ФИЛОСОФСКИЕ НАУКИ 09.00.14
Ч.ОЙГОХД АКЛ ВА АКЛГАРОЙ ДАР МАКТАБИ КАЛОМИИ МОТУРИДИЯ ДАР МУКОИСА БО МАКОТИБИ КАЛОМИИ АШЪАРИЯ ВА МУЪТАЗИЛА
САМАДЙ САМАРИДДИН КАРОМАТУЛЛО
Унвонцуйи институты фалсафа, сиёсатшиносй ва хуцуци ба номи А. Бахрвадинови
Академияи миллии илмхои Тоцикистон
Омузгори калони кафедраи методикаи таълими фанхои гуманитарии Донишкадаи цумхуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф
Чакида
Ацлгарой (Rationalism) яке аз мухимтарин усули тафаккур аст, ки аз цадим мавриди таваццухи файласуфон ва мутакаллимон царор дошта ва он ба маънои "Такя бар усули ацлй ва мантицй дар андеша, рафтор ва гуфтор" фахмида мешавад.
Масъалаи мазкур дар мактабхои каломии дини Ислом, аз цумла "Муътазила", "Ашъария" ва "Мотуридия" матрац буда, мутакаллимони дин аз ацл ва асолати он дар бахрхри маърифтшиносии худ шарххои гуногун додаанд. Баъзе аз он хамчун як манбаъ ва масдари аслй ва баъзе барои кашфи хацицатхо ёд мекунанд.
Калидвожацо: ацл, ацлгарой, дин, фалсафа, калом, муътазила, ашъария, мотуридия, Абумансури Мотуридй.
Яке аз сарчашмахо ва манбаъхои мухим дар расидан ба маърифат дар мактаби каломии Мотуридй "А;л" аст, ки ин масъала бо мавзуи аслии ма;ола иртибот дорад. Ончй аз мурочиати китобхо ва матнхои мотуридиён дар хусуси а;л метавон ба даст овард, ин аст, ки онон а;лро аз манбаъхри зарурии маърифат медонанд ва муъта;иданд; донише, ки ба василаи а;л ва заруриёти а;лй ба даст меояд, зарурй ва хатмй аст. Бинобар ин, маърифати а;лй зарурист, хамон гуна, ки илми хиссии зарурй ва бидуни шубха мавриди пазириш аст.
Бо назардошти муносибати мотуридиён ба а;л, гуфтан мумкин аст, ки а;л манбаи асосии шинохти усули динй барои мотуридиён аст ва онхо чунин мешуморанд, ки аввал бояд ба а;л мурочиат кард ва тавассути он ба усули дин даст ёфт. Мотуридй дар китоби худ " Ат-Тавхид" мегуяд: "Асли ончй, ки дин ба василаи он шинохта мешавад, ду чиз аст: аввал "Шунидан" дуюм "А;л" аст Вай инчунин дар чои дигар мегуяд: "Илм ба Худо дарк намешавад, магар ба василаи "Истидлол" [2, с.137]
Абумансури Мотуридй, ки мактаби каломии мотуридия ба у нисбат дода шудааст, дар Худуди солхои 238 ё 248-уми хичрй дар Мотурид, ки яке аз ;исматхои Самарканд мебошад, таваллуд шудааст. Шайх, мутакаллим, мухаддис, олим, фа;ех, мучтахид, мутафаккир ва алломаи бузурги давраи эхёи нахустини Шар; буда, соли 870 м. дар мавзеи Мотуриди вилояти Самарканд таваллуд шудааст. Вай маълумоти нахустинро аз падари худ Мухаммад ибни Мансур омухта, сипас дар мактаби ибтидоии Куттоба саба; гирифта, мадрасаи назди Масчиди Работи F озиён ба омухтани илмхои замони худ парохтааст.
Вай дар ахди салтанати Оли Сомон дар рузгори хукмронии амирони сомонй: Наср ибни Ахмад [864-892], Амир Исмоили Сомонй [892-907], Ахмад ибни Исмоили Сомонй [907-914], Наср ибни Ахмади Сомонй [914-943], Нух ибни Насри Сомонй [943-954] зиндагй ва эчод намудааст.
Зикри холи у дар асархои муаллифони асри миёна, амсоли Хатиби Багдодй, Абулфидо Зайниддин Косим ибни Кутлубуга, Мухиддини Курайшй, Ал-Кафавй, Абу Муъин Насафй, Тошкупризода, Х,очй Халифа ва хоказо маълумот оварда шудааст. Дар асархои муаллифони
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
мазбур алломаи бузург бо ла;абу унвонхо ва таъбироти зерин, амсоли «Имоми ахл ас-сунна ва-л-чамоа» [Имоми ахли сунна ва чамоа], «Имом ул-худо» [Имоми рохнамои хидоят], «Султон ул-муаззин» [Султони муаззиноно], «Кудват ахл ас-сунна ва-л-эхтидо» [Зоти боибрат барои ахли суннат ва хидоят], «Рафеъ аълом ал ас-сунна ва-л-чамоа» [Байра;бардори ахли сунна ва чамоа], «Колеъ азолил ал-фитна ва-л-бидъат» [Ботилкунандаи залолати бидъат ва фитнахо], «Имом ул-мутакаллимин» [имоми мутакаллимон], «Мусаххех ул-а;оид ул--муслимин» [Мусаххехи а;идахои мусулмонон] «аш - шайх ал-имом» таърифу тавсиф карда шудааст.
Абумансури Мотрудй аз олимони машхури замони худ, монанди: Абунаср Ах,мад ибни Аббос ибни Хусайни Иёдй, Абубакр Адмади Чузчонй, Нусайр ибни Ядяи Балхй, Мухаммад ибни Му;отили Розй [;озии шахри Рай будааст] таълимму мукаммал омухтааст. У пас аз омухтани илми замони худ барои аз ну;су хато ислох намудани илмхои усули дину усули фи;х ва солиму комил намудани мафкураи сиёсии дини ислом ичтидод намуда, ба эътибори бузурги ахли замони худ ноил гардид. У шогирдони зиёде тарбият намуда, аз машхуртарини ондо: Абуисдо; ибни Мухаммадибни Исмоил, Абулхасан Алй ибни сайиди Рустагфонй, Абумухаммад Абдулкарим ибни Мусои Паздавй, Абулайси Самар;андй, Абулхасани Паздавй, Абулюсри Паздавй, Абу Муъин Насафй, Сафари Бухорой, Начмиддин Умари Насафй, Сабунии Бухорой, Умари Ханафй мебошанд, аксарияти онхо шогирди хамзамони шайх буда, ;исме дигари онхо шогирди рухонии у мебошанд.
Абумансури Мотрудй дар тули рузгори босамари худ, осори зиёи динию илмй навишта, ба ворисони ояндаи худ мерос гузроштааст, ки номгуи онхо чунин аст: «Китоб ат-тавхид»;
«Китоби таъвилоти ахли сунна» [«Таъвилот ал-Куръон»]; «Китоб ул-чадал» [Китоби Диалектика] «Китоби маъохиз аш-шариъа» [Китоби маъхазхои шариат]; «Китоб ул-ма;олот»;
«Китоби радди аъло ли ;аромита» [Китоби радди аълои ;арматия]; «Китоби баёни вахм ал-муътазила»;
«Китоби радди усул ал-хаса ли Абимухаммад ал-Бохилй»; «Китоби радди авоил ал-адиллдат ли-л- Каъбй»; «Китоби радд ал-имомат ли - баъз равофиз».
Яке аз мавзуъхои мухим, ки дар робита бо андешаи каломии мотуридия матрах мешавад, "Хусн ва ;убхи а;лии ашёъ (чизхо) ва афъол" аст. Ашъария аз асос "Хусн ва ;убхи а;лй"ро рад мекунанд ва муъта;иданд, ки ин кор сабаб мешавад ирода ва хости Худо аз а;ли инсон пайравй кунад ва ин пиндор хамчун ну;сон ва махдудият дар зоти Худост, хол онки Худованд аз хама чиз комил ва муназзах аст. Муътазила, ки ба "Адлия" машхуранд, муъта;иданд, ки а;л метавонад "Хусн ва ;убхи чизхо"ро дарк намояд ва ин сабаби хеч гуна ну;сон ва махдудият дар иродаи Худо намебошад. Мотуридия низ дар асли масъала, ки а;л метавонад "Хусн ва ;убхи чизхо"ро дарк кунад, бо "Адлия" мувофи; аст, вале баъзе мартабахои онро намепазирад.
Алломаи Байёзй мегуяд: "Хусн ба маънои мустаха; будани мадх ва савоб; ва ;убх ба маънои мустаха; будани мазаммат ва азоб бар такзиби (Паёмбарон) дар назди мотуридии а;лй аст; ба ин маънй, ки а;л дармеёбад, ки Худо бо он хукм карда аст.. на инки а;л хусн ва ;убхро вочиб кунад.. ва инсофи Худо бар ситам ва ончи, ки сазовор нест, махол ва номумкин аст. Бинобар ин азоб додани инсони саховатманд ва подош додани чинояткор аз руи а;л чоиз нест, зеро бо хикмати Худо созгорй надорад ва а;л бо дуруст набудани чунин коре я;ин дорад". [6, с.378]
Пас равшан шуд, ки мотуридия "Хусн ва ;убх"-и а;лиро то ин хад мепазиранд, ки баъзе аз амалхо "Хусн ва ;убх"-и зотй доранд ва а;л хам метавонад онхоро дарк кунад ва хамин
микдор хам дар боби бахсхои каломй кифоят мекунад ва тавре, ки аз фармудаи Байёзй фахмида мешавад, мотуридия вочиб шумурдани хусн ва ;убх аз суи а;л, ё "Вочиб будани он бар Худо"ро намепазиранд ва ха; хам хамин аст чаро, ки а;л наметавонад чизеро бар Худо вочиб гардонад! Балки шаъни а;л махз дарк ва кашф аст ва чунончи мотуридия мегуянд, Худо аз руи хикматаш корхои некро анчом медихад ва корхои зиштро тарк мекунад, на ба хотири пайравй аз а;л.
Матлаби дигар дар мавриди номхо ва сифатхои Худо аст, ки байни ашъарихо ва мотуридихо дар лозим будани шинохти а;лй ва шаръии Худо ихтилоф аст. Ашъариён муъта;иданд, ки шинохтани Худо вочиби шаръй аст ва бо ояти Куръон, ки мефармояд: «Бигу: Бингаред, ки чй чизе дар осмонхо ва замин аст?..».. (Юнус: 101) ва монанди он истидлол кардаанд, аммо мотуридия, ба монанди "Адлия" ;оил ба зарурати а;лии маърифати Худо мебошанд ва мегуянд: Махз ба василаи а;л, вучуди Худо, вахдати у, илми у, ;удрати у ва гайра вочиб мешавад. [8, с.54]
Мутакаллимон одатан сифатхои Худоро ба ду навъи "Сифатхои зот ва сифатхои феъл" та;сим кардаанд. Сифатхои зот, ба монанди илм, ;удрат ва хаёт ва "Сифатхои феъл" ба монанди ризкдиханда ва офаринанда. "Сифатхои зот" сифатхое мебошанд, ки дар нисбат додани сифати зоти Худо ба онхо нафси зот кифоя аст, аммо дар "Сифатхои феъл" ма;оми феъл бояд ба назар гирифта шавад. Дар ин та;симбандй, муътазилиён ва ашъариён бо хам мувофи; хастан, аммо Мотуридия бо ин та;симбандй мухолиф аст. Абумансури Мотуридй дар китоби худ бобе барои радди ин масъала кушодааст ва чунин мешуморад, ки Худо танхо сифатхои зотия дорад ва хамаи сифатхои феълияро ба як сифати зотии дигаре бо номи "Таквин" (ба вучуд овардан) бармегардонад, ки монанди дигар сифатхои зотии Худо ;адимй ва човидона аст. У мегуяд: "Сифати таквин", ки дар асл сифати зот аст, ;адимй ва човид аст, аммо худи "Феъл" ходис аст. У дар посух ба ин пурсиш, ки агар "Таквин" сифати азалй аст, пас чаро "Мукаввин" (ба вучуд овранда), ки ба ин сифат тааллу; дорад, азалй нест, мегуяд: "Таквини азалй сарчашмаи пайдоиши ашёъ дар вацти муносиби онхост. Бинобар ин, худи васф кадим аст, аммо натицаи он ходис аст; Х,амон гуна, илм, кудрат ва ирода азалиянд, аммо маълум ва мацдур ва мурод ходис аст ва худуси онхо боиси тагйир дар маншаъ намешавад" [9, с.111]
Абу Мансури Мотуридй Худоро аз руйи а;л ва на;л ба сифатхои ;удрат, илм, хаёт, каромат, бахшиш ва амсоли инхо медонад ва чунин мешуморад, ки ин сифатхо ;оим ба зот ва азалй ва ;адиманд.
Бояд ;айд кард, ки Мотуридй дорои андешаи танзихй аст ва аз ин ру, хангоми нисбат додани Худо ба ин сифатхо, у чунин мешуморад, ки аввалан, ба фар; аз муътазилитхо, ;оил ба нафйи сифатхо хастанд, ин сифатхо барои Худо заруранд ва аз тарафи дигар, ба фар; аз ахли хадис ва ашъариён, ки ин сифатхоро ба маънои зохирии он мегиранд, мегуяд: "Асоси калом дар масъалаи тавхид ин аст, ки огози он ташбех ва поёни он тавхид аст, Зеро он чизе, ки мо аз ин сифатхо мефахмем, он чизест, ки дар махлуцот мавцуд аст ва агар мо онро ба Хамон маъно ба Худо татбиц кунем, ин ташбех аст ва агар аз татбици он ба Худо пархез кунем, он таътил аст. "Пас, мо бояд рохеро интихоб кунем, ки на боиси ташбех шавад ва на таътил". [2, с.47]
Ба ин нукта хам бояд ди;;ат дода шавад, куи мутакаллимони мусулмон дар ин, ки Худо макон дорад ё не, ихтилоф доранд. Баъзехо гумон карданд, ки Худо бар Арш нишастааст ва аз ин ру, Арши Худо чои Худост. Баъзехо гуфтанд: Худо дар хама макон хузур дорад ва баъзехо ба радди макон аз чониби Худо бовар доранд.
Абумансури Мотуридй дар тафсири ояти "[Худои] Рахмон бар "Арш" истицрор ёфт"" (Тохо: 5) мегуяд: "Гуфтори дуруст ин аст, ки Худо вуцуд дошт, дар холе ки маконе набуд ва инчунин нобуд шудани хамамаконхо ва боцй мондан Худо мумкин аст... "Уаз тагирёбй, фано, тагйири холат, бутлон ва нобудшавй муназзах аст"." [7, с.306]
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Епйевв ЫдЫ; ш ветепсе"
Оре, Абумансури Мотуридй макон доштани Худоро дар нихоят бо а;л мувофи; намебинад ва онро нишонаи хочат ва ниёзмандй, ки Худо аз он пок аст, медонад ва дар тафсири оят саранчом ;оил ба тафвиз (вогузорй ва таслим) мешавад ва мегуяд: "Худо фармуда аст: "хец чизе монанди У нест " (Шуро: 11) Ва Худо ба ин васила шабохати худро бо махлуц инкор кард ... Аз инру, мо ба ояти "[Худои]Рахмон бар "Арш " истицрор ёфт". " (Тохо: 5), ба он сурат, ки нозил шудааст цоил хастем ва маънои онро ба таври цатъй ба чизе таъвил (тафсир) намекунем; Зеро мумкин аст, ки он гайр аз он чизе, ки мо тафсир кардаем, маънои дигаре дошта бошад ... ва мо ба он чизе, ки Худо аз он ирода карда аст, имон дорем ва инчунин дар хар ончи, ки оят нозил шудааст, ба монанди руъят (дидан) ва монанди инхо, нафйи мушобихат аз Худо ва имон ба ончи У ирода карда аст, лозим аст". [2, с.44]
Аз дигар андешахои каломии мотуридия масъалаи "Руъят (дидор)- и Худованд дар рузи ;иёмат аст". Дар байни мутакаллимони мусулмон дар мавриди он, ки Худо дар дунё ё охират дида мешавад ё не ва умуман дидани Худо имконпазир аст ё не, ихтилофи назар вучуд дорад. Ашъариён ва ахли хадис муъта;иданд, ки Худо дар рузи ;иёмат дар назди муъминон зохир мешавад ва хама уро мебинанд.
Мотуридй тамоми сифатхои хабариро ба гунае, ки ташбех ё тачсимро талаб кунанд таъвил мекунад ё тафвиз мекунад, аммо ва;те ки сухан дар бораи "Руъяти Худо" меравад, вай бо бисёр оятхо дучор мешавад, ки ба назари у, ба чуз аз руъят хеч маъное надоранд. Онро таъвил бурдан ё тафвиз кардан мумкин нест. Мотуридй ногузир дидани Худо дар рузи ;иёматро ;абул мекунад аммо онро дар бардорандаи чисмонй будани Худо намедонад ва боварй дорад, ки шароити руъяти Худо дар ин дунё аз он дунё фар; мекунад. Вай идрок (дарк) ва руъят (дидор) ро аз хам фар; мегузорад ва иддао мекунад, ки дарк махдудияти даркшавандаро талаб мекунад ва аз ин ру, Худо дарк намешавад, аммо дидор имконпазир аст ва махдудият ба он зарур нест ва эъти;од ба он лозим аст.
Мотуридй барои исботи даъвои худ ба оятхо ва хадисхо, алахусус ба оятхои: "Он руз чехрахое шодобанд; Ба суи Парвардигорашон назар мекунанд. (Сураи ;иёмат: 22 ва 23) истидлол мекунад ва муъта;ид аст, ки ин оятхо хатман маънои ба Худо нигаристан ва диданро дорад, на интизор шудан ё назораи оятхои илохй; Зеро, ;иёмат аввалан чои интизорй нест. Дуввум инки калимаи "Нозира" дар ояти зикршуда ба калимаи "Ило" мутааддй (гузаронида) шудааст, ки дар мавриди назар кардан ба чизе истеъмол мешавад, на интизор шудан. Сеюм инки, "Назар кардан" ба оятхои илохй дар чадунё низ ба даст омадааст ва таъкид ба он дар ;иёмат лозим нест. Чорум инки интизории рахмати Худо ва ё назораи оятхои илохй махсуси муъминон нест, дар холе ки ин оят барои муъминон башорат дода аст. Аз ин ру, эъти;од ба руъяти Худо дар бихишт барои муъминон зарур аст. Мотуридй инчунин дар ин чо таъкид мекунад, ки дидори Худоро бояд аз чихати ташбехй ва чисмонй чудо ва тоза кард.
Яке аз мавзуъхое, ки мутакаллимон дар он ихтилофи назар доранд, "Зиёдат ё айнияти сифатхо бо зот" аст.
Мутакаллимон дар ин маврид ихтилофи назар доранд. Муътазилиён ;оил ба нафйи сифот хасатанд ва муъта;иданд, ки сифатхое, ки дар Куръон барои Худо зикр шудаанд, хама номхо барои зоти Худо мебошанд. Ахли хадис ва ашъариён ба исботи сифатхо ва зиёдати сифатхо бар зот эъти;од доранд.
Мотуридй дар китоби "Ат-Тавхид" дар бораи сифатхои Худо муфассал харф задааст, аз каломаш фахмида мешавад, ки у ;оил ба айнияти сифот бо зот аст, зеро ин масъаларо Имом Абу Зухра аз суханони у истифода кардаанд. Имом Абу Зухра мегуяд: "Матуридй ин сифатхоро исбот кард, аммо гуфт, ки инхо чизе цуз зот нестанд. Аз ин ру, инхо на сифатхои цоим ба зоти худ хастанд ва на цудо аз зоти Худо.Бинобар ин, ин сифатхо вуцуди мустацил аз зоти Худо надоранд, тогуфта шавад, ки зиёдии онхо боиси зиёдии цадимихо мегардад ". [7, с.259]
Далели дигари дурустии ин а;ида нисбат ба Мотуридй суханони Абу Муъин Насафй мебошад, ки мегуяд: «Наметавон гуфт, ки илми Худо хамрохи Худост; Чунки илм ;оим ба нафс нест ва низ наметавон гуфт, ки илми Худо дар Худост; Чунки Худо зарфе барои илм нест ва наметавон гуфт, ки илми Худо ба Худо наздик аст ё аз Худо чудо аст; "Зеро ин чудо кардани илмро аз Худо талаб мекунад ... Ва Шайх Абумансури Мотуридй мегуяд: "Худо олими биз зот аст, цодир биз зот аст ва манзури у нафй кардани сифатхо нестт, балки дафъи гумон ва хиёли тафовут ва таноцуз аст". [13, с.380]
Мавзуи дигар дар робита бо андешахои Мотуридй масъалаи "Таклифи мо ло юто;"
V аст.
"Таклифи мо ло юто;" V масъалаест дар илми калом, ки дар байни
мутакаллимони исломй: ашоира, муътазила, ва мотуридия матрах аст. Ин истилох, ба ин маъно аст, ки Худованд кореро бар шахсе вогузор кунад, ки он шахс тавони анчоми он корро надорад. Ашоира ба имкони чунин таклифе эъти;од доранд, аммо дар му;обил; муътазила ва мотуридия онро ;абул надоранд.
Мотуридй "Таклифи мо ло юто;"ро махол ва гайриимкон мехисобад. Албатта, у фар; мегузорад байни касе, ки аз асл ;удрат надорад ва байни онки ;удрат ва ;обилияти худро ба дасти худ аз даст додааст. У гуфтааст, ки таклиф кардани касе, ки тавоной надорад, аз ну;таи назари а;л фосид аст, аммо касе, ки ;удрати худро зойеъ кардааст, сазовори он аст, ки ба у таклиф дода шавад ва гарна, зарур меояд аст, ки таклифи илохй барои фармонбардорон ва мутион бошад ва ин ;обили ;абул нест.
Масъалаи дигаре, ки дар андешахои каломии Мотуридй мавриди бахс аст, "Кудрати пеш аз феъл ё пас аз феъл" мебошад.
Мутакаллимони мусалмон хама иттифо; доранд, ки ;удрати Худо бар амал пеш аз эчод аст, аммо ихтилоф дар он аст, ки ;удрати инсон хамрох бо амал аст ё пеш аз амал. Мотуридй байни сабабхои нопурра ва но;иси феъл, ки онро ";обилияти асбоб" маънидод мекунад, ва сабаби комили феълро, ки онро ";обилияти томми амал" меномад, фар; мкгузорад. Вай мегуяд: "Асос барои мо дар бораи цудрат он аст, ки цудрат ду навъ аст: яке " солимии асбобхр ва солимии васила^о ", ки цабл аз амал^о щстанд ва дар асл онхр амалро ба вуцуд намеоранд, хррчанд амал "Бе онхр, он вуцуд нахощд дошт .. дигари" кудрати амал "аст, ки барои он %ец таърифе дода намешавад, ба истиснои он, ки вацте ин цудрат бо амал %амро% мешавад, феъл чорае цуз амали шудан надорад". [7, с.258]
Ин тафсири Мотурилй дар бораи ;удрати инсон ба харду тарафи амал ва тарк низ рох дорад. Дар байни мутакаллимон ихтилофи назархо дар мавриди он вучуд дорад, ки оё ;удрати инсон ба як тарафи амал ё тарк тааллу; дорад ва хамонанди "ичоб" (лозим донистан) аст ё ба харду тараф. Ба гуфтаи мотуридихо, агар ;удрат дар хадди сабаби но;иса бошад, он ба харду тараф тааллу; дорад, аммо агар ба чое расидааст, ки бо он амал хатмй шавад, он гох ба як тараф тааллу; хохад дошт.
Масъалаи мухимми дигаре, ки дар робита бо андешаи каломии Мотуридй матрах аст, "Касб ва афъоли инсон"мебошад.
Дар байни фир;ахои каломй дар масъалаи "Афъоли инсон" ва нисбати он бо Худо ихтилофи калон вучуд дорад. Ин масъала, дар во;еъ, ба тавхид дар офариниш иртибот дорад, ки оё инсон офарандаи аъмоли худ аст ё Худо офарандаи он? Агар инсон офарандаи амали худ бошад, тааддуд дар офаринанда (чандто холи; будан) ба вучуд меояд ва агар Худо офаринандаи амалхои инсонй бошад, якчанд махдудиятхо ва мушкилот мавчуданд; Аз чумла: чабр, бехуда будани таклиф ва ирсоли Пайгамбарон (а), нисбат додани корхои ношоист ба Худо ва гайра.
Дар ин байн, баъзе фир;ахои каломй ин назарияро пазируфтанд, ки инсон дар аъмоли у дахолате надорад ва Худо муста;иман хам инсон ва хам аъмоли уро меофарад. Ин ну;таи назар махдудиятхои зиёд дорад. Бисёре аз ахли суннат талош кардаанд, ки байни "Тавхид дар
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Епйевв ЫдЫ; ш ветепсе"
холи;ият" ва "Сиххати тклифи инсонхо" чамъ кунанд. Онхо холи;ият (офариниш) ро хосси Худо ва инсонро "Косиб" (касбкунанда) донистаанд ва гуфтанд: "Дурустии таклиф ба милоки касбаст". Онхо назарияи "Касб" ро аз Куръон ва оятхое, монанди: "Он чи[аз некихо] ба даст овард, ба суди уст ва он чи [аз бадихо] ба даст овард, ба зарари уст". (Ба;ара: 286) -ро гирифтаанд ва дар тафсири он ихтилофи калон доранд. Дар зер маълумоти мухтасар оид ба андешахои ашъариён ва мотуридиён дар ин бора оварда шудааст.
Мулло Алии Кушчй (Али ибни Мухаммади Самар;андй) (Али ал- Кушчи в. 1474), яке аз ашъариёни бузург мегуяд: "Маънои "Касб" он аст, ки кудрат ва иродаи инсон бо амал наздик бошад, бидуни онки дар эцоди он хеч дахолат ё таъсире дошта бошад " [8, с.119]
Ин таъриф ва тасвир аз хеч тафовуте бо чабргароии махз надорад надорад. Аммо аз нигохи Мотуридия, "Касб" маънои дигаре дорад, ки бо ихтиёри инсон мувофи; аст. Мотуридй мегуяд: "Ба назари мо, бо далелхои ацлй ва нацлй амал барои инсон воцеъ шудааст; Зеро, аввалан, Куръон ба одамон амали некро амр мекунад ё манъ мекунад, дуввуман, ба инсонхо корхои хуб ва бад ваъда ва ваъид (тарсондан) медихад. Аз ин ру, инсонхо фоъил ва ицрокунандаи феъл хастанд ва амал ба онхо нисбат дода мешавад ва нисбат амали инсон ба Худо ба маънои дур кардани амал аз инсон нест , балки ин маънои онро дорад, ки ин амал ба Худо низ нисбат дода мешавад, зеро Худо онро офаридааст ва ба вуцуд оварда аст, инчунин ба инсон нисбат дода мешавад, зеро вай ин амалро касб карда аст ва анцом дода аст... Афзун бар ин, хар кас аз руйи вицдон дармеёбад, дар ицрои амали худ ихтиёр дорад ва худи у ицрокунанда ва косиб аст ... "Ва ин чизест, ки эхтиёц ба дарозгуй надорад".
Аз ин ру, аз ну;таи назари мотуридия, инсон фоъил (ичрокунанда) ва косиб (касбкунанда) аст; Ба ин маъно, ки вай дар амал ва ирода намудан ва ичро кардани он таъсир дорад ва ин ;удрат ва ;обилиятро аз Худо гирифтааст ва ба ин васила Худо офарандаи аъмоли уст. Мотуридй ;удратро неъмате мешуморад, ки тавассути он Худо инсонро ;адр кардааст. [2, с.206, 366]
Масъалаи дигар, ки дар андешахои каломии Мотуридй махалли бахс аст, масъалаи "Казо ва ;адар ва озодии инсон" аст. Мотуридй хамзамон, дар китоби Ат-Тавхид ба мисли дигар мутакаллимон боберо кушода, "Казо ва Кадар"ро тарзе тафсир мекунад, ки бо озодй ва иродаи инсон мувофи; мебошад. У мегуяд: "Казо ва Кадар маънои онро дорад, ки азбаски Худо офаринандаи аъмоли инсон аст, пас у бояд онхоро ирода кунад ва иродаи илохй бо илми пешакии Худо ичро мешавад, Бинобар ин, Худо хамон амалеро, ки инсон интихоб мекунад ва бо а;л ва фахмиши худ ният мекунад, хал; кардааст ва Худо онро медонад ва ирода намуда аст. [12, с.444]
Хамин тари;, гарчанде ки амали инсон пешакй таъин шудааст ва му;аддари Худо аст, хамон гуна анчом дода мешавад, ки ;аблан бар у му;аддар шуда аст; Яъне "Казо ва Кадари илохй" ба он тааллу; дорад, ки инсон он амалро бо ният ва иродаи худ анчом медихад.
Ин гуфтор баёнгари хорич шудани чабр аз а;идаи Мотуридй мебошад.
Дар мачмуъ, мо ба хулосае меоем, ки мотуридихо дар омузиши масъалахои каломй ба таври кофй аз а;л ва тафаккури о;илона истифода мекунанд. Гузашта аз ин, дар баъзе масъалахо танхо сабаб ва бахс а;л аст, масалан, далели мавчудияти Худо. Зеро мегуяд: Аслан сабаби донистани ибодатхо ва шариат хамон фиристодани Паёмбарон (а) аст, аммо барои маърифати Худо а;л зарур аст ва агар инсонхо дар он андеша кунанд, онхо вахдату ягонагии Худоро дарк хоханд кард. [3, ч.1, с.76]
Масъалаи асосй дар ин бахс шинохти Худо тавассути а;л пеш аз омадани Пайгамбарони илохй мебошад ва ин масъала дар усули каломи мотуридия аслу асос мебошад ва ин асосро мо дар мактаби Мотуридй дида метавонем; Зеро шинохти Худо дар назди мотуридиён тавассути а;л вочиб ва хатмист. Ин вучуб ва хатми будани на;ши а;л дар шинохти Худо ;абл аз омадани Пайгамбарони илохй ва расидани далели шунидорй дар бораи маърифати Худо ба исбот расида аст. Ин чунин маъно дорад, ки хар кас вазифадор аст, ки а;лан ба суроги
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Епйевв ЫдМ ш ветепсе"
маърифати Худо биравад ва касе ки ин маърифати а;лиро тарк мекунад, дар рузи ;иёмат хеч гох маъзур нахохад шуд ва наметавонад бигуяд, ки ман Худоро намешинохтам. [5, с.116]
Мотуридй шинохти Худоро барои кудаки мумайиз (Фар;кунандаи неку бад), ки метавонад истидлоли а;лй биёварад, лозим дониста аст, чаро ки Худо фитратан маърифати худро бар бандагонаш хал; намуда аст, тавре, ки бо а;лхо онхо омехта аст; пас харгох инсон дорои а;л буд, бояд Худоро шиносад.
Мотуридй мегуяд: "Хар касе, ки амри вахй ба у нарасид вале о;ил буд ва дунболи шинохти Худо нарафт, чунин шахсе дар пешгохи Худо узре надорад ва уро лозим аст, ки бар вучуди Холи; (Худо)" истидлоли а;лй биёварад.
Ушй яке аз пайравони мактаби каломии мотуридия дар манзумааш мегуяд: "Х,еч узре барои сохиби ацл ва оциле пазируфта нест ба ин ки бигуяд ман Холици оламро намешинохтам" [1, с.35]
Баъзе аз мутакаллимони мотуридия мегуянд, ки а;л яке аз хуччатхои илохист ва бо а;л пеш аз зухури шариат исбот кардани дин хатмист, хамон гуна, ки "Асхоби кахф" бораи осмонхову замин истидлол мекарданд. Инчунин Иброхим (а) ба осмонхо нигариста ва даст ба истидлол заданд.
Бо дар назардошти асли фиристодани Паёмбарон (а) ва ирсоли китобхои осмонй бояд гуфт, ки инхои таъйидкунандаи хукми а;л хоханд буд, зеро ошкор аст, ки маншаи аслии Шориъ (Худо) ва вазъкунандаи дин бо а;лу истидлоли а;лй шинохта шуда ва на;л (Китобхои осмонй) таъйиди ин истидлол ва такмили ончй ки а;л ба он бовар расида аст, тахким мебахшад, зеро а;л худаш муста;иллан хамчун "Хуччати илохй" ;арор дорад ва дар сурати кутохй дар расидани ба шинохти Худо, сохибаш мавриди мухосиба ва бозхост ;арор мегирад. [4, с.82-83]
Инчунин, имом Абуханифа мегуяд: "Агар Худо паёмбаре нафиристад, бар оцилон лозим аст, ки ба василаи ацлхояшон ба суроги маърифати Худо бираванд ". [5, с.116]
Мотуридй муъта;ид аст, ки пеш аз пайдоиши шариат масъалахо бояд бо а;л исбот ва барои инсон хал карда шаванд ва пас ба шариат ру овард, зеро дар акси хол пайравй аз зермасъалахои шаръй ва итоат ба фуруъот (зермасъалахои шаръй) барояш ;обили шарху тафсир нест. Аллома Камолуддин ибни Хумом (Аль Камал Ибн аль Хумам, в. 1457) дар китоби худ "Ал-Масоира" навиштааст: Абу Мансур муъта;ид аст асли дин хамонест, ки бо далели а;лй исбот карда мешавад, зеро исботи дин ба далолати муъчиза ба ростгуии мубаллиги дин (Паёмбар) в маъно пайдо мекунад ва ин далолат бо а;л собит мегардад. [11, с.124] Хаминтавр устод Гулом Хусейни Иброхимй Динонй хангоми шарх додани манбаъхои маърифат аз ну;таи назари Мотуридй мегуяд, ки хис ва ахбор эътибори маърифатшиносиро аз а;л мегиранд. Агар а;л набошад, на хис коргар аст ва на ахбор. [10, с.314] Ба ин маъно, ки агар а;л набошад, боз хам хис ва ахбор ба дарачаи тамому камол намерасанд, онгуна, ки бо а;л хамоханг бошанд. Агарчй назарияе, ки чаноби Динонй аз Абумансур на;л мекунад, мавриди тан;ид ;арор гирифта аст, зеро у бо на;л аз Абу Мансур дар иртибот бо хуччат будани ахбор аз дидгохи Мотуридй мегуяд, ки хабархое, ки Мотуридй онро хуччат мешуморад, ду навъ аст, яке "Ахбори мутавотир" (пай дар пай), дуюм, хабаре, ки аз худи Паёмбарон (а) ривоят шудааст; Манзури у ин аст, ки хабархо бидуни кумаки а;л эътибор доранд. Ва аз на;ли аввалини у дар бораи хуччат будани а;л собит шудааст, ки ахбор ба танхой эътибор надоранд; Ки ин ду назария бо хам зид ва дар тано;уз мебошанд; Илова бар ин, назарияи аввалини баёнкардаи чаноби Кайюмзодро муха;;и; дар манбаъхои марбута надидааст. Ва дар посух ба ин тан;ид гуфтан мумкин аст, ки шояд манзури Мотуридй аз беасос будани ахбор бидуни а;л дар баъзе холатхо бошад, масалан, шинохти мабдаъ (маншаъ) ва шукри мунъим (Неъматдиханда) ва шинохти муъчиза ва гайра, на дониш ба маънои умумй дар хама масъалахо. Зеро худи Мотуридй дар баъзе аз мавридхои шаръй аслан а;лро дахил намедонад.
Ч,амъбандии ба;с
Абу Мансури Мотуридй аввалин касе будааст, ки дар таърихи илмхои исломй аз маърифат сухан ба миён оварда аст ва дар чорчуби хос ва манбаъхои муаян ба суроги маърифат меравад. Мотуридй ба а;л арзишу бахои фаровон ;оил аст, у а;лро яке аз абзорхо ва манбаъхои асосии шинохти мабдаъ медонад, гарсанде, ки у "Хис" ва "На;л"ро низ ба унвони абзор ва василаи маърифат мепазирад, аммо дар хусуси шинохти мабдаъ монанди пешвои фи;хии худ имом Абу Ханифа а;лро меъёр ва абзор ;арор медихад. Мотуридиён муъта;иданд, ки инсони о;ил пеш аз биъсати Паёмбар (а) бояд Худоро ба василаи а;л бишносад ва барои исботи зоти У даст ба истидлол занад ва равиши истидлоли Мотуридй барои исботи мабдаъ монанди дигар мутакаллимон аз тари;и "Бурхони худус" аст, на монанди файласуфон, ки аз хар тари;, ки бишавад даст ба и;омаи бурхон мезананд, илова бар ин худус, ки назди мутакаллимон аст, бо худус, ки назди файласуфон аст, низ фар; дорад.
РУЙХАТИ АДАБИЁТ
1. Абу Адба, Хасан бин абд ул-Мухсин. Ал- Равзат-ул- бахиййа фимо байн ал-ашаира ва-л-мотуридиййа. Олам-ул-кутуб-лит-табоа, 1989 - 114 с. (бо заб. арабй).
2. Абу Мансур ал-Мотуридй, Мухаммад ибн Мухаммад. Китоб ут- Тавхид. Бейрут: Дор-ул-кутуби-л-илмиййа, 1971. - 328 с. (бо заб. арабй).
3. Абу Мансур ал-Мотуридй, Мухаммад ибн Мухаммад. Тафсир ул-Мотуридй (Таъвилоту Ахлис-сунна) Бейрут: Дор-ул-кутуби-л-илмиййа, 2005. - 10 т. (бо заб. арабй).
4. Ал- Барсичй, Мухаммад ас-Саййид. Бахр -ул-калом. Урдун, Амман: Дор-ул-Фатх. 265 с.
5. Ал- Шошй, Низомуддин. Усул уш- Шошй. Покистон, Карочи: мактабат ул-мадина. 2012, 308 с.
6. Ал-Кавсарй, Мухаммад Зохид ибн Хасан. Ма;олот ул-Кавсарй. Крхира: Ал-мактабат -ут-тавфи;иййа. 1414. 561 с.
7. Ан-Насафй Абу ул-Муин. Табсират ул-адилла. Чоп: Хусейн Атай -Анкара: риясат ал шуунуд диниййа, 1993. - 708 с. (бо заб. арабй).
8. Байёзй, Камалуддин. Ишорот ул-маром мин иборот ул-имом. Бейрут: Дор-ул-кутуб-ул-илмиййа, 2007. - 294 с. (бо заб. арабй).
9. Гулпойганй, Раббанй Алй. Мотуридия. Мачаллаи «Кайхон андеша» шумора: 53, 1373, с: 104120
10. Динонй, Гуломхусейн Иброхим. Ниёйиши файласуф. Иброхим Динонй-[макони чоп мушаххас нест], Нашри илм, 1393. х.ш. - 475 с. (бо заб. форсй.).
11. Каюмзода, Махмуд. Равишшиносии мактаби каломии Мотуридй. // Мачаллаи: фалсафа ва каломи исламй, оинаи маърифат. Техрон: Донишгохи шахид Бихиштй. 1391, № 31. С. 124
12. Кучй, Фозил. Шарху Тадчрид -ул- Эъти;од. Китобхонаи алифбои мачозй (Нусхаи хаттии электронй), 386 с.
13. Шариф, Миён Мухаммад. Таърихи фалсафа дар Ислом. [макони чоп мушаххас нест], 1391. х.ш. - 828 с. (бо заб. Форсй)