ТАЪСИСЁБИИ АКАДЕМИЯИ РУЛОМШОЕВ Сулаймоншо,
ИЛМ^ОИ ТОЧИКИСТОНВА н.и.т., ходими илмии шуъбаи давраи цадим, асруои миёна НАК,ШИ ОН ДАР РУШДИ ва нави Институти таърих, бостоншиносй ва ИЛМИ ТОЧИК мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ Цумх,урии Тоцикистон (Тоцикистон, Душанбе).
ОБРАЗОВАНИЕ АКАДЕМИИ ГУЛОМШОЕВ Сулаймоншо,
НАУК ТАДЖИКИСТАНА И к.и.н., научный сотрудник отдела древней, средневековой ЕЁрОЛЬ ВрАЗВИТИНАУКИ и новой истории Института истории, археологии и
этнографии имени А. Дониша АН Республики Таджикистан, ( Таджикистан, Душанбе).
EDUCATION OF THE GULOMSOEVSulaymonsho, ACADEMY OF SCIENCES OF Candidate of Historical Sciences, scientific offiser of the TAJIKISTAN AND ITS ROLE Department of Ancient, Medieval and New History of the IN THE DEVELOPMENT Ahmad Donish Institute of history, archaeology and OF SCIENCE ethnography, Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan, (Tajikistan, Dushanbe, E-MAIL: [email protected].
Калидвожацо: Базаи Тоцикистонии Академияи илмуои ИЧ,ШС, Филиали Академияи илмуои ИЧ,ШС, илм, кормандони илмй, номзади илм, академик, доктор, профессор, тадцицот, экспедитсия, цаласа, тадцицоти илмй.
Дар мацолаи мазкур оид ба инкишофи илм ва ташкилёбии Базаи Тоцикистонии АИ ИЧ,ШС (1933) бо роубарии шарцшиноси намоён Сергей Федорович Олдебург (1863-1934) маълумот дода мешавад.
Соли 1941 База ба филиали Академияи илмуо табдил дода шуда, сарварии он ба ууда академик Евгений Никорович Павловский (1885 - 1965) вогузор карда шуд.
Ба уайати Филиал аввалин Институтуои илмй-тадцицотй ба монандй институти геология, ботаника, зоология ва паразитология, таърих, забон ва адабиёти тоцик шомил гардиданд.
Хамин тавр 14 - уми апрели соли 1951 ицлосияи якуми Академияи илмуои Ч,ШС Тоцикистон бо Карори КМ ХК (б) Президума Шурои Олй ва Шурои Вазирони Ч,ШС Тоцикистон баргузор гардид. Аз огози таъсисёбии Академия дар пешрафти дар илм, инкишофи ицтисолиёт ва ташаккули маданияти халци тоцик нацши калон бозидааст.
Ключевые слова: Таджикская база Академия наук СССР, Таджикский филиал АН СССР, наука, научный сотрудник, кандидат наук, академик, доктор, профессор, исследования, экспедиция, собрание, научные исследования.
В данной статье речь идёт о формировании и образовании Таджикской базы Академии наук СССР (1933 г.). В результате развития науки база была преобразована в Таджикский филиал АН СССР с институтами геологии, ботаники, зоологии, истории, языка и литературы (1941 г.).
14 апреля 1951 г. торжественно открылась первая сессия Академии наук, которая положила начало ее деятельности. В постановлении ЦК КП (б), Президума Верховного Совета и Совета Министров говорится: «Республика достигла огромных успехов в развитии экономики, науки и культуры таджикского народа. Эти достижения создали все условия для организации Академии наук как штаба передовой научной мысли и школы воспитания национальных научных кадров».
Key words: Tajik base Academy of Sciences, Tajik branch of the Academy of Sciences, science, research worker, Ph.D., academician, doctor, professor, research, expedition, meeting, Russian-Tajik encyclopedia.
In this article we are talking about the formation and formation of the Tajik base of the Academy of Sciences (1933), the dynamic development of science transformed the base into the Tajik branch of the Academy of Sciences of the USSR with the institutes of geology, botany, zoology, truth, language and literature (1941).
April 14, 1951 solemnly opened the first session of the Academy of Sciences, which marked the beginning of its activities. In the resolution of the Central Committee of the Communist Party (Bolsheviks), the Presidium of the Supreme Council and the Council of Ministers, Tajikistan has made tremendous progress
in developing the economy, science and culture of the Tajik people. These achievements have created all the conditions for the organization of the Academy of Sciences as the headquarters of an advanced scientific thought and a school for the education of national scientific cadres.
Омузиши таърихи илми муосири точик аз солхои бистуми асри гузашта огоз гардида, нахустин муассисахои илмй - тадкикотй дар хамин давра ба фаъолият огоз намуданд.
Баъди таъсисёбии муасисахои илмй, омузиши куввахои истехсолкунанда, боигарй, табиат, набототу хдйвонот, забон ва адабиёти халки точик огоз шуд.
Солхои 1931-1932 аввалин муассисахои илмй, Комитети омузиши халки точик, баъдтар Донишгохи илмй-тадкикотии умумииттиходи пахтакорй, соли 1932 Донишгохи меваю сабзавот ва токпарварй, Расадхонаи Душанбе таъсис ёфтанд.
Раёсати АИ ИЧ,ШС соли 1932 экспедитсияи комплексии Точику Помирро тахти рохбарии А.Б. Ферсман таъсис дод. Экпедитсия аз 72 отряд иборат буда, дар он 700 нафар тадкикотчиён фаъолият доштанд. Экспедитсия корхои зиёде анчом дода, мохи октябри соли 1932 дар чаласаи якчояи АИ ИЧ,ШС, ки хайати он аз академикхо В.Л. Камаров, А.Е. Ферсман, С.Ф. Олденбург, Д.Н. Приялмишников, профессорон Д.В. Наливкин, Е.Н. Павловский ва дигарон иборат буд, оид ба таъсисёбии Базаи Точикистонии АИ ИЧ,ШС масъала ба миён гузоштанд.
Базаи Точикистонии АИ ИЧ,ШС мохи январи соли 1933 ба фаъолият огоз кард. Дар ихтиёри он 13 муассисаи илмй, аз чумла Донишкадаи тропикй, санитарию бактериологй, Тадкикоти илмии пахтакорй, Расадхонаи астрономй буданд. Ташкилёбии Базаи Точикистонии АИ ИЧ,ШС дар хдлли мушкилихои тараккиёти иктисодию мадании чумхурй накши калон бозид. Рохбарии онро ба ухдаи шаркшиноси намоён Сергей Федорович Олдебург (1863-1934) вогузор карданд.
Олимони ИЧ,ШС барои омухтани проблемахои мухталифи илмй ба Точикистон ёрии амалй расонида, мохи апрели соли 1933 дар шахри Ленинград (феълан Санкт-Петербрг) Конфренсияи якум оид ба омухтани куввахои истехсолкунандаи собик Иттиходи Шуравй ташкил гардид. Аз он давра бехтарин олимони рус Д.И. Шербаков, Н.П. Горбунов, Б.И. Вавилов, Д.Н. Наливкин, А.Е. Ферсмен, Е.Н. Павловский, В.Л. Камаров ва гайрахо ба омузиши бойгарихои табии Ч,ШС Точикистон огоз намуда, дар пешрафти илми точик сахми арзанда гузоштанд.
Соли 1934 дар Точикистон Донишгохд умумииттифокии илмй - тадкикотии субтропикхои хушк ва соли 1936 Стансияи хокшиносию мелиоративии Вахш кушода шуданд. Дар охири соли 1937 Базаи Точикистонии АИ ИЧ,ШС дорои 7 пажухишгохи илмй- тадкикотй ва дах стансияхои сохавй гардида буд, ки дар онхо 172 ходимони илмй кор мекарданд. Донишгоххо ба кори сохтмони чомеаи нави сотсиалистй зич алокаманд буда, масъалахои мухими хочагиро халу фасл менамуданд.
Соли 1933 олими силексионер В.Л. Красичков навъи нави пахтаро ихтироъ намуд, ки хосилнокиро 15 фоиз баланд бардошт. Институти меваю сабзавоти Ленинобод (холо Сугд) доир ба дарахтони меваи донакдор, току сабзавотпарварй чандин тадкикотхои илмиро анчом дод.
Дар ибтидои солхои 30-юм экспедитсияхои мухталиф ба омузиши наботот ва растанихои Бадахшон шуруъ намуда, ба таъсисёбии муассисаи доимиамалкунандаи илмй мусоидат намуданд. Соли 1938 Стансияи биологии нохияи Мургоб ва соли 1940 Стансияи селексионии нохияи Ишкошиму Боги набототи Помир ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар заминаи онхо соли 1969 Институти биологии Помир ташкил ёфт.
То огози Ч,БВ (1941-1945) олимони Точикистон дар халли масъалахои мухими иктисодй ва сохтмони сотсиалистй сахми калон гузоштанд. Ходимони илми АИ Точикистон усулхои бехтарини нигохубин ва навъхои серхосилтарини зироатхои хочагии кишлоки чумхуриро тавсия менамуданд.
Х,ануз мохи май соли 1940 Шурои комиссарони халки Ч,ШС Точикистон пас аз тахлили фаъолияти Базаи Точикистонии АИ ИЧ.ШС карори махсусро «Дар бораи фаъолияти Базаи Точикистонии Академияи илмхои Иттифоки Ч,омохири Шуравии Сотсиалистй» кабул намуд. Дар карор аз чумла кайд шуда буд, ки «бо назардошти хеле пеш рафтани тадкикотхои илмй, Базаи Точикистонй ба филиали Академияи илмхо табдил дода шавад» [6,36] ва сарварии филиал ба ухдаи академик Евгений Павловский (1885 - 1965) вогузор карда шавад.
Ба хайати Филиали Точикистонии АИ ИЧ,ШС соли 1941 аввалин Институтхои илмй-тадкикотй ба монандй институтхои геология, ботаника, зоология ва паразитология, таърих, забон ва адабиёти точик шомил гардиданд. Инчунин обсерваторияи астрономии Сталинобод (холо Душанбе), стансияи мелиоративии Вахш ва чанд муассисаи дигари илмй ба он хамрох гардидан. Баъдтар солхои 1944 Институти чорводорй ва Институти химия (1945) созмон ёфта, ба фаъолият огоз намуданд.
Чанги Бузурги ватанй ба хаёти осоиштаи халки точик таъсири калон расонида, давраи душвору сангин огоз ёфт. 1 сентбяри соли 1941 СКХ Точикистон «Дар бораи дигаргунисозии кори
Филиали Точикистони АИ ИЧШС» карор кабул кард, ки дар он аз чумла кайд шуда буд, ки филиал дар масъалаи азнавсозии кори институтхои илмй- тадкикотй корхои зиёдеро анчом дода, барои ба итмом расонидани як катор корхои мухими хочагии халк сахми калон гузошт.
Дар давраи Ч,анги Бузурги ватанй фаъолияти илмй- тадкикотии олимони Точикистон асосан ба ду самт: илмхои дак;ик; ва чомеашиносй равона карда шуда буд. Намояндагони илмхои дакик вазифадор шуданд, ки чустучуи конвои ангишт, нефт, полиметаллхо, металлхои ранга, ашёи хоми химиявй, истехсоли намак ва гайраро давом диханд. Инчунин олимони сохаи биология барои тайёр намудани доруворй, дар боги ботаники шахри Душанбе 27 намуди растанихои шифобхшро парвариш намуданд. Ходимони Институти зоология доир ба нест намудани касалихои сироятикунандаи варача корхои илмию тадкикотиро ба рох монданд [1, 4-5]. Дар ин давра дар Институти таърих, забон ва адабиёт як катор асархои илмй, ба монанди: «Инъикоси шуриши Восеъ дар фолклори точик»-и Л. Бузургзода ва О. Чалилов (1941), «Гузаштагони кахрамони халки точик»-и Б.Гафуров ва Н.Прохоров (1944), «Халки точик дар мубориза ба мукобили забткории фашистони немис»-и Н. Прохоров ва Н. Черняховский ва гайрахо нашр гардиданд. Ходимони калони илмии пажухишгох Н. Ершов, X,. Юсуфй, А. Розенфелд, Ч,. Икромй дар солхои аввали чанг «^омуси русй-точикии харбй»-ро мураттаб намуда, аз чоп бароварданд [6, 230].
Китоби Б. Гафуров ва Н. Прохоров «Халки точик дар мубориза барои озодй ва истиклолияти Ватани хеш», ки соли 1944 нашр гардид, доир ба муборизаи озодихохонаи халки точик ба муцобили ачнабиён маълумот медихад. Инчунин соли 1945 мачмуаи маколахо бо унвони «Материалхо оид ба таърихи точикон ва Точикистон» нашр гардид, ки дар он масоили алохидаи гузаштаи таърихи халки точик инъикос ёфтааст. Соли 1943 Михаил Степанович Андреев маротибаи дуюм ба Вилояти Мухтори Бадахшони Кухй экспедитсия ташкил намуд. Андреев зиёда аз шаш мох дар водии баландкухи Хуфи нохияи Рушон тадкикот бурда, бозёфтхои зиёди мардумшиносй, забоншиносй ва фолклориро ба даст овард. Дар натичаи чамъбаст намудани дастовардхои экспедитсияхо соли 1953 ва соли 1956 китоби безаволи «Точикони води Хуф» -ро нашр кард.
Дар солхои Чанги Бузурги Ватанй тайёр намудани мутахассисони сохаи илмхои таърих ривоч меёбад. Агар соли 1941 дар Точикистон хамагй 1 академик, 5 доктору профессор (З.Ш. Рачабов, А. Баховиддинов, Б. Ниёзмухаммадов, О. Чалилов) ва 22 нафар номзади илм фаъолият менамуданд, дар соли 1945 аз руи маводхои гуногун 16 нафар унвони докторй ва 32 нафар рисолахои номзадиро бомуваффакият химоя намуданд [5, 37].
Дар солхои Чанги Бузурги Ватанй зарурияти тагйир додани самтхои накшавии тадкикоти таърихй дар муассисахои илмии Точикистон ба вучуд омад. Муаррихони он давра куллан ба мавзухои харбй-ватандустй машгул гардида ва асархои таърихии Садриддин Айнй "Исёни Муканнаъ" ва "^ахрамони халки точик Темурмалик" нашр гардиданд.
Хамин тавр, аввали солхои 50-ум карни гузашта, нуфузи илми точик аз доираи филиал берун баромада, зарурати таъсис додани Академияи илмхои Точикистон ба амал омад.
14-уми апрели соли 1951 ичлосияи якуми Академияи илмхои ЧШС Точикистон дар толори Театри опера ва балет бо сухани ифтитохии Раиси Шурои Вазирони ЧШС Точикистон Ч. Расулов баргузор гардид. Дар ичлосия Котиби КМ ХК (б) Точикистон Т. Пулотов ва муовини Раиси Шурои Вазирони Точикистон А. Мирзоев ва дигар шахсони расмй баромад намуда, ^арори Хукуматро "Дар бораи кушодашавии Академияи илмхо" кироат карданд. Чаласаи рузи аввал бо хунарнамоии санъаткорони точик хотима ёфт.
Рузи 15-уми апрел давоми чаласа дар толори Шурои Олии ЧШС Точикистон бо интихоб намудани Президенту ноиби президент ва аъзоёни фахрии Академия илмхои Точикистон огоз гардида, доир ба ташаккули илмхои зоология, бостоншиносй ва забоншиносй олимони варзида Е.Н. Павловский, А.Ю. Якубовский ва Б. Ниёзмухаммадов баромад намуданд.
Рузи 16-ум чаласа дар толори Шурои Олй идома ёфта, олимон И. Антипов, С. Юсупова, П. Овчиников суханронй намуда, давоми онро дар бахшхо (сектор) идома доданд. Бахши биология ва кишоварзй дар толори Донишгохи давлатй (холо Донишгохи миллй), бахши илмхои дакик (геология, химия, физика ва риёзй) дар толори Вазорати маориф ва бахши илмхои ичтимой (гуманитарй) дар толори Академияи илмхо баргузор гардиданд. Дар бахши ичтимой олимони намоён А.А. Семёнов, З.Ш. Рачабов, М. Дяконов ва С. Табаров доир ба инкишофи илмхои таъриху адабиётшиносй маълумот доданд. Ба хайати он 3 нафар аъзоёни ифтихории Академия: А.Н. Несмеянов, Е.Н. Павловский, К.И. Сатпаев, 11 узви пайваста (академик) ва 14 узви вобастаи АИ дохил гардиданд. Рузи охирони чаласа дар толори Шурои Олии ЧШС Точикистон бо интихоби аъзоён, мудирони шуъбахо ва суханронии чамъбастии Президенти тозаинтихоби Академияи илмхо устод Садриддин Айнй хотима ёфт.
Ташкилёбии Академияи илмхо ба пешрафти илм мусоидат намуда, дар солхои 1951-1958 дар хдйати Академия институтхои астрофизика, зилзиласанчй ва шуъбахои физика, энергетика, философия ва гайра кушода шуданд.
Дар ин давра институтхои Академия илмхои Точикистон илмро ба истехсолот наздик намуда, ба муваффакиятхои калон ноил шуданд. Олимони точик навъхои серхосили пахта, гандум, нахуд ва гайраро ихтироъ карданд. Зоологхо ва паразитологхо усулхои аз хашароти зараррасон эмин нигох доштани пахтазорро омухтанд. Дар омузиши олами наботот, хдйвонот ва зилзиласанчй низ тадкикотхои зиёде анчом дода шуданд. Умуман, солхои 50-ум дар Точикистон илм хеле пеш рафта, шумораи кормандони илмй меафзуд. Соли 1959 дар муассисахои илмии АИ Точикистон 16 доктор, 119 номзади илм ва 257 нафар корманди илмй кор мекарданд.
Дар инкишофи илми точик муаррихони намоён Б.Г. Fафуров, А.А. Семёнов, А.Ю. Якубовский, Б. Искандаров, З.Ш. Рачабов, хокшинос И.Н. Антипов-Каратаев, селексионер В.П. Красичков, адабиётшиносон С. Айнй, Е.С. Бертелс, А.Н. Болдирев, А. Мирзоев накши калон бозиданд [4, 102].
Хусусан олимони Институти таърихи ба номи Ахмади Дониш дар омухтани таърих, забону адабиёт ва санъати халки точик чунин тадцицотхои бунёдиро, ба монанди "Таърихи халци точик" дар се чилду панч китоб (1963-1965); "Очерки таърихи сохтмони колхозии Точикистон" (1968); "Таърихи синфи коргари Точикистон (1917 - 1970)", иборат аз 2 кисм (1972- 1973); "Таърихи сохтмони маданй дар Точикистон (1917 -1977) иборат аз 2 чилд (1979, 1983); "Аз таърихи сохтмони маданй дар Точикистон (1924 - 1941) иборат аз 2 чилд (1966); "Очеркхо дар бораи таърихи Бадахшони Советй" (1981, 1985), "Точикони ^аротегин ва Дарвоз" 3 барориш (1966, 1970, 1976); "Хунари мусикии Помир" дар 2 чилд (1976, 1986) ва гайра анчом доданд.
Дар натича, обру ва эътибори ходимони илмии АИ Точикистон дар мицёси Иттифоци Шуравй ва арсаи чахонй баланд гардид. Соли 1968 дар шахри Душанбе бо ташаббуси ЮНЕСКО конфренсияи умумичахонй оид ба омузиши тамаддуни Осиёи Марказй дар замони Кушониён баргузор гардид, ки дар баргузорнамоии он накши академик Б. Гафуров калон аст.
Дар натичаи тадкикотхои бостоншиносй аз харобазорхои Панчакенти кадим ва дигар мавзеъ маводхои фаровон дастрас гардиданд, ки сахифахои таърихи моро пурра намуданд. Дар охири солхои 70-ум ва ибтидои солхои 80-ум ба кофтуковхои бостоншиносй дар Точикистон олимони давлатхои хоричй марок зохир намуданд. Чандин сол бостоншиноси ИМА, Фаронса ва Шуравй якчоя дар Панчакенти кадим ва Саразм ба тахкикотхои бостоншиносй машгул гардиданд.
Давлати Шуравй дастовардхои илми Академияи илмхои Точикистонро ба инобат гирифта, 5 августи соли 1975 бо ^арори президиуми Шурои Олии ИЧ,ШС барои хизмаихои намоёнаш дар инкишофи илм, иктисодиёту маданият ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос бо ордени "Дустии халкхо" сарфароз намуд [2, 6].
Солхои 1960-1980 олимони точик дар пешрафти хочагии халк сахмгузор гардида, шуъбаи энергетикаи Академияи илмхо захирахои сузишвории Точикистонро барои солхои 1960-1980 хисоб карда баромад. Шуъбаи мазкур гузаронидани хатхои баландшиддати барцро дар шароити курсор омухта, бо хамкории Институти зилзиласанчй ба зилзила тобовар будани сарбанди НОБ-и Норакро дациц омухт. Институти химия, накшаи комплексии технологии конвои Майхураро дар истехсолот чорй кард.
Сохахои мухталифи илмхои чамъиятй низ пеш мерафт. Файласуфон конуниятхои обективии гузариш аз феодализм ба сотсиализмро омухта оиди ин масъала асархои чолиби диккат иншо намуданд. Дар Институти шаркшиносй масъалахои омухтан ва ба нашр тайёр намудани мероси классикони адабиёти форсу точик ба рох монда шуд.
Бисёр тадкикотхои илмии олимон дар истехсолот чорй шуда самараи хуб доданд. Бо ташаббуси кормандони Институти фалсафа ва шаркшиносй мохи майи соли 1988 дар шахри Душанбе конфренсияи "Ислом ва сиёсат", "Симпозиуми умумииттифокии шаркшиносон", "Таъсири мутакобилаи тамаддун дар Шарц" баргузор гардиданд.
Дар солхои аввали сохибистиклолии Чумхурии Точикистон дар натичаи кашмакашихои сиёсй муассисахои илмиву тахкикотй ба вазъияти ногувор дучор гардида, даххо мутахасисони варзидаи русзабон Точикистонро тарк намуданд.
Академияи илмхои Ч,ШС Точикистон то ибтидои солхои 90-уми асри гузашта дар илми умумииттифокй ва чахонй мавкеъи намоёнро ишгол мекард. Дар хайати Академияи илмхо 23 пажухишгох ва шуъбахои мустакил амал мекарданд, ки зиёда аз 1500 нафар корманди илмй доштанд. Онхо аз руи доираи васеи илм дар сохаи зилзилашиносй ва иншооти ба зилзила тобовар, яхшиносй (глатсиология), генетикаи пахта, фалсафаи асримиёнагии Шарк, таърих ва
бостоншиносии Сугду Бохтар ва адабиётшиноси (омузиши забонхои помири) тадкикот мебурданд [3,170].
Дар замони истиклолият Академияи илмхо бо гамхории Пешвои миллат, асосгузори сулху вахдати миллИ Э. Рахмон ва Хукумати Ч,умхурии Точикистон мавкеи пештараи хешро баркарор намуда, вобаста ба талаботи замон чандин муассисаву шуъбахои нави илмиву тахкикотИ, ба монанди Институти масъалахои об, гидроэнергетика ва экология, Институти демография, Институти хукук ва давлат, Агентии назорати ядроИ ва радиоатсионИ таъсис ёфтанд.
Инчунин дар назди Институти фалсафа, шуъбаи сотсиология ва маркази синошиносИ, дар назди Институти физика ва техника шуъбаи нанотехнология ташкил ёфтанд.
Аз огози таъсисёбии Академияи илмхо то имруз дар пешрафти илми точик ва сарварии Раёсати Академияи илмхо донишмандони намоён, ^ахрамони Точикистон Садриддин АйнИ (14.04.1951 - 15.07.1954), Султон Умаров (11.03.1957 - 06.05.1964), Мухаммад ОсимИ (28.05.1965 -06.05.1988), Собит Неъматуллоев (06.05.1988 - 16.06.1995), Улмас Мирсаидов (16.06.1995 -03.02.2005), Мамадшо Илолов (03.02.2005 - 06.12.2013) ва аз 6 декабри соли 2013 то кунун (2018) Фарход РахимИ рохбарИ менамоянд.
Дар муассисахои илмиву тахкикотии Академия зиёда аз 2149 нафар кор мекунанд, ки аз чумла 866 нафар кормадони илм (140 доктори илм ва 339 номзади илм) фаъолият доранд.
Академияи илмхои Ч,умх,урии Точикистон дар давраи истиклолият хдмкории илмиро бо Академияи илмхои федератсияи Россия, Олмон, ИМА, Ч,опон, чумхурихои ^азокистон, ^иргизистон, Узбекистон, Х,индустон ва кишвархои дигар идома дода истодааст.
ПАЙНАВИШТ:
1. Академия наук Таджикской ССР. - Душанбе: Ирфон, 1980. - 64 с.
2. Академия наук Таджикской ССР. - Душанбе, 1979. - 323 с.
3. Дубовитсикий В., Дубовитская И., Шерматов F. Дар дарвозаи Шарц. - Душанбе, 2012. - С. 170-171.
4. История культурного строительства в Таджикистане. -Т. 1. - Душанбе: Дониш, 1979. - 280 с.
5. История культурного строительства в Таджикистане (1917-1977гг.). - Т. 2. - Душанбе: Ирфон, 1983. - 470 с.
6. Нарузов Г. Формирование научного центра в Таджикистане (1924-1950 гг.). - Душанбе: Дониш, 1992. - 230 с.