Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 10 | 2021
ISSN: 2181-1385
Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89
DOI: 10.24412/2181-1385-2021-10-1008-1013
ТАФСИРИ МУХТАСАР МЕБОЯД
^икмат Султонович Х,икматов
муаллими кафедраи адабиётшиносии узбеки Донишкадаи давлатии педагогии
Чирчики вилояти Тошканд
АННОТАТСИЯ
Сухане чанд доир ба маводхои илмию адабии омухташавандае,ки дар китобу дастуроти илмию таълимй чой доранд. Ва нуктае чанд оид ба бехдошти мазмуну мундаричаи китобхои дарсии адабиёт(синфи 7) дар мавриди омузиши хаёт ва фаъолияти шоирони классик ва маънидоди абёти онон.
Калима^ои такяго^й: май, сокй, чом, шароб, куза, мастй, чоми шароб, кадахи бода.
A BRIEF OVERVIEW ABSTRACT
A few words about the scientific and literary materials studied in the books and scientific and educational manuals. And a few points about improving the content of literature textbooks (grade 7) on the study of the life and work of classical poets and the interpretation of their poems.
Keywords: wine, wine, glass, wine, pitcher, drunkenness, wine glass, wind
glass.
МУЦАДДИМА
Дар боби навистани китобхои дарсии адабиёт муаллифонро зарур аст, ки ба хусну кубхи маводи таълимй бодиккатар бошанд, зеро аз хондани баъзе материалхои онхо, табъхои ташнаи илму хиради донишомузон хира нагардад. Инак, дар барномаи таълимии амалй дар китоби адабиёт барои синфхои хафтум чихати омузиши хаёт ва фаълияти Умари Хайём ду соат ва якчоя бо як соати кори назоратй се соат чудо карда шудааст. Дар дарси 27-ум мавзуи «Чдраёни зиндагии Умари Хайём», дарси 28-ум бошад, «К,ироат ва маънидоди рубоиёти Хайём» ва як соат барои кори назоратй оварда шудааст. Агар ба китоби дарсй назар оварем, дар хачми панч сахифа барои дарси аввал чудо карда шуда, хамагй як сахифа ба дарси дуюм чудо карда шудааст. Ва дар боби Умари Хайём
Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 10 | 2021
ISSN: 2181-1385
Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89
DOI: 10.24412/2181-1385-2021-10-1008-1013
хамагй дах рубоии вай чой дода шудаанд. Дар мавриди интихоби рубоихо чанде андешахои худро иброз доштаниям. Ба гумонам талкини банда танхо ба манфиати кор аст.
Дар таърихи адабиёти точику форс масъалаи донистани асли маънихои рубоиёти шоири ширинкалом ва фалсафамашраб Умари Хайём, яке аз умдатаринхо махсуб ёфта, солиёни дароз диккати ахли илму адаб, мухаккикони касбй ва завкмандону шавкмандонашро ба худ чалб кардааст. Пушида нест, маънии бикру тозаи шеъру Fазал ва рубоиёту дубайти туFёнест, ки аз дил ба дилхо рафта мерасад. Хдмин аст, чй дируз ва чй имрузхо мухаккикони бисёре пайи дарёфт кардани маънои асили рубоиёти Хайём ва мавриди чудо кардани онхо аз руи мазмун ва мундаричаашон, гохе ба сахлангорй рох додаанд ва гохе сатхи назар карда, мохияти асили онро кушода надодаанд. Хдмчунин дар баъзе манбаъхо маънии асили онро фахм карда бошанд хам, барои хонандагон онро ба таври умумй гуфта гузаштаанд. Аммо хонандаи нозукбин хангоми хондани байтхо кушиш мекунад, ки чавхари маънихои онро дарк намояд ва хулоса барорад.
ТАХЛИЛИ АДАБИЁТ ВА МЕТОДОЛОГИЯ
Муаммои Хаёмшиносй барои мухаккикони адабй масъалаи тоза нест ва бисёре аз онхо муваффак хам шудаанд, ки байтхои вайро ба таври бояду шояд зебову пухта ва равону содда ба завкмандон хеле хуб маънидод хам намоянд. Ч,ихати собити фикр яке аз онхоро ба таври киёсй дидан мумкин аст: Бингар зи сабо домани гул чок шуда, Булбул зи чамоли гул тарабнок шуда, Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул, Аз хок бармадасту дар хок шуда.
Фаразан, Холик Мирзозода дар китоби худ оид ба муносибати масъалахои бакои модда ва шакл иваз кардани материя дар бораи мундаричаву шакл - чавхару сурат ё чавхару араз сухан ронда, дар пойоварди суханаш набиштахои Гизолиро аз "Кимёи саодат" оварда чунин менигорад: - ... Чдвхари хастиро хирад бишносад бехад ва берасм, ки уро хад нест... ва фасл нест..." Ва чихати тасдики ин фикр, рубоии фавкуззикри Хайёмро чой дода чунин менависад:" Чунин фикр акидаи материалистист ва Хайём ин категорияи фалсафиро бо ифодаи образноки афкори лирикй ва тасвири табиат баён
Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 10 | 2021
ISSN: 2181-1385
Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89
DOI: 10.24412/2181-1385-2021-10-1008-1013
кардааст". (Холик Мирзозода, "Таърихи адабиёти точик", - Душанбе, "Маориф", чилди 1.сах.150).
Ин чо ба мавкеъ аст, ки суханони доктори илмхои филологй Мирзо Муллоахмадро доир ба ин рубой аз маколаи илмиаш айнан биёварем, зеро ин олим хам чавхари рубоиро дуруст сарфахм рафта, вале ба таври умумй нигоштааст: "Зебоихои табиат аксаран барои бозгуи андешахои фалсафии хаким тасвир шудаанд. К,адимй будани олам ва дар таFЙиру такмил будани он, нопойдориву зудгузарии умри инсон тавассути зебоии табиат ба калам дода шудааст".
Дар хакикат хар ду муаллиф дар чавхар тарафдорони як маънианд. Яъне, яке бо истифодаи иборахои «акидаи материалистй», «категорияхои фалсафй», «ифодаи лирикй», «тасвири табиат» максади худро чамъбаст намуда бошад, дигаре хамин маъниро бо иборахои «зебоихои табиат», «андешахои фалсафй», «кадимй будани олам», «таFЙиру такмил», «зудгузарии умр» ба таври умумй гуфта гузаштаанд. Лекин дар хусуси тафсири байтхо чизе нанавистаанд.Яъне, агар ин намуди фахмондани рубоихоро ба китоби дарсй дохил намоем, бе хеч шакл хулоса мекунем, ки донишомузони синфхои хафтум дар фахм кардани маънои пурраи байтхо мушкилй мекашанд. Дарди бахайр аст, ки агар омузгор аз маънои асл огохй дошта бошад, онро муфассалтар шарху эзох медихад, вагарна хонандагон аз асли маъно бебахра мемонанд. Яъне, завку шавки толибилмон нисбати маънихои зебову суфтаи Хайём бедор нокарда мемонад.
Айнан, ана хамин рубой аз чониби номзади илмхои филологй Малик Кабиров ба таври бояду шояд ва хеле анику мушаххас кушода дода шудааст. Муаллиф дар чараёни тафсири рубой асли максади Умари Хайёмро ба иштиёкмандонаш ба таври соддаву фахмо, яъне мурод аз васфи табиат ё худ гулу булбул сабабу окибат буданашро ифшо намудааст. Аз чумла, байтхои аввали онро чунин хулоса менамояд: "Мазмуни ин байт ба фикри ба хакикати вокеии фалсафй доштаи шоир асос ёфтааст, ки зодаи сабаб будани окибат аст". Ё дар баёни мисраъи "аз хок баромадаасту бар хок шуда" чунин менигорад: "Дар асл Умари Хайём бо маънии ин мисраъ хамаи маънихои мисраъхои фавкуззикрро дар хусуси Fанимат будани "сояи гул" таквият дода, сабаби Fанимат будани онро иброз намудааст, ки он ба нестй махкум будани хастист" (Малик Кабиров "Субхи вафо", "Узбекистон файласуфлари миллий жамияти нашриётй" Тошканд, 2019, сах.220-221.).
Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 10 | 2021
ISSN: 2181-1385
Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89
DOI: 10.24412/2181-1385-2021-10-1008-1013
МУХОКИМА
Бояд тазаккур дод, ки мавриди баррасй ва тафсиру тахлили рубоиёти Умари Хайём зарур мешавад, ки эчодиёти вайро ба айниву гумонй чудо намоем, зеро дар фахмиши хонанда баъзан чахонбинии шоир ва акидаву фахмишхояш ба духурагй дучор мешавад. Вале асли хакикат, шоир шахси муътакид аст, гарчанде, ки дар ашъораш калимаву иборахое монанди "май", "бода", "шароб", "куза", "сабу", "майхона", "пиёла", "мастй", "хуми шароб", "майкадаи дахр", "аз руи мастй" фаровон мавриди корбарй карор ёфтаанд, вале диди фалсафии шоир дар замири он хама гуфтахо нухуфтааст. Хдмин буд, ки Чдмолиддин Абулхасан Алй ибни К,итфй дар китоби худ "Таърихи хукамо" рубоиёти вайро хамчун мори захрдор медонад. Ё худ Начмиддини Розй Умари Хайёмро дар "Мирсод-ул-ибод" саргаштаву саргумзада ва фалсафию дахрй меномад. Ва ин гуна фахмишхо дар адабиёти мо чихати шахсияти шоир зиёданд. Вале хаминро хам хуб дар назар дошт, Умари Хайём шайх буд, на ин ки суфию саргумшуда. Мебояд аз чунин таззоди андешахо дар боби хаёту фаъолияти шоир дар китоби дарсй ворид карда шаванд, зеро ин гуна далелу собитхо завки толибилмонро нисбати шахсият ва фаъолияти шоир зиёда мегардонад.
НАТИЧАХО
К,обили кайд аст, ки мавриди омузиш ва тахлили рубоиёти Умари Хайём, пеш аз хама аслияти онро ба хисоб гирем. Зеро бисёр шудааст, ки рубоиёти зиёде ба номи шоир мансубият пайдо карда, дар асл бегонаанд. Дар ин бора ховаршиноси рус В.Жуковский аз 89 рубоии ба Хайём нисбат дода шуда 39-тоашро дар сарчашмаи дигар ёфтанашро маълум мекунад. Бинобар ин, вай рубоихои сайёрро ба чор гурух таксим намуда, гурухи охиринашро ба Хайём нисбат дода, симои уро чунин менигорад: "Хирадмани солор, ки дар эътикоди худ устувор буда, дар масоили хастй азият кашида, дар шариати исломй муаммохои зиндагиро пайдо намекунад, дар заминаи ирфони суфихо чахонбинии муназзамро эчод мекунад; у умуман харобкори имон нест...Умар мунодии ахлоки пок, хаёти вокей ва мухаббати гарм ба Худованд буда, ба арши абад, дурахшон ва зебо майл дорад"
Айнан, худи хамин тавр рубоии дигари Хайём низ дар китоб ва маколахои фавкуззикр чихати чамъбасти фикрхои муаллифон дуруст, вале ба таври умумй оварда шудаанд. Ба гумонам, онро возеху равшантар ва ба кабули
Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 10 | 2021
ISSN: 2181-1385
Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89
DOI: 10.24412/2181-1385-2021-10-1008-1013
хонанда кушодатар карда медоданд, хубтар мешуд. Инак, боз рубой ва навиштахои муаллифонро муоина менамоем: Дар доирае, ки омаду рафтани мост, Онро на бидоят, на нихоят пайдост, Кас меназанад, даме дар ин маънй рост, К-ин омадан аз кучову рафтан ба кучост.
Пеш аз овардани байтхои мазкур Холик Мирзозода дар китоби худ "Таърихи адабиёти точик"(сах.131) чунин менигорад: "Ин акидаи материалистии табииюн, ки табиатро мабдаи хаёт ва онро абадию азалй мешуморидаанд, дар рубоии зерини Хайём инъикос ёфтааст ва ин рубоиро Шайх Начмиддини Розй дар китоби "Марсол-ул-ибод" дар чое, ки файласуфхоро таъну лаън мекунад, овардааст. Дар ин рубой бо усули баёни лоадрия ё ки санъати тачохули ориф мабдаи маоди динй инкор, вале акидаи табииюн эътироф шудааст".
Ва хамин рубоиро доктори илмхои филологй Мирзо Муллоахмад дар маколааш ба таври мухтасар чунин меоварад: "Умари Хайём дар ибтидои рисолаи "Чдвоб ба се масоил" дар хусуси мутанохй ва Fайримутанохй будани чисмхо бахс кушода, онро чамъбаст накардааст. Аз рубоии зайл беинтихо будани оламро таъкид карда, бахси мазкурро чамъбаст намудааст".
Боз меоем ба сари максад. Яъне, агар ифшои маънии рубоихоро айнан хамин тавр иктибосан ба китоби дарсй кучонем, маънии байтхо тафсир наёфта мемонад. Зарур аст, ки онхоро на ба таври умумй, балки ба тарзи возеху равшантар ва соддаву осонтар тафсир намуда, дили хонандаро ба маводи омузишй гарм намоем. Ва худи вай ба омухтани рубоихои дигар ручу намояд. Паи чустучуи рубоихои нави Хайём ба адабиётхои иловагй мурочиат намояд.
ХУЛОСА
Вакт расидааст, ки Хайёмшиносони мохир аввалан, рубоиёти шоирро ба худиву бегона чудо намуда, сониян мисли Малик Кабиров, ки дар боло тафсири байтхоро овардем, ба таври комилй маънидод намоянд. Хдтто зарур аст, ки ин икдоми тафсири байту мисраъхо ба китобхои дарсй мавриди омузиши хаёту фаъолияти шоирон чойгир карда шаванд. Чунки имрузхо дар макотибу муассисоти олй, маънихои фалсафии андешахои шоирон сатхй баррасй мегардад. Дар натича, шинохти аслии худи онхо низ аз нигохи муътакидиву беэътикодй ноаён мемонад. Ба гумонам,шоире,ки кашшофи асрори азал
Academic Research in Educational Sciences VOLUME 2 | ISSUE 10 | 2021
ISSN: 2181-1385
Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89
DOI: 10.24412/2181-1385-2021-10-1008-1013
аст,шеъри духура намегуяд. Умед аст, ки мухаккикони адабй маънихои озодандешию ранг ба ранги Умари Хайёмро зина ба зина кушода медиханд.
Ба фикрам, дар хамкорй ва якдигарфахмии муаллифон ва мухаккикони адабй кори таълими адабиёт хам дар барномахои таълимй боз хам хубтару рангинтар мегардад. Чунки дар вакти интихоби рубоиёти Умари Хайём он рубоихоро, ки аллакай тафсирашон дар адабиётхои илмиву дастурй чой гирифтаанд, дар китоби дарсй овардан баманфиат аст, зеро пушида нест, ки хатто бархе аз муаллимини макотибхо хам дар кушода додани маънихои тозаи байтхои Умари Хайём хеле очизанд. Чй расад, ки шогирдони онхо аз он маънии зебову тоза дастрас намоянд. Хуб медонам, ин масъала хеле доманадор аст, вале вакт расидааст, рубоиёти соддафахму тафсирёфтаи шоирро дар китобхои дарсй чой дихем. Тутивор аз ёд кардани рубоиёти Хайём кобили кабул нест. Асрори маънихои офаридаи шоирро аз маFз андар маFзи байтхояш дарёфтан санъат аст.
REFERENCES
1. Х. Мирзозода, "Таърихи адабиёти точик"(Аз давраи кадим то асри XIII). Китоби 1. - Душанбе: Маориф, 1987.
2. Малики Кабир, «Субхи вафо», - Тошканд: «Узбекистон файласуфлари миллий жамияти нашриёти», 2019.
3. Рубоиёти Умари Хайём, тахияи Усмон Назир, - Душанбе, 2000.
4. Жуковский В. Омар Хайям и «странствуюшия» четверостишия. /В.Жуковский //Сборник статьей учеников профессора барона В. Р. Розена ко дню двадцатипятилетия его рервой лекции.-Санкт Петербург.-1897.
5. Гулрухсор. Шинохти рубоиёти Умари Хайём. - Душанбе, 2000.