Научная статья на тему 'Роль Эмомали Рахмона в процессе приобретения праздником Навруз международного статуса'

Роль Эмомали Рахмона в процессе приобретения праздником Навруз международного статуса Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
313
89
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
праздник Навруз / международный статус / предпосылки становления / исторические этапы / географическая распространенность / Президент Эмомали Рахмон / Navruz-holiday / international status / prerequisites of formation / historic stages / geographical diffusion / President Emomali Rakhmon

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Абдуфаттох Шарифзаде, Заробиддин Косими

В статье рассмариваются исторические предпосылка становления Навруза как важнейшего праздника древних арийцев и его превращение в праздник международного масштаба. Целью исследования является показ исторических этапов и географической распространенности празднования Навруза и идеологических трудностей его сохранения. По итогам проведенного исследования авторы доказывают, что Навруз – одна из значительных форм проявления культуры не только таджикского народа, но и жителей всех стран Востока. Учитывая этот факт, в 2011 году Навруз был включен в список охраняемого культурного наследия ЮНЕСКО. Подробно раскрыта роль Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в приобретении Наврузом международного статуса.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE ROLE OF EMOMALI RAKHMON IN THE PROCESS OF ACQUIRING THE INTERNATIONAL STATUS BY NAVRUZ – HOLIDAY

The article dwells on the historic prerequisites of Navruz formation as the most important holiday of ancient Aryans and its conversion into the festivity of international scales. The authors highlight historic stages and geographical diffusion of Navruz celebration and ideological difficulting of its retainment. Proceeding from the results of the research conducted the author proves that Navruz is one of significant evincements of culture not only in reference to the Tajik people, but to the inhabitants of all Oriental counries either. Taking this fact into consideration in 2011 UNESCO included Navruz into the list of the cultural legacy needing retainment and preservation. The role of the President of Tajikistan Emomali Rakhmon in acquiring the international status by Navruz-holiday is elucidated in particulars.

Текст научной работы на тему «Роль Эмомали Рахмона в процессе приобретения праздником Навруз международного статуса»

07 00 00 ИЛМҲОИ ТАЪРИХ ва АРХЕОЛОГИЯ 07 00 00 ИСТОРИЧЕСКИЕ НАУКИ и АРХЕОЛОГИЯ 07 00 00 HISTORICAL SCIENCES and ARCHEOLOGY

07 00 02 ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ 07 00 02 HOME HISTORIY

УДК 37 М ББК 63.5-732

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ҶАҲОНИШАВИИ НАВРУЗ

РОЛЬ ЭМОМАЛИ РАХМОНА В ПРОЦЕССЕ ПРИОБРЕТЕНИЯ ПРАЗДНИКОМ НАВРУЗ МЕЖДУНАРОДНОГО СТАТУСА

THE ROLE OF EMOMALI RAKHMON IN THE PROCESS OF ACQUIRING THE INTERNATIONAL STATUS BY NAVRUZ - HOLIDAY

Абдуфаттоҳ Шарифзода,

доктори илмҳои таърих, профессор Заробиддини Қосимӣ,

муовини роҳбари Хадамоти Президенти ҶТ (Тоҷикистан, Душанбе)

Абдуфаттох Шарифзаде,

доктор исторических наук, профессор Заробиддин Косими, заместитель председателя службы при Президенте РТ (Таджикистан, Душанбе)

Abdufattokh Sharifzade,

Dr. of History, Professor Zarobiddin Kosimi, chairman deputy of the service under Tajikistan Republic President (Tajikstan, Dushanbe)

E-MAIL: qosimi@dip.tj

Ключевые слова: праздник Навруз, международный статус, предпосылки становления, исторические этапы, географическая распространенность, Президент Эмомали Рахмон

В статье рассмариваются исторические предпосылка становления Навруза как важнейшего праздника древних арийцев и его превращение в праздник международного масштаба. Целью исследования является показ исторических этапов и географической распространенности празднования Навруза и идеологических трудностей его сохранения. По итогам проведенного исследования авторы доказывают, что Навруз - одна из значительных форм проявления культуры не только таджикского народа, но и жителей всех стран Востока. Учитывая этот факт, в 2011 году Навруз был включен в список охраняемого культурного наследия ЮНЕСКО. Подробно раскрыта роль Президента

- 5 -

Шарифзода А., Қосими З. Эмомали Раҳмон ва ҷаҳонишавии Навруз

Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в приобретении Наврузом международного статуса.

Key words: Navruz-holiday, international status, prerequisites of formation, historic stages,

geographical diffusion, President Emomali Rakhmon

The article dwells on the historic prerequisites of Navruz formation as the most important holiday of ancient Aryans and its conversion into the festivity of international scales. The authors highlight historic stages and geographical diffusion of Navruz celebration and ideological difficulting of its retainment. Proceeding from the results of the research conducted the author proves that Navruz is one of significant evincements of culture not only in reference to the Tajik people, but to the inhabitants of all Oriental counries either. Taking this fact into consideration in 2011 UNESCO included Navruz into the list of the cultural legacy needing retainment and preservation. The role of the President of Tajikistan Emomali Rakhmon in acquiring the international status by Navruz-holiday is elucidated in particulars.

Наврӯз ва ё Соли нави шамсй яке аз бузургтарин ва бостонитарин идҳои мардумй аст, ки дар оғози пайдоиши худ танҳо дар қаламрави беканори қавмҳои ориёӣ ҷашн гирифта мешуд. Бо гузашти айём фазои ҷашнгирии Наврӯз густариш ёфт ва ҳудуди аксари Авруосиёро фаро гирифт. Соли 2009 иди Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарии фарҳанги ҷаҳонӣ дохил карда шуд. Дар соли 2010 мелодӣ ин оини фархунда бо ташаббуси ҳукуматҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Албания, Афганистан, Македония, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қиргизистон, Туркманистон ва Туркия аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷаҳонӣ гардид.1

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мусоҳиба бо рӯзно-манигорони шабакаи телевизионии “Евронюс” доир ба ҳамвор ва бемушкилу монеа набудани сарнавишти Наврӯз тайи таърихи беш аз шашҳазорсола ҳарф зада буд. Дар ин муддати тӯлонӣ борҳо Наврӯзро гоҳ бо дину оин, гоҳ бо сиёсатҳои давру замон ва гоҳ ба манфиатҳои давлате ва ё миллате нисбат медоданд ва ҷашнгириашро дар минтақаҳои гуногуни олам манъ медоштанд ва ё маҳдуд мекарданд.

Аз ҷумла дар сарзамини ориёиён дар марҳалаи аввали паҳншавии дини мубини ислом бо сабабҳои нофаҳмӣ ва ё каҷфаҳмониҳо Наврӯзро оини зиддиисломӣ ва ё ба ислом бегона хонда, ҷашнгириашро гоҳ-гоҳе мамнуъ эълон менамуданд (2, с. 65-67). Ҳамин гуна монеаю каҷфаҳмиҳо дар асрҳои баъдӣ низ чандин бор ба миён омадаанд. Дар замони шӯравӣ бошад, Наврӯзро, баръакс, иди динии исломӣ номида, қариб ба гӯшаи фаромушӣ бурданд. Он солҳо иди Наврӯзро танҳо дар деҳоти дурдаст ва он ҳам дар гузарҳои алоҳида гурӯҳҳои хурд-хурди бонувону пиронсолон бо пухтани хӯрокҳои гуногун ва бозию дилхушии кӯдакон истиқбол мегирифтанд.

Дар замони “бозсозӣ”, ки нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ дар Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфт, иди Наврӯз аз нав ва ба тадриҷ оммавият пайдо кард. Вале танҳо дар замони истиқлоли Тоҷикистон ҷашнгирии Наврӯз ба сатҳи давлатӣ баромад ва

1 http://www.calend.ru/holidays/0/0/2792/ (Санаи муроҷиат: 03.03.2015)

- 6 -

Sharifzade A., Kosimi Z. The Role of Emomali Rakhmon in the Process of Acquiring the International Status by Navruz - Holiday

чун оини пурифтихори ниёгони бостониамон оммавияти воқеи пайдо намуд (1, с. 2122).

Сарнавишти Наврӯз ба сарнавишти миллати тоҷик, ки эҷодкунанда ва асосгузори ин оини пурифтихори бостонИ аст, басо шабоҳат дорад. Тайи ҳазорсолаҳо ин миллат ва ин ҷашн шебу фарози бисёр ва санҷишу имтиҳоноти сангинро пушти сар карда, дар таърихи тамаддуни башарИ нақши бебаҳо гузоштаанд. Кишваркушоёни аҷнабИ дар пайи паҳнсозии урфу одат ва фарҳангу забони худ дар маҳалҳои зисти ниёгони мо кӯшишҳои зиёди бенатиҷа карда, баръакс худ зери таъсири ойини давлатдорию шаҳрсозии мардумони ориёитабор қарор мегирифтанд ва онро мавриди омӯзишу пазироИ барои кишварҳои худ қарор медоданд. Бад-ин минвол қаламрави таҷлили Наврӯзи хуҷаста ва дигар расму оини омӯзандаи ниёгони мо ба гӯшаҳои дуродури олам паҳн мегардид.

Дар раванди бузургдошти забону фарҳанги тоҷику форс ва Наврӯзи хуҷастапай фарзандони фарзонаи ин миллат дар давру замонҳои тақдирсоз хизматҳои таърихИ намуда, нақши барҷаста бозидаанд. Исмоили СомонИ, Рӯдакию БалъамИ, Фирдавсию Ибни Сино, Берунию Хайём ва дигар бузургмардони он замон шӯҳрати забону фарҳанги тоҷикИ ва оини наврӯзиро то ҳадде боло бурданд, ки ба рушду нумӯи баъдии он то ҳазор соли дигар асос гузоштанд.

Минбаъд масъулияти ҳифз ва густариши фарҳанги ниёгон бар дӯши фарзонагони дигари мардуми тоҷик, чун Аҳмади Дониш, Садриддин АйнИ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон омад ва онҳо низ бо ҷонбозиҳои зиёд ин рисолати бузурги фарзандиро бо сари афрохта идома доданд ва ба наслҳои баъдИ мероси пурарзишу гаронмоя гузоштанд.

Дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон бошад, ин рисолати таърихию фарҳангИ бар дӯши ЭмомалИ Раҳмон, ин бузургмарди посдори оини шӯҳратманди ниёгони баландтабори мо ва соҳибдилони муосири тоҷик вогузор шуд.

ЭмомалИ Раҳмон дар солҳои басо вазнини пас аз истиқлоли давлатИ ба даст овардани Тоҷикистон бо фидокорИ ва ҷони худ зери хатар монданҳои бешумор тавонист, ки аҳли илму фарҳанг ва тамоми нерӯҳои солими ҷомеаро атрофи ғояҳои муттаҳидсозанда, пешбаранда ва эҳёи фарҳанги миллИ гирд оварда, давлати ҷавони моро аз вартаи фано раҳо кунад.

Сарвари ҷавони давлат бо барқарор кардани сулҳу созиш ва сарҷамъ намудани мардуми зору ноумедгашта натанҳо ба дили ҳамватанон, балки ба қалбҳои кулли ҳамзабонони бурунмарзИ шӯълаи боварИ ба фардои дурахшон овард, зеро ки аксари онҳо Тоҷикистонро хонаи умеди худ хондаанд.

Яке аз бахшҳои муҳими сиёсати фарҳангии ЭмомалИ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон тарғибу ташвиқ ва ба оламиён муаррифИ кардани Наврӯзи хуҷастапай аст, ки бешубҳа боиси афзоиши ҳисси ифтихору сарфарозии мардуми мо аз таъриху фарҳанги шӯҳратманди ниёгон ва таҳкими ваҳдату ягонагИ мегардад.

Дар воқеъ, гояи эҳё намудан ва такмил додани оини истиқбол аз Наврӯзи оламафрӯз ва дигар анъанаҳои шӯҳратманди ниёгонамон дар таҳкими ваҳдати миллИ, баланд бардоштани ҳисси худшиносИ ва нигаҳдории асолати миллИ нақши босазо дорад. Тибқи андеша ва эътиқодоти аз аҳди бостон то ба имрӯз расида ва собитгардида Наврӯз айёми эҳёи табиат, баробаршавии шабу рӯз, пирӯзии нур бар

- 7 -

Шарифзода А., Қосими З. Эмомали Раҳмон ва ҷаҳонишавии Навруз

зулмот, гармию нармй бар сардию тундй, некй бар бадй, адолат бар разолат, зебой бар зиштй, рамзи покизагии тану ҷон, бахшиши гуноҳҳои ҳамдигар ва замони густариши ободонию бунёдкорй аст1.

Маҳз бо ҳамин арзишҳои волои инсонй ин иди фархунда ҳанӯз дар ахди шоҳ Ҷамшед, гуфтан мумкин, ҷаҳонй гардида буд, албатта дар ҷаҳоне, ки он рӯзгор шинохта ва маскуни насли одамй буд.

Ба ин манзур Эмомалй Раҳмон ба ҳайси раҳбари анҷумани тоҷикону форси-забонони олам баҳри эҳёи анъанаҳои шӯҳратманди тамаддуни ориёй, таргибу ташвиқи он дар байни мардумони ориёитабор гомҳои пайвастаю устувор мегузорад. Ташаббусу ибтикороти наҷибонаи ӯ дар ин роҳи печону пурифтихор аз ҷониби роҳбарият ва мардумони ориёинажоди Эрон, Афгонистон, Ҳиндустону Покистон ва дигар кишварҳо дастгирии ҳамаҷониба меёбанд. Ин дастгирй ва ҳамдилию ҳамбастагиҳо бешубҳа омили умедбахш ва таъминкунандаи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони ҷавону шукуфон ва кулли минтақаи мо мегардад. Маҳз ҳамин ҷахду талошҳои Сарвари давлати мо Эмомалй Раҳмон, аҳли фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирию ҳамфикрии кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз буд, ки солҳои 2009 ва 2010 ин ҷашни пурифтихор ба маънии томаш ҷаҳонй шуд. Ҷашни нахустин ва ҳам дувумини Наврӯзи байналмилалй солҳои 2010 ва 2011 дар шаҳри Теҳрон - пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷлил гардид, ки дар он Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалй Раҳмон ва сарони давлатҳо ва роҳбарони воломақом аз як қатор кишварҳои ҷашнгирандаи ин иди хуҷаста иштирок доштанд.

Эмомалй Раҳмон рӯзи 27 марти соли 2010 зимни нахустин таҷлили байнал-милалии Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри Теҳрон, аз ҷумла, чунин изҳор дошт: “Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонй пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олй ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст”1 2.

Он рӯз Президента вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ Наврӯзро басо зебо тавсиф кард: “Ағлаби тамаддунҳои мондагори башарй дар ҳавзаи фарҳангй ва ҷуғрофиёии Наврӯз пайдо шудаанд ва Наврӯз яке аз зеботарин ҷилваҳои муштараки тамаддунҳои аслй ва таърихсози башарй аст. Агар Наврӯз ончунонки ҳаст, ба соири миллатҳои ҷаҳон муаррифй шавад, ҳамагон аз он истиқбол хоҳанд кард. Акнун он фурсат фаро расидааст, ки ҳамаи кишварҳо ва миллатҳои ҳавзаи Наврӯз дар муаррифии арзишҳо ва паёмҳои Наврӯз ба ҷаҳониён иқдомоти густардатар ва муассиртареро барномарезй ва анҷом диҳанд”.

Пас аз як сол, боз ҳам дар Теҳрон ҳангоми ҷашни дуюми Наврӯзи байналмилалй Эмомалй Раҳмон чунин гуфт: “Инак пас аз ҷаҳонй шудани Наврӯз ва фароҳам омадани имкониятҳои бештар кишварҳои моро лозим аст, ки ба воситаи таҷлили пуршукӯҳи ҳамасолаи ин иди пурифтихор тамоми суннатҳои қадимии онро, ки албатта теъдоде аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихй ба гӯшаи фаромӯшй рафтааст,

1 Таджикистан празднует Навруз! //http://2shanbe.tj/publ (Санаи муроҷиат: 02.03.2015)

2 Э. Рахмон: «Навруз - это праздник, соединяющий народы и культуры»// http://khovar.tj/rus/archive/ (Санаи муроҷиат: 03.03.2015)

- 8 -

Sharifzade A., Kosimi Z. The Role of Emomali Rakhmon in the Process of Acquiring the International Status by Navruz - Holiday

зина ба зина бо дастгирии илмию фарҳангии ҳамдигар пурра эҳё намоем то боз ҳам бештару беҳтар ба оламиён собит карда тавонем, ки воқеан ҳам Наврӯз аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист. Ва ин вазифаро, бидуни шак, бо ёрии ҳам ба ҳалли ниҳоӣ хоҳем расонид”.

19 марти соли 2011 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён бо шодмонӣ изҳор дошт: “Ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз барои ривоҷи табодули фарҳангҳо, густариши ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу суботи халқҳо нақши муассир мегузорад ва барои муаррифии боз ҳам бештари фарҳангу тамаддуни мардуми ориёитабор мусоидат менамояд.” Сарвари давлат дар муроҷиат бо зиёиёни эҷодкор ҳамчунин таъкид дошт: “Баргузории Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ моро вазифадор менамояд, ки расму ойинҳои неки наврӯзии замонҳои куҳанро аз нав эҳё намуда, ба онҳо шукӯҳу шаҳомати тоза бахшем.” 1

Соли 2012 Тоҷикистон ва мардуми кишвар таҳти сарварии Раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе шуданд. Ба ин муносибат дар пойтахти кишвар Конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 ва тантанаҳои бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Барои иштирок дар ин тантанаҳо ба Тоҷикистон сарони давлатҳои Афғонистону Эрону Покистон - Ҳомид Карзай, Маҳмуди Аҳмадинажод, Осиф Алӣ Зардорӣ ва дигар меҳмонони олимақом зиёда аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ташриф оварданд.

Дар ифтитоҳи конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, Намояндаи хоси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба Афғонистон Ян Кубиш ва намояндагони воломақоми як қатор давлатҳои дигар ва созмонҳои бонуфуз суханронӣ намуда, бо ифтихору сарфарозии бепоён бо ҷаҳонишавии ин ҷашни бостонӣ мардуми кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯзи оламафрӯзро табрику таҳният гуфтанд. Тантанаҳои марказии ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012 бо иштироки сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ба муносибати ҷашни 3-юми Наврӯзи ҷаҳонӣ хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз шоҳроҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ то ба даромадгоҳи Наврӯзгоҳ бо намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва неъматҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон оро ёфта буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзон, ки ҳама бо рамзу нишон ва ороишоти наврӯзӣ оро ёфта буданд, дидан карданд ва ба базму тараби идонаи аҳли завқу эҷод ҳамроҳу ҳамовоз шуданд. Он рӯз ҳаво хеле боронӣ ва нисбатан сард ҳам буд, вале фазои идона басо гарму самимӣ буд.

Барномаи идонаи ҷашни 3-юми байналмилалии Наврӯз дар майдони фарохи дохили Наврӯзгоҳи Душанбешаҳри дилоро баргузор гардид.Дар ин ҷашнгоҳ, ки баъди навсозӣ дорои 14 ҳазор ҷойи нишаст гардида буд, бори нахуст Наврӯзи

1 http://www.president.tj (Санаи муроҷиат: 03.03.2015)

- 9 -

Шарифзода А., Қосими З. Эмомали Раҳмон ва ҷаҳонишавии Навруз

хуҷастаи ҷаҳонӣ бо барномаи рангини театрии устодони санъату фарҳанги То-ҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон бо инъикоси беҳтарин ҳунарҳои дилхушӣ, шодию нишоти наврӯзӣ, базми рақсу сурудҳои дилнавоз ва таҷассуми расму оини шӯҳратманди бостону муосир истиқбол гирифта шуд.

Наврӯзгоҳи Тоҷикистон ба истиқболи Наврӯзи байналмилалии 2012 бо ҳунари волои меъморону наққошон ва дигар ҳунармандони хушсалиқаи кишвар зоҳиран шакли зодгоҳи Наврӯз - тахти Ҷамшедро гирифт.

Соли 2013 ҷашни байналмилалии Наврӯз бо таклифи Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар шаҳри Ишқобод - пойтахти ин кишвари шомил ба ҳавзаи тамаддунии Наврӯз таҷлил гардид.

Таҷлили панҷумин ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ соли 2014 дар яке аз гаҳвораҳои ин иди мардумӣ ва табиии аз аҳди бостон то ба имрӯз расида дар шаҳри Кобул -пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид.

Ҷойи ибрози итминон аст, ки дар Афғонистон ҷашни фархундаи Наврӯзи байнал-милалӣ рисолати таърихии худро доир ба тарғиби сулҳу субот, ҳамзистии осоиштаи мардумони қавмҳо ва мазҳабҳои гуногун иҷро менамояд ва ба ибораи дигар ба боло гирифтани “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” мусоидат хоҳад кард.

Соли 2015 ҳам чун ҳама солҳои дигар, новобаста аз он, ки таҷлили байналмилалии Наврӯзи хуҷаста дар кадом давлат сурат мегирад, дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми соҳибфарҳангу тамаддунофари тоҷик ин оини фархундаю бостонии моро бо шукӯҳи хоса истиқбол мегиранд.

Тавре аён мегардад, Наврӯз рисолати таърихию тамаддунии худро доир ба тарғиб ва таҳкими дӯстию рафоқат, ҳамкории судбахш, густариши меҳру муҳаббат, гармию нармӣ, нуру зиё ва покию покизагӣ бо ҷаҳонишавии худ ҳарчи бештару беҳтар ва густурдатар амалӣ месозад.

Пайнавишт:

1. Миррахимов М. Праздник Навруз /М. Миррахимов. -Душанбе: Ирфон, 1985.

2. Негмати А. Земледельческие календарные праздники древних таджиков и их предков /

А. Негмати. - Душанбе: Дониш, 1989.

Reference Literature:

1. Mirrakhimov M. Navruz-Holiday. -Dushanbe: Irfon, 1985.

2. Negmati A. Agricultural Calendar Holidays of Ancient Tajiks and their Ancestors. -Dushanbe: Knowledge, 1989.

- 10 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.