Научная статья на тему 'НАТИЉАЊОИ САНЉИШИ НИШОНДОД ДАР ЉОЙИ ЊОДИСА АЗ РЎЙИ ПАРВАНДАИ ЉИНОЯТИИ ОДАМКУШЇ'

НАТИЉАЊОИ САНЉИШИ НИШОНДОД ДАР ЉОЙИ ЊОДИСА АЗ РЎЙИ ПАРВАНДАИ ЉИНОЯТИИ ОДАМКУШЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
натиљањо / тафтиши далелњо / љиноят / одамкушї / тактикаи тафтишотї. / результаты / проверка доказательств / преступление / убийство / следственная тактика.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Назаров А.Ќ. Nazarov A.K. Мудири Кафедраи Криминалистика Ва Фаъолияти Экспертизаи Судии Факултети Њуќуќшиносии Донишгоњи Миллии Тољикистон Доктори Илмњои Њуќуќшиносї Профессор Заведующей Кафедрой Криминалистики И Судебно-Экспертной Деятельности Юридического Факультета Таджикского Национального Университета Доктор Юридических Наук Профессор Head Of The Department Of Criminalistics And Forensic Expertise Faculty Of Law Tajik National University Doctor Of Law Professor Е-Mail Avazjonnmail.Ru, Ањмадзода М.С.

Дар маќола натиљањои санљиши нишондод дар љойи њодиса баррасї шуда, хусусиятњои тактикии пешбурди амали тафтишии мазкур муайян карда мешаванд. Алгоритми бозёфт кардан ва љамъоварї намудани объектњои ошкоршуда тањлил шуд. Дар натиљаи тањлил тавсияњо барои самараноктар гузаронидани санљиши нишондод дар љойи њодиса тањия шудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по праву , автор научной работы — Назаров А.Ќ. Nazarov A.K. Мудири Кафедраи Криминалистика Ва Фаъолияти Экспертизаи Судии Факултети Њуќуќшиносии Донишгоњи Миллии Тољикистон Доктори Илмњои Њуќуќшиносї Профессор Заведующей Кафедрой Криминалистики И Судебно-Экспертной Деятельности Юридического Факультета Таджикского Национального Университета Доктор Юридических Наук Профессор Head Of The Department Of Criminalistics And Forensic Expertise Faculty Of Law Tajik National University Doctor Of Law Professor Е-Mail Avazjonnmail.Ru, Ањмадзода М.С.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

RESULTS OF CHECKING EVIDENCE AT THE SCENE OF AN INCIDENT IN A CRIMINAL CASE OF MURDER

В статье рассматриваются результаты проверки показаний на месте происшествия, опре-деляются тактические особенности производства исследуемого следственного действия. Проанализирован алгоритм изъятия и фиксации обнаруженных объектов. В результате анализа сформулированы рекомендации по наиболее эффективному производству про-верки показаний на месте происшествия.

Текст научной работы на тему «НАТИЉАЊОИ САНЉИШИ НИШОНДОД ДАР ЉОЙИ ЊОДИСА АЗ РЎЙИ ПАРВАНДАИ ЉИНОЯТИИ ОДАМКУШЇ»

ТДУ 343.98

НАТИЧДХрИ САН^ИШИ НИШОНДОД ДАР ^ОЙИ ^ОДИСА АЗ РУЙИ ПАРВАНДАИ ^ИНОЯТИИ ОДАМКУШИ

РЕЗУЛЬТАТЫ ПРОВЕРКИ ПОКАЗАНИЙ НА МЕСТЕ ПРОИСШЕСТВИЯ ПО УГОЛОВНОМУ ДЕЛУ ОБ УБИЙСТВЕ

RESULTS OF CHECKING EVIDENCE AT THE SCENE OF AN INCIDENT IN A CRIMINAL CASE OF MURDER

НАЗАРОВ АД.

Nazarov A.K.

Мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ^уцуцшиносии Донишгоуи миллии Тоцикистон, доктори илмуои ^уцуцшиносй,

профессор

Заведующей кафедрой криминалистики и судебно-экспертной деятельности юридического факультета Таджикского национального университета, доктор юридических наук, профессор Head of the Department of Criminalistics and Forensic Expertise, Faculty of Law, Tajik National University,

Doctor of Law, Professor

Адмадзода М.С. Ahmadzoda M.S. Ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ^уцуцшиносии Донишгоуи

миллии Тоцикистон Ассистент кафедры криминалистики и судебно-экспертной деятельности юридического факультета Таджикского национального университета Assistant at the Department of Criminalistics and Forensic Expertise, Faculty of Law, Tajik National University

Ихтисоси илми: 12.00.12 - Криминалистика; фаъолияти экспертизаи суди; фаъолияти оперативй-цустуцуй (5.1.4. Илмуои циноятй-^уцуцй).

Научная специальность: 12.00.12 - Криминалистика; судебно-экспертная деятельность; оперативно-розыскная деятельность (5.1.4. Уголовно-правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.12 - Forensics; forensic activity; operational investigative activities (5.1.4. Criminal law sciences).

Тацризди^анда: ЯмокрвА З.Д. - профессори кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети хукукшиносии Донишгохи миллии Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй, дотсент.

Рецензент: ЯМАКОВА З.Д. - профессор кафедры криминалистики и судебно-экспертной деятельности юридического факультета Таджикского национального университета, кандидат юридических наук, доцент.

E-mail:

avazjonn@mail.ru

E-mail:

Muhammad 62@mail.ru

Reviewer: YAMAKOVA Z.D. - Professor of the Department of Criminalistics and Forensic Expertise, Faculty of Law, Tajik National University, Candidate of Legal Sciences, Associate Professor.

Аннотатсия: Дар мак;ола натичахои санчиши нишондод дар чойи ходиса баррасй шуда, хусусиятхои тактикии пешбурди амали тафтишии мазкур муайян карда мешаванд. Алгоритми бозёфт кардан ва чамъоварй намудани объектхои ошкоршуда тахлил шуд. Дар натичаи тахлил тавсияхо барои самараноктар гузаронидани санчиши нишондод дар чойи ходиса тахия шудаанд.

Вожауои калиди: натичахо, тафтиши далелхо, чиноят, одамкушй, тактикаи тафти-шотй.

Аннотация: В статье рассматриваются результаты проверки показаний на месте происшествия, определяются тактические особенности производства исследуемого следственного действия. Проанализирован алгоритм изъятия и фиксации обнаруженных объектов. В результате анализа сформулированы рекомендации по наиболее эффективному производству проверки показаний на месте происшествия.

Ключевые слова: результаты, проверка доказательств, преступление, убийство, следственная тактика.

Annotation. The article discusses the results of checking evidence at the scene of the incident and determines the tactical features of the investigative action under investigation. The algorithm for removing and fixing detected objects is analyzed. As a result of the analysis, recommendations were formulated for the most effective verification of evidence at the scene of an incident.

Key words: results, verification of evidence, crime, murder, investigative tactics.

Дар чараёни исботкунй мархилаи охирин, ки дар он чудо намудани далелхо ба айбдоркунанда ва сафедкунанда, инчунин бори дигар тахлил намудани дарачаи сахехияти маълумоти вок;еии дар онхо мавчудбуда баходихй ба натичахои санчиши нишондод дар чойи ходиса мебошад. Дар ин чо муайян намудани арзиш ва ахаммияти исботкунии тамоми мачмуи далелхо ё далелхои алохидаи ба ин мачмуъ дохилбуда низ мухим мебошад.

Дар ин чода В.Л Будников к;айд менамояд, ки ташаккули далелхо чараёне мебошад, ки на танхо бо додани шакли дахлдори мурофиавй ба онхо алокдманд аст, балки раванди мураккаби фаъолияти субъекти ваколатдори исботкунй доир ба чустучу, ошкор, коркард ва мустахкам кардани маълумоти вок;ей дар хуччати дахлдори мурофиавй ба хисоб меравад [3, с. 132].

Профессор Е.А. Доля дуруст кдйд менамояд, ки далелхо хамеша дар худ ягонагии мазмуни объективй (холати тачассумёфта, факт) ва шакли субъективй (дар шуури субъекти мушаххас тачассумёфта)-ро ташкил медиханд.

Мазмуни объектии далел дар алокдмандии он бо холатхое, ки аз руйи парвандаи чиноятй тахти исботкунй кдрор доранд, зохир мегардад. Шакли субъектии далел ба он асос меёбад, ки хамчун сарчашмаи он хамеша инсон (субъект) баромад мекунад, ки аз у маълумоти ба парванда дахлдор гирифта мешавад. Инчунин, олими номбурда к;айд менамояд, ки далел бояд ба ду талаботи хукукй чавобгу бошад, ки мувофикдн нисбати мазмун ва шакли он пешниход мегарданд - дахлият ва чоизият [8, с. 141]. Хдмаи ин ба натичахои санчиши нишондод дар чойи ходиса низ пурра дахл дорад.

Профессор А.В. Смирнов чунин мешуморад, ки санчиш барои баходихии далелхо шароит фарохам меорад [7, с. 247], дигар профессор Ю.К. Орлов бошад, ин мафхумхоро хамчун чараёни зехнй (баходихй) ва харакатхои амалй (санчиш) чудо менамояд [9, с. 19]. Дар хусуси баходихии далелхо хамчун фаъолияти зехнй профессор Л.Д. Кокорев низ навишта буд [6, с. 223] ва ба ин мавк;еъ

профессор А.Р. Белкин низ таваччух зохир намуда буд [1, с. 255].

Ба андешаи мо, ин олимон-муаллифон хам баходихй ва хам санчиши далелхоро мустакилона баррасй намуда, кисман ба иштибох рох медиханд. Хос будани фаъолияти зехниро ба чараёни баходихии далелхо аз тарафи субъекти ваколатдори мурофиавй эътироф карда, шубхаовар аст, ки чунин фаъолият хангоми чамъоварй ва санчиши далелхо дар у чой надошта бошад. Аммо, возех аст, ки чунин нест, зеро тамоми фаъолияти мурофиавии чинояти тахкикшаванда ба фаъолияти муттасили зехнии (фикрии) шахсе, ки дар пешбурди у парвандаи чиноятй карор дорад, асос меёбад.

Фаъолияти амалй хангоми баходихии далелхо низ чой дорад, аммо на дар он хачм ва андозае, ки барои чамъоварй ва санчиши далелхои чиноятй хос мебошад.

Дарк намудан зарур аст, ки дилхох далели алохида метавонад тамоми хосиятхои далелро дошта бошад, аммо ахаммияти хукукии кувваи хукукиро, хамчун воситаи исботкунй танхо дар лахзаи шомилшавй ба мачмуи далелхои якхела сохиб шуда метавонад.

Дар лахзаи исботкунй баходихии далелхо набояд танхо хамчун хукуки истисноии он иштирокчиёни мурофиа, ки фаъолият ва карорхои мурофиавии дар робита ба он кабулшаванда бо мачбуркунии давлатй таъмин мебошад, баррасй карда шавад. Ба монанди дигар далелхо, натичахои санчиши нишондод дар чойи ходисаи чинояти одамкушй бояд тибки коидахои умумй, ки барои хамаи далелхо мукаррар шудааст, бахо дода шаванд (м. 88 Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон -минбаъд КМЧ ЧТ).

Ин масъала ба таври муфассал аз тарафи В.И. Белоусов баррасй шуда, у чараёни баходихии натичахои санчиши нишондод дар чойи ходисаро вобаста ба чинояти одамкушй аз нуктаи назари сахехият, дахлият ва чоизият тахти тахлил карор дода буд [2, с. 118]. Чунин муносибат дар мачмуъ шубхаовар намебошад, аммо, бо баъзе андешахои ин

муаллиф дар робита ба хар яке аз ин махакхо розй шудан мушкил аст. Чунончи, ба андешаи у, сахехияти натичахо маънои онро дорад, ки натичаи дарчгардида дар хакикат чой дошт ва он ки дар холатхои мушаххас дар чараёни санчиши нишондод дар чойи ходиса вокеан ногузир мебошад. Ба назари мо, мафхуми нисбатан дакик (ва хамзамон кутох)-и сахехиятро профессор Е.А. Доля пешниход мекунад: «сахехият -мутобикати мазмуни далел ба хакикат (вокеият) мебошад» [8, с. 241]. Чунончи, натичаи санчиши нишондод дар чойи ходиса сахех дониста мешавад, агар, масалан, олоти хангоми ошкоршуда дар чинояти одамкушй дар хакикат ашёи аз гумонбаршуда дарёфтшуда маълум шавад.

Минбаъд, В.И. Белоусов дар масъалаи он, ки натичахои санчиши нишондод дар чойи ходиса танхо сахех буда метавонанд, бо нуктаи назари Г.М. Резник мутобикат мекунанд. Муаллифон нуктаи назари худро танхо бо он асоснок мекунанд, ки сарчашмахои ба даст овардани маълумот дар рафти санчиши нишондод дар чойи ходиса тахти тахлили комилан объективй бояд карор гиранд [11, с. 119].

Чунин андеша ба назари мо бахснок мебошад. Дар як катор холатхо натичахои санчиши нишондод дар чойи ходиса аз лихози сахехияти иттилооти дастрасшуда ба тахкикот ниёз дошта, гузаронидани ди-гар амалхои тафтишй, инчунин чораби-нихои оперативй-чустучуй ва ташкилиро талаб менамояд. Чунончи, хангоми санчиши нишондод дар чойи ходиса ошкор гардидани олоти содир кардани чинояти одамкушй, ки дар хусуси он шахси пурсишшаванда нишондод дода буд, ки онро пас аз содир кардани чинояти мазкур ба партовгох партофта буд, муфат-тиш дархол мустакилона муайян карда наметавонад, ки дар хакикат хамин ашё ашёи дарёфтшуда мебошад.

Бо ин максадхо бояд барои ши-нохтан ашё ба чабрдида пешниход карда шавад.

Дар натичаи чунин тахкикот, ба гайр аз тасдики ахаммияти исботкунии

натичахои санчиши нишондод дар чойи ходиса, иттилооти мухталифи дигар низ ба даст омада метавонад, аниктараш: ошкор кардани молу мулки дуздидашуда; муайян кардани вазъияти содиршавии чиноят; мукаррар намудани чабрдидагон ва шохидони каблан маълумнабуда ва f. Мусаллам аст, ки дар хусуси истифодаи бевоситаи натичахои санчиши нишондод дар чойи ходиса хамчун иттилооти ибтидой барои ба даст овардани далелхои нав дар рафти тафтиши минбаъда -кофтуков, пурсиш, шаходаткунонй, нишон додан барои шинохтан ва дигар амалхо, харф зада метавонем.

Ба андешаи А.А. Отаров, истифодаи далелхо дар шаклхои гуногун ифода меёбад: истифодаи далелхо бо максади санчиши маълумоти ибтидой ва оперативй-чустучуй, инчунин дигар далелхо; истифодаи далелхо бо максади ба даст овардани далелхои нав; истифодаи далелхо бо максади сохтани амсилаи механизми чинояти содиршуда; истифодаи далелхо - хамчун воситаи мукаррар намудани асосхои карорхои мурофиавй аз руйи парвандаи чиноятй, истифодаи далелхо бо дигар максадхое, ки ба таъиноти пешбурди судии чиноятй мухолифат намекунад [10, с. 9]. Ба назар мерасад, ки дар ин маврид сухан бештар на дар хусуси шаклхо, балки самтхои истифодабарии маълумоти исботкунй меравад. Мо чунин мешуморем, ки самтхои истифодабарии натичахои санчиши нишондод дар чойи ходиса дар рафти тафтиши минбаъда инхо буда метавонанд:

- ба даст овардани делелхои нав (масалан, мукаррар кардани шохидони каблан маълумнабуда);

- сохтани амсилаи механизми чинояти содиршуда, вазъияти содири он;

- дар ин асос пешниход намудани фарзияхои нав аз руйи парванда ва ташкили санчиши онхо;

- ташаккули асосхо барои кабули карорхои мурофиавй аз руйи парванда (чунончи, маълумоте, ки дар натичаи гузаронидани санчиши нишондоди гумонбаршуда дар чойи ходиса ба даст омадааст, масалан, хамчун яке аз асосхои

нисбати у пешбарй шудани айбнома хизмат карда метавонад).

Бо максади тахдидоти ахаммияти исботкунии санчиши нишондод дар чойи ходиса хангоми тафтиши чинояти одамкушй, баъзан пурсиши шахсони гуногун гузаронида мешавад. Дар хар сурат, тавре мушохида мегардад, гузаронидани чунин пурсишхо хамчун воситаи муассири мукаррар намудани хакикат аз руйи парванда баромад карда, ба асоси исботкунй сахми мухим мегузорад. Чунончи, дар тачриба холатхое кам нестанд, вадте ки шахсе, ки нишондоди у санчида шудааст (хамчун доида, ин гумонбаршуда ё айбдоршаванда), дар рафти мурофиаи судй арз менамояд, ки амалхо ва тавзехоти у дар рафти санчиши нишондод зери фишори чисмонй ё рухии кормандони мадомоти хифзи хукук анчом дода шудаанд. Зимнан, дар як датор холатхо чунин рафтори шахси зикршударо дар рафти тафтиши пешакй пешгуй намудан мумкин аст. Дар рафти санчиши нишондод дар чойи ходиса хангоми тафтиши чинояти одамкушй истифода гардидани сабти видеой имкон медихад, ки минбаъд дар суд пайдо шудани шубха вобаста ба сахехияти натичахои амали тафтишй пешгирй карда шавад. Дар робита ба ин, В.А. Газизов ва А.Г. Филиппов чунин мешуморанд, ки «агар санчиши нишондод дар чойи ходиса мутобиди тавсияхои криминалистика дуруст гузаронида шавад ва сабти видеоиро дар бар гирад, хамчун доида, натичахои он аз тарафи ягон кас зери шубха дарор дода шуда наметавонад» [4, с. 53].

Аз тахлили парвандахои чиноятии омухташуда бармеояд, ки бо мадсади бо маълумоти исботкунии дар рафти санчиши нишондод дар чойи ходиса гирифташаванда таъмин намудани тахдидот, дариб ки имкониятхои чорабинихои оперативй-чустучуй,

ташкилй ва дигар чорабинихо истифода бурда намешавад.

Натичахои санчиши нишондод дар чойи ходиса хангоми тафтиши чинояти одамкушй дахлдор хисобида мешаванд,

агар дар рафти гузаронидани он маълумоте ба даст омада бошад, ки барои парванда ахаммият дорад. Бояд дайд намуд, ки муфаттиш гузаронидани санчиши нишондод дар чойи ходисаро ба надша ва натичаи онро пешгуйй намуда, даблан дахлияти эхтимолии далели ояндаро муайян мекунад. Ба ибораи дигар, санчиши нишондод дар чойи ходиса эхтимолияти муайяни дахлиятро фаро мегирад, зеро муфаттиш гузаронидани санчиши нишондод дар чойи ходисаро бо мадсади ошкорнамоии холатхое, ки даблан барои парванда ахаммият надоштани онхо маълум мебошад, ба надша намегирад.

Аз тарафи дигар, дахлияти натичахои санчиши нишондод дар чойи ходиса хангоми тафтиши чинояти одамкушй, ба монанди сахехияти онхо, дар як датор холатхо танхо пас аз тахдиди онхо бо рохи гузаронидани дигар амалхои тафтишй, чорабинихои оперативй-чустучуй, ташкилй ва дигар чорабинихо мударрар шуда метавонад.

Дар адабиёт андешахое вохурда мешаванд, ки тибди онхо, баходихии чоизияти далелхо на тавассути адидаи ботинии муфаттиш, балки доидахои дар донун мударраршуда анчом дода мешавад. Аммо, м. 88 КМЧ ЧТ мафхуми баходихии далелхоро чунин шарх медихад: «Тахдидбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя донун ва дарки худудиро ба рохбарй гирифта, далелхоро бо адидаи ботинии худ, ки ба баррасии хаматарафа, пурра ва холисонаи хама холатхои парванда асос ёфтааст аз нигохи мансубият доштан, добили дабул будан, сахех будан ва кифоя будани мачмуи хамаи далелхои чамъовардашуда барои халли парвандаи чиноятй бахо медихад; далел ба парванда мансубиятдошта эътироф карда мешавад, агар аз маълумоти водеие иборат бошад, ки онхо хулосахо оид ба мавчуд будани холатхои барои парвандаи мазкур

ахаммиятдоштаро тасдид намоянд, рад кунанд ё тахти шубха гузоранд; далел добили дабул эътироф карда мешавад, агар он бо тартиби дар Кодекси мазкур пешбинишуда ба даст оварда шуда бошад;

далел сахех эътироф карда мешавад, агар дар натичаи тафтиш маълум шавад, ки он ба хакикат мувофик аст; мачмуи далелхо барои халли парвандаи чиноятй кофй эътироф карда мешавад, агар далелхои ба парванда мансубиятдошта ва кобили кабуле чамъоварй шуда бошанд, ки хакикатро оид ба хама ва хар як холате, ки бояд бо парвандаи мазкур исбот карда шаванд, бе бахс муайян намоянд; ягон далел барои тахкикбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя кувваи пешакй мукарраршударо доро нест» [5].

Дар ин маврид, П.Е. Кондратов дуруст кайд менамояд, ки «баходихии далелхо тибки акидаи ботинй маънои онро надорад, ки муфаттиш, тахкикбаранда, прокурор ва суд дар масъалаи бо маводди парванда исбот шудан ё нашудани ин ё он холатхои барои халли парванда ахаммиятдошта дар хулосахои худ комилан озоданд: дар хар сурат, онхо ухдадоранд он мукаррароти конунро, ки тартиби гирифтан [7, с.147], кайд намудан, санчиш кардан ва бахо додани далелхоро муайян менамоянд, ба рохбарй гиранд» [8, с. 241]. Дамин тавр, акидаи ботинй ва риояи катъии талаботи конун хамчун ду чанбаи як фаъолият -баходихии далелхо - дар робитаи зич карор доранд.

Дар навбати аввал, санчиши нишондод дар чойи ходиса хангоми тафтиши чинояти одамкушй бояд бо риояи мукаррарроте, ки дар м. 207 КМЧ ЧТ, инчунин, м.м. 46-49, 56-60, 85 КМЧ ЧТ мустахкам шудаанд, гузаронида шавад. Мутаассифона, дар тачриба холатхое вохурда мешаванд, ки ин талаботи мухимтарин аз чониби макомоти тафтиш риоя карда намешаванд.

Хдмин тавр, дар ин чо мо вазъиятеро мушохида карда метавонем, ки дар он ба мухиммияти маълумоти дастрасшаванда нисбат ба конунй будани дастраскунии он бартарй дода шудааст. Дар хакикат, муфаттиш тавонистааст, ки манзараи дакики ходисаи баамаломадаро баркарор кунад: дар рафти гузаронидани санчиши нишондод дар чойи ходиса маълумоти зиёди аёнй ба даст оварда шудааст. Еайр аз он, хангоми санчиши нишондод дар

чойи ходиса хангоми тафтиши чинояти одамкушй дар бешазор дарафше ошкор карда шуд, ки бо он ба чабрдида зарба зада шудааст. Вале, холатхои зикршуда, албатта, барои эътироф кардани далелхое, ки бо рохи вайрон кардани конун ба даст оварда шудаанд, сабаб шуда наметавонанд.

Тахкикот нишон дод, ки дар тачриба дар бештари холатхо (89%) натичахои санчиши нишондод дар чойи ходиса танхо дар хуччатхои нихой аз руйи парванда инъикос меёбанд ва онхо дар якчоягй бо дигар далелхо танхо барои асоснок кардани айбдории шахс ё ин ки барои тасдик намудани холати аз тарафи шахс содир шудани кирдори ба чамъият хавфнок (хангоми барои халли масъалаи кабули чорахои мачбурсозии дорои хусусияти тиббй ба суд ирсол кардани парвандаи чиноятй) истифода бурда мешаванд. Зимнан, дар бештари мавридхо дар хулоса ва хукми айбдорй ишора ба

холати гузаронида шудани санчиши нишондод дар чойи ходиса ба таври мухтасар - бо рохи дар номгуйи умумии далелхо ёдовар шудани он ва бидуни зикр кардани ахаммияти мушаххаси натичахои ин амали тафтишй барои парванда, пешбинй карда мешавад.

Дар баробари ин, аз шумораи умумии парвандахои тахлилгардида дар хар як парвандаи дахум натичахои санчиши нишондод дар чойи ходиса дар маводди парвандаи чиноятй умуман инъикос наёфтаанд. Ин бори дигар аз он гувохй медихад, ки ба чунин амали мухимми тафтишй, ба монанди санчиши нишондод дар чойи ходиса, хангоми тафтиши чиноятхо таваччухи кофй зохир намегардад ва бинобар ин, тахия ва чорй намудани тавсияхои дахлдори методй доир ба омодагй ва гузаронидани он, ки ба шароитхои муосири амалияи тафтишй чавобгу мебошанд, зарур дониста мешавад.

Адабиёти истифодашуда

1. Белкин, А.Р. Теория доказывания в уголовном судопроизводстве: монография / А.Р. Белкин. - М.: Норма, 2005. - 528 с.

2. Белоусов, В.И. Проверка показаний на месте в ходе предварительного следствия: научно-практическое пособие / В.И. Белоусов, А.И. Натура. - М.: Юрлитинформ, 2006. - 144 c.

3. Будников, В.Л. Показания в уголовном судопроизводстве: пособие для специалистов / В.Л. Будников. - М.: Юрлитинформ, 2009. - 138 с.

4. Газизов, В.А., Филиппов, А.Г. Видеозапись и ее использование при раскрытии и расследовании преступлений: учебное пособие / В.А. Газизов, А.Г. Филиппов. - М.: Щит-М, 1998. -135 с.

5. Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон аз 03 декабри с. 2009, № 564 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2009, № 12, мод. 815, мод. 816 (^онунхои ЧТ аз 2.01.2019 с., № 1556, аз 20.04.2021 № 1777.

6. Кокорев, Л.Д., Кузнецов, Н.П. Уголовный процесс: доказывание и доказательства / Л.Д. Кокорев, Н.П. Кузнецов. - Воронеж: Воронежский университет, 1995. - 268 с.

7. Комментарий к Уголовно-процессуальному кодексу Российской Федерации (постатейный) / Отв. ред. ИЛ. Петрухин. - 6-е изд., перераб. и доп. - М.: TK Велби, Изд-во Проспект, 2008. - 735 с.

8. Научно-практический комментарий к Уголовно-процессуальному кодексу Российской Федерации / Под общ. ред. В.М. Лебедева; науч. ред. В.П. Божьев. - 3-е изд. - М.: Юрайт-Издат, 2007. - 1190 с.

9. Орлов, Ю.К. Основы теории доказательств в уголовном процессе: научно-практическое пособие / Ю.К. Орлов. - М., 2000. - 138 с.

10. Отаров, Л.Л. Использование доказательств в процессуальных решениях по уголовным делам: автореф. дис. ... канд. юрид. наук: 12.00.09 / Алим Арсенович Отаров. - Ростов-на-Дону, 2007. - 29 с.

11. Резник, Г.М. Внутреннее убеждение при оценке доказательств / Г.М. Резник. - М.: Юридическая литература, 1977. - 118 с.

References

1. Belkin, A.R. Theory of evidence in criminal proceedings: monograph / A.R. Belkin. - M.: Norma, 2005. - 528 p.

2. Belousov, V.I. Verification of testimony on the spot during the preliminary investigation: scientific and practical guide / V.I. Belousov, A.I. Nature. - M.: Yurlitinform, 2006. - 144 p.

3. Budnikov, V.L. Testimony in criminal proceedings: a manual for specialists / V.L. Budnikov. -M.: Yurlitinform, 2009. - 138 p.

4. Gazizov, V.A., Filippov, A.G. Video recording and its use in solving and investigating crimes: a textbook / V.A. Gazizov, A.G. Filippov. - M.: Shield-M, 1998. - 135 p.

5. The Criminal Procedure Code of the Republic of Tajikistan dated December 3, p. 2009, No. 564 // News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan, p. 2009, No. 12, art. 815, art. 816 (Laws of the Republic of Tajikistan from January 2, 2019, No. 1556, from April 20, 2021, No. 1777.

6. Kokorev, L.D., Kuznetsov, N.P. Criminal process: proof and evidence / L.D. Kokorev, N.P. Kuznetsov. - Voronezh: Voronezh University, 1995. - 268 p.

7. Commentary on the Criminal Procedure Code of the Russian Federation (article-by-article) / Rep. ed. IL. Petrukhin. - 6th ed., revised. and additional - M.: TK Welby, Prospekt Publishing House, 2008. - 735 p.

8. Scientific and practical commentary on the Criminal Procedure Code of the Russian Federation / Under the general. ed. V.M. Lebedeva; scientific ed. V.P. Bozhev. - 3rd ed. - M.: Yurayt-Izdat, 2007. -1190 p.

9. Orlov, Yu.K. Fundamentals of the theory of evidence in criminal proceedings: scientific and practical guide / Yu.K. Orlov. - M., 2000. - 138 p.

10. Otarov, L.L. The use of evidence in procedural decisions in criminal cases: abstract. dis. ...cand. legal Sciences: 12.00.09 / Alim Arsenovich Otarov. - Rostov-on-Don, 2007. - 29 p.

11. Reznik, G.M. Inner conviction when assessing evidence / G.M. Reznik. - M.: Legal literature, 1977. - 118 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.