Научная статья на тему 'НАУЧНАЯ ТЕРМИНОЛОГИЯ В СЛОВАРЕ “ФАРХАНГИ ЗАБОНИ ТОҷИКӣ”'

НАУЧНАЯ ТЕРМИНОЛОГИЯ В СЛОВАРЕ “ФАРХАНГИ ЗАБОНИ ТОҷИКӣ” Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
4268
390
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СЛОВАРЬ / ТЕРМИНОЛОГИЯ / ИНТЕРПРЕТАЦИЯ ВОКАБУЛЫ / СЛОВАРНЫЙ ФОНД / СТИХОТВОРНЫЙ ИЛЮСТРАТИВНЫЙ МАТЕРИАЛ / DICTIONARY / TERMINOLOGY / VOCABULA INTERPRETATION / DICTIONARY STOCK OF VOCABULARY / VERSIFIED ILLUSTRATIVE MATERIAL

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Касимова Мархабо Джурабоевна

Статья посвящена лексикографическим особенностям толкового словаря таджикского языка, изданного в конце 60-х годов прошлого века. В ней автор затрагивает проблему интерпретации научной терминологии в данном словаре, введеляя ее такие лексико-семантическое группы, как литературоведческая, лингвистическая, религиозно-суфийская, музыкальная и др. В статье также рассматривается сопособы интерпретации таких словарных единиц.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Scientific Terminology in the Dictionary “Farhanghi Zaboni Tojiki”

The article dwells on lexicographic peculiarities of the Tajik language interpretation dictionary published in the 60-ies of the century passed. The author touches on the problem of scientific terminology interpretation presented in the given dictionary, she divides the terminology into such lexico-semantic groups as: literary criticism, linguistics, Sufi religion, music and others. The ways of interpretation of different vocabulary units are also considered in the article.

Текст научной работы на тему «НАУЧНАЯ ТЕРМИНОЛОГИЯ В СЛОВАРЕ “ФАРХАНГИ ЗАБОНИ ТОҷИКӣ”»

Цосимова Маруабо Цурабоевна

унвонцуи ДДХ ба номи акад. Б.Fафyров

ИСТИЛО^ОТИ ФАННЙ ДАР «ФАРХДНГИ ЗАБОНИ ТОЧИКй»

«Фаpx,анги забони точикй», ки бештаp аз 45 x,азоp вох,иди лyFавиpо мyштамил аст, аз дастоваpди нодиpи лексикогpафияи точик даp садаи ХХ мах,суб мешавад. Мypаттибони ин фаpx,анг сyханшиносони точик Т.Зе^нй, В.Капpанов, И.Ализода, С.Аpзyманов, Х,.Рауфов, Х,.Му^син-зода, М.Азизй-Мешкин, В.Мах,мудов, Р.Х,ошимов, А.Сангинов, А.Нypов, А.Вохддов коpеpо ба анчом pасонидаанд, ки он даp гyстаpиши забони адабии точик ахдмияти хоса доpад. Мавpиди истифодаи мypаттибони фаpx,анг к^иб 100 номгуй саpчашма к;аpоp дошта, ташpеx,и вох,идх,ои лyFавй даp заминаву усули илмй ва санадх,ои мÿътабаpи шеъpивy адабй ва бадей сypат гиpифтааст. Вок;еан, даp «Фаpx,анги забони точикй» шаpx,y тафсиpи вох,идх,ои лyFавй ба даpачаи баланди илмй анчом ёфта, мypаттибон аз тачpибаи лyFатнигоpони асpx,ои пешин пpинсипy усули нигоpиши фаpx,ангpо интихоб каpдаанд.

Даp мавpиди аpзишx,ои баланди илмии «Фаpx,анги забони точикй» зикpи афкоpи зеp айни матлаб аст:

L«Фаpx,анги забони точикй» пеши pоx,и дyp шудан ё тамоман бypида шyданpо аз доpоиx,ои x,азоpсолаи забон ва адабиёт гиpифт ва хдмзамон баpои yстyвоpии pешаx,ои забони миллй даp чомеа кумаки бyзypги хyдpо pасонид.

2. Даp баpобаpи таваччухи хонандагонpо ба адабиёти x,азоpсола чалб каpдан имконияти фаpохи забономузй ва донистани нозуких,ои сyханpо фаpоxам оваpд. Ба бисёpе аз ба^с^ои забоншиносй маpбyт ба xypyфи изофа, коpбypди исм ё феъл ва монанди инх,о нук;та гузошт.

Даp миёни вожаву ибоpоти "Фаpx,анги забони точикй” нуфузи мyассиpи истилох,оти фанниву илмй эх,сос гаpдида, хдмзамон иpтиботи зичи осоpи адабй бо мусталах,оти илмй даp адабиёти классикии мо ба назаp меpасад. Табиатан ба доиpаи тафсиp кашидани чунин истилох,от аз мypаттибони фаpx,анг займати зиёдеpо так;озо мекаpд. Ин гуна вох,идх,ои лyFавй истилох,оти фаннии маpбyт ба таъpихy фалсафа, yстypавy дин, муси^иву тиб, мусталах,оти афлокшиносй, забоншиносй ва Fайpаpо фаpо мегиpад. Даp мавpиди тавзех,у ташpеx,и ин гуна истилох,от мypаттибон

дар баробари истифода кардани маводи лугатномахои пешин аз сарчашмахои илмиву адабй низ фаровон истифода кардаанд. Мусаллам аст, ки дар фархангхои асримиёнагй ин гуна истилохоти илмй фаровон ба назар мерасид ва бо гузашти замон баъзеи аз онхо бадали ном кардаанд ё маърифати ташрехи баъзеи аз онхо барои хонандаи имруз мушкилихо эчод мекард. Аз ин нуктаи назар "Фарханги забони точикй" на танхо дар шархи истилохоти тозаи илмй заминаи фарохе ба амал овард, балки равзанае дар шинохт ва дарки матлабхои лугатхои асримиёнагй гардид. Дар ин замина ба мушохида мерасад, ки мураттибони "Фарханги забони точикй" аз лугатномахои пешин мушикофона маводеро руи кор оварданд, ки он метавонад таърихчаи истилохоти илмиро нишон дихад.

Масалан, гурухи вохидхои лугавии сохаи адабиётшиносй ба илми аруз, кофия, бадеъ марбут мебошад. Чунончи, дар мавриди истилохоти марбут ба аруз мухимтарин вожахое тавзех ёфтаанд, ки мураттибон онхоро дар заминаи маводи лугатномахои каблй тафсир кардаанд ва кушиш намудаанд, ки бо забони соддатар матлабро баён кунанд:

Мушокил - номи яке аз бахрхои нуздахгонаи аруз буда, ба бахри кариб монанд аст, аммо агар дар бахри кариб "фоилотун" баъд аз «мафоилун» зикр ёбад, дар ин чо фоилотун пеш аз мафоилун меояд. Мисол аз бахри мушокили мусаммани макфуф, ки дар як мисраъ -"фоилоту мафоилу" ду бор такрор мешавад.

Хезу тарфи чаман гир бо харифи суманруй,

Г ох сунбули тар чину гох шохи суманбуй.

Ч,омй (ФЗТ, ч.2, 787)

Ин маколаи лугавй сирф чанбаи илмй дошта, матлаби он танхо барои мутахассис равшан аст. Яъне дар бештарини мавридхо мураттибони фарханг ба шарху тавзехи лугатнигорони пешин иктифо варзида, тавзехоти иловагии худро зикр накардаанд.

Баъзе аз истилохоти фаннии марбут ба илми адабиётшиносиро кутоху муъчаз баён кардаанд, вале хамоно онхо ниёз ба шарху тавзехи дигар доранд. Чунончи:

Пасованд - кофияи шеър.

Дама ёва, хама хому хама суст Маонй бо хикоят то пасованд.

Лабибй (ФЗТ, ч.2, 44).

Мусамман - дар аруз вазнхои хаштрукна, ки хар мисраъ аз чахор рукн ва байт аз хашт рукн иборат аст (ФЗТ, ч.1, 751).

Мураттибони "Фарханги забони точикй" дар ин бахш вохидхои лугавии зиёдеро аз кабили вазн, кофия, ватад, вофир ва монанди инхоро шарху тавзех додаанд, ки шумораи онхо бештар аз 150 вохиди лугавист.

Ин навъи вохидхои лугавй як андоза соддатару рушантар ифода ёфтаанд ва хонанда дар маърифати онхо душворй намекашад.

Баъзе аз истилохоти адабиётшиносй марбут ба санъатхои бадей мебошад. Чунончи, муболага - яке аз воситахои тасвири бадей, дар тавсиф ва ё мазаммати чизе ё касе зиёда аз будаш сухан рондан. Муболага се навъ мешавад:

- муболагаи таблиг (тасвирот, тавсиф ё мазаммате), ки ба акл ва одату зиндагй мувофик бошад;

- муболагаи игрок - (тасвироте, ки ба акл мумкин, аммо дар одату зиндагй номумкин бошад;

- муболагаи гулув - (тасвироте, ки хам аз руи акл хам ба одату зиндагй махол бошад (фЗт, ч.1, 712).

Дар баъзе мавридхо истилохоти марбут ба адабиётшиносиро нихоят ба тарики содаву осон тавзех додаанд:

Лугаз // лугз - 1.сухани печида, гапи пушидамаъно; 2.чистон (ФЗТ, ч.1,609).

Еазал - шеъри лирикй ки аз 5-11 байт иборат буда, ба тарзи «аа, ба, ва, га» кофиябандй дорад (ФЗТ, ч.2, 642).

Назм - каломи мавзун, шеър, мукобили наср (ФЗТ, ч. 1,826).

Насиб - мадххонй дар газал барои маъшука, кисми аввали касида, ки пеш аз мадх меояд ва мазмуни ишкй дорад; мук.ташбиб Гохе газалу насиб хондй,

Г охе сухан аз хабиб рондй.

Ч,омй (ФЗТ, ч. 1,835)

Наср - асархои бевазну кофия навишташуда (ФЗТ, ч.1,836).

Омада - шеъре, ки бо илхом, табий ва гайримаснуъй навишта шудааст; бадеха, латифа (ФЗТ, ч.1,915).

Боиси зикр аст, ки бисёре аз мураттибони "Фарханги забони точикй" аз адабиётшиносони маъруф махсуб мешуданд. Аз ин нуктаи назар, вожахои марбут ба илми адабиётшиносй дар "Фарханги забони точикй" баробари он ки фаровон ба назар мерасад, бо усули шархи пурра оварда шудаанд. Вале нисбати шарху тавзехи ин гурухи вохидхои лугавй муносибати мураттибон мухталиф ба назар мерасад, ки ба андешаи мо вобаста ба донишу назар ва масъулияти хар як мураттиб алохида буда, чанбаи субъективии кор ба натича таъсир гузоштааст. Афкори голиб он аст, ки бисёре аз адабиётшиносон барои мураттаб сохтани фарханги сохаи адабиётшиносй ё таснифи китобхои марбут ба санъати бадей аз "Фарханги забони точикй" фаровон истифода бурдаанд.

Дар "Фарханги забони точикй" истилохоти марбут ба илми забоншиносй низ фаровон ба кор рафтааст. Тахти ин гуна вохидхои лугавй мураттибон хам истилохоти асримиёнагии илми забоншиносй ва

хам муосирро тавзех додаанд. Хдмчунин дар баъзе маврид вохидхои лугавии мутакаддими марбут ба сохаи забоншиносиро хини тавзех додан бо истилохоти муосир ёдрас намудаанд. Дар "Фарханги забони точикй" мисолхои зиёде дар мавриди ташрехи истилохоти сохаи забоншиносй мавчуд аст:

Адот а. 2. - грам. хиссаи номустакили нутк, ки онро дар грамматикаи арабй харф низ меноманд хамчун пешоянд, пайвандак, хиссача ва г.; адоти нисбат (ё нидо, чамъ), воситахои грамматикй, монанди бандаки изофй, калимахои нидо ва бандакхои чамъбандй; адоти ташбех калимае, ки ба ташбех далолат мекунад; калимахое, ки дар монанд кардан ёрй медиханд, мас, чун, хамчун, монанди, чунонки, гуё ва пасояндхои -осо, -сон, -ваш, -вор ва г.; адоти таъриф дар грамматикаи арабй артикли "ал", ки дар сари исмхо навишта мешавад, мас, алчабр (ФЗТ, ч. 1,41).

Мар//Мар(р) 1. - хиссачаест пеш аз калимае, ки пасоянди -ро кабул мекунад, омада, як навъ маънои таъин ва таъкидро мефахмонад; гохо барои зинати калом оварда мешавад. Дар баъзе мавридхо дар сурати зикр нашудани "-ро" низ истеъмол мегардад.

Миёни сипах тир бигзоштанд,

Мар-он тирро найза пиндоштанд.

Фирдавсй (ФЗТ, ч.1,639).

Танвин - грам. бо овози "н" талаффуз кардани садоноки муайян дар охири калима ва инчунин аломати махсус, ки он се хел мешавад: 1) танвини фатха - бо фатха (забар) хонда шудани "н", мас.: комил, тамом -комилан, тамоман 2) танвини касра - бо касра (зер) хонда шудани "н", мас.: зулумот - зулумотин; 3) танвини замма - бо замма (пеш) хонда шудани "н", мас.: маълумот - маълумотун (ФЗТ, ч.2,319).

Баъзе аз вохидхои лугавии марбут ба илми забоншиносй хусусияти таърихиро ба худ касб кардаанд:

Дарй III - номи забони форсию точикии адабй, ки баъд аз забони пахлавй аз асрхои VIII-IX сар карда дар вилоятхои Бухоро, Самарканд, Хуросон ва Балх нашъунамо ёфт ва дар даврахои баъд ба дигар сарзаминхо пахн шуда асос ва намунаи забони адабии форсй гардид. Бетхарин намунахои ин забон асархои адибони асрхои Х-Х1 хамчун Рудакй, Фирдавсй, Балъамй, Сино ва дигарон хисоб шуда, дар даврхои баъдина устодони каломи бадей монанди Саъдй, Х,офиз, Ч,омй ва дигарон низ забони худро забони дарй номидаанд.

Дариву тозиву туркй бигуяд,

Ба алфозе, ки занг аз дил бишуяд.

Фахриддини Гургонй (ФЗТ, ч.1, 339).

Дар мукоиса бо шархи истилохоти адабиётшиносй мураттибон дар мавриди тавзехи вохидхои лугавии марбут ба илми забоншиносй бештар

таваччух зохиp намуда, онхоpо бо забони мyосиpи илмй тавзех бахшидаанд. Аз чумла, кушиш каpдаанд, бо забони фасехи мyосиp ибpози назаp намуда, даp аFлаби мавpид истилоххои байналхалкии онpо зикp намоянд.

Масдаp - 2. грам. даp саpфy нахви аpабй - исми феълй, ки аз бобхои феъл мувофики коидахои муайян ташкил меёбад, мас. татбик, таpаннyм, инъом, мyбоpаза... Даp гpамматикаи точикй - шакли феълй, ки аз асоси замони гузашта бо суффикси - ан сохта мешавад... (ФЗТ, ч.1,647).

ИдFOм - 2. ассимилятсия, масалан, ”ашшамс” ба чои ”ал-шамс” (ФЗТ, ч.1,469).

Изофа - 3. хамpох каpдани муайяншаванда бо муайянкунанда ба воситаи бандаки ”-и”, масалан, китоби нав, хонаи кухна (ФЗТ, ч. 1,471).

Даp баъзе мавоpид баpои даpки ин ё он истилохи забоншиносй хонандаpо заpyp аст, ки ба якчанд моддаи лyFавй pyчÿъ намояд. Ин усули суннатии лyFатнигоpй буда, мypаттибони ”Фаpханги забони точикй” аз он фаpовон истифода каpдаанд. Чунончи, вохиди лyFавии мyбтадоpо чунин шаpх додаанд:

Мубтадо -грам. Фоил (ФЗТ, ч.1, 713).

Ручуъ менамоем ба фоил:

Фоил - 1. кунанда, омил, сохиби хаpакатy ^p, анчомдихандаи коp 2. грам. Мубтадо (субъект); мукобили мунфаил... (ФЗТ, ч.2, 438).

Мунфаил 1.Мафъул, касе ё чизе, ки коpе нисбат ба вай ичpо каpда мешавад; мукобили фоил

3. Аввали чону охиpи маpчон Фоилу мунфаил даp ин ду миён Саной (ФЗТ, ч.1, 737).

Бад-ин таpтиб ба хонанда се истилохи маpбyт ба илми забоншиносй pавшан мегаpдад.

Даp ”Фаpханги забони точикй” бештаp аз 100 истилохи маpбyт ба илми забоншиносй тавзех ёфтааст. Ин истилоххо даp аFлаби мавpид бо зикpи теpминхои мyосиp ва мисолхои мушаххас ташpех шуда, даp мачмуъ метавонанд як дастypи омузиши истилоххои забоншиносиpо ташкил намоянд.

Даp ”Фаpханги забони точикй” вожахои динй ва истилохоти тасаввуфй фаpовон ба назаp меpасанд. Як зyмpа вохидхои лyFавии маpбyт ба дин ба таъpихи дин ва аpкони ислом вобаста мебошанд. Ин гуна вохидхои лyFавй бинобаp таъсиpи замони шÿpавй як андоза сатхй каламдод шудаанд. Даp аFлаби мавpид мypаттибон мавpиди ташpехи вохиди лyFавй вожаи ”гÿё”-pо истифода каpдаанд, ки як андоза назаpи шубхаангези мypаттибонpо ифода мекунад. Масалан:

Абдол - д. наздикони Худо, хосони Худо, ки шумораи онхо гуё 70 нафар будааст.

Шунидам, ки дар рузгори кадим Шудй санг дар дасти абдол сим.

Саъдй (ФЗТ, ч.1, 26).

Водй -д. водии махшар - сахрои киёмат, сахрое, ки гуё киёмат дар он чо барпо мешавад (ФЗТ, ч.1, 238).

Вохидхои лугавии марбут ба дин бо ишораи «д». таъкид ёфта, мураттибон кушиш кардаанд ба таври бояду шояд он лугатхоро ташрех намоянд ва бо асноди шеърй ва намунахои мансур таквият бахшидаанд. Адн -д. богхои бихишт, чаннат, фирдавс

Бихишти адн нагар хохй, биё бо мо ба майхона,

Ки аз пои хумат як сар ба хавзи кавсар андозем.

Дофиз (ФЗТ, ч.1, 40).

Вочибот - д.конуну коидахои шариат, ки ичрояш хатмист (ФЗТ, ч.1, 244). Вочибулвучуд - д.он ки вучуди у ба зоти худи у вобаста аст ва мухточи гайр нест; Худо.

Он мавчудро, ки вучуди у ба худ аст, вочибулвучуд хонанд. Низомии Арузй (ФЗТ, ч.1, 244).

Дайён - д. мукофотдиханда; чазодиханда; кахркунанда; хисобгир (сифати Худо).

Ч,умла нолон пеши он дайёни фард,

Сад хазорон окилон дар вакти дард.

Румй (ФЗТ, ч.1, 314).

Чунончи дар боло зикр гардид, мураттибони "Фарханги забони точикй" баъзе аз маънихои вохидхои лугавии марбут ба динро аз мухтавои асноди шохид баркашидаанд. Масалан дар мавриди тавзехи вожаи "Ёсин" ба чуз ишораи раками сура дигар харфе илова нашудааст. Ёсин - д. 1) сураи 36-уми ^уръон, ки дар вакти назъи чон (чонканй) аз тарафи корй ва ё мулло хонда мешуд

Дил хаставу чон расида бар лаб,

Бикшой забон ба ахли мактаб,

К-эй мактабиён, агар тавонед,

"Ёсин" паи марги ман бихонед!

Дилолй

2.лакаби Мухаммад (с) пайгамбар (ФЗТ, ч.1, 416).

Замзам - д.номи чох ва чашмаест дар Макка, дар назди хонаи Каъба Далв, ки аз чашмаи хур хушк монд Замзамаш аз чашмаи рахмат фишонд.

Хусрави Дехлавй (ФЗТ, ч.1, 433).

Зикр - 4.дуое, ки дар он номи Худо (Аллох)-ро такрор мехонанд, вирд.

Таpики даpвешон зи^ асту шyкp. Саъдй (ФЗТ, ч.1,450).

Малакут - д.олами фаpиштахо, олами боло.

Маст бигзаштиву аз хилватиёни малакут,

Ба тамошои ту ошуби киёмат баpхост.

Дофиз (ФЗТ, ч.1, 627).

Тавба - д.аз гунох бозгаштан, пушаймонй аз гунох Тавбаи кимоpбоз даp бепулист. Заpб. (ФЗТ, ч.2, 298).

Тавхид - д.эътикод ба ягонагии Худо (ФЗТ, ч.2, 303).

Зохиpан даp ”Фаpханги забони точикй” вожахои маъмули маpбyт ба дин, монанди закот, доpайн, талок, вочибот, доpyссалом, истиFфоp, хач тавзех шудаанд. Вале омузиши амики фаpханг шаpхy тавзехи лyFат ва ибоpоти нодиpи диниpо нишон медихад, ки чолиби диккат аст. Чунончи: Се талоки боин - д. се талоки чудокунанда зану шавхаppо.

Мулк баp pÿи Хисpави шахзод Зyлмpо се талоки боин дод.

Саной (ФЗТ, ч.2, 313)

Ичтиход - д.даpк каpдан, даpёфтани масъалахои шаpъй бо мукоиса аз ^ypъон, хадис ва pивоятхо; pасидан ба даpачаи донишмандй даp илми фикх, мучтахид шудан (ФЗТ, ч.1, 522). Даp ”Фаpханги забони точикй” вохидхои лyFавии маpбyт ба тасаввуф ба унвони вожахои динй ё фалсафй хонда шудаанд. Чунончи:

Тасаввуф - 2.фалc.чаpаёне, ки пайpавони он ба покшавй аз хохишхои нафсонй кушида, ашёи олам ва табиатpо мазхаpи Дак медонистанд. Либоси пашмина пушида, ба зухду такво машFyл мешуданд; сÿфигаpй (ФЗТ, ч.2,335).

Суфй - 2.пайpави таpикати тасаввуф

Дил аз айб софеву суфй ба ном Ба даpвешй - андаp шуда шодком.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Фиpдавсй (ФЗТ, ч.2, 282).

Танхо даp баъзе мавpидхо бо ишоpати даp тасаввуф вохидхои лyFавии маpбyт ба тасаввуф тавзех ёфтаанд. Чунончи даp заминаи тавзехи вохиди лyFавии ”ишк” таpкибхои ишки мачозй ва ишки хакикй бад-ин таpик тавзех ёфтааст:

Ишки мачозй - даp тасаввуф ишк ба ин дунё ва ба алокахои дунёвй, ки ба акидаи суфиён хама мавхум буда, ишки хакикй факат даp он дунё мебошад.

Ишки хакикй - даp тасаввуф ишки илохй, ишки Худо ва хаp чй ба он дунё алока доpад ва суфиён онpо ба ишки ин дунё, ки гуё ишки мачозист, мукобил мегузоштанд.

Таpика // таpикат - 2.даp тасаввуф - маpхилаи дуюм даp pасидан ба Дак

Душ аз масчид суи майхона омад пири мо Чист, ёрони тарикат, баъд аз ин тадбири мо?

Дофиз (ФЗТ, ч.2, 330).

Муоинаи "Фарханги забони точикй" аз назари тасаввуф нишон дод, ки баъзе аз истилоххои марбут ба тасаввуф дар фарханг ба назар намерасад. Масалан, дар "Фарханги забони точикй" кариб хамаи ибороту мафхумоти марбут ба вожаи "хафт" аз кабили хафт хон, хафт иклим, хафт авранг, хафт рох, хафт айвон, хафт осмон ва даххои дигар ба назар мерасанд. Вале хафт шахр ё хафт шахри ишк мавчуд нест. Ё худ бисёре аз истилоххо сатхй шарх ёфтаанд. Чунончи:

Ирфон - шинохтан, донистан, шинохтани Худо

Аз зохиди худбин маталаб нашъаи ирфон Ин дурри гаронмоя ба дасти дигарон аст.

Имло (ФЗТ, ч.1, 492).

Самоъ // симоъ - 3.холати шавку завк; вачд ва чазбаи дарвешон хангоми хондани зикр

Самоъ осон бувад бар суфии гарм Чу оташ хаст, чушидан чй кор аст?

Камоли Хучандй (ФЗТ, ч.2, 186).

Дамин тарик, вобаста ба таъсири замон вохидхои лугавии марбут ба дин ва ирфону тасаввуф дар "Фарханги забони точикй" ба таври бояду шояд инъикос наёфтааст. Вале бо вучуди ин мухимтарин матлабхои ин ду бахш - динию тасаввуфй дар "Фарханги забони точикй" зикр ёфтаанд.

Дар "Фарханги забони точикй" гузашта аз истилохоти дар боло зикршуда нуфузи муассири истилохоти фанниву илмии дигар эхсос гардидааст. Табиист, ки ба доираи тафсир кашидани чунин истилохот аз мураттибони фарханг захмати зиёдеро такозо менамояд. Аз чумла, дар фарханг истилохоти мусикиву тиб, нучум, устура,таърих, математика, химия, табиатшиносй инъикос ёфтаанд. Дангоми мутолиаи "Фарханги забони точикй" аз ин нуктаи назар бисёр хам эхсос мешавад, ки мураттибон то кадри тавон анвои фаровони осори илмиву адабй ва сохавиро мавриди чустучу ва тахкик карор додаанд.

Мусаллам аст, ки дар фархангхои асримиёнагии мо истилохоти марбут ба нучум фаровон истифода бурда шудааст. Сарчашмаи истифодаи маъмули ин гуна истилоххо инкишоф ва густариши фанни астрономия дар илми асримиёнагии миллати мо мебошад. Дар "Фарханги забони точикй" тавзеху ташрехи истилохоти илми нучум дар чанд маврид ба назар мерасад. Як зумра вохидхои лугавии марбут ба ситорашиносй мустаким аз фархангхои пешин гирифта шуда, айнан бо тавзеху ташрехи пешиниён арзёбй шудааст.

Даp ”Фаpханги забони точикй” истилоххои маpбyт ба илми мусикй низ фаpовон ба назаp меpасанд. Ин гуна истилоххо бештаp чанбаи тавсифй дошта, мусаллам аст, ки аз лyFатномахои пешин саpчашма гиpифтаанд. Шаpхy тавзехи ин гуна вохидхои лyFавй даp аFлаби мавpид сода менамояд. Чунончй:

Маком - 6. мус. номи хаp як гypухи муайяни охангхои мусикй, ки онхо шаш мебошанд (ФЗТ, ч. 1,671).

Адвоp - илми адвоp, илми мусикй; Шаклхо ва ишоpахои махсус баpои навишти охангхои мусикии точикй-фоpсй (ФЗТ, ч.1, 39).

Паpда - мус.халкае аз пай, pуда ё филиз, ки ба дастаи олатхои мусикавии тоpй гyзаpонда мешавад, то ин ки навозанда баpои хифзи макоми мусикй тоppо даp pуи он халка бо ангушт зеp кунад.

Шуд паpда миёни туву хикмат,

Он паpда, ки бастанд баp чаFOна.

Носиpи Хyсpав (ФЗТ, ч.2, 33)

Рост - мус. яке аз макомхои классикй

Баp симоъи ”Рост” хаp тангиp нест,

Туъмаи хаp мypFаке анчиp нест.

Румй (ФЗТ, ч.2, 145).

Дамчунин даp ”Фаpханги забони точикй” истилохоти улуми дигаp аз чумла илми фалсафа, монанди тахтуззи^ дyчоp мешаванд:

Салб - фалс. нафй, инкоp, мукобили эчоб.

Накде, ки кадаp бахшад, чи калбу чи pоич,

Лафзе, ки казо pонад, чи салбу чи эчоб

Хоконй (ФЗТ, ч.2, 180)

Дамин таpик даp ”Фаpханги забони точикй” истилоххои илмй фаpовон истифода шуда, шаpхy тавзехи онхо бо усулхои мухталиф pуи коp омадаанд. Аз кулли истилоххои истифодашуда метавон чунин хулоса баpдошт, ки мypаттибон гоххо теpминхои фанниpо бевосита аз саpчашмахои асpимиёнагй сабт каpда, тавзехи онхоpо ба шакли кадима гузошта, даp бештаpини мавpидхо онхоpо бо истилоху теpминхои мyосиp тавзех бахшидаанд. Мушохидахо нишон дод, ки истилоххое, ки бе асноди шохид pуи ^p омадаанд, аз pисолахои мухталифи сохавй интхоб шуда, истилоххои сохиби шохид аз осоpy ашъоpи шоиpон кашида шудааст. ”Фаpханги забони точикй” боpи дигаp собит каpд, ки мавкеи мусталахоти илмиву сохавй чй даp шеъpи шyаpо, хоса сyханваpони сабки иpокй, чй даp осоpи мансyp хеле гyстypда ва мyассиp мебошад.

Вожахои калиди: фар^анг, истило^от, тавзехи вожа, таркиби лугавй, санади шеърй

Пайнавишт:

1. Асадии Тут. Лугати фурс. Ба тасуеуи Дабири Сиёцй. - Теурон: Китобхонаи Тауурй, 1957.

2. Нуров, А. Фаруанги ашъори Рудакй. - Душанбе: Маориф, 1990.

3. Фаруанги забони тоцикй. Дар зери таурири Шукуров М.Ш., Капранов В.А., Хошим Р., Маъсумй Н.А. - М.: Советская энциклопедия, 1969. -ц.1-951с.; ц.2-949с.

4. Шакурии Бухорой, Мууаммадхон. Мухтасаре перомуни усули илмии “Фаруанги форсии тоцикй”//Рудакй, Фаслномаи адабй, Соли уафтум, №12, 2006.

Касимова Мархабо Джурабоевна,

соискатель ХГУ им. акад.Б.Гафурова

Научная терминология в словаре “Фарханги забони тоцикй”

Ключевые слова: словарь, терминология, интерпретация вокабулы, словарный фонд, стихотворный илюстративный материал

Статья посвящена лексикографическим особенностям толкового словаря таджикского языка, изданного в конце 60-х годов прошлого века. В ней автор затрагивает проблему интерпретации научной терминологии в данном словаре, введеляя ее такие лексико-семантическое группы, как литературоведческая, лингвистическая, религиозно-суфийская, музыкальная и др. В статье также рассматривается сопособы интерпретации таких словарных единиц.

M. Dj. Kosimova

Scientific Terminology in the Dictionary “Farhanghi Zaboni Tojiki”

Key words: dictionary, terminology, vocabula interpretation, dictionary stock of vocabulary, versified illustrative material

The article dwells on lexicographic peculiarities of the Tajik language interpretation dictionary published in the 60-ies of the century passed. The author touches on the problem of scientific terminology interpretation presented in the given dictionary, she divides the terminology into such lexico-semantic groups as: literary criticism, linguistics, Sufi religion, music and others. The ways of interpretation of different vocabulary units are also considered in the article.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.