Научная статья на тему 'Новаторство Бедиля в сфере словообразования'

Новаторство Бедиля в сфере словообразования Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
1425
443
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НОВАТОРСТВО / БЕДИЛЬ / СЛОВООБРАЗОВАНИЕ / СЛОЖЕНИЕ ОСНОВ / СЛОЖНЫЕ СЛОВА С ТРЕМЯ КОМПОНЕНТАМИ / INNOVATION / BEDIL / WORD-BUILDING / STEM ADDITION / COMPLEX WORDS WITH THREE COMPONENTS

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Олимджонов Мусо Обидович

Бедиль считается одним из великих поэтов персидско-таджикской литературы XVII века. Оказывается, что его во всех тезкире и литературоведческих источниках считают поэтом-новатором, который создал в языке новые слова, способы словообразования и поэтические формы. Автор статьи раскрывает новаторство поэта на основе производных и сложных слов, которые в основном имеют по три основы. Автор далее рассматривает структурные характеристики сложных слов, которые состоят из трёх основ, и доказывает, что эти слова действительно по своей структуре новы в таджикском литературном языке.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Bedil's Innovation in the Sphere of Word-Building

Bedil is considered to be one of the great poets of the Persian-Tajik literature of the XVII-th century. In all tezkires and sources on literary criticism he is looked upon as a poet-innovator who created new words, ways of word-building and poetical forms. The

Текст научной работы на тему «Новаторство Бедиля в сфере словообразования»

Олимцонов Мусо Обидович,

докторанти ДДХ ба номи акад. Б.Fафуров

СУХАНЕ ЧАНД АЗ ИХТИРООТИ БЕДИЛ ДАР КАЛИМАСОЗЙ

Бедил, ашъори ман аз фауми касон пушида монд, Чун иборат нозук афтад, ранг мазмун мешавад.

Мирзо Абдулкодири Бедил аз суханвару суханофарони баргузидаи точик аст, ки бо навгуиву навпардозии худ наздик ба чахорсад сол мешавад, ки ахли завкро дар хайрату тахайюр гузоштааст. Рузгору осори ин «шоири бузурги пурбаракати дарозумр» (таъбир аз устод Айнй) аз замони зиндагй то ба имруз диккати ахли сухан ва бахусус тазки-ранигорону мухаккиконро ба худ чалб намуда омадааст. Ин аст, ки алла-кай дар рузгори Бедил як катор хамасронаш доир ба Бедилу ашъори у изхори назар намуда буданд. Дар ин радиф метавон аз Сирочиддин Али-хони Орзу («Мачмаъ-ун-нафоис»), Шерхони Лудй («Мирот-ул-хаёл»), Сархуш («Калимот-уш-шуаро»), Волаи Догистонй («Риёз-ул-шуаро»), Fуломалй Озоди Балгиромй («Сарви озод»), Озод («Хазонаи Омира»), Андалеб («Нолаи андалеб»), Fуломи Дамадонии Мусхафй («Укди су-райё»), Дусайнкулихони Азимободй («Наштари ишк»), Шакик («Чама-нистони шуаро»), Хушгу («Сафинат-ул-шуаро») ва даххо дигарон ёд кард, ки дар нигоштахои худ аз Мирзо Бедил ба эхтирому эътикод ёд кардаанд. Аз зикри нигоштахои онон худдорй намуда, ба як нукта диккати ахли завкро чалб кардан мехохем, ки махсусан вакти мутолиаи таълифоти онхо диккати моро хам сахт ба худ машгул дошт. Ин нукта аз он иборат аст, ки дар аксари нигоштахо Мирзо Бедилро аз шоирони ихтироъкор муаррифй намудаанд. Чунончи, Сирочиддин Алихони Орзу дар «Мачмаъ-ун-нафоис» менависад: «Ва чун аз рохи кудрат тасарруфоти намоён дар форсй намуда...» (18,103) ё худ Сархуш дар «Калимот-уш-шуаро» менависад: «Дар ин ахд шоире гарро чун у нест» (18,106). Fуломалй Озоди Балгиромй менависад: «Табъи даррокаш чй кадар маънии тоза ба хам расонида ва чй самарахои наврас, ки нихоли калам афшонда» (18, 109). Ч,ои дигар хамин муаллиф гуяд: «Мирзо маънио-фарини беназир аст, аммо иборат ба таври худ дорад ва ба таври чумхур низ фаровон чавхари сухан дар риштаи нутк кашид» (18, 110).

Хушгу даp китобе ба номи «Сафинат-yл-шyаpо» эxтиpомy эътикоди хyдpо ба Миpзо Бедил, ба таъбиpи Халилyллоxи Халилй, «сахт шевову муфассал» ибpоз менамояд:

Бибояд шустан лаб аз мушку гулоб,

То бигуем ном он цудсицаноб ва меафзояд: «^иблаи лафзу каъбаи маънй, кадхудои сухан ва худованди сухандонй» (18, 124). Хамин ишоpаxои тазкиpанигоpонy мyосиpони Миpзо Бедил аст, ки даp таxкикоти мyосиpон низ мо бо ибоpаxое, аз кабили шоиpи пypкоp, ихтиpоъкоp ва f. дyчоp меоем. Аз чумла, устод Айнй (1) низ даp чанд мавpид аз Миpзо Бедил бо эxтиpом ёд намуда, ÿpо чое «сyханваpи донишгyстаp» (1, 57) ва чое дигаp «Бедили ихтиpоъкоp» (1, 87) меномад.

Ихтиpоъкоpии Бедил диккати моpо ба худ машFyл дошт ва pаFбате пайдо шуд, ки ихтиpооти ин «шоиpи нозyкхаёл»-pо (таъбиp xамчyнин аз устод Айнй) баpои худ пайдо намоем. Даpчанд таъин ё худ муайян намудани он чизе, ки мо пайдову маълум каpдан мехоxем дандоншикан буда, дониш ва маълумоти кофии назму насpи ниёгонpо такозо доpад ё худ ба таъбиpи дигаp, ба хотиpи он ки бигуем ин ифода, ибоpа ва ё калима аз сохтаxои Миpзо Бедил аст, бояд баpои ин даъво асоси кофй дошта бошем. Даp xаp сypат бо такя ба «ЛyFатнома»-и Деxхyдо ва «Фаpxанги фоpсй»-и доктоp Муин, ки аз фаpxангxои чомеъ ба шyмоp меоянд, мекушем, ки даp ин мавpид чизе pÿи коFаз оpем. Ба ин абёти Миpзо Бедил таваччÿx мекунем:

Чу гул дар субуи пирї мекашї хамёзаи %асрат Макун, эй гунна, сарфи хоб шабуои цавониро (ц.1, 117)

Даp ин байт, ба пиндоpи мо, таъбиpоти «сyбxи пиpй» ва «хамёзаи xасpат кашидан»-pо аз ихтиpооти Бедил шyмоpидан мумкин аст. Х^чанА таъбиpи аввал даp «Фаpxанги фоpсй»-и доктоp Муин дyчоp меояд (13, ч.2, 2127), аммо шоxиди маъно надоpад. Аз ин хотиp, Муин низ шояд бо ибоpаи мазкyp даp осоpи Бедил дyчоp шуда бошад. Ибоpаи «хамёзаи xасpат кашидан» бошад, даp лyFатxои зикpшyда дyчоp нагаpдид. Ба таъбиpи Деxхyдо, хамёза «xаpакати Fайpииpодй аст» (8, ч.1, 1161), пас «хамёзаи xасpат кашидан» бо иpодаи инсон мешавад, пас ин ибоpа, бегумон, аз ихтиpооти Бедил аст. Аз ин изофа доиp ба таъбиpотy таpкибxои шоиpонаи Бедил сухан накаpда мехоxем даp мавpиди ихти-pооти Миpзо Бедил даp самти калимасозй чизе баён намоем. Таxкикоти лyFатшиноси номй В.А.Капpанов собит месозад, ки «даp xамаи забонxо фаpки калимаxои нави шоиpона ... аз гyнаxои умумиистеъмолй коpи мypаккаб, вале даp аксаp мавpид xалшаванда аст» (9, 75). Даp ин мавpид низ мо такя ба лyFатномаxои зеpидаст менамоем.

Дар аввал мехохем доир ба калимахои сохта ва ё вижагихои корбур-ди пешванду пасвандхо дар ашъори Мирзо Бедил чизе бигуем.

Пасванди -й аз пасвандхои муштараквазифае ба шумор меояд, ки дар сохтани исму сифат фаъолона иштирок мекунад ва махсусан дар исмсозй, ба акидаи ахли тахкик, сермахсул мебошад (ниг. 11, 19; 15,43; 16, 136; 7, ч.1, 115). Дар исмсозй ихтирои Бедил бо ин пасванд аз он иборат аст, ки имконияти ин пасвандро вусъат дода:

1. Тавассути шуморахо исм сохтааст, ки то ин дам маъмул набуд, чун яки, дуй ва г.:

Ба саъйи гайр мушкил буд з-ошуби дуй растан,

Саре дар цайби худ дуздидаму бурдам паноу он цо (ц.1, 5).

Агар мавцем ё баурем, агар обем ё гавуар,

Дуй нацше намебандад, ки моро аз ту во дорад (ц. 4, 36).

2. Аз чонишинхо тавассути ин пасванд исм сохтааст, чун туй, манй ва г.:

Яки рафт дар арзи чандин дуй,

Манй маув шуд дар ууцуми туй (ц.5, 237)

Пасванди дигар, ки дар коргохи эчодии Мирзо Бедил таъбироти нав офаридааст, -зор мебошад. Пасванди мазкур аз пасвандхои маконсоз буда, тавассути он исмхое сурат мегиранд, ки макон ва фаровонии асосро ифода мекунанд. Як вежагии ин пасвандро ахли тахкик дар он медонанд, ки асосан бо исмхои ифодакунандаи рустанию наботот меояд (ниг. 11, 21; 16, 133; 7, ч.1, 114). Мушохидахо нишон медиханд, ки дар назми Мирзо Бедил низ ин пасванд хеле сермахсул аст. Ба дарачае сермахсул аст, ки чанд калимаи уро метавон аз ихтирооти шоир ба шумор овард, чун оиназор, обилазор, гиребонзор, цилвазор, цунунзор, шубуазор ва г. Асосхое, ки бо онхо Мирзо Бедил тавассути пасванди -зор калимаи нав сохтааст, вокеан бо рустанию наботот алокае надошта, калимахои навсохт ихтирои шоир буда, то ин дам истифода намешуданд. Ин аст, ки дар фархангхои зеридаст ба назар намерасанд. Ачобат дар он аст, ки Мирзо Бедил пасанди мазкурро бо ду навъи калимахо:

1. Исмхои мушаххас, чун оина, обила, гиребон...;

Ба гурури ману мо кулфати дилуо маписанд,

Зи цунунтози нафас оиназор аст ин цо (ц.1, 29);

Сацда уам аз араци шарм рауе пеш набурд,

Аз цадам то ба цабин обилазор аст ин цо (ц.1, 30);

Катраи мо нашуд огоуи тааммул, варна Мавци ин баури гууархез гиребонзор аст (ц.2, 47).

2. Исмхои маънй, чун цунун, цилва, шубуа корбаст намудааст. Махсусан, бо исми маънй омадани пасванди -зор нодиракорихои шоир ба шумор меояд:

Хаёли цилвазори нести уам оламе дорад,

Зи нацши по саре бояд кашидан гоу-гоу он цо (ц.1, 5);

Хар чи бини дар цунунзори адам пар мезанад,

Гарди мо уам бол мерезад ба саурое, ки нест (ц.2, 37);

Дар шубуазори уасти тазвир метарошем,

Обе, ки мо надорем, уар цост, зери коу аст (ц.2, 67).

Пасванди -гар ба гурухи пасвандхое дохил мешавад, ки исми шахс месозанд (11, 17; 16, 128-129; 7, ч.1, 111). Дар ашъори Бедил пасванди мазкур бо исмхои маънй омадааст, чун камингар, ки ин калима дар лугатномахо дучор нагардид. Бо асоси мазкур омадани пасванди -гох маъмул аст, аммо бо -гар ходисаи нодир ба шумор меояд:

Хар шевае камингари эцоди рутбаест,

Шакле губор нашуда, кай бар уаво расад (ц.2, 162).

Калимасозии калимахои мураккаб дар забони точикй хеле рушд намуда, таърихи тулониву заминахои зиёди таърихй дорад (ниг. 17, 143148; 12, 99-106). Дамин аст, ки ихтирооти забонии Бедил дар колаби калимахои мураккаб зиёдтар аз калимахои сохта ба назар мерасад. Ин навъи ихтирооти Мирзо Бедилро хам дар сатхи калимахои мураккаби пайваст ва хам тобеъ мушохида кардан мумкин аст. Чунончи, як навъи калимахои мураккаби пайваст тавассути миёнванди -у- ташаккул меёбанд. Дар дастурхои забоншиносй аз асосхои гуногун сохта шудани калимахои мураккаб тавассути ин миёнванд кайд шудааст (16, 172-175; 7, ч.1, 120-121), аммо тавассути чонишинхои шахсй, чун манумо сохта шудани калимаи мураккаб ходисаи нодир ба хисоб меравад, ки хоси забони Мирзо Бедил аст:

На ди гузашту на фардо ба пеш меояд,

Тацаддуди манумо то циёматогозист (ц.2, 13).

Дар мавриде Мирзо Бедил дар калимаи мазкур чои асосхоро иваз намудааст, яъне «манумо» ба «мовуман» табдил ёфтааст ва, аз дигар тараф, тавассути пасванди -й калимаи «мовуманй» сохтааст:

Шауодат хуни исботи дуи рехт,

Ки аз мовуманй ранги туи рехт Зи мовуман ту пайдои, дигар уеч Бувад дар корвони мо хабар уеч (ц. 5, 28).

Мирзо Бедил имконияти калимасозии шуморахоро васеъ намуда, тавассути онхо калимахои нав (зарф) месозад, чун дуболо, якшуъла, якцалам, дубинй ва г.

Шавц то гардад дуболо хешро аувал кунед,

Ними рух кам уайрат аст, оина мустацбал кунед (ц.3, 174);

Чу гавуар хоби чашмаш цавуари саув,

Фаромуши зи ёдаш якцалам маув (ц.5, 65);

Шабистони Баданро шамъи Турам,

Чу барци огауи якшуъла нурам (ц.5, 86)

Дубиниуост, аммо дар шуууди гайр аувалро,

Ба худ гар мекушояд чашм, аз ваудат хабар дорад (ц.4, 42).

Аз калимахои мавриди тахлил ба истиснои калимаи «дубинихо» бокимонда як зинаи калимасозиро гузаштаанд. Аммо калимаи «дуби-нихо» се зинаи калимасозиро гузаштааст: нахуст аз ду асос: «ду» ва «бин» калимаи (сифати) «дубин» ва пасон тавассути пасванди -й вожаи нави «дубинй» ва тавассути пасванди чамъбандии -хо шакли чамъи калима сохта шудааст. Аз гурухи калимахои мазкур аз хама бештар вожаи «яккалам» зиёдтар дар ашъори Мирзо Бедил мавриди корбурд карор гирифтааст.

Ихтирооти Мирзо Бедил аз хама бештар дар сохтани калимахои мураккаби сечузъа мушохида мешавад. Ин аст, ки мураттибони «Осор»-и Бедил низ вакти тахияи ашъори у, махсусан мучаллади панчуми он, ки маснавихои шоирро дар бар мегирад, таъкид мекунанд, ки «хангоми мутолиаи осори Бедил хонанда ба падидахои забоние бармехурад, ки назири онхоро дар осори шоирони дигар камтар метавон дид. Корбурди калимахои мураккаби сечузъа, калимахое, ки аз се ва чахортогй калимахои сода иборатанд, аз чумлаи хамин гуна падидахо мебошанд» (ниг. 6,ч.5, 10). Баъдан дуруст таъин намудаанд, ки «ин навъи калимахо дар маснавихои шоир бештар ба назар мерасанд» (Дамон чо).

Дуруст аст, ки дар забони адабй калимахои сечузъа дучор мешаванд ва инкишоф хам ёфтаанд (ниг. 16, 163; 7, ч.1, 125, 148), лекин калимахои сечузъаи Мирзо Бедил аз колабхои мазкури забони адабии муосир ба куллй фарк мекунанд. Чунончи, исмхои сечузъаи забони адабии муосир ба ду тарз ташаккул меёбанд: а) дар колаби исмхои дучузъа, ки яке аз чузъхо сода (асосан дуюм) ва дигаре мураккаб, чун шашмакомхон; б) ибора низ ба сифати чузъи тобеи исми мураккаб омаданаш мумкин аст, чун намадисиёхпушон (16, 163; 7, ч. 1, 125).

Исмхои мураккаби сечузъаи ашъори Бедил колаби дигар доранд ва дар як колаб хам нестанд. Онхоро аз руи колаб ба чунин гуруххо чудо намудан мумкин аст:

1. Исмхои сечузъае, ки колабашон исм+исм+исм аст: кудурат-хонатаъмир; туфонсарангушт; сувайдонасабкавкаб ва г.:

Касби огоуи кудуратхонатаъмир асту бас,

Хар цадар оина шуд дил, зери машци занг шуд (ц.4, 31);

Кушоду басти дил чун гунча дар мушт,

Чу мижгони бутон туфонсарангушт (ц.5, 174);

Сипеурам сувайдонасабкавкаб аст,

Гули домани субуи бахтам шаб аст (ц.5, 313)

2. Исмxои сечузъае, ки колабашон исм+исм+асоси замони xозиpаи феъл аст: мутлакинонтоз; таваxxyмдонаpез; гyxаpпайдокyн; киёмат-баpкpез ва f.:

Тасарруфмояи аукоми уар кас,

Таваууумдонарeзи доми уар кас (ц.5, 64);

Ки эй оташбауори гулшани ууш,

Циёматбаркрeзи хирмани ууш (ц.5, 161).

3. Исмxои сечузъае, ки колабашон исм+сифат+асоси замони xозиpаи феъл аст: хонаpавшанкyн ва f.:

Шаби моро нароги фурсат ку?

Хонаравшанкун аст равзани мо (ц. 1, 254).

4. Исмxои сечузъае, ки колабашон исм+заpф+асоси замони xозиpаи феъл аст: садобеpyндеx ва f.:

Гууарпайдокун аз цайби садафуо,

Садобeрундeу аз огуши кафуо (ц. 5, 68).

5. Исмxои сечузъае, ки колабашон ибоpаи изофй+исм аст: мавчимайизxоp ва f.:

Хамон тухм мавцимайизуор шуд,

Зи бас субуа бигдохт, зуннор шуд (ц.5, 280).

Даp мукоиса бо исмxо даp забони адабии мyосиpи точикй сифатxои сечузъа хеле pyшд намудаанд (6, 163; 7, ч.1, 125). Даp ашъоpи Бедил низ навъxои гуногуни сифатxои сечyзъаpо пайдо намудан мумкин аст, ки аз pÿи колаб чунин тасниф мешаванд:

1.Сифатxои сечузъае, ки колабашон шyмоpа+исм+исм аст: садpанч-даpбоp; садFyссадаpбоp, садчаманиззат; садбаxоpасpоp; ва f.:

Набудаш кас аниси табъи бемор

Ба гайр аз Сиууати садранцдарбор (ц.5, 123);

Надорад беmамизü охири кор

Ба цуз нокомии садгуссадарбор (ц.5, 192);

Касе гар уаст ин цо, нокасиуост,

Бауори садчаманиззат хасиуост (ц.5, 164);

Дар ин оинаи садбауорасрор,

Зи софü умцаш аз берун намудор (ц.5, 179);

2. Сифатxои сечузъае, ки колабашон шyмоpа+сифат+исм аст: садфyзyнизxоp ва f.:

Забони садфузунизуор во кард,

Лаби садмавцихундарбор во кард (ц.5,152).

3. Сифатxои сечузъае, ки колабашон исм+исм+исм аст: мyxаббатномаиpшод ва f.:

Кунун килки мууаббатномаиршод Зи уацрафсурдагонаш медиуад ёд (ц.5,134).

4. Сифатxои сечузъае, ки колабашон исм+сифати феълии замони гузашта+исм аст: хyнгаштаминкоp ва f.:

Биё, эй булбули хунгаштаминкрр,

Гудозолуда оуанге бурун ор (ц.5, 132).

Аз баppасии ичмолии калимаxои сечузъаи назми Миpзо Бедил аён мегаpдад, ки, аввалан, шоиp даp ашъоpи худ навъи мазкypи калимаxои мypаккабpо фаpовон истифода намуда, даp исмxо асосан колаби исм+исм+исм ва даp сифат колаби шyмоpа+исм+исмpо фаpовон ба коp бypдааст, сониян, колабxои мазкypи калимасозй хоси назми Бедиланд.

Mypyp ба ихтиpооти Бедил даp забон моpо ба баpдоште меpасонад, ки вокеан xам Миpзо Бедил, ба таъбиpи Мyxаммадкозими Козимй, «до-нишмандтаpин шоиpи фоpсизабони асpи хеш аст ва шеъpаш низ анде-шамандтаpин шеъp аст» (10,29) ва тавониста, ки имконияти калимасозии забони точикиpо васеъ намуда, мафxyмy мазмущои олиpо даp колабxои нодиpи калимасозй Fyнчоиш диxад.

Калидвожауо: ихтироъ, Бедил, калимасозü, калимауои мураккаб, калимауои

мураккаби сецузъа.

Пайнавишт:

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

1. Arnü, Cадриддин. Мирзо Aбдулк)одири Бедил. - Cmалинобод: Нашрдавтоц, 1954.

2. Бедил, Aбдулк)одир. Oсор. Цилди 1. Fазалиёm. Хозиркунандаи ноп Cауобиддин Cuддицов). -Душанбе: Aдиб, 1990.

3. Бедил, Aбдулк)одир. Oсор. Цилди 2. Fазалиёm. Хозиркунандаи ноп Cауобиддин Cuддицов. -Душанбе: Aдиб, 1991.

4. Бедил, Aбдулк)одир. Oсор. Цилди 3. Fазалиёm. Хозиркунандаи ноп Cауобиддин Cuддицов. -Душанбе: Aдиб, 1991.

5. Бедил, Aбдулк)одир. Oсор. Цилди 4. Fазалиёm. Хозиркунандаи ноп Cауобиддин Cuддицов. -Душанбе: Aдиб, 2004.

6. Бедил, Aбдулк)одир. Oсор. Цилди 5. Маснавиуо. Бо саъю кушиш ва муцаддимаву тавзеуоти Бобобек Рауимü. -Душанбе: Aдиб, 1993.

7. Грамматикаи забони адабии уозираи тоцик. Цилди 1. Фонетика ва морфология. -Душанбе: Дониш, 1985.

8. Деухудо, Aлиакбар. Фаруанги мутавассити Деухудо. -Теурон: Муассисаи интишорот ва нопи Донишгоуи Теурон, 1385, Ц.1-2.

9. Капранов B.A. Таджикско-персидская лексикография в Индии XV1-X1X вв. -Душанбе: Дониш, 1987.

10. Козимü, Мууаммадкозим. Калиди дари боз. Рауёфтуое дар шеъри Бедил. -Теурон, 1387.

11. Ниёзü, Шавкат. Исм ва сифат дар забони тоциш. -Cталинобод: Нашриёти Ay Тоцикистон, 1954.

12. Пейсиков Л.C. Лексикология современного персидского языка. -М.: Изд-во Московского университета, 1975.

13. Муин, Мухаммад. Фарханги форси. Дар шаш муцаллад. - Теурон: Амири Кабир, 1375.

14. Основы иранского языкознания. Новоиранские языки: западная группа,

прикаспийские языки. - М.: Наука, 1982.

15. Рустамов Ш. Калимасозии исм дар забони адабии хозираи тоцик. -Душанбе, 1972.

16. Рустамов Ш. Исм. -Душанбе: Дониш, 1981.

17. Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. -Душанбе: Пайванд, 2001.

18. Халили, Халилуллох. Файзи цудс. -Теурон: Интишороти байналмилалии ал-Худо, 1383.

19. Хонлари, Парвиз Нотил. Таърихи забони форси. Ц. 3. -Техрон: Фарханги нашри нав, 1387.

20. Шариат, Мухаммадцавод. Дастури забони форси. -Техрон: Асотир, 1371.

Олимджонов Мусо Обидович,

докторант ХГУ им. акад. Б.Гафурова

Новаторство Бедиля в сфере словообразования

Ключевые слова: новаторство, Бедиль, словообразование, сложение основ, сложные слова с тремя компонентами

Бедиль считается одним из великих поэтов персидско-таджикской литературы ХVII века. Оказывается, что его во всех тезкире и литературоведческих источниках считают поэтом-новатором, который создал в языке новые слова, способы словообразования и поэтические формы. Автор статьи раскрывает новаторство поэта на основе производных и сложных слов, которые в основном имеют по три основы. Автор далее рассматривает структурные характеристики сложных слов, которые состоят из трёх основ, и доказывает, что эти слова действительно по своей структуре новы в таджикском литературном языке.

M. O. Olimjonov

Bedil's Innovation in the Sphere of Word-Building

Key words: innovation, Bedil, word-building, stem addition, complex words with three components

Bedil is considered to be one of the great poets of the Persian-Tajik literature of the XVll-th century. In all tezkires and sources on literary criticism he is looked upon as a poet-innovator who created new words, ways of word-building and poetical forms. The

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.