Научная статья на тему 'ТАШАККУЛИ қОБИЛИЯТИ ЭҷОДӢ ВАМАҲОРАТИ КАСБИИ ДОНИШҷӯЁНИ ИХТИСОСИ ДИЗАЙНИ МАҲСУЛОТИ ДӯЗАНДАГӢ ДАР ТАЪЛИМИ САНЪАТИ ОРОИШӢ- АМАЛӢ'

ТАШАККУЛИ қОБИЛИЯТИ ЭҷОДӢ ВАМАҲОРАТИ КАСБИИ ДОНИШҷӯЁНИ ИХТИСОСИ ДИЗАЙНИ МАҲСУЛОТИ ДӯЗАНДАГӢ ДАР ТАЪЛИМИ САНЪАТИ ОРОИШӢ- АМАЛӢ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
47
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САНЪАТИ ОРОИШӢ- АМАЛӢ / ҲУНАР / ТАРБИЯ / ҲУНАРҲОИ ХАЛқӢ / ТАҲқИқОТ / АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ / ЭҷОДКОРӢ / ФАРҲАНГ

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Нугмонов Мансур

Мақола ба баррасии шаклгирии тавоноии эҷодӣ ва маҳорати ҳирфавии донишҷӯёни ихтисоси дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ дар санъати ороиши амалӣ бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки инкишофи тарбияи завқи бадей дар раванди машгулиятҳои санъати ороишӣ- амалӣ танҳо дар сурати ҳосил намудани маҳорат, малака ва истифодаи амалии донишҳои махсус имконпазир аст. Тазаккур меравад, ки яке аз роҳҳои беҳтарин ва аз ҳама дастрас барои самаранок тарбияи завқи бадеии донишҷӯён ҷиҳати роҳбарй ба корҳои эҷодӣ маҳсуб меёбад. Собит мешавад, ки афзоиши баланди шавқу завқи аҳолии ҷумҳурй ба ин соҳаи санъати ороишӣ-миллӣ, асосан, аз таваҷҷуҳи зиёди аҳолӣ ба фарҳанги маишй алоқаманд аст. Таҷриба имкон додааст, ки норасоиҳои асосии тарбияи завқи бадей донишҷӯён дар раванди таълими санъати ороишӣ- амалӣ, ки зимни ташкили нисбатан муваффақона бартараф кардан мумкин аст, муайян гардад.Донишҷӯён зуд малакаҳои лозимаро дар рафти омӯзиши ин ҳунар аз худ намуда, ҳангоми зарурати истифодаи якчанд намуди дӯхт, дар иҷрои рафти кор мушкилиҳо ба назар расида, он сусттар анҷом меёбад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

DEVELOPMENT OF CREATIVE ABILITIES AND PROFESSIONAL SKILLS OF STUDENTS OF SEWING PRODUCTS DESIGNERS AT LESSONS OF DECORATIVE APPLIED ARTS

The development of artistic taste in the process of arts and crafts is possible only with the acquisition of skills, abilities and the practical application of special knowledge. One of the best and most affordable ways to effectively nurture the artistic interest of students is to guide creative work. The high interest of the population in this area of national arts and crafts is mainly due to the great interest of the population in everyday life. The experience made it possible to identify the main shortcomings in the development of artistic taste among students in the process of teaching arts and crafts, which can be overcome in the most successful Tajik organization.Students quickly acquire the necessary skills in the process of mastering this skill, and when it is necessary to use several types of stitches, difficulties arise in the process and it is slower.

Текст научной работы на тему «ТАШАККУЛИ қОБИЛИЯТИ ЭҷОДӢ ВАМАҲОРАТИ КАСБИИ ДОНИШҷӯЁНИ ИХТИСОСИ ДИЗАЙНИ МАҲСУЛОТИ ДӯЗАНДАГӢ ДАР ТАЪЛИМИ САНЪАТИ ОРОИШӢ- АМАЛӢ»

13.00.02 НАЗАРИЯ ВА МЕТОДИКАИ ОМУЗИШУ ПАРВАРИШ 13.00.02.ТЕОРИЯ И МЕТОДИКА ОБУЧЕНИЯ И ВОСПИТАНИЯ 13.00.02.THEORY AND METHODS OF TEACHING AND UPBRINGING

ТДУ 371.315.5

D01:10.51844-2077-4990-2022-2-172-176

ТАШАККУЛИ ЦОБИЛИЯТИ ЭЦОДИ ВА Нугмонов Мансур, д.и.п., профессори

МАХОРАТИКАСБИИ ДОНИШЦУЁНИ кафедраи методикаи таълими математикаи

ИХТИСОСИДИЗАЙНИ МАХСУЛОТИ МДТ "Донишгоуи давлатии омузгории

ДУЗАНДАГЙ ДАР ТАЪЛИМИСАНЪАТИ Тоцикистон ба номи С. Айнй"(Тоцикистон,

ОРОИШЙ - АМАЛЙ Душанбе)

РАЗВИТИЕ ТВОРЧЕСКИХ СПОСОБНОСТЕЙ И ПРОФЕССИОНАЛЬНЫХ НАВЫКОВ СТУДЕНТОВ ДИЗАЙНЕРОВ ШВЕЙНЫХ ИЗДЕЛИЙ НА УРОКАХ ДЕКОРА ТИВНОГО ПРИКЛАДНОГО

ИСКУССТВА

DEVELOPMENT OF CREATIVE ABILITIES AND PROFESSIONAL SKILLS OF STUDENTS OF SEWING PRODUCTS DESIGNERS AT LESSONS OF DECORA TIVE APPLIED ARTS

Нугмонов Мансур, доктор педагогических наук професор кафедры методики преподавания математики ГОУ «Таджикский государственный педагогический университет имени С. Айни»(Таджикистан, Душанбе)

Nugmonov Mansur, Dr. of Pedagogy, Professor of the department of methods of teaching mathematics under the SEI "State Pedagogical University named after S. Aini" (Tajikistan, Dushanbe )

Вожщои калиди: санъати ороиши- амали, уунар, тарбия, ^унар^ои халци, тащицот, анъанауои милли, эцодкори, фаруанг

Мацола ба баррасии шаклгирии тавоноии эцоди ва мауорати уирфавии донишцуёни ихтисоси дизайни маусулоти дузандаги дар санъати ороиши амали бахшида шудааст. Цайд карда мешавад, ки инкишофи тарбияи завци бадей дар раванди машгулиятуои санъати ороиши- амали тануо дар сурати уосил намудани мауорат, малака ва истифодаи амалии донишуои махсус имконпазир аст. Тазаккур меравад, ки яке аз роууои беутарин ва аз уама дастрас барои самаранок тарбияи завци бадеии донишцуён циуати роубарй ба кор^ои эцоди маусуб меёбад. Собит мешавад, ки афзоиши баланди шавцу завци ауолии цумуурй ба ин соуаи санъати ороиши-милли, асосан, аз таваццууи зиёди ауоли ба фаруанги маишй алоцаманд аст. Тацриба имкон додааст, ки норасоиуои асосии тарбияи завци бадей донишцуён дар раванди таълими санъати ороиши- амали, ки зимни ташкили нисбатан муваффацона бартараф кардан мумкин аст, муайян гардад.Донишцуён зуд малакауои лозимаро дар рафти омузиши ин уунар аз худ намуда, уангоми зарурати истифодаи якчанд намуди духт, дар ицрои рафти кор мушкилиуо ба назар расида, он сусттар анцом меёбад.

Ключевые слова: декоративно-прикладное искусство, ремесла, образование, народные промыслы, исследования, национальные традиции, творчество, культура

Статья посвящена вопросам развитие творческих способностей и профессиональных навыков студентов- дизайнеров швейных издений на уроках декоративно- прикладного искусства. Отмечается, что развитие художественного вкуса в процессе декоративно-прикладного искусства возможно только при приобретении навыков, умений и практическом применении специальных знаний. Подчёркивается, что одним из лучших и доступных способов эффективного воспитания художественного интереса студентов является руководство творческой работой. Высокий интерес населения к этой области национального декоративно-прикладного искусства в основном обусловлен большим интересом населения к быту. Опыт позволил выявить основные недостатки в развитии художественного вкуса у учащихся в процессе обучения декоративно-прикладному искусству, которые можно преодолеть в наиболее успешной таджикской организации.Студенты быстро приобретают необходимые навыки в процессе освоения этого навыка, а когда необходимо использовать несколько видов стежков, возникают трудности в процессе работы, и она идет медленнее.

Key words: arts and crafts, crafts, éducation, folk crafts, research, national traditions, creativity, culture

The development of artistic taste in the process of arts and crafts is possible only with the acquisition of skills, abilities and the practical application of special knowledge. One of the best and most affordable ways to effectively nurture the artistic interest of students is to guide creative work. The high interest of the population in this area of national arts and crafts is mainly due to the great interest of the population in everyday life. The experience made it possible to identify the main shortcomings in the development of artistic taste among students in the process of teaching arts and crafts, which can be overcome in the most successful Tajik organization.Students quickly acquire the necessary skills in the process of mastering this skill, and when it is necessary to use several types of stitches, difficulties arise in the process and it is slower.

Хунархои анъанавии мардумй бо хаёту зиндагии хамаруза ало;амандии зич дошта, имкони васеи чалби наврасону чавонон ба омузишу эхёи намунахои санъати ороишии амалй ва ташаккули раванди зав;и бадеиро дорост. Шароити имруза та;озо менамояд, ки услубхои дастрастарини истифодаи намунахои санъати ороишии амалиро аз нав эхё намуда, онхоро бахри пешбурди хаёти маънавию маишй васеъ истифода намоем.

Таърихи пайдоиш ва ташаккули санъати ороишию амалй гувохи он аст, ки ин намуди хунар дар тарбия намудани шахсияти комилан ташаккулёфта макоми махсус дошта, шахсро дар рухияи мехнатдустй, механпарастй, тарбия менамояд. То ин дам дар тахкикоти олимони сохахои санъатшиносй бештар инкишофи хунархои халкиро дар доираи муассисахои алохида, мактабу донишгох, муассисахои ичтимоию фархангй, муассисахои таълимии иловагй махдуд баррасй намуда, ба мавкеи хунархои бадеии мардумй, ки доираи фаъолияти касбии хаётии инсон мебошад кам ахамият медоданд. Максади эхёи анъанахои миллй хамчун рукни асосии давлати миллй онро ба масъалаи хунархои мардумй, хонаводагй ба вижагихои мардумй табдил дода, бо ин рох раванди бедор намудани завки бадеии чавонон ва инкишофи минбаъдаи онро ба хотири идомаи анъанахои фархангй таъмин намудан мебошад.

Х,унархои бадеии мардуми точик дорои аносири бехтарини тарбиявй буда, эхёи дубораи онхо имкон медихад, ки истифода аз анъанахои марбут ба тарбия вижагии оммавй пайдо намояд ва бо ин рох хаёти маънавии чомеа ранги тоза касб намояд. Тачрибаи бойи мардум дар масъалаи аз насл ба насл гузаронии хунархои мардумй, ки бо конуниятхои пешкадами тарбия сахт марбутанд, имконият доданд, ки дар шароити эхёи анъанахои миллию фархангии халк аз кувваю неруи тавонои таълиму тарбиявй васеъ истифода карда мешаванд.

Санъати ороишии амалй аз ;адимулайём писандидатарин сохаи хунари тасвирии мардуми точик ба шумор меравад. Точикистон - дорои сарватхои гуногуни бебахост. Мардуми мехнатдусту ^авииродаи мо бо асархо ва хунархои ниёгонии худ шухратёри олам гашта, бахри ободии кишвар ва бехбудии зиндагии худ пайваста мехнат мекунанд.

Вазифаи муаллим, дар айни замон, ба донишчуёни муассисахои олй фахмондани асосхои санъати ороишии амалй, таърихи пайдоиши санъатхои гуногун, ташаккул ва имкониятхои муосири ин намуди санъатхо дар замони муосир, кумак расонидан барои ташаккули шахсияти эчодй тарбияи рухияи зебоипарастй дар онхо мебошад.

Саъю кушиши озодии шахсй бояд к;оидаи асосии ташаккулдихандаи хар як шахс гардад. Эчодкорй метавонад яке аз роххои худшиносй бошад, зеро он ба инсон имкон медихад, ки аз доираи хаёти хамаруза берун рафта, худро дарк намояд. Имруз, танхо шахсе, ки ба кори худ муносибати эчодй дорад, метавонад тамоми мачмуи вазифахои амалй ва назариявиро, ки дигаргунихои босуръат рушдёбандаи и;тисодй ва пешрафти илмию техникй дар назди у мегузоранд, ичро кунад.

Мохияти мундаричаи фалсафии эчодиёт тамоюли созандагии инсонро ифода менамояд, ки фаъолияти он як чизи сифатан нав ва бо аслияти чамъиятию таърихй фарккунандаро тавлид мекунад. Мафхуми эчодкорй ин эчод намудан дар асоси анъана ва суннатхои миллй, ;онуну ;оидахои ачдодй, пеш аз хама, дар осори хунари миллй ифода меёбад ва тавассути офаридахои бошуурона сурат мегирад. Вале танхо дар доираи корхои анъанавй, яъне доираи махдуд, санъати ороиш амалй наметавонад ба таври озод амали намояд, тагйир дихад ва ма;сади хешро дар мутоби;ат бо талаботи гояхои зебоишиносии шахсй ба хамдигар пайваст намояд.

Аз ну;таи назари равоншиносй, метавон гуфт, ки эчодиёт шакли олии фаъолнокии ичтимой, маърифатй ва зебоипрастй, хамчунин худтакмилдихии шахсият мебошад. Эчодиёти дилхох, -расмкашию бофандагй, мусикию адабиёт - тарзхои бехатари паст кардани ташаннуч, имкони

идора кардани эхсосоти худ ба шумор меравад. Дар фарханги равоншиносй эчодиёт чунин маънидод шудааст: «Фаъолияти амалй ё назариявии инсон, ки дар он натичахои (дониш, карор, тарзи амал, махсулоти моддй) нав (хеч набошад, барои субъекти фаъолият) пайдо мешаванд» [3, с. 87].

Н.А. Бердяев, В. А. Петровский, С. В. Максимова эчодиётро чун зухуроти фаъолнокии гайриадаптивй (кушиши баромадан аз чахорчуба, талабот ба пешниходи вазифахои чолиби маърифатй, зухури иктидорхои ботинй) мефахманд [2, с. 45].

Истифодаи неруи эчодии санъати ороишию амалии халкй чун яке аз кисмхои фарханги миллй дар таълими бадей таркиби мухими рушди чахонбинии насли наврас ва худмуайянкунии у махсуб меёбад.

Тагйироти бунёдие, ки имруз дар чомеаи Точикистон ба амал меоянд, мушкилоти зиёдро ошкор кардаанд. Зарурати амик кардани тахкикоти назариявй дар сохаи маориф, такмили маънавии шахсияти инсон барои муассисаи миёнаи умумй ахамияти махсус дорад.

Президенти Ч,умхурии Точикистон ба рушди низоми маориф ва татбики ислохот дар сохаи маориф диккати махсус дода, кайд мекунанд, ки "... дар ин раванд як хакикатро бояд дар хотир дошт: дар чахони муосир, кишваре, ки ба такмил додани маориф диккати калон медихад дар чомеа технология ва технологияхои навро чорй мекунад ..." [10]

"Стратегияи миллии рушди тахсилоти Ч,умхурии Точикистон то соли 2020" афзалиятхои асосии хадафхои рушди хазорсола, максад ва вазифахои "Тахсил барои хама" ва дигар санадхои мухимми стратегии Ч,умхурии Точикистонро ба назар мегирад.

Хуччати мазкур бояд ба халли мушкилоти мавчуда мусоидат кунад, хамохангсозии амалхои Хукумати Чумхурии Точикистон, вазоратхо, идорахо ва чомеаи шахрвандиро дар самтхои афзалиятноки рушди маориф ва татбики хадафхои дарозмухлати ислохоти сохаи маориф таъмин намояд.

"Афзоиши мунтазами микдори иттилооти нави илмй тагйир додани мундаричаи курси мавриди тадрисро такозо мекунад, яъне мундаричаи таълим дар айни замон бояд ба сатхи инкишофи санъати ороишй - амалй мувофикат кунад" [5,с.25].

Аз ин лихоз, нигох доштан ва рушди санъати халкй дар мо на танхо чун вазифаи мухими хочагии халк, балки хамчун муаммои гоявй низ мебошад, ки он ба муносибати бевоситаи ташаккули маданияти бадеии халкй мусоидат мекунад.

"Омухтани сохаи санъати ороишй - амалй ва фанни мувофик чун як низом, мо бояд як катор ансори ба хам алокамандро муайян намоем, ки ба онхо хусусияти мачмуй диханд" [6,с.25].

Масоили тахайюл ва эчодиёт, аз чумла эчодиёти бадей дар бисёр асархои файласуфон, равоншиносон ва омузгорони ватаниву хоричй мавриди тахкик карор гирифтаанд.

Дар адабиёти фалсафй оид ба хачм ва мундаричаи мафхуми "эчодиёт" нуктаи назари ягона вучуд надорад.

"Эчодиёт - эчод, офариниш, бунёд чун хислати фаъол аст. Эчодиёт ба хар кас ато намешавад. Кобилиятнок - сазовор ба ягон чиз, ё моил ба чизе, мохир, кордон сифатхои истеъдод ё эчодкор аст..." [9,с.25]. Дар фарханги истилохоти фалсафй омадааст, ки эчодиёт раванди фаъолияти инсонист, ки арзишхои сифатан нави моддй ва маънавй ба вучуд меорад. "Эчодиёт кобилияти дар мехнат бамиёномадаи аз маводи вокеият пешниход карда, вокеияти навро ба вучуд овардани инсон аст, ки ниёзхои гуногуни ичтимоиро конеъ мекунад" [4,с.174].

Г.В. Хегел эчодиётро чун кушишхои инфиродии одамон муайян мекунад, аммо хама корхое, ки одамон ба ичро мерасонанд, амалй гардонидани хадафхои рухи чахонй мебошад, ки ноаён таърихро идора менамояд [3,с.125].

Дар фахмиши муосири эчодиёт гояхои чараёни феноменологй, ки хастии инсонро чун як хастии муколамавй меомузад ва дар он хар гуна навгонй зохир мегардад, накши мухим мебозад.

Р.Л. Муни чор муносибати асосиро ба эчодиёт вобаста чудо мекунад: а) мухите, ки дар он эчодиёт амалй карда мешавад; б) махсули эчодй; в) раванди эчодй; f.) шахсияти эчодй [6, с. 33].

Фахмиши эчодиёт чун фаъолияти инсоне, ки арзишхои нав, аслии моддй ва маънавй меофарад ва онхо ахамияти ичтимой ва касбй доранд, маъмултарин мебошад. Мавчудияти унсурхои эчодиёт дар хар намуди фаъолияти инсонй имконпазир аст. Аммо, зухуроти онхо ба иктидори эчодй, пеш аз хама, кобилиятхои эчодии шахсият, ки ин фаъолиятро анчом медихад, вобаста аст. Ин мавкеъ дар як катор асархои фалсафй инъикос ёфтааст.

Дар асархои А.М. Матюшин, мо тавсияхои сершуморро оид ба халли вазифахои эчодй ва баромадан ба принсипхои фаъолияти эчодиро пайдо мекунем, ки хамзамон вазифахои

принсипхои худ инкишофи эчодии шахсиятро ичро карда метавонанд. Дар пайравй ба М.А. Матюшин дар тах;и;оти худ, мо махорати касбии донишчуён ва ба фаъолияти эчодии онхоро чун эчодии шахсият аз ну;таи назари фалсафа ва психология баррасй мекунем [5,с.85].

Бино б ар ин , дар навиштахои Г.С. Алтшуллер, Д.Пой, А.И. Половинкин ва дигарон таваччух гохе ба усулхои эвристй чун хусусияти асосии протсессуалии фаъолияти эчодй дода мешавад, гохе сухан дар бораи вижагихои эчодй меравад [1,с.207].

Саъю кушиш ба озодии шахсй бояд ;оидаи асосии маъниофари хар инсон гардад. Эчодиёт метавонад яке аз роххои худшиносй бошад, зеро он ба инсон имкон медихад, ки аз доираи хаёти хамаруза берун рафта, худро татби; намояд.

H.A. Бердяев дар ин бора навиштааст: "... эчодиёт як чушу хуруш ва сууд аст, он аз хаёт боло меравад, марзу худудхоро убур мекунад, ба малакут мерасад... Дар олами эчодиёт хама чиз нисбат ба хаёти во;ей нисбат ба таърих ё олами рефлексию тачаллихо чолибтар, мухимтар, асилтар, ами;тар аст" [2,с.45].

Аввалин кушишхои фахмидани ;онунхои эчодиётро олимони барчаста, файласуфони ;адим Архимед, Гераклит ва баъдтар Ф. Бэкон, Р. Декарт ва дигарон ба вучуд овардаанд. Онхо му;аррар намудаанд, ки ба эчодиёт шахсиятхои махсус ба ин гуна фаъолият тайёр шуда, дорои тахайюлоти эчодй ва ;обилият ба тафаккури тахлилй машгул шуда метавонанд. Аксар ва;т онхо таълими махсус фарогирии эчодиёти техникиро чун "атои илохй" (боистеъдодй) маънидод мекарданд ва ин истеъдодро ба доираи хеле махдуд ва аксаран, ба ашхоси хеле давлатманд мансуб медонистанд.

Кобилияти бар хилофи хама чиз худро татби; кардан шуурро дар холати фаъолнокии доимй нигох медорад, зеро "Эчодиёт ;обилияти аз маводи пешниходкунандаи во;еият ба вучуд овардани во;еияти нав аз чониби инсон мебошад, ки талаботи гуногуни фаъолияти хаётии инсонро ;онеъ мекунад" [8,с.13].

Андешахои фалсафиро дар бораи маънои хаёт чамъбаст намуда, метавон ба хулоса расид, ки инсон хаёташро мувофи;и ма;сад ва мухтавои худ ба рох монда, чун меъмори фаъолияти хаёти худ зухур мекунад, ва алорагми вазъият ва аксаран алорагми та;дир амал менамояд. Инсон, ки дорои иродаи озод аст, метавонад худро бо назардошти талаботу ма;садхои мунтазам навшавандааш эчод кунад.

Боиси ;айд аст, ки санъати ороишии амалй аз ;адимулайём писандидатарин сохаи хунари тасвирии точикон ба хисоб меравад.Точикистон- дорои сарватхои гуногуни бебахост. Мардуми мехнатдусту ;авиирода ва пурто;атии он, бо асархои хунармандии худ шухратёр гашта, бахри ободии кишвар ва бехбудии зиндагии худ пайваста мехнат мекунад.

Моро зарур аст, ки худшинос ва аз таъриху фарханги бою рангини ниёгон огох бошем, дар эхё гардидани он сахми сазовори худро гузошта, хамчун гузаштагони худ онро ба насли наврас мерос гузорем. Ба тахаввулоти чахони имруза дуруст сарфахм рафта, ояндаи худро бо а;лу заковати баланд андешем. Танхо дар он сурат моро ояндаи неку дурахшон интизор хохад буд.

Тах;и;и хамачонибаи корхои илмию амалй, усулхои истифодаи анъанахои миллй, назардошти урфу одат, омузиши таъсири равияхои гуногуни санъат дар ороиши маснуоти бадей дар тарбияи мехнатй ва хунаромузии донишчуёни муассисахои олии кишвар бехбудиро мехохад.

Дар сатхи хукуматй ба миён омадани гояхои эхё, бехдошт ва рушди фарханги анъанавии мардумй, бахусус хунархои амалии мардумй, бидуни дарки дарачаи талабот нисбат ба он дар амалияи хаёти фархангии чомеа ва ба назари эътибор гирифтани хусусиятхои мавчудият дар доираи гуруххои гуногуни ичтимой халли худро ёфта наметавонад.

Доир ба чамъбасти андешахои фалсафй хулоса баровардан мумкин аст, ки шахс метавонад мувофи;и хаёту ма;садхои худ зиндагй карда, хамчун меъмори зиндагии худ амал намояд, новобаста аз вазъият ва аксар ва;т сарфи назар аз та;дир. Одами дорои иродаи озод ;одир аст, ки худро бо назардошти талабот ва ма;садхои хамешагй тагйир дихад. Тах;и;оти равониву педагогии солхои охир нишон медиханд, ки дониши нав бо рохи аз худ кардани роххои фаъолияти эчодй, хангоми гузоштани саволхои нав, халли холатхои гайриму;аррарй ва гузоштани фарзияхо ташаккул меёбад.

Хамин тари; ба хулосае омаданд мумкин аст, ки муаммои ташаккули ;обилияти эчодй ва

махорати касбии донишчуён бо воситаи таълими санъати ороишй- амалй дар машгулиятхо,

дарсхои на;шу нигори миллй омилхои асосии ташаккули ;обилияти эчодй ва касбии

донишчуён ба хисоб меравад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Алтшуллер, Г.С. О психологии изобретательского творчества. Вопросы психологии / Г.С. Алтшуллер, Р.Б. Шапиров. - Москва, -№ 6. 1956. -236с.

2. Бердяев, Н. А. Опыт прикладной этики / Н. А. Бердяев. - Москва, 2003. -701с.

3. Гегель, Г.В. Сочинение / Г.В. Гегель. В 12-ти т. - Москва, 1935.-т.8

4. Ломов, Б.Ф. Вопросы общей, педагогической и инженерной психологии/ Б.Ф. Ломов. -Москва, Педагогика, 1991. -296с.

5. Матюшкин, А.М. Проблемные ситуации в мышлении и обучении / А.М. Матюшкин. -Москва. Педагогика, 1972.-185с.

6. Муни, Р. Л. Концептуальная модель для интеграции четырех подходов к идентификации творческого таланта //Л.Р.Муни/ Научное творчество: его признание и развитие Wiley, 1963.-99с.

7. Талызина, Н.Ф. Формирование познавательной деятельности учащихся / Н.Ф. Талызина. -Москва. Знание, 1983.-96 с.

8. Хайдеггер, М. Исток художественного творения / М. Хайдеггер. - Москва. Изд-во Академический проект, 2008.-125с.

9. Шульпина,Л. Н. Развитие творческой активности детей в процессе дополнительного образования / Л.Н. Шульпина: дисс ... канд. пед. наук. -Москва, 2003.- 142 с.

REFERENCES:

1. Altshuller, G.S.On the psychology of inventive creativity. Isuues of psychology / G.S. Altshuller, R.B. Shapirov. - Moscow, - No. 6. 1956. - 236 p.

2. Berdyaev, N. A. Experience of applied ethics / N. A. Berdyaev. - Moscow, 2003. - 701 p..

3. Hegel, G.V. Composition / G.V. Hegel. In 12 volumes - Moscow, 1935. -V.8

4. Lomov B.F. Issues of general, pedagogical and engineering psychology / B.F. Lomov. - Moscow, Pedagogy, 1991. - 296 p.

5. Matyushkin A.M. Problem situations in thinking and learning / A.M. Matyushkin. -Moscow. Pedagogy, 1972. - 185 p.

6. Mooney R. L. Conceptual model for the integration of four approaches to the identification of creative talent // Scientific creativity: its recognition and development / Taylor V. V., Barron F. (Ed.): Wiley, 1963. - 99 p..

7. Talyzina N.F. Formation of cognitive activity of students / N.F. Talyzin. - Moscow. Knowledge, 1983. - 96 p.

8. Heidegger M. The source of artistic creation / M. Heidegger. - Moscow. Publishing house "Academic project". 2008. - 125 p.

9. Shulpina L. N. Development of creative activity of children in the process of additional education / L.N. Shulpina: diss ... cand. ped. Sciences. -Moscow, 2003. - 142 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.