Научная статья на тему 'ОТРАЖЕНИЕ ЧЕКАНКИ МОНЕТ В «ФУТУХУ-Л-БУЛДОН» АХМАДА БАЛОЗУРИ'

ОТРАЖЕНИЕ ЧЕКАНКИ МОНЕТ В «ФУТУХУ-Л-БУЛДОН» АХМАДА БАЛОЗУРИ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
42
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ФУТУХ-УЛ-БУЛДОН / БАЛОЗУРИ / САМАНИДЫ / ИБН ХАЛДУН / ЧЕКАНКА МОНЕТ / НУМИЗМАТЫ / ДЕНЕЖНОЕ ОБРАЩЕНИЕ / САСАНИДСКИЕ МОНЕТЫ / РИМСКИЕ МОНЕТЫ / ИСЛАМСКИЕ МОНЕТЫ / ОМЕЙЯДСКИЕ / АББАСИДСКИЕ И САМАНИДСКИЕ МОНЕТЫ ДИРХЕМЫ ХУБАЙРИ / ЮСУФИ И ХАЛИДИ / ДЕНЕЖНАЯ РЕФОРМА АБДУЛМАЛИКА ИБН МАРВАНА / ХАДЖАЖ ИБН ЮСУФ / ПОДДЕЛКА МОНЕТЫ / НАКАЗАНИЕ ЗА НАРУШЕНИЕ ПОДДЕЛКИ МОНЕТ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Абдували Шарифзода

Автор рассматривает «Футуху-л-булдон» Ахмади Балозури как важный источник по истории возникновения и развития исламских монет VII века. Чеканка монет периодов Омейядов и Аббасидов в дальнейшем повлияла на чеканку монет иранских государств, включая Тахиридов, Саффаридов, Бармакидов и Саманидов. В X веке саманидская чеканка и торговый потенциал развились настолько, что саманидские дирхемы в международной торговле между Востоком и Западом заменили дирхемы Аббасидов. По внешнему виду и содержанию надписей омейядские и аббасидские монеты сходны с монетами Саманидов. Их надписи в основном содержат тексты, выражающие монотеистические идеи, год и место чеканки, название монеты, имя халифа, эмира, правителя и лица, ответственного за чеканку. В своем сочинении Ахмади Балозури описывает торговлю и весовою систему доисламского периода арабов. По словам Балозури, доисламские арабы не чеканили монет. Они использовали ирано-сасанидские и римские монеты в торговле до VII века. Балозури упоминает разные виды весы - динар, дирхам, мискаль, хабб, укия, наш, кират и различные монеты, такие как хусрави, кайсари, табари, баглы, динар, дирхам, дирхемы хубайри, юсуфа и халиди. В начале 70-х годов VII века в результате денежной реформы пятого омейядского халифа Абдулмалика ибн Марвана исламские монеты были преобразованы в общегосударственные. Омейяды принимали различные меры для защиты чеканки и денежной системы. Балозури не сообщил о каком-либо несоблюдении исламского закона халифами или правителями в отношении использования изображения живых существ и доисламских символов на исламских монетах.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

COIN MINING REVIEW IN «FUTUHU-L-BULDON» BY AHMAD BALAZURI

The author examines Ahmadi Balozuri's Futuhu-l-Buldon as an important source in the history of the origin and development of Islamic coins in the 7th century. The minting of the Umayyad and Abbasid periods further influenced the minting of Iranian states, including the Tohirians, Saffarids, Barmakians, and Samanids. In the 10th century, the Samanid coinage and trade potential developed so much that the Somoni dirhams replaced the Abbasid dirhams in international trade between the East and the West. In appearance and content, Umayyad, Abbasid and Somoni coins are similar. Their inscriptions mainly contain texts expressing monotheistic ideas, the year and place of issue, the name of the coin, the name of the caliph, the emir, the ruler and the person in charge of the coinage. In this work, Ahmadi Balozuri describes the trade and the complex system of the pre-Islamic Arab period. According to Balozuri, pre-Islamic Arabs did not mint coins. They used Iranian-Sasanian and Roman coins in trade until the 7th century. Balozuri mentions different types of weights - dinar, dirham, misqal, habb, uqiya, nash, kirat, misqal and various coins such as khusrawi, caesar, tabari, bagli, dinar, dirham, dirhams of Khubayri, Yusuf and Khalidi. In the early 70s of the 7th century, as a result of the monetary reform of the fifth Umayyad caliph - Abdul Malik ibn Marwan, Islamic coins were transformed into nationwide coins. The Umayyads took various measures to protect the coinage and monetary system. Balozuri did not report any non-compliance with Islamic law by caliphs or rulers on the use of images of living beings and pre-Islamic symbols on Islamic coins.

Текст научной работы на тему «ОТРАЖЕНИЕ ЧЕКАНКИ МОНЕТ В «ФУТУХУ-Л-БУЛДОН» АХМАДА БАЛОЗУРИ»

МУАРРИХ-ИСТОРИК-HISTORIAN

ТАЪРИХНИГОРЙ ВА МАЪХАЗШИНОСЙ-ИСТОРИОГРАФИЯ И

ИСТОЧНИКОВЕДЕНИЕ-HISTORIOGRAPHY AND SOURCE STUDY *-♦

УДК 737

ИНЪИКОСИ СИККАЗАНЙ ДАР «ФУТУ^У-Л-БУЛДОН»-И А^МАДИ БАЛОЗУРЙ7

Абдувалй ШАРИФЗОДА, Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Иктидори сиккабарорй ва тичоратии Сомониён дар асри Х чунон рушд мекунад, ки дирхамхои сомонй дар савдои байналмилалии Шарк ва Гарб чойгузини дирхамхои аббосй мешаванд. Зохиран ва мазмунан сиккахои умавй, аббосй ва сомонй бо хам хеле монанд буда, дар катибахои онхо асосан яктопарастй, сол ва чойи барориш, номи сикка, номи халифа, амир, хоким ва шахси масъули сиккабарорй зикр ёфтааст.

Осори илмии олимони асримиёнагй мухимтарин сарчашмаи тахкики таърихи сиккахои исломй мебошад. Китоби «Футуху-л-булдон»-и Ахмад ибни Яхё ибни Ч,обир ибни Довуд Балозурй (вафоташ соли 892) аз чумлаи осори мухимми илмии асри IX буда, он нахустин асари боэътимоди ба юришхои арабхо бахшидашуда махсуб меёбад, ки дар он ходисахои таърихй аз соли 622 то соли 869 инъикос шудаанд. Х,арчанд мавзуи марказии асари мазкур кишваркушоии мусулмонон аст, аммо Балозурй дар ин асараш як фаслро ба таърихи сиккахои исломй бахшидааст. Балозурй, ки нисбаи муаллифи «Футуху-л-булдон» аст, ба фикри шаркшиноси шинохта Голиб Гоибов шакли тахрифшудаи номи дехаи Балодури Баглони Тахористон мебошад [1,3-5]. Асари мавсуф хануз дар асрхои миёна мавриди истифодаи таърихнигорони дигари Шарк карор гирифт ва дар Гарб онро хамчун мухимтарин сарчашмаи тахкики кишваркушоихои арабхо бори аввал дар асри XIX шаркшиноси холандй М.Я. Ду Гуе бо фехристи чугрофй ва тавзехот ба нашр мерасонад.

Балозурй дар рафти тасвири амалиёти харбй, муайяннамоии товони чангй ва дигар шарту шароити бамиёнгузоштаи арабхо нисбат ба тарафи маглубшуда ё чониби кабулкунандаи талаботи мусулмонхо микдори товон ва навъи сиккахоро зикр менамояд. Х,амчунин, дар ин асар бо номи «Амри нукуд» як фасли алохида мавчуд аст, ки аз ин ахаммияти «Футуху-л-булдон» дар тахкики муомилоти пулии арабхо дар давраи то пайдоиши сиккахои исломй ва таърихи сикказании ибтидоии мусулмонон дучанд меафзояд.

Пеш аз оне, ки ба тавсифи чигунагии инъикоси сикказанй дар «Футуху-л-

7 Макола дар асоси лоихаи «Таърихи халки точик» (Таърихи илм ва техникаи точикон аз давраи кадим то имруз), раками кайди давлатй 0121TJ1273 навишта шудааст.

булдон» бипардозем, кайд кардан лозим меояд, ки аз футухоти арабхо каме нагузашта вобаста ба интишори дини ислом дар асри VII навъи сиккаи наве ба вучуд меояд, ки аз он замон то имруз бо номхои гуногун зикр мешавад.

Агар мо номи машхуртарин асархои олимони сиккашиноси чахонро ба таври хронологй зикр намоем, маълум мешавад, ки номи умумии ин сиккахо дар адабиёти илмии давраи нав ва навтарин ба таври «сиккахои исломй», «сиккахои арабй», «сиккахои куфй», «сиккахои шаркй» ва сиккахои мусулмонй» зикр гардидааст. Масалан, академик Френ Д.Х. [2], П. Савелев [3] ин сиккахоро «сиккахои мухаммадй», П. Савелев [3], Тизенхаузен [4], Грутовский В. [5], Марков А. [6] «сиккахои шаркй», Кастилони К.О. [7], Торнбег С. [8], Григорев В.В. [9], Р.Р. Фасмер [10], Биков А.А. [11], Янина С.А[12], Битрич Гренбег[13] «сиккахои куфй», Марков А. [14], Годрингтон О. [15], И. Г. Спасский [16] «сиккахои мусулмонй» ва С. Лен-Пул [17] «сиккахои арабй», Ивар Лемус [18], М. Брум [19], Г. Рисплинг [20], В. Новак [21], В. С. Кулешов [22], Д. Довудй [23] «сиккахои исломй» номидаанд. Баъзе аз олимон ин навъи сиккаро дар асархояшон бо номхои гуногуни ёдшуда зикр намудаанд. Аксари таърихнависони асримиёнагй, аз чумла, Балозурй сикказаниро «амри нукуд» ё «зарби сикка» номида, номи навъхои сиккахои исломиро бештар вобаста ба филизашон, яъне тиллой-динор, нукрагй-дирхам ва мисй-фалс тавсиф намудаанд.

Ахмади Балозурй тибки анъанаи пешина дар тасвири таърихи сикка ва чигунагии муомилоти пулй кавли шахсони боэътимодашро накл менамояд. Аз чумла, у дар ибтидои фасли ба сикка бахшидааш чунин менависад: «Хусайн ибни ал-Асвад аз Яхё ибни Одам ва у худ аз Хасан ибни Солех ривоят кунад, ки: дирхамхое, ки порсиён зарб мекарданд гуногун буд: кучак ва бузург. Гох дирхаме ба вазни як мискол зарб мекарданд. Ва як мискол бист кирот аст. Гох дирхам ба вазни дувоздах кирот месохтанд ва гох ба вазни дах кирот, яъне ним мискол» [24,371]. Чи тавре мебинем, Балозурй пеш аз тавсифи сиккахои исломй доир ба гуногун будани вазн ва хачми сиккахои сосонй-дирхамхои порсиён иттилоъ додааст, ки ин бесабаб нест. Зеро то асри VII дар байни арабхо сикказанй роич набуд ва онхо сиккахои дигарон аз чумла сиккахои сосониёнро истифода менамуданд. Ахмади Балозурй зарурати зарби сиккаро барои мусулмонон ва чигунагии мукаррар намудани вазни онхоро чунин тавсиф менамояд: «Чун ислом омад ва дар адои закот ба вазни миёнаи онхо ниёзманд шуданд. Бист кирот ва дувоздах кирот ва дах киротро баргирифтанд. Мачмуи он чихилу ду кирот шуд. Он гох дирхаме ба вазни сулси ин микдор, яъне чахордах кирот зарб карданд. Пас вазни дирхами арабй чордах кирот, аз киротхои динор азиз гардид. Ва вазни дах дирхам хафт мискол шуд, зеро ки саду чихил кирот баробар аст ба хафт мискол» [24,371]. Чи тавре ки мебинем, Балозурй яке аз навъхои сиккаи тозазарби исломиро дирхами арабй номидааст. Балозурй доир ба мукаррарнамоии вазни сиккахо, ки яке аз мавзуъхои печида ва мушкили сиккашиносй мебошад, ахаммияти чиддй додааст: «Касе чуз Хасан ибни Солех гуяд: дирхамхои Ачам [ба вазнхои мухталиф буд] гох хар дах

дирхам дах мискол вазн дошт, гох дах дирхам шаш мискол ва гох хар дах дирхам панч мискол 6уд. Вазни онхоро чамъ карданд 6исту як мискол шуд. Як сулси он мачмуъро дарк карданд. Х,афт мискол буд. Пас дирхамхоe зарб карданд, ки хар дах адад аз онхо ба вазни хафт мискол гардид, аммо ин ду кавлро хар ду натича яте аст [24, 371-372]. Дар «Футуху-л-булдон» давраи тоисломй чохилият номида шудааст. Тибки навиштаи Балозурй арабхо бо надоштани сиккахои xyдй аз вохидхои вазнии динор ва дирам ба xyбй огохй доштанд ва сиккахои эронй ва румиро ба таври бонизом, яъш вазн ва дари онхоро санчида баъд истифода мeнамyданд: «...дар рузгори чохилият динорхои Х,иракл ва дирхамхои баглии эрониëн ба дасти ахли Макка мeраcид. Агар ин сиккахо аз сим ë аз зар [xолиc] набувад ахли Макка бадонхо муомала намeкарданд. Назди эшон мискол ваз^ муайян дошт ва он баробар буд бо бисту ду кирот ва xyрдаe кам. Ва вазни ду дирхам хафт мискол буд. Ратл дувоздах укия ва хар укия xyд чихил дирхам буд. Паëмбар (с) ва пас аз y Абyбакрy Умар ва Усмону Äлй хама ин авзонро ба холи xyд бокй гузоштанд. Муовия низ таFЙирe дар онхо наëвард» [24, 372]. Ч,ои дигар низ мeфармояд: «Мухаммад ибни Саъд аз Вокидй, аз Саъид ибни Муслим ибни Бобак ва y аз Абдyрахмон ибни Собити Чумхй ривоят кунад, ки ^урайшро ба рузгори чохилият авзо^ буд. Чун ислом омад дар он вазнхо таFЙирe хосил накарданд. ^урайштен симро ба вазнe, ки дирхам ном дошт ва зарро ба ваз^ ба номи динор мeшyмориданд ва вазни хар дах дирхам баробар бо вазни хафт динор буд. Ва дигар вазн чав буд, ки баробари шасту як вазни дирхам буд. Укия низ доштанд ва он баробари чихил дирхам буд. Аз дигар авзони эшон «наш-^j « баробари бист дирхам ва хаста (баробари навота) баробари панч дирам буд. Ва дар муомала бад-ин вазнхо аз зару сим (сара) истифода мeкарданд. Чун Паëмбар (с) ба Макка шуд ин авзонро ба холи xyд рахо кард» [24, 373]. Як нуктаи мухимми иктибосхои боло хамин аст, ки дар онхо дар ибтидои футухоти мусулмонон бeтаFЙир бокй мондани низоми вазнй ва идомаи гардиши сиккахои эронй ва румй зикр шуда, номи вазнхои роич - динор, дирхам, чав, укия, наш? (^j) ва хаста зикр ëфтааcт. Дар ин чо мо такрори таъриxро дар шакли дигар мeбинeм. Чунончи вакте ки Куруши Кабир соли 549 теш аз милод Лидияро забт мeнамояд, y мexкадаи лидиягихоро xароб накарда ба идомаи зарб ва гардиши сиккахои тарафи маFлyб ичозат мeдихад ва то зарби дарикхо, хатто баъди ин хам сиккахои лидиягй дар худуди импeрияи Хдкоманишхо дар гардиш буд [25, 20]. Фаркият ин аст, ки хаxоманишихо баъди шиносой бо сикказанй xyд ба зудй сикка заданд, аммо арабхо бо вучуди точирони машхур буданашон аз замони иxтирои сикка, яъ^ аз асрхои VIII-VII то милод то асри VII матехй сикка зарб назаданд ва истифодаи сиккахои бeгонагон иктифо намуданд.

Иттилои Балозурй доир ба ташаббуси xалифаи дуюм Умар ибни Хаттоб () аз ахамият xолй нecт: «Амри Нокид аз Исмоил ибни Иброхим аз Юнус ибни Убайд ва y аз Х,асан ривоят кунад, «Бидо^д, ки рyзe Умар ибни Хаттоб гуфт: xохам, ки дирхам аз пусти уштурон созам. Вайро гуфтам агар чунин кунй,

yштyре ба чой нахохад монд ва y даст аз ин кор бидошт» [24, 379]. Ба иттилои чамънамудаи Балозyрй дар байтyлмоли замони халифахо Умар ва Усмон сиккахои тоисломй нороич шyданд, фyрyхтан, иваз кардан ва хариди мол бо онхо расман мамнуъ эълон шyда, онхоро аз нав гудохта, соф намyда нукраи холисашро мегирифтанд [24, 377].

Дар идома Балозyрй иттилоъ медихад, ки намояндаи Зyбайриëн-Myсъад (648-694) ба рузгори бародараш Aбдyллох ибни Зyбайр (622-695) пеш аз халифаи yмавй Aбдyлмалик ибни Марвон (646-705) дирхам бароварданд. Дар чойи дигар Балозyрй санаи сикка баровардани Myсъабро аз забони Довуди нокид, ки дар саранамоии сиккахо масъул буд, ба таври аник чунин зикр менамояд: «Дирхаме дидам, ки бар он накш шуда буд: «Ин дирхам дар соли хафтоду се дар Куфа зарб шуда аст». Хамаи нокидон ба ичмоъ гуфтанд, ки он сиккаи калб аст. Хам y гуяд: «дирхаме ноëб дидам, ки монанди он кас надида буд». Бар он номи Aбдyллох ибни Зтед накш шуда буд. Нокидон онро низ сиккаи асил намепиндоштанд». Дар иктибоси боло яке аз бартарихои мухимми сиккахои исломй аз сиккахои тоисломй зикр ëфтааст ва ин бартарй аз дарч ëфтани сол ва чойи барориши онхо мебошад. Гузашта аз ин сиккахои зубайрии зикршударо хамаи нокидон сиккахои калбакй хисобиданд, аммо Балозурй сабаби калбакй эълон шудани сиккахои зубайриро зикр намекунад.

Дар давоми иктибоси боло Балозурй аз номи Мухаммад ибни Саъд аз Во-кидй аз Яхë ибни Нуъмони Fаффорй ва падари y ривоят менамояд, ки: «Дар соли хафтоди хичрй Мусъаб ба фармони бародараш Aбдyллох ибни Зубайр дирхамхое монанди сиккахои хусравони порсй зарб кард. Як суи он накш шуда буд: «Баракату «ва суи дигар «Лллох» чун Хаччоч биëмад онро дигаргун кард. Aз Хошим ибни Калбй ривоят кунанд, ки гуфт: Мусъаб динорхое низ зарб кард». Яъне зубайрихо на танхо дирхам, балки динор хам зарб мезаданд ва дар иктибоси мазкур санаи зарби сиккахои зубайрй се сол пештар - соли 70 зикр ëфта. Чунин мушохида мешавад, ки бо сабаби гуногун будани ровиëн дар мазмуни матнхо ихтилофи мазмун ба назар мерасад. Aз тарафи дигар аксари сиккашиносон Aбдyлмалик ибни Марвонро асосгузори низоми сикказании исломй мехисобанд. Доир ба ин мавзуъ Балозурй низ чунин менигорад: «Ба рузгори Aбдyллох ибни Зубайр Мусъад ибни Зубайр дирхамхое чанд зарб кард, ки пас аз чанде онхоро бишкастанд. Чун Aбдyлмалик ибни Марвон ба хилофат расид аз амри дирхам ва динор пурсиш кард. Сипас нома ба Хаччоч ибни Юсуф навишт ва фармон дод, ки дирхамхое ба вазни понздах кирот аз киротхои динорхои димишкиро зарб кард. Усмон гуяд: падарам гуфт, ки [он сиккахо] дар Мадина ба дасти мо расид. Дар он чой хануз гурухе аз асхоби паëмбар (с) ва чамъе аз тобеи ин мезистанд. Эшон низ амали Aбдyлмаликро мункир надоштанд. Мухаммад ибни Саъд гуяд: вазни хар дирхам аз дирхамхои мо чахордах кирот аст ва мурод аз ин кирот ачзои мисколи мо аст, ки хар як бист кирот бошад ва он баробари понздах кирот аз он бист ва як кирот ва се хафтуми мазкур аст» [24, 373-374].

Тахкикоти бостоншиносй ва бозëфти тасодуфии кадимтарин сиккахои

исломй навиштахои Балозуриро тасдик менамоянд. Доир ба вазни сиккахои Aбдyлмалик дар «Футуху-л-булдон» чунин омада: «Мухаммад ибни Саъд аз Мухаммад ибни Умар аз Исхок ибни Хозим ва y худ аз Матлаб ибни Соиб ривоят кунад, ки гуфт: «Aбy Видоъи Сахмй вазни як мисколро ба ман бинмуд. Онро вазн кардам ва баробари вазни мисколи Aбдyлмалик ибни Марвон ëфтам». Гуяд: ин мискол дар замони чохилият назди Aбy Видоъ ибни Зубайраи Сахмй будааст» [24, 373]. Яъне дар аввал халифа Aбдyлмалик ибни Марвон вазни сиккахои исломиро хамвазни сиккахои сосонй-хусравй ва румй-кайсарй муайян карда будааст. Ин нукта дар иктибоси зерин боз хам таквият меëбад: «Саъид гуяд: «Ман андаке зар ва сими сара (нукраи баландтер, холис, Ш. A.) ба Димишк фиристодам. Дар он чо ба вазни мисколи чохилият аз барои ман сикка заданд» [24, 374].

Балозурй дар идомаи тасвироташ таърихи сиккахои исломиро боз хам равшантар тавзех медихад: «Мухаммад ибни Саъд аз Вокидй аз Усмон ибни Aбдyлло ибни Мавхаб ва y аз падараш ривоят кунад, ки гуфт: «Саъид ибни Мусайбро гуфтам: Aввал кас ки динори накшдор зарб кард кй буд? Гуфт: Aбдyлмалик ибни Марвон. Пеш аз y динорхои румй ва дирхамхои хусравй ва андаке дирхами хумайрй дар дасти мардумон буд». Дар чойи дигар Балозурй дар такя ба накли ровиëн сиккахои аввалаи Aбдyлмаликро содда ва бенакш гуфтааст: «Мухаммад ибни Саъд аз Вокидй аз Рабех ибни Усмон ва аз Вахб ибни Кайсон ривоят кунад, ки гуфт: «дидам, ки динор ва дирхам пеш аз он ки Aбдyмалик накше бар онхо нихад содда ва бенакш буд, вазни онхо низ баробари динорхое буд, ки y зарб мекард» [24, 374]».

Aммо аз сиккахои то имруз бадастомада маълум мешавад, ки арабхо дар асри VII дар ибтидои шаклгирии давлат ва банизомдарории муносибатхои молию пулиашон пеш аз оне, ки худашон сикка зарб зананд, онхо дар сиккахои сосонй ва румй бо задани мухри иловагй каме тагйирот дароварда, сиккахои тоисломиро мавриди муомалаи васеъ карор медоданд. Дар аввалин сиккахои баровардаашон низ сужахо тоисломй ва хамчунин тасвири инсону хайвонро раво донистанд. Ба ривояти наклкардаи Балозурй Aбдyлмалик ибни Марвон соли 74 динор ва Хаччоч ибни Юсуф соли 75 дирхам зада, соли 76 хамаи нохияхои тобеъро барои зарби чунин сиккахо вазифадор менамояд: «Лбдулмалик аввал кас буд, ки дар соли хафтоду чахор сиккаи заррин бизад, Aбyлхасани Мадоинй гуяд: Хаччоч дар авохири соли хафтоду панч дирхам зарб кард ва дар соли хафтоду шаш фармон дод аз он сиккахо дар хамаи навохй зарб кунанд» [24, 374].

Як вижагии хоси «Футуху-л-булдон» вобаста ба инъикоси таърихи сикка хамин аст, ки Балозурй гуфтаи дигаронро накл карда, онхоро тахлил ва баррасй намекунад. Дар мукоиса бо Балозурй Ибни Халдун бо накли ривояти дигарон мавзуи сикказании садри исломро хеле бехтар баррасй менамояд. Чунончи y дар ин мавзуъ хангоми баррасии мухри сикказанй чунин менависад: «Подшохони гайри араб бар руйи мухри мазбур пайкарахои хоссе, ки ба маскукхо ихтисос дошт, монанди пайкараи подшохи хар аср ë тасвири диж ë

чонвар ë маснуъ ë чузъ инхо накш мeкарданд... Валe хангомe, ки ислом зухур кард, аз ин равиш ба иллати соддагии дин ва бодиянишинии араб Fафлат карданд... Ва ба василаи онхо (динору дирхами эронй, Ш.А.) мубодалаи ачнос мeкарданд, то он ки ба сабаби Fафлати давлат аз ин амр динорхову дирхамхои носара роич гашт ва мизони Fилy Fаши онхо ба мархалаи фохишe расид ва бино бар ривояти Саъид ибни Мусайяб ва Абуззинод Абдумалик ба Х,аччоч фармон дод дирхамхоe сикка зананд ва маскукхои сараро аз носара бозшиносанд ва аз якдигар чудо кунанд ва ин вотеа ба соли 74 хичрй (693/694 исавй) руй додааст. Ва Мадоинй гуфтааст, ки вокeаи мазбур ба соли 75 хичрй будааст. Он гох Абдулмалик дар соли 76 фармон дод, ки дар дигар навохи низ сикка бизананд ва ба руйи сиккахо калимахои «Аллоху ахад аллохуссамад» бинависанд» [26, 541].

Балозурй раванди шаклгирй ва таFЙирëбии сикказани замони умавтенро зикр карда, иттилоъ мeдихад, ки баъзe сиккахои зарбшудаи ин замонро фатехон, ки дар чигуна шудани намуди зохирй ва вазни сикка нуфузи баланд доштанд, xyш намeпазирyфтанд ва онхоро сиккахои макруха номиданд: «...Абдулмалик дар соли хафтоду чахор динорe чанд зарб кард, сипас дар соли хафтоду панч боз аз хамон динорхо зарб бизад. Ва низ ривоят кунад, ки Х,аччоч дирхамхои баFлиро зарб кард ва бар онхо чунин накш кард: «Бисмиллох, Х,аччоч» ва пас аз як сол бар он накш чунин афзуд: «Аллоху ахад, Аллохуссамад», фатехонро аз ин накш карохат омад, бад-ин сабаб он дирхамхоро дирхамхои макруха xонданд. Ровй гуяд: баъзe гуянд ачамонро аз нyкcонe ки дар онхо (сиккахои зарбкардаи Х,аччоч, Ш.А.) буд, карохият омад ва бад-ин сабаб онхоро макруха гуфтанд. Боз гуяд: сиккахои самирия ба номи аввал кас, ки онхоро зарб кард машхур шудааст» [24, 374]. Дар иктибоси боло ду намуди сикка-сиккаи макруха ва сиккаи самирия зикр шудааст. Номи сиккаи намуди дуюм ба кавли баъзe олимон аз Самир ном яхyдe, ки арабхо уро барои сикказанй чалб карда буданд, гирифта шудааст. Балозурй дар ин асараш накши золимтарин сарлашкари манфур Х,аччоч ибни Юсуфро дар сикказании умавихо ба таври равшан тасвир кардааст. Маълум аст, ки Х,аччоч (660-714) як арабгарои мутаассиб буду эрониëнро xeлe бад мeдид. Махз y кушиш намуд, ки унсурхои эрониро дар дар давлатдории умавихо, аз чумла, сикказани-хои онхо харчи зудтар аз байн бибарад. Аммо ин y накшахояшро бо хама таассубаш амалй карда намeтавонад. Х,атто Х,аччоч дар сикказанй мухри сиккахои сосониро истифода кард ва xyдро дар сиккахо монанди шоханшохи сосонй тасвир намуд (акси 2). Балозурй мeнигорад, ки «... Х,аччоч бар он шуд, ки бидонад порстен дар зарби дирхам чи гуна рафтор мeкарданд. Пас xyд доруз-зарбe биcоxт ва сикказанонро дар он гирд овард. Ва ба номи маркази xилофат аз молe, ки дар xизона дошт сикка зарб мeкард ба ин манзур, хачи сими xолиc чамъ мeгардид ва низ cимeро, ки аз зуюф ва сутука ва бахрача ба даст мeомад, дар зарби онхо ба кор мeбаcт, сипас ичозат дод, ки бозаргонон ва низ гyрyхe ба чуз эшон аз бахри xeш сиккаи симин бизананд ва аз фузунии он чи ки фузунии ичрати санъатгарон ва сикказанон гирифта мeшавад бахра баргирифт. Ва дасти

сикказанонро низ доF кард» [24, 374]. ДоF кардани дасти сикказанон бо максади назорати онхо ва танзими сикказанй буд.

Дар сиккашиносии исломй се намуди сиккахое мавчуданд, ки онхо хубайрй, холидй ва юсуфй номида мешаванд. Дар «Футуху-л-булдон»-и Балозурй доир ба се намуди сиккаи зикршуда иттилои мухим мавчуд аст. Тибки иттилои Балозурй Умар ибни Хубайра, Холид ибни Aбдyллохи Бачалии ^асрй, Юсуф ибни Умар, ки аз чониби халифа паси хам волиëни Ирок таъйин шуда буданд, барои баланд бардоштани тери сиккахои умавй кушиш намуданд. Aз се волии мазкур Юсуф ибни Умар дар танзими сикказанй хеле серталаб буд. То чое, ки бо фармони y сикказанон ва терпушоне, ки тартиби мукарраршудаи сикказаниро риоя намекарданд, онхоро тозиëна мезаданд ва гоххо дасташонро мебуриданд. Дар натичаи чунин стесатхо курби сиккахои умавй меафзояд ва хатто гардиши онхо дар замони аббостен хам роич буд. Чунончи Балозурй мефармояд: «Aз ин ру, сиккахои хубайрй ва холидй ва юсуфй аз некутарин бани Умия буд, чунон, ки Мансур (халифаи аббосй, ША.) аз хирочгузороне ки сиккахои бани Умияро арза медоштанд ба чуз ин сиккахо намепазируфт, бад-ин сабаб он сиккахои нахустинро макруха хонданд» [24, 377].

Як зухуроти барои yмавиëн номатлуби сикказанй хамин буд, ки баъзе сикказанон дар давраи умавй сиккахои Fайрисломиро зарб менамуданд. Хокимони давр барои пешгирии ин кор чорахо андешида, барои онхо мучозоти гуногун мукаррар менамуданд меандешиданд. Ин нуктаро Балозурй чунин инъикос менамояд: «Валид ибни Солех аз Вокидй аз ибни Aбy аз-Зинод ва y аз падараш ривоят кунад, ки рузе мардеро назди Умар ибни Aбдyлазиз оварданд, ки сиккахое на монанди сиккахои хилофат зарб мекард. Умар ибни Aбдyлазиз вайро стесат фармуд ва ба зиндон кард ва охани [сиккасозии] уро бигирифт ва ба оташ афканд»[24, 378]. Дар чои дигар мегуяд, ки «..Абдулмалик ибни Марвон мардеро, ки сиккае ба Fайр аз сиккаи муслимин зарб мекард асир намуд. Нахуст хост дасти уро катъ кунад, лекин аз ин кор чашм пушид ва ба сдасати y кифоят кард. Мутталиб гуяд: дидам он гурух аз шуюхи мо, ки дар Мадина маком доранд, кори Aбдyлмаликро неку ëфтанд ва сутуданд» [24, 378].

Тибки навиштаи Балозурй дар мукаррар намудани чазо барои чунин сикказанон дар байни чакехони мазхабхои гуногун ихтилоф мавчуд аст. Чунончи дар мазхаби Aбyханифа буридани даст чоиз нест. Масъалаи мухимми дигаре, ки Балозурй онро тасвир кардааст ин пора-пора карда ва буридани сиккахо мебошад. Муносибат ба пора кардани сиккахо хам яксон набудааст: «Молик ва ибни Aбyзайб ва асхоби эшон гуянд: «китъа-китъа кардани сиккаеро, ки аз вазни он коста нашудааст макрух медорем ва мардумро аз он кор нахй мекунем, ки фасод ангезад». Саврй ва Aбyханифа ва асхоби эшон гуянд: «дар катъ кардани онхо (сиккахо) агар ислом ва ахли онро здане наëяд, боке нест» [24,378]. Aммо «Марвон ибни Хакам мардеро, ки дирамхоро китъа-кита мекард бигирифт ва дасташро бибурид. Чун хабар ба Зайд ибни Собит расид. Гуфт: «Ч,азои y бидодааст». Исмоил гуяд: мурод аз ин дирхамхо

сиккахои порсй аст. Обон ибни Усмон хангоме ки амри Мадинаро ба ухда дошт касонеро ки дирхамхоро китъа-китъа мекарданд сиёсат мефармуд: хар якеро сй тозиёна мезад ва гирди шахр мегардонид [24, 378]. Онхое, ки пора кардани дирхамро раво медонистанд ояти 87 сураи Худро далел меоварданд.

Хамин тавр, Балозурй таърихи сикказании исломиро дар такя бо накли дигарон инъикос намуда, низоми вазнии арабхоро дар давраи тоисломй, гардиши сиккахои сосонй ва румй дар ин давра, таъсири анъанахои сикказании сосонй ва румии шаркй ба шаклгирии сикказании исломй ва муомилоти ули он, тавсифи таносуби вазн ва курби сиккахои гуногун, намудхои гуногуни вазн ва сиккахои гуногуни роичи даврони умавиро инъикос намудааст. Аммо у доир ба риоя нашудани талаботи конунгузории исломй доир ба истифода нашудани тасвири мавчудоти зинда ва рамзхои тоисломй дар сиккахои исломй аз чониби халифахо ва хокимон харфе нагуфтааст.

Акси 1. Динори Абдулмалик ибни Марвон.

Акси 2. Дирх,ами Х,аччоч ибни Юсуф. АДАБИЁТ

1. Ахмад ибн Йахйа ибн Джабар ал-Балозури. Завоевание Хорасана (Извлечение из «Футух-ал-

булдан»/Перевод с арабского Г. Гоибова. -Душанбе, 1987. -120 с.

2.Ch. M. Fraehn. Das Muhammedanische Münzkabinett des Asiatischen Museums der kaiserlichen Akademie der Wissenschaften zu St. Petersburg- St. Petersburg, 1821- С.24- 31, Ch. M. Fraehn. Recensio numorum muhammedanorum Academiae imp. scient. inter prima Academiae imp. saecularia edita-Petropoli. -Petropoli, 1826- 743 с.

3. Савельев П. Топография кладовъ съ восточными монетами и изделиями VII, VIII, IX, X и XI

века, въ России и При-Балтийскихъ странахъ, объясненная историческими свидетельствами о торговле северо-востока Европы въ эпоху основания и утверждения Русскаго государства.- Санктпетербургъ, 1846.- 180 с.

4.Тизенгаузен В.Е. Обзоръ совершеныхъ въ России трудовъ по Восточной нумизматике/Труды третьяго международнаго съезда орьеталистовъ въ С.-Петербургъ 1876 - С. Петурбургъ, томъ первый,1879-1880- С. 3-31

5.Грутовский В. Каталогъ восточныхъ монетъ- Москва, выпускъ III, 1886, 153 с.

6.Марков А.К. Инвентарный каталог мусульманских монет Имп. Эрмитажа. -Санкт-Петербург, 1896. -879 с.

7.Кастилони К.О. Monete cufiche dell I.R. museo di Milano.- Milano, 1819.- 385 p.

8.Tornberg С. J. Numi Cufici Regii numophylacii Holmiensis quos omnes in terra Sueciae repertos. -Upsaliae, 1848. -- 315p.

9.Григорьев В.В. О куфическихъ монетахъ находимихъ въ России и Прибалтийскихъ странахъ, какъ источникахъ для древнейшей отечественной истории/Туркестанский сборникъ. Собрание сочинений о Туркестанскомъ крае вообще и сопредельныхъ съ нимъ странъ Средней Азии. Составляемый В.И. Межовымъ- Санктпетербургъ, 1878, Томъ 119- С.107-169.

10.Фасмер Р. Р. Клад куфических монет, найденный в Новгороде в 1920 году// Известия Российской академии истории материальной культуры. -1925. -Т. 4. -С. 242-276, Фасмер Р. Р. Об издании новой топографии находок куфических монет в Восточной Европе // Известия АН СССР: серия VII, отделение общественных наук.-Л., 1933.-№ 6-7.-С. 473-484.

11.Быков А.А. Новый клад медных куфических монет из Таджикистана//«Труды Отдела нумизматики ГЭ», т.1. 1945. -С.87-113.

12.Янина С.А. Неревский клад куфических монет Х в//МИА. 1956. №55. -С. 180, -207.

13.Beatrige Granberg. Fortecking over kufiska myntfynd i Finland. Helsinki, 1966, 254 p.

14.Марков А. Топография кладов восточных монет сасанидских и куфических.- Санкт-Петербург, 1910. -149с.

15.Codrington O. A manual of musalman numismatics.- London, 1904- 237 p.

16.Спасский И.Г. Нумизматика в Эрмитаже. Очерк истории Минцкабинета -Отдела нумизматики/Нумизматика и эпиграфика. -Москва, № VIII, 1979.- С. 123-234

17.Lanne-Poole S. Catalogue of The collection of Arabic coins preserved In the khedivial library Cairo.- London,1897- 384 p

18.Ivar Leimus. Sylloge of islamic coins 710/1-1013/4 AD/Estonian History Museum.-Tallinn, 2007446 p.

19.Michael Broome. A Handbook of Islamic coins.- London,19.- 217 p.

20.Rispling Gert. Coins with crosses and bird heads Christian imitations of Islamic coins?/ Forn Vannntn.- Stockholm 1987- p. 75-87

21.Vlastimil Novak. The Kelc Hoard revised: fragments of Islamic Silver Coins. Prague 2010, 80 p.

22.Вяч.С. Кулешов (Санкт-Петербург) Хронология обращения исламских монет в Восточной Европе (конец IX-XI в.)/нумизматические чтения государственного исторического музея 2015 года.-Москва, 2015.-С. 73-76.

23.Довудй Д. Развитие исламской нумизматики в Таджикистане/ Изучение истории, искусства и культуры в Таджикистане. -Истанбул, 2020-с. 211 -220

24.Ахмад ибни ал-Балозурй. Футух-ул-булдон/Бахши марбут ба Эрон. Тарчумаи Озартоши Озарнуш.-Техрон,- 481 с.

25.Шарифзода АД. Кашфи яке аз сиккахои кадимтарини дунё аз Кулоб/Мероси ниёгон.-Душанбе, №22. -С.19-22.

26.Абдурахмон ибни Халдун. Мукаддимаи Ибни Халдун/Мутарчим аз арабй ба форсй Мухаммад Парвини Гуноободй, таъликот ва тавзехоти Нурмухаммад Амиршохй.-Душанбе,Ч,1, 2019, -688 с.

ИНЪИКОСИ СИККАЗАНЙ ДАР «ФУТУ^У-Л-БУЛДОН»-И АХ.МАДИ БАЛОЗУРЙ

Муаллиф «Футуху-л-булдон»-и Ахмади Балозуриро хамчун сарчашмаи мухимми таърихи

пайдоиш ва рушди сиккахои исломй дар асри VII тахкик намудааст. Сикказании даврони умавй

ва аббосй минбаъд ба сикказании давлатхои эронитабор, аз чумла, Тохириён, Саффориён,

Бармакиён ва Сомониён таъсиргузор мебошад. Дар асри Х икти-дори сиккабарорй ва

тичоратии Сомониён чунон рушд мекунад, ки дирхамхои сомонй дар савдои байналмилалии Шарк ва Fарб чойгузини дирхамхои аббосй мешаванд. Зохиран ва мазмунан сиккахои умавй, аббосй ва сомонй бо хам монанд мебошанд. Дар катибахои онхо асосан матнхои ифодакунандаи гояхои яктопарастй, сол ва чои барориш, номи сикка, номи халифа, амир, хоким ва шахси масъули сиккабарорй зикр ёфтааст. Ахмади Балозурй дар ин асараш муомилоти тичоратй ва низоми вазнии давраи тоисломии арабхоро тасвир менамояд. Тибки иттилои Балозурй арабхои даврони тоисломй сикка зарб намебароварданд. Онхо дар тичорат аз сиккахои эронй-сосонй ва румй то асри VII истифода менамуданд. Балозурй намуди гуногуни вазн - динор, дирхам, хабб, укия, наш, кирот, мискол ва сиккахои гуногун аз кабили хусравй, кайсарй, табарй, баглй, динор, дирхам, дирхамхои хубайрй, юсуфй ва холидиро зикр кардааст. Дар ибтидои солхои 70-уми асри VII дар натичаи ислохоти пулии халифаи панчуми умавй -Абдулмалик ибни Марвон сиккахои исломй ба сиккахои умумидавлатй табдил меёбанд. Умавиён барои хифзи низоми сикказанй ва пулии чорахои гуногун меандешиданд. Балозурй доир ба риоя нашудани талаботи конунгузории исломй аз чониби халифахо ва хокимон доир ба истифода нашудани тасвири мавчудоти зинда ва рамзхои тоисломй дар сиккахои исломй иттилое надодааст.

Калидвожщо: Футууу-л-булдон, Балозурй, Сомониён, Ибни Халдун, сикказанй, сиккашиносон, муомилоти пулй, сиккщои сосонй, сиккщои румй, сиккщои исломй, сик-кауои умавй, аббосй, сомонй, дируамуои хубайрй, юсуфй, холидй, ислохоти пулии Абдулмалик ибни Марвон, Хаццоц ибни Юсуф, сиккщои цалбакй, муцозот барои вайрон кардани низоми сикказанй.

ОТРАЖЕНИЕ ЧЕКАНКИ МОНЕТ В «ФУТУХУ-Л-БУЛДОН» АХМАДА

БАЛОЗУРИ

Автор рассматривает «Футуху-л-булдон» Ахмади Балозури как важный источник по истории возникновения и развития исламских монет VII века. Чеканка монет периодов Омейядов и Аббасидов в дальнейшем повлияла на чеканку монет иранских государств, включая Тахиридов, Саффаридов, Бармакидов и Саманидов. В X веке саманидская чеканка и торговый потенциал развились настолько, что саманидские дирхемы в международной торговле между Востоком и Западом заменили дирхемы Аббасидов.

По внешнему виду и содержанию надписей омейядские и аббасидские монеты сходны с монетами Саманидов. Их надписи в основном содержат тексты, выражающие монотеистические идеи, год и место чеканки, название монеты, имя халифа, эмира, правителя и лица, ответственного за чеканку. В своем сочинении Ахмади Балозури описывает торговлю и весовою систему доисламского периода арабов. По словам Балозури, доисламские арабы не чеканили монет. Они использовали ирано-сасанидские и римские монеты в торговле до VII века. Балозури упоминает разные виды весы - динар, дирхам, мискаль, хабб, укия, наш, кират и различные монеты, такие как хусрави, кайсари, табари, баглы, динар, дирхам, дирхемы хубайри, юсуфа и халиди. В начале 70-х годов VII века в результате денежной реформы пятого омейядского халифа Абдулмалика ибн Марвана исламские монеты были преобразованы в общегосударственные. Омейяды принимали различные меры для защиты чеканки и денежной системы. Балозури не сообщил о каком-либо несоблюдении исламского закона халифами или правителями в отношении использования изображения живых существ и доисламских символов на исламских монетах.

Ключевые слова: Футух-ул-булдон, Балозури, Саманиды, Ибн Халдун, чеканка монет, нумизматы, денежное обращение, сасанидские монеты, римские монеты, исламские монеты, омейядские, аббасидские и саманидские монеты дирхемы хубайри, юсуфи и халиди, денежная реформа Абдулмалика ибн Марвана, Хаджаж ибн Юсуф, подделка монеты, наказание за нарушение подделки монет.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.