Научная статья на тему 'НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АМАЛӢ НАМУДАНИ СИЁСАТИ ЗАБОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН'

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АМАЛӢ НАМУДАНИ СИЁСАТИ ЗАБОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
забон / таърихи забон / сиёсати забон / Эмомалӣ Раҳмон / забони адабиёт / илм / сиёсат / фарҳанг / матбуот / забони расмӣ-коргузорӣ / язык / история языка / языковая политика / Эмомали Рахмон / язык литературы / наука / политика / культура / пресса / официальный делопроизводственный язык

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Ҷамолов Сўҳроб Нуриддинович

Мақола саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳифзу такомули забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиќлолӣ баррасӣ менамояд. Сайри иҷмолии таърихии такомули забони тоҷикӣ анҷом ёфта, дар хусуси пойдории забони тоҷикӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърих мулоҳиза баён мешавад. Қайд мешавад, ки тавассути сиёсати давлатии забон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тадқиқи таърихи забони тоҷикӣ кўшиш намуда, китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро навишта, ҳамзамон барои таҳриру таҷдиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва қабули он замина мегузорад. Ҳамзамон, соли 2008-ро дар миқёси ҷумҳурӣ «Соли гиромидошти забони тоҷикӣ» эълон намуда, барои татбиқи ҳамаҷонибаи забони давлатию меъёр дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Муаллиф ин ҷанбаи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тадқиқ намуда, ба ин хулоса мерасад, ки ӯ барои эҳёи забони тоҷикӣ ва ҳифзи асолати он ба василаи асару мақолаҳо, гузоришу суханрониҳо ва Паёмҳои анъанавии худ хидматҳои мондагор намудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

РОЛЬ ЛИДЕРА НАЦИИ ЭМОМАЛИ РАХМОНА В РЕАЛИЗАЦИИ ЯЗЫКОВОЙ ПОЛИТИКИ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН

Рассматривается вклад Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в сохранение и развитие таджикского языка в период независимости. Сделан исторический обзор развития таджикского языка, и высказано мнение об устойчивости таджикского языка на разных этапах истории. Отмечается, что посредством государственной языковой политики Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон сам попытался исследовать историю таджикского языка, написал двухтомную книгу «Язык нации – сущность нации», и именно в период независимости одновременно отредактирован и пересмотрен Закон Республики Таджикистан «О государственном языке», принятие которого закладывает основу для более глубоких исследований в области языка. При этом он объявил 2008 год «Годом чествования таджикского языка» в республиканском масштабе и принял практические меры по всестороннему внедрению государственного языка и стандартов во все сферы общественной жизни. Автор, исследуя этот аспект деятельности Президента Республики Таджикистан, пришел к выводу, что он через свои произведения, статьи, доклады, выступления и Послания прилагает неустанные усилия по возрождению таджикского языка и защите его самобытности.

Текст научной работы на тему «НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР АМАЛӢ НАМУДАНИ СИЁСАТИ ЗАБОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

ТДУ 94(575)

DOI:10.51844-2077-4990-2023-4-34-41

НАЦШИ ПЕШВОИ Цамолов Сугроб Нуриддинович, унвонцуи МИЛЛАТЭМОМАЛЙРАХМОН кафедраи таърихи халци тоцики ДДХБСТ ДАР АМАЛЙ НАМУДАНИ (Тоцикистон, Хуцанд) СИЁСАТИ ЗАБОН ДАР цумхурии ТОЦИКИСТОН РОЛЬ ЛИДЕРА НАЦИИ ЭМОМАЛИ Джамолов Сухроб Нуриддинович, соискатель РАХМОНА В РЕАЛИЗАЦИИ ЯЗЫКОВОЙ кафедры истории таджикского народа ПОЛИТИКИ В РЕСПУБЛИКЕ ТГУПБП (Таджикистан, Худжанд) ТАДЖИКИСТАН

THE ROLE OF THE LEADER OF THE Jamolov Suhrob Nuriddinovich, research worker of NATION EMOMALI RAHMAN IN THE the Tajik history department, Tajik state IMPLEMENTATION OF LANGUA GE university of Law, Business and Policy (Tajikistan, POLICY IN THE REPUBLIC OF Khujand),Е-mail: jamolov_s@mail.ru TAJIKISTAN

Вожа^ои калиди: забон, таърихи забон, сиёсати забон, Эмомалй Раумон, забони адабиёт, илм, сиёсат, фаруанг, матбуот, забони расмй-коргузорй

Мацола сауми Президенти Чумуурии Тоцикистон Эмомалй Раумонро дар уифзу такомули забони тоцикй дар замони соуибистицлолй баррасй менамояд. Сайри ицмолии таърихии такомули забони тоцикй анцом ёфта, дар хусуси пойдории забони тоцикй дар маруилауои гуногуни таърих мулоуиза баён мешавад. Цайд мешавад, ки тавассути сиёсати давлатии забон Президенти Тоцикистон Эмомалй Раумон барои тадцици таърихи забони тоцикй кушиш намуда, китоби дуцилдаи «Забони миллат - уастии миллат»-ро навишта, уамзамон барои тауриру тацдиди Конуни Чумуурии Тоцикистон ««Дар бораи забони давлатй» ва цабули он замина мегузорад. Хамзамон, соли 2008-ро дар мицёси цумуурй ««Соли гиромидошти забони тоцикй» эълон намуда, барои татбици уамацонибаи забони давлатию меъёр дар тамоми соуауои уаёти цамъиятй тадбируои амалй меандешад. Муаллиф ин цанбаи фаъолияти Президенти Чумуурии Тоцикистонро тадциц намуда, ба ин хулоса мерасад, ки у барои эуёи забони тоцикй ва уифзи асолати он ба василаи асару мацолауо, гузоришу суханрониуо ва Паёмуои анъанавии худ хидматуои мондагор намудааст.

Ключевые слова: язык, история языка, языковая политика, Эмомали Рахмон, язык литературы, наука, политика, культура, пресса, официальный делопроизводственный язык

Рассматривается вклад Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в сохранение и развитие таджикского языка в период независимости. Сделан исторический обзор развития таджикского языка, и высказано мнение об устойчивости таджикского языка на разных этапах истории. Отмечается, что посредством государственной языковой политики Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон сам попытался исследовать историю таджикского языка, написал двухтомную книгу ««Язык нации - сущность нации», и именно в период независимости одновременно отредактирован и пересмотрен Закон Республики Таджикистан «О государственном языке», принятие которого закладывает основу для более глубоких исследований в области языка. При этом он объявил 2008 год «Годом чествования таджикского языка» в республиканском масштабе и принял практические меры по всестороннему внедрению государственного языка и стандартов во все сферы общественной жизни. Автор, исследуя этот аспект деятельности Президента Республики Таджикистан, пришел к выводу, что он через свои произведения, статьи, доклады, выступления и Послания прилагает неустанные усилия по возрождению таджикского языка и защите его самобытности.

Key words: language, history of language, language policy, Emomali Rahmon, language of literature, science, politics, culture, press, state language

The article is devoted to the study of historical excursion into the development of the Tajik language, and the author of the article for the first time reflects on the stability of the Tajik language at different stages of history.He draws attention to the main topic, the contribution of the Founder of peace and national harmony - the Leader of the nation, the President of the Republic of Tajikistan, respected Emomali Rahmon, in the preservation and improvement of the Tajik language during the period of independence. From the content of this article it follows that through the state language policy, the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon himself tried to research the history of the Tajik language, wrote a two-volume book "The language of the nation - the essence of the nation", and it was during the period of independence that the Law of the Republic of Tajikistan "On the State Language "

was simultaneously edited and revised ", and its acceptance lays the foundation. At the same time, he declared 2008 the "Year of Honoring the Tajik Language" on a republican scale and took practical measures for the comprehensive implementation of the state language and standards in all spheres of public life. The author studied this aspect of the activities of the President of the Republic of Tajikistan and came to the conclusion that the Head of the new independent state, through his works, articles, reports, speeches and messages, is making tireless efforts to revive the Tajik language and protect its identity.

Аз рузи пайдоиши инсоният ва аз замони ташаккулу тахдввули халку миллатхои гуногуни олам то ба ин дам забон рукни асосии хувияти халкхову давлатхои чудогона ба шумор меравад. Бидуни забони давлативу меъёр ва дорои конуниятхои мукаммали фонетикиву лексикй ва морфологиву синтаксисй, ва бе коидахои татбикшудаву тачрибагардидаи сарфию нахвии забони миллй ягон миллат вучуд дошта наметавонад. Забони давлатй, расмй ва меъёр дар хама давру замон забони адабиёт, илм, сиёсат, фарханг ва коргузорй махсуб меёбад. Агар дар мархалахои нахустини ташаккули худ забонхо хамчун омили муоширати оилахои чудогона, гуруххои этникй ва кавму кабилахо ба кор меомаданд, бо рушди тафаккури башарият, таъсиси давлатхои чудогона ва фархангхо забон ба унвони василаи робитаву хамбастагй ва гуфтугуи тамаддунхои оламшумул шинохта шуд. Забони форсии точикй, ки яке аз забонхои кадими олам дониста мешавад, тули садсолахо забони давлатии хонадонхову империяхои бузург, монанди Подшохии Бохтари кадим, Сугди ^адим, Хоразми Бузург, Порсу давлати Мод, Хдхоманишиён, Юнону Бохтар, Ашкониён, Кушониён, Сосониён, Тохириён, Саффориён, Сомониён, Газнавиён, Салчукиён, ^арохониён, Хоразмшохиён, Темуриён, Шайбониён, Темуриёни Х,инд ё Бобуриёни Х,инд, Аштархониён, Мангитиён ва даххо хонадонхои сиёсии хурди Табаристон, Гуристон, Оли Буя, Оли Зиёр, Оли Музаффар, Оли Микол ва гайра ба шумор мерафт.

Забони точикй забонест, ки тавассути он хдзорон хдзор китоб доир ба тиб, нучум, риёзиёт, хандаса, чугрофия, табииёт, фалсафа, хикмат, мантик, таърих, адабиёт, санъат, сиёсат ва дигар сохахои дониш аз чониби олимону донишмандон, хакимону файласуфон, шоирону нависандагон, фархангнигорону тазкиранигорон, чугрофидонону таърихнигорон ва сиёсатмадорону амирону вазирон таълиф шуда, ин мероси гаронмоя хамчун бехтарин сарчашмахои хаттй барои рушди илму тамаддуни халкхои гуногуни олам хидмат карда меояд.

Бо назардошти хдмин арзиши кдмату волои таърихй дар мархалаи сохибистиклолии Ч,умхурии Точикистон масъалаи расман аз чониби давлат пуштибонй, химоят ва такомули омузишу татбики забони давлатии точикй ба миён гузошта шуда, дар сарогози ин ибтикорот Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ч,умх,урии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон карор доранд. Ин сиёсатмадори фарзонаву дурандеш хануз соли 1992 дар минбари Ичлосияи таърихии XVI Шурои Олии Точикистон изхор намуданд, ки такдири давлату миллат дар пойдориву бакои забон буда, дар навбати худ, такягоху нигахбони забон давлат аст [5].

Аз вазъи сиёсии кишварамон маълум буд, ки баробари нестии сар задани бухрони сиёсиву иктисодй, хавфи аз байн рафтани давлати тозаистиклоли Точикистон хатари аз миён рафтани забон хам пеш омадааст. Шояд хамин холатро ба инобат гирифта, адабиётшиносу забоншиноси номвар, академик Мухаммадчон Шакуров дар маколаи худ тахти унвони «Начоти мо аз давлати миллист» (25.06.1992) ба нашр расида буд, бо дили пурумед ба фардои дурахшони милат гуфта буданд: «...мумкин аст шахсияти барчастае пайдо шавад, ки умдатарин эхтиёчоти миллиро амикан дарк намуда, тибки онхо бо чиддияту катъияти тамом амал намояд ва давлати иктидорманди адолатбунёде барпо кунад. Он гох миллат аз руйи амалиёту назариёти вай манфиатхои худро амиктар дарк мекунад ва уро дастгирй карда, бо у идеали миллиро чомаи амал мепушонад...» [18].

Орзуву омоли на танхо зиёиёни кишвар, балки кулли сокинони мамлакат хамин буд, ки давлату миллат ва забон рахнамову саробоне ёбанд. Ба бахти халку миллат аввалин Президенти бо тарики раъйпурсии умумихалкй интихобшуда, мухтарам Эмомалй Рахмон рохи бунёди давлати демократй, хукукбунёд ва дунявиро пеша карда, заминахои эхёи ойини давлатдорй ва шароити тахкими забони давлатиро ба вучуд оварданд. Пешбурди сиёсати давлатй ва талош барои муаррифй кардани Точикистон хамчун кишвари сохибихтиёр ба ин натичаи судманд расонид, ки Президенти кишвар шарафи суханронй дар балантарин минбархои чахониро дарёфта, паёми халки точикро бо забони точикон ба чахониён расониданд. Аз чумла, нахустин маротиба Эмомалй Рахмон аз номи Точикистони сохибихтиёр 29-уми сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Милали Муттахид бо забони точикй

35

оид ба дахшатхои чанги дохилй, баргардонидани гурезахо ва накши Созмони Милали Муттахид дар халли мунокишоти Точикистон муфассал суханронй намуданд [17,с.5].

Ин суханронй боз маънои онро дошт, ки забони Рудакию Фирдавсй, Синову Берунй, Носири Хусраву Умари Хайём, Саъдию Мавлоно, Х,офизу Камол, Ч,омию Ахмади Дониш, Айнию Турсунзода ва хазорон бузургмарди точик пойдору устувор аст ва точикон сохиби забону фарханги чахонгир мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки бо рохбарии Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар чумхурй сиёсати забон ташаккул ёфт. Масъалаи забон хамеша ба як чузъи мухимми давлатдорй табдил ёфта, барои пешбурди он силсилаи конуну карорхо, барномахо андешида шуда, фаъолияти кумитаи алохида ва якчанд комиссияву гурухии кориву назоратй ташкил карда шуданд. Масалан, соли 1995 бо ^арори Х,укумати Ч,умхурии Точикистон аз 31-уми октябри Комиссияи татбики ^онуни забон дар назди Х,укумати Ч,умхурии Точикистон таъсис ёфт. 21-уми октябри соли 1997 Барномаи давлатии Ч,умхурии Точикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатй ва забонхои дигари каламрави Чумхурии Точикистон кабул гардид. 3-юми сентябри соли 1998 бо карори Х,укумати Ч,умхурии Точикистон Имлои нави забони точикй тасдик шуд.

Асосхои тахкики забони давлатй доимо мавриди таваччухи Рохбари мамлакат карор гирифта, пайваста дар суханронихо, мулокоту вохурихо, маколаву асархо ва Паёмхои анъанавии ин Сарвари хирадманд омузиши минбаъдаи ин мавзуи мехварй баррасй мегардад. Чунончи, 20-уми марти соли 2007 дар мулокот бо зиёиёни кишвар пешниход намуданд, ки номгузории асили миллй эхё гардида, «Фарханги забони точикй» ва «^омуси миллй» тахия гарданд. Зеро ин тадбирхо дар мисоли тачдиди нашри лугату донишномахо барои баланд бардоштани худогохй ва худшиносии миллй, таъмини вахдати миллй ва чомеаи демократй накши халкунанда доранд.

Президенти мамлакат 21 -уми июли соли 2007 дар чамъомади бошукухи идона ба истикболи 18-умин солгарди макоми давлатй пайдо кардани забони точикй суханронй намуда, бурду бохти амалишавии ^онуни забони давлатиро тахлил карданд. Аз чумла, ёдрас гардид, ки махз забони точикй, хосатан макоми давлатиро гирифтани он моро беш аз пеш ба тахкими истиклолияти давлатй, худшиносиву худогохй ва ифтихори миллй рахнамун менамояд. Ба андешаи Эмомалй Рахмон забони миллй мухимтарин рамзи истиклолияти сиёсй ва истиклоли давлатй, омили вокеии эхё ва такомули забони миллй мебошад [7,с.38].

Рохбарияти олии мамлакат талош бар он дорад, ки сиёсати давлатии забонро сол аз сол неруманду муассир гардонад. Тадбири дар соли 2008 чашн гирифтани 1150-солагии Одамушшуаро Абуабдуллохи Рудакй ва ин солро соли гиромидошти забони точикй эълон намудан раванди таквияти татбики забонро бамаротиб кувват бахшид. Президенти мамлакат ба ин муносибат дар суханронии худ иброз намуданд: «Имруз замоне фаро расидааст, ки забони точикй хамчун забони давлатй бояд чавобгуи ниёзхои чомеа ва даврони муосири муносибатхои чамъиятй бошад ва тамоми тахаввулоти сиёсиву иктисодй ва ичтимоиву фархангии чомеаро дар худ инъикос намояд» [8].

Махз дар хамин чамъомад Эмомалй Рахмон пешниход карданд, ки барои хифзи забон ва баланд бардоштани хисси ифтихору эхтироми мардум ба забони модарии хеш, соли 2008 «Соли забони точикй» эълон гардида, якчоя бо чашни 1150-солагии Одамушшуаро Абуабдуллохи Рудакй тачлил карда шавад [8].

Ин икдомхо боис шуданд, ки масъалахои хифзи миллат, хифзи истиклоли фархангй, забони миллй ва бунёди маънавии хасти миллат ахамият пайдо карданд.

Дастоварди дигаре, ки дар замони сохибистиклолй ба сиёсати давлатии забон пайванд мегирад, ин тачдиди ^онуни давлатии Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи забони давлатй» мебошад. Х,арчанд конуне, ки 22-юми июли соли 1989 кабулгардида вазифаи таърихии хешро ба субут расонид, аммо дар замони сохибистиклолй зарурати бозбиниву тахрири мукаммали он ба миён омада буд. Аз ин ру, бо максади ба такозои даврони Истиклолияти давлатй мутобик намудани конуни мазкур ин тадбир аз чониби Сарвари давлат, мухтарам Эмомалй Рахмон ба миён гузошта шуд. Профессор А.Хдсанзода дар маколаи худ «Рукни асосии маънавиёти миллат» мундарича ва пахлухои асосии ду тахрири ин конунро баррасй намудааст [13].

Чи хеле ки гуфтем, Президенти кишвар зарурати кабули конуни нави забонро ба миён гузошта, зарурати пешниходи лоихаи навро зарур дониста, хадаф ва максади кабули онро низ ба таври возех нишон доданд: «Ин санади хукукй, ки дар замони шуравй бо дарназардошти вокеияти сиёсии он давра тахия шуда буд, имруз ба ниёзхои чомеаи мо пурра чавобгу нест ва кайхост, ки зарурати пешниходи лоихаи нави он ба миён омадааст...» [15].

Махз бо ташаббуси Сарвари давлатамон ^онуни нави Чумхурии Точикистон «Дар бораи забони давлатии Ч,умх,урии Точикистон» бо карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Ч,умх,урии Точикистон аз 1-уми октябри соли 2009, №1395 ва дар асоси карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Ч,умхурии Точикистон аз 3-юми октябри соли 2009, №687 кабул гардид. ^онуни мазкур аз чониби Президенти Ч,умх,урии Точикистон Эмомалй Рахмон 5-уми октябри соли 2009, тахти № 553 тасдик гаштааст.

Рохбари давлат 4-уми октябри соли 2011 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнй ба истикболи Рузи забони давлатии Ч,умх,урии Точикистон сухан ронда, таъкид карданд, ки риояи коидаю меъёрхо ва имлои забони давлатй, бахусус барои кормандони матбуоти даврй, радио, телевизион, массисахои табъу нашр, омузгорону парасторони муассисахои таълимй ва томактабй, падару модарон хатмист. Сарвари давлат бо зикри супоришхои ичрошудаи худ доир ба тахияи «Барномаи рушди забони давлатии Точикистон барои солхои 2012-2016», «^оидахои имлои забони точикй» ва «Фарханги имлои забони точикй» дар назди сохторхои масъули давлатй вазифахои нав гузоштанд. Аз чумла, супориш доданд, ки барои нашри «Фарханги имлои забони точикй» маблаги зарурй чудо карда шавад

[4].

Дар ин чамъомади тантанави дар мавриди фарохам овардани шароит (хосатан дар дехот) бахри омузиши забонхои хоричй, пеш аз хама англисиву русй дастуру супоришхо дода шуд. Дар суханронии Сарвари давлат масъалаи номгузорй низ иброз гардид. Бар хилофи ^онун забони давлатй навишта шудани навиштачоти рекламаи ороиши берунй ва дигар лавхаю овезахо алохида таъкид гардид. Дар баъзе муассисаву ташкилот, номи кучахо ва гайра холатхои номгузорй ба забонхои хоричй хануз чой доштанд. Таъкид карда шуд, ки «номгузорй ба забонхои хоричй беэхтиромй ба арзишхои миллй, истиклолият ва худшиносии миллй мебошад». Аз ин лихоз ба масъулони Х,окимияти давлати супориш дода шуд, ки сабти номгузории ташкилоту муассисахо ва сохибкорони инфиродиро ба забони давлатй ба танзим дароранд. Номхо бояд бо дарназардошти манфиатхои милли кишвар чавобгуи меъёрхо ва мукаррароти конунгузории Ч,умхурии Точикистон бошанд. Дар мавриди ба рох мондани омузиши илмии номхои чугрофии кишварамон назди Академияи илмхои Ч,умхурии Точикистон вазифахои мушаххас гузошта шуд.

Хднгоми вохурй бо зиёиёни кишвар соли 2018 мухтарам Эмомалй Рахмон таъкид карданд, ки дар Точикистон конунан номи забони давлатй «забони точикй» эълон шудааст. «Мо бояд мафхумхои «миллати точик», «забони точикй», «таърихи точикон», «фарханги точикй» ва «адабиёти точикй» - ро баробари номи мукаддаси Точикистон, модари хеш ва мисли чони худ дуст дорем ва онхоро бо ифтихор ба забон оварем» [6].

Аз гуфтахои боло хулоса кардан мумкин аст, ки дар Ч,умхурии Точикистон ташаббускори раванди сиёсию фархангй дар масоили забон Президенти кишвар Эмомалй Рахмон ба шумор мераванд. Мохият ва мухимтарин масъалахои сиёсати забон дар гузориш ва баромадхои Сарвари давлат, аз чумла китобхои «Точикон дар оинаи таърих», «Нигохе ба таърих ва тамаддуни ориёй», «Ориёихо ва шинохти тамаддуни ориёй» ва «Забони миллат - хастии миллат» (чилдхои 1 ва 2) иброз гаштаанд.

Асари бунёдии Сарвари давлат «Забони миллат - хастии миллат» тадкикоти мархилавие гардид, ки ба бисёр муаммохои бахснок ва халталаби амалкарди забони точикй ва таърихи тахаввули он рушанй андохт [1].

Бояд кайд намуд,ки мавкеи устувори Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон бобати сарпарастй аз забони давлатй ва рохнамой дар рушду густариши он, пеш аз хама, дар таълифоти эшон возеху равшан ифода ёфтаанд. Хосатан, китоби Эмомалй Рахмон «Забони миллат - хастии миллат»-ро метавон мархалаи тозаи хидмат дар сохаи забон шуморид. Муаллиф дар асоси тахлили зиёда аз чахорсад сарчашмаи илмии ватаниву хоричй кушидааст, ки ба печидатарин масъалахои бахсноки даврахои кадим ва миёнаи забони точикй равшанй андозад. Аз он чумла, андешахои мухталиф оид ба даврабандии таърихи забони точикй, ташрехи забонхои хиндуаврупой, хиндуэронй, умумиэронй ва мафхумхи «ориёй» дар ин росто, муколамаи афкор дар хусуси истилохи «точик» ва шархи сарехи он, макоми забони точикй чун забони байналмилай, тамоюли таъсирпазирии забонхо ба хамдигар ва монанди инхо барои доираи васеи мутолиакунандагон, бахусус забоншиносон чун маводи муътамад хидмат менамояд [11].

Бояд зикр намуд, ки Президенти кишвар мухтарам Эмомалй Рахмон дар китоби худ «Забони миллат - хастии миллат» ба хусну кубхи забон таваччух намуда, баъзе вожахои бостониро бо

кaлимaвy ибоpaхои мaвpиди иcтифодaи имpyзa мyкоиca нaмyдaaнд вa пaйвaнди ин ду мapхилapо нишон додaaнд. Аз чyмлa иброз мегapдaд, ки ниёгони мо бapои рушди зaбон фидокорй нaмyдa, осори гapонбaхое бa мо гyзоштaaнд. Дap дaвpaи X,aхомaнишихо, Kyшониён, Сосониён, Сaффоpиён, бaхycyc Сомониён зaбон гaнимaнд гapдидa, дap тaмои кaлaмpaи ин кишвapхо гycтapиш ёфтa буд. Бa тaъкиди Пешвои миллaт, зaбони мо тули тaъpих хaмешa пaйвaндгap вa омили вaхдaти мapдyми оpиётaбоp вa хдтто кдвмхои дигap буд.

Дap китоб тaъкид мешaвaд, ки бapои дapки бештapи мохияти зaбон чихaти рушди фapхaнгy aдaби хaлк фaъолияти илмию aдaбии шaхcиятхои мaъpyфи caдaхои хдшт вa бaъд мaвpиди тaxкик кдрор гиpифтaacт. ^йд мегapдaд, ки бapои омузиши фapхaнг, тaъpих, aдaб вa дигap cохaхои илм зaбон бояд capчaшмaи мухим бошaд [3].

Acapи мaзкyp бapобapи инъикоси тaъpихи хифзи Baтaн вa мyкaддacоти миллиaмон aз чониби ниёгон, шебу фapозхои он дap мacиpи зухуру гycтapиш вa зapфияти фapохy фapогиpи зaбони точикй capшоpи мyхaббaти caмимии мyaллиф бa зaбон вa сохибони он мебошaд. Мyaллиф тaъкид нaмyдaaнд, ки тaнхо зaбон acт, ки дap хaмa дaвpy зaмон тaъpихи вокей вa ростини миллaтpо дap хофизaи худ нигох медоpaд. Acapи мaзкyp бузурггарин capчaшмaхои тaъpихию тaмaддyни точиконро фapо мегиpaд вa бо acоcнокии илмй исбот кapдa шyдaacт, ки зaмоне иcтифодaи ин ё он зaбон дap ягон cохa ё pиштa мaхдyд мешaвaд, хaмон дaм ин вaзъият дap тaкомyли он тaъcиp pacондa, дap хaмон pиштa чойи онро зaбони дигap ишгол метамояд. Бинобap ин Сapвapи дaвлaт пaйвacтa омузиши дурри гapонбaхои миллaтpо бо ин зaбони ноб тaъкид доштa, риояи меъёр вa поку бегaзaнд мaхфyз доштaни зaбони дaвлaтиpо вaзифaи чонии шaхpвaнди бaоpy номус мехиcобaнд вa бегaзaнд бa дacти тасли ояндa бa мерос мондaни ин apзиши миллиро тaъкид медоpaнд. Интиколи тaчpибa вa донишхои ниёгонро бa воcитaи зaбон acоcи бaкои миллaт, рушду тaкомyли чомеa, илму фapхaнг вa мaоpиф хиcобидa, Сapвapи дaвлaт зикр мекyнaнд: «Умри миллaт бa умри зaбон вобacтa aCT» [12].

Интишори китоби «Зaбони миллaт - хacтии миллaт»-и Асосгузори сулху вaхдaти миллй -Пешвои миллaт, Президенти Ч,умхурии Точикистон мyхтapaм Эмомaлй Paхмон caйpи тaъpихии зaбони точикиро aз дaвpaхои кaдим то ибтидои acpи ХХ дap бap гиpифтa, бори дигар собит сохт, ки Пешвои миллaт ниcбaт бa зaбони модapиaмон тaвaччyх нaмyдa, бapои тaкомyл вa рушди он тaдбиpхои capивaктй вa зapypй меaндешaнд.

Бояд тaзaккyp дод, ки китоби «Зaбони миллaт- хacтии миллaт» тaхлили бунёдии мacъaлaхои мapбyт бa зaбон, тaъpих вa фapхaнги точик, хacтй вa хувияти миллaти точик мебошaд. Он cyхaни шву тозaе дap зaбоншиноcии точик, тaтбики cиёcaти зaбон вa рушду устувории хувияти миллй бa шумор paфтa, чaвобaн бa гузориши мacоили мyбpaми тaъpихи зaбон, чaнбaхои печидaи cacara зaбонй дap дaвpони истиклолият вa бapои мyaйян нaмyдaни ояндaи инкишофу тapaккии зaбон вa фapхaнги миллии точик бaхшидa шyдaacт.

Бa aкидaи зaбоншиноc А. X,acaнов нaшpи китоби Эмомaлй Paхмон «Зaбони миллaт - хacтии миллaт»-pо рухдоди мухими илмй дap зaбоншиноcй вa хaм точикшиносй мaънидод нaмyд. У иброз медоpaд, ки «тaълифи осори тaхкикй доир бa гyзaштaи дур вa таздики зaбони точикй дap дaвpaи кунунй яке aз мacоили мyбpaм вa мехвapии зaбоншиноcии точик бa шумор меpaвaд» [14,c.5], зеро ин aмaл имкон медихaд, ки мaнзapaи имpyзaи зaбон бо хaмa имконият вa иктидор нaзди хонaндa pyнaмо шaвaд. Бa aндешaи мyaллиф, acapи «^бони милaт -хacтии миллaт» «тaъpихи беш aз шaшхaзоpcолaи зaбони модapиямонpо бa тaвpи aхcaнт инъикос нaмyдaacт» [14,c.29] вa дap рохи шинохти тaъpихи пypгaновaти зaбони точикй «вaзифaи рохтамои хубу cyдмaндpо ичро хохaд гард» [14,с.29].

Эмомaлй Paхмон зaбони модapиpо aз дaлелхои мyътaмaд вa дacтовapди тaмaддyни мapдyми точик эълом доштaaнд. Тaъкид мекyнaнд, ки «X,ap гохе дap боpaи apзишхои миллй cyхaн меронем, бyзypгтapин capвaти бебaхои хaлки худ - зaбони модapиaмон - зaбони точикиро бояд хaмешa дap ёд доштa бошем» [10,c. 121]. Гyзaштa aз ин умумияти зaбонии миллaти точикро aз омилхои acлии тaъминкyнaндaи aмнияти дaвлaтдоpии миллй хиcобидaaнд. Мaнтики кaвии aкидaи Пешвои миллaт, ки зaбонpо хaмчyн чaвхapи хacтй вa нишонaи кaдимй бyдaни фapхaнги мapдyми точик ном мебapaнд, зapypияти хифз кapдaни ин acолaти тaъpихй вa дap мaчмyъ, aндешaи миллиро дap мaдди нaзap доpaнд [19].

Дap cyхaнpониaшон Президенти кишвapaмон бaхшидa бa 14-умин cолгapди Истиклоли дaвлaтии Точикистон бapхaк кдйд нaмyдaaнд: «Зaбони зиндaи точикии форсии дapй идомaи тaъpихии хaмон зaбонеcт, ки бо он «Aвacто»-pо нaвиштaaнд, хaмон зaбонеcт, ки «Хyдойномaк»-y «Тaъpихи мулуки Aчaм»-pо нaвиштaaнд, хaмон зaбонеcт, ки бо тaкомyлy тaхaввyлaш дap дaвpони ислом «Шохномa»-вy «Мacнaвии мaънaвй»-pо нaвиштaaнд, хaмон зaбонеcт, ки дap чомеaи Шypaвй бa хap нaвъе aз бухрони фapхaнгй худро бa caломaт то

истиклолияти фархангиву сиёсй расонд ва хатто тавонист давоми сарнавишти сохибашро ба калами Айниву Турсунзода ва Аллома Гафуров бинависад» [2].

Ба туфайли ташаббус ва кушишхои пайгиронаи Пешвои миллат дар як муддати кутох дар фахмиши мохият ва корбурди забони миллй нуктаи назар ва тачрибаи ганоманди амалй ба даст омад, ки аз он дар мачмуъ сиёсати забон пайдо гашт [1].

Ба накш ва чойгохи Сарвари давлатамон Эмомалй Рахмон дар рушду пойдории забони модариамон олимону сиёсатмадорон бахо додаанд. Чунончй, профессор Г. Ч,ураев кайд мекунад, ки: «ба назарам, бахти миллати точик дар масъалаи забон аз хама бештар дар замони истиклолият баландй кард, зеро сарнавишт барои вай дар симои сиёсатмадори абаркудрат Эмомалй Рахмон сарвареро ато намуд, ки масъалаи забонро як рукни мухимтарини сиёсати фархангии худ карор додааст» [16].

Оид ба фаъолияту накши мехварии Эмомалй Рахмон дар самти амалй намудани сиёсати забон Мухамадчон Шакурии Бухорой таъкид намудааст: «Суханхои олие, ки Эмомалй Рахмон дар бораи забони модарй ва бузургдошти он гуфт, ман дар умри дарозам аз хеч сарвари Точикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати точик дар рохи худшиносй аз Эмомалй Рахмон миннатдор хохад буд» [9].

Сиёсатшинос С. Ятимов дар ин маврид таъкид мекунад: «Пешвои миллат омилхои аслии нигох доштан ва неруманд гардонидани забони точикиро дар принсип ва аломатхои субъективй дар фазои объективй, аксиденталй ва пешгуинашаванда ба хотири таъмини манфиатхои миллй ва ниёзхои чамъиятй мебинад» [19].

Бо фармони Президенти мамлакат Соли бузургдошти забони точикй эълон гардидани соли 2008, кабули ^онун «Дар бораи забони давлатии Чумхурии Точикистон», таъсис шудани Кумитаи забон ва истилохот дар назди Хукумати мамлакат, «Рузи забони точикй», тахия ва кабули Барномахоии рушди забони давлатии Ч,умхурии Точикистон, арзи вучуд намудани мачаллаи илмии «Забоншиносй», нашрияи миллй эълон гардидани мачаллаи муътабари адабии кишвар «Садои Шарк», дар маркази диккати хамешагии хеш карор додани ичрои мукаррароти ^онуни забон, хамгунсозии истилохоти сохахои гуногун, риояи меъёрхои забони давлатй ва дар мачмуъ, татбики сиёсати давлатии забон нишонаи гамхорй ва пуштибонии Сарвари давлат бахри рушду такомули забон мебошанд [7,с.44-45].

Президенти кишвар Эмомалй Рахмон мунтазам дар хар суханронихо забону адабиётро ба сифати сарчашмаи мухими худшиносй муайян намуда, хамачониба омухтани осори ниёгон, ва бахра бардоштан аз афкори файласуфон ва хакимонро вазифаи хар шахс мехисобанд. Насли чавонро ба мутолиаи осори адибони муосир хидоят мекунанд. Бар замми ин амалан барои ба хонандагон дастрас намудани осори шоирону нависандагон тадбирхо меандешанд. Ба адибони кишвар бахри чопи асархояшон пайваста кумаку гамхорй менамоянд. Сол то сол ба ин максад аз фонди захираи Президент маблагхои зиёд чудо мегарданд. Дар тайи солхои гузашта бо маблагхои чудогардида аз хисоби бучети давлат ва фонди эхтиёти Президент, ки даххо миллион сомониро ташкил медиханд, китобхои илмй, ахлокй ва асархои гаронбахои таърихй, ки садсолахои дароз дар гушаи фаромушй монда буданд, чоп ва дастраси мардуми кишвар гардонида шуданд [7,c.57].

Президент Эмомалй Рахмон масъалаи ба забони илм табдил додани забони точикиро яке аз масъалахои мухими инкишофи забони модарй хисоб кардаанд. Сарвари давлат дар ин замина рочеъ ба маъалаи истилохот ва махсусан тахияи истилохоти илмй, ки барои ба забони илм табдил ёфтани забони модарии мо ахамияти аввалиндарача дорад ва аз масъалахои халталаб барои чомеаи мо ба шумор меравад, дастур медиханд, ки барои харчи зудтар ба хадаф расидан - аз олимони ботачрибаи сохахои гуногун гирифта, то корманди одй -дар ин кори мухим сахм гиранд [7,с.60].

Президенти кишвар пайваста накши мактабу маорифро дар рушди забон арзёбй намуда, таъкид мекунанд, ки тахия ва хамгунсозии истилохоти забон, тахияи китобхои дарсй, вожаномаву фархангхои истилохии сохавй, маводи таълимй ва дигар васоити омузишии марбута бояд хатман аз ташхиси забоншиносй гузаранд ва факат баъд аз он ба чоп тавсия шаванд [7,c.78].

Дар ин чо хамин нуктаро кайд намудан зарур аст, ки масъалаи забон аз диди Президент на факат падидаи фархангист, балки он дар навбати аввал масъалаи мухими сиёсию давлатист. Бинобар он дар халли масъалахои забон, пеш аз хама, давлат манфиатдор аст, чунки мафхумхои миллат ва давлату забон тавъаманд мебошанд.

Натичаи ин сиёсат аз он иборат аст, ки ба шарофати икдомхои пайдарпайи Сарвари давлат дар ин замина забони модарй чойгохи аслии худро дар миёни хама кишрхои чомеа, дар хамаи мактабу коллечхо ва донишгоху донишкадахо, дар тамоми идораву вазоратхонахо ва корхонаву муассисахо пайдо намуд ва дар макоми шоистаи худ чой гирифт. Дар натичаи чунин сиёсат тадричан сатхи забондонии ахли чомеа боло рафта, забони матбуот ва дигар воситаи ахбори омма бехтар ва симои лавху овезахои шахру дехот ба кулли дигаргун шуд.

Х,амин тавр, махз, бо талошхои абармарди сиёсату хирад, Асосгузори сулху вахдати миллй -Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалй Рахмон забони миллии мо дар чомеа вусъати азим пайдо кард, хукукхои поймолшудаи он баркарор шуд, барои нашъунамо ва ривочи забони модарй шароитхои муносиби сиёсиву маъмурй ва маънавй мухайё гардид. Гамхорихои мухаббатомези Пешвои миллат буд, ки забони точикй аз мухити хонавода ва муховараю муоширати урфй берун омад ва он аз чаласаву махфилхои ватанй сар карда, то анчуману хамоишхои байналмилалй мавриди истифода карор гирифт. Пешвои илму фархангпарвари миллат Эмомалй Рахмон соли 2016 чилди аввал ва соли 2020 чиди дуввуми китоби илмию тадкикотиро тахти унвони «Забони миллат - хастии миллат» таълиф ва нашр намуданд. Ин асар хамчун дурдонаи дурахшони худшиносию ватандустй чону вучуди сокинони кишварро мунаввар сохта, барои дар рухияи баланди дуст доштани забони модарй ба камол расонидани наврасону чавонон хизмати шоиста менамояд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдукодиров, А. Забон: Асолати онро хифз бояд кард/ А.Абдукодиров// Ч,умхурият. -2017.-25-уми сентябр

2. Аз суханронии Президенти Ч,умхурии Точикистон Э.Ш.Рахмонов ба муносибати Рузи Истиклолияти давлатии Точикистон, Душанбе, 8-уми сентябри соли 2005.

3. Арабзода, Ф.Х,. Х,омии забон: дар бораи талошхои Эмомалй Рахмон дар рохи хифз ва гиромидошти забони точикй/Ф.Х,.Арабзода// Ч,умхурият.-2020.- 27-уми май.

4. Ба забони давлатй арч гузорем // Ч,умхурият.-2011.-4-уми октябр .

5. Буриева, Ш. Рушди забони давлатй - омили хастии миллат/ Ш.Буриева// Садои мардум.-2021.-14-уми январ

6. Мерганов, Д. Вакте точикй будани забонро ор медонанд.../ Д.Мерганов//Садои мардум.-2018.-4-уми август

7. Сайидзода, З.Ш. Истиклоли давлатй ва гиромидошти забони модарй.Нашри дуюми такмилёфта/З.Ш.Сайидзода. - Душанбе: ЧДММ «Контраст», 2013. - С.44-45.

8. Соли 2008 - Соли бузургдошти забони точикй (Суханронии Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба муносибати Рузи забони точикй, шахри Душанбе, 21 -уми июли соли 2007)// Ч,умхурият.- 2007.-24-уми июл

9. Султон, Мирзо Х,асан. Накши пешвои миллат дар рушди забони давлатй // Чумхурият.-2017.-22-юми ноябр

10.Суханхои хикматомузи Президенти Точикистон, Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат Эмомалй Рахмон. -Душанбе: ЧДММ «Контраст», 2017. -С.121.

11.Ташаккули сиёсати давлатии забон - дастоварди Истиклолият// Тирози чахон.-2018.- 3-юми октябр.

12.Х,акимова, Б. Самараи сиёсати забонгустарй дар замони сохибистиклолй /Б.Хдкимова// Тирози чахон.-2021.-2-юми октябр.

13.Х,асанзода, А. Рукни асосии маънавиёти миллат/ А.Х,асанзода // Хдкдкати Сугд.-2019.-17-уми сентябр

14.Х,асанов, А. Тахаввули таърихи вожахои точикй/А.Х,асанов.-Хучанд: Ношир, 2017. -С.5. 15.Ч,омеа ва рисолати зиёй. Суханронии Президенти Ч,умхурии Точикистон Эмомалй Рахмон

дар мулокот бо зиёиёни кишвар //Ч,умхурият.-2009.-21-уми март 16.Ч,ураев, F. Накши шахсиятхои сиёсй дар рушди забон (22-юми июл - Рузи забони точикй)/Г.Ч,ураев//Ч,умхурият.-2008.-22-июл.

17.Шарипов, А. Эмомалй Рахмонов - начотбахши миллат (Сиёсати дохилй ва хоричии Президенти Точикистон дар солхои 1992 - 1995). -Китоби 1/А.Шарипов,С.Фаттоев.-Душанбе:Деваштич, 2006. -С. 5.

18.Шукуров,М.Начоти мо аз давлати миллист/М.Шукуров //Адабиёт ва санъат.-1992.-25-уми июн.

19.Ятимов,С. Масъалахои забоншиносии миллй дар таълимоти Пешвои миллат /С.Ятимов//Адабиёт ва санъат.-2020.-22-юми октябр.

REFERENCES:

1 . Abdukadirov, A. Language: its originality should be protected/ A. Abdukadirov// Republic. -2017.-

September 25

2 . F rom t h e s p ee c h o f t he President of the Republic of Tajikistan E. Sh. Rahmonov on the occasion of

the State Independence Day of Tajikistan, Dushanbe, September 8, 2005.

3. Arabzoda, F.H. Protecting the language: about Emomali Rahman's efforts to protect and honor the Tajik language/F.H.Arabzoda// Republic.-2020.- May 27.

4. Let's pay tribute to the state language // Jumhuriyat.-2011.-October 4.

5. Buriyeva, Sh. The development of the state language is a factor of the nation's existence/ Sh. Buriyeva// Voice of the people.-2021.-January 14

6. Merganov, D. They know the language when it is Tajik.../ D. Merganov//Voice of the people.-2018.-August 4

7. Sayidzoda, Z. Sh. State independence and respect for the mother tongue. The second improved edition / Z. Sh. Sayidzoda. - Dushanbe: JDMM "Contrast", 2013. - P.44-45.

8. 2008 - The year of honoring the Tajik language (Speech of the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon on the occasion of the Day of the Tajik Language, Dushanbe, July 21, 2007)// Jumhuriyat.- 2007.-July 24

9. Sultan, Mirza Hasan. The role of the leader of the nation in the development of the state language // Republic. - November 22, 2017

10. Wise words of the President of Tajikistan, Founder of peace and national unity - Leader of the nation Emomali Rahman. - Dushanbe: JDMM "Contrast", 2017. - P.121.

11. Formation of the state language policy - the achievement of Independence // Tirozi jahan.-2018.-October 3.

12. Hakimova, B. The effect of language policy in the time of independence /B. Hakimova// Tirozi jahan.-2021.-October 2.

13.Hasanzoda, A. The main pillar of the spirituality of the nation/ A.Hasanzoda // Haqiqati Sughd.-2019.-September 17

14.Hasanov,A. Evolution of the history of Tajik words/A. Khasanov. - Khujand: Publisher, 2017. -P.5.

15.Society and intellectual mission. The speech of the President of the Republic of Tajikistan, Emomali

Rahman, at the meeting with the intellectuals of the country // Jumhuriyat.-2009.-March 21 16.Juraev, G. The role of political figures in the development of the language (July 22 - Tajik Language

Day)/G.Jhuraev// Jumhuriyat .-2008.-July 22. 17.Sharipov, A. Emomali Rahmonov - savior of the nation (Internal and foreign policy of the President of Tajikistan in 1992-1995). - Book 1/A. Sharipov, S. Fattoev. - Dushanbe: Devashtich, 2006. -P. 5.

18.Shukurov,M.Our salvation is from the national state/M.Shukurov//Literature and art.-l992.-June 25.

19.Yatimov, S. Issues of national linguistics in the teachings of the Leader of the Nation/S.Yatimov//Literature and art.-2020.-October 22.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.