Научная статья на тему 'МАВҚЕИ НАСИРУДДИНИ ТӮСӢ ДАР ТАШАККУЛИ ИЛМИ БАДЕЪ (ДАР АСОСИ АСАРИ “МЕЪЁР-УЛ-АШЪОР”)'

МАВҚЕИ НАСИРУДДИНИ ТӮСӢ ДАР ТАШАККУЛИ ИЛМИ БАДЕЪ (ДАР АСОСИ АСАРИ “МЕЪЁР-УЛ-АШЪОР”) Текст научной статьи по специальности «Науки о Земле и смежные экологические науки»

212
49
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Илми балоғат / арӯз / қофия / ҳарфи равӣ / санъатҳои лафзӣ маънавӣ / санъати тарсеъ / илми нақд / санъатҳои ташбеҳ ва ташхис

Аннотация научной статьи по наукам о Земле и смежным экологическим наукам, автор научной работы — Шералӣ Шавкатзода Норқӯчқоров

Таснифи санъатҳои бадеӣ аз назари Насируддини Тӯсӣ. Насируддини Тӯсӣ ва масъалаҳои мухталифи назарияи адабиётшиносӣ. Муқоисаи афкори адабии олимони адабиётшиноси асри XI-XII-и тоҷик бо афкори адабии Насируддини Тӯсӣ. Таҳаввул ва навшавии илми бадеъ дар асри XIII.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «МАВҚЕИ НАСИРУДДИНИ ТӮСӢ ДАР ТАШАККУЛИ ИЛМИ БАДЕЪ (ДАР АСОСИ АСАРИ “МЕЪЁР-УЛ-АШЪОР”)»

ACADEMIC RESEARCH IN EDUCATIONAL SCIENCES VOLUME 2 | ISSUE 9 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-9-60-66

МАВЦЕИ НАСИРУДДИНИ ТУСЙ ДАР ТАШАККУЛИ ИЛМИ БАДЕЪ (ДАР АСОСИ АСАРИ "МЕЪЁР-УЛ-АШЪОР")

Шералй Шавкатзода Норкучкоров

Магистри филология, Донишгохи давлатии Самарканд

АННОТАЦИЯ

Таснифи санъатхои бадей аз назари Насируддини Тусй. Насируддини Тусй ва масъалахои мухталифи назарияи адабиётшиносй. Мукоисаи афкори адабии олимони адабиётшиноси асри XI-XII-и точик бо афкори адабии Насируддини Тусй. Тахаввул ва навшавии илми бадеъ дар асри XIII.

Калидвожа: Илми балогат, аруз, кофия, харфи равй, санъатхои лафзй маънавй, санъати тарсеъ, илми накд, санъатхои ташбех ва ташхис.

ШОМИЛШАВИИ

Сухани балегу фасех дар хар давру замон диккати хонандаро чалб кардааст. Илми балогатро донишмандон ба ду таксим намудаанд. Донишмандони ахди кадим, то асри XV илмхои маонию баёнро мансуби илми балогат шуморидаанд ва илми бадеъро тобеи илми фасохат медонистанд. Сабаби ин таксимбандии ахди кадим дар он зохир мегардад, ки илми маонию баён ба маънои калом ва бадеъ бошад, ба шакли сухан мансуб аст. Баъдхо баёну бадеъро ба хам пайваст сохта, бо номи "илми бадеъ" ё "санооти бадеъ" ё "санъати бадей" гуфтаанд. Илмхои балогат дар натичаи омухтани конуну коидахои назму наср ривоч ёфта, як сохаи мухташами назарияи адабиётро дар бар гирифтааст. Минбаъд илми балогат аз се кисми ёрирасон таркиб ёфтааст, инхо: илми маонй, илми баён ва илми бадеъ ба хисоб мераванд. Бадеъ яке аз илмхои ёрирасони илми балогат хисобида мешавад.

ТАХЛИЛ ВА МЕТОДОЛОГИЯИ АДАБИЁТ

Маънои лугавии бадеъ дар фарханги забони точикй "хар чизи нав, тозабаромад, ачиб, хайраатангез ва зебо" мебошад. Илми бадеъ хамчун истилохи адабй санъатхои бадей ва навъхои онро ("санъатхои маънавй ва лафзй") меомузонад. Бе санъати бадей асари бадеиро тасаввур кардан имконнопазир аст, яъне бе бадеият асари бадей дилчаспу зебо ва хайратангезу шавковар шуда

ACADEMIC RESEARCH IN EDUCATIONAL SCIENCES VOLUME 2 | ISSUE 9 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-9-60-66

наметавонад. Осори бузурги намояндагони адабиёти классики ва муосири точик бо маънихои олию баландмазмуни худ аз дили хонандагони халки точик ва чахон чой гирифтаанд. Шахсе, ки мероси адабии ниёгони халки точикро мутолиа менамояд, дилгармиву дилчаспй нисбат ба адабиёти ин халк (форс-точик) дар дили у чуш мезанад. Асоси ин пурмоягии осори ниёгони мо , бадеияти баланд доштани мероси ачдодонамон ба хисоб меравад. Дар ашъори онхо гояхои бикр, маънихои барчаста ва мазмунхои нозуку латиф дар шакли зебо чой гирифтааст. Барои гунчоиш додани он мазмуну маънихои латиф дар асари бадей истифодаи санъатхои бадей хатмист. Агар адиб дар чараёни офариниши осори бадей комати маъшукаи худро ба "сарв" ё "алиф" ташбех надода, тарики "ёри ман комат баланд аст " тасвир намояд, сухани эчодкор аз сухани мукаррарй тафовут намекунад, хонандаро ба хайрат намеандозад. Аз ин бармеоя, ки рохи асоситарини мазмунорой ва таъсирбахшии осори бадей ба хисоб меравад.

Халки точик дар давоми зиёда аз хазор сол як адабиёти бою ганй офаридааст, ки дорои санъати олй ба хисоб рафта, гояхои баланди инсонпарваронаю дидактикиро (ахлокй) дар худ тачассум кунондааст. Адабиёти форсу точик дар асрхои X ба дарачаи баланди тараккиии худ расида буд. Хдмин давраи гулгуншукуфонии адабиёти мо сабаб шуд, ки ба забони точикй низ асархои илмй-назарй доир ба илми адабиётшиносй, аз кабили: кофия, аруз ва балогат офарида шудаанд. Баъзе намояндагони барчастаи шеъри классикии форсу точик доир ба илми назарияи адабиёт асархои алохида офаридаанд, ки боз хам барои омухтани адабиёти форсу токик сахми назаррас доранд. Аммо дар таърихи фарханги мо як катор назариётчиён низ гузаштаанд, ки махсусан, бо омухтани илми адабиётшиносй машгул шудаанд. Ин олимон дар асоси эчодиёти барчастаи адибони форсу точик масъалахои назариро нишон дода тавонистаанд. Дархакикат, шоиру нависандагони адабиёти форсу точик махорати баланди эчодй доштаанд. Дар як байт шеър истифодаи якчанд санъати бадей кори он кадар хам сахл нест. Барои мисол як байт шеъри устод Абуабдуллохи Рудакиро меорем:

Бихандад лола бар сахро, Ба сони чехраи Лайло.

Аз хондани байт равшан мегардад, ки шоир дар як байти мазкур ду санъати бадеиро (ташбех ва ташхис) дар як байт шеър истифода кардааст. Якум "Хандаи лола"-ро ба "Чехраи Лайло" ташбех намудааст ва баъдан "Лола"-ро хамчун инсон хандонда аст, ки бевосита аз ин тасвирсозии шоир хонанда дилгарми шеъри у мегардад. Яке аз намояндагони барчастаи адабиёти форс-точик Хрконй

ACADEMIC RESEARCH IN EDUCATIONAL SCIENCES VOLUME 2 | ISSUE 9 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-9-60-66

бар назди хар як шоир талабе мегезорад, ки аз хар чихат чолиби диккат мебошад. Хрконй чунин мегуяд:

Суварнигори хадисам, вале дар он сурат,

Ки чон дар он натавонам ниход, нангорам.

Хоконй худро ба сураткаше ташбех дода, бо сухани худ сурат мекашад ва аз он ашхосоне, ки шоириро касб кардаанд, хохиш мекунад, ки шоир на факат сураткаш шавад, балки ба сурати хеш чон ато кунад. Агар ин амалро натавонад, на бояд шоирй кунад. Барои ичрои талаботи Хоконй шоир бояд образро хамчун предмети зинда бо ёрии санъатхои бадей истифода кунад.

Ба мо маълум аст, ки шоирон ва хаводорони шеъру адаб шеъру шоириро бо ду рох омухтаанд: рохи аввал тазкирахо ва рохи дуюм таълифи китоб ва рисолахое, ки ба масъалахои умумии адабиёт вазн, кофия ва бадеъ бахшида шудаанд. Дар тазкирахо дар бораи шоирон ва эчодиёти онхо маълумот оварда мешавад. Чй хеле ки дар боло гуфта гузаштем, рохи дуюми омузиши адабиёт рисолахои назарй ба хисоб мераванд, ки баъзе ашъори шоирон ба воситаи хамин гуна рисолахо дастраси мо гардидааст. Ин гуна асархои илмй-назариро мухтасаран шарх дода мегузорем.

МУХОКИМА ВА НАТИ^АХО

Дар илми адабиётшиносии точик то асри XI доир ба назарияи адабиёт ягон асари назари ба забони форсй-точикй нашуда буд. Дар асри XI олими бузурги форсу точик Мухаммад Умари ибни Родуёнй "Тарчумон-ул-балога" ном асари машхури худро ба забони форсй-точикй таълиф намудааст. Худи Родуёнй дар мукаддимаи асараш ("Тарчумон-ул-балога") таъкид карда мегузарад, ки то замони адиб доир ба илми бадеъ ба забони форсй-точикй асаре ба чашм намерасад. Аз хамин сабаб муаллифи асар камари химмат баста, як асари бузургу олидарачаро офаридааст. Родуёнй барои офаридани ин манбаи гаронбахо("Тарчумон-ул-балога") асари машхури намояндаи адабиёти араб "Махосин-ул-калом"-и Наср ибни Хдсанро сармашки кори худ истифода менамояд, лекин ин акида маънои онро надорад, ки Родуёнй факат асари Наср ибни Хдсанро аз забони арабй ба точикй тарчума кард. Родуёнй барои офаридани "Тарчумонул-балога" хеле хизмати гаронбахо намудааст. Агар дар китоби "Махосин-ул-калом"-и Насир ибни Хасан хамагй 33-то номгуии санъатхои бадей вучуд дошта бошад, Родуёнй дар чараёни тарчума ва тадкик шумораи санъатхои бадеиро ба 73 адад мерасонад, ки ин хам нишонаи тадкикоти чиддии Родуёнй доир ба илми бадеъ мебошад.

ACADEMIC RESEARCH IN EDUCATIONAL SCIENCES VOLUME 2 | ISSUE 9 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-9-60-66

Дар асрхои XII оид ба илми бадеъ боз як асари мукаммал хам аз чихати мазмуну мундарича ва хам аз чихати тартибот офарида шуд, ки ин "Хддоик-ус-сехр"-и Радидаддуни Ватвот ба хисоб меравад. Аз гуфтахои худи Ватвот маълум мешавад, ки у дар яке аз мачлисхои Хоразмшох иштирок мекунад ва Родуёнй асари худ "Тарчумон-ул-балога"-ро дар мачлис баромад мекунад. Ватвот авзои китоби Родуёниро хароб диданашро таъкид мекунад ва барои офариниши "Хддоик-ус-сехр" кушиш мекунад. Дархакикат, асари Ватвот-"Х,адоик-ус-сехр" нисбатан аз "Тарчумон-ул-балога"-и Родуёнй пурратар ва муфассалтар навишта шудааст, ки хар як санъати бадеиро ба пуррагй шарх додааст.

Дигар асари назарие, ки зери таъсири асархои назарии номбурда эчод шудааст, "Ал-Муъчам фй маоири-л-ашъор-ил Ачам"-и Шамс Кайси Розй мебошад. "Ал-Муъчам" ба илми аруз, кофия ва бадеъ бахшида шуда, олими Эрон Мухаммади Казвинй оиди арзиши ин асар бахои хеле муносиб медихад: "Бо камоли чуръат даъво кард, ки аз аввалин таълифи ин илм ба забони форсй баъд аз ислом то хол хеч як асар бе истисно ба ин камоли тахкик ва танкех ва пуррагй дар илмхои сегона таълиф нашудааст ва агар таълиф шуда бошад хам, дастраси мо нашудааст"(Туракул Зехнй. Санъати сухан. Нашри чорум, -Душанбе, "Адиб" соли 2007. Сахифаи 37).

Дархакикиат, олими адабиётшиносй Эрон Мухаммади Казвинй доир ба "Ал-Муъчам"-и Шамс Кайси Розй бахои муносиб додааст. Асари мазкур хам аз чихати мазмуну мундарича, забон ва сахехии маълумотхо хеле назаррас мебошад. Хусусан, боби бахшида ба илми бадеи Шамс Кайси Розй барои хонанда равшан ва фахмо мебошад. Барои исботи фикр таърифе, ки Шамс Кайси Розй доир ба санъати тарсеъ додааст. Аз назар мегузаронем: "чавохир дар нишондан аст ва дар синоати сухан калимотро мусаччаъ (кофиядор) гардонидан ва алфозро дар вазну хуруфи хавотим баробар доштан тарсеъ хонанд" ("Ал-Муъчам". Шамс Кайси Розй. -Душанбе, "Адиб" соли 1991. Сахифаи 270).

Дар ин чо Шамс Кайси Розй аввал маънои лугавии калима тарсеъро оварда, баъд маънои истилохии калимаи тарсеъро шарх додааст ва сониян, аз эчодиёти адибон намуна овардааст. Доир ба санъати тарсеъ аз эчодиёти Ватвот байтхо овардааст, ки хеле мохирона санъати тарсеъро Рашидии Ватвот истифода кардааст. Мисол:

Эй мунаввар// ба ту// нучуми// чалол, В-эй мукаррар// ба ту// русуми// камол.

ACADEMIC RESEARCH IN EDUCATIONAL SCIENCES VOLUME 2 | ISSUE 9 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-9-60-66

Дар байти мазкур хар як калимаи мисраи якуму дуюм ба якдигар хамкофияву хамвазн мебошанд. Масалан, калимаи "Мунаввар" бо "Мукаррар", "Нучум" бо "Русум" ва "Ч,алол" бо "Камол" хамкофияву баробарвазн аст.

Дигар асари илмй-назарй дар асри XIII аз тарафи Насируддини Тусй эчод шудааст, ки ин хамон асари арзишманди у "Меъёр-ул-ашъор" ба хисоб меравад. Асари "Меъёр-ул-ашъор"-и Насируддини Тусй асосан оиди илми аруз буда, танхо дар мукаддимаи асари мазкур муаллиф оиди илми бадеъ фикри худро баён намудааст. Мукаддимаи асар аз се фасли хурд иборат буда, фасли аввал "Дар хадди шеър ва тахкики он", фасли дуюм "Дар асбоб (сабабхои) ихтилофи авзон ва кавофй дар лугат " ва фасли сеюм "Дар зикри синаотхо, ки шеърро бад-он тааллкк бошад" ба хисоб меравад. Дар фасли аввал оиди шеър ва хадди он чунин ибрози акида намудааст: "Шеър дар назди мантикиён каломи мухайяли (он чи ки бо кувваи хаёл тасаввур мешавад) мавзун бошад ва дар урфи (таъбири) чумхур (умум ) каломи мавзуни мукаффо. Шеър-каломест мухайял муаллаф аз акволе мавзуни мутасовии мукаффо". (Насируддини Тусй. "Меъёр-ул-ашъор". -Душанбе, "Ориёно", соли 1990. Сахифаи 15). Дар таърифи мазкур Насируддини Тусй аз назари кудамо шеърро каломи мухайял ва дар таъбири умум хам мухайял ва хам мавзун (вазндор) ва дар оянда бояд шеър хам дорои мухайялй (хаёлан), мавзуни мутасовии мукаффо (кофиядор) бошад. Дар фасли дуюм бошад, оиди коидаву конунхои кофия ва ихтилофоти он сухан ронда, чунин мегуяд: Лугат дар разонат (устуворй) ва хиффат (сабукй) мухталиф аст, чй тозй, масалан, ба киёс ба порсй, ба разонат ва сикл (вазнинй) наздиктар аст ва порсй ба хиффат (сабукй) моилтар. Ва асбоби ихтилоф бо мохияти хуруф бошанд ва он чунон бувад, ки хуруфи мустаъмал дар баъзе лугот аз махорич душвортар бошад, монанди "зод" (Зе) ва "со" (Се) ва "то" (Те) дар тозй ва дар баъзе ба зидди он ва хам ба ин киёс дар аквофй, чй бошад, ки андак мушобахате дар луготе гиронтар махсус бошад ва дар лугате сабуктар номахсус. Масалан "зарб" ва "салб" кофияро шояд ва дар порсй ихтилофи "ро" (Ре) ва "лом" (Ле) нашояд. Дар ин чо ба акидаи Насируддини Тусй лугат (калима) дар устуворй ва сабукй мухталиф, дар арабй масалан киёсан форсй душворй наздиктар аст форсй ба сабукй моил мебошад. Ва сабаби ихтилофи харфхоро дар кофия ба харфхо хамоханг нисбат медихад. Боз як масъалаи мухимро доир ба илми кофия гуфта мегузарад, ки ин ихтилофи харфи кайд (харфе, ки пеш аз харфи равй меояд) ба хисоб меравад. Масалан, "зарб" ва "салб" дар арабй кофия мешаванд ва дар форсй бошанд, ихтилофи харфи кайд ба вучуд меояд. Насируддини Тусй оиди харфи "кайд" сухан ронда, бояд харфи кайд низ якхел шуданашро талаб мекунад. Ба монанди калимахои

ACADEMIC RESEARCH IN EDUCATIONAL SCIENCES VOLUME 2 | ISSUE 9 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-9-60-66

"ранч" ва "ганч". Дар ин чо харфи "р" равй ба хисоб рафта, харфи "н" харфи кайди кофия ба хисоб меравад. Дар фасли сеюм бошад, доир ба санъат ва навъхои он чунин ибрози акида намудааст: "Чун ин кавоид мумаххад (осон) карда гуем, аммо калом ба чои чинс аст, бахс аз нафси алфози он тааллук ба синооти лугавиён дорад ва аз маонии он тааллук ба синооти арбобби маонй ва аз тахсиноту тазйинот хар ду, ки аз чумлаи аворизм (нуксхои) калом бошад. Тааллук ба синооте, ки ба он хос аст монанди: илми хитобат ва илми баён ва илми тарассул ва илми махосин ва бадоеи сухан, ки онро илми санъат хонанд ва илм ба урфи маъоиб (айбхо) ва халалхои онро илми накд хонанд " (Насируддини Тусй. "Меъёр-ул-ашъор". -Душанбе, "Ориёно", соли 1990. Сахифаи .

Дар ин таркиб муаллиф дар хусуси унсурхои шаклй-лафзй ва унсурхои мазмунии каломи бадеъ харф зада, бобати афкори мутафаккирони мутакаддимиён ва мутааххирин фикрхои хешро баён менамояд. Аввалан аз нуктаи назари Насируддини Тусй калом пеш аз хама унсури чинс, яъне шакл аст, ин далолат мекунад ба забони ашъор. Яъне бахс дар хусуси алфоз-лафз аст. Ва чизи дигаре, ки дар миён аст, барои арбоби маонй-шоирон чавхари лугавии он, яъне унсурхои мазмунии каломи бадеъ аст. Мутафаккир пеш аз хама дар хусуси таносуби хар ду чанбаи осори бадей эътибор дода, мачмуи илмхоро бобати каломи бадеъ ба ду кисмат таксим мекунад. Аввал илми санъати сухан, ки ба ин гурух дохил мешавад- илми хитобат, илми баён, илми таросул, илми махосин, илми бадеияти сухан ва гурухи дуввум , ки барои баррасии нуксу камбудихо ва маъюбихои тамоми чанбаъхои илми болозикр аст, илми накд яъне танкиди адабй.

Илми дигар дар хусуси каломи бадеъ илми тахйил аст ва мохияти он маънои мантикии калом аст. Ва илми дигаре, ки дар хамин доира карор дорад, ба мусикияти шеър тааллук дошта, вазн, авзон ва мавзунияти каломи бадеиро тахкику такозо менамояд, тафсили авзони байту сатрхои шеър низ ба он тааллук дорад, ки тамоми мачмуи ин илмро дар илми бадеъ хамчоя илми аруз мехонанд ва онро санаот - аз чумлаи санъати алохида (муфрад)и шеър хисоб мекунад ва онро хамчун истилохи алохидаи илмии каломи бадеъ махсуб медонад.

ХУЛЛОСА

Дар охир дар хусуси илми накд алохида истода гузашта, мохияти ин илмро асосан яктарафа баррасй менамояд, ки чанбаи нуксонии акидаи Насируддини Тусй аст. Яъне аз назари ин мутафаккир мохияти илми накди адабй танхо иборат аст, аз муайян кардани чихатхои камбудиву нуксонии ашъор.

ACADEMIC RESEARCH IN EDUCATIONAL SCIENCES VOLUME 2 | ISSUE 9 | 2021

ISSN: 2181-1385

Scientific Journal Impact Factor (SJIF) 2021: 5.723 Directory Indexing of International Research Journals-CiteFactor 2020-21: 0.89

DOI: 10.24412/2181-1385-2021-9-60-66

Дар ин хама гуфтахо як чихат ахамияти бештар дорад. Яъне масъалаи таснифи илмхо оиди каломи бадеъ, масъалаи зарурати таснифи санъатхои бадей, таснифи унсурхои шакливу мазмунии осори бадей, масъалаи шарху тафсири мохияти илми накди адабй.

REFERENCES

1.Туракул Зехнй. Санъати сухан, -Душанбе, "Адиб" нашри чорум, соли 2007. Сахифаи 10, 37.

2. Рахим Мусулмониён. Назарияи адабиёт. -Душанбе, "Маориф" соли 1990. Сахифаи 24.

3. Насируддини Тусй. "Меъёр-ул-ашъор" -Душанбе, "Ориёно", соли 1990. Сахифаи 14, 15, 17.

4. Худой Шарифов. Балогат ва суханварй. -Душанбе, "Ирфон" соли 2002. Сахифаи 53.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.