Научная статья на тему 'ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИРИ ИТТИЛООТИ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ ВА ОМУЗИШИ МАТЕМА ТИКА'

ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИРИ ИТТИЛООТИ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ ВА ОМУЗИШИ МАТЕМА ТИКА Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
1204
110
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИННОВАТСИЯ / ТЕХНОЛОГИЯҳОИ КОММУНИКАТСИОНӣ / ТАРАққИЁТ / ПЕШРАФТ / ИТТИЛООТИ МУОСИР / ОМӯЗГОР / ПРЕЗЕНТАТСИЯ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Алимухамедов Муродҷон Равшанович

Мақола ба рушд, омӯзиш ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои техникӣ дар таълим ва тарбияи ҷавонон дар мактабҳои олии кишвар бахшида шудааст. Намунаҳои истифодаи барнома ва воситаҳои омӯзиш дар раванди таълим баррасӣ карда мешаванд. Намунаҳои истифодаи технологияҳои муосир дар таълими бомуваффақи фанни математика дар машгулиятҳои синфӣ оварда шудаанд. Инчунин, дар бораи тавсеаи омӯзишу истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, воситаҳои техникӣ дар таълим ва тарбияи ҷавонон дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишвар маълумот дода мешавад. Намунаҳои истифодаи барномаҳо дар таълим ва мушоҳида баррасӣ карда мешаванд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по наукам об образовании , автор научной работы — Алимухамедов Муродҷон Равшанович

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

INFORMA TIONAL-COMMUNICA TIONAL TECHNOLOGIES IN THE PROCESS OF TEACHING AND LEARNING MATHEMATICS

The article dwells on the development of training, the usage of informational technology and technical means while teaching and upbringing young people in the country's universities. The author of the article adduces examples of using software tools in the learning process. In his article the author gives examples of the use of modern technologies for success of classroom studies in teaching the subject of mathematics. Into the bargain, he adduces information concerned with the development of training, the use of information and communication technologies, technical means in teaching and educating young people in universities and institutes of the country. The author canvasses examples of the use of software tools and observation in teaching.

Текст научной работы на тему «ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИРИ ИТТИЛООТИ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ ВА ОМУЗИШИ МАТЕМА ТИКА»

ТДУ 378 ТКБ 74.58

ТЕХНОЛОГИЯХ,ОИ Алимухамедов Муродцон Равшанович,

МУОСИРИ ИТТИЛООТЙ- сармуаллими кафедраи методикаи таълими

КОММУНИКАТСИОНЙДАР математика ва технологияи

РАВАНДИ ТАЪЛИМВА информатсионии МДТ "ДДХ ба номи

ОМУЗИШИМАТЕМАТИКА акад.Б^афуров"(Тоцикистон, Хуцанд)

ИНФОРМАЦИОННО- Алимухамедов Муроджон Равшанович, КОММУНИКАЦИОННЫЕ старший преподаватель кафедры методики ТЕХНОЛОГИИ В ПРОЦЕССЕ преподавании математики и

ОБУЧЕНИЯ И ИЗУЧЕНИЯ информационной технологии ГОУ «ХГУ им.

МАТЕМАТИКИ акад. Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд)

INFORMATIONAL- Alimukhamedov Murodjon Ravshanovich, senior COMMUNICATIONAL lecturer of the department of methods of TECHNOLOGIES teaching mathematics and information IN THE PROCESS OF TEACHING technology under the SEI "KhSU named after AND LEARNING MATHEMATICS acad.B.Gafurov"(Tajikistan,Khujand),

E-mail: AMR3003@gmail. com.

Вожа^ои калиди: инноватсия, технологиями коммуникатсиони, тарацциёт, пешрафт, иттилооти муосир, омузгор, презентатсия

Мацола ба рушд, омузиш ва истифодаи технологияуои иттилооти ва воситауои техники дар таълим ва тарбияи цавонон дар мактабуои олии кишвар бахшида шудааст. Намунацои истифодаи барнома ва воситауои омузиш дар раванди таълим барраси карда мешаванд. Намунацои истифодаи технологищои муосир дар таълими бомуваффаци фанни математика дар машгулиятуои синфи оварда шудаанд. Инчунин, дар бораи тавсеаи омузишу истифодаи технологияуои иттилооти-коммуникатсиони, воситауои техники дар таълим ва тарбияи цавонон дар донишгощо ва донишкадацои кишвар маълумот дода мешавад. Намунацои истифодаи барномацо дар таълим ва мушоцида барраси карда мешаванд.

Ключевые слова: инновация, коммуникационные технологии, развитие, прогресс, современная информация, преподаватель, презентация

Статья посвящена вопросам использования информационных технологий и технических средств при обучении и воспитании молодёжи в вузах страны. Рассмотрены примеры использования программных средств в процессе обучения. Приведены примеры использования современных технологий в соответствии с программами обучения для успешности аудиторных занятий по математике.

Key words: innovation, communicational technologies, development, progress, modern information, teacher, presentation

The article dwells on the development of training, the usage of informational technology and technical means while teaching and upbringing young people in the country^s universities. The author of the article adduces examples of using software tools in the learning process. In his article the author gives examples of the use of modern technologies for success of classroom studies in teaching the subject of mathematics. Into the bargain, he adduces information concerned with the development of training, the use of information and communication technologies, technical means in teaching and educating young people in universities and institutes of the country. The author canvasses examples of the use of software tools and observation in teaching.

Дар даврони муосир истифодабарии технологиями иттилоотй чои мухдмро ишгол мекунанд ва хдмаруза имкониятми технологиями компютерй афзуда истодааст. Он ;ариб дар хдма сохдми хдёти инсон истифода шуда, дарачаи истифодаи он ногузир мебошад ва сохди маориф низ аз чумлаи сохдме, ки бе истифодабарии технологиями иттилоотй тасаввур кардан мумкин нест.

Имрузм технологиями иттилоотй дар машгулиятми амалии фанни математика ба таври васеъ истифода бурда шуда истодаанд. Зери мафхуми технологиями иттилоотй лоихдми

№2(67) 2021

• НОМАИ ДОНИШГО^ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES

ташкили равандхо барои чамъоварии иттилоот, коркард, пешниход ва истифодабарии он тавассути тачхизотхои электронй фахмида мешавад.

Хддафи асосии таълиму тарбия дар мамлакат ин тарбияи як шахсияти мутаносибан тара;;икарда мебошад, ки метавонад дар чахони муосири зуд тагйирёбанда муста;илона дониши заруриро ба даст орад. Чунин хадаф бе истифодаи технологиями иттилоотй-коммуникатсионй ва воситахои техникии таълим ;ариб гайриимкон мебошад.

Технологияи иттилоотии таълимй ин раванди тахия ва дастраскунии иттилоот ба толибилмону донишчуён мебошад, ки воситахои татбики он компютери фардй ба хисоб меравад. Технологияхои иттилоотй имкониятхои дастраскунй ва пешниходи иттилооти таълимиро ба таври назаррас васеъ мегардонанд. Дар раванди таълим истифодабарии рангхо, графика, садо ва хама тачхизоти муосири мултимедиавй тавассути компютери фардй, имкониятхои баркарор кардани холатхои вокеиро тасвир карда метавонанд. Компютери фардй имкониятхои ба таври назаррас равна; додани хавасмандии толибилмону донишчуёнро ба раванди таълим ва омузиши математика фарохам меоварад

Тавассути технологияхои иттилоотй толибилмону донишчуён ба раванди таълим ва омузиши математика чалб карда шуда, ба рушд ёфтани фаъолияти маърифатй ва фаъолсозии кушоии зехнии онхо таъсир мерасонад. Истифодаи технологияхои иттилоотй дар раванди таълим имкон медиханд, то ки тахияи вазифахои таълим ва идоракунии раванди ичроиши онхо пурзур карда шавад, сифати назорати фаъолияти донишчуён дар холати нигохдории чандирии идоракунии раванди таълим таъмин гардад ва ташаккули тарбияи зебоишиносии онхо рушд ёбад. Барномахои таълим имкон медихднд, то ки донишчуён ба фаъолияти худ ди;;ати чиддй зохир намуда, дар кучо ва чй гуна истифодабарии технологияхои иттилоотиро дар раванди омузиш доданд. Компютерхои фардии муосир имкон медиханд, то ки дар асоси барномахои амалй матнхо, графикхо, садо, аниматсияхо ва файлхои мултимедиявй якчоя истифода шаванд [8].

1) хангоми пешниходи маводи нав (барномахои намоишии энсиклопедй, барномаи намоишии Power Point);

2) мустахкамкунии маводи баёншуда (тренинг - гунногунии барномахои омузиши);

3) низоми назорат ва санчиш (санчиш бо бахогузорй, барномахои мониторингии-идоракунй);

4) хангоми ичрои кори муста;илонаи донишчуён (барномахои омузишй);

5) омузиш ва машкдихии ;обилияти худ (ди;;ат, хотира, фикр).

Дар шароитхои зикргардида, мазмунан, фаъолияти омузгор тагйир меёбад - омузгор на танхо баёнкунандаи илму дониш, балки тахиягари фановари нави таълим мегардад, ки аз як тараф фаъолияти эчодии омузгорро зиёд мегардонад, аз тарафи дигар бошад, дарачаи баланди омодагии технологй ва методологиро талаб мекунад.

Бо сабаби мавчуд будани алокаи бозгашт, хангоми истифодабарии компютери фардй дар раванди таълим ва омузиши математика, худтанзимкунй ва худназоратии раванди таълим ба таври назаррас тагйир меёбад. Хдр як донишчу хангоми ба саволхо чавоб додан ё халли масъалахои таълимй, чавобхои худ ва рохи халли онхоро му;оиса карда, тавассути компютер хатоихои худро ислох намуда, хатман ба натичаи дурусти халли масъала комёб мешаванд.

Дониш он ва;т да;и;, ани; ва ха;и;й мегардад, агар барои баён намудани он моделхои математикй истифода бурда шаванд. На;ши аввалиндарача ва ахамияти математикаро дар даврахои ;адим Г.Галилей чунин баён кардааст: «Фалсафа дар китоби аъзами коинот навишта шудааст, ки он ба нигохи боди;;ати мо кушода аст, лекин китоби мазкурро фа;ат инсоне мефахмад, ки забон ва ишораи онро донад. Ин китоб бошад ба забони математика навишта шудааст...».

Мухимиятии истифодаи барномахои амалии компютерй хангоми омузиши математика барои омузгор ва донишчу дар мисолхои зерин мушохида мегарданд:

• барномахои амалиро метавонанд дар синф бо хамрохии омузгор, инчунин мустакилона дар синфхонахои компютерй ё дар хона истифода баранд;

• вазифахои пешниходшудае, ки дар барнома мавчуданд, хам машкй ва хам назоратй мебошанд;

• имкониятхо барои такроран ичрокунии мавод ва бартараф кардани камбудихо дар ;исматхои алохида вучуд дорад;

№2 (6 7)НОМАИ ДОПИШИ О\ « УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ « SCIENTIFIC NOTES

• д ар хар лахза до нишчу метавонад маводи назариявиро ба ёд оварда, бо назардошти низоми маълумотдихй истилохи навро азхуд кунад;

• барномахои амалй имкон медиханд, то ки бо мисолхое, ки падидахоро намоиш медиханд шинос шаванд ва оид ба мавзуи нав мисолхоро ба даст оранд;

• барномахои амалй имкон медиханд, то ки толибилмону донишчуён бо холномаи олимони барчастаи сохаи математика шинос гарданд.

Дарсхо бо истифодаи барномахои мултимедиавй доимо шав;оваранд ва аз хама мухимаш, барои рушд намудани савияи дониши фархангй имкониятхои васеъ фарохам меоваранд.

Усулхои таълими математика ба ;адри имкон бояд содда, равшан ва табий бошанд. Дар даврахои аввали таълими фани математика ба усули таълими индуктивй афзалият дода, охиста-охиста ба усули таълими дедуктивй гузаштан лозим аст [4, с.139].

Компютери фардй дар раванди таълим ва омузиши математика барои якчанд максад истифода шуда метавонад:

Якум, барои халли масъалахои амалие, ки дар барномаи таълимии математика пешниход шудааст: ташкили махорат ва малакахои ;обилияти хисобкунии ;авидошта; аз худ намудани коидахои математика; донистани истилохи математикй ва хоказо;

Дуюм, дар холати ташкили корхои муста;илонаи донишчуён оид ба ташаккули дониши курсхои мактабй, санчиши дониш, оид ба ислохкунй ва хисоботи дониши толибилмону донишчуён.

Сеюм, истифодаи технологияхои иттилоотй имкон медиханд, то ки махорату малакаи халли масъалахои амалй ва матнй, фаъолкунии маърифатй ва дарачаи дониши донишчуён муайян карда шаванд. Барномахои таълимии компютерии математикй барои халли масъалахои зикргардида кумак мерасонанд.

Технологияи иттилоотй дар раванди таълим ва омузиши математика на танхо дастрасии иттилоотро осон мегардонад, балки имкониятхои фаъолияти таълимй, фардсозй ва тафовути онро таъмин мекунад. Инчунин аз нав ташкил намудани хамкории хамаи субъектхои таълимиро таъмин карда, имкон медихад, то ки дар низоми таълим донишчу дар фаъолияти таълимй иштирокчии фаъол ва баробархукук гардад. Ч,орй намудани технологияхои муосири иттилоотй дар чараёни таълим ба рушд ёфтани раванди таълим, амалй гардидани лоихахои таълимии инкишофдиханда, ба баланд бардоштани суръати дарс ва зиёд намудани хачми кори муста;илонаи донишчуён имкон медиханд.

Яке аз афзалиятхои истифодаи технологияхои муосири иттилоотй ин гузариш аз усулхои шифохии таълимй ба усулхои чустучуй ва фаъолияти эчодй мебошад. Технологияхои иттилоотй барои хамагуна намудхои дарс истифода мешаванд:

• омузиши донишхои нав ва ташаккул додани махорату малака;

• татби;и амалии донишхо ва малакахои толибилмону донишчуён;

• назорат ва танзими донишу малакахо;

• татби;и дарсхои омехта.

Истифодаи барномахои амалии компютерй дар машгулиятхои фанни математика ба бедор кардани хаваси донишчуён барои кор бо компютери фардй, ичрои супоришхои эчодй, имкони бе омузгор (барои худомузй) бахо додан ба дониши худ оид ба ;исмати муайяни математика ва ба гирифтани тавсияхои тахассусй оид ба омузиши минбаъдаи математика оварда мерасонад. Тад;и;отхои олимони хоричй нишон додаанд, ки истифодабарии воситахои муосири технологияхои иттилоотй ва;ти омузишро ду баробар кам мекунанд, то ки ба корхои муста;илонаи донишчуён дар раванди таълими математика ди;;ати махсус дода шавад. Кобилияти зуд дарёфт кардани иттилооти зарурй, онро сарива;т коркард кардан ва дархол роххои татби;и онро ёфтан, аломати мухими шахсияти муваффа;и асри муосир мебошад. Бо назардошти талаботи зерини замонавй низоми маориф дар давлати мо сохта мешавад. Хдмаи муассисахои олии таълимй бо компютерхо, тачхизоти лабораторй, проекторхои мултимедиявй ва экранхои намоишй мучаххаз гардонида шудаанд. Хдмаи ин воситахо ба омузгор имкон медиханд, ки ва;ти машгулиятхои худро босамар истифода барад ва омузгор имкон дорад, ки суръати фаъолияташро ба танзим дарорад. Омухтани маводи таълимй на ин, ки дар асоси на;шаи соддаи анъанавй бунёд карда шавад (муаллим фахмондадиханда - донишчу шунаванда), балки дар асоси равияи интерактивй. Донишчуён метавонанд муста;илона ба

№2(67) 2021

• НОМАИ ДОНИШГО^ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC ШТЕ8

мархилаи лозимаи тавзехот баргарданд, онро дар шакле, ки барои дарки шунавандагони додашуда фарогир аст, ба даст оваранд. Ин махсусан ба хдма гуна намудхои графикахо ва чадвалхои грамматикй тааллу; дорад. Тасаввур кардан душвор аст, ки то чй андоза ва;ти бисёр лозим мешуд, агар донишчуён графикахо ва чадвалхои грамматикиро бо бур ва латтаи синфй тасвир кунанд.

Хдмчун афзалияти навбатии истифодабарии технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй метавон, бартарии ;обилияти компютерро хамчун кумаккунанда ва асбоби аёнй номида шавад. Дар рафти машгулиятхо бо ёрии як компютер ва проектори мултимедиявй, якчанд унсури графикй, чадвал, намоиши портрет ва сурати шоирону нависандагон, гуш кардани маводи шунавой ва асархои муси;й, филмхои тасвирй, хуччат ё филмхои илмию таълимиро тамошо кунанд, истифода баранд ва дарк кунанд. Во;еан, бо ёрии технологияхои шабакахои глобалй бо нависандагони муосир ё олимон имконияти дар ва;ти во;ей сухбат кардан пайдо мегардад [7]. Чй ;адар кушишхо аз тарафи муаллим ва харочоти молиявии давлатй барои ташкил ва истехсоли чунин воситахои визуалй лозим мешуд, то ки синфхонахо бо ОУО-плеерхо, оинаи нилгун, сабтхои овозй, дискхои литсензионй бо сабтхои маводи таълимй таъмин гарданд. Инчунин омили психологй имкон медихад, то ки фаъолияти маърифатии донишчуён ба таври назаррас баланд гардад. Ба хеч кас пушида нест, ки барои чавонони имруза фахмидани иттилоот тавассути дастгоххои мултимедиявй бештар шав;овар аст. Низоми таълими хозиразамон хохиши донишчуёнро, ки самти дар фазои интернет амал карданро интихоб мекунанд, бояд дастгирй кунад.

Омузгор набояд истифодаи компютерро аз чониби донишчуён манъ кунад, барои он, ки худ дар ин самт омил нест. Омузгор бояд барои донишчуён дар ;обилияти о;илона ва боэътимод истифода бурдани шабакахои глобалй ва локалй, технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй ва воситахои техникии таълим намуна бошад.

Аммо рушди технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй ва воситахои техникии таълим барои омузгорон мушкилоти нав мегузорад. Мавчудияти иттилоот ва ;обилияти ба таври фаврй нусхабардорй кардани он имкон медихад, ки донишчуёни танбал барои чопи бепарвоёнаи эссе, реферат ва мулохизахои тайёри дигар шахсон имкон пайдо кунанд. Омузгор бояд нисбат ба истифодаи компютерхо эчодкорй зохир кунад ва мавзуъхоро барои кори муста;илонаи донишчуён чунин тархрезй карданаш лозим, то ки донишчуён хадди а;;ал ба тахриркунии корхои худ машгул шаванд.

Истифодаи нармафзорхои зиддисир;ат(антиплагиат), ки бо ёрии технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй ва воситахои техникии таълим соз ва бар;арор карда мешаванд, пешниход карда шуданаш мумкин аст.

Тавре ки мебинем, рушди технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй ва воситахои техникии таълим ба бартараф намудани мушкилоти техникй, ки аз истифодаи захирахои иттилоотии чахони муосир бармеояд, равона карда шудааст.

Хдмин тари;, мо мушохида карда истодаем, ки истифодаи технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй ва воситахои техникии таълим дар машгулиятхои донишгохй ва донишкадахо талаботи замон аст. Ч,орй кардани технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй ва воситахои техникии таълим ма;сади иваз кардани омузгор набуда, балки барои кумаки соди;онаи у ёвар шудан аст. Компютер ба як воситаи бисёрвазифаи таълим табдил ёфтааст, ки чунин афзалиятхои таълимиро таъмин мекунад [6]:

1) замонавй ва мухим будан;

2) динамикй ва тезхаракатй;

3) возехй комил;

4) тачрибаи равонй барои донишчуён;

5) гуногунии мавзухои фарогиранда;

6) имконияти худинкишофдихй барои омузгор;

7) васеъ кардани худуди муошират;

8) самаранокии молиявй;

9) бартарафсозии о;илона ва мобилии камбудихои техникй;

10)имкониятх,ои гайримахдуд барои ташаккули шахсияти ичтимоию фархангй.

Оянда бо технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй ва воситахои техникии таълим ало;аманд аст, ки имруз огоз меёбад. Вазифаи мухимтарини педагогии омузгор - ба донишчуён дар амалисозии на;шахои эчодй кумак кардан, ба онхо таълим додани истифодабарии

№2 (6 7)НОМАИ ДОПИШИ О\ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES

мохиронаи компютери фардй ва коркарди иттилоот, тарзи истифода бурдани ;обилияти эчодии худ дар тамоми рафти хаёти онхо, бахо додан ба арзишхои ахло;й мебошад. Истифодаи технологияхои иттилоотй-коммуникатсионй ва воситахои техникии таълим барои баланд бардоштани хосилнокии раванди таълим равона карда шудааст.

Хдмин тари; истифодабарии технологияхои иттилоотй дар раванди таълим ва омузиши фани математика ба чунин пешбурдхои таълим оварда мерасонанд: ба инкишофи хислатхои тад;и;отй, муста;илият хангоми кор бо компютери фардй ва самаранокии дарккунии илмй, дигаргунихои мусбй хангоми азхудкунии курси назариявии фани математика ва далелнокии фаъолияти таълимй [6].

Хднгоми истифодабарии барномахои амалии компютерй толибилмону донишчуён сохиби малакахои кор бо санчишхои компютерй мегарданд, ки дар солхои охир ма;оми махсуси маводи назоратиро сохиб гардидаанд. Хдмин тари;, истифодаи компютер дар раванди таълим ва омузиши математика ба толибилмону донишчуён имкон медиханд, то ки бо натичахои фаъолияти худ ва афзудани сифати таълим сохиби илму дониш гарданд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Гиркин, И.В. Новые подходы к организации учебного процесса с использованием современных компьютерных технологий / И.В. Гиркин // Информационные технологии, 1998.

- 134 с.

2. Григорьев, С.Г.Методико-технологические основы создания электронных средств обучения/ С.Г. Григорьев, В.В.Гриншкун, С.И.Макаров - Самара: Издательство Самарской государственной экономической академии, 2002. - 110 с.

3. Дарамаева, А.А. Использование компьютерных технологий обучения при изучении графических дисциплин / А. А. Дарамаева, Г. Р. Дорофеев , С. З. Егоров // Информатика и образование. - 2008. - №7. - 117 c.

4. Исин, М.Е. Системный подход к изучению методической системы обучения математике будущих экономистов/ М.Е. Исин // Вестник Омского университета. - 2006. - №4. - С.138-142.

5. Краевский, В. В. Методология для педагога: теория и практика / В. В. Краевский, В. М. Полонский. — Волгоград: Перемена, 2001. — 324 с.

6. Леднев, В. С. — Содержание образования: сущность, структура, перспектива. [текст] / В. С. Леднев — М.: Высшая школа, 1991. — 224 с.

7. Маслюк, Ю.А. Проблема использования студентами информационных и коммуникационных технологий в учебной деятельности // Инновации в образовании. - 2006. - №1. - с. 117 - 126.

8. Феонова, Л.Н. Прикладная направленность курса математики в профессиональном образовании будущего инженера. Теория и практика: Издательство ЯГТУ, 2001. - 191 с.

REFERENCES:

1. Girkin, I.V. New Approaches to the Organization of the Educational Process Using Modern Computer Technologies / I.V. Girkin // Informational Technologies, 1998. - 134 p.

2. Grigoriyev, S.G. Methodological and Technological Foundations for Creation of Electronic Teaching Aids. Grigoriyev, V.V. Grinshkun, S.I. Makarov - Samara: Publishing-House of Samara State Economic Academy, 2002. - 110 p.

3. Daramayeva, A.A. Use of Computer Teaching Technologies in the Study of Graphic Disciplines // Daramayeva A.A., Dorofeev G.R., Egorov S.Z. Informatics and Education. - 2008. - No. 7. - 117 p.

4. Isin, M.E. A Systematic Approach to the Study of Methodological System of Teaching Mathematics of Future Economists / M.E. Isin // Bulletin of Omsk University. - 2006. - No. 4. - P. 138 - 142.

5. Kraevsky, V.V. Methodology for the teacher: theory and practice / V. V. Kraevsky, V. M. Polonsky.

- Volgograd: Change, 2001. - 324 p.

6. Lednev, V.S. - The Content of Education: Essence, Structure, Perspective. [text] / V.S. Lednev - M.: Higher School, 1991. - 224 p.

7. Maslyuk, Yu.A. The Problem of Using Informational and Communicational Technologies by Students in Educational Activities // Innovations in education. - 2006. - No. 1. - P. 117 - 126.

8. Feonova, L.N. Applied Orientation of Mathematics Course in the Professional Education of the Future Engineer. Theory and Practice: YaSTU Publishing-House, 2001. - 191 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.