Научная статья на тему 'On Russian translations of Kamoli Khujandi ghazals'

On Russian translations of Kamoli Khujandi ghazals Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
3516
82
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПЕРЕВОД / ГАЗЕЛИ / АДЕКВАТНЫЙ / ОРИГИНАЛ / ПОДСТРОЧНЫЙ ПЕРЕВОД / ВОЛЬНЫЙ ПЕРЕВОД / TRANSLATION / GHAZALS / ADEQUATE / ORIGINAL / INTERLINEAR TRANSLATION / FREE TRANSLATION

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Ходжаева Матлуба Юнусовна

Статья посвящена переводам газелей Камола Худжанди на русский язык. Рассматривая историю переводов газелей Камола Худжанди, автор отмечает, что к переводу творчества этого поэта русские поэты в основном обратились, начиная с середины ХХ века. Отмечается, что по сегодняшний день переведено всего 110 газелей поэта, которые принадлежат перу А.Адалис, В^^аповой, В.Звягинцевой, Я.Ксзлсвсксгс, И.Сельвинского и М Синельникова. Анализируя эти переводы, автор обращает внимание на особенности текста оригинала, в том числе редифы, рифмы, художественные фигуры и способы их передачи на русский язык. Выявляя достоинства и недостатки существующих переводов, делается вывод о необходимости более серьезного подхода к переводам творчества Камоли Худжанди.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

О русских переводах газелей Камола Худжанди

The article speaks about the translations of Kamoli Khujandi ghazals into Russian. When considering the history of the translations of Kamoli Khujandi ghazals the author notes that Russian poets mainly referred to the translation of the works of Kamoli Khujandi since the middle of the twentieth century. It is worth noting that only 110 ghazals of this poet have been translated to this day, and these translations were done by A.Adalis, V.Potapova, V.Zvyagintseva, Ya.Kozlovsky, I.Selvinsky and M. Sinelnikov. Analyzing these translations the author pays a special attention to the specifics of the original, including redif rhyme, artistic figures and the ways of their expression in Russian. Identifying the strengths and the weaknesses of existing translations, the author asserts a necessity of a more serious approach to the translations of Kamoli Khujandi works.

Текст научной работы на тему «On Russian translations of Kamoli Khujandi ghazals»

УДК 8Т1 ББК 83,3

М.Ю. ХОЧДЕВА (МИРЗОЮНУС)

ПЕРОМУНИ ТАРЧУМАХОИ РУСИИ ГАЗАЛИЁТИ КАМОЛИ ХУЧАНДИ

Вожа^ои калиди: тарчума, газал, муодил, матни асл, тарчумаи сатр ба сатр, тарчумаи озод

Дар адабиётшиносии халкхои славянинажод аввалин ишора ба Камоли Хучандй аз чониби А.Е.Крымский дар китоби у «Х,офиз ва ашъори у» («Хафиз та його писни», Киев, 1924, с. 24) ба мушохида омадааст, ки исми Хоча Камол он чо ба унвони шоири муосир ва хдмназари Х,офиз зикр шудааст. Дар адабиётшиносии русй ошной бо рузгор ва осори Камоли Хучандй дар асри ХХ бо маколоти донишмандони ховаршинос Е.Э.Бертельс ва И.С.Брагинский шуруъ шуд. Дар маколаи Бертельс Е.Э. «Адабиёти халкхои Осиёи Марказй аз замонхои кадим то асри ХУ»(2) муаллиф бо маълумоти ичмолй иктифо мекунад, вале дар маколаи дигар «Адабиёти форсй дар Осиёи Марказй» (3) дар бораи дустии Камоли Хучандй бо Х,офиз, таъсири Камол ба пасовандон, бахусус ба ашъори Сирочиддин Бисотии Самаркандй, тимсоли «саги маъшук» дар газалиёти Камол, инчунин муносибати шоир бо Хдсани Дехлавй матолиби чолибе ба миён мегузорад.

Ховаршиноси дигар И.С.Брагинский низ дар якчанд маколаи худ аз рузгору осор ва хунари шоирии Камоли Хучандй андеша меронад. Маколоти ин адабиётшиноси номвар нахуст дар пешгуфтори нашри русии ашъори Камоли Хучандй (1949)(4), дертар дар китобхои у «Очеркхо аз таърихи адабиёти точик»(1956)(5), «12 минётура»(1966)(6), «Аз Авасто то Айнй»(1981)(7) ва мачаллахо интишор ёфтаанд ва каму беш бо илова ва ё хазфи баъзе асноду далел ва маълумот тафовут доранд. Аз ин миён маколае, ки бо номи «Дар бораи эчодиёти Камоли Хучандй» дар «Очеркхо аз таърихи адабиёти точик» ба табъ расидааст, бо сабки илмй ва зикри сарчашмахои мавриди корбурди муаллиф имтиёз дорад. Дар он муаллиф пас аз накли мухтасари тарчумаи холи шоир бо такя ба кавли Абдурахмони Ч,омй аз таклид ба ашъори Х,асани Дехлавй дур будани шеъри Камолро собит мекунад ва аз назокату лутфи сухани шоир бахс ба миён оварда, намунахои газалиёти уро аз назари гоя ва мухтаво, вожахои калидй, таркибу иборахои халкй, авзони газалхо мавриди баррасй карор медихад ва дар нихоят аз мухаббати мардум ба ин шоир зимни ёдоварй аз муносибати Садриддин Айнй ва хофизи мумтоз Х,очй Абдулазиз изхори назар мекунад.

Дар сарсухани мухтасараш ба нахустин мачмуаи ашъори Камоли Хучандй, ки дар тарчума ба забони русй соли 1949 ба табъ расидаааст, ин ховаршиноси маъруф аз пешинаи тарчумахои газалиёти Камол ба забони русй ёдовар шуда, кайд мекунад, ки танхо шоир Борис Лапин, ки дар Ч,анги Бузурги Ватанй курбон шудааст, кушиш карда буд, ки газалиёти Хочаро ба тарики озод ба ин забон баргардонад. Мухаккик шеъри мазкурро, ки аз 42 мисраъ иборат аст ва «Таклид ба Камол» ном дорад, пурра иктибос оварда, таъкид менамояд, ки тарчумон рух ва оханги шеъри Камолро ба хубй инъикос намудааст. Ин чанд мисраъ намуна аз шеъри фавкуззикр аст: Когда красавица вошла в цветник, В сад или в рай проникли мы, не знаю,

Склонился лавр и остроцвет поник. Но гурию я видел в этот миг.

Ручей, струясь, припал к ногам подруги, О сердце, помни, розы быстро вянут,

Я слышал пальм торжественный язык. Спеши, пока нас холод не постиг (4).

Агар ба таърихи нашри тарчумахои русии газалиёти Хоча Камол назар андозем, маълум мешавад, ки то имруз ашъори у 5 маротиба, аз чумла дар Сталинобод(1949)(8), Москва (1957, 1976)(9, 10), Душанбе (1968)(11) ва Хучанд (1996)(12) интишор ёфтааст. Тарчумахое, ки то имруз дастрас шудаанд, ба калами А.Адалис (кариб 40 шеър), В. Звягинцева (34 шеър), В.Потапова (30 шеър), Я.Козловский (3 шеър), М.Синельников (5 шеър), И. Сельвинский (1 шеър) мансуб буда, мутаассифона, касе аз номбурдагон ба забони форсй ба хубй балад нест, яъне тарчумахо тавассути баргардонии сатр ба сатр аз забони форсй(точикй) сурат гирифтаанд. Ч,ои шак нест, ки ин мутарчимон дар риштаи худ навкор нестанд ва хар кадомашон пушти сар як силсила тарчумахое аз адабиёти Шарк, аз чумла аз адабиёти форсу точик доранд. Бинобар ин, пайдост, ки на танхо бо ашъори шоирони ин миллат, балки бо адабиёти илмии марбут ба таърих ва фарханги замони зиндагии адибон ошно шуда, хусусиятхои газали форсиро дар мачмуъ омухтаанд.

Чунончи, яке аз аввалин мутарчимони Камоли Хучандй шоир, насрнавис ва тарчумон Аделина Адалис (1900-1969) дар нимаи дуюми солхои 20-ум ба хайси мухбир ба Осиёи Марказй омада, то соли 1931 дар ин чо ифои вазифа намуда буд. Х,осили ин сафари у очеркхои «Сафари кумзор» (1929), романи «Абчад, Х,авваз, Х,утти»(1926), як силсила шеърхо ва тарчумахо аз осори адибони форсу точик Носири Хусрав, Камоли Хучандй, Ч,омй, Мирзо Турсунзода, инчунин шуарои дигари Шарк Наапет Кучак, Фузули, Самад Вургун, Чдмбул, Робиндранат Тагур ва дигарон мебошад. Ба хунари шоирии у Осип Манделштам бахои баланд додааст. Ба мачмуаи нахустини русии Камоли Хучандй 39 тарчумаи у ворид шудааст.

Агар танхо ба мисраъхои нахустини тарчумахои ин шоир мутаваччех шавем ва онхоро бо мисраъхои матли асл мукоиса кунем, мебинем, ки дар чанд газал Адалис барои дарёфти муодилхои русии мутаносиб муваффак шудааст. Аз чумла «Ветер цветение ветвей сорвал, бросил цветочный град» (Бод гулбез шуду бар сари гул жола чакид), «Скажите друзьям, что я болен, а целебного зелья нет» (Дарди ман гуед бо ёрон, ки дармон ёфт нест), «Пусть горем я охвачен, печаль моя отрада»(Гамат дорам, маро шодй хамин аст), «Почудилось розе благоуханье рубашки твоей» (Гул аз пераханат буе шунидааст), «Чтобы ветер кудрями твоими играл, - не желаю» (Сари зулфат намехохам, ки дар дасти сабо афтад), «Я спросил ее, - Кто ты и как тебя звать? - Отвечала: -Спроси у луны» (Гуфтамаш, номи ту, гуфто аз махи тобон бипурс), «Друг сказал, взор от всех отврати, я готов, повинуюсь» (Ёр гуфт, аз гайри мо пушон назар, гуфтам, ба чашм), «Я спросил, человек или ангел ты? Говорит, и то, и другое» (Гуфтам, малакй ё башарй, гуфт, ки харду). Дар баробари ин, дар матлаи газалхое, ки ин тарчумон ба русй баргардонидааст, хеле байтхое хастанд, ки маънии матлубро намедиханд:

Аз ошикй хамеша чавон аст пири мо, Холй мабод ишки бутон аз замири мо.

Тарчумаи Адалис:

Словно вечная молодость, старость моя - от любви! Сиротою душа не осталась ничья от любви!

Ё ки:

Гар дарди ту аз хабиб бошад, Дарди сарат аз табиб бошад. Тарчумаи А.Адалис:

Сумасшедшим я стал от того, что любовь жестока, Пусть и лекарем будет любовь, - не глядит свысока. Лекин чолиб аст, ки як газали Хоча Камолро, ки аз назари И.Брагинский хуб баргардонида шудааст (7), ба назари мо, хеле нокис менамояд. Барои мукоиса матни асл хамрох бо матни тарчума оварда мешавад:

1.Ошуби чонй, шухи чахонй, Натвон, валекин ту метавонй.

Беэътикодй, номехрубонй 6.З-ин сон, ки дорй аз хеш дурам,

2.Аз пеши хешам то чанд ронй, Гар мирам аз гам, аз ман надонй. Захри фирокам то чанд чашонй. 7.Гуфтам, нисорат созам дури ашк,

3.Ман мехр варзам, оре, ман инам, Гуфто, чй гуям, дур мечаконй. Ту кина варзй, оре, ту онй. 8.Бо ту чй монад Хизру Масехо,

4.Гохам навозй, гохам гудозй. Умре ту харгиз бо кас намонй. Гохе чунинй, гохе чунонй. 9.Гар аз Камол, эй мунис, малулй,

5.Бе чурм куштан хар дам якеро Рафтам зи куят, бурдам гаронй. (12)

Матни тарчума:

1.О, беспокойство снова и снова, К выходкам резвым вечно готова.

Дерзкая шутка мира земного. 5.Если умру я в горькой разлуке,

2.Где твоя жалость, ветреный идол, Ты и не вспомнишь смеха былого... Кто ты - не может выразить слово. б.Слез моих жемчуг топчешь ногами:

3.Камень не мог бы вытерпеть столько! «Что ж, отвечаешь, в этом дурного?» Нет, не знавал я в жизни такого. 7.О, не печалься из-за Камола:

4.Боль причиняешь, вновь покидаешь, Быть одиноким вовсе не ново.

Маълум мешавад, ки 9 байти газали Камолро шоир бо 7 байт ба русй баргардонидааст. Байти аввали матни тарчума аз матлаи газал ба андозае тафовут дорад, ки газали мазкур будани он боиси шубха мегардад, вале аз байтхои дигар маълум мешавад, ки вокеан хамин газал аст. Мураттиби китоб И.Брагинский низ хамин газал будани онро дар кисми тавзехоти мачмуа зикр кардааст.

Матлаи газал ба забони русй матлаби дилхохро надодааст, зеро дар матни асл Хоча Камол ба мухотаби худ - ба маъшук мурочиат мекунад ва сифатхои уро дар муносибат ба худ бармечинад:

Ошуби чонй, шухи чахонй, Беэътикодй, номехрубонй.

Хоча Камол аз фитнахои ин чахон сухан нагуфтааст, аммо агар тарчумаи ин байтро («О беспокойство снова и снова, дерзкая шутка мира земного») ба точикй бозгардонем, мушохида мекунем, ки матлаби муаллиф аз андешаи мутарчим хеле тафовут дорад:

Эй, нооромй бозу боз, Шухии сахти ин чахон.

Гузашта аз ин, тарчумон баъзе матолиберо ба шеър ворид кардааст, ки дар матни асл нишоне аз он нест. Масалан, «ветреный идол», «не может выразить слово», «Камень не мог бы вытерпеть столько», «выходки резвые», «не вспомнишь смеха былого», «Слез моих жемчуг топчешь ногами». Маънии байти мактаъ низ, ба назари мо, дигар аст:

Гар аз Камол, эй мунис, малулй, Рафтам зи куят, бурдам гаронй.

Хоча Камол таъкид карданист, ки агар хузури ман, туро норохат карда бошад, харчанд гарон аст, ман аз наздат меравам. Ин маъниро мутарчими рус чунин баён мекунад:

О, не печалься из-за Камола: Быть одиноким вовсе не ново.

Яъне, ту барои Камол гам махур, зеро бори аввал нест, ки у танхост. Агар дар матни асл шоир аз гами худ сухан гуяд, дар тарчума мухотаби мутарчим маъшук аст, ки мегуяд: «барои Камол гам махур». Хдмин тарик, дар ин газал худбофтахои зиёде хаст, ки матлаби муаллифро ба гунаи дигар шарх медиханд.

Дар сифати тарчумахои адибони дигар В. Звягинсева, В.Потапова, И.Селвинский, Я.Козловский, М.Синелников низ дар баробари дастовардхо навокиси зиёде низ ба мушохдда меояд. Дар шумори дастовардхои ин мутарчимон хеле бамавкеъ омадани баъзе кофияву радифхоро метавон номбар кард. Чунончи, радифхои боз кучо рафт -где она теперь) орзуст (желаю), надидам (не видел), гуфтам, ба чашм - я готов, повинуюсь, гуфт, ки харду говорит, и то и другое (А.Адалис), имшаб - в эту ночь , меранчад- обижается, ояд бурун - выйдет, гурехтаам -убегаю (В.Звягинсева),гуфтем, гуфтем - сказал? сказал, нахохам гуфтан- не скажу, чаро гуям -зачем говорить, ин магу - не говори так, дуст медорам туро - я люблю тебя, мапурс - не спрашивай(В. Потапова).

Зимнан бояд таъкид кард, ки вазифаи кофияву радиф дар баробари таъмини хусни баён таъкиди матлаб аст, ки мутарчимон дар ашъоре, ки зикраш рафт, барои дар чои худ чо додани радифхои муаллиф тавфик ёфтаанд. Хдрчанд ки гохе бо сабаби надонистани забон ва назокати он, маонии мачозии баъзе калимаву иборот мумкин аст, ки дар тарчума мантики сухан риоя нашавад. Масалан, мухаккик ва мутарчими олмонй А.Х,айзер дар бораи зарурати тарчумаи нави як газали шайх Камол андеша ронда, менависад, ки Иосиф Хаммер дар тарчумаи газали Камоли Хучандй «Ёр гуфт, аз гайри мо пушон назар, гуфтам ба чашм» радифи «гуфтам ба чашм»-ро ба тарики тахтуллафз -«mit dem Auge» (бо чашм) тарчума кардааст, ки аслан барои мардуми гайрифорс фахмо нест.Зеро сухан аз омодагии ошик барои ичрои тамоми хохишхои маъшук меравад, ки таркиби форсии «ба чашм» ин матлабро хеле комил ифода мекунад.(1, 107).

Дар тарчумахои русй низ гох-гох чунин качфахмихо ба мушохида меоянд.Чунончи, В.Звягинсева матлаи газали Камол «Дилам аз шамъи рухат дар табу тоб аст имшаб, Чашм аз наргиси масти ту хароб аст имшаб»- ро чунин тарчума кардааст: «Сердце зажег мне пожар твоих щек в эту ночь, Я от нарциссов - очей изнемог в эту ночь». Мисраи дувум хеле зебову шинам афтодааст ва мутарчим ба чои «хароб аст» муодили мувофики «изнемог»-ро ба кор бурдааст, аммо дар мисраи аввал ба чои таркиби «шамъи рухат» «пожар твоих щек»-ро истифода намудааст, ки лутфи сухани муаллифро ифода намекунад ва ба русй низ зебо нест. Дар худи хамин газал дар байти дигари бисёр зебои Камол:

Сокиё, шамъ ба перомуни мачлис бинишон, То бидонанд, ки моро сари хоб аст имшаб.

Мисраи дувумро мутарчим чунин сохтааст: «пусть не заходят к нам на огонек в эту ночь». «Зайти на огонек», ки таркиби русии маъруф аст ва маъмулан дар забони халк ба кор меравад (дар ашъори Камол низ таркибу вожахои халкй зиёданд), ба гайр аз он ки ин чо бемавкеъ истифода шудааст, тавассути он муаллиф чизеро гуфтааст, ки хонанда худ бояд дарёфт мекард ва аз он лаззат мебурд, зеро муаллиф ин маъниро дар назар дошта, вале махсус нагуфтааст.

А.Адалис низ дар тарчумаи газали зерин, ба назари мо, тавфик наёфтааст: Гар дарди ту аз хабиб бошад, Дарди сарат аз табиб бошад.

Дар «Фарханги ашъори Камоли Хучандй» вожаи «хабиб» чун «дустдор, дустдоранда, ёр» ва дар истилохи ахди тасаввуф «зоти поки Худо» шарх ёфтааст (13,с.634). Дар тарчума аз ин матолиб нишоне нест:

Сумасшедшим я стал от того, что любовь жестока, Пусть и лекарем будет любовь, - не глядит свысока.

Гузашта аз ин, вазни газали Камол, ки дар бахри хазачи мусаддас бо мисраъхои кутох гуфта шудааст, аз вазни интихобнамудаи мутарчим хеле тафовут дорад. Бинобар ин мутарчим мачбур шудааст, ки харчо аз худ иловахое мисли «они - облака»-ро ворид кунад.Чунончи мисраи «ошик хама чо гариб бошад»-ро у ба шакли зерин пешниход мекунад: «Но влюбленные всюду чужие, они - облака».

Тарчумаи шеър, бахусус шеъри форсй, бешак, кори сангин аст, зеро колабхои устувори кофияву радиф, гохе хатто зукофиятайн ё сачъхои дохилй, санъатхои бадеии тачнису мачоз, ташбеху тавсиф,муболигаву игрок, лутфи ширини гуянда, ки газалиёти шайх Камол аз онхо саршор аст, баъзан ба забони дигар аслан ки тарчума намешавад. Хоса, риояи колаби газал, ки кофияи махсус дорад ва дар байти аввалу тамоми мисраъхои чуфти газал бояд риоя шавад, барои мутарчим хеле душвор аст.Бинобар ин баъзе шоирон ин колабро вайрон хам кардаанд. Масалан, Яков Козловский дар тарчумахои худ шакли маснавии кофиябандиро истифода бурдааст, ки аз риоя нашудани яке аз шартхои мухими тарчумаи газал шаходат медихад.

Як нуктаи дигар ин аст, ки аз тамоми анвои газалиёти Камоли Хучандй то имруз хамагй 110 газал ба забони русй тарчума шудааст, ки аз он миён тарчумахои гуногуни як газал ба нудрат ба мушохида меояд. Ба андешаи мо, агар хар газал аз чониби якчанд тарчумон баргардонида мешуд, имкони баргузидани бехтарин тарчума фарохам меомад. Масалан, танхо як газали машхури Х,офизро бо матлаи «Агар он турки шерозй ба даст орад дили моро, Ба холи хиндуяш бахшам Самарканду Бухороро» чахор нафар мутарчимони рус ба забони модариашон баргардонидаанд, ки намунахои он чунин аст: Тарчумаи Константин Липскеров:

Дам турчанке из Шираза Бухару, а если надо и Самарканд, А в благодарность жажду родинку и взгляда. Тарчумаи Борис Лапин ва Захар Хатсревин:

Эй, турчанка из Шираза, заведи со мной игру, Я отдам тебе за локон Самарканд и Бухару. Тарчумаи Герман Плисетский:

Ради родинки смуглой одной, одного благосклонного взгляда, Я отдам Самарканд с Бухарой, и в придачу богатство Багдада. Тарчумаи Семен Липкин:

Когда красавицу Шираза своим кумиром изберу, За родинку ее отдам я Самарканд и Бухару.

Албатта, тахлилу баррасии хар кадом аз ин тарчума вакту фурсати дигару бештаре такозо дорад, зеро бо тамоми талошхои муваффакона ва бозёфтхои зебои муодилхои русй, мутаассифона, назокати газали Х,офиз хеле коста шудааст. Х,ам аз маънй матолибе мисли «агар ба даст орад» ё «холи хинду» аз даст рафтаву хам ширинии баёни лисонулгайб. Аммо чун бузургтарин тарчумон хам ба тарчумаи комил муваффак намешавад, бояд намунаи нисбатан наздиктаре ба асл баргузида шавад.

Дар мавриди газалиёти Камоли Хучандй ба мушохида омад, ки газали «Бод гулрез шуду бар сари гул лола чакид»-ро хам А.Адалис ва хам В.Звягинсева тарчума кардаанд. Матни асли газал чунин аст:

Бод гулбез шуду бар сари гул жола чакид, Об дар хеву зи пиромуни xe сабза дамид. Гул зи рух пардаву наргис ба чаман чашм кушод, Сарви шамшод гаду мурии чаман нола кашид. Хуррам он дил, ки бахорон паи тартиби димои Бонги мурии чаману беи гули тоза шунид. Бод сеи чаман омад, ки дихад мужда, ки боз Гул ба бустону ба гул меваи магсуд расид.

Х,ар ки дид он каду ораз, зи чаман ох,занон Аввал аз хону сар, он гах зи гулу сарв бурид. Бо ту гул дафтари худ хост, ки гирад ба хдсоб, Богбон он вараку бод ба гул дарпечид. Умр чун даври гул аз боди хдво рафту Камол Доман аз ёру ба доман гули магсуд начид.

Ба андешаи мо, газали мазкур аз назари мавзуъ яклахт буда, тасвир динамикаи зебо дорад ва фикр паёпай бидуни гузариш ба матолиби дигар идома мекунад. Газал аз манзараи зебои фаро расидани бах,ор, рехтани борон, пуроб шудани чуйборон, дамидани сабзах,о дар канори чуйбор, шукуфтани гулу наргис, кад афрохтани сарв, нола кардани мургон шуруъ мешавад. Вокеан, хуррам дилест, ки бо расидани бах,ор бонги мурги чаману буи гули тоза мешунавад. Шоир аз васфи чаман ба тавсифи чаманоро, яъне он нозанине, ки ин чаман мах,сули дасти уст, мегузарад ва мегуяд, ки хдр ки каду орази уро дида бошад, дигар аз чону тан гузаштаву аз гулу сарв низ дасту дил мешуяд. Яъне зебоии ёр бо зебоии гулу сарв киёснопазир аст. Дар поёни газал сухан аз заволи гул аст ва Камол бо хдсрат мегуяд, ки умри инсон низ мисли даври гул, ки аз бод мерезад, хеле зуд мегузарад, хдрчанд ки гули максуд ба даст наомадааст, ишки ёр хдмоно бокист, яъне «доман аз ёр начидаву» «ба доман гули максуд начидааст». «Доман аз ёр начидан» - аз ёр дил накандан аст, «гули максуд начидан» - ба васли ёр нарасидан. Х,оло назар андозем ба тарчумаи А.Адалис:

Ветер цветенье ветвей сорвал, бросил цветочный град, Стала зеленой вода, надев тонкий, как пар, наряд. Роза открыла свое лицо, очи открыл нарцисс, Тянутся ввысь кипарис и бук, петь соловей рад. Благо сердце тому, о друг, что благо другим дарит: Слышит оно соловья весной, слышит роз аромат! Друг мой пришел ко мне и принес сердцу благую весть: Розу, желающую расцвесть, принял желанный сад! Всем пожертвует, кто видал стан и лицо любви,-Бросит и розу и кипарис, вихрем ее объят. На лепестках я желал писать, - вихрь взорвал листки, Ветер розу убрал с куста - знаю, он виноват! Буря и ветер - убийцы роз; жизнь такова, Камол! Край одеянья ушел из рук, пусть и желанья спят.

Дар ин тарчума, ки дар мачмуъ мазмуни газал дуруст инъикос ёфтааст ва якчанд матолиби он хеле зебо баргардон шудааст, чанд нуктае хдст, ки навокиси онро ошкор менамояд. Нахуст, якчанд вожаву маъних,оро тарчумон нодуруст фах,мидааст. Масалан, дамидани сабза дар канори чуйборро тарчумон «сабз шудани об» мепиндорад. Баъзе матолибе номавчуд дар шеъри Камолро у ба хотири пур кардани мисраъ ах худ мебофад: «бук», «благо другим дарит», «вихрем ее объят», «знаю, он виноват». Аммо ин навокис бахшиданист ба чуз байти мактаъ, ки дар он хулосаи газал омадааст. Мутарчим матлаби муаллифро дуруст дарк накардааст, зеро сухан аз даргузашти умри инсон аст ва хдсрат аз нарасидан ба васли ёр. Мутарчим таркиби «доман аз ёр начидан»-ро «край одеянья ушел из рук» гуфтааст, ки дуруст нест. Дар матни асл мазмуни «пусть и желанья спят» ба мушохдда намеояд. Газали мазкурро В.Звягинсева чунин тарчума кардааст:

Ливень цветы оросил, и задрожала роза, В зазеленевшей воде лик отражала роза. Выпрямился кипарис, вскинул нарцисс ресницы, Ранила их красотой и без кинжала роза. Счастливо сердце того, кто по весне знал радость, Пели ему соловьи, благоухала роза. Друг, посетивший сады, с доброй пришел к нам вестью; Мак заалел в цветнике, без покрывала роза. Я попытался писать повесть о том, что было. Ветер судьбы разорвал все, что внушала роза. Жизнь такова, о Камол, - гибнем от вздоха ветра, Грез несвершенных моих также увяла роза.

Дар матни асл, чунонки мебинем, радиф нест, вале мутарчим радифи «роза»-ро истифода бурда, аз аввал то охир сухан аз гул гуфтааст, хол он ки максад аз тавсифи ахволи гул шархи холи худи шоири ошик аст, ки умраш мисли гул хазон шуда, вале гули максуд аз васли ёр начида мондааст. Ин мутарчим низ сабз шудани перомуни чуйбор, яъне дамидани сабзаро ба маънии сабз шудани об ва дар он акс ёфтани рухи гул фахмидааст.Х,арду тарчумон низ «мужда овардани бод»-ро «мужда овардани дуст» гуфтаанд. Дар киёс бо Адалис ин мутарчим мисраи авали байти мактаъро дуруст тарчума кардааст, вале мисраи охир бемантик менамояд.

Метавон хулоса кард, ки аз ин ду тарчума, ки харду дар сатхи мутавассит баргардон шудаанд, ба истиснои байти мактаъ тарчумаи А.Адалис нисбатан бехтар аст.

Дар нихояти сухан, бояд афзуд, ки баррасии ичмолии маколот ва тарчумахои газалиёти Камоли Хучандй ба хулосае меорад, ки ин орифи хакшинос ва ин шоири мумтоз дар Русия хануз ба кадри кофй шинохта нашудааст ва ниёз ба осори тадкикотии муфассалтар дар заминаи сарчашмахои адабиву таърихй ва манобеи тозаи илмй, инчунин тарчумахои зебову хунармандона аз матни асл бокй мемонад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдучаббори, Шохахмад. «Фарханги ашъори Камоли Хучандй»/Шохахмад А.- Хучанд, Хуросон,2015.- 736 с.

2. Бертельс, Е.Э.Литература народов Средней Азии от древнейших времен до ХУ в. н.э/Е.Э.Бертельс// Новый мир, № 6-9

3. Бертельс,Е.Э.Литература на персидском языке в Средней Азии/Советское востоковедение, 1948.Х,амин макола дар китоби Бертельс Е.Э. История литературы и культуры Ирана/Е.Э.Бертельс - Москва, Наука, 1988, - 460 с.

4. Брагинский,И.С.Камоль Худжанди/В кн. Камоль Худжанди. Избранная лирика. Серия Классики таджикской литературы/И.С.Брагинский.-Сталинабад, 1949.- 70 с.

5. Брагинский, И.С.О творчестве Камола Худжанди/Очерки из истории таджикской литературы/И.С.Брагинский. - Сталинабад, 1956. - С. 240-242.

6. Брагинский,И.С.Соловей Ходжента/И.С.Брагинский/12 миниатюр.-М.,1966,С. 254-262

7. Брагинский И.С. Соловей Ходжента/И.С.Брагинский/ От Авесты до Айни.- Душанбе, 1981. С. 160-168

8. Гейзер,А.Р.Золотой венец/А.Р.Гейзер.- Хучанд, Нури маърифат, 2011. - 248 с.

9. Камол,Худжанди.Газели (Антология таджикской поэзии)/Худжанди К. -М., 1957-162 с.

10. Камол,Худжанди. Лирика/Худжанди К. - М., 1976, -130 с.

11. Камол,Худжанди. Стихотворения/Худжанди К. - Душанбе, 1968.- 187 с.

12. Камол,Худжанди. Газели/Худжанди К. - Худжанд, 1996. - 129 с.

13. Камоли,Худжандй. Девон/Худжанди К.- Иборат аз 2 чилд, чилди 1,- Душанбе, 1983, 560 с.,чилди 2-Душанбе, 1985.- 464 с.

14. Ходжаева М.Чарующие напевы соловья Худжанда /М.Ходжаева/ Камол Худжанди. Газели.-Худжанд, 1996

REFERENCES:

1.Abdujabbori,Shohahmad "The culture of Kamoli Khujandi poetry"/Shohahmad A.-Khujand, Khuroson,2015.- 736 p.

2.Bertels,E.E. Literature of the people of Central Asia from ancient times to the XVth century BC. /E.E. Bertels//New World, № 6-9

3.Bertels,E.E. Literature in Persian in Central Asia // Soviet Oriental Studies, 1948. This article in Bertels E.E.book.The history of Iran literature and culture/E.E.Bertels.-Moscow, "Science",1988,-460p.

4.Braginsky,I.S. Kamol Khujandi / In Kamol Khujandi book. Selected lyrics. Series Classics of Tajik literatury/I.S.Braginsky.- Stalinabad, 1949.- 70 p.

5.Braginsky,I.S.On creativity of Kamol Khujandi / I.S. Braginsky // Essays on the history of Tajik literature. -Stalinabad, 1956. - 240-242p.

6.Braginsky,I.S.The nightingale of Khujand/I.S.Braginsky//12 miniatures.-Moscow,1966,254-262pp

7.Braginsky,I.S.The nightingale of Khujand/I.S.Braginsky//From Avesta up to Ayni.-Dushanbe, 1981.160-168 p.

8.Heiser, A.R. Golden crown/ A.R.Heiser.-Khjuand, Nuri ma'rifat, 2011. - 248 p.

9.Kamol, Khujandi. Ghazals (Anthology of Tajik poetry)/ Khujandi K. -M., 1957.-162 р.

10.Kamol, Khujandi.Lyrics/ Khujandi K. - M., 1976, -130 p.

11.Kamol, Khujandi.Poems/ Khujandi K. - Dushanbe, 1968.- 187 р.

12.Kamol, Khujandi.Ghazals/, Khujandi K. - Khujand, 1996. - 129 p.

13. Kamol, Khujandi.Divan/ Khujandi K. In two volumes. vol 1 - Dushanbe, 1983, 560, vol. -. Dushanbe,1985.-464p.

14.Khojaeva M. Kamol Khujandi / M.Khojaeva / Kamol Khujandi.Lirika.- Khujand,1996

О русских переводах газелей Камола Худжанди

Ключевые слова: перевод, газели, адекватный, оригинал, подстрочный перевод, вольный перевод

Статья посвящена переводам газелей Камола Худжанди на русский язык. Рассматривая историю переводов газелей Камола Худжанди, автор отмечает, что к переводу творчества этого поэта русские поэты в основном обратились, начиная с середины ХХ века. Отмечается, что по сегодняшний день переведено всего 110 газелей поэта, которые принадлежат перу А.Адалис, В.Потаповой, В.Звягинцевой, Я.Козловского, И.Сельвинского и М. Синельникова. Анализируя эти переводы, автор обращает внимание на особенности текста оригинала, в том числе редифы, рифмы, художественные фигуры и способы их передачи на русский язык. Выявляя достоинства и недостатки существующих переводов, делается вывод о необходимости более серьезного подхода к переводам творчества КамолиХуджанди.

On Russian translations of Kamoli Khujandi ghazals

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Keywords: translation, ghazals, adequate, original, interlinear translation, free translation The article speaks about the translations of Kamoli Khujandi ghazals into Russian. When considering the history of the translations of Kamoli Khujandi ghazals the author notes that Russian poets mainly referred to the translation of the works of Kamoli Khujandi since the middle of the twentieth century. It is worth noting that only 110 ghazals of this poet have been translated to this day, and these translations were done by A.Adalis, V.Potapova, V.Zvyagintseva, Ya.Kozlovsky, I.Selvinsky and M. Sinelnikov. Analyzing these translations the author pays a special attention to the specifics of the original, including redif, rhyme, artistic figures and the ways of their expression in Russian. Identifying the strengths and the weaknesses of existing translations, the author asserts a necessity of a more serious approach to the translations of Kamoli Khujandi works.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Хоцаева Матлуба Юнусовна (Матлуба Мирзоюнус), доктори илмхои филологй, профессори кафедраи адабиёти муосири тоцики Донишгохи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Рафуров E-mail: matluba.khojaeva@gmail. com

Сведения об авторе:

Ходжаева Матлуба Юнусовна (Матлуба Мирзоюнус), доктор филологических наук, профессор кафедры современной таджикской литературы Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова. E-mail: matluba.khojaeva@gmail.com

Information about the author:

Khodjaeva Matluba Yunusovna(Matluba Mirsoyunus),Doctor of Philology, Professor of modern Tajik literature Department Khujand State University named after academician B. Gafurov. E-mailE-mail: matluba.khojaeva@gmail. com

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.