Научная статья на тему 'Linguostatistic Research of Anthroponyms (on the Example of Male Tajik Names of Khujand-Town)'

Linguostatistic Research of Anthroponyms (on the Example of Male Tajik Names of Khujand-Town) Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
366
505
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АНТРОПОНИМИЯ / УСУЛИ ЛИНГВООМОРӣ / УСУЛИ ЛИНГВОҷУГРОФӣ / ЛУЗАТИ ЧАНДОМАДИ АНТРОПОНИМҳО / ЛИНГВОСТАТИСТИЧЕСКИЙ МЕТОД / ЛИНГВОГЕОГРАФИЧЕСКИЙ МЕТОД / ЧАСТОТНЫЙ СЛОВАРЬ АНТРОПОНИМОВ / ANTHROPONYMY / LINGUOSTATISTIC METHOD / LINGUOSTATISTICAL METHOD / FREQUENTIAL DICTIONARY OF ANTHROPONYMS

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Сиддикова Мушарраф, Хайдари Шомухаммад

В статье впервые мужские имена таджиков города Худжанда за 1987 г. исследован лингвостатистическим и лингвогеографическим методами. Выяснилось, что в г. Худжанде для 1948 новорожденных мальчиков дано 524 имени и для 1679 девочек дано 377 имен. По частотности употребления имени Далер занимает первое место. Результатом лингвогеографического исследования выяснилось, что изоглоссы или территория распространения имен в городах, районах и сельской местности разнообразны. Имя Далер также фигурирует в именнике таджиков столицы Таджикистана Душанбе для исследуемого года это имя дано для 132 новорожденным мальчикам и по частотности занимает первое место. Это имя в городе Курган-Тюбе и районах Кубодиёна и Темурмалика также популярно и занимает первое место.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

For the first time male Tajik names in Khujand for the year of 1987 are researched in the article by linguostatistic and linguostatistical methods. It is ascertained that 524 names were given for 1948 newly-born boys and 377 names for 1679 newly-born girls. The name of Daler goes first by frequency. By dint of linguographical exploration the result revealed showed that isoglosses or the territories of names spread in cities, towns, districts and rural areas are variegated. The name of Daler also occupies the primary place in the registration book for Tajiks in Dushanbe, the capital of Tajikistan. It was given to 132 newly-born boys for the period explored. The name is popular in the town of Kurgan-Tyube, in the districts of Kobodiyon and Temurmalik, in these areas it goes first too.

Текст научной работы на тему «Linguostatistic Research of Anthroponyms (on the Example of Male Tajik Names of Khujand-Town)»

М.Сиддикова, Ш.Хайдари

ОМУЗИШИ ОМОРИИ АНТРОПОНИМХ.О

(дар мисоли номхои мардонаи шахри Хучанд)

Вожатой калидй: антропонимия, у су ли лингвооморй, у су ли лингвоцузрофй, лугати чандомади антропонимов

Дар номшиносии точик оид ба масоили антропонимияи регионалй, яъне номхои хоси сокинони шахру нохия ва шахраку чамоатхои чум-хурй баъзе падидаи чустучуйхо ва тахдилу баррасихо ба назар мерасад. Дар заминаи ин пажухишхо намунаи баъзе лугатхои басомади антропонимияи тодикони мавзеъхои гуногун низ тадвину мураттаб ва нашр шудааст.

Кайд кардан ба маврид аст, ки аз нимаи дуюми солхои хафтодуми садаи гузашта пажухишхои лингвоомории номхои хоси точикон огоз гардид. Дарин давраномшинос Ш.Хдйдаров мавзуитадкикотии хеш-ро ба чамъоварй ва пажухиши антропонимияи точикони шахраку чамоатхои нохияи Ашти вилояти Сугд бахшида буд. Дар макрлахои «Фонди антпропонимхои нохияи Ашт» (1977) (35), «Лингвогеографи-ческое изучение дифференциальных признаков женских и мужских имён таджиков Ферганской долины» (на материале Аштского района) (1979) (20), «Динамика антропонимии таджиков в XX в.» (1982) (21), «Тачрибаи мураттабсозии лугати басомади антропонимхои регионалй» (1982) (36), «Тадкики лингвостатистикии антропонимхо ва тад-вини лугатхои басомади антропонимй»(1985) (37), «Роли топонимхо дар тадкики антропонимхои регионалй» (1987) (39), «Тадкики региона-лии антропонимхои точикони вилояти Кулоб» (1988) (40) ва чанде дигар масъалахои назариву амалии ин бахши номшиносиро ба калам додааст. Х,амзамон намунаи ду лугати басомади антропонимияи точи-конро мураттаб сохт, ки яке аз онхо номхои точикони нохияи Аштро барои сад сол, яъне солхои 1880-1980 фаро гирифтааст ва соли 1986 тахти унвони «Лугати чандомади антропонимхои точикони райони Ашт» (38) ба нашр расид.

Лугати дигари ин муаллиф намунаи лугати басомади мукоисавй аст, ки он помх,ои дар як сол, яъне соли 1987 мусаммошудаи точикони шахру нохия ва шахраку чамоатхои вилояти Хатлонро дар бар гирифтааст. Лугат соли 2007 бахшида ба чашни 2700-солагии шахри Кулоб ба унвони «Лугати басомади помх,ои точикони вилояти Хатлон» (32) ба нашр расид.

Пажухщни лингвостатистикии антропониму) ватадвини лугатхои басомади помх,ои сокинони мавзехои гуногуни кишвар ва точикони бурунмарзй аз чанд лихоз мухим ва зарур аст. Пеш аз хама ощо барои пурра фарохам овардани ганчинаву хазинаи номхои мустаъмали халкхои гуногун имкон дода, барои муайян ва мукаррар намудани номхои хоси лахчахо ва ба меъёри муайян даромадани интихобу гузоштани номхо ба навзодон ёрй хохад расонд. Хдмчунин онхо ба тадкики лингвогеографию сотсиологй ва мардумшиносиву таърихии номхо манбаи боэътимод карор гирифта, барои халли як катор масъалахои норавшани таъриху фарханги халкхои гуногун кумак хохад кард. Илова бар ин, барои мураттаб сохтани лугатхои гуногунсохаи антропонимй, лугатхои тафсирии номхо, лугатхои этимолога, имло ва лугатхои регионаливу чомеи антропонимхои халкхои гуногун хам-чун манбаъ ва маъхази пурбахо хизмат хохад намуд.

Номшинос М.Аюбова (4;5;6;7;8;) пажухишхояшро ба масоили антропонимияи точикони нохияхои Шахритусу Кубодиён бахши-дааст. Дар ин соха баррасихои чолиб дорад, ки онхо барои омузиши мукоисавии номхои точикони мавзеъхои гуногуни мамлакат ва киш-вархои хорича арзишу ахамияти хоса доранд.

Чанде аз маколахои донишманди шинохтаи точик Д. Карамшоев (13;14;15;16)ва забоншинос Т.Бахтибеков ( 11 ; 12) ба масоилу мавзуъ-хои гуногуни антропонимияи сокинони баъзе мавзеъхои Бадахшон бахшида шудааст.

Антропонимияи бошандагони шахру нохияхо ва чамоатхои гуногуни Бадахшон хусусияту унсурхои лугавй ва номии ачиб дорад ва аз ин ру омузишу пажухиши мукоисавии онхо натичахои хуби илмй ва амалй хохад дод.

Рочеъ ба баъзе чихатхои антропонимияи точикони дехахои сар-гахи водии Зарафшон донишманди мардумшинос Р.Р.Рахимов дар ду маколаи арзишманди хеш ибрози назар ва андешахои чолиб баён кардааст(18;19).

Дар бораи масоили антропонимияи сокинони шахри бостонии

Хучанд то кунун дар илми номшиносии точик майле ва таваччухе зохи р нашудааст ва аз ин лихоз ин бахши фархднги пурарзиши мардумй аз диду назари пажухщнгарони улуми ичгимой дар кагор мондаасг. Ногуф-та намонад, ки баъзе ному тахаллус ва лакабу нисбаи намояндагони ахди илму адаби даврахои гуногуни ин шахр аз тарафи адабиёшшносону забоншиносон мавриди бахсу андеша карор гирифтааст. Аз чумла маколаи САбдуллоев «Махдстй ё Мохситй?»(1), АДасанов «Сарна-вишти вожаи Махдстй» дар бораи номи шоира Мохситии Хучандй (41 ) ва маколаи С Асадуллоев «Шайх Муслихиддин ё Маслихдтуд дин?» (2) ва маколаи чавобии «Маслихзттудин не, Муслихиддин!»(17), хам-чунин маколаи дигари С Асадуллоев «Ному. икабхо ва кунияи Камоли Хучандй чй буд?»(3)-ро метавон зикр кард.

Номхои мардонаи точикони шахри Хучанд дар ин пажухщн танхо барои соли 1987, чун катрае аз бахр. аз нигохд микдору дарачаи исти-фода ва истеъмол ва хдмчунин чанде аз чихатхои таснифу тасвири рамзиёту мавзуоти он дар мукоиса бо помх,ои давраи мазкури шах,ру ПОХИЯХ.ОИ дигари чумхурй мавриди тахдил ва баррасии махсус карор дода шудааст.

Аз муоина ва тахдили омории маводи гирдоварда аён гардид, ки соли 1987 дар шахри Хучанд барои 1948 нафар писар 524 адад ном аз тарафи волидони номгузор пазируфта ва гузошта шудааст. Хдмзамон барои 1679 нафар духтар 377 адад номро мусаммо кардаанд. Аз чамъ-оварию мушохидахои тахассусй ва тахдилу тахкики помх,о равшан гардид, ки эхсосу завки баланди забондусгй, фарх,ангпазирй, донишдустиву зебоифахмй ва худогохиву хештаншиносии миллии мардумй шарифи ин диёр аст, ки як теъдод номхои пазируфта ва гузоштаашон ифшогару эхе! ари хислатхои хубу х,амидаи инсонй, аз кабили мардонагй, доной, хирадмандй, накукорй, саховатмандй, зебой, х,алимй, мех,рубонй, хусну назокат, малохдту латофат ва гайра мебошанд.

Барои таквияти андешах,ои иброзшуда лозим аст, ки намунаи чанде аз помаде зикр гардад, ки аз лих,ози дарачаи истеъмол ё худ басомадашон дар чойх,ои намоён мавкеъ доранд. Аз чумла, дар соли 1987 дар шахри Хучанд аз чихдти теъдод чойи аввалро номи Далер сохи б гардидааст, ки барои 33 нафар писарх,о гузошта шудааст. Ч,ойи дуввумро номи Алишер ишгол карда, ки барои 31 нафар мусаммо гардидааст. Ч,ойи саввумро Насимчон шрифта, ки барои 30 нафар пазируфта шудааст. Ч,ойи чах,орумро номи Бахтиёр сазовор шуда, ки барои 28 нафар гузошта шудааст. Ч,ойи панчум бо номх,ои Акмал

ваХуршед насиб гардидааст, ки хдр кадоми ин номхо барои 27 нафа-рймусаммо шудааст. Ч,ойи шашум ба номи Фирдавс мувофикат кар-дааст, ки барои 22 нафардодаанд. Чрйи хафтумро номхои Дилшоду Фаррух сохиб гардидаанд ва хар кадомеро барои 21 нафарй гузош-таанд. Ч,ойи хаштум барои номхои Фарход ва Чдмшед лоик, дониста шудааст, ки х,ар кадоме 20 маротибагй мавриди истифода карор гирифтааст. Номи Рустам дар чойи нухум мавкеъ дорад, ки он барои 18 нафар дода шудааст. Ч,ойи дахумро номи Далерчон ишгол карда-аст, ки он барои 17 нафар дода шудааст. Хдмин тавр номхои Мубин-чону Сухроб барои 16 нафарй, Муродчон ба 15 нафар, Акмалчону Бахром, Илхомчону Толибчон ваУмедчон барои 14 нафарй, Нозим-чону Рустамчон ва Шухрат барои 13 нафарй, номхои Амирчону Фахриддин ба 12 нафарй ва номхои Абдуазизу Баходур, Илхому Маъруфчон, Равшану Шарифчону Шухратчон барои 11 нафарй гузошта шудаанд.

Агар ин чихати номгузориро дар ганчинаву хазинаи номхои точи-кони шахр ва нохдяхои Панчакент ба киёс трем, чунин манзара ба мушохида мерасад. Дар шахру нохияи Панчакент дарачаи истифодаву истеъмоли номхо, яъне басомади онхо нисбати Хучанд шаш дарача камтар мебошад. Яъне агар дарачаи баланди басомади номхо дар шах-ри Хучанд 33 маротиба бошад, дар шахру нохияи Панчакент 27 бор аст. Дар шахру нохияи Панчакент дар чойи аввал номи Парвиз, дар чойи дуввум номи Бехруз-26, дар чойи саввум номи Далер-25, дар чойи чахорум Фирузу Ч,амшед, дар чойи панчум номи Бахтиёр-19, дар чойи шашум номхои Алишеру Диловар ва Фирдавсу Ч,овид-18, дар чойи хафтум номхои Сухробу Фаридун-17, дар чойи дахум Бехзоду Умедчон ва Шерзоду Хусейн-13, дар чойи ёздахум номи Комрон-12, дар чойи дувоздахум номхои Муродбеку Фарход, Фуркату Хушбахт, Шохруху Ч,ахошир-11 ба мушохида расид.

Ин манзара, яъне дарачаи мустаъмалй ва басомади номхо дар ганчинаву хазинаи номхои мардуми нохдяхои Ашту Айнй нисбати шахрхои Хучанду Панчакент камтар ба назар расид. Дар нохияи Ашт барои соли 1987 дар макоми аввал номи Диловар-18, дар макоми дуввум номи Некруз-14, дар макоми саввум номхои Далеру Дилшод-13, дар макоми чахорум номи Хушбахт ва дар макоми панчум номхои Бахтиёру Бехруз ва Искандару Фирдавс-10 мавкеъ доранд.

Дар нохияи Айнй чойи аввалро номи Бахтовар-15, чойи дуввумро номи Фаридун, чойи саввумро номи Фотех ва чойи чахорумро номхои

Бехрузу Далер, Диловару Пайрав ва Шамшоду Хдсан сазовор мебо-шанд. Бояд ёдрас кард, ки дарадаи истифода ва басомади номхо дар нохияи Айнй нисбатан камтар будааст.

Барои натича ва хулосахои амик, ба даст овардан бояд худуду сар-хади мавзеъхои мукоиса аз лихози худуд бо хам мутобикату мувофикат дошта бошанд, яъне мукоисапазир бошанд. Аз ин хотир номхои ссрис-теъмоли сокинони шахри Худандро бо гандинаву хазинаи номхои тодикони шахру нохияи Кул оби вилояти Хатлон мукоиса кардан муво-фики матлаб дониста мешавад. Аз думла дар соли 1987 дар шахру но-хияиКулоб барои2591 нафарписархо 714ададноммусаммошудааст. Номи аз хама серистеъмоли соли мазкур Далер мебошад, ки барои 42 нафар интихоб ва гузошта шудааст. Аз лихози дой ва маком дойи ав-валро ишгол мекунад. Номхои Бахтиёру Хуршед дар дойи дуввум буда, хар кадоме 38 маротибагй истеъмол шудааст. Номи Алишер дойи саввумро ишгол менамояд, ки он хамагй 35 бор корбаст гар-дидааст. Номхои дигар, мисли Рустам-33 бор, Ч^амшед- 32, Хусрав-28, Чумъа-хон-27, Фарход-26, Дилшод-25, Бахрому Манучехр-22 маротибагй, Умедчону Фирдавс-21 бор мавриди истифода карор гирифтаанд (32,8).

Киёси номхои сокинони мавзеъхои аз лихози масофа аз хамдигар дур ва пахно натидахои мухим ва адибе хоханд дод. Аз мукоисаи номи Далер миёни тодикони аксари шахру нохияхои чумхурй равшан мегар-дад, ки дар номгузории писархо дар соли мавриди назар завку шавк, донишу маърифат ва рухияву русуми мардуми чанд шахру нохияхои аз хамдигар дар масофаи дур вокеъ гардида, бо хам мувофикат карда-аст. Мудиб чи буда ва чй рамзест? Ба андешаи нигорандаи ин сатрхо хама волидони номгузор орзуву ният ва таманно кардаанд, ки фарзан-донашон бо ин ном хамчун шахси далеру тавоно, пуркуввату пахдавон ва часуру пуртавон ба камол бирасанд.

Бояд тазаккур кард, ки номи Далер дар чандин шахру нохияхои чумхурй дар соли 1987 дойи авалро сохдб гардидааст. Аз чумла, дар хазинаи номхои тодикони шахри Душанбе номи Далер барои 132 нафар мусаммо шудааст. Ва аз лихози дарадаву маком дар дойи аввал мебошад. Х,амчунин дар нохияхои Кубодиён (20,) Темурмалик (13), шахри Кургонтенна (15), дойи аввал ва дар нохияхои Ёвон (25), Панд (12), Шахритус чойи дуввумро ишгол кардааст.

Агар ба гандинаи номхои точикони шахру нохияхои кишвар бо ди-ду назаритахкики оморй бингарем, чунинманзара бамушохидамерасад. Масалан номи Ч,амшед дар нохияхои Х,амадонй-32, Вахш-28, Кумсап-

гир-21, Колхозобод-23, Ёвон-26, Дангара-28, Восеъ-32, Темурмалик-13, Шахритус-9 мусаммо шудаасг ва аз лихози чой ва маком дар чойи аввал аст. Хдмин тавр, агар дар нохияхои Ч,омй ва Муъминобод (20), номи Бахтиёр-23 дар макоми аввал бошад, дар нохияи Айнй номи Бахтовар (15), дар Ашт Диловар (18), дар шахру нохияи Папчакепт номи Парвиз (27), дар Фархор номи Ахдиддин (46), дар Панч номи Курбопалй (14), нисбат ба номхои дигар серистеъмол мебошад.

Дар шахри Хучанд чойи дуввумро номи Алишер сохиб гардидааст, ки он барои 31 нафар нисархо мусаммо шудааст. Дарачаи истеъмол ва басомади номхои мардона нисбати номхои занона камтар аст. Мисол агар дарачаи баланда басомади номхои мардона дар соли маврида пажу-хиш 33 маротиба бошад, дарачаи басомади номхои занона ба 79 расида-аст, яъне 46 дафъа фузунтар мебошад. Ин вазъиятро дар хазинаву ганда-наи номхои точикони шахру нохияхои Панчакент(мардона 24 маротиба, занона 43), Ашт (мардона 18 бор ва занона 27), нохияи Айнй (мардона 15 бор ва занона 17) мушохида карда шуд.

Тахдили оморй ва ракамхо шохици онанд, ки теъдода номхои дар истифода будаи мардона нисбати номхои занона афзунтар будааст. Агар барои соли 1987 дар шахри Хучанд барои 1943 нафар нисархо 524 адад ном маврида истифода карор шрифта бошад, барои 1679 нафар духтархо 377 адад ном гузошта шудааст. Агар ин ракамхоро дар ганда-наву хазинаи номхои точикони шахру нохияхои дагари вилояти Сугд, аз чум и Панчакенту Ашту Айнй киёс кунем манзара чунин ба чашм мерасад. Барои соли маврида назар дар шахру нохияи Панчакент барои 2134 нафар писархо 904 адад ном ва барои 2137 нафар духтархо 664 адад ном, дар нохияи Ашт барои 988 нафар писархо 470 адад ном ва барои 1113 нафар духтархо 394 адад ном ва дар нохияи Айнй барои 1036 нафар писархо 710 адад ном ва барои 1083 нафар духтархо 616 адад номи маврида истифодаи волидони номгузор будааст.

Мукоисаи ганданаву хазинаи номхои точикони пойтахти мамлакат

- Душанбе бо шахрхо ва нохияхои гуногуни кишвар ва берун аз он ба-со мухим ва дорой арзишхои илмй ва амалй мебошад. Зеро ба хамагон возех асг, ки шахри Душанбе маркази илму та-маддун ва фарханги тода-кон мебошад ва намояндагони илму адаб ва зиёиёни бедордилу дониш-мандони зиёде аз хар I ушаву канори мамлакат гирд омадаро муттахид намудааст. Яъне, ганданаи донишу хирад, аклу заковат ва завку шавк, расму русум ва ойинхои гуногуни точикони мавзеъхои зиёд дар фархангу маърифати номгузории шахри Душанбе хуб инъикос ёфтааст.

Аз тахдилу баррасии лингвостатистикии номхои точикони шахри Душанбе аён гардид, ки дар соли 1987 барои 4122 нафар писархо 879 адад ном ва барои 3866 нафар духтархо 585 адад ном дар истифода будааст. Аз нигохи дарачаи истеъмол ва басо-мад дар гандинаи номхои точикони ин шахр номхои писархо (132 бор) нисбати номхои духтарон (139 бор) камтар аст. Серистеъмолтарин номи писархо дар соли 1987 номи Далер аст, ки он 132 маротиба гузошта шудааст. Дар макоми дуввум Хуршед ба кайд гирифта шуд, ки он барои 83 нафар номгузорй гардидааст. Чрйи саввумро номхои Дилшоду Рустам ишшл карда, ки 75 маротиба истеъмол шудааст. Хдмин тавр, номхои Алишер-73, Фируз-71, Фирдавс-70, Бахтиёр-67, Фаррух-64, Умед ва Фарход-63, Диловар-60, Бехруз-63, Парвиз-57, Сухроб-50, Азиз-42, Умедчон-41, Манучехр-39, Баходур-37, Фаридун-35, Тохир-28, Илхом ваЧ,ахонгир-27, Ахдиддин ва Шухрат-25, Зафару Искандар ва Хусрав-24, Сунатулло ва Темур-23, Фуркат ва Эрач-21, Акмал-20, Анвару Насим-18 ва гайра (26,113-114).

Як теъдод номхои точикони шахри Хучанд дарачаи истифода ва исгеъмолашон нисбатан камтар, яъне аз дах то панч маротибаро ташкил кардаанд. Масалан, теъдоди номхои дах бор истеъмолгардида шаш адад мебошад: Абдурасул, Икромчон, Комил-чон, Муъминчон, Олимчон ва Хусен. Микдори номхои нух маротиба мусаммошуда 11 адад аст: Аминчон, Анварчон, Бахромчон, Музаффар, Музаффарчон, Мухам-мадчон, Мухиддинчон, Равшанчон, Рахимчон,Фарходчон ва Хдсан.

Номхои хашт бор истифодашуда хабдах ададро ташкил кардааст: Анвар, Даврончон, Зафарчон, Инъомчон, Камолчон, Мансурчон, Махмудчон, Мукимчон, Парвиз, Саидчон, Фуркат, Чдьфар, Шавкат ва Шероз. Номхое, ки хафт маротиба гузошта шудаанд, микдоран кам ба назар расид: Абдурахим, Аъзамчон ва Манучехр.

Номхои шаш бор истифода шуда 15 адад аст: Абдурауф, Абду-рахмон, Абдусалом, Абдучамил, Гайратчон, Исломчон, Максудчон, Махкамчон, Мубин, Сирочиддин, Сохибчон, Сухробчон, Фаррухчон, Хайрулло. Номхои панч маротиба мусаммошуда нисбатан зиёд, яъне 22 ададро ташкил кардааст: Абдуахад, Абдувалй, Абдуваххоб, Абдумавлон, Абду-малик, Абдурашид, Азимчон, Акмалхон, Акрамчон, Аличон, Амончон, Буфрон, Зарифчон, Неъматчон, Орифчон, Расулчон, Садриддин, Соличон, Темур, Фаридун, Фируз ва Х,алимчон.

Номхои аз чахор то як бор истифодашуда дар хазинаи номхои точи-кон ба гур^хи номхои камистеъмол мутааллик дониста шудааст. Дар маводи гирдовардаи мо ин гурух номхо ба таври зайл аст. Аз чумла

микдори номвди чахор маротиба истифода гардида 27 адад мебошад: Абдугаффор, Абдулатиф, Абдусаттор, Абдухамид. Азизчон. Акбарчон, Бахтиёрчон, Баходурчон. Бахриддин, Зокирчон, Искандар, Маъруф, Мухгорчон, Мухсинчон, Набичон, Назирчон, Насим, Олим, Салимчон, Темурчон, Толиб, Умед, Фуркатчон. Хдбибулло, Хдкимчон, Чдхонгир ва Шокирчон.

Номхои се маротиба истифодашуда нисбатан зиёд буда, 43 ададро ташкил мекунанд: Абдувохид, Абдукарим, Абдулло, Абдуллочон, Акрам, Амирхон, Аслиддин, Валичон, Дадочон, Зариф, Зафар, Зокир, Иброхим, Исроилчон, Камол, Каримчон, Кобилчон. Мамадчон, Мир-зошариф, Муиндон, Мунир, Мухтор, Носирчон, Нуъмончон, Одил-чон, Пулодчон, Рахим, Рашид, Руслан, Самичон, Собирчон, Содикчон, Султон, Тохир, Усмончон, Х,отамчон, Ч^умъабой ва Эхсончон.

Номхои ду маротиба истеъмолшуда аз чихати микдор зиёд, яъне 75 ададро ташкил кардаанд: Абдувосит, Абдуганй, Абдукаххор, Абду-набй, Абдухолик, Абдухабиб, Акмалхоча, Ахмадхон. Ахрор. Ахрор-хоча, Ахрорчон, Аъзам, Аъзамхон, Баротчон, Баховаддин, Бобочон, Байбулло, Гафурчон, Диловар, Зикрулло, Зохирчон, Иброхимчон, Ик-ром, Инъом, Исамтчон, Карим, Комил, Кахрамон. Косимчон. Максад-чон, Маннон, Мирзоалй, Мирзобахтиёр, Мирзомурод, Мирзоосим, Мирзорауф, Мирзорахим, Мирзохакми, Муин, Муким, Мунирчон, Мухаммад, Мухаммадхуча, Мухсин, Назир, Наим, Начиб, Неъмат, Носир, Осимчон, Парвизчон, Рашидчон, Рустамхоча, Сайфуллочон, Саъдуллочон, Собик, Сохиб, Султончон, Умарчон, Фазлиддин, Фай-зулло, Фирдавсчон, Хайруллочон, Хуршедчон, Хдбибчон, Хдмидулло, Х,отам, Ч^алолиддин, Чдмолиддин, Ч,амшедчон. Шавкатчон, Шамсид-дин, Шукрулло, Эркинчон, Юнусчон.

Номхои як маротиба мусаммошуда дар ганчинаи номхои мардонаи соли мавриди назари Хучанд хеде фузун мебошад. Дар ин сол 269 адад ном факат як борй истифода гардидааст: Аббосхон, Абдуасад, Абду-гафур, Абдукайюм, Абдукодир, Абдукуддус, Абдулазиз, Абдулаким, Абдулахай, Абдумачид, Абдумуъмин, Абдурозик, Абдусалим, Абду-самеъ, Абдуфаттох, Абдухалил, Абдухалим, Абдучаббор, Абдучамол, Абдушариф, Абдушукзф, Аврангзеб, Алишерхон, Алишерхоча, Алй, Аловаддин, Амирбек, Анвархон, Асилчон, Аслиддинчон, Асрорбек, Асрорхоча, Асрорчон, Афзал, Ахадчон, Ахмад, Ахрорхон, Аюбчон, Баховаддинхон, Баховаддинхоча, Баходурхон, Баходурхоча, Бахромбек, Бахромхон, Боймухаммад, Бохир, Бузурук, Бурхон, Бурхониддин,

Ваххобчоп. Вилоят, Восит, Гавхарчон. Бнёс, Гулом. Руломчон. Буфрон, Давлат, Давронбек, Давронбой, Додохон, Далербой, Далерхон, Далер-хоча, Дамир, Дилбарчон, Дилшодхон, Дил-шодчон, Домуллочон, Ёкуб-чон, Зайниддин, Заррух, Заур, Зафарбек, Зиёвиддинхуча, Зокирчон, Зохир, Изатуллохочй, Илхомиддин, Иномчон, Искапдархуча. Искан-дарчон, Исломбой, Исломхон, Исматуллохон, Исматхон, Исмоил, Исмоилбек, Исмоилчон, Камолиддин, Камолиддинчон, Кудратулло, Лукмончон. Мавлон, Маликчон, Мансур, Масрурчоп. Масъудчон, Мах-мудхон, Мачидхон, Машрафчон, Мирзоабдурахмон, Мирзоазю, Мир-зоазим, Мирзоакмал, Мирзоамир, Мирзоато, Мирзоахмад, Мирзо-аъло, Мирзобахром, Мирзовалй, Мирзоганй, Мирзогафур, Мирзо-далер, Мирзоёкуб, Мирзоискандар, Мирзокосим. Мирзомухсин, Мир-зопарвиз, Мирзопулод, Мирзорахмат, Мирзорустам, Мирзотохир, Мирзоусмон, Мирзофаррух, Мирзохайрулпо, Мирзохасан, Мирючура. Мирсаид, Миртохир, Мохирчон, Муаззамчон, Мубинхон, Муллочон, Мунаввархон, Мунирбек, Мунирхоча, Мурод, Муродхоча, Муслиддин-хоча, Муслихиддинчон, Мухторчон, Мухиддин, Мухиддинхоча, Мусо-чон, Муъмин, Назарчон, Насимхоча, Наимчон, Ниёзмухаммад, Нодир-хоча, Нодирчон, Нозимхоча, Нуриддин, Нуриддинчон, Нурулло, Нус-рат, Одилхоча, Озод, Ойбек, Оймадчон, Олимбой, Орзу, Осим, Отачон, Охунчон, Парвин, Расул, Рауфчон, Рафикчон, Рахимхон, Рахматулло, Рахматхоча, Рахмончон. Рифъатчон, Розик,, Рузибой, Сайд, Саидамон, Саидахмад, Саидаъзам, Саидбурхон. Саидгапй. Саидкамол, Саижодир, Саидмурод, Саидобид, Саидолимчон, Саидумар, Саидхоча, Сайёд, Сар-вар, Сардор, Сафар, Саъдулло, Сиддикчон, Сиёвуш, Сирочхон, Сохиб-хоча, Тиллохуча. Толис, Тохирчон, Турсунхоча, Умар, Умедбек, Уммат-чон, Усмон, Файзуллохоча, Файзуллочон, Фарис, Фатхуллохоча, Фахриддинхон, Фирдавсхон, Фирдавсхоча, Фирузбек, Фозил, Ховарчон, Холикчон. Хусрав, Хушбахт, Хушруз, Х,абиб, Х,айдар, Хдйдарчон, Х,аким, Х,акимбой, Х,асанхон, Х,асанхоча, Хдсанчон, Х,афизулло, Х,ило-лиддин, Х,омидчон, Хртамбек, Хусейнхон, Хусейнчон, Ч^алил, Чалол, Чдмолхоп. Ч^амшедчон, Ч,ура. Ч^рабск. Ч^фабой, Шариф, Шарофатул-ло, Шарофиддин, Шахзод, Шахобиддин, Шералй, Шераличон, Шерзод, Шохрух, Шухратчон, Эргаш, Эргашчон, Эркин, Эхсон. Юсуфчон, Яхё-хоча, Яхёчон.

Дар ганчинаву хазинаи номхои мардонаи шахри Хучанд мисли номхои точикони мавзеъхои дигари чумхурй ва беруи аз он як микдор анчомаю насвандгуна ва пешванду вожахои номсоз ба назар расид.

ки дар охиру аввали номхо корбаст шуда, номхои гуногун сохтаанд. Дарачаи истифода ва истеъмоли онхо дар ганчина ва хазинаи номхои мардона яксон набуда, баъзеи онхо сермахсул ва гурухд дигарашон камистеъмол мебошанд.

Аз тахдилу баррасии оморй аён гардид, ки аз чихати дарача, басо-мад ва маком дар аввал 11асванд1 унаи - чон мавкеъ дорад, ки дар анчоми 161 адад ном мавриди истифода карор гирифтааст. Ин пасвандгуна дар номи 699 нафар ашхос ба назар расид. Дар макоми дуюм -хоча//-хуча мавкеъ дорад, ки он дар хиссаи охири 29 адад ном корбаст шудааст. Х,амин тавр, анчомаю чузъхо ва насвандгунаю вожахои номсози -хон дар анчоми 28 адад ном, -дин дар охири 19 адад, -улло дар охири 13 адад ном, -бек дар охири 11 ном, -бой дар охири 9 ном истифода шудааст.

Агар ин масоили номхои точикони шахри Хучандро бо номхои дар соли 1987 мусаммошудаи вилояти Хатлон мукоиса кунем чунин манзара ба чашм мерасад. Пасвандгунаи -чон дар анчоми 287 адад ном истеъмол шудааст, ки аз лихози макому дарача дар чойи аввал мебошад. Дар чойи дуюм насвандгунаи -дин мавкеъ дорад, ки он дар охири 184 адад ном ба кор омадааст. Макоми сеюмро вожаи номсози -шох//-шо ишгол менамояд, ки он дар хиссаи охири 178 адад ном ба назар расид. Х,амин тавр чузъхо ва вожахои номсози -улло// -илло, аллох//-убло дар анчоми 122 ном, -хон дар охири 118 ном, -бек//-бег дар анчоми 111 ном, -алй дар охири 88 ном, -хоча//-хуча дар анчоми 83 ном ва Faüpa истифода шудааст.

Бояд зикр кард, ки теъдод ва вожахои номсоз дар хиссаи аввали номхо сермахсул мебошанд. Вожаи Абду -нисбатан фаъол буда, дар аввали 52 адад ном ба назар расид, ки дар мачмуъ 166 нафар писархои дар соли 1987 мусаммошуда номашон бо калимаи мазкур шуруъ мешавад. Сипае вожаи Мирзо - дар хиссаи аввали 36 адад ном, Саид-дар аввали 13 адад ном корбаст шуда, ганчинаву хазинаи номхои мардонро фузун кардаанд.

Тахдилу пажухиши масоили рамзиёту мавзуот, шарху маънидод ва сохту таркиби номхо аз вазоифи мухиму арзишманди илми номши-ноей махсуб меёбад. Х,амчунин чамъоварии пурра ва мукаммали номхои точикони дехахо ва нохияхову шахрхои мамлакат барои садаи гузашта ва номхои муосирон яке аз вазифахо таъхирнопазири намоян-дагони илмхои забону адабиёт ва таъриху мардумшиноей ва хосатан номшиносии точик бояд карор бширад. Бошад, ки ба ин васила ганчи-

наву хазинаи арзишманду пургановати номхои точикони мамлакат ва берун аз он муайян ва мукаррар гардад ва пажухишхои диддии илмй ба миён ояд Хдмзамон маърифату фарханги номгузинй ва номгу-зории хаммилатони хираддусти мо ба низому танзим бирасад. Илми номшиносй бояд ба номгузории тодикон рохнамой кунад.

ПАЙНАВИШТ:

1.Абдуллоев С. Махастй ё Мохситй?// Газетаи муаллимон, 1985. 2-уми июл.

2.Асадуллоев С.Шайх Муслихидцин ё Маслихатуддин? //Илм ва хаёт, 1990

3. Асадуллоев С. Ном лакабхо ва кунияи Камоли Хучандй чй буд? // Илм ва хаёт, 91.

4.Аюбова М. Баъзе хусусиятхои анатропонимхои точикони навохии Шахритус ва Кубодиён вобаста ба инкишофи чамъият // Тезисы докладов молодых ученых,- Душанбе, 1995

5.Аюбова М. Баъзе хусусиятхои анатуропонияи точикони навохии Шахритус ва Кубодиён// Сухану суханварй ва баъзе бозёфтхои он: Мачмуи маколахои кафедраи хат ва матни форсу точик,- Д., 1998.

6.Аюбова М. Номхои сохта дар антропомияиточик (дар мисоли навохии Шахритусу Кубодиён) //Пайёми Донишгохи миллй.-Д., №1.

7. Аюбова М. Инкишофи ангропонимияи точик дар давраи нав // Молодые ученые и современная наука: Материалы науч-теор. кон. Молодых ученных и специалистов. -Душанбе, 2001.

8. Аюбова М. Таъсири исломва забони арабй ба антропонимияиточикони навохии Шахритус ва Кубодиён// Пайёми Донишгохи миллй. -Душанбе, 2002 №1.

9.Аюбова М.Б. Антропонимия таджиков Шахритузского и Кубодиён-ского районов (личные имена): автореф. канд. дис. -Душанбе, 2002

10.Аюбова М. Антропонимияи точикони навохии Шахритусу Кубодиён: дисс. номзадй,- Душанбе, 2002-156с.

11.Бахтибеков Т. О специфике заимствованных антропонимов Памира (на материале шугнанского языка )// Совещание по общим вопросам диалектологии и истории языка: Тезисы докладов и сообщений. -М, 1979.

12.БахтибековТ.Ксемантико-грамматическимособенносг5ш:п1угнанской антропонимии// Иранское языкакознание: ежегодник, 1981. -М, 1985.

13.Карамшоев Д.Этносоциолингвисгические аспекты личных имен при многоязычии (на матерале памирских и таджикского языка)// ХУ Международный конгресс по ономастике. -Лейпциг, 1984.

14.Карамшоев Д. Особенности памирских личных имен// Памироведе-ние. -Душанбе, 1985. Вып.2.

15.Карамшоев Д. Памирские имена //Ономастика. Типология. Стратиграфия. -М.1988

1 б.Карамшоев Д. К истории форматов памирских имен //Совершенстово-вание преподавания иностранных языков в высшей и средней школе: респ. конф. тез. докладов. -Душанбе,1991.Т.1

17. Маслихатуддин не, Муслихиддин!//Х,акикатиЛенинобод, 11.06.1990

18.Рахимов P.P. Термины родства и личные имена у таджиков верхней предгорной части долины р.Зеравшан // Краткое содержание докладов годичной научной сессии Института этнографии АН СССР. 1972-1973, 23-26 июля 1974 г.-Л„ 1974

19. Рахимов P.P. Две заметки по антропонимии Зеравшанской долины // Ономастика Средней Азии, -М.,1978

20. Хайдаров Ш. Лингвогеографическое изучение дифференциальных признаков женских и мужских имен таджиков Ферганской долины(на материале Аштского района)// Совещание по общим вопросамдиалекгологии и истории язьжа: тезисы докладов и сообщении (Душанбе, 12-15 ноября 1979 г.),-М„ 1979

21. Хайдаров Ш. Динамика антропонимии таджиков в XX в. (на материале Аштского района) // Республиканская научно-теоретическая конференция молодых учёных и специалистов Таджикской ССР: Секция филология и востоковедения. -Душанбе, Дониш, 1982

22. Хайдаров Ш. Дифференциальные признаки мужских и женских имен таджиков (на материале Аштского района)// Вопросы диалектологии и истории языка: материалы VII совещания по общим вопросам диалектологии и истории языка. -Душанбе: Дониш, 1984

23. Хайдаров Ш. Топонимы и этнонимы в антропонимии таджиков Средней Азии и Афганистана (вопросы региональной антропонимии)// Историческое развитие языков и методы его изучения: тезисы межвузовской конференции. Свердловск, 25-27 октября 1988 г. -4.L-Свердловский пединститут. -Свердловск, 1988

24. Хайдаров Ш. Антропонимия таджиков северо-западной части Ферганской долины (на материале Аштского района): автореф.канд.дис.-Душанбе.1991

25. Хайдарй Ш. Ном ва тилло: Баррасии номхои мардумии Ашт. -Шайдон, 2000

26. Хайдарй Ш. Маколахои номшиносй. -Перм: Форвард-С, 2001.

27. Хайдарй Ш. Пажухиши лакабхои мардумй нохияи Ашт. -Перм: Форвард-С, 2001

28. Хайдарй Ш. Сайре ба сарвати номхои точикони шахри Душанбе

// Маколахои номшиносй. Перм: Форвард -С.2001.

29. Х,айдарй Ш. Назаре ба номхои занонаи нохияи Хцсор // Маколахои

номшиносй. -Перм: Форвард-С, 2001

ЗОХрйдарй Ш. Баррасии мукоисавии номхои пайрав (дар мисоли номхои Точикистон ва Афгонисгон) // Маколахои номшиносй. -Перм: Форвард-С, 2001

31.ХайдарйШ. Номвожахо. Кариб 38000 номхои халкхои эронизабон. Перм: Форвард-С. 2003

32. Х,айдарй Ш. Лугати басомади номхои точикони вилояти Хатлон. -Д.: Ирфон, 2007

33. Хдйдарй Ш. Накопи Навруз дар номхои мардумй // Точикистон, 2007. -№3-4.

34. Хайдарй Ш. Баъзе масъалахои омузиши лингвостатистикй ва лингвогеографии номхои точикони вилояти Хатлон // Ахбори АИ Ч,умхурии Точикистон, 2009

35. Хайдаров Ш. Фонди антропонимхои райони Ашт // Тезисы докладов республиканской конференции молодых ученых: Секция языкознания и литературоведения. -Д., 1977

36. Хайдаров Ш. Тачрибаи мураттабсозии лугати басомади антропо-нимхоирегионалй//Республиканскаянаучно-теоретическаяконффенция молодьгх ученьгх и специалистов Таджикской ССР: Секция филология и востоковедение. -Д.: Дониш, 1982

37. Хайдаров Ш. Тадкикц лингв остатистикии антропонимхо ва тадви-ни лугатхои басомади антропонимй // Вопросы таджикской филологии. Сборник статей. -Д.: Дониш, 1985

38. Хайдаров Ш. Лугати чандомади антропонимхои точикони райони Ашт. -Д.: Дониш, 1986

39. Хайдаров Ш. Ролитопонимхо дартадкикц антропонимхои регионалй (дар агаси материали райони Ашг)// Республиканская научно-практическая конференция молодых ученьгх и специалистов: тезисы докладов, сообщений: секция литературоведения и языкознания. -Душанбе: Дониш, 1987

40. Хрйдаров Ш. Тадаикц регионалии антропонимхои точикони вилояти Ку-лоб // История и культура Куляба (прошлое и настоящее): тезисы научно-практической конференции (г.Куляб, 17-20 марта 1988г.)-Д. :Донищ 1988

41. Хасанов А. Сарнавишти вожаи Махастй. //Таблаи аттор, к.2.-Хучанд.2001

Лингвостатистическое исследование антропонимов

(на примере мужских имен таджиков города Худжанда)

М.Сиддикова, Ш.Хайдари

— 32 НОМАИ донишгох >

Ключевые слова: антропонимия, лингвостатистический метод, лингвогеографический метод, частотный словарь антропонимов

В статье впервые мужские имена таджиков города Худжанда за 1987 г. исследован лингвостатистическим и лингвогеографи-ческим методами Выяснилось, что в г. Худжанде для 1948 новорожденных мальчиков дано 524 имени и для 1679 девочек дано 377 имен. По частотности употребления имени Дстер занимает первое место. Результатом лингвогеографического исследования выяснилось, что изоглоссы или территория распространения имен в городах, районах и сельской местности разнообразны. Имя Дстер также фигурирует в именнике таджиков столицы Таджикистана Душанбе для исследуемого года это имя дано для 132 новорожденным мальчикам и по частотности занимает первое место. Это имя в городе Курган-Тюбе и районах Кубодиёна и Темурмалика также популярно и занимает первое место.

Linguostatistic Research of Anthroponyms (on the Example of Male Tajik Names of Khujand-Town)

M. Sicldikova, Sh. Khaydari

Key words: cmthroponymy, linguostatistic method, linguostatistical method, frequential dictionary of anthroponyms.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

For the first time male Tajik names in BDiujctnd for the year of 1987 are researched in the article by linguostatistic and linguostatistical methods. It is ascertained that 524 names were given for 1948 newly-born boys and 377 names for 1679 newly-bom girls. The name of Daler goes first by frequency By dint of linguographical exploration the result revealed showed that isoglosses or the territories of names spread in cities, towns, districts and rural areas are variegated. The name of Daler also ocaipies the primaty place in the registration book for Tajiks in Dushanbe, the capital of Tajikistan. It was given to 132 newly-bom boys for the period explored. The name is popidar in the town ofKurgan-Twbe, in the districts of Kobodivon and Temurmalik, in these areas it goes first too.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.