Научная статья на тему 'КОРТҲОИ ПАРДОХТИИ БОНКӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ НАВИ ҲИСОББАРОБАРКУНӢ ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗА'

КОРТҲОИ ПАРДОХТИИ БОНКӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ НАВИ ҲИСОББАРОБАРКУНӢ ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗА Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
4
2
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
бонк / мизоҷ / пардохт / пардохт / истифодабари / мамлакатҳо / системаҳои байналхалқӣ / бозори молияви

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Имомализода Баҳодур Бобомурод, Джайлоев Зафар Миралиевич

Дар мақола муаллифон оид ба зарурияти истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар пешбурди фаъолияти бонкӣ ҳамчун омили рушд фикрҳои худро баён намудаанд. Вазъи истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифта, якчанд пешниҳодҳои муфид оид ба беҳтар намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ оварда шудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «КОРТҲОИ ПАРДОХТИИ БОНКӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ НАВИ ҲИСОББАРОБАРКУНӢ ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗА»

КОРТХОИ ПАРДОХТИИ БОНКЙ ^АМЧУН ВОСИТАИ НАВИ ХДСОББАРОБАРКУНЙ ДАР ШАРОИТИ ИМРУЗА

ИМОМАЛИЗОДА БА^ОДУР БОБОМУРОД

омузгори кафедраи фаъолиятй гумрукии ДДБ ба номи Носири Хусрав, Бохтар, Чумхурии Точикистон

ДЖАЙЛОЕВ ЗАФАР МИРАЛИЕВИЧ

отсент - мудири кафедраи кори бокии ДДБ ба номи Носири Хусрав, Бохтар, Чумхурии Точикистон

Аннотатсия: Дар мацола муаллифон оид ба зарурияти истифодабарии корт%ои пардохтии бонки дар пешбурди фаъолияти бонки %амчун омили рушд фикр%ои худро баён намудаанд. Вазъи истифодабарии корт%ои пардохтии бонки дар Цум^урии Тоцикистон мавриди омузиш царор гирифта, якчанд пешнщод^ои муфид оид ба бе%тар намудани %исоббаробаркунщои гайринацдй оварда шудаанд.

Калидвожахр: бонк, мизоц, пардохт, пардохт, истифодабари, мамлакат%о, система%ои байналхалци, бозори молияви

Кортхои пардохтии бонкй шуруъ аз соли 1951 дар ИМА пайдо шуда, ба зуди хамчун воситаи пардохтй дар тамоми олам пахн гаштанд, зеро кортхо аз лихози амният ва истифодабарй барои мизочон воситаи мувофик буда, истифодабарии онхо дорои афзалиётхои зиёд мебошад. Барохатии истифодабарии корт барои сохибаш аз он иборат аст, ки хангоми ба магоза ва муассисаи хизматрасон омадан бо худ микдори зиёди пулй накд гирифтагаштан лозим нест, аммо дар хар лахзаи ба худ мувофик метавонад харид намояд.

Дар ИМА коршиносон афзалиятхои истифодабарии кортхои пардохтии бонкиро зудтар дарк намуданд ва дар амалигардонии он кушишхои зиёдеро ба харч доданд, ки ин албатта бехуда набуд. Бо мурури замон афзалиятхои истифодабарии кортхои бонкй дар дигар давлатхо пахн гардид ва акнун бонкхои дигар мамлакатхо низ кушиш намуданд, ки истифодабарии кортхои пластикиро васеъ ба рох монанд. Баъди он, ки кортхои бонкхои бонуфуз аз доираи миллй берун рафта ба байналхалкй табдил ёфтанд, шабакаи савдо хам макоми чахонй пайдо намуд.

Якуми октябри соли 1958 корти аввалини American Express барориш карда шуд. Аллакай баъди як сол ин ширкат 32 хазор корхонахо ва зиёда аз 475 хазор дорандагони кортхоро хизмат мерасонд. Аз соли 1966 сар карда, Bank of America ба фурухтани литсензия барои истифодабарии технологияи кортй ба бонкхои дигар шуруъ кард.

Дар худуди кишвархои собик шуравй системахои байналхалкй хануз соли 1969 пайдо шуда буд. Аммо кортхои онхоро бонкхои хоричй таъмин мекарданд.

Имруз кортхои ширкатхои Visa ва Master Card дар тамоми олам аз чониби миллионхо нуктахои савдо мавриди истифода карор гирифтаанд. Кортхои дебетй ба мизоч аз лихози техникй мувофик мебошанд. Бо истифодаи чунин кортхо пардохти гайринакдй, гирифтани пули накд идоракунии хисобро анчом додан мумкин аст. Агар корт кредитй бошад бартарии дигараш аз он иборат аст, ки метавонед тавассути он карз гиред. Дар ИМА 80%-и молхои мавриди ниёзи мардум ба воситаи кортхои кредитй харида мешавад.

Имрузхо дар Чумхурии Точикистон низ чихати истифодабарии кортхои пардохтй дар аксарияти нуктахои савдо ва хизматрасонихо инфрасохтори зарурй ба монанди пост-терминалхо, QR-рамзхо, банкоматхо, хамёнхои электронй таъмин гардидаанд. Дар мамлакати мо истифодабарии кортхои пардохтии бонкй сол ба сол, махсусан дар давоми соли 2023 ба таври бесобика зиёд гардида истодааст. Тибки маълумотхои оморй ба санаи 31 декабри соли 2023 дар чумхурй аз чониби 24 ташкилоти карзии молиявии ватанй 6,7 млн. адад кортхои пардохтии бонкй ба муомилот бароварда шуда, нишондихандаи мазкур нисбат ба хамин санаи

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

соли 2022 ба андозаи 32,6% зиёд мебошад. Шумораи кортхои пластикй то мохи декабри соли 2022 5,1 млн.ададро ташкил медод, ки ин нишондиханда дар соли 2023 ба микдори 1,6 млн.адад бо хисоби бузургии мутлак афзоиш ёфтааст. Ин холат шаходат медихад, ки талабот ба хизматрасонии бонкй тавассути истифодабарии кортхои пардохтй руз ба руз тамоюли мусбй ба худ касб намудааст ва метавонад дар расонидани хизтамрасонихои муосири бонкй накши муассир дошта бошад.

Афзоиши шумораи кортх,ои пардохтии бонкй

Сарчашма: сомонаи nbt.tj

Имрузхо дар бозори молиявии Чумхурии Точикистон якчанд низомхои пардохтй ба монанди Корти миллй, Express Pay-Корти миллй, Union Pay-Корти миллй, Visa, Mastercard, Express Pay, Union Pay фаъолият менамоянд, ки хар кадом дар расонидани амалиётх,ои гуногуни бонки накши босазои худро доранд. Махсусан, накши ин низомхои пардохтиро дар расонидани хизматрасонии интиколи маблагхо кайд кардан бамаврид аст.

Х,иссаи кортх,ои пардохтй аз руи низомх,ои пардохтй

Сарчашма: сомонаи nbt.tj

Ташкилотхои карзии молиявй барои бо пули накд таъмин кардани дорандагони кортхои пардохтии бонкй 2 240 адад банкомат ва 3 492 адад терминали электронй дар нуктахои пешниходи пули накд (НППН) насб намудаанд. Нишондихандахои мазкур нисбат ба хамин давраи соли 2022 мувофикан 29,9 фоиз ва 63,8 фоиз зиёд мебошанд. Илова бар ин, барои кабули пардохтхои гайринакдии молу хизматрасонй дар нуктахои савдою хизматрасонй 6 939 адад POS - терминал ва 12 560 адад QR-рамз насб карда шуданд, ки назар ба хдмин давраи соли 2022 теъдоди онхо мувофикан 79,2 фоиз зиёд ва 28,0 фоиз кам мебошанд. Сабаби кам

шудани теъдоди QR-рамзхо ин гузариш ба QR-рамзи ягона мебошад. Шумораи терминалхои худкори худхизматрасон ба санаи хисоботй ба 10 362 адад баробар гардид.

Ин нишондихандахо аз он шаходат медиханд, ки низоми бонкии Чумхурии Точикистон бо дарки мухимияти чорй намудани хизматрасонихои муосири бонкй ба ташкили инфрасохтори лозимй ахамияти чиддй дода, дар масъалаи ракамикунонии сохаи бонкдорй аз мамлакатахои хамчавор кафо намонда истодааст.

Динамикам рушди инфрасохтори пардохтй (адад)

Сарчашма: сомонаи пЫ.^

Дар каламрави Чумхурии Точикистон бо истифодаи корти пардохтии бонкй чунин амалиёт метавонанд гузаронида шаванд:

- пардохти мол ва хизматрасонй, инчунин андозхо, бочхо ва дигар пардохтхо;

- гирифтани пули накд аз банкоматхо ва нуктаи пешниход ва ё кабули маблагхои пулии

накд;

- ворид намудани пули накд ба суратхисоби кортии худ тавассути банкомат ё нуктаи пешниход ва ё кабули пули накд.

Хулоса, рушди бозори кортхои пардохтй дар Чумхурии Точикистон яке аз омилхои мухимтарин дар халли масъалаи рушди низоми хисоббаробаркунихои гайринакдй чихати кохиш додани хачми пули накд дар муомилот мебошад. Барои халли масъалаи зикргардида, Бонки миллии Точикистон дар якчоягй бо ташкилотхои карзй барои вусъат додани истифодабарии кортхои пардохтии бонкй дар савдои чакана ва кабули онхо хангоми пардохти молу хизматрасонихо чорахои зарурй андешида истодааст.

Бонки миллии Точикистон хамасола такмилдихии инфрасохтори низоми пардохтро давом дода, бо максади кам кардани хиссаи муомилоти накдй ва татбики технологияхои пардохтии хозиразамон дар кишвар мачмуи тадбирхои мушаххасро рохандозй намуда истодааст. Аз ин ру, бозори кортхои пардохтии бонкй дар Чумхурии Точикистон сол то сол тамоюли мусбй ба худ касб намудааст.

Дар баробари ин васеъ намудан ва такмил додани худуди истифодабарй аз кортхои пластикй бояд аз эътибор сокит намонад. Дар ташкилотхои карзй баланд бардоштани дарачаи техникй ва технологию коммуникатсионй барои такмили амалиёти самарабахши

хисоббаробаркунии гайринакдй бояд дар мадди назари рохбарияти бонкхои тичоратй бошад. Сифати фаъолияти ташкилотхо, бонкхо, сифати хуччатхои пешниходи пардохт ба бонкхо ва дигар хуччатгузорихои бонкй, байни субектхои хочагидорй, байни бонкхо ва дигар сохахо баланд бардошта шавад.

РУЙХАТИ АДАБИЁТХОИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Шариф Рахимзода. Муомилоти пул ва к;арз. -Душанбе: «ЭР- граф», 2008. - 450 с.

2. Большаков С.В Финансы предприятий: Теория и практика: Учеб. для вузов. М.:Книжный мир, 2006.

3. Ковалев В.В. Финансы: Учеб. для вузов. Изд.2 М.:Велби, Проспект, 2007.

4. Оймахмадов Г.Н. Молия. Душанбе: «Нодир», 2005.

5. Финансы. Денежное обращение. Кредит: Учеб. пособие для вузов. Изд.З, перераб. и доп. Колпакова Г.М. М.: Финансы и статистика, 2006.

6. Финансы: Учебник для вузов. Изд.2, перераб. и испр. Литовченко В.П., ред. М.:Дашков и Ко, 2006.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.