Научная статья на тему 'ТАҲқИқИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ БАДАХШОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИқЛОЛ'

ТАҲқИқИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ БАДАХШОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИқЛОЛ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
255
51
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТИқЛОЛ / ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ / ШӯЪБАИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ БАДАХШОН / АДАБИЁТИ ТОҷИК / АДАБИЁТИ КЛАССИКӢ / ЗАБОНИ ТОҷИКӢ / ЗАБОНҲОИ МАҲАЛЛӢ / АДАБИЁТИ БА ЗАБОНҲОИ МАҲАЛЛӢ ЭҷОДШУДА / ФОЛКЛОРИ ПОМИР / ТАҲқИқ / ПАЖӯҲИШ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Охониёзов Варқа Дӯстович

Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар давоми сӣ соли истиқлолияти кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда баҳри пажӯҳиши тарафҳои мухталифи фарҳанги сокинони Кӯҳистони Бадахшон мустафод намуд. Ҳамин буд, ки осори пажӯҳишии гаронбаҳое дар самтҳои таърих, фолклор, адабиёт ва ийтисодиёти иҷитимоиёти сокинони ин диёри куҳани тоҷикон арзи ҳастӣ намуд. Бадахшон, ки асосан аз ҷиҳати мавҷудият забонҳои гуногуни қаадимаи гузаштагони миллати тоҷик ва гуногунии фолклору адабиёти хеш ба таври ҳамешагӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта будааст, маҳз дар даврони Истиқлолият ба доираи пажӯҳиши ҳаматарафа кашида шудааст. Дар мақола дастовардҳои сисолаи яке аз шуъбаҳои бунёдии ИИГ АНИТ, шӯъбаи адабиёту фолклор ба таври мухтасар мавриди назари хонандагон қарор дода шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

INDEPENDENCE OF THE COUNTRY AND POSSIBILITY OF STUDYING BADAKHSHAN FOLKLORE AND LITERATURE

In his article the author speaks about with the role of the Institute for the Humanities named after acad. B. Iskandarov NAST being the same age as the state independence of Tajikistan Republic which over the thirty years of the country's independence has managed to use all available opportunities to study various aspects of the culture of population of Gorno-Badakhshan. This enabled the emergence of valuable research in the following fields, such as: history, folklore, literature and socio-economic science of the inhabitants of the relevant ancient Tajik land. It is underscored that Badakhshan has always been in the spotligh t due to the existence of various ancient languages of the Tajik people and diversity of its folklore and literature has become the subject of comprehensive research since Tajikistan independence achievements. The article provides a brief overview of thirty years of achievements of one of the fundamental departments of ISN NAST - the Department of Literature and Folklore.

Текст научной работы на тему «ТАҲқИқИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ БАДАХШОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИқЛОЛ»

10.01.09. ФОЛКЛОРШИНОСЙ 10.01.09. ФОЛЬКЛОРИСТИКА 10.01.09. FOLK STUDIES

ТДУ 8Т1 ТКБ 83,3 (0) 3

ТАХДЩИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ БАДАХШОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИКДОЛ

ИЗУЧЕНИЕ ФОЛЬКЛОРА И ЛИТЕРАТУРЫ БАДАХШАНА В ГОДЫ НЕЗАВИСИМОСТИ ТАДЖИКИСТАНА

Охониёзов Варца Дустович, д.и.ф.,сарходими илмии Пажууишгоуи илмуои инсонии АИ ЦТ, доктори илщои филологй(Тоцикистон, Душанбе)

Охониёзов Варка Дустович, д.и.ф., главный научный сотрудник Института гуманитарных наук АН РТ, доктор филологических наук (Таджикистан, Душанбе)

INDEPENDENCE OF THE COUNTRY AND POSSIBILITY OF STUDYING BADAKHSHAN FOLKLORE AND LITERA TURE

Okhoniyozov Varka Dustovich, Dr. Filology oleading scientific officials of the Institute of Humanities under the Tajik Academy of the Sciences, Dr. of Philology.

(Tajikistan,Dushanbe),E-mail: shuwoz@mail.ru

Вожщои калиди: истицлол, Институти илмуои гуманитарй, шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон, адабиёти тоцик, адабиёти классики, забони тоцикй, забощои мауаллй, адабиёти ба забощои мащллй эцодшуда, фолклори Помир, тауциц, пажууиш

Институти илмуои гуманитари ба номи академик Б. Искандарови АМИТ уамсоли Истицлолияти давлатии Цумуурии Тоцикистон буда, дар давоми сй соли истицлолияти кишвар аз тамоми имкониятуои мавцуда баури пажууиши тарафуои мухталифи фаруанги сокинони Кууистони Бадахшон мустафод намуд. Храмин буд, ки осори пажууишии гаронбауое дар самтуои таърих, фолклор, адабиёт ва ийтисодиёти ицитимоиёти сокинони ин диёри кууани тоцикон арзи уастй намуд. Бадахшон, ки асосан аз циуати мавцудият забощои гуногуни цаадимаи гузаштагони миллати тоцик ва гуногунии фолклору адабиёти хеш ба таври уамешагй мавриди таваццуу царор гирифта будааст, мауз дар даврони Истицлолият ба доираи пажууиши уаматарафа кашида шудааст. Дар мацола дастовардуои сисолаи яке аз шуъбауои бунёдии ИИГ АНИТ, шуъбаи адабиёту фолклор ба таври мухтасар мавриди назари хонандагон царор дода шудааст.

Ключевые слова: независимость, Институт гуманитарных наук, отдел фольклора и литературы Бадахшана, таджикская литература, классическая литература, таджикский язык, местные языки, литература на местных языках, памирский фольклор, исследования

В статье речь идет о роли Института гуманитарных наук имени академика Б. Искандарова НАНТ, являющегося ровесником государственной независимости Республики Таджикистан, который за тридцать лет независимости страны сумел использовать все доступные возможности для изучения различных аспектов культуры населения Горного Бадахшана. Это дало возможность появлению ценных исследований в области истории, фольклора, литературы и социально-экономической науки жителей этой древней таджикской земли. Отмечается, что Бадахшан, который всегда находился в центре внимания благодаря существованию различных древних языков таджикского народа и разнообразию его фольклора и литературы, с момента обретения Таджикистаном независимости стал предметом всесторонних исследований. В статье дается краткий обзор тридцатилетних достижений одного из фундаментальных отделов ИГН НАНТ - отдела литературы и фольклора.

Key words: independence, institute of humanities, department offolklore and literature of Badakhshan, Tajik literature, classical literature, Tajik language, local languages, literature in local languages, Pamir folklore, research

In his article the author speaks about with the role of the Institute for the Humanities named after acad. B. Iskandarov NAST being the same age as the state independence of Tajikistan Republic which over the thirty years of the country^s independence has managed to use all available opportunities to study various aspects of the culture of population of Gorno-Badakhshan. This enabled the emergence of valuable

№4 (6 9) НОМАИ ДОПИШИ О\ » УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ » SCIENTIFIC NOTES

research in the following fields, such as: history, folklore, literature and socio-economic science of the inhabitants of the relevant ancient Tajik land. It is underscored that Badakhshan has always been in the spotligh t due to the existence of various ancient languages of the Tajik people and diversity of its folklore and literature has become the subject of comprehensive research since Tajikistan independence achievements. The article provides a brief overview of thirty years of achievements of one of the fundamental departments of ISN NAST - the Department of Literature and Folklore.

Мархилаи нави чамъоварй, табъу нашр ва омузиши адабиёти Бадахшонро бидуни самарахои Исти;лолияти давлатии Чумхурии Точикистон тасаввур кардан наметавон.

Институти илмхои гуманитарии Академияи миллии илмхои Точикистон (минбаъд ИИГ АМИТ) институти илмии тад;и;отй буда, 9-сентябри соли 1991 бо Карори Раёсати Академияи илмхои Чумхурии Точикистон (№147) дар заминаи шуъбахои помиршиносй ва тад;и;оти ичтимой-и;тисодии базаи Помири Академияи илмхои Чумхурии Точикистон таъсис дода шудаст. Рамзист хаст, ки Институт хамтаваллуди Исти;лолияти Чумхурии Точикистон мебошад. Хддафи таъсиси ИИГ АМИТ тад;и; ва тавсияи омузиши фундаменталии фарханг, гурухи забонхо, таърих, мардумшиносй, бостоншиносй, раванди болоравии и;тисодиёт ва тафаккури ичтимоии мардуми ВМКБ мебошад. ИИГ АМИТ дорои чор шуъба: шуъбаи забонхои помирй, шуъбаи фолклор ва адабиёт, шуъбаи таърих, этнография ва археология, шуъбаи тад;и;оти ичтимой-и;тисодй буда, хар яке аз онхо дорои неруи илмии зарурй хастанд.

Аз бузургтарин дастовардхои ИИГ дар давоми 30-соли мавчудияташ мунташир сохтани шаш адад мачмуахои силсилавии "Забонхои помирй ва фолклор", "Масъалахои филологияи Помир","Масъалахои помиршиносй", лугати калонхачми "Шугнано-русский словарь", чор мучаллади "Фолклори Помир", рисолаи дастачамъии дучилдаи "История Горно-Бадахшанской автономной области" (Р.Масов, Х.Пирумшоев, М.Бубнова, А.Ранов, 2006), асархои алохидаи тад;и;отй доир ба забонхои помирй, фолклор, таърих, мардумшиносй, тиб, и;тисодиёти Помир ва гайра мебошад. Дар ин ма;ола, ба таври мухтасар, аз хусуси дастовардхои шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмхои гуманитарй ба номи академик Ю.Искандарови АМИТ дар 30 соли охир, ки ба натичахо ва имкониятхои фарохамовардаи исти;лолияти кишвар сахт марбутанд, сухан меравад.

Агарчи чамъоварй ва тах;и;и осори фархангии Бадахшон дар давраи зиёда аз 150-сол идома дошта бошад хам, вале равна;и тад;и;оти илмй ва нашри осори чашмрас дар ин самт ба фаъолияти шуъбаи фолклору адабиёти Бадахшони ИИГ АНИТ дар даврони Исти;лолият рост меояд. Пеш аз хама, олимон ва кормандони илмии шуъба тавонистанд мучаллади Куллиёти Фолклори мардуми Помирро дар чахор чилд тахия ва нашр намоянд. Чунин махсули илмй дар таърихи помиршиносии олам бесоби;а мебошад.

Ч,илди аввали «Фоклори мардуми Помир» [21] 1486 матни 590 зарбулмасалу ма;оли аслй (типпй)-ро ба забонхои шугнонй-рушонй ва точикй дар бар гирифтааст.

Ч,илди дуюми «Фолклори Помир» [22] 132 матни аслй (интихобй) ва дар мачмуъ 200 матни асотир, ривоят ва на;лро дар бар гирифта, онхо, аз як тараф хусусиятхои асосии хар яке аз ин навъхои фолклориро дар алохидагй бозтоб кунанд, аз тарафи дигар, ба хамдигар ало;аи зич доштани хамдигарро барчаста нишон медиханд. Ривоят ва на;лхо, ки ба чилди китоб дохил гардидаанд, тиб;и мундарича ва мазмун ба хашт гурух чудо шуда, онхо дар мачмуъ баёнгари во;еии таърихи тулонии рузгор, дину оин, расму суннатхо, тасаввуроту а;идахои ;адимии мардум оид ба ашё ва ходисахои зиндагй, мухит, ашёву ходисахои фав;уттабий ва гайра мебошанд. Аз ривоят ва на;лхо рушан пайдост, ки мардуми Кухистони Бадахшон дар тули таърихи хазорсолахо ба хар навъе ба хал;у кишвархои дуру наздик дар равобити сиёсй -ичтимой, моддй - и;тисодй ва маънавй - фархангй ;арор доштааст. «Фолклори Помир» аз руи тачрибаи нави фолклоршиносй тахия ва чоп гардида буд.

Соли 2012 чилди сеюми фолклори Помир бо номи «Афсонахои хаётй-маишии мардуми Бадахшон» бо му;аддима, тавзехот ва луготи корманди шуъба Г.Ризвоншоева[18] руи чопро дид, ки дар он зиёда аз 40 матни афсона дар забонхои асл (рушонй, шугнонй ва бартангй) ва тарчумаи онхо ба забонхои точикию русй гирд оварда шудаанд.

Ч,илди чоруми Куллиёти фолклори мардуми Помир дар заминаи маводи Фонди дастахатхои ИИГ ва тад;и;оти профессор Нисор Шакармамадов бо дарбаргирии ривояту наклхо, афсонаву таъриххои чойхои му;аддас ва зиёратгоххо бо номи "Остонхо" [25] нашр гардид.

Ч,илди панчуми Куллиёти Фолклори Помир, ки афсонахои сехромези мардуми ин сарзаминро дар бар мегирад, дар арафаи тахия ;арор гирифта, дар фарохам овардани он

№4(69) 2Q21

• НОМАИ ДОНИШГО^ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES

захмати номзади илмхои филологй, мархум Гулнисо Pизвоншоева беандоза мебошад. Олим ба чамъоварй ва тах;и;и ин ;абил афсонахо чанд соли умрашро сипарй намуда, хусусияти онхо, ало;аашонро бо маросиму суннатхои дигари мардумй, монандй ва тафри;аи онхо бо афсонахои монанди хаммиллатон ва миллатхои дигари хамсоя, иртиботи онхо бо рухия ва хаёти сохибонаш ва масъалахои хамсонро тахлилу тад;и; намудааст. Мавсуф дар ин самт рисолаи илмиро дар тахлили FOя ва образи онхо ба анчом расонда буд ва онро соли 2015 дар шакли монографияи "Афсонахои сехромези мардуми Помир" аз чоп баровард.

Фаъолияти кормандони шуъба танхо бо чамъоварии мавод ва мунтишири мучаллади фолклор махдуд нагардида, балки тах;и;и унсурхо, жанрхо ва мазмуну мафхуми он низ ба таври густурда ба рох монда шуд. Аз чумла, бо ташаббуси муха;;и;и фолклори Бадахшон Нисормамад Шакармамадов мачмуаи «Сурудхои туии Помир» (XорyF: Помир, 1993) мураттаб ва нашр гардид. Дар мачмуа 86 матни сурудхо гирд оварда шуда буданд, ки ;исми асосии онхо хоси лахзахои маросими туй мебошанд ва бархе дигарашон аз ягон чихат ба ин маросим ало;а доранд. Сурудхои мачмуа аз руи мавзуъ ва тарзу усули ичро ба хашт гурух чудо шудаанд. Боиси ;айд аст, ки мачмуа минбаъд ба хайси яке аз сарчашмахои асосй барои тад;и;оти ин ;абил сурдхои мардумй ;арор гирифт.

Соли 1993 ин муха;;и;и шахир асари арзишманди «Даргилик - жанри махсуси фолклор»[24]-ро ба табъ мерасонад, ки дар он машхуртарин ва ;адимтарин жанри адабиёти шифохии мардуми Бадахшон ба доираи бахси алохидаи илмй кашида шудаст.

Бо захмати устод Шакармамадов дар хаммуаллифй бо Ориф Шакармамадов соли 2003 китобчаи «Наврузи Бадахшон» [27] руи чопро мебинад, ки дар он тахлилу тах;и;оти олимони точик дар хусуси чашнгирии Навруз дар худуди ^х^тони Бадахшон то андозае та;вият ва аз чихати мазмуну мафхуми маросимхои марбут ба Ч,ашни Навруз як навъ чамъбаст гардида буданд. Ба назар мерасад, ки профессор Шакрамамадовро мавод ва хулосахои тахлил ;онеъ насохта, y соли 2012 рисолаи Оинхои «наврузй дар Бадахшон»-ро таълиф ва чоп менамояд. Pисолаи мазкурро дар холи хозир яке аз мукаммалтарин тах;и;оти илмй дар масъалахои тарзи ичро ва мазмуну мафохими маросимхои марбут ба Наврузи Бадахшон донистан чоиз аст. Тавассути ин рисола онхое, ки ба расму оину таомули мардумй вобаста ба Наврузи куханбунёд ё худ таърихи фарханги мардум таваччухи беше доранд, маълумоти комилтар пайдо хоханд кард. Pисола барои тах;и;и му;оисавй-таърихии кешу оини мансуби чашнхои суннатии хал;у ;авмхои дигар аз манбаи мухим махсуб мешавад.

Дар заминаи мушохидахои шахсй, маводи чамъовардашуда ва маводи илмии дастрас олимони помиршинос профессор Шодихон Юсуфбеков ва номзади илмхои таърих Аловиддин Шохинбеков мачмуаи муккаммали расму ойини марбут ба Навруз дар хар ду сохили дарёи Панчро омода чоп намуданд [28].

Симои Носири Хусрави Кубодиёнй (1004-1088) хамчун Пири ^хи^тон хамоно дар миёни мардум пойдор ва мавриди эхтироми хосса мебошад. Pивоёт ва афсонахо нисбати ин шахсияти таърихй, ки уро ба як мусаввараи хаёлй табдил додаанд, то ба хол мавриди таваччух ва истеъмои мардум ;арор гирифтаанд. Инро ба инобат гирифта, Нисормамад Шакармамадов мачмуаи «Лаъли кухсор»-ро, ки аз ривоятхо ва афсонахо дар бораи Хдким Носири Хусрав иборат аст, аз чоп баровард [12]. «Лаъли кухсор» нахустин мачмуае аст, ки дар он мивдори зиёди ривоёт ва афсонахои лафзй ва хаттй дар бораи ин файласуф, адиб ва мубалдаи тавонои хикмату фарханги форсу точик фарохам омадааст. «Сарчашмаи ривоят -во;еият» [19] яке дигар мачмуахост, ки доир ба ривоятхои водии Вахон маълумоти муфассал медихад ва бо ибтикори устод фарохам оварда шуда буд.

Асари «Бадахшон дар масири тамаддуни умумибашарй» [23] бошад, мачмуаи ма;олахоеро фаро гирифтааст, ки аз нигохи мазмун ва мухтаво манти;ан дар ало;амандии хамдигар ;арор дошта, дар онхо дар бораи таърихи тах;и;и фолклори Бадахшон, хусусияти асосии он, таърихи сукунату таркиби этникии ахолй, сабабхои вучуд доштани лахчахо ва забонхои гуногуни гуфтугуй дар Kyхистони Бадахшон, дар давоми таърихи хазорсолахо дар равобити ичтимой ва и;тисодй, моддй ва маишй, фархангй ва адабй будани сокинони ин вилояти баландкух бо хал;хои дигар ва Fайра мулохизахо баён ёфтаанд.

Соли 2011 профессор Шакармамадов китоби дигари пурарзиш, вале муттассифона охиринаш -"Остонхо-осори таърих ва фарханги мардум" (Тад;и;и зиёратгоххои ^х^тони Бадахшон)-ро интишор намуд. Остонхо аз унсурхои мухими таърихй - мазхабй ва фарханги мардум буда, онхо аз як тараф, ифодагари пиндошту дарки ашёву ходисахои табиат ва

loo

№4 (6 9) НОМАИ ДОПИШИ О\ » УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ » SCIENTIFIC NOTES

фав;уттаб ий , ихло су эъти;од ва боварии мардум нисбати он ашёву ходисахо бошанд, аз чониби дигар, онхо баёнгари во;еии пахлухои гуногун ва мухталифи хаёти моддй ва ичтимой, маишй ва фархангии мардум махсуб мешаванд. Хамаи ин масъалахо мавриди бахси асари мазкур ;арор дода шудаанд.

Дар самти адабиёти ин диёр низ тад;и;отхо идома дода шуда, аз тарафи камина, хамчун корманди шуъбаи фолклор ва адабиёти Пажухишгох дар давоми солхои тулонй тарафуои мухталифи мавзуи адабиёти сохибмуаллифи Бадахшон ба риштаи тахлилу тах;и; кашида, ма;олахои зиёди илмй дар мачаллахои ватанию хоричй ба табъ расонида шуданд. Натичаи тах;и; бошад соли 1997 дар шакли рисолаи илмии "Пайдоиш ва тахаввули шеъри муаллифии Бадахшон" [17] дар заминаи намунахои гурухи забонхои шугнонй-рушонй омодаву дифоъ гардид. Бар замми ин, инчониб ашъори шугнизабони Нодир Шанбезодаро тахлил ва ба чоп хозир намудам, ки соли 1998 дар шахри Хоруг, дар матбааи "Помир" бо номи пештараш -"Гулгунча" интишор дода будам.

Яке аз самтхои тах;и;, ки мо ба он даст задем, инъикоси расму ойин ва суннату эъти;одоти мардуми точик дар намунахои назми адабиёт буд. Дар ин самт доираи тах;и;ро васеъ намуда, масъалахои номбурдаро дар назми оламшумули точик чустучу кардан гирифтем. Хулосаи ин чустучу ва тахлил рисолаи докторй буд, ки дар шакли монографияи "Рамз ва мафхуми рангхо дар назми классикии форсу точик" бо ;арори Шурои илмии табъу нашри АИ Ч,Т [14] аз чоп баромад. Солхои 2010 ва 2011 инчунин асархои дигарро бо номхои "Берангй - хосияти Офаридгор"[15] ва "Нодир Шанбезода ва адабиёти мусоири точик" [16] мунташир ва дастраси ахли илму хаводорони адаб намудем.

Аз соли 2001 то инчониб корманди шуъба, доктори илмхои филологй Давлатбеков Л. рочеъ ба «Хусусиятхои жанрй ва бадеии шоирони Бадахшон» (нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX) тад;и;от бурда истодааст. Номбурда дар ин самт ма;олоти зиёдеро ба табъ расонд ва натичаи тад;и;оташ дар шакли китоби «Хунари бадеии суханварони Бадахшон» [4] ба табъ расид. Мухтавои рисола аз вижагихои жанрии ашъори шоирони Бадахшон, умумият ва тафовути он аз ашъори шоирони доирахои маноти;и дигари форсизабонон, махорати бадеии суханварони мавриди назар иборат мебошад.

Рисолаи дигари муха;;и; бо номи "Шохфутур - адиби донишманд"[5], дар хусуси фаъолияти таърихнигорй ва эчоди осори бадеии яке аз нахустин омузгорон ва адибони давраи нави адабиёти Бадахшон - Охунд Шохфутур Мухаббатшохзода бахс мекунад. Ин рисола нахустин асари илмй-тад;и;отй дар бораи хаёт ва фаъолияти нисбатан мукаммали адиб аст ва дар он то андозае хунари эчод ва сабку услуби у низ мавриди назари муха;;и; ;арор гирифтаанд.Муха;;и; Лоло Давлатбеков фаъолияти тад;и;отиашро идома дода, рисолаи докториашро дар самти тахлили тарафхои гуногуни назми форсии точикии адабиёти Бадахшон мураттаб менамояд. Натичаи ин кушишхои муха;;и; рисолаи дигари илмй - "Рузгор ва осори шоирони Бадахшон" [6]аст. Ин рисола доир ба вазъи сиёсиву ичтимой, рузгор, осор ва вижагихои жанрй, забону услуб ва махорати суханварии шоирони нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX-и Бадахшон маълумоти пурарзиш дорад.

Рисолаи дигари илмии муаллиф бевосита ба "Фарханги дузабонаи шеъри Бадахшон" [7] ихтисос дода шудааст, ки махз аз хусуси таърих ва тахаввули шеъри ин сарзамин бо забонхои махаллй ва забони форсии точикй маълумот медихад. Дар ин рисола асосан ашъори шоирони дузабона Мулло Лочин, Адими Шугнонй ва Нодир Шанбезода ба риштаи тахлил кашиду шудааст.Чуноне ки зикр рафт, доираи тах;и;оти шуъба бо навъ жанр, мавзуъу мундаричаи фолклору адабиёти Бадахшон махдуд нест, балки кормандони он дар тамоми самтхои адабиёти точик тах;и; мебаранд. Аз чумла, ходими илмии шуъба Л.Мирзохасанов соли 2002 дар мавзуи «Тасвири табиат дар ашъори шуарои асри XI» рисолаи илмиро ба табъ расонид.

Тахти рохбарии Н. Шакармамадов корманди шуъба Таваккалов Х. соли 2006 дар мавзуи "Анъанаи мадхиясарой дар Бадахшон" рисолаи илмиро фарохам овард ва онро соли 2014 ба таври китоби алохида интишор намуд. Дар рисола нахустин маротиба суннати мадхияхонй бо тахлили намунахои мадхия - чун асари силсилавй ва аз жанрхои калонхачм дар шакли созию овозй, ки дар байни точикони Кухистони Бадахшон густариш ёфтааст, тахлилу тад;и; гардидааст. Ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ АМИТ Нуричахон Курбонхонова солхои зиёдро ба чамъоварй ва тах;и;и асотиру ривоёти гуногуни дар миёни мардум марбут ба хайвоноту парандагон гузаронида, мачмуъаи аввалинашро дар ин самт бо унвони "Асотир ва ривоятхо" [10] аз чоп баровард. Ин муаллиф асари дигари тад;и;отиашро

№4(69) 2021

• НОМАИ ДОНИШГО^ • УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ • SCIENTIFIC NOTES

тахти номи "Устураи чонварон дар фолклори Бадахшон"[11] аз чоп баровард. Мачмуъа натанхо сахифаи тозаеро дар илми фолклоршиносй боз намуд, балки барои муха;;и;они сохахои мухталифи чомеашиносй дар тад;и;и масъалахои мансуби фалсафа, антропология, этнология, мардумшиносй ва гайра мавод ва маълумоти арзишнок фарохам овард. Муаллифи мазкур инчунин дар хаммуаллифй бо профессор Н.Шакармамадов мачмуаи "Ёрномахои мардумй"-ро мураттаб намуданд ва он соли 2015 аз чоп баромад. Дар ин мачмуа рубоиёте гирд оварда шудаанд, ки онхо хасби хол, хиссу эхсосоти рангин, иш;у оши;ии аёми чавонй, муносибатхои хамачонибаи дилдодагонро дар даврахои гуногуни таърихй акс ва ифода кардаанд. Унвончуйи шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон Абдурахмон Охонниёзов пажухиши илмиро дар хусуси нишонахои анъана ва унсурхои навоварй дар эчодиёти Саид Ч,аъфар, яке аз шоирони сохибдевони асри XIX-и хавзаи адабии Шугнон, анчом дод, ки хамчун рисолаи илмй тахия ва химоя гардид. Ин рисола [13] нахустин маротиба ашъори яке аз намояндагони пеш;адами хавзахои адабии Бадахшон, ки ашъорашро бо пайравй аз шеъри классикии форсии точикй эчод намуда буд, мавриди баррасии илмй ;арор додааст.

Муха;;и;и шуъба Абдулназар Абдулназаров бошад доир ба холу ашъори Нодир Шанбезода тад;и;от бурда, рисолаашро дар шакли монография [1] аз чоп баровард. "Нодир Шанбезода ва эхёи шеъри помиризабон" [2] аз дуюмин асари тад;и;отии муаллифи мазкур мебошад, ки дар хусуси сахми Шанбезода дар эхё ва пойдор сохтани ашъори шугнонй бахс мекунад. Дар тах;и;и ин муха;;и; на;ш ва сахми Нодир Шанбезода хамчун сиёсатмадор дар дигаргунсозии хаёти даврони шуравй ва хамчун шоир дар эчоди ашъори он давр муайян гардидааст.

Ду асари навтарин, ки бо ибтикори шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АНИТ руи кор омаданд ба ;алами докторони илмхои филология Кдландариён Хоким Сафар ва Абдулназаров Абдулназар бо унвонхои "Исмаилизм и персидская таджикская литератра X - XII вв"[9] "Танаталогические мотивы в таджикской литературе конец ХХ и начало XI вв" таалу; доранд.

Дар асари аввал нахустин маротиба дар адабиёти точик масъалаи таъсири мута;обила ва баррдошти мута;обили андешахои эъти;одй ва афкори бадей мавриди тахлили жарф ;арор ёфтаанд. Асари дигар низ бори аввал ба тахлилу таъсири афкори танаталогй (марсиявй, гамангез, андешахои марг ва ходисахои мансуб ба фавт) ба андешаву тасвири нависандагон адабиёти муосири точик дахл намуда, бардоштхои мухими илмиро ба бор овард.

Корманди шуъба, номзади илмхои филология Ш.Давру;ов доир ба Усмон Мухтории Fазнавй ва ма;оми у дар адабиёти охири асри XI ва аввали асри XII таълиферо ба табъ мерасонад, ки низ аз фаъолияти нисбатан васеи илмии шуъба дарак медихад.

Хамин тари;, шуъбаи фолклор ва адабиёт чун пойдевори ИИГАМИТ баромад намуда, чахордевори Пажухишгохро дар даврони Исти;лолияти Ватан бо гиштхои илмаш боло бардошт. Тиб;и на;шаи панчсолаи илмии шуъба барои солхои 2016-2020 давом додани тад;и;оти густурда дар самти чамъоварй, тахлил ва интишори фолклору адабиёти Помир дар заминаи усулхои нави тах;и; ба назар гирифта шуда буд. Аз чумла, мураттаб сохтану ба чоп омода кардани чилдхои минбаъдаи "Фолклори Помир" ("Афсонахои сехромез") аз руи тачрибаи навтарини фолклоршиносй ва аз нигохи нави афкори илмй-эчодй идома ёфта, чанде аз масъалахои умдаи марбут ба эчодиёти бадеии шифохии ахолии гуногунзабони Бадахшон дар ;иёси фолклори хал;хои дигар ба тах;и; гирифта шуданд ва мавриди баррасй ;арор гирифтаанд. Хамзамон, бо дарназардошти он ки адабиёти точик ва адабиёти ба забонхои махаллй эчодшуди Бадахшон баёнгари бисёре аз масъалахои нокушодаи таърих, фарханг ва адаби миллати точик мебошанд, омода намудан ва интишори таърихи адабиёти точик дар Бадахшон яке аз фаъолиятхои бунёдии шуъба дар давоми солхои зикршуда махсуб меёфт. Руи кор омадани асари бисёрчилдаи "Таърихи адабиёти Бадахшон" бо дарназардошти сарчашмахо, даврахои таърихй, тафри;аи мундаричавию шаклй ва сохти композитсионй боиси комилии адабиёт ва гановати фарханги миллй мегардад. Дар мачмуъ, анчоми амалхои бана;шигирифташуда боиси тахкими хуввияти миллй ва хамгироии маънавй мегардад.

Гузориши мазкур шамае аз фаъолиятхои илмии ходимони ИИГ АНИТ аст, ки махз ба дастовардхои даврони Исти;лолияти Ватан ало;аманд мебошанд. Раванди рушди 30-солаи тах;и;ро дар ин муассисаи илмй мушохида намуда ва онро дар тарозуи имкониятхои мавчуда гузошта, бо боварии комил гуфтан метавон, ки ин махсул дар солхои минбаъда ба даххо ва садхо дастовардхои дигар ноил хохад шуд.

№4 (6 9) НОМАИ ДОНИШГОХ » УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ » SCIENTIFIC NOTES

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдулназаров, А. Жизнь и творчество Нодира Шанбезода/А.Абдулназаров.-Душанбе: Эр-граф, 2015. - 190 с.

2. Абдулназаров, А. Нодир Шанбезода ва эхёи шеъри помиризабон/А.Абдулназаров.-Душанбе: Эр-граф, 2017. - 190 с.

3. Афсонахои хаётй-маишии мардуми Бадахшон. Бо му;аддима, тавзехот ва луготи Г.Ризвоншоева. - Душанбе, 2012. - 220 c.

4. Давлатбеков, Л. Хунари бадеии суханварони Бадахшон /Л. Давлатбеков. - Душанбе: Нодир, 2004. - 116 с.

5. Давлатбеков, Л. Шохфутур - адиби донишманд / Л. Давлатбеков. - Душанбе: Матбааи Донишгохи славянии Россия ва Точикистон, 2012. - 172 с.

6. Давлатбеков, Л. Рузгор ва осори шоирони Бадахшон / Л. Давлатбеков. - Душанбе: Эр-граф, 2014. - 179 с.

7. Давлатбеков Л. Фарханги дузабонаи шеъри Бадахшон /Л. Давлатбеков. - Душанбе: Эр-граф, 2018. - 286 с.

8. Давру;ов, Ш. Усмон Мухтории Fазнавй ва ма;оми у дар адабиёти охири асри XI ва аввали асри XII / Ш. Давру;ов. -Душанбе: Ирфон, 2017. - 230 с.

9. Каландаров, Х.С. Исмаилизм и персидско-таджикская литература X-XII вв (к проблеме взаимодействия религиозного и художественного мышления) / Х.С. Каландаров. - Душанбе: Сифат-Офсет, 2021. - 460 с.

10Дурбонхонова, Н.М. Асотир ва ривоятхо (дар бораи хайвоноту парандагон) / Н.М. Курбонхонова. - Душанбе: Нодир, 2003. - 93 с.

11.Курбонхонова, Н.М. Устураи чонварон дар фолклори Бадахшон / Н.М. Курбонхонова. -Душанбе: Дониш, 2015. - 145 с.

12.Лаъли кухсор. Ривоятхо дар бораи Хаким Носири Хусрав. Мураттибон Н.Шакармамадов ва Н. Ч,онбобоев. - Душанбе: Маърифат, 2003. - 86 с.

13.Охониёзов, А.Д. Элементы традиции и творческих новшеств в поэзии Саид Джафар, канд.дисс / А.Д. Охониёзов. - Душанбе, 2017. - 173 с.

14.Охониёзов, В.Д. Мафхум ва рамзи рангхо дар назми классикии форсу точик / В. Д. Охониёзов. - Душанбе: Дониш, 2010. - 243 с.

15.Охониёзов, В.Д. Берангй хосияти Офаридгор (мачмуаи ма;олахо) / В.Д. Охониёзов. -Душанбе: Контраст, 2010. - 193 с.

16.Охониёзов, В.Д. Нодир Шанбезода ва адабиёти муосири точик / В.Д. Охониёзов. - Душанбе: матбааи Донишгохи славянии Точикистон, 2012. - 185 с.

17.Охонниёзов, В.Д. Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифй ба забонхои помирй / В.Д. Охонниёзов. - Душанбе: Эр граф, 2017. - 330 с.

18.Ризвоншоева, Г.Н. Афсонахои сехромези Бадахшон / Г. Н. Ризвоншоева. - Душанбе: Дониш, 2011. - 256 с.

19.Сарчашмаи ривоят -во;еият (ривоятхои Вахон). Мусанниф ва мураттиб Н. Шакармамадов. -Хоруг, 2007. - 39 с.

20.Сурудхои туии Помир. Муаллифи му;аддима ва гирдоваранда Н. Шакармамадов. - Помир, 1992. - 73 с.

21.Фолклори мардуми Помир. Мухаррирони масъул Д. Карашоев, Х.Шоди;улов. - Душанбе: Дониш. - 1992. - Ч,илди 1. - 357 с.

22.Фолклори Помир. Асотир, ривоят ва на;лхо. Мухаррирони масъул Х.Додихудоев, А.Каримова. Мураттиб ва муаллифи му;аддима, тавзехот Н.Шакармамадов. - Душанбе: Империал-групп. - 2005. Ч,илди 2. - 432 с.

23.Шакарамамадов, Н. Бадахшон дар масири тамаддуни умумибашарй / Н. Шакармамадов. -Душанбе: Дониш, 2007. - 164 с.

24.Шакармамадов, Н. Даргилик - жанри махсуси фолклор / Н. Шакармамадов. - Душанбе: Дониш, 1992. - 214 с.

25.Шакармамадов, Н. Остонхо - осори таърих ва фарханги мардум (Тад;и;и зиёратгоххои Кухистони Бадахшон) / Н. Шакармамадов. - Хоруг: Логос. - 2010. - 244 с.

26.Шакармамадов,Н.Оинхои наврузй дар Бадахшон/Н.Шакармамадов.- Душанбе, 2012. - 100 с.

27.Шакармамадов, Н.Наврузи Бадахшон / Н. Шакармамадов, О. Шакармамадов. - Хоруг: Маърифат, 2003. - 41 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.