Научная статья на тему 'СЕССИЯ СПАСШАЯ НАЦИЮ И УКРЕПИВШАЯ ЗНАЧЕНИЕ ГОСУДАРСТВЕННОГО ЯЗЫКА'

СЕССИЯ СПАСШАЯ НАЦИЮ И УКРЕПИВШАЯ ЗНАЧЕНИЕ ГОСУДАРСТВЕННОГО ЯЗЫКА Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
53
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ДВОРЕЦ АРБОБ / ВЕРХОВНЫЙ СОВЕТ / ДЕНЬ ЯЗЫКА / ТАДЖИКСКОГО ЯЗЫКА / РОЛ ЯЗЫКА / РАЗВИТИЕ / НАЦИОНАЛЬНАЯ КУЛЬТУРА / НАЦИОНАЛЬНАЯ САМОПОЗНАНИЯ / МИРА И СОГЛАСИЕ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Собирджонов Солехджон

В статье иследуютсия роль 16-ой Сессии Верховного Совета в далнейшем развитии государственного языка в Таджикистане. Подробно освещается вклад Основателя мира и национального единства - Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона в достижении мира, поднятии самосознания нации, воспитание молодёжи.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SESSION SAVING THE NATION AND STRENGTHENING THE IMPORTANCE OF THE STATE LANGUAGE

The article examines the role of the 16th Session of the Supreme Council in the further development of the state language in Tajikistan. The contribution of the Founder of Peace and National Unity - the Leader of the Nation, respected Emomali Rahmon, in achieving peace, raising the self-consciousness of the nation, educating youth is highlighted in detail

Текст научной работы на тему «СЕССИЯ СПАСШАЯ НАЦИЮ И УКРЕПИВШАЯ ЗНАЧЕНИЕ ГОСУДАРСТВЕННОГО ЯЗЫКА»

This article devoted to analyze of the problems of development of the ceramics production in Tajikistan, artistic and industrial ceramics of 20-40-s of the 20th century in Tajikistan.

Key words: Tajikistan, historical period folk artists, ceramic production, cooperative, handicraft, alliance, ceramic centers.

ИЧЛОСИЯИ НАЧОТБАХШИ МИЛЛАТ ВА ТА^КИМБАХШИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ЧУМ^УРИИ ТОЧИКИСТОН

Солехчон СОБИРЧОНОВ,

номзади илмхои филология, дотсенти кафедраи забони точикии Донишкадаи молия ва иктисоди Точикистон Телефон: 907907003

«Ма%з ба шарофати хираду заковати азали, дурандеши, сабру та%аммул ва цав^ари созандаи миллати тоцик Ицлосияи шонзда%уми Шурои Олии Чум^урии Тоцикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоцикон %амчун огози воцеии раванди сул% ва э%ёи рукн%ои давлатдории милли ма%суб мешавад».

Эмомалй РА^МОН

Дар сарнавишту таърихи миллату халки чумхурии мо Ичлосияи 16-уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон хамчун як неруи начотбахш, хаётбахш накшу макоми бузурги таърихй дорад. Ичлосияи таърихии такдирсоз дар вазъияти хеле душвори Ч,умхурии Точикистон баргузор гардид. Агар мо он рузхоро ба ёд орем, дар назари мо сахнахои нохушу дахшатнок: бародаркушй, сухтани хонахою чойхои обод, гурезо-гурез ва мухочирати мардум, тахдиди марг ва ноумедй аз хаёт намоён мегардид. Дар ин вазъияти душвор чамъ гардидани вакилони халк дар Кдсри Арбоби шахри бостонии Хучанд ва якдилона баровардани карорхои одилона, далели часорату хиссиёти баланди ватандустй доштану дилсузу гамхори халку ватани хеш будани онхо буд.

Мардуми чумхурй тавассути оинаи нилгун чараёни Ичлосияи 16-уми Шурои Олии Чумхурии Точикистонро дидаю шунида, интизори сарваре буд, ки оташи чанги бародаркушию хонумонсузро хомуш намуда, сулху оштиро барпо намояд. Хушбахтона, орзуи мардуми ташналаби сулху оштии чумхурй чомаи амал пушид. Файзу баракати аввалиндарачаи ичлосия хамин буд, ки дар шахси Эмомалй Рахмон рохбари бошучоату бочасорат, бохираду ватандуст ва созандаю бунёдкорро руйи сахнаи сиёсат овард, ки мамлакатро дар як муддати кутох аз вазъияти халокатовару дахшатнок берун намуда, ба холати осудагию оромй оварда расонд.

Дар он вакт вакилон масъулияти бузургро дар назди таърих, халку Ватан ва чомеаи чахонй ба душ гирифта, рохбарияти нави Шурои Олиро тахти сарварии Эмомалй Рахмон интихоб намуданд ва самти фаъолияту тараккиёти чумхуриро муайян карданд [11,9].

Халки Точикистон дар мархилаи наву такдирсоз симои рохбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халк баромада ва барои халк дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба душ гирифта метавонад. Эмомалй Рахмон хамчун вакили халк, ки дар байни зиёда аз дах номзад интихоб гардида буд, бо дилу нияти пок, бо хисси баланди ватандустона, бо самимияту садокати беандоза нисбат ба халки худ ба фаъолият шуруъ намуд. У савганд ёд намуда гуфт: «Ман кори худро аз сулх cap хохам кард ... Ман тарафдори давлати демократй,дунявй ва хукукбунёд мебошам. Мо хама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем ва сулху вахдатро баркарор намоем...» Ин садокату самимиятро дар чараёни хидматхояш дар назди халку Ватан Эмомалй Рахмон бараъло собит намуд ва намуда истодааст [11,11].

Аз нигохи имрузаву оянда бо ифтихор бояд таъкид намоем, ки суханронихо ва фаъолияти амалии Эмомалй Рахмон дар ин ичлосия ба калби мардуми кишвар рох ёфта, яке аз асосхои боварии халк гардид. Эмомалй Рахмон хамчун Раиси Шурои Олии ^умхурии Точикистон ва хамзамон сарвари давлат барномаи мукаммали аз бухрони сиёсй, иктисодй, фархангй ва маънавй баровардани кишварро ба миён гузошт.

Сулхи Точикистон ба тамоми маънй ба фаъолияти сиёсии Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон вобастагии кавй дорад. Хднуз дар Ичлосияи 16-уми Шурои Олии ^умхурии Точикистон дар Хучанд у бо катъият изхор намуда буд: «Ман касам ёд мекунам, ки тамоми донишу тачрибаамро барои дар хар хона ва хар оила баркарор шудани сулху оштй равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садокатмандона мехнат мекунам» [11,21].

Сарвари хирадманди давлат-Эмомалй Рахмон ба фарханги сулх майлу таваччухи худро афзуд ва пандхои зерини бузургони миллати хешро ба эътибор гирифт:

Чу аз оштй шодй ояд ба чанг, Хирадманд харгиз накушад ба чанг.

(Абушакури Балхй) Ба пеши бародар бародар ба чанг, Наёяд, агар бошадаш ному нанг.

(Абулкосим Фирдавсй) Сулх дар хама дунё лашкар дорад, Чднг ба хама дунё хатар дорад.

(Абулкосим Лохутй)

Сарвари хирадманд, Асосгузори сулху вахдати-миллй, Пешвои миллат Эмомалй Рахмон бо максади пойдору устувор намудани сулху оштй ва вахдати миллй ба тамоми рукнхои фарханги сулху вахдат:

худшиносии миллй, ватанпарастй, инкишофи забон ахамияти чиддй дод ва дар хар вохурию суханронихои хеш мардуми мамлакатро ба омузиши фарханги сулху вахдат хидоят намуда, дастурхои мушаххас доданд.

Накши забон тибки андешахои бузургон дар таърихи чамъияти инсонй чун ходисаи чамъиятй ва воситаи мухимтарини алока байни фардхои чомеа, чун омили таккондиханда дар пешравию ободии чомеа нихоят бузург аст. Бехуда нест, ки бузургони ахли илму адаб хамин чихатхои тавоноию пуркудратии забонро тавсифу таъкид намудаанд:

Бувад тобиши моху мехр аз сухан, Бувад гардиши нух сипехр аз сухан.

(Абдурахмони Ч,омй) Сухани хуш хаёту чону тан аст, Дили Исо гувохи ин сухан аст.

(Бадриддин Хилолй)

Академик Бобочон Рафуров низ дар ин бобат таъкиди чолиб намудааст:«Забон лашкари бузург мебошад. Ралабахои калонтарини дунё бо кувваи забон ба даст омадаанд».

Ба кавли олимони забоншинос шодравон М.Фозилов ва X. Хусейнов: «Бе забон дар амалиёти истехсолии чамъият муваффакият ба даст овардан мумкин нест» [9,232].

Халки точик забони худро бенихоят дуст дошта, бахри хифзи он корнамоихои зиёде анчом додааст.Ба ин маънй Бозор Собир дар шеъри худ «Забони модарй» чунин гуфтааст:

... Аз сари сад минбар афтоданд нозирхои у, То наафтанд аз забони хештан. Дар сари сад дор чон доданд шоирхои у То наафтад дар замин кадри сухан...

Дар хакикат, дар нигох доштани забони миллии мо-забони шевою гуворо ва ноби форсй-точикй чонбозихои беандозаю талошхои шучоатмандонаи устод Садриддин Айнй фаромушношуданист ва шоистаи хазорхо тахсинанд.

Файзи начотбахшу хаётбахши ичлосияи мазкур буд, ки ба сари давлати точикон сарвареро овард, ки у на танхо пушту панохи халку давлати точик, балки мухофизатгари макоми давлатии забони точикй гардид.Зеро дар хамон давра чанде аз маъмурону шахсиятхо ба мукобили «Крнуни забон» ва макоми давлатй гирифтани забон баромада мегуфтанд, ки сабаби асосии аз чумхурии мо рафтани мутахассисони хуб кабули хамин конун ва макоми давлатй гирифтани он мебошад.

Президенти кишвар бо дарназардошти вазифаи чамъиятии забон хамчун омили пешбарандаи чамъият, рукни асосии вахдати миллй, баъзе чихатхои костагии забони адабии имруза, дарачаи омузишу таълими он, тозагию инкишофи забон, омузиши забонхо ва таълими онхо диккати чиддй дода, барои рушди забони миллй ва баланд бардоштани сатхи забондонии мардуми точик саъйю кушишхо намуда, чорахои зарурй

андешидаанд. Далели ин гуфтахо сиëсати давлат даp самти баланд баpдоштани макоми давлатии забони миллй, тачлили хамасолаи «Рузи забон», амалй намyдани тадбиpхои зиëд оид ба татбики Конуни забон, вyсъати бештаp пайдо каpдани доиpаи нуфузи забони давлатй, андешахои хиpадмандонаи саpваpи давлат оид ба масъалахои инкишофи забони давлатй даp вохypихо бо зиëиëн, даp чашнвоpахо ва даp асаpy китобхояшон мебошад. (2,3,4,5,6,7,8)

Яке аз чунин ифодаи Fамхоpй ва хусни таваччухи беандозаи саpваpи давлат, Фаpмони Пpезиденти чyмхypй аз 26-уми июли соли 2007 даp бобати бyзypгдошти забон ва эълон намудани Соли забони точикй ва ба тасвиб pасидани Kаpоpи Хукумати ^yмхypии Точикистон аз 13 сентябpи соли 2007 даp хусуси тасдики Накшаи чоpабинихои Хукумат даp ин замина мебошад [10,7].

Асосгyзоpи сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Пpезиденти ^yмхypии Точикистон, мyхтаpам Эмомалй Рахмон кyдpатмандию тавоноии забонpо чун омили пешбаpандаи чомеа даpк намуда, даp сyханpонии худ pyзи 22-юми июли соли 1996 даp тачлили Рузи забон гуфта буданд: «Забон pyкни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат сохиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии pyшдy камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат даp панохи якдигаpанд» [5,492].

Пpезиденти кишваp даp Паëми табpикотии хеш ба муносибати шонздахумин солгаpди Рузи забон 22-юми июли соли 2005 волоияти макоми забон ва поку бегазанд нигох доштани онpо аз далелхои ифтихоpи миллй ва Ватану ватандоpй дониста, забони точикиpо аз олитаpин мукаддасоти миллй эълон доштааст, ки ин волотаpин аpчгyзоpй ба забони модаpй ва миллат аст [2,5].

Даp сyханpонй ба муносибати бистумин солгаpди Рузи забон-22-юми июли соли 2008 Пpезиденти кишваp забонpо «нишонаи асосй ва муайянкунандаи асолату хувияти миллат» номида, таъкид фаpмyдаанд, ки «Забони мо баëнгаpи саpнавишти мо, мояи ифтихоpy саpфаpозй ва пойдевоpи вахдати човидонаи миллати мост» [2,5-6].

Тадбиpи бисëp мухимми дигаp даp татбики сиëсати давлатй даp сохаи забон, ки даp сyханpонии Асосгyзоpи сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Пpезиденти ^yмхypии Точикистон Эмомалй Рахмон ба муносибати Рузи забон (5-уми октябpи соли 2010) таъкид мешавад, ин тахияи «Баpномаи стpатегияи pyшди забони давлатй» буда, ки он даp пояи илмй бо даpназаpдошти дypнамои pyшди забон ва мyкаppаpоти меъëpхои он тахия мегаpдад. Саpваpи давлат даp амалй намудани хадафхои ин Баpнома нахуст pиояи мyкаppаpоти Конуни ^yмхypии Точикистонpо амpи вокей медонанд. Тахия ва пешниходи ин баpнома баpои солхои 2012-2G16 дар татбики с^сати давлатй даp боpаи забон ва дypнамои pyшди забони давлатй даp кишваp накши мухим мебозад. Ин Баpнома дypнамои pyшди забонpо даp хама бахшхои он таъмин намуда, меъëpхои забонpо баp асоси суннати хаттии гузашта, даp колабхои аз нигохи саpфy нахв ва вожасозии yстyвоpи классикй ташхис менамояд. Даp иpтибот ба ин мавзуъ бояд аз

андешаи 6^ëp аpзишманди Пpезиденти мyхтаpами кишваp Эмомалй Рахмон ëдoваp шуд, ки он чунин аст: «Акнун замоне фаpo pасидааст, ки маpдyмpo бештаp бо намунахои бехтаpини oсop ва забони ноби точикй ошно созем, асолати забoнpo баpoи вopисoни он, бахусус насли чавон бозгу намоем ва забони асили адабиpo, ки замоне бо хадафхои Fаpазнoк хамчун забони кухна маълум гаpдида буд, ба малому маpтабаи пешини он боз гаpдoнем. Ин забон, ки даp замони давлатдopии точикон-давлати Сомон^н даp маснади забони давлатй K^pop дошт, даp асpхoи минбаъда низ нуфузи хyдpo хамчун забони pасмй нигох доштааст».

Хушбахтона, имpyзхo ба шаpoфати истиклолият, каpopхoи одилонаи Ичлосияи 16-уми Шypoи Олии ^yмхypии Точикистон, саъйю кушишхои фидoкopoнаю кахpамoнoнаи Пpезиденти кишваp Эмомалй Рахмон миллати точик хам сохиби давлат гаpдид ва хам забони точикй боз дap хамон макоми олй каpop гиpифт.

Бо даpназаpдoшти эхтиpoмy самимият ва садокату аpчгyзopии саpваpи давлат Эмомалй Рахмон нисбат ба забон, академики шoдpавoн Мухаммадчон Шакypй дap бобати Fамхopихoи доимии саpваpи давлат нисбат ба забони мoдаpй чунин бахо додааст: «Чдноби Олй ба вежа даp бopаи забони мoдаpй ва азиздошти он суханхое гуфтаанд, ки банда даp ин yмpи даpoзам аз хеч як саpваpи Точикистон нашунидаам... Агаp саpваpи кишваp нисбат ба забон ва фаpханг ба чунин хакшиносй сиëсат пеш бигиpад, шак нест, ки аз халли дyшвopтаpин масъалахои pyшди чомеаи нави точикон умед метавон каpд» [1,142-143].

Вокеан хам Асoсгyзopи сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Пpезиденти ^yмхypии Точикистон, ^аноби Олй, Эмомалй Рахмон сухандону сyханваpy суханшинос хастанд. Махз ба сабаби сухандониашон ба сухан ва забон эхтиpoмy аpчгyзopии беандоза дopанд. Сухани хаp як гуяндаю мypoчиаткyнандаpo эхтиpoмoна гуш каpда, максади мyтакаллимpo хамоно даpк намуда, чавоби конеъшаванда медиханд. Сyханваpии басо намунавии Пешвои миллат даp он зoхиp мегаpдад, ки хангоми сyханpoнй ба сабаби ба куллй pиoя намудани меъëpхoи талаффуз, оханги гyфтopи хушнаво, таpзи баëни эшон басо ба гуш фopамy дилнишин аст. Далели суханшиносиашон эpoд гиpифтани баъзе нуксонхо ва нишон додани чихатхои бехбудии забон аст. Далели дигаpи суханшиносию аpчгyзopй ба забон доштанашон китоби чанд муддат пеш аз таpики нашpиëти "Эp-гpаф" банашppасидаи эшон "Забони миллат-хастии миллат" мебошад, ки аз чониби забоншиносон хеле хуб пазиpyфта шуд.

Аз чумла, забоншиноси мумтоз, дoктopи илмхои филологй, пpoфессop Абдучамол Хдсанов даp такpизи худ «Пажухиши судманд пеpoмyни таъpихи давлат ва забони миллат» (Адабдат ва санъат, 11-уми майи соли 2017) мазмуну мухтавои китoбpo баppасй намуда, даp хулоса чунин таъкид менамояд: «Хдмин тавp, "Забони миллат-хастии миллат" даp заминаи зиëди аз чахopсад манобеву oсopи тахкикии ба забонхои мухталифи чахон интишopëфта таълиф гаpдида, таъpихи беш аз шашхазopсoлаи забони мoдаpиямoнpo ба тавpи ахсант инъикос намyдааст»[Адабиëт ва санъат, 11-уми майи соли 2017].

Махз ба туфайли хидоятхою сиёсати окилонаю гамхоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар мухтарам Эмомалй Рахмон забон дар панохи давлат гирифта шуд ва рушду шукуфоии он бехтару хубтар гардид.

Аз ин ру, файзи фарахбахшу начотбахши Ичлосияи 16-ум ва хираду химмати баланди Пешвои миллат, Президенти азизу мухтарами кишвари мо-Эмомалй Рахмон дар начотёбии миллату давлати точикон ва шукуфоии забони он чун неруи бузурги хаётбахш дар дилу дидаи тамоми мардуми точик накши худро абадан бокй хохад монд.

АДАБИЁТ

1.Мухаммадчони Шакурии Бухорой. Инсонгароии омузиш ва забони миллй. - Душанбе ,2002,

2.Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ва сиёсати давлатй дар бораи забон. - Душанбе, 2011,-212 сах.

3.Рахмонов Э.Ш. Точикон дар оинаи таърих. - Душанбе, 1996

4.Рахмонов Э.Ш. Точикистон: дар рохи демократия ва чомеаи мутамаддин. - Душанбе: Ирфон, 1996

5.Рахмонов Эмомалй. Истиклолияти Точикистон ва эхёи миллат. Ч,илди 1,2. - Душанбе: Ирфон, 2002

6.Эмомалй Рахмонов. Фарханг хастии миллат аст. Суханронии Президенти Ч,Т дар мулокот бо зиёиёни мамлакат аз 20 марти 2001, дар кит.: Забон ва истиклол (Мачмуаи маколахо) - Душанбе ,2001. С. 310

7. Эмомалй Рахмон. Забони миллй-рукни асосии давлатдорй. Нашрияи «Омузгор», 21 июли 2007, С. 1-3

8.Эмомалй Рахмон. Ба забони модарй чун ба модар арч гузорем. Суханронии Президенти ^Т ба муносибати Рузи забон шахри Душанбе, 22 июли соли 2008, «Ч,умхурият», 24 июли соли 2008 9.Собирчонов С. Нерубахши пойдории макоми давлатии забони миллй ва рушди он. Дар кит.: «Материалы международной научно-практической конференции «Рудаки и становление таджикского литературного языка» посвященной 1150-летию Рудаки и году таджикского языка» - Душанбе, РТСУ, 2008, С. 232-242 10.Ч,ураев Р. Масъалахои рушди забон аз нигохи Президент. -Душанбе , « Шарки озод», 2009

11.Шарифов А. Президенти мо-Эмомалй Рахмон. - Душанбе, 2006, -192 сах.

Дар маколаи мазкур муаллиф кушидааст, ки накши Ичлосияи такдирсозро дар рушду такомули забони модарй муфассал баён намояд. У бо мисолхои мушаххас сахми Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмонро дар рохи расидан ба сулху вахдати миллй, худшиносии миллат, механпарастй, арч гузоштан ба фарханги куханбунёд, инкишофи забони модарй, додани макоми давлатиро ба забони точикй махсус зикр намуда,

эътироф кардааст, ки вокеан Президенти мамлакатамон Эмомалй Рахмон пуштибони забону фарханги миллат махсуб меёбад.

Калидвожахо: Касри Арбоб, Шурои Оли, Рузи забон, забони модари, нацши забон, %астии миллат, рушду такомул, забони ноби тоцикй, фар%анги милли, худшиносии милли, сул%у ва%дат.

СЕССИЯ СПАСШАЯ НАЦИЮ И УКРЕПИВШАЯ ЗНАЧЕНИЕ ГОСУДАРСТВЕННОГО ЯЗЫКА

Солехджон СОБИРДЖОНОВ,

кандидат филологических наук, дотсент кафедры таджикского языка Институт финанса и экономики Таджикистана

В статье иследуютсия роль 16-ой Сессии Верховного Совета в далнейшем развитии государственного языка в Таджикистане. Подробно освещается вклад Основателя мира и национального единства - Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона в достижении мира, поднятии самосознания нации, воспитание молодёжи.

Ключевые слова: Дворец Арбоб, Верховный Совет, День языка, таджикского языка, рол языка, развитие, национальная культура, национальная самопознания,мира и согласие.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.