври дакик ва мушаххас арзёбй шудааст.

Дар Ч,Умхурии Точикистон бори аввал нашри фишурдаи «Намунаи адабиёти точик» ба хати кирилй асосан бо фарогирии порчаву фикрахое, ки дар онхо назари интикодй, адабиётшиносй ва сухансанчии муаллиф ифода ёфтаанд, бидуни чой додани намунахои ашъори шоирони гузашта ва имруза дар тахияи А. Набавй ва Ф. Набиев сурат гирифт (2, 27-128).

Нихоят, нусхаи нахустини мукаммали илмии «Намунаи адабиёти точик» бо к^шиши К. Айнй ва Н. Косим дар баргардонии А. Х,очиев ба сифати чилди 16 «Куллиёт»-и С. Айнй дар чопхонаи

«Mega Basim»-n Чумхурии Туркия нашр гардид. Тахиягарони ин нусха дикдати ахли тахк,ик,ро ба як нуктаи хеле мухим далб кардаанд, ки «Намунаи адабиёти тодик» аз нигохи имруз вок,еан хам «намунаи барнастаи завку салика, адабиётшиносии окилонаву мунаккидии одилонаи устод Айнй» махсуб меёбад» (3, 4). Дар ин муддат ин асар дар нашриёти «Адиб» низ ба хати кирилй бо тасхехи М. Акбарзод ба зевари табъ ороста шуд (8).

Хдмин тавр, алхол барои таъйини дойгохи наккодй ва бозхонии сахифахои интик,одии асари С. Айнй дар ихтиёри мо 4 нашри мукаммал ва 1 нашри мухтасар кдрор дорад, ки бо мутолиаи онхо ба таври васеъ метавон бо дидгоххои сохиби тазкира ошно шуд.

Чаро истифода аз нусхахои гуногуни асар мухим ва муфид аст? Мусаллам аст, ки нашри нахустини маскавии «Намунаи адабиёти тодик» галат ва иштибохи зиёд дорад ва он чандон матни сахехи тазкира нест. Доктор А. Равокй зимнан ба ин данбаи тазкираи устод Айнй бетаваддух набуда, дар пешгуфтор химмату хавсалаи интикдции хешро дар мавриди нашр ва дастрасй ба нусхаи нисбатан сахехи тазкира ва ислохи i алатхои он огохона ва мудаккикона зикр кардааст: «Шуморе аз нодурусгихои чопиро (чопи Маскав - С. А.) аз он дур ва бархе норасоихои маъноиро равшан кардаем» (1,35).

Аз ин дихат, нашри нави «Намунаи адабиёти тодик» бо назар-дошти «ислохот ва изофоте, ки устод Айнй ба он пардохтаанд» (К.Айнй), долиб ва шоистаи таваддух буд. Зеро, чуноне ки аз як номаи устод Айнй ошкор мешавад, майлу нияти эдодии сохиби асар низ ба алокдмандони мероси адабй фарохам овардани нусхаи сахех ва холй аз галат, ба ин васила, хифзу нигахцошти амонати таърихи адабиёт махсуб мешуд: «Ман танхо дар он хусус манфаатдор ва хакдор мебошам, ки текстхои ман дар тодикй ва русй дуруст ва рост гузаранд» (5, 97).

Истифода аз нусхахои гуногун дар замони имруз барои дарки дуруст ва комили андешахои мусанниф арзишманд буда, аз тарафи дигар, тарху усулхои матншиносии тахияи онро аз дониби мураттибини мухталиф бозгу мекунад...

Аз дахаи аввали асри XXI чанде аз пажухишгарони Донишгохи давлатии Худанд ба номи академик Бободон Рафуров бо рохбарии профессор М. Ходаева ба тахкики адабиёти форсй-тодикии асрхои охири Мовароуннахр, хоса шинохти сарчашмахои дарадаи аввали он саргарм шуданд. Ин мавзуъ ба доираи барномаи тахкикии

Пажухишгохи илмхои гуманитарии назди донинп ох ворид гардид. Яке аз самарахои ин чустучу дифои ду рисолаи номзадй, яке «Тазкираи Мирсиддикхони Хдшмат - сарчашмаи мухими омузиши адабиёти точикии охири асри Х1Х-ибтидои асри XX» (И. Эшонкулов, Хучанд, 2011)вадигар, «Мачмуат-уш-шуаро»-и Фазлии Намангонй ва анъанаи тазкиранигорй дар адабиёти точикии асри Х1Х-ибтидои асри XX» (Э. Рачабов, Хучанд, 2013) мебошад. Дар ин ду рисола ва чанд маколаи дигар арзиши интикодии тазкирахои ин давра ва чойгохи онон дар бознамоии сайри тахаввули накди адабй низ бозгу шуданд.

Чигунагии кайфияти ошной бо ин гуна манбаъхо дар накди адабй ва адабиётшиносии эронй низ донистанй аст. Мутаассифона, дар Эрон бо вучуди бархе аз чустучухои кобили таваччух тазкирахои форсии хавзаи Мовароуннахр ба таври васеъ муаррифй ва тахкику баррасй нашудаанд, ки голибан сабаби ин чудоии миёни форсизабонони Мовароуннахр ва Эрон дар асрхои охир, садди равобити илмиву адабии ин ду хавза дар давраи шуравй ва дар дастрасии васеъ карор надоштани маъхазхо ба алокмандони ин ду хавзаи фархангй ба шумор мерафт.

Бо вучуди ин, асари мухим дар шинохт ва маърифати тазкирахои форсии хавзаи Мовароуннахр китоби арзишманди «Таърихи тазкирахои форсй»-и Ахмад Гулчини Маонй (1970) аст. Ин асари мумтози дучилда ба муаррифии беш аз 500 тазкираи форсй аз давраи кадим то имруз ихтисос ёфтааст (6).

Дар ин китоб чанд тазкираи мовароуннахрй - «Тухфат-ул-ахбоб»-и Возех, «Тазкират-уш-шуаро»-и Хдшмат, «Тазкират-ул-фузало»-и Шаръй, «Тазкираи Мухтарам», «Афзал-ут-тазкор»-и Афзал, «Тазкираи манзум»-и Садри Зиё, «Намунаи адабиёти точик»-и Айнй низ накду муаррифй шудаанд. Муаллиф хусусан «маохизи умдаи Садриддин Айнй дар таълифи китоби «Намунаи адабиёти точик» будани тазкираи Афзал махдуми Пирмастй «Афзал-ут-тазкор»-ро таъкид мекунад ва насри онро муншиёна ба калам меоварад. Ба назар мерасад, ки у нусхаи «Афзал-ут-тазкор»-ро дар хошияи тазкираи «Мачолис-ун-нафоис» хамрох бо «Боги Ирам» дар ихтиёр дошт.

Аз таълифоти Ахмад Гулчини Маонй бо доираи нуфузу эътибори тазкирахои Мовароуннахр дар каламравхои дигар ошно мешавем. Аз чумла, муаллиф шаходат медихад, ки дар «Осори Х,ирот»-и

Халилуллохи Хал или (Халилии Афгон) аз баъзе тазкирахои Бухоро истифода шудааст. Гулчини Маонй дар баробари муаррифии тазкирахо ба дидгоххои интикодии ин осор низ таваччухи хосе кардааст. Масалан, ин бахои нокидонаи Айниро дар мавриди Афзал махдум ва тазкираи у меоварад: «Хдрчанд бинобар хотири Амир дар ин китоб шеърро сарехан I анкид накарда, сара ва сакдтро дар як кдтор чилва додааст, маазолик ба удабои муосирин ба сабаби эхёи номашон миннати бузурге ниходааст» (с. 35).

Бо вучуди ин, ба назар мерасад, ки Ахмад Гулчини Маонй бо он ки чанд тазкираи мовароуннахриро дар ихтиёр дошт, на хамаи онро ба таври васеъ, густурда, чудогона ва хавсалаи хоса мутолиа карда ё имконимутолианадоштааст. Вагарнадарнакдутанкех, бозгуисараву сакат, бартариву фазилат ё нуксу иштибохи онхо доварихо мекард, чуноне ки ин шеваи интикрдиро дар мавриди соири тазкирахои кдцим ва чадид - «Оташкада»-и Озари Бегдилй (1760-1779), «Анчуманоро»-и Ахмадбеки Гурчй мутахаллис ба Ахтар (1808-1818), «Ишороти Биниш»-и Сайд Муртазои Биниш (1848), «Аз Робиа то Парвин» Кишоварзи Садр (1956) ва дигарон пай гирифтааст.

Китоби «Таърихи тазкирахои форсй» аз лихози тахкики муштараки таърихи тазкирахо дар тамоми каламрави забони форсй низ арзишманд, аммо ибтидои кор аст. Фурсате фаро расидааст, ки тархи наккодй ва сухансанчии хавзаи Мовароуннахр дар мачмуи умумии накди адабии каламрави муштараки забон ва адабиёти форсй мавриди омузиши хамчониба карор гирад. Ба назари мо, яке аз хамин гуна икдомоти муфид тахкики киёсии тазкирахои Осиёи Миёна бо тазкирахои Эрон, Афгонистон ва Х,ИНД бо назардошти холу хавои накду сухансанчй дар ин хавзахо аст. Бо ин гуна икдом ба чанд казияи мухим, аз чумла махсусияти хар як хавза, накш ва таъсири тазкиранигории як каламрав ба раванди нигориши тазкира дар каламрави дигар метавон равшанй андохт. Тазкиранигорони як каламрав дар таснифоташон аз заминахои фикрии тазкиранигорони каламрави дигар чй бахра чуста, осорашон бо хамдигар чй умумият, шабохат ва тафовут доранд? Дар заминаи киёси тазкирахои хавзахои гуногуни забон ва адабиёти форсй алхол пажухиши доманадор сурат нагирифтааст.

Яке аз масъалаи чолиб дар таърихи тазкиранигории форсй масъа-лаи пайдоиши тазкираи манзум мебошад, ки асосан дар даврахои охири адабиёти форсй-точикй ба вучуд омадааст. Ду намунаи ин

навъ тазкира - «Мачмуат-уш-шуаро»-и Фазлии Намангонй ва «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё данбаи интик,одии устувор дошта, дар адабиёти форсй-тодикй дар баробари тазкирахои маъмулии мансур ба сифати осори хуби накду сухансандй муаррифй ва шинохта шудаанд.

Бояд гуфт, ки масъалаи пайдоиши «тазкираи манзум» дар адабиёти форсй-тодикй дар таълифоти то солхои 60-уми асри XX, аз думла китоби Р. Ход изо да аз мадди назар дур мондааст. Баъдтар аз ин давра анъанаи таълифи ин навъ тазкира дар бархе таълифоти адабиётшиносй ба назар мерасад. Дар ин бора хулосаи аввалинро С. Сиддикй изхор кардааст: «Дар таърихи адабиёти точик таълифи тазкиратушшуарои манзум хеле кам вок,еъ шудааст. Агар хато накунем, аввалин касе, ки ба ин кор даст зада буд, маликушшуарои дарбори Умархон (1809-1822) Фазлии Намангонист, ки бо унвони «Мадмуаи шоирон» дар соли 1822 тазкираи манзуме мураттаб намудааст. Дувумин тазкираи шеърй асари Садри Зиё «Тазкори ашъор» аст.

Дар бораи ин ки баъд аз Садри Зиё каси дигаре ба назм тазкира навиштааст ё не, маълумоте дар даст надорем. Вале маълум аст, ки Идрисходаи Родй (ваф.1338-1919-1920) дар ибтидои асри XX «Тазкират-ул-хаттотин»-и манзум таълиф карда буд» (9, 107).

Шубхае нест, ки ин кдзовати С. Сиддикд бо назардошти махсусияти хавзаи адабии Мовароуннахр ба миён омадааст. Вагарна бо ошной ба равандхои адабии хавзахои дигари форсизабон низ аз чанд тазкираи манзум огох мешавем.

Аз андешахои С. Сиддикй зикри ду нукта к,обили таваччух аст:

1. Шоир ва тазкиранигори Хукднд дар нимаи аввали асриXIX Фазлии Намангонй нахустин нафаре аст, ки дар таърихи адабиёти тодик бо номи «Мачмуат-уш-шуаро» (на «Мачмуаи шоирон») тазкираи манзум офаридааст.

2. Шоир ва тазкиранигори охири асри XIX ва ибтидои асри XX Шарифчон махдуми Садри Зиё дувумин нафаре аст, ки ин анъанаро идома дода, «Тазкори ашъор»-е ба назм ба вучуд овардааст.

Дар идомаи С. Сиддикд мухак,к,ик,и «Мадмуат-уш-шуаро»-и Фазлии Намангонй Э. Рачабов рочеъ ба мансубияти аввалин тазкираи манзум ва идомаи ин анъана дар таърихи адабиёти форси васеътар андеша баён кардааст: «Мадмуат-уш-шуаро» бо хусусияти манзум буданаш дар таърихи тазкиранигории форси макрми аввалро

дорад... Ин нбтнкор аз чониби тазкиранигорони баъдй, ба хусус Шарифчон махдуми Садри Зиё истикболи гарм ёфт (8, 42).

Дар мавориди дигар менигорад, ки «то Фазлй касе ба таълифи тазкираи манзум даст назада» (8,95) ва «кабл аз «Мачмуат-уш-шуаро»-и Фазлй дар хавзахои мухталифи адабиёти форсй тазкираи манзум таълиф нашудааст» (8, 135-136).

Дар «Таърихи тазкирахои форсй» рочеъ ба чахор тазкираи манзуми каламрави умумии забон ва адабиёти форсй аз Эрон то Х,инд маълумот фарохам омадааст. Аз чумлаи ин асархо яке «Тазкираи манзуми Рашха» - таснифи Мирзо Мухаммад Бокири Рашхаи Исфахонй соли 1250 х. К. = 1833 мелодй дар шахри Нойини Язд тасниф шудааст. Ин тазкира маснавии ошиконаест ба вазни «Лайлй ва Мачнун»-и Низомй дар бозгуи саргузашти ишки Навруз -духтари Бахтиёрй ва Чдмшед - писари вазири хони Хито, ки хикояти навишта шуданаш чолиб ва мунхасир ба фард аст. Муаллиф дар аввали достон ба мавзуоти таърихи мулуки Адам ва насихатхои шохон мепардозад. Дар идомаи достон аз мукотибаи ин ду дилдода, рафтани Навруз дар рикоби Чдмшед ба чониби сахро ва шикор, афсона гуфтанаш дар вакти хоб барои Чдмшед сухан меравад. Дар бозгашт Чдмшед аз Навруз хохиш мекунад, ки тарочими шуарои асрро ба назм адо кунад, ба шарте ки «зикри хар шоире дар се байт ба назм оад ва аз ашъори хар як ду байт бештар наёварад» (6-1,372).

Дар натича. «тазкират-уш-шуарое манзум ва муфиде» ба вучуд омад, ки дар он 137 шоири муосири муаллиф зикр шудааст, хоса зикри баъзе аз шуарое рафтааст, ки дар тазкирахои дигар наметавон ёфт.

Ин тазкираро Мирзо Ахмад Девонбегии Шерозй - сохиби тазкираи «Х,адикат-уш-шуаро» аз байни нусхаи асл ва мунхасир ба фарди «Навруз ва Чдмшед» дар Китобхонаи Остони Кудси Разавй зери шумораи 4656 истинсох карда, соли 1344 бо мукаддима ва хавошй дар интишороти «Амири Кабир» ба табъ расонидааст.

Тазкираи манзуми дигар «Тазкираи Шихоб»-и Мирзо Абдуллох Шихоби Туршезй аст, ки дар аввалхои асри XIX тасниф шудааст (6-1,303-305). Ин навъ тазкираро дар нимаи дувуми асри XX Аббоси Шахрй - шоири муосири Эрон тахти унвони «Тазкираи Шахрй» тасниф кард, ки хасби хол ва намунаи ашъори 39 тан аз шуарои машхури маъруфи муосири форсиро дар бар мегирад. Дар ин асар бозгуи «вазъи бесомони сухан дар даврони мо ва интикод аз шеъри

; ученые записки ; - 39 -

нав» бо фарогириии дувоздах хикояти тамсилй сурат гирифта, мусанниф «тарочимро бидуни таоруф ва такаллуф ва холй аз хар гуна му чомила ва мудохана ба назми шево баён кардааст» (6-1,306). Ин вежагнро низ метавон дар шинохти вазъи накду сухансанчй дар перомуни тазкирахо метавон ба кор гирифт.

Хдмин тавр, фарогирии дидгоххои нак,к,одй дар тазкирахои манзум ва ба тахкикд кдёсй гирифтани онхо барои дарёфти чустучухои гоявию эстетикй дар хавзахои мухталифи форсизабонон арзишу ахамият дорад. Хддафи умдаи сайри тахкик, ва нашри манобеи мухими адабиёти асри XIX ва ибтидои асри XX бознамоии манзараи куллии сайри накду наккодй ДаР каламрави Мовароуннахр буда, ин амр дар рохи дустудуи мафкуравию гоявй ва ичтимой, хамчунин чусторхои адабиву фархангй ва зебоишиносии ин давра арзиши муайян доранд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Айнй С. Намунаи адабиёти тодик/Ба кушиши доктор Алии Ранокй. Пешгуфтор аз М. Шакурй, К. Айнй, А. Шеърдуст. Техрон: Чопхонаи Интишороти илмй ва фархангй , 1385

2. Айнй С. Мунтахаби асархои илмй дар 2 дилд. ЧИЛДИ дувум. Асархои адабиётшиносй ва накди адабй. Тахия ва танзими А. Набавй ва Ф. Набиев.-Душанбе: Дониш, 2008

3. Айнй С. Намунаи адабиёти тодик. Куллиёт. Ч,илди 16/Тахиява нашри китоб бо кушишва зери назари К. Айнй ва Н. К^осим,-Душанбе, 2010

4. Айнй С. Намунаи адабиёти тодик / Аз хати форсй тахия ва тасхехи М. Акбарзод.-Душанбе: Адиб, 2010

5. Аз мукотиботи устод // Садои Шарк.-1968.-№4

6. Маонй, Ахмад Гулчин. Таърихи тазкирахои форсй. Дар 2 дилд. Чопи дувум.-Техрон: Интишороти Китобхонаи Саной, 1363

7. Неъматзода Т. Возех.-Душанбе: Ирфон, 1967

8. Радабов Э. «Мадмуат-уш-шуаро»-и Фазлии Намангонй ва суннатхои тазкиранигорй дар адабиёти тодики асри Х1Х-аввали асри XX

9. Сиддикй С. Садри Зиё ва тазкирахои у.-Душанбе: Чопхонаи «Шудоиён», 2010

10. Тазкират-уш-шуарои Абдуллохходаи Абдй. Бо тасхеху мукадцимаи А. Чонфидо. Зери назари С. Сидциков,-Душанбе: Дониш, 1983

11. Тазкират-уш-шуарои Ходи Неъматуллохи Мухтарам. Бо тасхех ва мукадцимаи А. Чонфидо. Зери назари К. Айнй-Душанбе: Дониш, 1975 (Мукаддимаи мусаххех: сах- алиф-нун)

12. Тазкори апгьор. Шархи холи бархе аз шоирони муосири Точикистон ва намунахое аз шеъри онон. Таълифи Шарифчон махдуми Садри Зиё. Ба тасхехи С. Сидцик. Бо кушиши М. Шакурии Бухорой. Чопи аввал.-Техрон: Интишороти Суруш, 1380=2001

13. Тухфат-ул-ахбоб фи тазкират-ул-асхоб. Таълифи Корй Рахматуллохи Возех. Матни интикодй бо мукаддима ва тасхехи А. Чонфидо. Зери назари А. Мирзоев. - Душанбе: Дониш, 1977

14. Хади-заде Р. Источники к изучению таджикской литературы второй половины XIX века. - Труды АН Таджикской ССР, Институт языка и литературы. Том LVI.-Сталинабад: Издат. АН Тадж. ССР, 1956

Состояние исследования и издания персидско-таджикских тезкире Маеераннахрского литературного круга (конец XIX - начало XX веков)

С. Азимов

Ключевые слова: история персидского-таджикской литературы, литературный круг Мавераннахра, тезкире, поэтическое тезкире, исследование традиции составления тезкире

В статье осуществлен краткий научный обзор издания и изучения тезкире, составленных в литературном круге Мавераннахра за последние сто лет. Особое внимание автор уделяет судьбе известного тезкире Садриддина Айнй «Образцы таджикской литературы», изъятого в конце 20-х годов XXстолетия по наущению пантюркистов из научного оборота. Подчеркивается, что изучение тезкире получило невиданный размах в годы независимости. В статье преведены интересные факты об истории составления поэтического тезкире в истории персидско-таджикской литератуны.

S. Azamov

The State of Research and Edition of Persian-Tajik Tezkires of Maverarmakhr Literary Circle (the end of the XIX-th - the beginning of the XX-th centuries)

Key words: history of Persian-Tajik literature, literary circle of Maverannakhr, poetical tezkires, exploration of tezkire composition tradition

The author of the article presents a brief scientific survey of the published and studied tezkires composed in the literary circle of Maverannakhr for the latest hundred years. He pays special attention to the fate of the well-known tezkire by Sadriddin Aini "Patterns of Tajik Literature " withdrawn at the end of the 20-ies of the passed century from scientific circulation; the campaign being egged on by pan-Turkists. It is emphasized that the studies of tezkires ha\'e been enjoying a wide range for the years of independence. Interesting facts about the history of composing poetical tezkires in Persian-Tajik literature are adduced in the article.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.