Научная статья на тему 'ТАНЗИМИ МУБОДИЛАИ ОБ ДАР НАВЪҲО ВА ШАҶАРАҲО РАСТАНИИ КВИНОА'

ТАНЗИМИ МУБОДИЛАИ ОБ ДАР НАВЪҲО ВА ШАҶАРАҲО РАСТАНИИ КВИНОА Текст научной статьи по специальности «Сельскохозяйственные науки»

CC BY
160
4
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
мубодила / минтақа / транспиратсия / онтогенез / фотосинтез / квиноа / устуворї / норасоии об.

Аннотация научной статьи по Сельскохозяйственные науки, автор научной работы — Хамидов Хайриддин Норович, Мирзоев Қобил Айниддинович, Юлдошев Химохиддин

Дар маърўза натиҷаҳои омӯзиши хусусиятҳои мубодилаи об ва сатҳи зоҳир шудани нишондиҳандаҳои он дар навъ ва шаљарањои квиноа дар шароити гуногуни парвариш оварда шудаанд. Нишон дода шудааст, ки ҳамҷоягии нишондиҳандаҳои инфиродии мубодилаи об суръати транспиратсия, қобилияти нигоҳдории об, таркиби оби баргҳо ба муҳофизат кардани растанӣ аз гармшавии шадид ва нигоҳ доштани фаъолияти баланди фотосинтезии баргҳо мусоидат мекунанд. Таносуби байни шиддатнокии транспирация, қобилияти нигоҳдории об ва норасоии оби баргҳо, ки дар шароити Ромит равшантар зоҳир мешаванд, ошкор карда шуд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по Сельскохозяйственные науки , автор научной работы — Хамидов Хайриддин Норович, Мирзоев Қобил Айниддинович, Юлдошев Химохиддин

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАНЗИМИ МУБОДИЛАИ ОБ ДАР НАВЪҲО ВА ШАҶАРАҲО РАСТАНИИ КВИНОА»

Impact Factor: SJIF 2020 - 5.497

2021 - 5.81 СЕЛЬСКОХОЗЯЙСТВЕННЫЕ НАУКИ

ТАНЗИМИ МУБОДИЛАИ ОБ ДАР НАВЪХО ВА ШАЧДРАХ,О РАСТАНИИ

КВИНОА

ХАМИДОВ ХАЙРИДДИН НОРОВИЧ

номзади илмх,ои биология муаллими калони кафедраи биохимияи факултети биология.

Чумхурии Точикистон, ш.Душанбе.

МИРЗОЕВ ЦОБИЛ АЙНИДДИНОВИЧ

Донишгохд миллии Точикистон, ассистенти кафедраи биохимияи факултети биология.

Точикистон, ш.Душанбе

ЮЛДОШЕВ ХИМОХИДДИН

доктори илмх,ои биология профессори кафедраи биохимияи факултети биология.

Точикистон, ш.Душанбе

Дармаъруза натщах,оиомузишихусусиящоимубодилаиобва сащизох,иршудани нишондщандщои он дар навъ ва шачара^ои квиноа дар шароити гуногуни парвариш оварда шудаанд. Нишон до да шудааст, ки уамцоягии нишондщандщои инфиродии мубодилаи об - суръати транспиратсия, цобилияти нигох,дории об, таркиби оби барщо ба мух,офизат кардани растанй аз гармшавии шадид ва ниго% доштани фаъолияти баланди фотосинтезии барщо мусоидат мекунанд.

Таносуби байни шиддатнокии транспирация, цобилияти нигох,дории об ва норасоии оби барщо, ки дар шароити Ромит равшантар зо^ир мешаванд, ошкор карда шуд.

Калимщои калиди: мубодила, минтаца, транспиратсия, онтогенез, фотосинтез, квиноа, устуворй, норасоии об._

РЕГУЛИРОВАНИЕ ВОДОБМЕНА У ВИДОВ И ЛИНИЙ РАСТЕНИЙ КВИНОА

ХАМИДОВ ХАЙРИДДИН НОРОВИЧ

Таджикский национальный Университет, кандидат биологических наук, старший преподаватель кафедры биохимии. Республика Таджикистан, г. Душанбе

МИРЗОЕВ КОБИЛ АЙНИДДИНОВИЧ

Таджикский национальный Университет, ассистент кафедры биохимии. Республика

Таджикистан, г. Душанбе

ЮЛДОШЕВ ХИМОХИДДИН

Таджикский национальный Университет, доктор биологических наук, профессор кафедры

биохимии.

В докладе представлены результаты изучения особенностей водообмена и степени выраженности его показателей у видов и линий квиноа в разных условиях произрастания. Показано, что сочетание отдельных показателей водного обмена - транспирации, водоудерживающей способности, водного состава листьев способствует защите растений от экстремальной жары и поддержанию высокой фотосинтетической активности листьев.

Выявлена корреляция между интенсивностью транспирации, водоудерживающей способностью и водным дефицитом листьев, которые более выражены в условиях Ромита.

Ключевые слова: обмен, регион, транспирация, онтогенез, фотосинтез, лебеда, устойчивость, дефицит воды.

Impact Factor: SJIF 2020 - 5.497 ^

2021 - 5.81

СЕЛЬСКОХОЗЯЙСТВЕННЫЕ НАУКИ AGRICULTURAL SCIENCES

REGULATION OF WATER EXCHANGE IN QUINOA SPECIES AND LINES

KHAMIDDIN NOROVICH KHAMIDOV

Tajik National University, Candidate of Biological Sciences, Senior Lecturer of the Department of

Biochemistry.

MIRZOYEV KOBIL

Tajik National University, Assistant of the Department of Biochemistry.Republic of Tajikistan.

YULDOSHEV HIMOKHIDDIN

Tajik National University, Doctor of Biological Sciences, Professor of the Department of

Biochemistry.

-The report presents the results of studying the characteristics of water exchange and the

severity of its indicators in quinoa species and lines under different growing conditions. It has been shown that the combination of individual indicators of water metabolism - transpiration, water-retaining capacity, water composition of the leaves contributes to the protection of plants from extreme heat and the maintenance of high photosynthetic activity of leaves.

A correlation was found between the intensity of transpiration, water-holding capacity and water deficiency of leaves, which are more pronounced under Romit conditions.

Key words: metabolism, region, transpiration, ontogeny, photosynthesis, quinoa, stability, water deficit.

Танзими мубодилаи об дар равандхои сабзиш ва инкишофёбии растанй ва ташаккулёбии устувории он ба омилхои номусоиди мухит, пеш аз хама ба норасогии намй ва х,ароратх,ои экстремалй на;ши калиди дорад. Сарфи назар аз пешравихое, ки дар ин самт ба назар мерасад ,[1-3] мушкилоти зиёд низ чой дорад, бахусус дар и;лими гарми Точикистон. Дар Осиёи Марказй сол^ои охир ^арорати тобистон то 45—500С мерасад, ки ин боиси хушк шудани замин мегардад. Норасоии об барои обёрй, камии боришот ва баландшавии харорат умуман ба мубодилаи об ва хосилнокии зироатхои гуногун таъсири манфй мерасонад [1-5]. Кдйд карда мешавад, ки квиноа яке аз растанихои чолибтарин барои истифодаи хдмасат мебошад. Квиноа аз чихати биологй махсулнок аст, аз чихати экологй устувор ва ба таври истисной ба мух,итх,ои мухталиф мутоби; аст. Ба шарофати ин хосиятхо, квиноа яке аз растанихои ояндадор барои чорй кардани минта;ах,ои нав, аз чумла дар Точикистон ба шумор меравад.

Аз ин ру масъалаи му^оисавии омузиши мубодилаи об дар навъх,о ва навхатх,ои квиноа бо назардошти хусусиятх,ои биологй ва шароити хоку иклимии Точикистон хеле мух,им аст.

Шароити парвариш ба норасогии об дар барщои навъхо ва шачарахои квиноа таъсири ахамиятнок мерасонад. Тахлили натичахои норасогии об аз он шаходат медиханд, ки аз фазаи вегетативй сар карда то пухта расидан норасогии обии рузона дар хамаи шаклхои омухташудаи квиноа як андоза зиёд мешавад, ки барои растанихои дар хар се шароит парваришшуда хос мебошад. Аммо сатхи умумии норасогии об барои хама навъхо ва шачарахо дар шароити ш. Душанбе ва Турсунзода нисбат ба шароити Ромит як андоза зиёд мебошад. Аз чониби мо фар;ияти якбора тиб;и ин нишондод дар байни навъхо ва шачарахои квиноа му;аррар карда шудаанд, ки бо маълумоти як ;атор муаллифон мувофи; меоянд [1,3,6,]. Онхо нишон додаанд, ки дар шароити хушксолй норасогии об дар баргхои пахта ва гандум зиёд мешавад.

Impact Factor: SJIF 2020 - 5.497

2021 - 5.81 СЕЛЬСКОХОЗЯЙСТВЕННЫЕ НАУКИ

Норасогии аз хама зиёди об барои навъи Титикака, камтарин барои навъи Рисовая лебеда, шачарахои Ames 13742 ва Ames 13761 ошкор гашт, ки хусусан дар шароити ш. Душанбе ва ш. Турсунзода назаррас мебошад.

Тахцицоти мо ошкор кард, ки бо пастшавии намнокии хок, хусусан дар шароити ш. Душанбе ва Турсунзода нишондихандахои норасогии боцимонадаи об як андоза зиёд мешаванд. Ин барои хама навъхо ва шачарахои омухташудаи квиноа хос мебошад, ки зохиран бо афзуншавии харорати хаво дар ин ду минтада алоцаманд мебошад.

Нишондихандахои нисбатан пасти норасогии боцимондаи об дар растанихои навъи Рисовая лебеда ва шачарахои Ames 13742 ва Ames 13761 мушохида мешаванд. Бо ин устувории циёсии ин навъхо ва шачарахо дар хама шароити парвариш фахмонида мешавад, ки хусусан дар шароити Ромит назаррас мебошад.

Дарачаи таъмин будани растанихо бо об инчунин бо тургори нисбии баргхо тавсиф мешавад. Бо кам шудани намнокй тургори нисбии баргхо як андоза паст мешавад, ки ин дар навъхо ва шачарахои квиноаи аз чониби мо тахдидшудаи дар шароити Душанбе ва Турсунзода парваришшуда дида мешавад. Аммо ин пастшавй барои навъи Рисовая лебеда ва шачарахои Ames 13742 ва Ames 13761 кам рух медихад. Аммо тургори нисбии баландтарин дар баргхои ин навъхои квиноа дар шароити Ромит зохир мешавад.

Холати об дар растанихо ба дарачаи ахамиятнок ба нашъунамо ва махсулнокии растанихо таъсир мерасонад. Хамин тариц, норасогии оби паст ва тургори баландтарин дар навъхо ва шачарахои квиноа дар шароити Ромит, ба тацвиятёбии ассимилятсияи СО2 ва сабзишу инкишоф мусоидат мекунанд [5].

Хангоми фотосинтез гази СО2-ро фуру бурда сатхи намнокии бофтахои растанй ба таъсири хушкии хавои атмосферй дучор меояд, ки ба талаф ёфтани об дар натичаи бугшавй меоварад. Хунуккунии дар ин хангом руйдихандаи баргхо дар нигахдории харорати муносиб барои ассимилятсияи фотосинтетикии СО2 дар организми растанихо нацши мухим мебозад. Дар баргхои растанихо масома ассимилятсияи СО2 ва Н2О -мубодиларо аз хисоби тагйирёбии бари занчирахои масомавй танзим мекунад. F айр аз ин цайд карда мешавад, ки махсули биомассаи растанихо ба ворид ва истифодашавии об мутаносиби роста мебошад. Аз ин бармеояд, ки траспиратсия дар цатори фотосинтез инчунин омили мухими раванди махсулотй ва ташаккулёбии хосилро танзимкунанда мебошад.

Квиноа ба хушкии тобистон устувор аст, вале хангоми таъмини хуби намнокй хубтар нашъунамо мекунад. Мицдори минималии об дар вазифахои хаёттаъминкунандаи хучайравй дар му^оиса бо гандум ва пахта хангоми синтези мицдори баробари сафеда ба 50-25% кам мебошад. Квиноа бузургии пасти транспиратсияи об дорад, ки ба вай барои сарфакорона истифода кардани намй дар шароити номусоиди вегетатсия имкон медихад.

Бояд к;айд намуд, ки шиддатнокии траспиратсия дар хама навъхо ва шачарахои тахцицшудаи квиноа дар чараёни онтогенез тагйир меёбад. Бузургии калонтарин дар фазаи вегетативй ва фазаи гулкунии саросарй ба цайд гирифта шудааст, ки эхтимол, бо афзуншавии хароратхои хаво алоцаманд аст.

Дар фазаи пухта расидани пурра пастшавии шиддатнокии транспиратсия дар хамаи растанихои омухташуда бо пиршавии табий, камшавии мицдори масомахои дар равандхои мубодилаи обу - газии барг иштироккунанда фахмонида мешавад.

Тахлилх,о нишон медихад, ки дар шароити Ромит шиддатнокии транспиратсия дар хама навъхо нисбат ба ду минтацаи парвариши дигар нисбатан паст мебошад. Дар хама навъхо ва шачарахои квиноаи дар шароити Турсунзода ва Душанбе парвариш кардашуда баланди шиддатнокии транспиратсия табиатан бо пешгирии растанихо аз тасфидан ва бо нигахдории фаъолияти фотосинтетикии баргхо алоцаманд аст, ки оид ба

Impact Factor: SJIF 2020 - 5.497

2021 - 5.81 СЕЛЬСКОХОЗЯЙСТВЕННЫЕ НАУКИ

;обилияти нисбатан баланди физиологии мутоб;шавии онхо шаходат медихад. Якчоя бо он, бо сатхи максималии бузургихои шиддатнокй, ошкоркунии баъзе хусусиятхои генотипй дар хама шароити парвариш тиб;и ин нишондихандахо шачараи Ames-13761 -780-815 мг/г соат фар; мекунад, яъне ба шароити парвариш нигох накарда талафоти об дар сатхи баланд ;арор дорад, бинобар ин ба харорат бештар устувор мебошад. Ин аз он шаходат медихад, ки харорат ва намнокии мухити атроф дар ;обилияти транспиратсионии барщо на;ши халкунанда мебозад.

Дар танзими босамари мубодилаи об дар растании квиноа оксалати калтсий на;ши ахамиятнок мебозад, зеро дар сатхи барщо як намуд гуё «хока» ба вучуд меорад. Оксалатхо ба растанй барои бехтар чаббидан ва нигох, доштани намй аз мухити атроф имкон медиханд ва хамзамон онро аз сардй хифз мекунанд. Ин ходиса хамчун ;обилияти гигроскопиии барг маълум аст. Натичахои мо бо маълумоти адабиётй оид ба он мувофи;а мешавад, ки квиноа механизмхои физиологие дорад, ки ба вай барои паси сар кардани норасогии намй ва инчунин норасогии нами хок [7], чамъкунии об ва хангоми зарурат та;симкунии вай имкон медиханд.

Хамин тари;, дар асоси маълумоти бадастомада, бо назардошти сатхи ;удрати мутоби;шавй ва махсулнокии намунахои навъии тах;и;шудаи квиноа онхоро дар шароити чумхурии мо бомуваффа;ият парвариш кардан мумкин аст.

АДАБИЁТ

1. Эргашев А., Каримова И. Физиологические основы оптимизации водообмена хлопчатника в различных условиях выращивания // мат. науч. конф. «Вода - основа жизни и человеческого существования». Душанбе. 2003. С. 108-111.

2. Каримова И., Эргашев А., Абдуллоев А. Влияние почвенной засухи на содержание углеводов у различных сортов и линий средневолокнистого хлопчатника. Известия АН РТ. Отдел биологии и мед. Наук. ;№2 (163), 2008. С. 31-36.

3. Рустамов А.Р., Эргашнв А., Абдуллоев А. Водообмен сортов мягкой пшеницы в условиях длительной почвенной засухи // Известия АН РТ, отд. биол. и мед. наука. 2014, №1 (185), С. 61-65.

4. Холов Ф.Ш., Ахмедов Н.А., Бобохонов Р.С. Особнности водообмена генетически модифицированных растений картофеля // «Сарватх,ои табиии Точйкистон, истифодаи о^илона ва х,ифзи мух,ити зист». Душанбе, ТГПУ, 2001. С. 51-52.

5. Мирзоев К.А., Юлдошев Х., Хамидов Х.Н. Морфофизиологические особенности инновационной культуры квиноа (chenopodium quinoa willo) в разных климатических условиях выращивания в центральном таджикистане // Наука и иновация, №4 Душанбе 2019. С. 211-217.ISSN2312-3648.

6. Халлов А.Э. Водный стресс и продуктивность хлопчатника // Хлопок. 1990, №3. С. 3435.

7. Щеколдина, Т. В. Квиноа - уникальная культура многоцелевого назначения / Т. В. Щеколдина, А. Г. Христенко // Технология и товароведение инновационных пищевых продуктов, № 5 (22), 2013. - С. 91-96.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.