Научная статья на тему 'РУШДИ ЗЕРНИЗОМИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР'

РУШДИ ЗЕРНИЗОМИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
инноватсия / низоми инноватсионии миллӣ / низоми инноватсионии минтақавӣ / зернизоми инноватсионии минтақавӣ / фаъолияти инноватсионӣ / интиқоли технологияҳо / технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ / innovation / national innovative system / regional innovative system / regional innovative subsystem / innovation activity / technology transformation / information and communication technologies

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович, Турсунова Сарвархон Субҳоновна

Равишҳои назариявӣ барои муайян намудани мафҳумҳои инноватсия, низоми инноватсионии миллӣ, низоми инноватсионии минтақавӣ ва зернизоми инноватсионии минтақавӣ таҳқиқ шудааст. Қайд гардидааст, ки ташаккули инфрасохтори зернизоми инноватсионии минтақавӣ ба рушди самараноки фаъолияти инноватсионии кишвар ва таъмини иттилооти коммуникатмионии он мусоидат мекунад. Самтҳое, ки ба рушди зернизоми инноватсионии минтақавӣ мусоидат мекунанд, муайян шудаанд. Унсурҳои асосии зернизоми инноватсионии минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE DEVELOPMENT OF REGIONAL INNOVATION SUBSYSTEM IN MODERN CONDITIONS

The article examines theoretical approaches to defining the concepts of “innovation”, “national innovation system”, “regional innovation system” and “regional innovation subsystem”. It is noted that the formation of the infrastructure of the regional innovation subsystem contributes to the effective development of innovation and information and communication activities of the country. The directions contributing to the development of the regional innovation subsystem have been identified. The main elements of the regional innovation subsystem are considered.

Текст научной работы на тему «РУШДИ ЗЕРНИЗОМИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР»

УДК 332

DOI 10.24412/3005-8023-2024-2-91-98

Бобоцонов Даврон Дадоцонович, д.и.и., профессор, муовини ректор оид ба робитацои байналмилалии ДДХБСТ; Турсунова Сарвархон Суб^оновна,

унвонцуи кафедраи ицтисодиёти корхонацо ва минтацаи ДДХБСТ (Хуцанд, Тоцикистон)

Бободжонов Даврон Дадоджонович, д-р экон. наук, профессор, проректор по международным связям ТГУПБП; Турсунова Сарвархон Субхоновна,

соискатель кафедры экономика предприятий и региона ТГУПБП (Худжанд, Таджикистан)

Bobojonov Davron Dadojonovich, doctor of economy, full professor, vice-president on international relationship under TSULBP; Tursunova Sarvarkhon Subhonovna, applicant for getting degree of economy of enterprise and regions department under TSULBP (Khujand, Tajikistan) e-mail: bobojonovd@rambler.ru

Равишцои назарияви барои муайян намудани мафцумцои инноватсия, низоми инноватсионии милли, низоми инноватсионии минтацави ва зернизоми инноватсионии минтацави тацциц шудааст. Цайд гардидааст, ки ташаккули инфрасохтори зернизоми инноватсионии минтацави ба рушди самараноки фаъолияти инноватсионии кишвар ва таъмини иттилооти коммуникатмионии он мусоидат мекунад. Самтцое, ки ба рушди зернизоми инноватсионии минтацави мусоидат мекунанд, муайян шудаанд. Унсурцои асосии зернизоми инноватсионии минтацави мавриди барраси царор гирифтаанд.

Калидвожа^о: инноватсия, низоми инноватсионии милли, низоми инноватсионии минтацави, зернизоми инноватсионии минтацави, фаъолияти инноватсиони, интицоли технологияцо, технологиями иттилооти-коммуникатсиони

Исследованы теоретические подходы к определению понятий «инновация», «национальная инновационная система», «региональная инновационная система» и «региональная инновационная подсистема». Отмечено, что формирование инфраструктуры региональной инновационной подсистемы способствует эффективному развитию инновационной и информационно-коммуникационной деятельности страны. Определены направления, способствующие развитию региональной инновационной подсистемы. Рассмотрены основные элементы региональной инновационной подсистемы.

Ключевые слова: инновация, национальная инновационная система, региональная инновационная система, региональная инновационная подсистема, инновационная деятельность, передача технологий, информационно-коммуникационные технологии

The article examines theoretical approaches to defining the concepts of "innovation ", "national innovation system ", "regional innovation system " and "regional innovation subsystem ". It is noted that the formation of the infrastructure of the regional innovation subsystem contributes to the effective development of innovation and information and communication activities of the country. The directions contributing to the development of the regional innovation subsystem have been identified. The main elements of the regional innovation subsystem are considered.

РУШДИ ЗЕРНИЗОМИ ИННОВА ТСИОНИИ МИНТАКАВЙ ДАР ШАРОИТИ

МУОСИР

РАЗВИТИЕ РЕГИОНАЛЬНОЙ ИННОВАЦИОННОЙ ПОДСИСТЕМЫ В СОВРЕМЕННЫХ УСЛОВИЯХ

THE DEVELOPMENT OF REGIONAL INNOVATION SUBSYSTEM IN MODERN CONDITIONS

Key- words: innovation, national innovative system, regional innovative system, regional innovative subsystem, innovation activity, technology transformation, information and communication technologies

Дар шароити гузариши Чумхурии Точикистон аз щтисодиёти аграрй-саноатй ба саноатй-аграрй талабот ба фаъолгардии равандхои тахаввулоти ра^амии низомхои ичтимой-щтисодй пайдо гардид, ки он барои рушди босубот ва фаъолияти босамари низоми инноватсионии миллй ва зернизомхои минта^авии он, ки ба низоми хочагидории муосир мутобщ аст, имконият медихад. Рушди босуръати технологиями иттилоотй-коммуникатсионй дар хочагии чахонй ва иштироки фаъолонаи давлат дар чорй намудани технологиями ра^амй дар сохахои мухталифи хочагии хал^ дар назди субъектони низоми инноватсионй вазифахои нав мегузорад. Х^алли ин вазифахо дар мутобщшавй ва тахаввулоти фаъолияти инноватсионй нисбат ба чараёнгирии шаклхои нави равандхои и^тисодй ва баланд шудани на^ши зернизомхои инноватсионии минта^а тачассум мегардад. Дар навбати худ, ин холат дар минта^аи муайян (худуд, давлат) бо дарназардошти ба даст овардани самараи и^тисодй ва ичтимой имконияти рушди босуботро ба миён меорад. Имрузхо инноватсия ба тамоми сохахои и^тисодиёти муосир ворид гардидааст. Ва он, дар навбати худ, на танхо хусусияти инкишофёбии и^тисодиёт ва дарачаи рушди и^тисодиро муайян мекунад, балки ба афзоиши ра^обатнокии субъектони хочагидор, гузариши кишвар ба сатхи баланди рушди и^тисодй мусоидат менамояд.

Мафхуми «инноватсия»-ро соли 1911 олими маъруф Йозеф Шумпетер дар асари худ «Назарияи инкишофёбии и^гисодй» ба доираи илмй ворид карда буд. Вай дар бораи равандхои инноватсионй хамчун комбинатсияхои наве навиштааст, ки он дар натичаи азнавташкилдихии истехсолот бо рохи истифодаи техникаи нав, пайдоиши ашёи хоми нав, ба рох мондани истехсоли махсулоти нав, ба вучуд омадани бозорхои нав ташаккул меёбад.

Мувофи^и таърифи классикии Лундвалл ва Нелсон, инноватсия як раванди мураккабест, ки иштирокдорони гуногун, аз забили ширкатхо, истехсолкунандагони донишхои нав, марказхои технологй, марказхои тахлилиро, ки робитахои байнихамдигарии сершумор ба хам пайвастанд, муттахид мекунад ва ба ин васила низоми инноватсиониро ба вучуд меорад [14, с. 23].

Сиёсати давлатии ба инноватсия мехвар ба таъсиси чойхои кории сердаромад мусоидат намуда, барои диверсификатсияи и^тисодиёт замина фарохам меорад [9, с. 92]. Дар ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионй» аз 16 апрели соли 2012, № 822, истилохи «инноватсия» хамчун «навоварй дар сохаи техника, технология, кор, хизматрасонй ё идоракунй буда, ба истифодаи комёбихои илм ва технологияи пеш^адаме асос ёфтааст, ки самаранокии баланди истехсолй ва чамъиятй дорад», муайян карда шудааст [1].

Имрузхо бо истифода аз ра^амикунонй инкишофи мутаносиби минта^аро тавассути рушди устувори равандхои инноватсионй ва воридшавии ами^и технологияхои ра^амй ба тамоми намудхои фаъолияти и^тисодй таъмин кардан мумкин аст. Ра^амикунонй чун як раванди муосир дар рушди минта^а на танхо насби тачхизоти технологияи баланддошта ва чорй намудани мачмуи барномахо, балки ворид намудани тагйироти куллй дар раванди истехсоли молу хизматрасониро пешбинй мекунад.

Рохи инноватсиониро, ки Чумхурии Точикистон ба он кушиш мекунад, бе шиддатнокгардонии фаъолияти инноватсионй тасаввур кардан гайриимкон аст. Фаъолияти инноватсиониро танхо тавассути ташаккули низоми инноватсионии ра^обатпазири миллй ва зернизомхои инноватсионии минта^авй суръат бахшидан мумкин аст.

Дар тад^и^оти олимони хоричй низоми инноватсионй хамчун раванде, баррасй карда

мешавад, ки дар низоми муносибатхои байни ширкатхо ва ташкилотхои тавлидкунанда ва пахнкунандаи донишхо (масалан, донишгоххо, ташкилотхои тад^и^отй, ширкатхои интщоли технология ва гайра) инчунин, дар мухити муайяни татбщкунии инноватсияхо иштирок мекунад. Ба фикри аксари тад^и^одчиён, мафхумхои низом ва раванд айният надоранд. Раванд ин чараён ё харакати ин ё он падидахо, ё ин ки мачмуи амалхои пайдарпайест, ки барои ба даст овардани натичаи мушаххас нигаронида шудаанд [6, с. 119]. Низом дар хама лугатхо, умуман, як намуди объекти интегралиро ифода мекунад, ки аз ^исмхои муайян иборат аст. Чизи дигар ин аст, ки тамоми ^исмхои низом барои ноил шудан ба хадафи мушаххас бо хамдигар хамкорй мекунанд. Храмин тари^, мо метавонем бигуем, ки унсурхои низом дар як раванди муайян ^арор доранд.

Барои ани^ кардани зернизоми инноватсионии минта^авй мохияти категорияи «зернизом»-ро фахмидан лозим аст. Агар низом - объект ё раванде, ки дар он унсурхо-иштироккунандагон бо робита ва муносибатхои муайян пайваст бошад, пас, зернизом ин як ^исми низом бо баъзе робитахо ва муносибатхо мебошад. Хар як низом аз зернизомхо иборат аст ва зернизоми хама гуна низомро метавон хамчун низом баррасй кард [15]. Зернизом як мухити кории алохида ва пешакй муайяншуда мебошад, ки тавассути он низом та^симоти захирахо ва ичрои вазифахоро хамоханг мекунад. Низом метавонад якчанд зернизом дошта бошад, ки новобаста аз якдигар кор мекунанд. Зернизомхо захирахоро идора мекунанд [16].

Дар шароити тахаввулоти ра^амй бо ма^сади ба таври муфассал муайян кардани хусусиятхои фаъолияти зернизоми инноватсионии минта^авй, ки он хамчун ^исми таркибии низоми инноватсионии миллй мебошад, мо мохияти низоми инноватсионии миллиро муайян мекунем.

Низомхои инноватсионй дар охири солхои 1980-90-и асри ХХ предмети тахлили и^тисодй гардиданд. К. Фримен мафхуми «низоми инноватсионии миллй»-ро пешниход намуда, онро хамчун шабакаи муассисахои бахши давлатй ва хусусй муайян кардааст, ки фаъолият ва таъсири мута^обилаи онхо ташаккул, дигаргунсозй ва пахншавии технологияхои инноватсиониро таъмин менамояд [12, с. 12-15]. К. Фримен сиёсати технологиро ба риштаи тахлил кашида, унсурхои мухимтарини низоми инноватсионии Японияро тавсиф намудааст, ки онхо муваффа^иятхои и^тисодии ин мамлакатро дар давраи баъди Ч,анги дуюми чахонй таъмин кардаанд.

Барои пурратар дарк кардани мохияти зернизоми инноватсионии минта^авй мафхуми мазкур ва мафхуми низоми инноватсионии минта^авиро бо дарназардошти он, ки охирон чузъи хам низоми инноватсионии миллй ва хам низоми ичтимой-и^тисодии минта^авй мебошад, баррасй кардан зарур аст.

Ба гуфтаи олими ватанй М. Файзуллоев, низоми инноватсионии минта^авй ин мачмуи ташкилотхо (сохторхо)-и ба хам ало^аманд, ки бо истехсол ва фуруши тичоратии дониш ва технологияхо машгуланд ва, инчунин, мачмуи муассисахои хусусияти ху^у^й, моддию молиявй, иттилоотй ва ичтимой дошта мебошанд, ки хамкории мута^обилаи ташкилоту сохторхои таълимй, илмй, сохибкорй ва гайритичоратиро дар тамоми сохахои и^тисодиёт ва хаёти чамъиятй дар сатхи минта^авй таъмин мекунанд [7].

Аз руи а^идаи гурухи олимон, ба монанди Л.И. Федулов [8, с. 37], А.М. Мухамедяров, Э.А. Диваева [5] ва дигарон, низоми инноватсионии минта^авй ин мачмуи шаклхои гуногуни фаъолияти ташкилотхо ва субъектони и^тисодй оид ба истехсол ва ба фуруш пешниход намудани махсулот ва хизматрасонихои инноватсионй ба хисоб меравад.

Дар аксари тад^и^оти олимони рус истилохи "зернизоми инноватсионии минта^авй" бештар чун муродифи "низоми инноватсионии минта^авй" истифода мешавад ва мав^еи дуюмдарачаи онро хамчун як ^исм (банд) дар сохтори "низоми инноватсионии миллй"

таъкид мекунад.

A. Исаксен дар мацолаи «Сохтани низомх,ои инноватсионии минтацавй: оё рушди эндогении саноатй дар ицтисоди глобалй имконпазир аст?» [13, с. 104] зернизоми инноватсионии минтацавиро мачмуи ширкатх,о ва ташкилотх,ое мех,исобад, ки донишро бунёд ва пах,н мекунанд. Донишговдо, пажух,ишго^х,о, агентих,ои интицолдихдндаи технологиях^, бизнес-ассотсиатсиях,о, институтх,ои молиявй, ки якчоя фаъолияти инноватсиониро анчом медихднд, аз он чумла ба х,исоб меравад.

Ба андешаи П. Кук, зернизоми инноватсионии минтацавй х,амчун мачмуи зернизомх,ои мутацобилаи ду намуддошта муайян карда мешавад: 1) зернизоми бунёдкунандаи дониш, аз чумла, сохторх,ои давлатй ва хусусии илмй-тадцицотй (пажух,ишго^х,о, марказх,о, озмоишговдо ва f.), донишговдо ва коллечх,о, агентих,ои интицоли технология ва гайра; 2) зернизомх,ои истифодабаранда, ки корхонах,ои инноватсионии минтацавиро дар бар мегиранд [10, с. 4].

Дар ин тафсир, муайян кардани танх,о ду зернизом дар зернизоми инноватсионии минтацавй шубхднок аст, зеро вазифах,ои бунёд ва тичоратикунонии дониш ба таври куллй фарц мекунанд, бинобар ин дар алох,идагй баррасй кардани зернизомх,ои дахлдор ба мацсад мувофиц мебошад.

B.В. Гузир таъкид мекунад, ки зернизоми инноватсионии минтаца тавассути рохдндозй намудани хдмкории субъектх,о ва объектх,ои фаъолияти сох,ибкорй амал менамояд. Дар х,амин асос, он корхонах,ое, ки дар рацобати пурцуввати истех,солй тобовар мемонанд цисмати асосии истех,солотро ташкил карда, рушди онх,о аз сармоягузории корхонах,ои инноватсионй, венчурй ва истех,солй вобастагй доранд [2, с. 20]. Аз ин чост, ки шарти мух,имми хдвасманд гардонидани ширкатх,о ва корхонах,о дар истех,солу фуруши мах,сулот ва хизматрасоних,ои инноватсионй мавчудияти бозори рацобат ба х,исоб меравад. Бо мацсади ба даст овардани фоидаи калон ширкат ^ар чи бештар кушиш ба харч медихдц, ки дар чунин мух,ит фаъолият барад.

Дар тадцицоти худ В.М. Ерусалимский ва Е.В. Иода зернизоми инноватсионии минтацавиро х,амчун цисмати вазифавй-хдмгирошудаи низоми ичтимой-ицтисодии минтаца, ки раванди ташаккул, интихоб ва тичоратигардонии инноватсияро дар натичаи хдракат (амалиёт)-и субъектони фаъолияти инноватсионй, ки тадцицот ва коркардро дар самти баланд бардоштани рацобатнокии ицтисодиёти минтаца равона мекунанд ва мутобици худташкилй, бозори озод ва танзими давлатй фаъолият мебаранд, ифода мекунанд [3, с. 23].

Зимнан таъкид бояд намуд, ки ташаккул ва рушди зернизомх,ои инноватсионии минтацавй аз гузаронидани тах,цицотх,ои илмй-назариявй вобастагии калон дорад. Дар баробари ин корх,ои илмй-тахцицотй барои рушди минбаъдаи илмй-техникй, рацамикунонии ицтисодиёт ва шиддатёбии фаъолияти инноватсионй дар саросари кишвар имконияти лозимаро фарохдм меорад.

Илова намудан ба маврид аст, ки зернизоми инноватсионии минтацавй ^амчун чузъи чудонашавандаи низоми инноватсионии миллй баромад менамояд. Дар навбати дигар, он аз мачмуи унсур (падида)-х,ои ба х,ам алоцаманд, иборат аст, ки барои бунёд, интишори минбаъда ва истифодаи донишх,о чих,ати ба даст овардани фоида (тичоратикунонй), равона шудааст. Хдмзамон мацсади асосии он, ноил шудан ба самараи мусбати ичтимой х,ам дар сатх,и минтацавй ва х,ам дар сатх,и давлатй, таъмини хдмкорй бо дигар зернизомх,ои инноватсионии минтацавй ва байналмилалй ба шумор меравад. Бо ибораи дигар раванди ташаккул ва хусусиятх,ои зернизоми инноватсионии минтацавй х,амчун цисмати асосии сиёсати инноватсионй баромад менамояд.

Мухдццицон таъкид мекунанд, ки зернизоми инноватсионии минтацавй «х,атман

пайвасти механикии мачмуи муайяни барномахо, ташкилотхо, сохторхое нест, ки ба фаъолияти инноватсионй машгуланд. Вазифаи асосии он таъмини самараи синергетикй мебошад" [4, с. 145]. Мушохидахо нишон медиханд, ки ^исми зиёди зернизомхои инноватсионии минта^авй хусусияти синергетикй надоранд ва танхо дар самти афзоиши низомй инкишоф меёбанд. Бинобар ин, ягонагии низомии зернизоми инноватсионии минта^авй метавонад танхо аз руи ягонагии вазифавии он пешниход карда шавад.

Дар ин чо ^айд намудан бамаврид аст, ки ташаккул, мавчудият, ё ин ки инкишофи инфрасохтори зернизоми инноватсионии минта^авй ба самаранокии он ва, дар навбати худ, ба рушди инноватсионии бомуваффа^и тамоми кишвар мусоидат мекунад. Дар баробари ин, муайян кардани сахми хар як минта^а дар рушди фаъолияти инноватсионии давлат ва ошкоргардонии камбудихои зернизоми инноватсионии минта^авй барои зудтар бартараф намудани онхо мухим аст. Давлат, дар навбати худ, бояд бидуни истисно ба рушди босуръати зернизомхои инноватсионй дар тамоми минта^ахо мусоидат намояд.

Дар оянда самтхои зеринро аз чумла самтхое шуморидан мумкин аст, ки ба рушди зернизоми инноватсионии минта^авй мусоидат мекунанд:

- фарохам овардани шароити мусоид барои бунёд ва инти^оли донишу технология;

- хар чи бештар дар истехсолот чорй кардани дастовардхои пешрафти илму техника;

- рушди истехсолот ва сохахои инноватсионй;

- муайян намудани ну^тахо, ё ин ки марказхои нави рушд.

Ба андешаи мо, схемаи фаъолияти зернизоми инноватсионии минта^авй бештар ба тавсифи консепсияи чарха (спирал)-и сегонаи инноватсионй, ки муаллифони он Г. Итсковитс ва Л. Лейдесдорф [11, с. 113] мебошанд, мувофи^ат мекунад ва он аз муносибатхои байни давлат, тичорат ва илм иборат аст. Тиб^и гояи мазкур, ма^сади асосии ин схема таъмини манфиатхои иштирокдорони муносибатхои дохилии он фахмида мешавад. Ба низоми ин сохтор, одатан, ма^омоти давлатй, муассисахои илмй ва ширкатхои тичоратй дохил мешаванд. Субъектони зернизоми инноватсионии минта^авй, хамкории худро тавассути иштирок дар равандхои истехсолот, пахн намудан ва истеъмоли донишхои нав амалй менамояд.

Хамин тари^, агар низоми инноватсионй дар умум аз мачмуи субъектхо ва объектхои фаъолияти инноватсионие иборат аст, ки фаъолияти худро тавассути истифодаи воситахои зарурии дастгирии (ху^у^й, молиявй, ичтимой, гайра) давлат ва бахши хусусии и^тисодиёт ба ма^сади таъмини раванди бунёд ва фуруши махсулоти инноватсионй амалй менамояд.

Дар навбати дигар зернизоми инноватсионии минта^авй хамчун мачмуи сохторхои ба хам ало^аманд, ки бо истехсол ва фуруши тичоратии дониш ва технологияхои илмй дар худуди минта^а машгул хастанд, фахмидан мумкин аст. Ин зернизом, аз як тараф, агар хамчун мухити институтсионалии мусоид барои инноватсия баромад намояд, аз тарафи дигар он тавассути ба рох мондани дастгирии молиявии давлатй ва гузаронидани тах^и^оти фундаменталии илмй самаранок татби^ мегардад.

Аз ин ру, низоми инноватсионии минта^авиро хамчун асоси стратегии татби^и афзалиятхои инноватсионии миллй баррасй намудан мумкин аст.

Ташаккули зернизоми инноватсионии минта^авй бояд вазифаи мухимми стратегй хисобида шавад, зеро он бо якбора баланд шудани на^ши инноватсия хамчун омили таъмини тачдиди сохтор ва оптимизатсияи и^тидори илмию техникй ва инноватсионй, аз як тараф, ва, аз тарафи дигар, бо навсозии технологии истехсолоти саноатй, сифати баланд ва ра^обатпазирии махсулоти ватанй ало^аманд аст. Дар бораи унсурхои асосии зернизоми инноватсионии минта^авй ва хамкории онхо то хол а^идаи ягона вучуд надорад. Бо назардошти му^оиса бо низоми инноватсионии миллй ва он ну^та, ки зернизоми инноватсионии минта^авй чузъи низоми инноватсионии миллй мебошад, мо метавонем

унсурх,ои зерини зернизоми инноватсионии минтацавиро цайд намоем: бунёди дониш, тах,силот ва тайёрии касбй, истех,соли мах,сулот ва хидматх,ои инноватсионй, инфрасохтори инноватсионй, аз чумла, дастгирии молиявй. Fояи асосии консепсияи зернизоми инноватсионии минтаца ин фарохдм овардани шароит барои бе^тар кардани сах,ми илму техника ба рушди ицтисодй тавассути чорй намудани принсипх,ои бозорй дар ин сох,а ва тачдиди сохтори он мебошад. Зернизоми инноватсионии минтаца сох,аи илму техникаро х,амчун унсури бозоре, ки мол - донишх,ои нав истех,сол мекунад ва онх,о ба талабот нигаронида шудаанд, баррасй мекунад.

Бо дарназардошти он, ки фаъолияти зернизоми инноватсионии минтацавй ба шароити ицтисоди бозорй асос ёфтааст, худи бозори мах,сулот ва хидматх,ои доништалабро метавон яке аз унсурх,ои зернизоми инноватсионии минтацавй арзёбй кард.

Асоси зернизоми инноватсионии минтацавиро зернизоми бунёди дониш ташкил медих,ад ва он мачмуи ташкилотх,ое мебошад, ки тадцицоти бунёдию лоихдкашй ва, инчунин, тадцицоти амалиро ичро мекунанд. Унсурх,ои асосии зернизоми инфрасохтори инноватсионй шабаках,ои тичоратй, бизнес-инноватсиях,о ва телекоммуникатсиях,о, паркх,ои технологй, бизнес-инкубаторх,о, марказх,ои инноватсионию технологй, ширкатх,ои машваратй ва сохторх,ои молиявй мебошанд.

Хдр як зернизоми инноватсионии минтацавй низоми кушода буда, цисми низоми инноватсионии миллй аст, ки он х,ам бо дигар зернизомх,ои инноватсионии минтацавй ва х,ам бо мух,ити байналмилалй хдмкорй дорад ва ин раванди гардиши табиии дониш ва навоварй мебошад.

Хдминро бояд алох,ида цайд кард, ки х,адаф аз таъсис ва рушди х,амаи зернизомх,ои инноватсионии минтацавй мах,з ба даст овардани фоида (яъне, тичоратй кардани навоварих,ои офаридашуда) ва ноил шудан ба натичах,ои мусбати ичтимой (рушди ицтидори илмию кадрии минтаца, зиёд намудани шумораи чойх,ои корй, паст кардани сатх,и бекорй дар минтаца ва гайра) мебошад. Рушди минбаъдаи зернизоми инноватсионии минтацавй бевосита аз сиёсати инноватсионие, ки мацомоти ичроияи х,окимияти давлатии минтаца мегузаронад ва, инчунин, аз хусусиятх,ои гуногуни х,амон минтаца вобаста аст. Бинобар ин, дар х,олати самаранок идора намудани минтаца таъсис ва рушди зернизоми инноватсионии минтацавй на танх,о барои рушди минтаца, балки дар мачмуъ барои ицтисодиёти кишвар фишанги хеле мух,им аст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Цонуни Цум^урии Тоцикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионй» аз 16.04.2012, №822. https://mmk.tj/content - (санаи муроциат: 21.03.2024).

2. Гузырь, В.В. Национальная инновационная система и инновационная экономика: проблемы построения и развития / В. В. Гузырь // Экономика России в XXI веке. Сборник научных трудов III Всероссийской научно-практической конференции "Теоретические проблемы экономической безопасности России в XXI веке " / Томский политехнический университет, инженерно-экономический факультет; под ред. Г.А. Барышевой, Л.М. Борисовой. - Томск: Изд-во ТПУ, 2006. - С. 18-23.

3. Ерусалимский, В.М., Иода, Е.В. К вопросу о сущности и элементах региональной инновационной подсистемы / В.М. Ерусалимский, Е.В. Иода // Социально-экономические явления и процессы. - 2010. - № 5. - С. 21-25.

4. Меньшикова В.И. Региональный сегмент национальной инновационной системы: основные элементы /Меньшикова В.И. // Социально-экономические явления и процессы. 2010. - № 6. - С. 141-145.

5. Мухамедьяров А.М., Диваева Э.А. Региональная инновационная система: развитие, функционирование, оценка, эффективность. - Уфа: АН РБ, Гилем, 2010. - 188 с.; Диваева Э.А. Особенности формирования региональных инновационных систем // Управление экономическими системами: электронный научный журнал, 2011. - № 1 (25). - https://cyberleninka. ru/article/n/osobennosti-formirovaniya-regionalnyh-innovatsionnyh-sistem (санаи муроциат: 11.11.2023).

6. Рудич С.Б. Актуализация понятия «региональная инновационная система» / С.Б. Рудич // Вестник Камчатского государственного технического университета. - 2017. - № 41. - С. 117-130.

7. Файзуллоев М. К. Формирование РИС и развитие региональной инновационной системы: состояние и проблемы /М. К. Файзуллоев. - http://refdb.ru/look/1211235.html (санаи муроциат: 31.10.2023).

8. Федулова Л.И., ПашутаМ.Т. Развитие национальной инновационной системы Украины /Л.И. Федулова, М.Т. Пашута //Экономика Украины. - 2005. - № 4. - С. 35-47.

9. Шабайкова Л.Ф., Межецкая А.Л. Формирование региональных инновационных систем в России /Л.Ф. Шабайкова, А.Л. Межецкая //Известия УрГЭУ. -2011. - № 2 (34). - С. 92-98.

10.Cooke, P. Evolution of Regional Innovation Systems - Emergence, Theory, Challenge for Action. In Regional Innovation Systems: The Role of Governances in a Globalized World (2004. 2nd ed.; Р. 1-18). London: Routledge.

11.Etzkowitz H., Leydesdorff L. The dynamic of innovation from National System and "Mode 2" to a Triple Helix of university-industry-government relations // Research Policy. - 2000. - № 29 (2). - P. 109-123.

12.Freeman C. Technology Policy and Economic Performance: Lessons from Japan. London: Frances Printer Publishers. - 1987. - 155 с.

13.Isaksen A. Building regional innovative systems: is endogenous industrial development possible in the global economy? Canadian Journal of Regional Science. 2001; 24: 101-120. -https://www.researchgate.net/publication/237299622_Building_Regional_Innovation_System s_Is_Endogenous_Industrial_Development_Possible_in_the_Global_Economy - (санаи муроциат: 24.10.2023).

14. Lundvall, B. National Systems of Innovation: Towards a Theory of Innovation and In-teractive Learning [Text] /. B. Lundvall. - London, 1992. - 404 с. Nelson, R. National Systems of Innovation: A Comparative Analysis [Text] /. R. Nelson. - Oxford, 1993. -https://papers.ssrn.com/sol3/papers.cfm?abstract id=1496195 - (санаи муроциат: 22.10.2023).

15.https://www.google.com/search?q=что+такое+система+и+nодсистема? - (санаи муроциат: 20.10.2023).

16.https://www.ibm.com/docs/ru/i/7.2?topic=concepts-subsystems - (санаи муроциат: 20.10.2023).

REFERENCES:

1. Law of Tajikistan Republic "On Innovation Effect" from 16.04.2012, №822. https://mmk.tj/content - (date of appeal: 21.03.2024).

2. Guzyr, V.V. National Innovative System and Economy: formation and development issue / V. V. Guzyr // Russian economy in XXI century. Collection of scientific works of the III All-Russian scientific-practical conference "Theoretical problems of economical security of Russia in XXI century": / Tom polytechnic university, engeneering-economic faculty; under the editorship of G.А. Barysheva, L.M. Borisova. - Tomsk: Publishing house TPU, 2006. - PP. 18-23.

«BECTHMK rrynhn», ßbrnycK 2 (99), 2024

3. Yerusalimsky V.M., Ioda, E.V. On Issue of essence and Elements of Regional Innovative Subsystem / V.M. Yerusalimsky, E.V. Ioda // Social-economical phenomenon and processes. 2010. - № 5. - PP. 21-25.

4. Menshikova V.I. regional Section of National Innovative Systems: main elements / Menshikova V.I.// Social-economical phenomenon and processes. 2010. - № 6. - PP. 141-145.

5. Muhamedyarov A.M. Divaeva E.A.Regional Innovative System: development, operation, assess, effectiveness. - Ufa: AS RB, Gilem, 2010. - 188 pp.; Divaeva E.A.Peculiarities of Formation of Regional Innovative System //Management of economical system: electronic scientific journal, 2011. - № 1 (25). - https://cyberleninka.ru/article/n/osobennosti-formirovaniya-regionalnyh-innovatsionnyh-sistem - (date of appeal: 11.11.2023).

6. Rudich S.B..Realization of Phenomenon of "Regional Innovative System" / S.B. Rudich //Bulletin of Kamchatka State technic university. 2017. - № 41. - PP. 117-130.

7. Fayzulloev M. K. Formation of RIS and Development of Regional Innovative System: state and problems/ M. K. Fayzulloev. - http://refdb.ru/look/1211235.html_- (date of appeal: 31.10.2023).

8. Fedulova L.I., Pashuta M.T. Development of National Innovative System of Ukraine / L.I. Fedulova, M.T. Pashuta // Ukraine economy. - 2005.-№ 4. - PP. 35-47.

9. Shabaykova L.F., Mejetskaya A.L. Formation of Regional Innovative System of Russia / L.F. Shabaykova, A.L. Mejetskaya //Bulletin of USEU. -2011. - № 2 (34). - PP. 92-98.

10.Cooke, P. Evolution of Regional Innovation Systems - Emergence, Theory, Challenge for Action. In Regional Innovation Systems: The Role of Governances in a Globalized World (2004. 2nd ed.; PP. 1-18). London: Routledge.

11.Etzkowitz H., Leydesdorff L. The Dynamic of Innovation from National System and "Mode 2" to a Triple Helix of university-industry-government relations // Research Policy. - 2000. - № 29 (2). - PP. 109-123.

12.Freeman C. Technology Policy and Economic Performance: Lessons from Japan. London: Frances Printer Publishers. - 1987. - 155 c.

13.Isaksen A. Building Regional Innovative Systems: is Endogenous Industrial Development Possible in the Global Economy? Canadian Journal of Regional Science. 2001; 24: 101-120. https://www.researchgate.net/publication/237299622_Building_Regional_Innovation_System s_Is_Endogenous_Industrial_Development_Possible_in_the_Global_Economy - (date of appeal: 24.10.2023).

14.Lundvall, B. National Systems of Innovation: Towards a Theory of Innovation and Interactive Learning [Text] /. B. Lundvall. - London, 1992. - 404 c. Nelson, R. National Systems of Innovation: A Comparative Analysis [Text] /. R. Nelson. - Oxford, 1993. -https://papers.ssrn.com/sol3/papers.cfm?abstract id=1496195 - (date of appeal: 22.10.2023).

15.https://www.google.com/search?q=Hmo+maKoe+cucmeMa+u+nodcucmeMa? - (date of appeal: 20.10.2023).

16.https://www.ibm.com/docs/ru/i/7.2?topic=concepts-subsystems - (date of appeal: 20.10.2023).

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.