Научная статья на тему 'NATIONAL DIMENSIONS AND ITS SCALE IN THE ARTISTIC THOUGHT MIRZO TURSUNZODA'

NATIONAL DIMENSIONS AND ITS SCALE IN THE ARTISTIC THOUGHT MIRZO TURSUNZODA Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
39
5
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МИРЗО ТУРСУНЗАДЕ / НАЦИОНАЛЬНОЕ САМОСОЗНАНИЕ / НАЦИЯ / НАЦИОНАЛЬНЫЕ ТРАДИЦИИ / НАЦИОНАЛЬНАЯ КОНЦЕПЦИЯ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Эшонова Мутрибахон Асадхоновна

Автору статьи удалось вникнуть в суть вопроса и рассмотреть его путем использования конкретных примеров из стихов разных периодов творчества поэта. Творчество Мирзо Турсунзаде в контексте современной литературы позволяет нам при рассмотрении вопроса о национальных особенностях прийти к такому выводу, что общечеловеческие аспекты трудов поэта зиждутся на национальных традициях и определяют его мировоззрение и его взгляд на национальную концепцию. Автор в своей статье подчеркивает, что масштаб национального аспекта в творчестве Мирзо Турсунзаде не ограничен какими-либо рамками. Поэт при описании любых вопросов смотрит на судьбы персонажей и событий в мире всевидящим оком и гуманистическим взором.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

НАЦИОНАЛЬНЫЙ АСПЕКТ И ЕЕ МАСШТАБЫ В ХУДОЖЕСТВЕННОЙ МЫСЛИ МИРЗО ТУРСУНЗАДЕ

The author was able to grasp the essence of the issue and examine it by using concrete examples from different periods of poems of the poet. Creativity Mirzo Tursunzade in the context of contemporary literature allows us when considering the national characteristics come to the conclusion that the universal aspects of the poet's works are based on national traditions and determine his outlook and his view of the national vision. The author in his article emphasizes that the scope of the national aspect in the works Mirzo Tursnzade is not limited by any boundaries. Therefore, in describing any issues looking at the fate of the characters and events in the world all-seeing eye and humanistic vision.

Текст научной работы на тему «NATIONAL DIMENSIONS AND ITS SCALE IN THE ARTISTIC THOUGHT MIRZO TURSUNZODA»

УДК 8 точик 2+32+8 точик +1с МИЛЛИЯТ ВА МИЦЁСИ ОН ДАР ТАФАККУРИ БАДЕИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Эшонова М. А.

Институти забон, адабиёт, шарцшиносй ва мероси хаттии ба номи А. Рудакии Академияи илмуои Цум^урии Тоцикистон

Мирзо Турсунзода парвардаи замоне буд, ки мазмуни худшиносии миллй, миллият ва микёси онро замон ва сиёсати машруъ таъйин мекард. Дар заминаи хамин сиёсат охири солхои бистум ва ибтидои солхои сиюми карни гузашта доираи мавзуоти адабиёти шуравй хеле тавсиа ёфт. Омили аслии ин ходисаи сиёсй ва адабй инкишоф ва гуногунрангии пайвандхои ичтимой ва фархангии миллй буд, ки ягонагии маънавию сиёсии чомеаи шуравй онро такозо мекард. Чдраёни таърих намояндагони миллатхои гуногун, аз чумла точиконро низ ба мачрои худ мекашид. Ба ифодаи Г. Ломидзе «происходит процеес, способетвующий взаимному сближению советеких людей разных национальностей» [4, с. 350]. Хдводиси сиёсию ичтимой, бунёдкорихои дастчамъй, аз чумла дар минтакаи Осиёи Миёна канали калони Дисор, канали Фаргона, рохи Помир ва гайра чахонбинии ягонаи ба истилох интернатсионалистиро такозо мекард ва «непосредственное общение цементирует чувства дружбы и коллектевизма» [3, с. 8-9]. Илкои «хисси оилаи ягонаи халки шуравй» мухити нави зиндагй ва ахлокиро барои инсон таблиг мекард, ки адабиёт дар ин замина «дастёри пуркудрат ва боэътимоди» хизби коммунист ва давлати шуравй карор гирифт. Агар икрор шавем, ки аз хдмин давра сар карда, тадричан тафаккури бадеии миллии мо дигар шудан гирифт, хато нахохем кард. Ин дигаргунй бо акиб гузоштани навчуйихои адабиёти чадидия дар боби худшиносии ичтимоию миллй барои адабиёти садаи бисти точик натичахои гайричашмдошти гоявй ва зебоишинохтй ба бор овард, ки тарафхои мусбат ва манфй дошт. Дар чараёни дигаршавии тафаккури бадей назарияи фосилагирй аз «гузаштаи маънавй» ва мутаваччехи «ояндаи дурахшон» будан накши вайронгаре бозид ва адабиёти точикии садаи бистро аз арзишхои бунёдии маънавию хунариаш то чое махрум сохт. Ин тамоюли вайронгар аз тафаккури содалавхона химоят чуста, «боиси ривочи бехофизагй ва манкуртизм гардид. Оё мумкин буд, ки ин холат барои инкишофи тафаккури бадей беокибат монад? Хдргиз не! Кушишхои чиддии дуру дароз дар рохи аз байн бурдани ёди таърихй пайомадхои мудхише дошт: шуури эстетикии миллиро аз баъзе хусусиятхои мухими анъанавии чандинасра махрум сохт, дар баъзе мавридхо бинои онро аз беху бунёд вайрон кард» [8, с. 11]. Вале бо вучуди зуроварии сиёсию маънавй наметавон гуфт, ки адабиёти индавраинаи точик ва хаёти маънавии точикон аз бунмояхои маънавй, ки чанбаи инсонй ва миллй дошт, махрум шуда бошад.

Бо вучуди зери фишори чорчубаи расмият, «супориши ичтимой» ва амрхои сиёсй карор гирифтани адабиёти точикии солхои сии садаи гузашта, алокахои маънавии бунёдии он аз адабиёти гузашта канда нашудааст. Устод Айнй бо осораш ин пайванди маънавй ва хунариро хифз кард. Хидматхои Лохутй ва Турсунзодаро низ дар ин замина наметавон камарзиш донист. Дар ин равиш агар мо устод Айниро «поягузор, таргибгар ва инъикоскунандаи шакли чадиди худогохии миллии точикй», «идомадихандаи бехтарин анъанахои адабу фарханги классикй... ва восилу хомили таку танхои фарханги кадим ва замони чадид» [1, с. 83] ба шумор оварем, Мирзо Турсунзода аз чумлаи давомдихандагони хамин суннат аст.

Албатта дар солхои сиюм ормонхои Айнй ё Турсунзода ошкоро ранги миллй надошт. Замона хавферо ба миён оварда буд, ки «ин корро нишонаи миллатпарастиву миллатгарой» дониста, «хилофи интернатсионализми шуравй талаккй» [9, с. 192] мекарданд. Шояд барои он ки ба гарданаш гунохи миллатгарой набанданд, Айнй бо режими нав созиши идеологй мекард ва харгиз соли 1920 ба майдон омадани маколаи «Ислом ва коммунизм» ходисаи тасадуфй набуд. Устод Айнй дар ин макола мохияти инсонии ду чахонбинии ба хам мухолифро киёс карда, онхоро ба хам созиш доданй

шyдааст, ки даp заминаи казияи сунатии «муъмин баpодаpи муъмин» pешаи таъpихй дошта, даp таъкид ва таъйиди баpобаpии ичтимоии одамон аст.

Дамчунон ки адабиётшинос Н. Салимов дypyст нигошта, «Айнй ва xаммаслакони y бо сидки соф FOяxои инкилобpо истикбол намуда, даp миёни он ва зиндагиву акоиди суннатиашон танокузе намедиданд. Зиёда аз ин, бо xиммате, ки шоистаи гуманизми адабиёти классикй буд, хостанд ки тамоми дунё аз оташи озоди бахши инкилоб мулавван бошад. Миpзо Тypсyнзода аз шоиpоне буд, ки кушиш дошт ин FOяpо таъpихият, мазмуни мушаххаси ичтимой ва вусъати чаxонй бахшад, гузаштаву ояндаи халки худ ва халвдои дигаppо аз xамин дидгоx аpзёбй намуда, бо неpyи истеъдод ба ин pyxy pавон ато намояд» [6, с. 16]. Даp ин pавиш шоиpи мо пеш аз xама такя ба сyннатxои xазоpсолаи адабиёти инсонии точик дошт ва аз он устодона истифода каpд.

Дамчунон ки Д. Шодикулов менависад, «хyсyсиятxои умумиинсонии назми точик аз эчодиёти Миpзо Тypсyнзода шypyъ нашудааст. Моxияти умумиинсонии назми точик ба каъpи асpxо меpавад ва аз саpомадони бyзypги сухан баpмеояд. Рудакй ва Фиpдавсй, Хайём ва Саъдй, Дофиз ва Ч,омй, Камол ва Аxмади Дониш даp достону ашъоpи безаволи худ FOяxои пешкадами инсониpо талкин намуданд, масъалаxоеpо мавpиди баxси эчодй каpоp доданд, ки ба xамаи халкxо баpобаp дахл доpад, ифодаи даpди дили о^ост» [10, с. 77].

Даp маpxилаи нави таъpихи адабиёти точик назаpи нави инсонй ташаккул ёфт, ки миллат ва микёси онpо даp иxотаи манфиатxои табакотй инъикос ва аpзёбй мекаpд. Даp асоси дастypxои pасмй шоиpy нависандагон, аз чумла Миpзо Тypсyнзода ба ин нукта таваччyx дошт. Аз ин назаp FOяи умумиинсонй даp осоpи Миpзо Тypсyнзода даp заминаи муайяни ичтимой ва миллй ба вучуд омада, хyсyсиятxои хоси инсонй ва микёси миллият доpад.

Маpxилаxои эчодиёти Миpзо Тypсyнзода давpаxои гуногуни таxкими ин KOнyниятpо инъикос мекунад. Даp солxои сй вобаста ба миллият ва микёси он гузоштани масъала на факат Fайpи имкон, балки хатаpнок низ буд. Датто устод Айнй даp ин замина шиоpи «^p замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз^-pO шиоpи зиндагй ва маpоми эчодии худ шинохта буд. Аз ин назаp Миpзо Тypсyнзода, ки даp вакташ бо айби «таpафдоpи FOяxои миллатчигй аз сафи комсомол pонда шуда буд, наметавонист бо замона насозад» [7, с. 215].

Миpзо Тypсyнзода фаъолияти адабиашpо бо pавияи инсонгаpой ва синфиятгаpоии болшевикй созиш дод. Бинобаp ин xам даp тамоми давpаxои эчодиёти шоиp диди ичтимоии инсонгаpой ва синфй ёpигаpй xам буданд. Нуктаи дигаpи мyxим ин аст, ки андешаxои инсонии y даp заминаи маънавиёти миллй pyшд каpда, доpои микёси муайяни миллй низ мебошанд. Ба ин далел, xаpчанд маpом ва маслаки коммуниста баpои миллати мо заминаи миллй надошт, ба вачxи доpои мабдаъxои инсонй буданаш ва xамсозие бо меъёpxои инсонии сунатии точикон доштанаш зидди эxсосоти миллй набуд. Ойин ва маpоми коммунистй бо моxияти инсонй ва ахлокии худ ояндаи дунёи пypшyкyx ва зиндагии босаодатpо ба маpдyм ваъда медод ва моxиятан бо афсонаи кадимии точикии шоxи одил xамоxангии комил дошт. Hобаpобаpиxои ичтимой даp чомеаи точикон аз кадим ба сохти идоpй ва амалкаpди шоxy вазиp ва девондоpон бастагй дошт. Бинобаp ин xам беадолатиxои ичтимой даp тафаккypи маpдyм ба xисси шафкату меxpyбонй баpтаpй дода, «забаpдасти зеpдастозоp»-pо маломат ва маxкyм мекаpд. Зиёда аз ин даp таъpихи адабиёт ва фаpxанги гузаштаи мо pавияxои ахлокие вазъ гаpдид, ки моxияташ ислоxи ахлоки ичтимоъ, ба хусус зypоваpй баp инсон буд.

Ойин ё маpоми ахлокии xимоят аз инсон, шафкату меxpyбонй ба y даp таъpихи адабиёти xазоpсолаи точикй яке аз мотивxои асосии адабиёт гаpдид. Достонxои xамосии миллии мо даp xамин pавиш тачассyмгаpи дунёи оpмонии инсони оpзyманд, вале мазлум гаpдид. Ин pавия даp осоpе мисли «Искандаpнома», «Дамзанома», «Доpобнома», «Самаки айёp» ва Fайpа саpеxан ба назаp меpасанд. Дамчунин таълимоти мазxабй ва конущои шаpъии ислом низ аз ислом xимоят мекаpданд. Ойини чавонмаpдй, иpфонy тасаввуф низ одамиятpо асоси консепсияи ахлокии худ ^pOp дода

буданд. Осоpи xакимонy файласуфон ва муаллифони китобxои ахлокй низ бунмояи амики инсонй ва инсонсоз доштанд, ки «Ахлоки мyxсинй» намунаи чомеъи дастypи таълимй ва таpбиявии ин pавиши адабию фаpxангй аст. Бунмояи асосии таълимоти ахлокии гузаштагони моpо баpобаpии ичтимоии инсонxо ташкил медиxад, ки аз нигоxи аxли фаxм бо хостаxои ахлокй ва ичтимоии чомеаи нави коммунистй xамсозй дошт.

Mиpзо Тypсyнзода саpнавишти миллаташpо даp оинаи таълимоти инсонии коммунистй, ки баpобаpии ичтимоиpо шиоp каpда буд, ояндадоp медид. Вале шояд xеч rox дакикан наандешида буд, ки FOяи аз байн бypдани золимон (синфи xоким) ба бунёди оpмонxои инсониву ахлокй дакка мезанад ва боиси таxаккyк ёфтани гуманизми сустбунёд мегаpдад. Даp xаp сypат Mиpзо Тypсyнзода ба огоxии комил аз осоpи xикамии гузаштагон фаpогиpи FOяxои замони нав ва такозои завки умумй тавонист, осоpеpо ба миён оваpад, ки бо чанбаxои отифй ва зеxнии миллиаш кабули чомеаи нав вокеъ шавад ва завки умумй онpо pад накунад. Даp ин замина xам устод Айнй ва xам шогиpдони y, аз чумла Mиpзо Тypсyнзода бо пазиpyфтани FOяxои коммунистй, ки бо консепсияи инсонии xикамии адабиёт ва фаpxанги xазоpсолаи мо xамхонй дошт, баp хилофи микёси милият амал накаpданд, балки ойину маслак ва маpоми коммyнистиpо миллй шyмоpиданд. Тафаккypи бадеии суннатй низ даp xамин замина pавиши тоза касб каpд. Ба ин далел, осоpи индавpаинаи М. Тypсyнзода аз назаpи эxсосоти миллй ва авотифи кавмй чанбаи миллии хос пайдо каpд ва саpфи назаp аз камбyдиxои FOявию зебоишинохтй таpафи миллат пазиpyфта ва чузъи таъpихи адабу фаpxанги мо шинохта шуд.

Равиши инкишофи эчодии Mиpзо Тypсyнзода зинаxои гуногуни конунияти xифзи миллият ва микёсxои онpо тачассум месозад. Ибтидои солxои чилум гyзоpиши мушкилоти ахлокй баpои адабиёт хеле мyxим буд. Даp осоpи бадеии аксаpи адибон паxлyxои нави FOяxои умумиинсонй, ки пайванди таpкибй ва човидонаи инсонxоpо бо xамдигаp таъкид ва таъйид мекаpд, мавкеи хос пайдо мекаpд. Ин xодисаи адабй ба эчодиёти давpаи чангй ва баъди они Mиpзо Тypсyнзода низ хос аст. Шоиp тафовyтxои давлатй, ичтимой ва миллиpо як су гузошта, саъй менамояд, ки pоxxои xалли ягонаи мушкилоти yмyмибашаpиpо ба миён гyзоpад.

Асоси чаxонбинии шоиppо чунин боваp ташкил медиxад, ки аpзишxои олии инсонй ягонаанд, онxо факат даp сатxи афзалияти омилxои ичтимоиву сиёсй метавонанд фаpк кунанд. Аз назаpи ахлокй миёни онxо xеч зиддияте нест. Ба ин дастyp, xатто даp яке аз нахустин таълифоташ очеpки «Mавчxои зафаp» даp шаpоити тозаи ичтимой пешpавии миллати точило баpои «мазлум ва мазлумагони Шаpки ситамдида» pоxи начот медонад. Даp xикояти «Кулфатзадагон», шеъpxои «Зафаpи халк», «Ба дyхтаpи Астypия» баъдтаp силсилаи «К^иссаи Диндустон», «Ман аз Ш^ки озод», достонxои «Садои Осиё», «Ч,они шиpин» ва Fайpа каxpамони y бо конуни ягонаи ахлокй зиндагй ва фаъолият мекунанд, ки тааллукоти миллияшонpо аз байн набypдааст. Шоиp даp заминаи контексти воxиди ичтимоию сиёсие меандешид, ки оpмонxои миллию умумиинсонй бо xам тавофуки комил доpанд.

Поэтикаи микёси миллиятpо даp заминаи масоили yмyмибашаpй даp эчодиёти М. Тypсyнзода таxкик каpда, мо Fайpи ихтиёp ба масъалаи каxpамон, мyxити ичтимой, моxияти миллию умумиинсонй ва хyсyсиятxои хоси низоъи асаp вомехypем. Ч,устучу даp ин замина моpо бо чунин натича меоваpад, ки осоpи М. Тypсyнзода кушиши даpки фалсафии вокеияти xаёти миллй ва дунёи мyосиp даp алокамандй бо мушкилоти умумиинсонй мутаносибан сypат гиpифта, маънии аслии зиндагиpо киpдоpи маънавии инсон муносибати y ба мyxити табий ва ичтимой муайян мекунад.

Mиpзо Тypсyнзода даp анчумани панчум ва шашуми нависандагони СССР xадафи yмyмибашаpии адабиётpо таъкид каpда, «баpои тамоми халкxо ва инсонияти таpаккипаpваpи олам навиштанpо» [5, с. 432] заpyp дониста буд ва мухотаби осоpи y аз OFOЗ даp баpобаpи xаммиллатонаш, намояндагони кавму миллатxои дигаp низ буданд ва микёси миллияти осоpи ypO xамин меъёpи андеша ва усули инсонгаpой муайян мекаpд.

^инсищои умумиинсонй, кyтоx каpдани дасти «забаpдасти зеpдастозоp», одамият, боваp ба инсощо пеши pоxи xама гуна беадолатй ва зypиpо гиpифтан даpyнмояи осоpи даp мавзyи дохилй ва хоpичй навиштаи шоиppо ташкил медиxад. Вале Миpзо Тypсyнзода вакте даp боpаи хоpичиён менависад, низ аз заминаи саpнавишти таъpихии миллати хеш ба масъала наздик мешавад. Шоиp даp ин гуна осоpаш «даp боpаи халки бyзypги pyс, халки баpодаpи yкpаин, мазлумони Динду Покистон, манзаpаxои зебои ин кишваpxо, шаpшаpаи бyзypги Ниагаpа, даp боpаи халкxои дypy наздик, китъаxои олам баxси бадей меоpояд. Шоиp месyзад, месозад, шод асту гам мехypад, ба вачд меояд ва нафpат мехонад... ба азобу кулфати халкxои чаxон xамдаpдй доpад, гами халкxои дигаppо мехypад ва шаpик бyданpо даp мyбоpизаи онxо яке аз вазифаxои масъулиятноки худ мешyмоpад» [10, с. 79].

^аxpамони лиpикии y даp осоpи даp ин pавиш эчодкаpдааш беxтаpин фазилатxои инсонй, маънавиёти олй, инсондустй ва муковимати фаъолона ба беадолатиpо, ки меpосбаpй аз маънавиёт ва ахлоки неки гузаштагон аст, тачассум мекунад. Дyхтаpи Динду каxpамонони лиpикии «К^иссаи Диндустон», достони «Ч,они шиpин» ва дигаp осоpи даp мавзyи хоpича навиштаи шоиp оpмонxои ахлокй ва xамчyнин эътиpоз баp зидди зypивy беадолатиpо даp хислату ху ва амалу киpдоpашон ба тавpи хос фаpо гиpифтаанд, ки моxияти миллй ва умумиинсонй доpанд ва бо тагйиpи сиёсатxовy низомxо аpзиши он кам намешавад.

Мyxимтаpин масъалаxои бакои миллат ва инсоният даp эчодиёти Миpзо Тypсyнзода даp таxкики бадеии хислату хаpактеpxоест, ки боpи масъулияти имpyзy фаpдоpо баp душ доpанд. Талошxои шоиp ва xамсафони y ба мо умед мебахшад, ки чаxони сyлxy оштй побаpчост ва одамият баp ноодамй голиб хоxад омад. Миpзо Тypсyнзода xамеша ба шахсиятxои осоpаш мyxаббат ва эътикод доpад, ки pоxи дyшвоp ва хyдфидоиpо интихоб каpдаанд ва даp ин pоx буду нобyдашонpо саpф намудаанд. Даp ин pадиф даp pаддаи аввал худи шоиp меистад, сипас каxpамонони осоpи y аз Дасан саp каpда то шахсиятxои достонxои «Ч,они шиpин» ва «Аз Ганг то ^емл».

Даp симои шахсиятxои лиpикии ашъоpи Миpзо Тypсyнзода мо хаpактеpxоеpо мебинем, ки ифодакунандаи оpмонxои башаpианд, вале обу pанги хоси миллй доpанд. Ощо сypат ва сиpати точикона дошта, бо xастии yстyвоpи маънавиашон хyдpо даp баpобаpи офатxои дунёи пypмочаpо ва гyмpоxиxои ичтимоию фаpдй xифз каpдаанд.

Миpзо Тypсyнзода даp матни аpзишxои миллатсоз ба воситаи тасвиpxояш, андешаxои бадеию публитсистиаш ба таpxи оpзyxои бyзypг ва башаpдyстонаи xаммилатонаш мепаpдозад, хосту ниёзxо ва мушкилоти онxоpо матpаx мекунад, ки бо ниёзxои маpдyми дунё xамхонй доpад.

Шоиpи pyс Яpослав Смеляков достони «Ч,они шиpин»-pо тавсиф каpда, аз чумла менависад, ки «даp эчоди шоиpи дигаp монологи мyбоpиза баpои сyлx ва баpодаpии халкxо, ки бевосита ба завчаи шоиp нигаpонида шудааст, хеле сохта ва бофта ба назаp менамуд. Онpо xамчyн услуби адабй, xамчyн як гаpдиши yxдабаpоёна кабул каpда метавонистанд. Аммо аз зеpи калами Тypсyнзода достони хубе баpомадааст, ки як садои нщонй ва чамъиятй доpад. Ба ин достон оxанги носоз ва баpдypyг бегона аст. Ба назаpи хонанда чунин меpасад, ки y паxлyи Файз Аxмад Файзи Покистонй, Николай Тихонов, меxмони xиндй, фаpзанди Ангола ва чавонмаpди кафкозй даp гиpди мизи шоиp нишастааст ва даp коpи начиби онxо иштиpок доpад» [2, с. 112].

Дамин таpик, даp маpкази тасвиpxои худ шахсиятxоеpо каpоp додааст, ки инсондуст буда, тавони муковимат баp зулму золимиpо доpанд ва аз масиpи имон, инсоф ва адолат беpyн намеpаванд. Моxияти миллй ва инсонии амалу киpдоpи каxpамони лиpикии шоиp мyндаpичаи умумиинсонии ашъоp ва досто^ои ypо ташкил медиxанд.

«Асаpxои худи Миpзо Тypсyнзода, - навиштааст: А. Сайфуллоев ба дастypxои эчодии y пyppа мувофик мебошанд. Шоиp, ки xамеша бо xаёти халк xамкадам будан ва нисбат ба вокеаxои байналхалкй бетаpаф набyданpо мехост, бо осоpи пypмазмyн ва pангинаш анъанаxои интеpнатсионалии адабиёти классикии фоpсy точик, адабиёти pyс

ва чахониро равнаку ривоч дода, ганитар гардонд ва дар рохи иттифоку иттиход хамбастагй ва хамраъйии инсонияти тараккипарвар ва озодихохии дунё хиссаи арзанда гузошт» [5, с. 432].

Чунон ки ишора шуд микёси миллияти эчодиёти Мирзо Турсунзода махдудияте надорад. Шоир дар кадом мавзуе, ки асар эчод карда бошад, ба сарнавишти шахсиятхо ва вокеияти чахон ё хаёти кишвараш ба чашми хамабин ва нигохи одамият менигарад. Дар хифз ва интишори асолати фарханги миллй таассуб надорад, зиёда аз ин дар фаъолиятхои фархангиаш хамеша мутаваччехи ду нукта будааст: яке ин ки фарханги миллй бо дарназардошти манфиатхои дарозумри миллй омухта ва интишор дода шавад; дигар ин ки ин фарханг хамчун омили вахдат ва пайванди бештари точикон ва мардуми дунё истифода ва ба кор гирифта шавад. Аз ин назар сарнавишт ва осори гузаштагон ва устоди муосираш Айнй барои у хати мехварии имон, адолат ва хирад менамуд. Дар ин замина шоир ба хофизаи таърихии миллат такя намуда, достони «Чароги абадй»-ро навишт. Дар ин достон хофиза даври мехвари арзишхои асили миллй ва башарй мегардад, хамчун махаки вичдони инсон таъбир мешавад. Сарнавишти устод Айнй хамон меъёри ахлокиест, ки бе он бинои саодати миллат побарчо намемонад. Сарнавишти устод Айнй хофизаи зиндаест, ки аклхоро рохбарй ва шавку шури замонро ифода мекунад, ба пайванди човидонаи гузаштаю хол гувох аст.

Дар силсилаи «^иссаи Диндустон», достонхои «Ч,они ширин», «Аз Ганг то Кремл» ва гайра хофиза хусусияти фаъолиятмандии ахлоки харакати чомеа ва шахсиятхои алохидаро мегирад. Дар ин замина таърих мехвари арзёбихои ахлокиву гоявй, хикамию инсонпарварй шинохта мешавад. Таърих дар тафсири бадеии шоир хдмчун анъанаи маънавй ба шумор меояд. Беэътиборй ба таърих ё ру тофтан аз он бемасъулиятй дар назди гузаштаву ояндагон аст. Симои кахрамонони осори у дар хамин контекст назарнамоянд.

Тахкики масъалаи микёси миллияти эчодиёти Мирзо Турсунзода дар контексти адабиёти замон имкон медихад ба чунин натича расем, ки бунёди умумиинсонии осори шоир такя бар суннатхои миллй дошта, консепсияи миллй ва чахоншиносии уро муайян мекунад. Бинобар ин хам тахкики чомеъи масъалахои миллиро дар эчодиёти шоир дар бахши поён бахши поён хадаф карор додем.

Адабиёт:

1. Абдуллох М. Устод Айнй ва худогохии миллй //Садои Шарк. - 1996. - № 5-8. - С. 82-85.

2. Армугон (аз дустон ба Мирзо Турсунзода - Шоири халкии Точикистон). - Душанбе: Ирфон, 1971.

3. Ишмухаммедова З. А. Категория содержания и национальной формы духовной культуры. Учёные записки, т. 221, книга I. - Казанский государственный университет, 1961.

4. Ломидзе Г. И. В поисках нового. - Москва: Советский писател, 1963.

5. Сайфуллоев А. Мирзо Турсунзода. - Хучанд, 2004.

6. Салимов Н. Осори Мирзо Турсунзода ва тачдиди назар ба адабиёти навини точик / Суханвари мумтоз. Мачмуаи маколахо. - Хучанд: Нури маърифат, 2011.

7. Табаров С. Як сахифаи хаёти Мирзо Турсунзода / Ошёни мехр. - Душанбе: Адиб, 2011.

8. Шакурии Бухорой М. Нигохе ба адабиёти точикии садаи бист. - Душанбе, 2006.

9. Шакурии Бухорой М. Падари миллат / Мухаммадчони Шакурии Бухорой. Нигохе ба адабиёти точики садаи бист. - Душанбе, 2006.

10. Шодикулов Д. Хусусиятхои миллй ва умумиинсонии назми Турсунзода / Ч,ашнномаи Мирзо Турсунзода. - Душанбе: Ирфон, 1970.

НАЦИОНАЛЬНЫЙ АСПЕКТ И ЕЕ МАСШТАБЫ В ХУДОЖЕСТВЕННОЙ МЫСЛИ

МИРЗО ТУРСУНЗАДЕ

Автору статьи удалось вникнуть в суть вопроса и рассмотреть его путем использования конкретных примеров из стихов разных периодов творчества поэта. Творчество Мирзо Турсунзаде в контексте современной литературы позволяет нам при рассмотрении вопроса о национальных особенностях прийти к такому выводу, что общечеловеческие аспекты трудов

поэта зиждутся на национальных традициях и определяют его мировоззрение и его взгляд на национальную концепцию.

Автор в своей статье подчеркивает, что масштаб национального аспекта в творчестве Мирзо Турсунзаде не ограничен какими-либо рамками. Поэт при описании любых вопросов смотрит на судьбы персонажей и событий в мире всевидящим оком и гуманистическим взором.

Ключевые слова: Мирзо Турсунзаде, национальное самосознание, нация, национальные традиции, национальная концепция, миропонимание.

NATIONAL DIMENSIONS AND ITS SCALE IN THE ARTISTIC THOUGHT

MIRZO TURSUNZODA

The author was able to grasp the essence of the issue and examine it by using concrete examples from different periods of poems of the poet. Creativity Mirzo Tursunzade in the context of contemporary literature allows us when considering the national characteristics come to the conclusion that the universal aspects of the poet's works are based on national traditions and determine his outlook and his view of the national vision.

The author in his article emphasizes that the scope of the national aspect in the works Mirzo Tursnzade is not limited by any boundaries. Therefore, in describing any issues looking at the fate of the characters and events in the world all-seeing eye and humanistic vision.

Key words: Mirzo Tursunzade, national identity, nation, national traditions, national concept, world view.

Сведения об авторе: Эшонова Мутрибахон Асадхоновна, аспирант Института языка, литературы, востоковедения и письменного наследия имени А. Рудаки Академии наук Республики Таджикистан, e-mail: eshonovam@mail.ru

Information about the author: Eshonova Mutribakhon Asadkhonovna, post-graduate student of Institute of Language, Literature, Oriental studies and Written heritage named after A. Rudaki of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan

СУХАНЕ ЧАНД РОЧ,ЕЪ БА ВУРУДИ РОМАН БА АДАБИЁТИ УРДУ

Холов Дж. Ш.

Донишкадаи омузгории Тоцикистон дар шаури Панцакент

Насри урду бо пайдоиши жанри тозаву макбул, яъне роман ру ба инкишоф ва такомул ниход. Маълум аст, ки дар олами адаб жанри роман хеле дер арзи вучуд кардааст ва он хам пас аз жанрхои маъмули хамосавй, драмавй ва лирикавй. ^атъй назар аз ин роман хонандагону хаводорони зиёдеро дорад. Роман дар шакли имрузааш таърихи пайдоиши беш аз дусадсоларо дорад.

Бинобар ин пажухиш ва тахкики раванди инкишофи насри урду махсусан, роман барои шинохти мархилахои тахаввули наср ва хамчунин барои бозгуи бисёр чабхахои хануз торики адабиёт маводи арзишманде медихад. Дар мавриди баррасии поэтикаи роман ва пажухиши чанбахои хунарии образхо, сужет ё маводи тасвир, созмони бадей, устухонбандии накл, накши ровй ва муаллиф ва макому чойгохи тафаккур возех дида мешавад.

Пажухиши заминахои пайдоиши романи урду моро ба садсолахои пешини адабиёти урду, ба пайдоиш ва тахаввули жанрхои кисса, достон, хикоят барин шаклхои насрй мебарад. Ва дар навбати худ ин шаклхои адабй алокамандии хешро бевосита бо адабиёти точикй-форсй тахвил медиханд. Зеро кисса, достон, хикоят аз жанрхои маъмули адабиёти точикй - форсй буда, дар масири таърих садсолахо воситаи ифодаи афкори адибони форсизабон будаанд. Дар забони точикй - форсй "кисса" ва ё "достон" маънои хикоят ва ё хикояро дорад. Аммо дар мавриди истифодаи он хамчун истилохи адабй маънои силсилаи киссахоеро дорад, ки дар он кахрамонхо ва корнамоихои шоистаи онхо, мардонагй, часорат, кувваи фавкуттабий, тилисму чодуият ва дигар аносири бадей чой дорад. Ин гуна корномахо дар байни мардум хеле шухрат доранду

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.