Научная статья на тему 'On the issue of anthroponymy of “Djamshed”'

On the issue of anthroponymy of “Djamshed” Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
392
143
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
АНТРОПОНИМ "ДЖАМШЕД" / СИСТЕМА АНТРОПОНИМИИ / СТЕПЕНЬ УПОТРЕБЛЕНИЯ АНТРОПОНИМА / ЛИНГВОСТАТИСТИКА / ЛИНГВОГЕОГРАФИЯ / THE ANTHROPONYM OF "DJAMSHED" / ANTHROPONYMY SYSTEM / DEGREE OF ANTHROPONYMY USE / LINGUOSTATISTICS / LINGUOGEOGRAPHY

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Ҳайдаров Шомат

В статье анализируются этимология, семантика и степень употребления антропонима «Джамшед» в исторических письменных памятниках и в системе современной антропонимии таджиков -жителей Республики Таджикистан. Исследование показывает, что среди ираноязычных и тюркоязычных народов антропоним «Джамшед» является одним из популярных имен. Частота употребления антропонима «Джамшед» такова: В столичном.Душанбе за 1987 г. зафиксирован 74 раза, в г. Худжанде 20 раз, в г. Пенджикенте 20 раз, в Аштском районе за 1920 1980 гг. 96 раз, и в Хатлонской области за 1987 г. 334 раза.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the analysis of etymology, semantics and a degree of the use of anthroponym of “Djamshed” in historical written monuments and in the system of modern anthroponymy of Tajik inhabitants in the Republic of Tajikistan. Researches shows that the anthroponym of “Djamshed” is one of the popular names among the Iranian-Ianguage and Turkic-Ianguage people. The frequency of the anthroponym of “Djamshed” is as follows: In Dushanbe for 1987 it was applied 74 times, in Khyjand 20 times, in Pendzhikent 20, in Asht area for 1920 1980 96 times, and in Hatlon viloyat for 1987 334 times.

Текст научной работы на тему «On the issue of anthroponymy of “Djamshed”»

Ш. Гайдаров АНДАР АНТРОПОНИМИ ЧАМШЕД

Вожатой калидй: антропонимы Цамшед, системам антропонимы, дарацаи истеъмоли антропонимия, лингвоомор, лингвоцугрофия

Дар макола масоили этимология, тафсиру маъно ва дарачаи истеъмоли номи Ч,амшед дар сарчашмахои гуногуни хаттй ва дар хазинаву сарват ва системаи антропонимияи муосири точикони чумхурй тахкик шудааст. Маълум гардид, ки антропоними Ч,амшед яке аз антропонимхои маълуму машхур миёни мардумони ориёизабону туркзабон махсуб меёбад. Дарачаи истифода ва истеъмоли антропоними Дамшед чунин аст:

Дар шахри Душанбе барои соли 1987 74 бор, дар шахри Хучанд - 20, дар шахри Панчакент - 20, дар нохияи Ашт барои солхои 1920-1980 96 бор, дар вилояти Хатлон дар соли 1987 334 маротиба ба кайд гирифта шудааст.

Дар бораи антропоними Чдмшед ва ному лакдби у дар сарчаш-махои гуногунмавзуи илмй, таърихй, чугрофй ва сафарномахову фархангхо ва адабиёти бадеиву динй маълумоти фаровон оварда шудааст. Аз чумла бостоншиноси точик Юсуфшохи Яъкубшох чунин навиштааст: "Аввалин шохи ориёихо Ч,амшед (Ч,ам) писари к,ахрамони офтобй ё шохи офтобй буд. Барои хамин у лакдби хшатра - хукмрони точи нурдор, рушноидор, фуру1 дорро дошт. Аз ин ру шохони ориёй авлод ва баромади худро аз Худой осмо-нй - Хуршед медонистанд. Тибки гуфтаи Х,еродот худой бузурги сакой - массагетхо Офтоб - Митра буд ва ба у курбонихои зиёде аз аспон меоварданд" (7,25).

Файласуфи точик М. Х,азраткулов оид ба Ч,амшед чунин навиштааст: «Баъди Каюмарс шохони Пешдодй Хушангу, Тахму-расу Ч,амшед хукмронй кардаанд. Аз байни онхо Ч,амшед шахси

асотирии намоёнтаре х,аст...» (2,436-437). Ин чо факдт чунин нуктаро кайд мекунем, ки у дар фарознои кухи Албурз ба тахти заррин нишаста, ба болишти заррин такя карда, порсой, накукорй ва иштиёк, ба маърифати калбиро пеша карда, мочарои пуршур-тарин шохи пешдодиро ба худ касб намуда буд. Шиори Чдмшед дар макоми шахрию мубадй, ба кавли Фирдавсй дар «Шохнома»-и безавол, чунин буда: Бадонро зи бад даст кутах кунам, равонро суи равшанй pax кунам». Х,ошими Разй бо истинод ба ирфони хик-мати хусравонй миераи дуюми Фирдавсиро «равон андар чахони минавй» таъбир намудааст. Мутаассифона Чдмшед бо чунин бузур-гии асотирй бори гарони шахриёриву мубадй ва пайгамбариро кашида натавонист ва ба нобасомонй дучор шуд» (2,436-437).

Номи Ч,амшед дар асотири хиндуэронй китоби «Ригведа» ба шакли Йима писари Вивахвант, дар «Авесто» ба шакли Йима (маъниаш дугоник) хшаета - равшан, дурахшон зикр шудааст. Фаргард (фасл)-и дуюми «Вандидот» аз аввал то охир шархи хол ва аъмолу кирдори уро дар бар мегирад. Ахуро Маздо Йимаро нигахбони кишвар, сарвари тамоми чорпоёну мардумон таъин мекунад. Вай се бор бо сехри ангуштарин ва асое, ки аз Ахуро Маздо шрифта буд, заминро васеъ кард. Сипае Ахуро Маздо ба Йима хабар дод, ки чахонро барфу борону хунукй фаро хохад гирифт ва Чдмшед бояд барои рахонидани мардум бикушад. Чдмшед вар (чордевор)-е сохта, мардумон ва чорпоёнро дар он чой дод ва аз хунукиву обхезй рахонид. Дар замони Чдмшед мувофики Авесто, пириву марг, беморй, кирдори бад вучуд надошт. Падару писар чун чавони 15 - сола менамуданд. Худи Чдмшед «покчехра» ва «хубрама» тавсиф шудааст. Дар кисми «Готхо»-и Авесто Зардушт Йима (Чдмшед)-ро барои гушт хурданаш (яъне курбонй кардани чорпоён) накухиш кардааст.

Достони Чдмшед ва баъзе чузъиёти зиндагиву фаъолияташ дар осори пахлавии «Мину хирад», «Дарахти асурик», «Бундахишн», «Динкард», «Аогмадаеча» ва гайра омадаанд. Масалан, дар «Динкард» гуфта мешавад, ки Чдмшед мастй, дустии калбакй. бадкешй, худпарастй ва гайраро аз байни мардум нест кард. Дар осори пахлавй инчунин аз фаъолияти подшохии Чдмшед пурратар сухан рафтааст...

Тавассути тарчумахои арабии осори пахлавй достони Чдмшед ба таъриххои исломй - «Таърихи Табарй» ва тарчумаи он ба забони форей, осори таърихии Хдмзаи Исфахонй, Берунй, Масъудй, Cao-

либйвадигарон рохёфт. Дартаъриххои исломйсаргузаштиЧдмшед ба саргузашти пайгамбарони сомй Сулаймон, Нух, (мардумро аз барфу борон ва обхезй рахонидани Чдмшед ба туфони Нух монанд аст) махлут шудааст.

Дар «Шохнома»-и Фирдавсй Ч,амшед чорумин подшох аз силсилаи Пешдодиён, писари Тахмурас мебошад, ки пас аз падар ба тахт нишаста, 700 сол хукмронй кард. У чун «кахрамони маданй» ба мардум сохтани олоти чангии оханин. риштану бофтан, духтани либос, киштиронй, пизишкй ва гайраро омухт. Дар замони Чдмшед чашни Навруз барпо гардид. Дар бораи Чдмшед мардуми эронинажод киссаву ривоятхо, афсонахои зиёди шифохй ба вучуд овардаанд. Шоирону нависан-дагони форс-точик дар осори худ ба Чдмшед чун шохи одилу раиятпарвар ва зиндагии хуши мардум дар замони у (асри тиллой) ишора кардаанд (6,486-487).

Мухаккики антропонимхои точикони навохии Шахритузу Кубодиён М.Аюбова оид ба шаклу i унахои антропоними Чдмшсд чунин маълумот овардааст: авестой Vima xsaata форсии кадим Yama xsa, форси миёна ва форси нав Jamsed (Vima «хамзод», «чамъ» ва xsaata «нур») айнан «хамзоди нур», «чамъи нур». Бинобар ривояти «Авесто» ва «Шохнома» хукмронй одил ва тараккидихандаи чахон. начотдихандаи халкхо аз офат мебошад (1,27).

Х,амин шухрату маъруфии Ч,амшед дар хазинаву ганчинаи номгузории мардумони эронинажод густариш пайдо кард. Сарвати номхои мардумонро гановат бахшид. Худуди интишороту истифо-даи ин ном то ба миёни мардумони туркнажод ва халкхои дигар пахн гардид. Аз ин чост, ки холо номи Чдмшед дар миёни мардумони гуногунзабони кишвархои зиёде мустаъмал мебошад.

Агар ба ганчинаи номхои сокинони дехогу нохия ва шахраку шахрхои кишвар нигохи оморй карда шавад, чунин манзара ба назар мерасад. Аз чумла барои солхои 1920-1980 дар нохияи Ашт ин ном барои 96 нафар нисархо мусаммо шудааст. Аз ин хисоб дар чамоати Пунгаз 30 нафар, дар шахраки Шайдон 25 нафар, дар чамоати Ашт 23 нафар, дар чамоати ^аминщургон 9 нафар, Чдрбулок 6 нафар ва дар чамоати Ошоба ду ва дар Пунук як нафар сохиби чунин ном мебошанд.

Дар тули солхои 1960-2010 ин ном дар чамоати Пунгаз 91 бор мавриди истифода карор гирифтааст. Бояд ёдрас намуд, ки доираи истеъмоли антропоними Чдмшед дар чамоати Пунгаз дар

дахсолахои 1971-1980 30 бор, 1981-1990 33 маротиба, 1991-2000 19 бор зиёд гардидааст (6).

Дар ганчинаи номхои точикони шахру нохияхои дигари вилояти Сувд, аз чумла дар маркази вилоят - шахри Хучанд дар соли 1987 20 маротиба ва дар шахру нохияхои Панчакент низ 20 бор ва дар нохияи Айнй 4 маротиба истифода шудааст.

Антропоними Ч,амшед дар байни точикони пойтахт - шахри Душанбе 74 маротиба мусаммо шудааст, ки аз лихози дарачаи истеъмол дар макоми чорум баъд аз номхои Далер 132 бор, Хуршед

- 83 ва Дилшоду Рустам - 75 мавкеъ дорад.

Антропоними Ч,амшед дар миёни сокинони шахру нохияхо ва шахраку чамоатхои вилояти Хатлон дар соли 1987 334 маротиба ба кайд гирифта шудааст (4,394).

Истеъмоли антропоними мазкур дар чамоату шахракхо ва шахру нохияхои вилояти номбурда якранг нест. Аз чумла дар чамоатхои нохияи Кулоб чунин аст: дар шахри Кулоб 20 маротиба, дар чамоатхои Кулобу Дахана 3 борй, дар чамоати Зиракй 2 маротиба ва дар чамоати Зарбдор 4 бор ба кайд гирифта шудааст.

Дар шахраку чамоатхои Хдмадонй (собик Москва): дар шахраки Москва - 5 бор, дар чамоати Кдхрамоп - 1 маротиба, дар чамоати Даштигуло - 7 бор, дар чамоати Чубек - 4 дафъа, дар чамоати Саричашма - 5 бор, дар чамоати Мехнатобод - 2 маротиба, дар чамоати ба номи Турдиев - 8 бор ба кайд гирифта шуд. Дар шахраку чамоатхои нохияи Вахш: дар шахраки Вахш - 1 бор, дар шахраки ба номи Киров - 10 маротиба, дар чамоати Точикобод - 5 бор, дар чамоати Машъал - 2 дафъа, дар чамоати Рохи Ленин - 3 маротиба, дар чамоати Окуоза - 7 бор истеъмол шудааст.

Дар шахраку чамоатхои нохияи Фархор чунин манзара мушохида гардид: дар шахраки Фархор - 4 бор, дар чамоати Фархор

- 2 маротиба, дар чамоатхои Ватану Рай ра i - 4 борй, дар чамоатхои Дехконарику Гулшан ва Зафару Галаба - 1 маротибагй ва дар чамоати Комсомол - 2 бор мавриди истеъмол карор гирифтааст.

Дар шахраку чамоатхои нохияи Кумсашир чунин аст: дар чамоати Кумсаширу ба номи Крупская ва Дустй- 3 борй, дар чамоати Панч- 8 маротиба ва дар чамоати ба номи Телман -4 дафъа ба назар расид.

Дар шахраку чамоатхои нохияи Колхозобод ба таври зайл аст: Дар шахраки Колхозободу чамоатхои ба номи Калинин ва

Навкорам -3 маротибагй, дар чамоати ба номи Фрунзе - 4 бор, дар чамоати Тугаланг -9 дафъа ва дар чамоати Узун- 1 бор мавриди истифода будааст.

Дар шахраку чамоатхои нохияи Ёвон манзара чунин аст: Дар шахраки Ёвону чамоати Ситораи Сурх -4 борй, дар чамоатхои Оби Мукй ва Навобод - 3 маротибагй, дар чамоати Озодй -11 дафъа ва дар чамоати Чоргул -1 бор ба кайд гирифта шуд.

Дар шахраку чамоатхои нохияи Дангара: Дар шахраки Дангара- 7 бор, дар чамоати Ок,су ва Себистон -3 маротибагй, дар чамоати Сангтуда -2 бор, дар чамоати ба номи Шарипов - 5 дафъа ва дар чамоати Корез -8 бор мусаммо шудааст.

Дар шахраку чамоатхои нохияи Восеъ: Дар шахраки Восеъ -1 дафъа, дар чамоати Арал -5 бор, дар чамоати Пахтаобод -7 маротиба, дар чамоати Гулистон -9 бор, дар чамоати ба номи Мичурин -2 дафъа ва дар чамоати пахтакору Тугарак -4 маротибагй мавриди истифода кдрор гирифтааст. Дар шахраку чамоатхои нохияи Абдурахмони Ч,омй (собикКуйбишев): Дар шахраки ба номи Куйбишеву Калинин -2 борй, дар чамоати ба номи 50-солагии Точикистону Октябр -3 маротибагй, дар чамоати Яккатут -6 дафъа ва дар чамоати Иттифок -5 бор ба кор омадааст.

Дар шахраку чамоатхои нохияи Панч чунин буда: дар шахраки Панч -2 бор, дар чамоатхои Арабу Сармантой- 3 маротибагй, дар чамоатхои Кулдимону Тугулу Намуна- 1 борй ба кайд гирифта шудааст. Дар шахраку чамоатхои нохияи Кубодиён: дар чамоати ба номи У. Назаров -2 бор, дар чамоати ба номи С.Худойкулов -4 маротиба, дар чамоати ба номи Носири Хусрав- 3 дафъа, дар чамоати Янгиюл -1 бор мусаммо гардидааст.

Дар шахраку чамоатхои нохияи Муъминобод (собик Ленинград): дар шахраки Ленинград 6 бор, дар чамоати Балхобй, Боггай, Кулчашма, ба номи 50 солагии СССР -1 маротибагй, дар чамоатхои Дехибаланду Шуробод -2 борй ва дар чамоати Даштичум- 4 дафъа ба кайд гирифта шудааст.

Дар шахраку чамоатхои нохияи Темурмалик (собик нохияи Совет): дар шахраки Совет- 5 бор, дар чамоатхои Кангурт, Танобчй, ба номи Бобоюнус -2 маротибагй, дар чамоатхои Ватану Балчувон -1 борй истеъмол шудааст.

Дар шахри Кур1 онтеппа хамагй -6 маротиба ба кайд гирифта шудааст. Дар шахраку чамоатхои нохияи Шахритус чунин аст:

Дар шахраки Шахритусу чамоати Шахритус ва Комсомолу ба номи Чура Назаров -1 борй, дар чамоатхои Обшорону Сайёд -2 маротибагй истифода гардидааст.

Кайд кардан лозим аст, ки антропоними Чдмшед дар ТуЛИ дарозои таърих дар баъзе мавридхо ва мавзеву махалхо ба худ анчомахои иловагии номсоз гирифтааст, мисли Ч,амшедбек, Чдмшедбой. Чдмшедхон, Чдмшедчон. Номи Чдмшедбек дар соли 1987 дар ганчинаи номхои сокинони чамоати ба номи Телмани нохияи Кумсаш ир ба чашм расид, ки он як маротиба мусаммо шудааст.

Гунаи Чдмшедбой ба ганчинаи номхои сокинони чамоати Пунгази нохияи Ашт соли 1997 бори аввал ворид гардидааст.

Чдмшедхон нисбати дигар гунахои антропоними мавриди назар камистеъмол мебошад. Ин ном дар соли 1987 факат дар чамоати Мехнатободи нохияи Хдмадонй (собик нохияи Москва) як бор ба кайд гирифта шуд.

Номи Чдмшедчон нисбати дигар гунахои антропоними Чдмшед сермахсул аст. Аз чумла дар чамоати Саричашмаи нохияи Хдмадонй як бор, дар шахраки Кирови нохияи Вахш як маротиба, дар чамоати Пахтаободи нохияи Восеъ - 2 дафъа, дар шахраки ба номи Куйбишеви нохияи Абдурахмони Ч,омй як бор ва дар шахри Кургонтенна як маротиба ба назар расид (7,199-200).

Дар чамоати Пунгази нохияи Ашт Чдмшедчон соли 1981 ва 1983 хамагй ду бор мусаммо шудааст (3,83).

Хдмин тавр аз баррасихои омории номхои точикони замони хозира аён гардид, ки антропоними Чдмшед ва гунахои он миёни мардумони сокини дехоту шахрхои кишвар серистеъмол будааст. Доираи истифода ва истеъмоли антропоними мазкур дар тули дарозои таърих дар доираи васеи на танхо мардумони ориёнажод, балки миёни мардумони гуногунзабони дунё густариш ёфтааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Аюбова М. Антропонимияи точикони навохии Шахиритузу Кубодиён (номхои ашхос). - Душанбе, 2013

2. Х,азратк;улов Мухаммадкул. Ориёхо ва тамаддуни ориёй. -Душанбе: Дониш, 2006

3. Х,айдаров Ш. Лугати чандомади антропонимхои точикони райони Ашт. —Душанбе: Дониш, 1986

4. Х,айдаров Ш. Лугати басомади номхои точикони вилояти Хатлон.

Душанбе: Ирфон, 2007

5. Дунайдй, Фаридун. Зиндагй ва мухочирати ориёниён (Бар пояи гуфторх,ои эронй).-Тех,рон, 1373

6. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик. -Ч,.3,- Душанбе: Сарредаксияи Энсиклопедияи советии точик, 2004

7. Яъкубшох. Юсуфшох. Точикшинос .- Душанбе: Ирфон, 1999

Ключевые слова: антропоним «Джамшед», система антропоним ии, степень употребления антропонима, лингвоста-тистика, лингвогеография

В статье анализируются этимология, семантика и степень употребления антропонима «Джамшед» в исторических письменных памятниках и в системе современной антропонимии таджиков -жителей Республики Таджикистан. Исследование показывает, что среди ираноязычных и тюркоязычных народов антропоним «Джамшед» является одним из популярных имен.

Частота употребления антропонима «Джамшед» такова:

В столичном .Душанбе за 1987 г. зафиксирован 74 раза, в г. Худжанде -20раз, в г. Пенджикенте -20раз, в Аштскомрайоне за 1920 - 1980 гг. - 96раз, и в Хатлонской области за 1987г. - 334раза.

On the Issue of Anthroponymy of "Djamshed" Sh.Khaydarov

Key words: the anthroponym of "Djamshed", anthroponymy system, degree of anthroponymy use, linguostatistics, linguogeography

The article dwells on the analysis of etymology, semantics and a degree of the use of anthroponym of "Djamshed" in historical written monuments and in the system of modern anthroponymy of Tajik inhabitants in the Republic of Tajikistan. Researches shows that the anthroponym of "Djamshed" is one of the popular names among the Iranian-language and Turkic-language people.

The frequency of the anthroponym of "Djamshed" is as follows:

In Dushanbe for 1987 it was applied 74 times, in Khyjand - 20 times, in Pendihikent - 20, in Asht area for 1920 - 1980 - 96 times, and in Hatlon viloyat for 1987 - 334 times.

К антропонимии Джамшеда Ш.Хайдарое

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.