Научная статья на тему 'ОСНОВНЫЕ ПРОБЛЕМИ ОБЕСПЕЧЕНИЕ ДЕЯТЕЛНОСТИ ЗАПОВЕДНИКА "ТИГРОВАЯ БАЛКА" И ЕГО ЭКОЛОГИЧЕСКИЕ ПРОБЛЕМЫ'

ОСНОВНЫЕ ПРОБЛЕМИ ОБЕСПЕЧЕНИЕ ДЕЯТЕЛНОСТИ ЗАПОВЕДНИКА "ТИГРОВАЯ БАЛКА" И ЕГО ЭКОЛОГИЧЕСКИЕ ПРОБЛЕМЫ Текст научной статьи по специальности «Биологические науки»

CC BY
27
3
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ЗАПОВЕДНИК / "ТИГРОВАЯ БАЛКА" / РЕКА ВАХШ / ФЛОРА / ФАУНА / ПТИЦЫ / ПРЕСМЫКАЮЩИЕСЯ / ВОДА / ПОЧВА / РАСТЕНИЯ / ЭКОЛОГИЯ / ОХРАНА / СОХРАНЕНИЕ / ВОССТАНОВЛЕНИЕ / ВОЗРОЖДЕНИЕ

Аннотация научной статьи по биологическим наукам, автор научной работы — Муртазоев У.И., Иброхимов Р.С., Давлатов А.И.

В статье представлена информация о местонахождении, флоре и фауне, деятельности государственного природного заповедника «Тигровая балка» в целом а также анализированно экологические проблеми, вопроси охраны, сохранения и восстановления флоры и фауны заповедника

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE MAIN PROBLEMS OF ENSURING THE ACTIVITIES OF THE RESERVE "TIGROVAYA BALKA" AND ITS ENVIRONMENTAL PROBLEMS

The article provides information about the location, flora and fauna, the activities of the state nature reserve "Tigrovaya Balka" in general, as well as analyzed environmental problems, issues of protection, conservation and restoration of the flora and fauna of the reserve.

Текст научной работы на тему «ОСНОВНЫЕ ПРОБЛЕМИ ОБЕСПЕЧЕНИЕ ДЕЯТЕЛНОСТИ ЗАПОВЕДНИКА "ТИГРОВАЯ БАЛКА" И ЕГО ЭКОЛОГИЧЕСКИЕ ПРОБЛЕМЫ»

МАСОИЛИ АСОСИИ ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ МАМНУЪГОХД «БЕШАИ ПАЛАНГОН» ВА МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ ОН

МУРТАЗОЕВ У.И.

доктори илмуои географй, профессори кафедраи географиям табии, Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни; Сурога 734003, ЦТ, ш. Душанбе хиёбони Рудаки 121, E-mail: Shoista_g_buh@mail.ru ИБРОХДМОВ Р.С. унвонцуи соли дувуми кафедраи география ва туризми Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни, мудири кафедраи «Табий-риёзй", MTF "Донишкадаи тиббии ицтимоии Тоцикистон"

Давлатов А.И. сардори маркази бацайдгирй ва машварат MTF "Донишкадаи тиббии ицтимоии Тоцикистон ";

Дар мацола дар бораи мавцеъи цойгиршавй, олами уайвоноту наботот ва умуман фаъолияти мамнуъгоуи давлатии табии «Бешаи палангон» ва мушкилоти экологии ин минтаца, масъалауои мууофизат, нигоудорй ва барцарорсозии олами набототу уайвоноти мамнуъгоу маълумот оварда шуда аст.

Калидвожахо: Мамнуъгоу, «Бешаи палангон», дарёи Вахш, наботот, уайвонот, парандауо, хазандауо, об, хок, растаниуо, экология, мууофизат, нигоудорй, барцарорсозй, эуё.

ОСНОВНЫЕ ПРОБЛЕМИ ОБЕСПЕЧЕНИЕ ДЕЯТЕЛНОСТИ ЗАПОВЕДНИКА «ТИГРОВАЯ БАЛКА» И ЕГО ЭКОЛОГИЧЕСКИЕ ПРОБЛЕМЫ

МУРТАЗАЕВ УКТАМИСМАТОВИЧ,

доктор географических наук, профессор кафедры естественная географии Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, Адрес: 734003, РТ, г. Душанбе, пр. Рудаки 121. E-mail: Shoista_g_buh@mail.ru Иброхимов Р. С., соискатель второго года кафедры география и туризм Таджикского государственного педагогического университета им. С. Айни, заведующий кафедрой естествознания и математики НОУ "Медико-социального института Таджикистана";

Давлатов А.И. заведующийрегистрационно-консультационным центром НОУ "Медико-социального института Таджикистана"; В статье представлена информация о местонахождении, флоре и фауне, деятельности государственного природного заповедника «Тигровая балка» в целом а также анализированно экологические проблеми, вопроси охраны, сохранения и восстановления флоры и фауны заповедника.

Ключевые слова: заповедник, «Тигровая балка», река Вахш, флора, фауна, птицы, пресмыкающиеся, вода, почва, растения, экология, охрана, сохранение, восстановление, возрождение.

THE MAIN PROBLEMS OF ENSURING THE ACTIVITIES OF THE RESERVE "TIGROVAYA BALKA" AND ITS ENVIRONMENTAL PROBLEMS

MURTAZAEV UKTAMISMATOVICH,

Doctor of Geography Sceinces, Professor of the Department of Natural Geography Tajik State Pedagogical University named after S. Aini. 734003, Republic of Tatarstan, Dushanbe, Rudaki Ave. 121. E-mail: Shoista_g_buh@,mail.ru IBROHIMOV R.S., Applicant of the second year of the Department of Geography and Tourism

Tajik State Pedagogical University named after S. Aini, Head of the Department of Natural Science and Mathematics NEI "Medico-Social Institute of Tajikistan ";

DAVLATOVA.I. head of the registration and consultation center of the NEI "Medical-Social Institute of Tajikistan ".

The article provides information about the location, flora and fauna, the activities of the state nature reserve "Tigrovaya Balka" in general, as well as analyzed environmental problems, issues of protection, conservation and restoration of the flora andfauna of the reserve.

Keywords: nature reserve, "Tigrovaya Balka", Vakhsh River, flora, fauna, birds, reptiles, water, soil, plants, ecology, protection, conservation, restoration, revival.

Мукаддима. Мамнуъгохи давлатии табии «Бешаи палангон» - дар чануби Точикистон назди резишгохи дарёи Вахш ба дарёи Панч вокеъ аст. Масохати мамнуъгохи «Бешаи палангон» аз 49 700 гектар иборат аст. Мамнуъгохи табии «Бешаи палангон» бо карори Комисариати халкии кишоварзии Точикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис шудааст.

14 январи соли 1942 мамнуъгох ба ихтиёри филиали Точикистонии Академияи Фанхои Иттиходи Шуравй (баътар Академияи фанхои ЧЩС Точикистон) супурда шуд. 9 майи соли 1959 бо ^арори Шурои Вазирони чумхурй мамнуъгох ба хайати Комитети давлатии хочагии чангали чумхурй дохил карда шуд.

Мамнуъгох дар масофаи 160 км чануби пойтахти чумхурй ва 60 км дуртар аз маркази вилоят вокеъ аст. Мамнуъгох дар худуди имруза нохияхои Дустй, Чайхун ва ^абодиёни вилояти Хатлон вокеъ аст ва яке аз чойхои тамошобоби Минтакаи сайёхии водии Вахш мебошад. [5, с.10]

Худуди мамнуъгох аз Шимол то Чануб 45 км ва аз Шарк то Гарб 30 км аст. Мамнуъгох дар чанубу гарбии чумхурй, шимолтари минтакаи якшавии дарёхои Вахшу Панч чойгир шуда, тугайзор, сохилхои поёноби дарёхои Вахшу Панч китъаи биёбони ^ашкакум ва нимбиёбони доманакухи чануби кухи Хочакозиёнро дар бар мегирад. Сохили чапи мамнуъгох дар баландии 223-520 метр аз сатхи бахр сохили росташ дар баландии 1000-1200 метр аз сатхи бахр чой гирифтааст. [8, с.10]

Кисми асосй. релефи сохили чапи поёноби дарёхои Вахшу Панч хамвории паст буда, аз кулхои бокимондаи рудхонаи дарёи Вахш, ки дар гирду атрофи онхо алафхои обй (кулхои Аллакул, Кабуди хурду калон, Халакул, Дедов, Пионер ва гайрахо) меруянд ва аз ботлокзорхо иборат аст. ^исмати зиёди худуди мамнуъгохро тугайзор ташкил медихад.

Дар байни ин кулхо Аллакул кули калонтарин ба хисоб меравад, ки зиёда аз 2 км дарозй ва то 10 метр чукурй дорад. Тобистони мамнуъгох гарм ва зимистонаш нисбатан хунук буда, барф нихоят кам меборад. Харорати хаво дар инчо мохи август то 40-45дарача гарм ва дар мохи январ 3-5 дарача хунук мешавад.

Мамнуъгох дорои манзарахои мухталифи табий мебошад, аз чумла дорои минтакаи биёбонй, минтакаи тугайзор, кулхои зиёд мамнуъгохро ихота намуда, табиати мавзеро боз хам зеботару чолибтар гардонда аст. Бешаи палангон дар кисмати поёноби дарёи Вахш вокеъ буда, дар худуди он зиёда аз 20 кул чойгир аст. Кулхои мамнуъгох чои зисти обсабзахо, содатаринхо, харчангхо, гамбускони обй, нармтанхо, мохихо ва дигар хайвоноти обй аст. Айни хол дар кулхои мамнуъгох 16 намуди мохихо дида мешаванд, ки баъзеи онхо намудхои эндемикй, яъне доираи пахншавии махдуддошта мебошанд. [11, с.4]

То солхои 90 - уми асри гузашта аз намудхои эндемикй дар кулхои мамнуъгох белбинии калони амударёй ва белбинии хурди амударёй ба кайд гирифта шуда буд. Ин намуди мохй ахамияти калони зоогеографй дорад, чунки гайр аз поёноби дарёи Вахш (хавзаи Аму) авлодхои наздики белбинихо дар дарёи Миссисипии Амрико ва Янтзии Чин дучор мешаванду тамом. Айни хол дар кулхо намудхои нодир ва камшумори мохихо, ба монанди муйлабмохии аралй, симмохй, муйлабмохии туркистонй, сихболмохй ва жерехи тос дучор мешаванд. Инчунин, дар кулхои мамнуъгох 2 намуди обхокй курбокаи кулй ва гуки сабз дучор мешаванд, ки микдоран хеле зиёд мебошанд. Хамчунин, дар кулхои мамнуъгох мори обй ва яке аз ширхурони муътодони акклиматизатсияшуда нутрия (кундузи обй) дучор мешавад. Ватани аслии нутрия Америкаи Чанубй мебошад. Ба Точикистон ин намуди ширхури хояндаро соли 1949 аз хочагии нутрияпарварии Кюрдамири Озарбойчон овардаанд. Дар худуди мамнуъгох солхои 70-уми асри гузашта хочагии нутрияпарварй мавчуд буд ва муйинаи ин намуди ширхур дар саноати сабук васеъ истифода мешуд. [16]

Барои мукимй гаштани парандагони кучй низоми экологии мамнуъгох мусоид мебошад. Дар мамнуъгох такрибан 214 намуди парандахо аз хагархои экологй эмин хасганд. Дар кулхои мамнуъгох, дар фасли сармо го 10 - 15 хазор мургон чамъ меоянд. Тазарв (Фазан) ифгихори мамнуъгох буда, шумораи он ба 1800-2500 мерасад. Парандагон одаган дар мавсими зимисгон аз худудхои Чин, ^азокисгон, Сибири Шаркй ва мамлакагхои Осиёи Марказй ба ин макон куч басга, лона бунёд карда, мавсими сарморо паси сар мекунанд. Дар гугайзори мамнуъгох ва кисматхои нимбиёбонии ин мавзеъ, сангпушги осиёимиёнагй, геккони шонаангушг, лундасараки регй, куброи осиёимиёнагй, гурза ва дигар намудхои нодирро во хурдан мумкин асг. [7, с.14-28]

Дар мингакаи биёбони мамнуъгох сусмори хокисгаранг (эчкамар) дучор мешаванд, ки онро «гимсохи биёбон» ном мебаранд. Дар мамнуъгохи «Бешаи палангон» сисгемахои экологй барои чои зисги доимии парандагони мукимй чавобгу буда, барои парандагони кучй низ дар самги зимисгонгузаронии онхо шароигхои мусоид ба назар мерасад. Бо дасггирии давлаг ва чахду галошхои кормандони мамнуъгох бахри хифз ва зиёд сохгани саршумори парандахои нодир, дар соли 2012 дар ин мавзеъ парваришгохи махсусе сохга шуда, ки дар он парандахои ба мисли кабк, газарф, дугдог нигохубин карда мешавад.

Дар мамнуъгох аз намояндагони синфи ширхурхо, гизол, гавазни бухорой, кафгор, гурбаи камишзор, мири мушон, хуки вахшй, чайраи хиндй, хашарогхури пакана, ва монанди инхо во мехуранд. Гавазни бухорой яке аз хайвонхои нодир ва зебогарини мамнуъгох ба хисоб меравад, ки дар худуди гугайзорхои мамнуъгох зиндагй мекунанд. Саршумори гавазни бухорой дар замони нооромихои солхои 1992-1993-юм бо сабаби шикори гайриконунй камшуда буд. Дар замони хозира бошад, бо дасггирии давлагу макомоги хокимияги махаллй ва кушишхои кормандони мамнуъгох солхои охир саршумори гавазни бухорой зиёд гашга ба 250 гавазни бухорой расида асг.

Аз хайвоноги бесугунмухра дар худуди мамнуъгох намояндагони содагаринхо, исфанчхо, гидрахо, кирмхо, нармганхо, горганакшаклон ва хашарогхо васеъ пахн шудаанд. Аз хама сершуморгарин гурухи хайвоноги мамнуъгох ин хашарогхо мебошанд, ки хаёгашон бо дарахгу буггахои мамнуъгох зич алокаманд асг. Аз хашарогхо дар мамнуъгох сузанаки кириченко, сузанаки имперагорй, гахворачунбони дарахгй, амблигесписи мишенко, мангиси саркалон, кирминаи кирмизии галхак, ганданафасаки гуронй, чубхураки киррамуйлаб, махаон, шапалаки сафеди гомирис ва гайра дучор мешаванд, ки дар бораи онхо мухаккикони рус гадкиког бурдаанд. [15]

Дар бора олами набогоги мамнуъгох гадкикогхои чиддй бурдаанд. Мувофики маълумоги мухаккикон ва коршиносон соха дар худуди мамнуъгох 604 намуди расганихо меруянд. Аз он гакрибан 322 намудаш ба расганихои хуроки чорво, 49 намуд ба расганихои гехникй, 44 намуд расганихои дармонй, 10 намуд расганихои муфгхур, 22 намуд ба расганихои захрнок дохил мешанд.

Дар мингакахои биёбонии мамнуъгох чулгун, загоза ва саксавул меруянд. Дар худуди мануъгох дарахгони сафедор, ангаг, бед, санчид пахн гардидаанд. Дар мавзехои гугайзорхо найшакар, най, лух, эриангус, шугурхор инчунин дигар намудхои алафхои баландпоя ба назар мерасанд. Дар мачмуъ флораи асосии мамнуъгох аз расганихои алафй ибораг асг, ки микдори онхо ба 524 намуд мерасад. [3, с.8]

Баъзе намудхои нодири худуди мамнуъгох ба Кигоби сурхи Чумхурии Точикисгон дохил гардидаанд, ба мисли занбуруги дашгй, лолаи Тюберген, усманияи поячааш дарози хам, каперси Розанов, дубаргаи бухорой ва гайра. Дар бораи хусусиягхои хоси мавзехои гугайзорхои мамнуъгох мухакикони рус нукгаи назари худро доранд. [9, с.226]

Мувофики андешаи коршиносон, мамнуъгох аз он сабаб, номи «Бешаи палангон»-ро гирифга асг, ки дар ин мавзеъ яке нодиргарин намуди ширхурони даранда - паланги гуронй ба назар мерасид. То солхои 50-уми асри гузашга дар худуди мамнуъгох ин намуди хайвони ширхур дучор мешуд, ки дар ин бора олими рус Р.Л.Погапов дар кигобаш «Тигровая балка» якчанд ходисахои вохурии одамонро бо палангхо ёдрас шудаасг. [10, с.22]

Мувофики маълумоги расмй, дар худуди мамнуъгох паланги гуронй гобисгони соли 1953 ба кайд гирифга шудаасг. Айни замон доир ба мавчудияги ин намуди паланг дар габиаг ва боги хайвоноги дунё ягон маълумоге несг. Ба акидаи бархе аз олимони сохаи зоология ин намуд на ганхо дар Точикисгон, балки дар гамоми сагхи руйи Замин несг шудаасг. [14]

Ба андешаи мухаккикон дар фаъолияги мамнуъгохи «Бешаи палангон» дар самги хифзу нигахдории олами хайвоногу набогоги мингака баъзе мушкилоги экологй ба назар мерасад. Аз чумла, кайд мешавад, ки дар замони мавчудияги Иггиходи Шуравй, ки гаваччух ба сохаи пахгакорй

гардида масъалахои хифзи мухити зист эътибор надошт, хукумати онвакта мекушид, ки бешаву чангалхои мавчударо ба заминхои кишоварзй табдил дихад. Аз ин чихат, сокинони атрофи «Бешаи Палангон» дарахтонро бурида, як кисмати муайяни мамнуъгохро ба замини кишоварзй ва чои зист табдил доданд. Муносибати сард ва беахамиятй нисбат ба «Бешаи палангон», ки яке аз калонтарин чангали субтропики дунё ба хисоб мерафт, сабаби аз байн рафтани олами набототу хайвоноти нодири ин минтака мегашт.

Яке аз сабабхои дигари аз байнравии олами набототу хдйвоноти минтака ва захролудшавии обу хоки мамнуъгох, ин поёноби заминхои кишоварзии назди мамнуъгох мебошад, ки бо нурихои маъданй ва дорухои захрноки дар заминхои киштзор истифодашаванда омехта гашта буд. Инчунин, системаи обанборхои сунъии дарёи Вахш низ боиси вайрон шудани режими табиии обхезии минтака гашта аст. [2, с.6]

Мувофики маълумотхои илмй дар замони шуравй дар чойи хазор гектар чангалзори минтакаи «Палвон Тугай»-и каламрави «Бешаи палангон» комплекси чорвопарварии нохияи ^убодиёнро сохта буданд. Гайр аз ин, сокинони гирду атрофи мамнуъгох, аз надонистани мухимияти экологии чангал ба мухити зист, дарахтони нодирро бурида, дар чойи он ба кишту кор машгул мегаштанд.

Коршиносони сохаи экологй бар ин назаранд, ки дар замони шуравй аз сабаби дефолатсияи майдонхои кишти пахта дарахтони мухофизатии минтакахои кад-кади дарёи Вахш аз байн рафтаанд, зеро дорухои минералй ва захрхимикатхои дар заминхои кишт истифодашаванда тавассути об ва хаво сабаби хушку хазон шудани гулу гиёх ва буттаву дарахтони нодири мамнугохи «Бешаи Палангон» мегашт. [1, с. 6].

Масъалахои экологии хифзи табиат ва нигохдории популятсияи олами хайвоноту наботот ба яке аз масъалахои доги руз дар кишвархои чахон гардида аст. Дар Точикистон, макомоти марбутаи экологй, аз чумла Кумитаи хифзи мухити зист ва зерсохторхои он, инчунин ташкилотхои гуногуни чамъиятии экологй бахри хифз, нигахдорй ва рушди устувори фаъолияти мамнуъгох, пайваста дар пайи амалй гардонидани накша-чорабинихои гуногун мебошанд, то вазъи табиии мамнуъгох ба стандартхои байналмилалии худудхои хифзшаванда чавобгу гардад. Бояд кайд кард, ки яке аз омилхои муассири хифзу нигахдории гуногунии биологй ва муносибати окилона ба табиат, ин баланд бардории маърифати экологии чомеа мебошад. Барои амалй гаштани ин кор Кумитаи хифзи мухити зист, макомотхои хокимияти давлатй ва махаллй, инчунин тамоми кишрхои чомеаи кишвар сахмгузор буданаш лозим аст.

Коршиносон кайд мекунанд, ки дар соли 1998 вобаста бахшида 60-солагии мамнуъгохи «Бешаи палангон» Фармони Президент Чумхурии Точикистон аз санаи 14 августи соли 1998 тахти № 1037 «Оид ба бехтар намудани фаъолияти мамнуъгохи давлатии «Бешаи палангон» ба тасвиб расид. Дар он як катор карорхои зарурй бахри бехдошти вазъи экологии мамнуъгох кабул гардид. Аз чумла, ба Хукумати Чумхурии Точикистон дастур ироа гардид, ки ба Созмони байналмиллалии ЮНЕСКО барои ба мамнуъгох додани макоми «мамнуъгохи биосферавй» мурочиатнома пешниход намоянд. Инчунин, аз бучаи кишвар барои бехтар гардонидани фаъолияти мамнуъгох чудо намудани маблаггузорй пешниход гашт. Гайр аз ин, ба Кумитаи хифзи сархадоти назди Хукумати Чумхурии Точикистон супориш дода шуд, ки то санаи 15 августи соли 1998 аз худуди мамнуъгохи «Бешаи палангон» нуктахои назорати харбй берун бароварда шаванд. Ин хама ташаббусхои аз тарафи давлат пешгирифташуда шаходат медихад, ки Хукумати Чумхурии Точикистон чихати хифзи табиат, гуногунии биологй, паст кардани таъсири манфии фаъолияти инсон ба табиат ва мухити атроф дар пайи тадбирхои муассир хастанд, то ин ки олами хайвоноту набототи ин гушаи зебои табиати Ватан ба ояндагон ба мерос гузошта шавад. [5, с.15]

Хукумати Чумхурии Точикистон ба масъалахои бехдошти мухити зист хамеша таваччухи хос дорад, зеро хифзи мухити зист ва пешгирй намудани хама гуна офату хатархои экологй аз мухимтарин масъалахои сиёсати пешгирифтаи кишвар ба хисоб меравад. Ба ин хотир, Барномаи давлатии экологй барои солхои 2009-2019 кабул гардида буд, ки он хамчун хуччати асосии давлат ва муайянкунандаи самтхои асосии рушди устувори чомеа, таъмини мувозинати захирахои солими чомеа, истифодаи окилонаи захирахои табий, инчунин роххои баркарорсозии фазои экологии вайроншуда ба хисоб мерафт.

Мувовики тахлили андешаи коршиносон, гуфтан мумкин аст, ки несту нобудшавии мухити табии «Бешаи Палангон» аз омилхои гуногун вобаста аст. Яке аз онхо шуршавии баъзе минтакахои «Бешаи Палангон», худсарона азхуд намудани худудхои мамнуъгох ва машгул шудан ба киштукор

дар марзхои «Бешаи палангон» мебошад. Тибки маълумоти дар сомонаи «Википедиа» овардашуда, то охири солхои 1980 пасобхои захролуди заминхои кишоварзй тавассути каналу чуйборхои «Бешаи палангон» ба мавзеъхое, ки гиёху буттахои нодир меруянд, чорй шуда, боиси хушку биёбоншавии бешазор мешуд. Гайр аз ин, набудани сархади муайян ва вучуд надоштани симчубхои мухофизатй сабаби нест шудани дарахтон ва шуршавии заминхои мамнунгох гардида, аз тарафи дигар хукхои чангалй заминхои кишоварзонро поймол мекунанд. [13]

Аз ин хотир, сархадди мамнуъгохро аз нуктахои ахолинишин ва хочагихо чудо кардан лозим аст, то ки мувозинаи мамнуъгохи «Бешаи паланг» хифз ва нигох дошта шавад. Аз сабаби он, ки мамнуъгох сархади дакик ва симхорхои мухофизатй надорад, бинобар ин каламрави онро аз зарари экологй пешгирй кардан гайриимкон аст

Добили зикр аст, ки «Бешаи Палангон» танхо аз тарафи Чрликул дарвоза дорад, бокимондаи он аз чониби мавзехои ахолинишин бидуни аломату нишони марзй буда, хатто сокинони баъзе минтакахо инчо намедонанд, ки марзи мамнуъгох аз кучо сар мешавад. Худуди сархади мамнуъгох аз чониби махалхои ахолинишин ва заминхои кишт такрибан 20 километрро дар бар мегирад. Дарёи Вахш, ки аз тарафи чапи мамнуъгох чорй аст, хамчун минтакаи буферй амал мекунад, кисми чанубии мамнуъгохро симхорхои сархади давлатии Точикистон хифз мекунад.

Мутахассисон дар бораи шур шудани заминхои мавзеъи «Бешаи палангон» андешахои гуногун доранд. Табиатшиносони хоричй яке аз сабабхои шур шудани поёноби «Бешаи палангон»-ро паст шудани сатхи дарёи Вахш медонанд. Аммо мухаккикону олимон ин фарзияро рад мекунанд ва мегуянд: «Хавзхои «Бешаи палангон» аслан аз хисоби канали ^умсангир пур мешаванд. Дарёи Вахш бошад аз сатхи мамнунгох 8 метр паст карор дорад. Агар дар гузашта оби Вахш то сатхе баланд буд, ки марзхои шурзадаи Бешаро мешуст, пас хазорхо гектару замину минтакахои ахолинишини болооби ин дарё зери об мемонд».[13]

Мушкилии дигар ин аст, ки замини ин мавзеъ шаклан зина ба зина поён мешавад. Яъне дар пастхамихо об хамеша чамъ мешавад. Аз ин сабаб, чуин фарзия низ пешниход шуда аст, ки шояд чанд аср пеш як шохаи дарёи Вахш аз "Бешаи палангон" гузашта бошад. Хатто тахминхое хам буданд, ки дар натичаи тагйирёбии мачрои дарёхо ва камобй дар оянда ин маконро хатари хушкшавй тахдид мекунад. Хушбахтона, табиат конунхои худро дорад ва то имруз дар «Бешаи Палангон» мушкили камобй ба назар намерасад.

Хулоса, мамнуъгохи «Бешаи Палангон» дар таъмини мувозинати экологии тамоми манотики Точикистон ва кишвархои хамсоя накши мухим дорад. Бо татбики накшаи чорабинихои илмй-тадкикотй дар сатхи давлатй на танхо хатархои экологии «Бешаи Палангон» аз байн бурда мешавад, балки фаъолияти илмй-амалй ва хатсайрхои сайёхиву экскурсионй, экологй ва табиатгардй таквият меёбад. Гайр аз ин, корхои ташкилию ободонй ва баркарорсозии олами хайвоноту набототи аз байн рафтаи ин гушаи пурасрори Точикистон боз хам хубтару бехтар ба рох монда мешавад.

Танхо дар ин хол, омаду рафти сайёхони хоричиву дохилй ва дустдорони табиат ба ин макон зиёд гардида, бо ин рох, аз тичорати сайёхй ва мехмоннавозй даромадхои калони иктисодиро ба даст овардан мумкин аст.

АДАБИЁТ

1. Ахмадов Х.М. Заповедник "Тигровая балка" / Х.М.Ахмадов, К.Х. Касиров//Охрана дикой природы. 1999. №№ 1 (12).

2. Ибрагимов Э.Х. Эколого-географические основы развития сети охраняемых природных территорий Северного Таджикистана / Э.Х.Ибрагимов // Автореф. дис... канд. геогр. наук. М., 1997.

3. Зуева О.В. Физико-географические основы размещения заповедников в бассейне р. Амударьи. / О.В. Зуева // Автореф. дис. канд. Геог. наук. Ташкент, 1993.

4. Ванисова Е.А. Аттракторы в биологическом сигнальном поле некоторых видов млекопитающих. / Е.А. Ванисова // Автореф. дис. канд. биолог. наук. // Москва - 2013.

5. Касиров К.К. 70 лет заповеднику «Тигровая балка». / К.К. Касиров // Душанбе-Москва, 2008 г. - 50 с.

6. Мамнуъгохи-«бешаи палангон» ганчинаи бебахои табиат (пайванди дастнорас). https://tg.wikipedia.org/wiki/

7. Муминов Н.Н., Саидов А.С., Амиркулов Х. - Мат-лы Респуб. научн. конф. «Фауна и экология животных Таджикистана» // Душанбе, 2004. - С.14-28.

8. ^одиров Ф.С. Захирахои туристй: ёдгорихои фархангй - таърихй ва табии. // Душанбе, 2012, с. 20.

9. Лычагин М.Ю. Геохимия пустынно-тугайн^гх ландшафтов: (На примере заповедника "Тигровая балка"): / М.Ю. Лычагин //Автореферат дис. ... канд. геог. наук://Москва, 1994.- 27 с.

10. Потапов Р.Л., В «Тигровой балке», Записка зоолога, / Р.Л. Потапов // М, 1962;

11. Таджикистан: заповедники, парки, люди. Тигровая балка. Бюллетень "Экология и права человека". Выпуск 344, 15 апреля 2001.

12. https://zapovedniki-mira.com/zapovedniki_rossii/5-gosudarstvennyy-zapovednik-1igrovaya-balka.html

13. Мушкилоти экологии «бешаи палангон». http://www.bonuvon.tj /index. php/tj/az-ar-bob/1852-2014-11-28-10-32-19

14. Бешаи палангон. Мавод аз Википедиа-донишномаи озод. https://1g.wikipedia.org/wiki/Бешаи_палангон.

15. https://mvd.tj/index.php/tj/mavzehoi-sajjohi/27562-beshai-palangon

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.