Научная статья на тему 'Prerequisite for the formation of sufi poetic terminology'

Prerequisite for the formation of sufi poetic terminology Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
154
98
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАСАВВУФ / ИСТИЛОҳОТИ СӯФИЯ / МАЪРИФАТИ ИРФОНӣ / МУКОШИФА / МИСТИКА / СУФИЙСКАЯ ТЕРМИНОЛОГИЯ / МИСТИЧЕСКОЕ ПОЗНАНИЕ / ОТКРОВЕНИЕ / MYSTICISM / SUFI TERMINOLOGY / POETICAL COGNITION / SINCERE REVELATION

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Суфиев Шодимухаммад

По общему признанию великих мистиков, в том числе Санои, Аттора, Руми, мистическое познание является интуитивным и осуществляется оно без участия законов логики и внешних чувств. Поэтому поэтам-суфиям трудно описать интуитивные откровения средствами обычного, основанного на логике языка. Суфий, находясь в состоянии эйферии от единения с Аллахом, говорит аллегориями и теопатическими выражениями (шатхиёт), вследствие чего некоторые слова и выражения принимают новые значения.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

As great mystics confess Sanoi, Attor, Rumi being among them -mystical cognition is intuitive, it is incarnated without the participation of he laws of logic and outward feelings. Therefore, it is difficult for sufi poets to describe their sincere revelations by means of ordinary language based on logic. When being in the state of confluence with Allah sufi speaks by allegories and theopetic expressions (shatkhiyot), therefore some words and expressions acquire different meanings.

Текст научной работы на тему «Prerequisite for the formation of sufi poetic terminology»

Ш. Суфиев

3 АМИНА^ОИ Т АШАККУЛИ ИСТИЛО^ОТИ ШЕЪРИ ИРФОНЙ

Вожатой калидй: тасаввуф, истилохоти суфия, маърифати ирфонй, мукошифа

Дар густураи адаби форсй шеър мухимтарин унсури фархаш аст. Дар чомеаи форсизабонон чош ох ва макоми шоир аз дигар офарандагони осори дигари бадей ва хунарй баландтар аст. Макоме, ки Рудакию Мавлоно, Саъдию Х,офиз ва дигар шоирон дар дилу чони мардуми мо доранд, х,сч фархангофарини дигаре надоштааст. «Бегумон, миёни шеър дар макоми расонаии аслии фархангй дар каламрави забони форсй ва сохтмони зариф ва тарошхурдаи забон аз eye ва зехнияти хаёлпардозу шоиронаандеши кавми эронй аз суи дигар мебояд робитае бошад ва хамин зехдият аст, ки худро дар бинише шоиронаи орифона аз хастй ба сурати як чахонбинй камол мебахшад, ки шеър олитарин расонаи баёни он аст»(11,182-183). Азинру, баёниандешаифалсафиикавмхоиэрони-табор бо дид1 охе шоиронаи орифона дар шакли газал, маснавй ва рубой ва дигар колибхои шеърй падидаи тасодуфй набуда, аз таносуби зотии ин ду навъи биниш дар андеша ва шуури онон ба вучуд омадааст, зеро тачрибаи ирфонй ва дидгохи шоирона хар ду аз каламрави завк, илхом. кашф ва вахм бархостаанд.

Чун хакикати ирфонй фаротар аз вокеияти чахони моддй карор дорад, барои орифи шоир душвор аст онро дар чахорчубаи абзор-хои забони маъмулй, ки бар мантик бунёд шудааст, мавриди бар-раей карор дихад. Аз ин чо вай дар баёни андешаи худ ранчхо мекашад ва забонро дар баёни холоти ботинии хеш нотавон ва бегона мехисобад ва ба навъе нобоварона ба он муносибат мекунад.

Ориф ба дарёфти маърифати ирфонй баъд аз тай намудани мархала ва зинахои мукаддамотиитарикат ва фарогириитаълимоти

суфия муваффак, мешавад ва тавоноихои рухию маънавии хосеро ноил мешавад, ки дар зоти худ бемисланд. Дар натидаи ба даст овардани чунин неру ориф аз махдудаи х,ис ва акд фаротар меравад, хичобхои руи ашё ва махсусотро барканор мекунад ва ба саропардаи розу асрори хастии коинот рох ёфта, хак,ик,ати офаринишро мустакиман ва бидуни парда мушохида мекунад. Аз сабаби он, ки ин дарёфт ва шинохти хакикат руйдоди ботинй ва отифии ориф буда, бе иштироки хиссиёти пандгона ва акду тафаккур сурат мегирад, вай тавони баёни онро бо забоне фахмо ва кобили идрок, надорад, зеро он хакикат, чуноне ки дар осори аксари орифон зикр гардидааст, аз хадди андеша ва эхсосот фаротар аст ва ба акидаи Мавлоно дар колиби иборот ва хатто бо забони ишорот баён намешавад ва бехтар аст, ки ногуфта монад:

Биё, эй шик,, ин май аз чй хуммест? И шор am кун, харобот аз чи суест? Чй мегуям! Ишорат чист!? К-ин цо Нагунцад фикрате, к-он х,амчу муест. Наёяд дар назар он сирри якту, Ки дар фикр он чи ояд, чортуест. Чу з-андеша ба гуфт ояд, чй гуям? Ки хонакандаву расвойкуест. Зи расвой ба бсщри дил равад боз, Ки дил бах,р асту гуфтанх;о чу цуест. (5,156-157) Аз назари орифи сохибтадриба хакоики ирфонй шинохтнопа-зиранд ва забон, ки бо тафаккур ва тааккул ва олами моддй пайваст аст, тавони баёни фикратеро, ки хамчу муй борик аст, надорад, зеро ориф аз густураи андеша ва махсусот берун рафта-аст ва монанди он ки ч н дар бахр гум мегардад, сухан ва забони у низ дар баёни он хакикат лол ва нотавон мемонад.

Дар ин бора дар рисолаи «Фихй мо фихй»-и Мавлоно накле омадааст: «Подшофе ба дарвеше гуфт, ки «Он лах,за, ки туро ба даргох;и Хщ тацаллй ва курб бошад, маро ёд кун». Гуфт: «Чун ман дар он ХазРат расам ва тоби офтоби он цамол бар ман занад, маро аз худ ёд наёяд. Аз ту чун ёд кунам?» (3, 63).

Ба ин гуна, дар осори аксари орифон аз душвории шарху тавзехи холот ва бозёфтхои ирфонй сухан рафта, узри паро-кандагуй ва нотавонй дар баёни он иброз шудааст: Пароканда бихох,ам гуфт имруз.

С= Ч ,

_ УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ " 31 ~

Чй гуяд марди дирхам цуз, ки дар^ам? M агар соцй бияндояд дах,онам Аз он цому аз он ратли дамодам (5,251) Дар холати аз худ ворастагй ва бехудй, ки тачрибаи ирфонй сурат мегирад, робитаи хушёронаи шоири ориф бо дунёи вокей катъ мешавад ва баёнаш парокандаву парешон ва мубхам мегардад. Ба баёни дигар, чй тавр ориф он дидахо. махсусот ва бозёфтхои тачрибаи ирфонии хешро, ки дар холати нохудогох. ки онро аксаран ба «мастй» ташбех мекунанд, дар холи хушёрй баён кунад? Рузбехони Бакдй нигоштааст, ки ахли назарро «се забон аст: яке забони сах,в, бад-он улуми маориф гуянд; ва яке забони теткин ва бад-он улуми meiernd гуянд; ваяке забони сукр ва бад-он рамзу ишорот ва шапциёт гуянд... ва ин забон суфиёни мастрост, ки дар руъяти мушкилоти гайб афтодаанд. Чун аз он ишорат кунанд, уламо бад-он циёмат кунанд, нафир бароваранд» ( 12,80). Яъне хар гох. ки ориф ба мархалаи камол мерасад, масти шароби вахдат гардида, нисбати хама чизи дунёи фонй беэътино мешавад ва дар ин мархала сухани вай мастона ва рамзгунаву шатхомез баён мешавад. Ин аст, ки Мавлоно пайваста дар ашъори хеш сидкан хостааст, ки хакикати холи вайро аз ашъоре чустучу намоянд, ки дар холати «мастияш» суруда шудааст: Суханам ба хушёрй намаке надорад, эй цон, К,адах,е ду мавх,ибат кун, чу зи ман сухан ситонй (5, 1232), Дар чои дигар гуфтааст:

Хумор шеър нагуям, хумори ман бишкан Бад-он мае, ки нагунцад дар осмону замин. (5, 2080) Бинобар ин ахли тарикат бо таваччух ба хамин матлаб медо-нистанд, ки чунин холатро бо забони маъмул наметавон тавзех кард. Ба ин сабаб онон барои баъзе вожаву иборот маънии наве афзуда, сирри онро аз авом пинхон мекарданд:

Хазорон бор гуфтам ман, ки рози хеш бигшоям, Валежин мар маро хомут заъфи мардумон дорад. Маро, х,ар гах; сухан гуям, шавад олй сухан, лекин Нига.^бонам хирад бошад зи гуфтан, к-он забон дорад. Дарего, он сухануое, ки донам гуфт, натвонам Ва гар гуям аз он х;арфе, цах,оне кай тавон дорад. (13, 88) Душвории шарху тавзех ва баёни тачрибаи ирфонй ба чанд омили дигар вобаста аст. Нахуст, тафовути сатхи дид ва шинохту дарки баёнкунандаи хакикати ирфонй, яъне ориф ва шунаванда, хонанда ё

мухотаби он - шахси гайриориф мебошад. Ин шинохт дар натидаи тай намудани мархилахои сулук, ки хамзамон бо риёзат ва мурокибатхои нафсонй ба даст меояд, ба забоне баён мегардад, ки «бархоста аз ниёзх,ои х;авзаи ацлу андеша дар инппщоли мафох,ими ин х,авза короии лозимро дошта, аммо дар шарх,у тафсири тацоруби ирфонй» (19, 567) нотавон аст. Бинобар ин дидахо ва огохихои ориф ба дахоне дигар тааллук доранд ва ба вокеияти рузмарраи инсон ихтилофи мохиятй доранд. Инсони одй, ки дар вокеияти олами асбоб зиндагй мекунад, кодир нест, ки гуфтахои орифро, ки аз тадрибахову дарёфтахои гайриодй ва фаровокеияш хикоят мекунанд, дарк кунад ва ё бипазирад. «Ин адами дарки дуруст дар арсаи ирфон бущюни шадидтаре падид овардааст; чун дар ин водй аз аволими интизоъй ва маъкулй сухан ба миён меояд, ки бовари он бар хавос х;ам гарон меояд, чй расад бар авомЪ> (18, 363-364). Аз ин ру бори гарони ибрози огохихои ирфонии хешро ориф ба мардуми одй ба он хотир бар душ мегирад, ки ба ин восита ононро бо лаззатхои маънавй ва таълимоту афзалиятхои тарикат ошно намуда, эътикодоти ононро ба маслаки хеш бештар бикунад. Барои ориф мухим он аст, ки мухотабаш харчи хубтару бехтар ва равшантар ба матлаби у пай барад ва эътикоду эътимод ба мазхаби у хосил намояд. У дар ин гуна холат кушиш мекунад дар сатхи фахму дарки шунаванда ва мутобик ба тавони маънавию бардошти муридон сухан гуяд. Ин таносубро Мавлоно дар «Фихй мо фихй» ба ин шакл баён доштааст: «J(uKMCim х,амчун борон аст, дар маъдани хеш бепоён аст, аммо ба цадри маърифат фуруд ояд» (3, 105-106).

Мавлоно аз пастию норасоии суханони худ дар баъзе мав-ридхо огох будааст ва камбудию нуксони фахму идроки мухотаби худро сабаби асосии камравнакии суханони хеш донистааст: Он чи мегуям, ба цадри фах;ми ту cm, Мурдам андар х;асрати фах;ми дуруст (6, 425).

Барои орифон мояи таассуф ва дарегу андух аст, ки баъзе авкот мадбуран ва аз ночорй мазмунхои баланду отифии хешро курбони фахми кутох ва махцудиятхои басирати мухотабони хеш менамоянд ва ба хотири интиколи назокату умки мухтавои сухани хеш сувари хаёлро мутаносибан ба истифода мегиранд. Мавлоно дар ин иртибот фармудааст: «Мустамеъ х;амчун орд аст пеши хамиркунанда. Калом х;амчун об аст. Дар орд он цадар обрезад, ки салоны уст» (3, 112).

Хдмчунин бояд зикр кард, ки орифи муршид дар баробари дарки

заъфу наксу кутохихои муридон дар замири ондо як навъ хамдилй ва хамдардй ва унсу улфатро фарохам меоварад, то фазой дарку фахмашон мухайё гардад ва мисли охану оханрубо он ду тарафро ба хам оварад. Ин матлабро Х,офиз бо чунин зарофат баён мекунад: Сояи маъшущ агар афтод бар ошик, чй шуд? Мо ба у мух,тоц будем, у ба мо муштоц буд (14, 207).

Масъалаи дигаре, ки шоиста аст, зикр шавад, ин ба исгилохи ахли тасаввуф китмони сирр, яъне пушида нигох доштани асрори ин тоифа аст, ки ба хотири дилавгирй аз лагзиши фахм ва дарки мухотаб сурат мегирад. Ин амр сабаб шудааст, ки ахли тарикат ин кабил одамонро шоистаи суханони хеш надонистаанд ва аз сухбат бо онон дурй мечустаанд. «Гуфт, ман инро бипушонам аз цох,иле, ки натр натавонад кардан ва чун иборат xox;ad кардан, маънии онро табох, кунад» (10,1160). Вожахое чун «номахрам», «хом», «гаммоз», «бехабар», «хасуд» ва амсоли он дар ашъори орифони шоир хосили хамин гуна муошират ва иртибот бо номатлубон мебошад. Мавлавй дар ин иртибот гуфтааст:

Шароби Хщ уалол андар х,алол аст, Майи хунби Худо набвад мух,аррам. Дили маврам баёни ин бигуфтй, Агар будй ба олам ним маврам (5,236).

Ин рознихуфтанхои худро, тибки анъана ахли тарикат ба пайгам-бар Мухаммад (с) расонида, онро суннати набавй хисобидаанд ва дар асоси хадиси шумораи 3280-и «Сахехи ал-Бухорй» (1,221) ривояте накл кардаанд: «Ба хидмати х,азрати Мустафо (с) цамоате муно-фицон ва агёр омаданд. Эшон дар шарх;и асрор буданд ва мадх,и Мустафо (с) мекарданд. Пайгамбар ба рамз ба сах,оба фармуд, ки «Хамару ониятакум», яъне сармой кузах,орову косах,оро ва дегх,ову сабух;о ва хулщоро бипушонед ва пушида doped... Ба ин сурат, эшонро фармуд, ки аз агёр х,икматро них,он doped ва дах,ону забонро пеши агёр баста doped, ки эшонMyiuoHcmd, лоици ин^икмат ва неъмат necmand»(3,207).

Х,амин ихтилофоти байни орифон ва гайриорифон будааст, ки ахли тасаввуф мадбур шуданд гуруххои ихтисосй ва хосе таш-кил кунанд ва масканхои махсус бино кунанд, то асрору рамузи тарикати хешро аз чашму гуши бегонагон, ки шоистагии дарёфти онхоро надоштанд ва бештар аз ин, барояшон хатар эдод менамуданд, пинхон намоянд.

Гузашта аз ин барои ахли тасаввуф хифзи асрори ирфонй аз

вазоифи мухимми хар узви тарикат буда, ифшои он куфр ва сазовори дазо мебошад. Айнулкузот мегуяд: «Бештар сабаби х;алоки ошик дар инрох; аз ифшои сирримаъшуц аст, зеро ки дар олсши тарщат «Ифшоу cuppu-р-рубубияти куфрун» («ошкор кардани асрори Парвардигор куфр аст»-Ш. С. ) собит аст ва куфр баъд аз имон ба гайрати маыиуц иртидод бувад ва иртидод муциби цатл» (19, 510).

Сарфи назар аз ин мамнуъот ва махдудиятхои идтимоию мазхабй ахли тарикдт розу асрори хонумонсузи хешро пинхон дошта наметавонистанд ва нохудогохона онро баён менамуданд, ки баъзан мудиби рехта шудани хуни онон мешуд.

Намунаи бардастае аз розгуй бо номахрамон саргузашти пурфо-диаи Мансури Х,аллод аст, ки яке аз зеботарин талмеххое дар адабиё-ти форсии тодикй буда, камтар шоиреро (бавижа шуарои карни XI-ум ба баъд) метавон пайдо кард, ки саргузашти ин шуридаи ошик ва масти лоязоли шаходати дидори Худоро ба риштаи тасвир накашида бошад.

Яке аз восигахои осон ва мухимми фош накардани асрору рамуз кам сухан гуфтан ва хомуш будани орифони донандаи рози хастист. Аз ин до хомушй дар тасаввуф як навъи риёзат аст, ки риояи он барои солик хатмист. Родеъ ба мафхуми «хомушй» ва ахамияти таълимию ахлокии он дар таълимоти суфия аксари андешамандони ирфони исломй ибрози назар намудаанд, ки дар «Шархи истилохоти тасаввуф» омадааст (2, 178-179). Дар ин до танхо ба ин иктифо мекунем, киХддвирй дар «Кашфу-л-махдуб» суханро ба хамрташбех намуда, нигоштааст: «ва дар цумла гуфтор чун хамр аст, ки сщлро мает кунад вамард чун андар шароби он афтод х,аргиз берун натавонад омад...ва чун ин маълуми ах,ли тарщат шуд, ки гуфтор офат аст, сухан цуз ба зарурат нагуфтанд...ва шло хомуш буданд аз он чй муътещид буданд, киХудованд алимуласрор аст» (15, 521-522).

Ба ин гуна, тибки одоби сулук орифон бояд аз як тараф хому-широ дар мукобили ноогохон ва хаммаслакони хеш ва аз тарафи дигар хомуширо дар ботини хеш ба хотири мурокибат аз нафеи аммора риоя кунанд. Дар натида чунин пайванди маънавие байни муршид ва мурид баркарор мешавад, ки туфайли он анвори маъри-фату зебоихои офариниш бар дилу чони солик тобанда мешавад. Ин мазмунро Ч^омй дар маснавии «Силсилату-з-захаб»-и хеш чунин баён кардааст:

Хар киро шуд забону дил хомуш,

Маъдани х;икмат асту махзани jçyiu.

Цони у дар тацаллиёти цидам

Ефта уовидон саботи цидам.

Бо Худо гряд, аз Худо шунавад,

Як нафас аз Худо цудо нашавад (16, 107-108).

Заминаи дигари пайдоиши истилохоти шеъри ирфонй бо мохияти забон вобаста аст. Забоне, ки инсон дар зиндагии вокеии худ аз он истифода мекунад, барои рафъи мушкилот ва ниёзхои ич гимоии вай ба вудуд оварда шудааст. Аз ин сабаб содагй, маънидорй ва расой яке аз хусусиятхои умдаи он аст. Чун инсон вудуди ичгимой буда, дар зиндагонии хеш дар канори дшарон зиндагй мекунад ва аз лихози хамзистй дар як мухити умумии фархангию ичгимой ба воситаи забон, ки абзори мухимми зиндагии дамъиятист, ба осонй бо ди1 арон дар хама холатхои лозима робита баркарор мекунад. Дар ин гуна муносибатхо шахси гуянда ба шунавандаи хеш бо кумаки вожагон хабар ва паем медихад. Чун ин вожагон дар махдудаи зиндагонй ва тадрибахову огохихои рузгорашон вазъ шудаанд, маънои маъмулан ошно доранд ва шахси гуянда бо таваддух ба дахонбинй ва тавоноихои акдонии шунаванда каломашро бо шева ва тарзи муно-сибе баён мекунад, ки шунаванда аз максади вай ба осонй огох шавад ва хамчунин дониби шунаванда дар дарк ва фахми суханони шунидааш бо таваддух ба данбахои дахоншинохтии мусохибаш маънои суханони уро дарёбад. Агар дар дараёни ин гуфтушунид вожахое истифода шаванд, ки дорой маънои норавшан ва ибхомангез бошанд, аз ин гуфтумон натидаи дилхохе ба даст намеояд. Масалан, орифони шоир барои шарху тавзехи мафхуми ишк, ки хамирмояи ирфони форсию тодикист, вожаву иборахои ошиконае чун хатту холу чаишу абру ва вожаву таъбирхое чун маю бодаву хароботу тарсобачаву зуннору буткада истифода карданд. Агар ин кабил вожахоро дар маънии вокеии онхо бишиносем, шеър он хусни калому рухи волову кайхонии худро коста мегардонад ва маънояш комилан сода ва холй аз зебоии баёни шоирона мешавад. Ин гуна шеър факат вакте метавонад маънои вокеии баланду шоирона дошта бошад, ки вожагону ибороти фавкуззикр дар гайри маънои роиди лугавияшон ба кор шрифта шаванд:

Дар миёни цони мову зулфи анбарбуи драп Хает асроре, ки он боди сабо донад, ки чист. То абад моему рун социю цоми шар об,

Рамзи ориф суфии сох,ибсафо донад, ки чист. Суфии хилваттшшн аз хонсщах; дорад хабар, Хосили майхона ринди ошно донад, ки чист (9, 47).

Чунин тарзи истифода аз вожагони забон ба шоир имкон медихад. ки мафхумхо ва мазмунхои фаротабииро дар колаби вожагони маъмулй ба кор гирад. Ба ин восита шоир розу асрори каломи худро ба мухотабони вокеии худ баён медорад ва дар айни хол кутохназарон ва бегонагонро аз дарёфти маънои аслй ва дарки максади хеш дучори шаку шубха менамояд. Аз ин ру назари аксари огохон бар он аст, ки забони шоирони ориф тавъам бо роз ва кинояву мадоз аст ва то касе ба асрору ишороту ибороташон ошно набошад, маонии аслии шеъри онхоро дар нахохад ёфт.

Ба ин гуна бидуни огохии вофир ва комил аз таълимоти назарии тасаввуф ва иа илохоти хоси ирфонй наметавон шеъри ирфонй ва забони хоси онро ба хубй пай бурд. Шакли зохирии вожагони ин кабил ашъор маьнохое дорад, ки онро дар фархангхои маъмулии тафсирии забон наметавон пайдо намуд. Барои дарки дурусти он бояд бо назари зебоишиносии андешамандони тасаввуф, ки дар осори илмияшон фаровон матрах шудааст, ошноии комил пайдо кард. Дар пахлуи ин бояд аз фархаш хои махсуси исгилохоги шеъри ирфонии форсй ва шарху таъвилхое, ки ба ин осор шудаанд, истифода намуд, то суитаъбирхое аз он нашавад.

Истифодаи вожахои «бода», «шароб», «майхона», «май», «харо-бот», «буткада» ва амсоли он дар шеъри классики форсй, тибки таълимоти шариати исломй, зохиран галат аст. Агар ба маънои зохирии онхо таваччух кунем тавсифи бодахорй ва айшу нушу мастию базму тарабу нишотро дар он дар назари аввал хохем дид, ки он ба вокеияти аслии адабиёти форси ин асрхо. ки тору пуди он аз Курьон ва фарханги исломй иборат аст, мувофикат намекунад. Масалан, чи тавр метавон, аз ин шеъри Мавлоно Чдлолудчини Румй, ки яке аз бузургтарин олимон ва орифони асри хеш буда, зухцу такво ва макому мартабаи динияш ба хамагон маълум аст, чунин бардошти сатхию ноотхона кард:

Биёр соцй, бодат фидо сару дастор, Зи х;ар куцо, ки дих;ад даст цоми цон даст ор. Дарой маету хиромону согар андар даст, Раво мабин, чу ту социю мо чунин х;ушёр. Биёр цом, ки цонам зи орзумандй

Зи хеш низ баромад, чй цои сабру царор? Аз он шар об, ки гар цуръае аз у бичакад, Зи хоки шура бируяд х,амон замон гулзор. Зих;й шаробу зих,й согару зих,й соцй, Ки цонх;ову равонх,о нисор бод, нисор! (5, 493).

Шароб дар ислом сарчашмаи хамаи бадихову нонокихост ва истеъмоли он харом аст. Аммо майи ирфонй аз динси дигар аст. Ин хамон шароби софу покизаи бихиштист, ки нушидани он саодат меоварад, чун сокии он Худованд аст. «Ва саккох;ум раббщум шаробан та.ууран», ки аз ояти 21 сураи Инсон омадааст, ишора ба он шароби пок аст. Мастй аз ин шароб бо мастй аз бодай ангури вокей фарк дорад. Офаридагор тибки раззокию файёзияш ин шаробро ба банда-гонаш, ки пайваста дар пуиши дамолу далоли вайянд, хадя менамояд.

Ба ин гуна орифони шоир вожахои харобот, хирца, зуннор, майкада, шароб, бода, ринд, три мугон, тарсобача ва амсоли онро, ки дар ислом маънохои гайришаръй доштанд, мафхумхои фалсафй, ахлокй ва ирфонй бахшида ва баръакси он вожахоеро амсоли шайх, масцид, Мадраса ва гайраро маънои манфй дода, дар шеъри худ ба мафохими хамрй тардех медиханд. Он чй дар калом ва фикхи исломй мукаддас аст дар шеъри шоирони ориф номукаддас мегардад ва баръакс алфози гайришаръй мафохими мукаддас ба худ касб мекунанд. Дар байни ин ду маънои зидди якдигар як умумияти вокей ва табиие хает, ки дар заминаи он маънои нав мантикан дуруст ифода гардидааст. Масалан масдид - хонаи Худо - дои пок ва макоми ниёиш, яъне махалли мул окоти мустакими муъминон бо Офаридагор аст, аммо дар натидаи хузури риёкорону динфурушон ва дунёпарастону зохирпарастон дар ин маскани мукаддас кудсияти он коста мегардад. Ин назари орифон дар асоси ояти 17-и сураи Тавба «Мушриконро, ки ба куфри худ эътироф мекунанд, раво набошад, ки масцидх,ои худро обод созанд...» ва оятхои 107 -и хамин сура «Ва (аз онх,о) касонеанд, ки барои зиён расондан ва ба цщати куфр ва барои тафрща афкандан миёни муъминон ва камингох, сохтан барои онон, ки пеш аз ин бо Худову пайгамбари у цанг кардаанд, масцид сохтаанд; ва, албатта, савганд хуранд, ки ба цуз кори неку чизеро насохтаем. Ва Худо гуво.^й медщад, ки онх,о дуруггу х,астанд» ва низ ояти 108 «.. .Хароинамасциде, ки азрузи аввал бар (нияти) пкщво бунёд них,ода шудааст, сазовортар аст, ки он цо (ба намоз) биистй. Дар он цо мардоне х;астанд, дуст медоранд, пок шаванд. Ва Худо

покшавандагонро драп медорад». Махз ба ин сабаб орифон харобот ва майхонаро бар масдиду Мадраса тарчех медиханд. зеро он до соликоне хузур доранд, ки хамаи буду нобуди хешро дар рохи Х,ак бохтаанд ва сидкан, бидуни хар гуна риёву солусй ба ниёиш ва пуйиши висоли Вай дар талошанд. Ин ахли хароботу майхона, ки калбашон чун доми чахоннамои Чдм тачаллигохи чалолу чамоли Офаридагор гаштааст, аз шароби ишки вай, ки Пири мугон сокии он аст, маету аз худ бехуд мешаванд ва чуз Худо дар андешаву дилашон чизе дигар нест.

Mo каблан душворихои муносибатхои забонй ва гуфторй байни ориф ва гайриориф, яъне душвории ифодаи мохияти хакоик ва тадоруби ирфонй ва душворихои ношй аз холи гуянда ва ихтилофи уфуки дид ва дарёфти шунаванда ва беиттилоии у аз мохияти тачрибаи ирфониро барраей кардем. Дар ин бахш масъалаи забон ва баёни тачрибаи ирфониро мавриди тахкик карор хохем дод. Нахуст суоле ба миён меояд, ки оё короии забон дар каламрави ирфон хаммонанди короии он дар махдудаи улуми дигар аст ё фарк дорад ва агар тафовуте дар миёни ин ду каламрав мавдуд аст, дар кадом чихат аст?

Дар байни ирфоншиносон родеъ ба ин масъала чанд нуктаи назар вучуд дорад. Гурухе бар ин акидаанд, ки баённопазирии хакоик ва тачрибахои ирфонй бо норасой ва махдудияти зотии забон вобаста аст. Идцае дигар бар ин назаранд, ки мохияти фаромантикй ва фароакдониитачрибахои ирфонй боисмешавад, кихакоики ирфонй дарпахноиакдва андеша намегунданд (18; 19). Дар натида орифони шоир зимни баёни хакоик ва тачоруби ирфонй ба узри нокоромадии забон хомуширо афзалтар медонанд. Аммо вазифаи таблш ва тарвиди таълимоти суфия зарурати эчоди иртиботи орифонро бо гайриори-фон ба миён меоварад ва онхоро барои чустани роххое барои баёни тачрибахои ирфонияшон вомедорад.

Х,амин тарик ба кор гирифтани имконот ва зарфиятхои ношинохтаи забон аз тарафи ахли ирфон, ки дар ин макола то андозае мавриди барраей карор гирифт, боис шудаанд, то шеъри ирфонй, аз кабили ашъори Саной, Аттор ва Мавлоно, забоне комилан нав ва фарккунанда бо ашъори шоирони замони гузашта дошта бошад.

ПАЙНАВИШТ:

1.Ал-Бухорй, Абдуллох Мухаммад ибни Исмоил. Сахехи ал-Бухорй. Дар 6 чилд. Аз арабй тарчумаи Мухаммадчон Умаров ва Файзулло Бобоев. -Душанбе: ЭР-граф, 2008. - Ч,- 3.

2.Гавхарин, Содик Х,усайн. Шархи истилохоти тасаввуф. -Техрон, 1383. Ч,. 7.

З.Замонй, Карим. Шархи комили «Фихй мо фихй»: Гуфторхое аз Мавлоно Ч,алолуддини Мухаммади Балхй (604-672 х-К-). -Техрон: Муъин, 1390

4.Кошонй, Файзй. Куллиёти девон. -Техрон: Интишоротикитобхонаи Шамс. 1385

5.Мавлоно Ч,алолудцин Мухаммади Балхй. Куллиёти девони Шамси Табрезй. Бо истифода аз нусхаи тасхехшудаи Бадеъуззамони Фурузонфар ба куншпшдуктур Абулфатхи Хакимиён. Техрон: Пажухиш,1383

6.Мавлоно Ч,алолуддин Мухаммади Балхй. Маснавии маънавй. Бо тасхех ва ва пешгуфтори Абдулкарими Суруш. Ч,илди 1-ум. Техрон: Ширкати интишороти илмй ва фархангй,1375

7.Маълумоти бештаре рочеъ ба ин истилох дар: Гавхарин, Содик; Хусайн. Шархи истилохоти тасаввуф. -Техрон, 1383. Ч,. 10-11.

8.Мустамлии Бухорй, Абуиброхим Исмоил ибни Мухаммад. Шарху-т-таарруф ли мазхабу-т-тасаввуф. -Техрон: Интишороти асотир, 1361

9.Насимии Шервонй. Девони ашъор. Бо тасхехи Еуломхусайни Бегдилй. Техрон: Нашри Равшан, 1363

Ю.Нурбахш, Ч,авод. Фарханги Нурбахш: истилохоти тасаввуф. Ч,илди 7. Чопи 2-ум. -Техрон: Марвй, 1372

11. Ошурй, Дориюш. Шеър ва андеша. Чопи панчум. -Техрон: нашри Марказ, 1387

12.Рузбехон Бакдии Шерозй. Шархи шатхиёт. Шомили гуфторхои шурангез ва рамзии суфиён. Ба тасхех ва мукаддима аз Анри Корбэн. Тарчумаи мукаддима аз Мухаммадалй Амири Муъиззй. Техрон: Тахурй: Анчумани эроншиносии Фаронса дар Эрон, 1385

13 .Саной, Мачцуд ибни Одам. Девони Хдким Саноии Еазнавй бар асоси муътабартарин нусхахо. Мукаддима, шархи зиндагй ва шеваи сухани Саной ба калами Бадеъуззамони Фуру^Ьнфар. Ба эхтимоми Парвиз Бобой. Чопи саввум. Техрон:Муассисаи интишороти Нигох, 1388

14. Шерозй, Х,офиз. Девон. Бар асоси нусхаи Халхолй (827к) ва муко-бала бо нусхаи Бодлеан ва Панчоб. Мусаххех Бахоуддини Хуррам-шохй. Техрон: Интишороти Нилуфар, 1383

15.Хачвирй, Абулхасан АлйибниУсмон. Кашфу-л-махчуб. Мукадцима, тасхех ва таъликоти Махмуди Обидй.Чопи 3-ум. -Техрон: Суруш, 1386

16.Ч,омй, Абдуррахмон. Х,афт авранг. Дафтари аввал аз "Силсилату-з-захаб. Ч,обулко Додалишох ва AcFap Ч,онфидо. http:// www.nosokhan.com/Librarv/Topic/15 WX

17.Юсуфй, Х,одй. Хомушй дар маснавй ва далоили он//Адаб ва забони форсй. Нашрияи донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Донишгохи шахид Бохунари Кирмон. Давраи чадид. - Кирмон, 1388, № 26.

18.Ясрибй, Сайд Яхё. Ирфонй назарй: тахкике дар сайри такомулй ва услуби масоили тасаввуф. Чопи 6-ум. Кум: Бустони китоб, 1387

19.Ясрибй, Сайд Яхё. Фалсафаи ирфон: тахлиле аз усул ва мабонию масоили ирфон. Чопи 6-ум. -Кум: Бустони китоб, 1387

Предпосылки становления суфийской поэтической терминологии

Ш.Суфиее

Ключевые слова: мистика, суфийская терминология, мистическое познание, откровение

По общему признанию великих мистиков, в том числе Саной, Аттора, Руми, мистическое познание является интуитивным и осуществляется оно без участия законов логики и внешних чувств. Поэтому поэтсш-суфиям трудно описать интуитивные откровения средствами обычного, основанного на логике языка. Суфий, находясь в состоянии эйферии от единения с Аллахом, говорит аллегориями и теопатическими выражениями (шатхиёт), вследствие чего некоторые слова и выражения принимают новые значения.

Prerequisite for the Formation of Sufi Poetic Terminology Sh. Sufiyev

Key words: mysticism, Sufi terminology, poetical cognition, sincere revelation

As great mystics confess - Sanoi, Attor, Rumi being among them -mystical cognition is intuitive, it is incarnated without the participation of he laws of logic and outward feelings. Therefore, it is difficidt for sufi poets to describe their sincere revelations by means of ordinary language based on logic. When being in the state of confluence with Allah sufi speaks by allegories and theopetic expressions (shatkhiyot), therefore some words and expressions acquire different meanings.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.