УДК 5.10-2 ББК 22.1
МАСЪАЛАХОИ ТАРБИЯИ Ра^матов Ёдгор Салимович, докторанти кафедраи
ХЩССИЁТИИНСОНГАРОИИ педагогикаи ицтимой ва касбй; Вализода Шоира, муаллимаи
МАКТАББАЧАГОНИ кафедраи педагогикаи ицтимой ва касбииМДТ "ДДХба
ХУРДСОЛ номи акад. Б. Гафуров" (Тоцикистон, Хуцанд)
ПРОБЛЕМЫ Рахматов Ёдгор Салимович, докторант кафедры
ВОСПИТАНИЯ ГУМАННЫХ социальной и профессиональной педагогики;Вализода ЧУВСТВ МЛАДШИХ Шоира, преподаватель кафедры социальной и
ШКОЛЬНИКОВ профессиональной педагогики ГОУ "ХГУ имени акад. Б.
Гафурова " (Таджикистан, Худжанд)
PROBLEMS DEALING Rakhmatov Yodgor Salimovich, doctoral student of the WITH UPBRINGING OF department of social and professional pedagogy;
YOUNGER STUDENTS OF Valizoda Shoira, lecturer of the department of social and
HUMANE FEELINGS professional pedagogy under the SEI "KhSU named after acad.
B.Gafurov" (Tajikistan, Khujand), E-mail: shoira76 @ mail.ru
Вожа^ои калидй: инсонгарои, тарбия, омузгор, фаъолият, коллектив, муносибати башардустона, тарбияи ахлоци, масъулият, ватандусти
Дар мацола баъзе масъалацои тарбияи уисси инсонгароии хонандагони синфцои ибтидои барраси карда мешавад. Цайд карда мешавад, ки башардусти щмчун сифати ахлоци мацмуи муносибатуои печида ва якпорчаи равониест, ки шомили огоуй ва фщмиши меъёруои ахлоци, мавцудияти уиссиёти инсони ва рафтори ахлоци мебошад.Гуфта мешавад, ки пойгоуи асосии таълими инсонгарои тарбияи "эцсоси инсондусти", яъне тацрибаи отифии муносибатуо ва равобити воцеии инсони ташкил менамояд. Хулоса шудааст, ки вазифаи асоси ва ягонаи коллективи кудакон тарбия буда, кудакон ба фаъолиятуое цалб карда мешаванд, ки аз руи щдафцо, мундарица ва шаклцои ташкили ощо барои ташаккули шахсияти щр яке аз ощо нигаронида шудаанд
Ключевые слова: гуманизм, воспитание, учитель, ученик, деятельность, коллектив, гуманное отношение, нравственное воспитание, ответственность, патриотизм
В статье рассматриваются некоторые вопросы воспитания гуманных чувств у младших школьников в психолого-педагогических исследованиях. Отмечается, что гуманность как нравственное качество является сложным интегративным психическим образованием, которое включает осознание и понимание норм морали, наличие гуманных чувств и нравственного поведения. Подчеркивается, что базовой категорией воспитания гуманности является понятие «гуманные чувства», т.е. эмоциональное переживание реальных гуманных отношений и взаимодействий. Делается вывод о том, что главная и единственная функция детского коллектива - воспитывающая: дети включаются в деятельность, которая по своим целям, содержанию и формам организации направлена на формирование личности каждого из них.
Key words: humanism, upbringing, teacher, student, activity, team, humane attitude, moral upbringing, responsibility, patriotism
The article dwells on certain issues concerned with upbringing younger students of humane feelings in the psychologico-pedagogical research. It is underscored that humanity as a moral quality is considered to be a complex integrative mental education, which includes comprehending and understanding moral norms, presence of humane feelings and moral behavior as well. It is emphasized that the basic category of upbringing humanity is the notion of "humane feelings", i.e. emotional experience of real humane relationships and interactions. It is concluded that the main and only function of the children's team is educating: children are included in activities that in their goals, content and forms of organization are aimed at shaping the personality of each of them.
Дар замони муосир масъалах,ои инсонгароии омузиш, рушди эчодии кобилияти хдр як кудак, эх,тиром ба шахсияти у, руй овардан ба тарбияи маънавию ахлокй дар аксарияти консепсияхо ва барномах,ои педагогй ба назар мерасанд.
Матлаби асосии татбщи инсонганроии таълими муассисахои тах,силотй ба андешаи академик И.Х.Каримова ба он вобаста аст, ки дар раванди татбщи он заминахое пайдо
мешаванд, ки "барои хифзи хукуки хар як инсон, рушд ва худтатбиккунии озодона ва пурраи у шароит фарохам меорад"(5, 32).
Баррасии вазъияти имрузаи таълиму тарбия имкон медихад, ки тарбияи инсонгарой дар мактаббачагони хурдсол ба талаботи замони муосир мувофик нест. Дар мактабхои мо зимни таъсири мутакобили омузгор ва хонанда муносибати ба шахсият нигаронида амалан таъмин нашудааст. Хдмчунин, на хамеша муносибати инсонпарварона ба хонандагон аз чониби омузгорон, волидайн, хамсолон таъмин мегардад.
Инсонгарой хдмчун сифати ахлокй чузъи мураккаби равонии муттахидшудаест, ки дарку фахмиши меъёрхои ахлокй, мавчудияти хисси башардустй ва рафтори боадабро фаро мегирад. Дарачаи асосии тарбияи инсонгарой, мафхуми «хисси инсонгарой», яъне аз сар гузаронидани муносибатхо ва таъсироти мутакобили инсондустона мебошад.
Таваччухи тарбиятгар ба хисси инсондустй, монанди некй, хамдардй, гамхорй, рахму шафкат, адолат, дилогохй ба камолоти ахлокиву маънавии тарбиятгиранда мусоидат менамояд. Пас аз ташаккул ёфтан ин хиссиёт дар сохтори шахсият чудо карор намегирад, балки бо хиссиёти дигари инсондустона зич алокаманд шуда, барои якчояшавии минбаъдаи онхо замина фарохам меорад.
Бо тарбияи муттасили инсонгарой хдмчун сифати хдмгароии шахсият якчанд ниходхои ичтимой машгуланд. Волидайн тарбиятгарони нахустине мебошанд, ки бояд асосхои тарбияи чисмонй, зехнй ва ахлокии кудакро фарохам оранд. Дар мархилахои минбаъдаи инкишофи кудак ба оила шабакаи муассисахои томактабй ёрй мерасонанд, ки дар онхо хисси неки дар оила бунёдшуда мустахкам гардида, тачрибаи рафтор андухта мешавад.
Давраи мусоидтарин барои тарбияи хисси инсонгарой синни хурди мактабй ба х,исоб меравад.
Ба андешаи мо, дар инкишофи мафхуми инсонгароии шахсият Афлотун (427-347 то мелод) сахми мухим гузоштааст, ки шахсияти хушахлокро аз мавкеи некуихо - хикмат, риояи эътидол, часорат ва адолат бахо медод.
^айд бояд кард, ки дертар фикхи насронй ба ин номгуй боз се накуй - имон, умед ва мухаббатро илова намуд. Дар натича таълимот оид ба хафт чанбаи накукорй ба вучуд омад, ки имруз хамчун арзишхои умумибашарй эътироф гардида, пояи инкишофи шахсият ба шумор мераванд.
Ба акидаи Афлотун чунин тарбияе дуруст аст, ки ба эхтиром нисбат ба кудак асос ёфта, ба рушди кобилияти фитрии у мусоидат намояд.
Мусаллам аст, ки тарбия аз давраи хурдсолй огоз меёбад. Дар ин давра хисси инсонгарой, ки инсони калонсол дар чомеаи ормонй фаро гирифтааст, пайдо шуда, мустахкам мегарданд. Гояи педагогии Афлотун дар бобати тарики бозй, бидуни мачбуркунй тарбия кардани кудак имруз низ мух,им ба назар мерасад. «Инсоне, ки дар кори дилхох шоиста будан мехохад, аз давраи хурдсолй, гохе ба хотири дилхушй, гохе чиддй бояд дар тамоми чизхое, ки ба он тааллук дорад, малака хосил намояд. Масалан, хар касе ки бинокори хуб шудан мехохад, аллакай дар бозихо бояд ягон иншооти бачагонаро созад» (7,90).
Х,амин тавр, низоми тарбияи афлотунй хадафхои ахлокй ва сиёсй дошта, тарбияи одй нест, балки талаботи ичтимоиро барои ташаккули он сифатхои шахсият, ки давлат такозо менамояд, конеъ мегардонад.
Арасту мисли Афлотун низоми хакикии тарбияи муттасилро бунёд гузошт, ки раванди фарогирандаи тамоми чанбахои шахсият буда, дар тули зиндагй идома меёбад. Самтхои асосии тарбия дар мувофикат бо табиати инсон таъин гардида, ба инкишофи мукаммали чисмонй, зехнй ва эстетикй мусоидат менамоянд. Тарбияи инсонгарой ба акидаи Арасту дарки гайрифаъолонаро аз чониби мактаббачагон дар назар надорад, баръакс, дар ин маврид таъсироти мутакобили калонсолон ва бачагон мухим аст.
Синни хурди мактабй бо гум кардани «рафтори табий»-и бачагона алокаманд аст. Муносибати кудак ба амал хусусияти бавосита касб намуда, меъёрхо ва роххои амалиёти дар чомеа мукарраршуда воситахои танзим мебошанд. Дар кудак кобилияти ихтиёран идора кардани рафтор, тобеъ гардонидани он ба назорати бошуурона, бартараф намудани хардамхаёлй инкишоф меёбад.
Дар ин давраи зиндагй аз чониби кудак пуршиддат аз худ шудани коидахо, меъёрхо ва принсипхои ахлок, ташаккули одатхои ахлокии рафтор ва хдссиёти ахлокии шахсият сурат мегирад (6,12).
Хиссиёти ахлокй яке аз механизмхои мухиме мебошад, ки заминаи интихоби ахлокй ва худтанзимкунии рафторро ташкил медихад, сатхи камолоти инсон ва фарханги ахлокии уро муайян мекунад.
Бешубха, наккши пурмасъулият дар ин раванд ба мактаби ибтидой мансуб дониста мешавад. Махз дар хамин мархалаи инкишоф кудак ба шинохтани худ, ба воситаи худ ба шинохтани одамони дигар, муносибатхои мутакобили онхо кушиш менамояд. Дар синни хурди мактабй густариш ёфтан ва ганй гардидани он сифатхои ахлокие, ки дар синни томактабй шакл гирифта буданд, руй медихад. Тамоюли таваччух ба инсонпарварй бо талаботи нав, коидахои хаёти мактабй асоснок мегардад. Тагйир ёфтани вазъи ичтимоии инкишофи кудак зарурати тарбияи инсонгароиро ба миён овард, ки ба шароити нав мутобик гардидани шахсиятро имкон медихад.
Муаммои тарбияи инсонгароии мактаббачагони хурдсол дар хама давру замон дар сатхи назариявй ва амалй баррасй мегардад. Бахусус, масъалаи мазкур дар тамоми адёни чахонй пайгирона халлу фасл шудааст, ки асоси таълимоти онро мукобил гузоштани ду кутб - некй ва бадй ташкил медихад. Файласуфони Юнони кадим (Афлотун, Сукрот, Арасту) чанбахои ичтимоию назариявии тарбияи инсонгароиро дар бачагон муайян намуда, зарурати ба рох мондани таъсири калонсолон ба шуур, хиссиёт, рафтори бачагон, бо хамдигар ва калонсолон муошират намудани онхоро бо максади ташаккули шахсият таъкид кардаанд.
Тарбияи инсонпарварй бо воситаи татбики принсипи мувофикат ба сиришт, бо такя ба тачрибаи шахсии хонанда таъмин мегардад.
Тахлили таълифоти педагогхои рус мухим будани сифатхоеро аз кабили одамият, хамдардй, мухаббат собит менамоянд. Педагогхои давраи шуравй Е.В.Бондаревская, Д.И.Водзинский, О. С.Газман, А.В.Зосимовский, Т.Е.Конникова, И.С.Маренко, Э.И. Моносзон, Т.В.Малковская, А.В.Мудрик, Л.И.Новикова масъалахои тарбияи инсонгароиро аз мавкеи ягонагии тарбия ва таълим баррасй намудаанд.
Ба назария ва амалияи тарбияи инсонпарварй омузгорони навоваре, аз ;абили Ш.А.Амонашвили, И.П.Волков, Е.Н.Илиин, В.А.Караковский, С.Н. Лисенкова, В.Ф.Шаталов, Н.Е.Шуркова, ки дар заминаи гояхои хамкории педагогй фаъолият намуда, ба ташаккули шахсияти мактаббачаи хурдсол муносибати ба шахсият нигаронидаро таргиб менамуданд, сахми тоза гузоштанд.
Тадкикоти олимон В.В.Давидов, А.А.Люблинская, В.С.Мухина, Д. Б.Элконин ва дигарон ба инсонгарой моил будани мактаббачагони хурдсолро исбот мекунанд. Махз дар хамин давраи хаёт, ба акидаи олимон (О.С.Богданова, Л.И.Божович, Б.С.Братус, Л.С.Виготский,
A.В. Запорожетс, П.М.Якобсон) хиссиёти ахлокй дар ташаккули шахсият накши бузург мебозад. Ба андешаи мо, чанбаи мазкур барои тадкики мохияти тарбияи инсонпарварй ва хиссиёти таркибии он ба натичахои матлуб хохад дод.
Дар солхои охир коркарди масъалаи тарбияи инсонпарваронаи намудани раванди таълиму тарбия дар мачмуъ равнак пайдо кардааст. Дар таълифоти олимон Л.А.Байкова, М.Н.Берулава, Е.В.Бондарева, Т.П. Гаврилова, Н.А.Гусева, М.А.Молчанова, Н.Д.Никандров, Г.В.Поснов, М.М.Суших, Н.Д.Соколов дидгоххои гуногуни педагогй ба мундаричаи тарбияи инсонгарой ба назар мерасад. Мафхумхои «инсонпарварй» (гуманизм), «муносибати инсонпарварона» дакик шудаанд, наккш ва мавкеи инсонгарой дар раванди таълиму тарбияи муассисахои тахсилоти умумй муайян гардидаанд.
Тарбияи инсонгароии раванди педагогй бо иваз намудани ;олабитаълимию интизомии таъсироти мутакобили педагогй ба ;олаби ба шахсият нигаронида алокаманд аст (ба психологияи инсонгароёна, ки асосгузоронаш дар солхои 60-уми асри гузашта Ролло Мей, Абрахам Маслоу, Карл Рочерс буданд, такя менамояд), ки мухим будани озодии шахсй ва махорати фардро барои пешгуй ва назорати хаёти худаш эътироф менамояд.
Масъалаи тахрикбахшии умумй дар як катор таълифоти файласуфон ва чомеашиносон
B.Г.Афанасев, М.С.Коган, М.П.Лаптин, В.Г.Подмарков, Н.Ф.Шербак баррасиву тадкик гардидааст.
Консепсияи муосири тахрикбахшии педагогй ба дастовардхои афкори педагогй, аз чумла, ба назарияи П.П.Блонский, Л.С.Виготский, А.Н.Леонтев, С.Л.Рубинштейн такя мекунад. Дар ин назарияхо асосхои таълимоти том оид ба шахсият ва конунияти инкишофи раванди тахрикбахшй гузошта шудаанд. Дар ин самт корхои тадкикотии К.А. Албуханова-Славская, К.К.Платонов, Б.М.Теплов, Д.Н.Узнадзе, П.М. Якобсон, ки дар партави гояхои назарияи фаъолият, муносибати ба шахсият нигаронида анчом ёфтаанд, ахамият доранд.
Гояхои асосй, принсипхо ва матлабхои консепсияи тахрикбахшии педагогй дар таълифоти Л.Ю.Гордин, З.И.Равкин, М.Г.Яновская муайян шудаанд. Инкишофи консепсияи тахрикбахшии педагогй бо назардошти чанбаи таърихй дар тадкикоти В.Г.Пряникова баррасй мегардад. И.Петрова дар мавзуи тахрик бахшидани фаъолмандии эчодии
мактаббачагони хурдсол дар фаъолияти беруназдарсй тадкикоти диссертатсионй анчом додааст.
Мундаричаи тарбияи инсонгароии мактаббачагони хурдсол кисмхои маъноии зеринро дар бар мегирад:
- тарбияи инсонгарой хдмчун сифати шахсият;
- тарбияи ахлоки хамида;
- ташаккули мабдахои шахрвандй ва ватандустй;
- ташаккули муносибат ба мехнат ва мехнатдустй.
Тарбияи инсонгарой ташаккули чунин сифати ахлокие мебошад, ки хассосият, хамдардй, мехрубониро фаро мегирад.
Мехвар ва нишондихандаи тарбиятдида будани инсон характери муносибати у ба одамон, табиат ва ба худаш мебошад. Тадкикоти анчомёфта нишон медиханд, ки чунин муносибат метавонад дар бачагон аллакай дар синни томактабй шакл гирад. Дар заминаи ин раванд фахмида тавонистани шахси дигар, мутаассир гардидан аз гам ё нишоти у карор доранд.
Ташаккули муносибати инсонгаро ба одамон ва табиат аз давраи кудакй огоз меёбад. Дар сурати кори муназзам, ки ба тарбияи муносибати инсонпарваронаи мактаббачагони хурдсол ба атрофиён ва табиат нигаронида шудааст, дар бачагон инсонгарой хамчун сифати ахлокй ташаккул меёбад. Ба ибораи дигар, инсонпарварй ба сохтори шахсият хамчун чанбаи сифатии он дохил мешавад.
^айд бояд кард, ки тарбияи хиссиёт ва муносибати инсонгаро раванди мураккаб ва пурихтилоф аст. ^обилияти хамдардй, шарик будан ба хурсандии каси дигар, бахилй накардан, самимона ва бо майлу рагбат некй кардан - дар синни томактабй танхо бунёд гузошта мешаванд (9, 35).
Тарбияи рухияи чамъиятй хамчун сифати ахлокии мактаббачагони хурдсол ба ташаккули муносибатхои мусбат, хайрхохона ва чамъиятй асос меёбад.
Вазифаи асосй ва ягонаи хдмаи бачагон - тарбиявист ва бачагон ба фаъолияте хамрох карда мешаванд, ки аз руйи хадафхо, мундарича ва роххои фарохамоварй ба ташаккули шахсияти хар яки онхо нигаронида шудааст.
Барои тарбияи муносибатхои чамъиятй ба миён омадани чунин падидае (феномен), мисли дустй ахамияти мазмунсоз дорад. Дустй хамчун робитаи наздиктарини байни бачагон, раванди дарки муассири муносибатхои мутакобили ичтимоиро суръат мебахшад. Ёрии байнихамдигарй ва мехрубонй хусусиятхои мухими муносибатхои аъзои чамъият мебошад.
Дар гуруххои бачагони синни хурди мактабй фикру андешаи чамъиятй вучуд дорад. Он на факат дар шакли тасаввуроти якхела оид ба меъёрхои муносибатхои мутакобил зухур меёбад, балки метавонад хамчун омили барои шахсият мухими таъсирот ба хар як узви чамъият ва заминаи муносибатхои байнихамдигарии чамъиятйистифода шавад.
Муносибатхои байнихамдигарии бачагон бо коидаву меъёрхои ахлок танзим мегардад. Донистани коидахои рафтор ва муносибатхои байнихамдигарй барои кудак чараёни воридшавй ба дунёи шахсони ба худаш монанд, ба дунёи одамонро осон менамояд.
Тарбияи ватанпарастй ва шахрвандй яке аз мухимтарин кисматхои тарбияи ахлокии мактаббачагони хурдсол мебошад.
Х,исси мухаббат ба Ватан ба зодгоху хонавода бо хам дар як сатх, ;арор дорад. Ин хдссиётро асоси ягона - дилбастагй ва эхсоси бехатарй каробат мебахшад. Аз ин бармеояд, ки агар мо дар бачагон хисси дилбастагй, аз он чумла, дилбастагиро ба оила, зодгох тарбия намоем, дар сурати кори тарбиявии дахлдор тадричан он бо хисси мухаббату дилбастагй ба кишвари худ пурра мегардад. Х,исси ватанпарварй аз чихати сохтору мундарича гуногунпахлу мебошад. Ба он масъулиятшиносй, хохишу неруи мехнат ба хотири ободии Ватан, мухофизат ва афзун намудани боигарихои он, силсилаи хиссиёти эстетикй ва г. дохил мешаванд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Балашов Л. Золотое правило поведения / Л.Балашов // Здравый смысл.- 1997,- № 5.- С.55- 65.
2. Бердяев Н.А. Пути гуманизма / Н.А.Бердяев // Здравый смысл. - 2010. - № 3. - С.64.
3. Борзенко И.М., Кувакин В.А., Кудишина А.А. Основы современного гуманизма: Учебное
пособие для вузов/ Под ред. В.А. Кувакина и А.Г. Круглова. / И.М.Борзенко. - М.: Российское
гуманистическое общество, 2012 - 350 с.
4. Воспитание личности школьника в нравственной деятельности: Метод. Рекомендации /
Ом.гос.пед.ин-т им. Горького. - Омск: ОГПИ, 2001. - 267 с.
5. Каримова И.Х. Теоретические основы гуманизации гуманитарного образования учащихся таджикской школы. Дисс. докт. пед. наук. / И.Х.Каримова. - Душанбе, 2000.-385с.
6. Каримова И.Х., Ф.Шарифзода. Учитель-творец добра и прогресса. / И.Х.Каримова. -Душанбе: Ирфон, 2010. - 179 с.
7. Кряжева Н.Л. Развитие эмоционального мира детей. / Н.Л. Кряжева. — Ярославль, 2009.-214с.
8. Новая философская энциклопедия. Том 1. - М.: Мысль, 2000. - 744 с.
9. Новикова Л.И. Педагогика детского коллектива/Л.И. Новикова. - М.: Педагогика, 1978. - 144 с.
10. Ожегов С.И. Толковый словарь русского языка / Под редакцией Шведовой Н.Ю. / С.И.Ожегов - М.: «Азъ», 2001. - 1536 с.
REFERENSES:
1. Balashov L. The Golden Rule of Behavior/ L.Balashov // Common Sense. - 1997. - № 5. - P. 55 - 65.
2. Berdyaev N.A. The Ways of Humanism/ N.A. Berdyaev // Common Sense. - 2010. - № 3. - P. 64.
3. Borzenko I.M., Kuvakin V.A., Kudishina A.A. Grounds of Modern Humanism: manual for universities / Under the editorship of V.A. Kuvakin and A.G. Kruglova. - M.: Russian Humanist Society, 2012. -350 p.
4. Upbringing of the Student Personality in Moral Activity: Method. Recommendations / Omsk State Pedagogical University. - Omsk: OSPU, 2001. - 267 p.
5. Karimov I.Kh. Theoretical Foundations of the Humanization of Humanitarian Education of Students Who Study at the Tajik School. Doctoral dissertation in pedagogy - Dushanbe, 2000. - 385 p.
6. Karimov I.Kh., F.Sharifzoda. Teacher is the Creator of Pood and Progress. - Dushanbe: Cognition, 2010. - 179 p.
7. Kryazheva N.L. The Development of Children's Emotional World. - Yaroslavl, 2009.
8. The New Philosophical Encyclopedia. V.1. - M.: Thought, 2000. - 744 p.
9. Novikova L. I. Pedagogy of Children's Team. - M.: Pedagogy, 1978. - 144 p.
11.Ozhegov S.I. The Russian Language Dictionary / Under the editorship of Shvedova N.Yu. - M.: Az, 2001.- 1536 p.