Научная статья на тему 'ҶОЙГОҲИ ШАХСИЯТИ КОМИЛУ БАРОБАРАРЗИШ ДАР ФАЛСАФАИ ИНСОНМЕҲВАРОНАИ АБӮНАСРИ ФОРОБӢ ВА НАСИРУДДИНИ ТӮСӢ'

ҶОЙГОҲИ ШАХСИЯТИ КОМИЛУ БАРОБАРАРЗИШ ДАР ФАЛСАФАИ ИНСОНМЕҲВАРОНАИ АБӮНАСРИ ФОРОБӢ ВА НАСИРУДДИНИ ТӮСӢ Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
38
4
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Абӯнасри Форобӣ / Насируддини Тӯсӣ / шахсияти комил / баробарарзиш / мафҳуми куллӣ / зан / мард / ҷинсият / хашм / меҳрубон / мақула / фаъол / ғайрифаъол.

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Мирова Нагзигул Рахмоновна

Таҳқиқоти тозанашр чун нерӯи эеҳнӣ метавонад барои баланд бардоштани маънавиёт ва бедор намудани ҳисси миллии инсон заминаҳои устувор гузорад. Дар ин мақола, муаллиф кӯшиш намудааст, ки масъалаи робитаи марду занро ҳамчун шахсияти комилу баробарарзиш дар таълимоти Абӯнасри Форобӣ ва Насируддини Тӯсӣ баррасӣ намудааст. Муаллифи мақола, қабл аз таҳлилу баррасӣ вазъи иҷтимоии замони Форобӣ ва Тӯсиро ба тарзи мухтасар зикр намуда, иброз медорад, ки Абӯнасри Форобӣ яке аз аввалин мутафаккиронест, ки мавқеи занро баланд бардошта, ҳастии онро дар маҷмуъ ба будани инсоният марбут медонад. Аммо, файласуфи дигари ҳамин мактаб Тӯсӣ, сарфи назар аз солҳои баъд ба ин масъала хело кам таваҷҷуҳ намудааст. Ба андешаи муаллиф дар таълимоти иҷтимоии Абӯнасри Форобӣ ҷойгоҳи шахсияти комил хоса буда, дар ин соҳа ӯ асаре «Андешаҳои мардуми шаҳри фозилон» таълиф намудааст, ки тамоми ҳолатҳои замонро фарогир буд, махсусан, ҷоқгоҳи марду занро. Тӯсӣ андешаҳояшро дар ин самт дар китоби «Ахлоқи Носирӣ» ҷой намудааст. Инчунин, муаллифи мақола иброз медорад, ки Форобӣ мазҳари ҳастии шахсиятро муштараку ҷуфт дониста, Тӯсӣ авлавиятро дар ин росто ба мард мансуб медонад. Илова бар ин, муаллиф фаъолияти шахсияти комилро дар таълимоти файласуфони машшоӣ бо мисоловариҳо нишон дода, натиҷаи фаъолияти онҳоро бо далелҳо исбот кардааст. Хулоса, таҳлилҳои ҳамаҷонибаи муаллиф нишон медиҳад, ки Форобӣ дар низоми андешаҳои иҷтимоӣ ба Афлотун ва Тӯсӣ бештар ба Ибни Сино ва он ба Арасту такя намудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ҶОЙГОҲИ ШАХСИЯТИ КОМИЛУ БАРОБАРАРЗИШ ДАР ФАЛСАФАИ ИНСОНМЕҲВАРОНАИ АБӮНАСРИ ФОРОБӢ ВА НАСИРУДДИНИ ТӮСӢ»

ФИЛОСОФСКИЕ НАУКИ УДК 1:18 (575.3)

ЧОЙГО^И ШАХСИЯТИ КОМИЛУ БАРОБАРАРЗИШ ДАР ФАЛСАФАИ ИНСОНМЕ^ВАРОНАИ АБУНАСРИ ФОРОБЙ ВА НАСИРУДДИНИ ТУСЙ

МИРОВА НАГЗИГУЛ РАХМОНОВНА

Та%цицоти тозанашр чун неруи эе%нй метавонад барои баланд бардоштани маънавиёт ва бедор намудани %исси миллии инсон замина%ои устувор гузорад. Дар ин мацола, муаллиф кушиш намудааст, ки масъалаи робитаи марду занро %амчун шахсияти комилу баробарарзиш дар таълимоти Абунасри Форобй ва Насируддини Тусй баррасй намудааст.

Муаллифи мацола, цабл аз та%лилу баррасй вазъи ицтимоии замони Форобй ва Тусиро ба тарзи мухтасар зикр намуда, иброз медорад, ки Абунасри Форобй яке аз аввалин мутафаккиронест, ки мавцеи занро баланд бардошта, %астии онро дар мацмуъ ба будани инсоният марбут медонад. Аммо, файласуфи дигари %амин мактаб Тусй, сарфи назар аз сол%ои баъд ба ин масъала хело кам таваццу% намудааст.

Ба андешаи муаллиф дар таълимоти ицтимоии Абунасри Форобй цойго%и шахсияти комил хоса буда, дар ин со%а у асаре «Андеша%ои мардуми ша%ри фозилон» таълиф намудааст, ки тамоми %олат%ои замонро фарогир буд, махсусан, цоцго%и марду занро. Тусй андеша%ояшро дар ин самт дар китоби «Ахлоци Носирй» цой намудааст.

Инчунин, муаллифи мацола иброз медорад, ки Форобй маз%ари %астии шахсиятро муштараку цуфт дониста, Тусй авлавиятро дар ин росто ба мард мансуб медонад.

Илова бар ин, муаллиф фаъолияти шахсияти комилро дар таълимоти файласуфони машшой бо мисоловари%о нишон дода, натицаи фаъолияти он%оро бо далел%о исбот кардааст.

Хулоса, та%лил%ои %амацонибаи муаллиф нишон меди%ад, ки Форобй дар низоми андеша%ои ицтимой ба Афлотун ва Тусй бештар ба Ибни Сино ва он ба Арасту такя намудаанд.

Калидвожщо: Абунасри Форобй, Насируддини Тусй, шахсияти комил, баробарарзиш, маф%уми куллй, зан, мард, цинсият, хашм, ме%рубон, мацула, фаъол, гайрифаъол.

Таджикский международный университет иностранных языков имени Сотима Улугзода, старший преподаватель кафедры философии и политологии. Душанбе, Таджикистан

Бунёди хастии чойгохи инсонй ва арзи хастии у чахонро тасхир намуда, рисолати шахсияти комил вобаста ба методхои мантик аз эхсоси фахмидан, тахлил кардан, арзёбй кардан ва натичагирй гирифтану мавкеъ доштан, иборат мебошад. Фахмиши аслии ба зиммадоштаи шахс имкон медихад, ки ташаккули зехнй ва натичагирй аз он дар як самти муназзам ба рох монда шавад. Агар эхсоси мавкеият ба андозаи фахмидани аслй бошад, бояд худи он низ бодарназардошти имконот мураттаб бошад. Агар баёни ин гуфтахо аз хастии шахсияти комил хабар медихад, дар чахони хастй кабули дарк хаст ва худи ин низ як амри аслии инкишофи субъективй дониста мешавад.

Масъалаи шинохти шахсияти комилу баробарарзиш, ки дар замони муосир дар шакли номуътадили ифроту тафрит баррасй карда мешавад, донишмандон ва мухаккиконро новобаста аз риштаи тахкик ба майдони пурмочарои объективй ва субъективй кашидааст. Ин казияест, ки дар замонхои гузашта, вобаста ба мазохибу адён назарсанчй мешуд ва дар замони имрузаи чахонишавй, комилан баракси он, хамчун субъективизми объективй матрах мегардад. Агар назароти пешин ба инобат гирифта шавад, дар заминаи онхо мо тарзи тафаккур ва сиришти зану мардро аз як хамира (чавхар) ва аз як мавкеъ донем, пас метавонем ба осонй ин матлабро халлу

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

фасл намоем. Ч,авхари инсон мармуз нест, он манкуш асту оммафахм. Дар ин самт андешаи мутафаккирон гуногун буда, хатто бархе аз онхо чунин мепиндоранд, ки нафси инсон чавхари мучаррад, аклй ва одй аст. Ин хастй бо хастии бадан ба вучуд меояд (баъди офариниш), яъне нафс агарчи иртиботи тадбирй ва тасарруфй бо бадан дорад, вале дар зоти худ, аз хамон лахзаи хастиаш, мучаррад аз бадани модй аст. Аз ин сабаб, дар мукоиса ба дигар махлукот танхо инсон ягона махлукест, ки худро дар сиришту сарнавишти хеш масъул хисобида метавонад. Дар ин масъулият ухдадорихо назди у меистанд ва хеч кадоме бо такозо чинсиятро ба инобат намегирад. Аз ин ру, шахс масъул аст, новобаста аз замону макон кори ба зиммадоштаашро анчом бидихад.

Агар барои дарки амики ин матлаб ба сарчашмахои таърихй ру оварем, бароямон маълум мегардад, ки тахлили мукоисавии шахсияти комил новобаста аз чинсият дар афкори динй-фалсафии Эрон, Юнон ва фалсафаи мактабхои шаркй, хусусан, машшоия ба таври муфассал матрах гардидааст.

Пажухишхо собит менамояд, ки дар таълимоти зардуштиён ва машшоиёни шаркй, ухдадорихо, хукуку озодихои шахс нисбат ба фалсафаи Юнон бештар тахлили худро ёфтаанд. Донишмандони юнонй, махсусан, Арасту фахмиши шахсияти комилро танхо ба чинси мард мансуб медонанд ва шахсияти занро инсони дувумдарача, нокисулакл ва танхо моликияти хоси шавхар мепиндорад, ки ин андеша ба сохти замони онхо, гуломдорй мансуб буда, аз хамин сангар матрах шуда аст. Вале ин фахмиш дар айни замону хамин сохти ичтимой дар сарзамини Эрон баракс дониста мешуд. Дар таълимоти «Авесто» баробарарзишии инсон ба назар расида, занро инсони дорои шахсият, баробархукук эътироф карда, аз лихози кобилияту истеъдод ва куввахои аклонию нафсонй бо мард баробар медонистанд, чуноне ки дар ясно, хоти 31, банди 1 омадааст: «Эй чуяндагони дониш, акнун омузишхо ва паёмро, ки то ба хол шунида нашудааст, барои шумо ошкор хохам сохт. Ин паём барои касоне, ки аз руи таълимоти нодуруст чахони некро табох созанд, ногувор мебошад, вале барои хамаи дилбохтагони Маздо хушоянду шодибахш аст» [8, 5].

Масъалагузорихои пешинро иктибоси додашуда, бори дигар тасдик мекунад. Масалан, мафхуми чуяндагон ва хамаи дилбохтагон куллй буда, умумияти як чинсро фарогиранд. Пас, шахсияти комил чй дар умури давлатдорй ва чй дар урфу эътикодхо орй аз чинсият буда, сабаби рушди тафаккури илмй гардидааст.

Ин масъалаи мубрам вобаста ба вазъи ичтимой, чун дигар самтхои илмй аз фалсафаи асримиёнагии точику форс дур намонда, мисли дигар силсилагузаришхои илмй дар мактабхои асримиёнагии шаркй, дакикан, мавриди омузишу баррасй карор мегирад.

Барои дарки амики масъалаи мазкур дар фалсафаи асримиёнагии точик, хусусан, зимни шарху тавзех додани макулаи хастй, макулахои дугона ва мутакобила мисли рух ва модда, чон ва тан, сабаб ва натича ва гайраро ба таври хеле фаровон истифода мебурданд. Чунин тачрибаи мукобалагузорй имконият медихад, дар фахмишу дарки мутафаккирони асримиёнагии мусулмон рочеъ ба муносибати байни марду зан ва макоми онхо таъсир расонида, дар натича мард сабаб, рух ва чон, ва зан натича, модда ва тан монанду хамсон карда шаванд. Ба хамин шакл, фахмиши шахсияти комил дар таълимоти бузургтарин файласуфони мактаби машшоия - Абунасри Форобй ва Насируддини Тусй баррасй карда мешавад.

Абунасри Форобй (870-950) нуктаи назарашро дар ин росто баён намуда, иброз медорад, ки «мард ва зан, агарчи аз лихози ду неру - хашм ва мехрубонй, аз якдигар фарк доранд, бо ин далел, ки зан дар неруи хашм аз мард нотавонтар аст ва дар неруи мехр аз вай тавонотар, вале харду дар нерухои хиссй, тахайюлй ва аклй шабехи хамдигаранд» [5, 89], аз ин ру, чойгохи онхо (марду зан) дар мадинаи фозила баробар аст. Дар вокеъ, ин андешаи Форобй, ки зан ва мард танхо дар неруи хашм ва мехр аз якдигар фарк мекунанд ва бо хам баробар нестанд, аммо дар се кувваи дигар, яъне тахайюл, хис ва акл, харду бо хам баробаранд ва билкувва, имкони расидан ба фазилату саодати инсониро баробар доранд. Комилан эътирофи мантикии ин масъала дуруст аст, зеро

мохияти хушбинонаву прогрессивона доштани андешаи ин мутафаккири беназир маком ва накши ичтимоии занро собит менамояд. Хамаи харакатхо, кушишхо ва чидду чахди инсон барои ноил шудан ба дарачаи камол дар чустучу ва дарёфти шахсияти комил асос ёфтааст: «Инсони комил -хамчун одамхудо (человекобог), инсонро дар чор мартабаи камолоти маънавй: шариат, тарикат, хакикат ва маърифат рахнамой мекунад, аз тарафи дигар, пайрав хар кадар ба зинае болотар барояд, хамон кадар асрори инсони комил ба у ошкортар гардида, дар шуураш Худоодам (Богочеловек) табдил меёбад» [10, 74].

Агар ин хама фаъолиятхое, ки марбути шахсанд ба зану мард таксим намоем ва якеро умумиятдихй намуда, дигарро махдуд созем, натичаи як самт хосил мешавад ва мафхум нодуруст хосил мешавад. Ба хамин хотир, боназардошти низоми якнавохти хаёти ичтимой, бояд пурбор бошад ва он бор эътирофи баробарарзишии шахсият ва умумиятдихии куллй дар назар дониста шавад.

Ба хукми мазкур, мутафаккири дигари асримиёнагии форсу точик Насируддини Тусй (1201 -1275) назари дигар дошта, зимни шархи мохият ва макоми шахсият аз афкори файласуфони Юнон, Арасту пайравй мекунад. Албатта, Арасту сохти ичтимоиро ба инобат гирифта, андешаи кавииродагии мардро чонибдорй карда буд. Вале баъди асрхои тулонй Тусй хамон андешаро чонибдорй карда, мардонро зотан аз занхо окилтар медонист ва бо хамин далел мегуфт: Мардон бояд ба хамсарон, бардахо ва кудакон раёсат кунанд. Ба андешаи у, «мардхо пурхарорат, гарммичоз ва фоил хастанд, занхо бошанд, баръакс, бехарорат, сардмичоз ва гайрифаъол» [13, 178] мебошанд. Агар ба сохт ва шакли фикрронии Тусй таваччух намоем, омилхои зиёде буданд, ки ба он таъсири як киматаро мегузоштанд. Якум, у дар бисёр масъалахо зери таъсири Ибни Сино карор мегирад ва он аз Арасту. Дуюм, сохти ичтимоии ба вучудомада, яъне чангу фишорхои пайвастаи сулолавй ва аз хама мухим ин истилои мугул буд, ки дахшату истибдодро ба миён овард, ки омили асосии на шахсият, балки фардият хондани занон ва очизу нотавон шуморидани онхо гардид.

Бо густариши прогресивонаи таърихй ин масъала дар замони имруз аз диди санадхои меъёриву хукукй хело хуб назарсанчй шудааст. Хукумати Чумхурии Точикистон барномаии давлатии «Самтхои асосии сиёсати давлатй оид ба таъмини хукуку имкониятхои баробари мардон ва занон дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2001-2010» кабул кардааст, ки хадафи асосии он баробарарзишии чинсият ва ташаккули чомеаи солим аст.

Дар манзалату шахсият ва баробарарзишии инсон хануз Филон, илохиётшиносй яхудй дар асри якуми мелодй Одамро намуд ва тамсиле аз хираду акл, Хаворо тамсиле аз дарёфти хиссй дониста, мардро мазхари аклу хирад ва занро мазхари куввахои хиссй пиндошта, хастии онхоро муштарак медонист ва якеро бар дигаре такондиханда, чун аклу дониш. Афлотун дар Академия худ ба шогирдон аз сохти ичтимоии чомеа дарс мехонд ва ба мисли Филон «мазхари хастии шахсиятро муштараку чуфт» [7, 15] дониста, таъкид мекард, ки аз ин ду натичаи мусбат хохад шуд ва бокй бенатича хоханд буд. Хикмати халкии офариниши инсон низ ба хамин шакл баён шудааст, яъне Одам баъд аз офариниш солхо, бехиссиёт умр ба сар мебарад ва баъдан аз чониби офаридгор Хаво аз кабургаи у сохта мешавад, ки сабаби асосии тахарруки манфиатхои у мегардад. Ин нигоришро шаклан баррасй кунем, танхо бузургй ва шахомати мард дида шуда, заифию нотавонй ва вобаста будани зан мушохида мешавад. Аммо, агар аз диди фалсафй ба мазмун таваччух кунем, холат баракси хол аст. Нишонаи мард колбад, ва китфу бозувони кавии уст. Агар он кабургае, ки гуфтем, дар чисми мард набошад, аз шахомату часорат чизе гуфта намешавад. Пас, дар хаёти ичтимой низ хамин гуна аст. Зан дар пахлуи мард устувор набошад, хеч гох мард ба музаффариятхо ноил намегардад. Аз ин ру, хикмати мардумй на бузургии мард, балки аз занро инъикос кардааст.

Андешахои Форобй ба гуфтахои боло хамрадиф буда, маком, накш ва шахсияти ичтимоии инсонро на аз чинсияти у, балки аз сатхи донишу маърифат, кобилияту истеъдод ва фазилатхои накуи инсонии у вобаста медонад. У бо пайравй аз хикмати Афлотун шахсияти занро аз мавкеи инсонмехварй ва фазилатмехварй тавсиф намуда, омили чинсиятро дар таъйини маком ва накши ичтимоии зан рад мекунад. [2, 169].

Х,арчанде ки Форобй ба ин вазифа марду зан ва рисолату ухдадории онхоро дар китоби худ «Андешахои мардуми шахри фозилон» вобаста ба замону макон, сохтори ичтимоию холати иктисодй баррасй менамояд, вале ин раванд дар таълимоти фалсафии Насируддини Тусй ва соири мутафаккирони дигари мусулмон, кам мариди тахкик карор гирифтааст. Мухаммадтакии Ризавй муаллифи «Ахвол ва осори Насируддин» дар китобаш чунин кайд мекунад: «Х,ангоми сохтани Расадхонаи Марога ситорашиносон ба гайр аз кишвархои тоза тасарруфшудаи мугулхо, аз кишвархои дигар низ даъват шуда буданд, маслан, аз Чин, Тунчиё Тумчй омада буд ва хамрохаш чанд зани ситорашинос. Аз хастии онхо Тусй норохат шуда, бо фармони Х,алоку онхоро пасхонд» [13, 375].

Тусй занро комилан тобеи мард ва вазифаи асосии уро модарй ва хамсарй мешуморанд. Гуфтори у оид ба накши зан дар оила ва чомеа бештар хусусияти мардмехварй в а патриархалй дорад. Аммо мавкеи Форобй бештар инсоншиносона аст ва камтар дар кайд ва банди вижагихои чинсиятй гирифтор мешавад.

Абунасри Форобй хамчун файласуфи чомеашинос аввалин шахсест, ки зимни таъйини омилхои хаёти ичтимой аз зарурату ниёзмандии фитрии инсон ба такомули моддй ва маънавй сухан ба миён меорад ва мегуяд: «Инсон наметавонад ба танхой ва бидуни кумаки дигарон, ба хама камолоти моддй ва маънавии худ ноил шавад» [3, 229].

Тахлили мукоисавии андешахои Форобй ва Насируддини Тусй ба таври хеле равшан нишон медихад, ки ин мутафаккирони бузурги мусулмон, бо вучуди намояндагони як мактаби фалсафй -машшоияи шаркй буданашон, рочеъ ба накш ва макоми шахсияти комил фикру акидахои мухталиф доштаанд. Андешаи Форобй дар бораи шахс як навъ инсоншиносии нисбатан фориг аз чинсият мебошад, аммо, дар андешахои Насириддини Тусй, чинсият комилан ба инобат гирифта шуда, мард нисбат ба зан аз накшу маком ва афзалиятхои бештару бартаре бархурдор аст.

Ба ин масъалаи мазкур файласуф дигари мактаби машшоия комилан назари дигар дошта, накутарин хислат ва сифати занро итоат ба шавхар мехисобад. У чунин мепиндорад, ки барои ичрои тадбири манзил, шавхар бояд дорои хайбат ва нисбат ба занаш карим бошад. Дар мукоиса бо Ибни Сино, нигохи пайрав ва идомадихандаи Насируддини Тусй ба макому чойгохи зан боз хам бештар хусусияти мардмехварй дорад. Мухимтарин асаре, ки дар он Тусй аз тадбири манзил, чойгохи ахлок дар хаёти оилавй ва зимнан, чойгохи зан дар хонавода сухан гуфтааст, «Ахлоки Носирй» мебошад. Насируддини Тусй манзилро иборат аз муносибати хос миёни зану шавхар, волидайн ва баробарарзишии онхо мебошад. Ба андешаи у, хадаф аз тадбири манзил фарохам овардани заминахои мусоид барои шахсияти комил мебошад. Мутафаккир барои суботу осоиштагии чомеа оиларо тахкурсии асосй дониста, рушди тафаккури алтернативиро бакои хастии чомеаи ормонй мепиндорад ва таъкид мекунад, ки «бояд саноати хуб ихтиёр кард ва хеч гох набояд муртакиби чабр ва таслими ор шуд» [15, 167].

Хулоса, Абунасри Форобй ва Насируддини Тусй дар осори фалсафии худ вобаста ба мавкеи ичтимоии худ вожахои куллиро дар шинохти шахсияти комил ба кор бурдаанд. Форобй дар Шарк ягона мутафаккирест, ки баробарарзишии шахсияти комилро таквият бахшида, рушди тафаккурро на дар чинсият, балки дар холат ва харакатхои пайвастаи омузиш медонист. Вале Тусй, ба мафхумхои додашуда, махдудтар назар карда, ин раванди фахмиши ичтимоиро вобаста ба амалияи бевосита ва шакл арзёбй мекард.

АДАБИЁТ

1. Абдильдин Ж.М., Бурабаев, М.С. Социальные, этические и эстетические взгляды аль-Фараби [Текст] / Ж.М. Абдильдин, М.С. Бурабаев. - Алма-Ата: «Наука», 1984. - 128 с.

2. Аль-Фараби. Философские трактаты [Текст] / Аль-Фараби. - Алма-Ата: «Наука», 1972. -495 с.

3. Аль-Фараби. Социально-этические трактаты [Текст] / Аль-Фараби. - Алма-Ата: «Наука», 1973. - 398 с.

4. Аль-Фараби. Историко-философские трактаты [Текст] / Аль-Фараби. - Алма-Ата: «Наука», 1985. - 622 с.

5. Ал-Фараби. Ора' ахл ал-мадина ал-фазила [Матн] / Ал-Фараби. - Каир: «Дор ал-машоик», 2002. - 227 с.

6. Аристотель. Никомах ва этика [Текст] / Аристотель. М., 1908. - 478 с.

7. Бартолемей К. Зан дар хукуки сосонй [Матн] / К.Бартолемей. - Техрон, 1337. - 82 с.

8. Бокизода М. Чрвидоннома [Матн] / М.Бокизода. 4, 2. - Душанбе: «Бухоро», 2012. - 2364 с.

9. Воронина О.А. Основы гендерной теории и методологии [Текст] / О.А.Воронина. - М.: «Наука», 2001. - 743 с.

10. Карамхудоев Ш.К. Фалсафаи инсонмехварии Носири Хусрав ва Чдлолуддини Румй [Матн] /. - Душанбе: «Эр-граф», 2022. - 176 с.

11. Кумарасвами Р. Права женшен и международное право человека [Текст] / Р.Кумарасвами. -М., 2005. -238 с.

12. Музаффарй М. Антропологияи ориёй [Матн] / М.Музаффарй. - Душанбе: «Дониш», 2006. - 124 с.

13. Ризавй М. Ахвол ва осори Насируддин [Матн] / М.Ризавй. - Техрон, 1354х. - 722 с.

14. Тусй Н. Равзат ат-таслим [Матн] / Н.Тусй. -Техрон, 1997. - 220 с.

15. Тусй Н. Ахлаки Насирй [Матн] / Н.Тусй. - Лондон, 1364 х. - 420 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.