Научная статья на тему 'ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДИИ НИЗОМИ ПАРДОХТИ МИЛЛӢ'

ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДИИ НИЗОМИ ПАРДОХТИ МИЛЛӢ Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
179
19
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПАРДОХТ / ҲИСОББАРОБАРСОЗИ / НИЗОМИ ПАРДОХТ / НИЗОМИ ПАРДОХТИ МИЛЛИ / ИНФРАСОХТОРИ МОЛИЯВӢ

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Исматов Хушрӯз Ҳасанович, Ҳалимов Иномҷон Мамадҷонович

Ҷанбаҳои назариявию методии низоми пардохт ва низоми пардохти миллӣ баррасӣ шудааст. Дар доираи таҳқиқ таърифҳои пешниҳод намудаи олимони зиёдро оид ба низоми пардохт баррасӣ шуда, дар асоси онҳо таърифи муаллифӣ пешниҳод гардидааст, ки дар он хусусиятҳои хоси низоми миллии пардохт ва самараи он ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ба мадди назар гирифта шудааст. Самараи мултипликатсионии низоми пардохти мукаммал таҳқиқ шуда, самараи умумӣ барои агентҳои иқтисодӣ шарҳ дода шудааст. Дар заминаи натиҷаҳои ба даст овардашуда ҷиҳати такмили асосҳои институтсионалию меъёрии танзиму рушди низоми пардохти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо пешниҳод шудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THEORETICO-METHODOLOGICAL ASPECTS OF NATIONAL PAYMENT SYSTEM

The article dwells on theoretico-methodological aspects of payment system and national payment system itself. The authors have studied the definitions of payment system proposed by many scientists and after their versatile analysis they worked out a treatment of the notion of their own. The latter takes into account the specificity of the national payment system and its effectiveness in the aspect of social-economic development of the country. Multiplicative effect of a perfect payment system is determined; general effect from the system in question for economy agents being well-grounded. Proceeding from the results obtained, the authors give recommendations on an improvement of an institutional and normative base of regulation and development of national payment system in Tajikistan Republic.

Текст научной работы на тему «ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДИИ НИЗОМИ ПАРДОХТИ МИЛЛӢ»

УДК 336.7 ББК 65.226.3

Исматов Хушруз Хасанович, н.и.и., муаллими калони кафедраи молия ва царзи ДДХБСТ; Хвалимое Иномцон Мамадцонович, муаллими калони кафедраи молия ва царзи ДИС ДДТТ (Тоцикистон, Хуцанд)

Исматов Хушруз Хасанович, канд. экон. наук, ст. преподаватель кафедры финансов и кредита ТГУПБП, Халимов Иномджон Мамадджонович, ст.

преподаватель кафедры финансов и кредита ИЭТ ТГУК (Худжанд, Таджикистан)

Ismatov Khushruz Hasanovich, candidate of economical sciences, senior lecturer of the department of finances and credit under TSULBP; Halimov Inomjon Mamadjonovich,

senior lecturer of the department offinances and credit under the IET TSUC (Tajikistan, Khujand) E-MAIL:khushruz_1987@mail. ru

Калидвожа^о: пардохт, уисоббаробарсози, низоми пардохт, низоми пардохти милли, инфрасохтори молияви

Цанбауои назариявию методии низоми пардохт ва низоми пардохти милли барраси шудааст. Дар доираи тауциц таърифуои пешнщод намудаи олимони зиёдро оид ба низоми пардохт барраси шуда, дар асоси онуо таърифи муаллифи пешнщод гардидааст, ки дар он хусусиятуои хоси низоми миллии пардохт ва самараи он ба рушди ицтимои-ицтисодии кишвар ба мадди назар гирифта шудааст. Самараи мултипликатсионии низоми пардохти мукаммал тауциц шуда, самараи умуми барои агентуои ицтисоди шару дода шудааст. Дар заминаи натицауои ба даст овардашуда цщати такмили асосуои институтсионалию меъёрии танзиму рушди низоми пардохти милли дар Цумуурии Тоцикистон тавсияуо пешнщод шудаанд.

Ключевые слова: платёжная система, платежи, расчёты, национальная платёжная система, финансовая инфраструктура

Рассмотрены теоретико-методические аспекты платёжной системы и сама национальная платёжная система. Изучены предложенные многими учёными определения платёжной системы, и после их всестороннего анализа разработана авторская трактовка данного понятия. Авторское определение учитывает специфику национальной платёжной системы и её эффективность в социально-экономическом развитии страны. Определён мультипликативный эффект от совершенной платёжной системы и обоснован общий эффект от данной системы для экономических агентов. С опорой на полученные результаты даны рекомендации по совершенствованию институциональной и нормативной базы регулирования и развития национальной платёжной системы в Республике Таджикистан.

Key-words: payment system, payments, calculations, national payment system, financial infrastructure

ЦАНБАХрИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДИИ НИЗОМИ ПАРДОХТИ МИЛЛИ

ТЕОРЕТИКО-МЕТОДИЧЕСКИЕ АСПЕКТЫ НАЦИОНАЛЬНОЙ ПЛАТЁЖНОЙ СИСТЕМЫ

THEORETICO-METHODOLOGICAL ASPECTS OF NATIONAL PAYMENT SYSTEM

The article dwells on theoretico-methodological aspects of payment system and national payment system itself. The authors have studied the definitions of payment system proposed by many scientists and after their versatile analysis they worked out a treatment of the notion of their own. The latter takes into account the specificity of the national payment system and its effectiveness in the aspect of social-economic development of the country. Multiplicative effect of a perfect payment system is determined; general effect from the system in question for economy agents being well-grounded. Proceeding from the results obtained, the authors give recommendations on an improvement of an institutional and normative base of regulation and development of national payment system in Tajikistan Republic.

1.Му^иммияти та^кик- Пойдоршавй ва ташаккули низоми пардохт дар Чумхурии Точикистон бо тачдиди низоми щтисодиёти миллй вобаста буда, тайи 30 соли сохибистщлолии кишвар хусусиятхои хос пайдо кардааст. Зеро дар давраи муосири таравдиёт дар мамлакат механизмхои пардохти мушкил ва низоми пардохти дорои операторхои мухталифи аз хам вобаста буда истифода шудаанд, ки ра^обат ва хамкориро байни ташкилоти зиёди иштирокдор та^озо менамояд. Бояд иброз намуд, ки дар солхои аввали исти^лолият кулли натичахои ноилшуда дар самти низоми пардохт дар кишвар ба на^ши калидии бонки марказй вобаста буд. Минбаъд тайи 15 соли охир рушди низоми пардохтро ба таври табий арзёбй намудан мумкин аст, ки зери таъсири тачрибаи чахонй ба такмили фаъолияти ташкилотхои ^арзй ва низоми бонкии кишвар мусоидат мекунад.

Филхол баробари таъмини гардиши пул дар и^тисодиёт ва ичрои самарабахши кулли вазифахои пул хамчун категорияи и^тисодй бояд амнияти хисоббаробарсозихо дар кишвар таъмин гарда, низоми пардохт содаю камхарч ва дастраси ахолию дигар субъектони хочагидор боша. Истифодаи технологиями муосири инфрасохтори молиявй ва низоми пардохт дар ин самт ахамияти мухим дорад. Инчунин бояд пардохтро сарива^т амалй гарданд ва ташкилоте, ки тари^и онхо амалиётхои пардохтй анчом дода мешаванд, расман фаъолият дошта бошанд. Баробари ин фаъолияти низоми пардохти миллй, ки эмитент ё худ операторхои он резидентхои Чумхурии Точикистон мебошанд, вусъат дода шуда, тачрибаи чахонй чихати хамгироии операторхои низоми пардохт бо назардошти самараи умумй дар тамоми сохахои хочагии хал^ тадричан амалй карда шавад. Гуфтахои боло собит менамоянд, ки дар шароити муосир мохият ва ахамияти низоми пардохт, ки унсури гайримутамаркизи низоми молиявй-^арзй тавсиф дода мешавад, ба куллй тагйир меёбад ва минбаъд такмили механизми идоракунй ва хосатан танзими ин низом та^озо карда мешавад.

Низоми пардохт ^исми мухимми инфрасохтори молиявии миллй махсуб меёбад. Зеро мавчудияти инфрасохтори молиявй махз барои таъмини гардиши самарабахши пул дар и^тисодиёти миллй ва ичрои кулли вазифахои пул нигаронида мешавад. Кайд кардан зарур аст, ки истифодаи низоми пардохт дар раванди пардохт ва ё ^абули маблаг ба ахолию субъектони сохаи тичорат, инчунин ма^омоти давлатй дастрас ва бехатару самаранок бошад. Зеро асоси суботу устувории низоми и^тисодй ва молиявиро пардохтхо таъмин менамоянд. Таравдиёти пайвастаи технологияхои иттилоотй ва ворид намудани онхо дар фаъолияти сохторхои бахши молиявии и^тисодиёт шароити низоми молиявии миллиро тагйир медихад. Тари^и низоми пардохт вусъат додани раванди гардиши пул дар сохахои и^тисодиёт, хатто дар шароити муосир хавасмандии молиявиро ба миён меорад, ки бо гардиши пулхои гайринавдй дар и^тисодиёт ало^аманд аст.

Дар шароити муосири Чумхурии Точикистон гузариши тадричии шахсони хукукию вокей ба муомилоти гайринакдй ба мушохида мерасад. Ин мулохизаро он нукта исбот мекунад, ки мутобики додахои омори расмй хамасола хиссаи хисоббаробарсозихои гайринакдй дар раванди ичрои ухдадорихо ва пардохти маблаги хизматрасонихо дар кишвар афзоиш меёбад. Тавусеаи чунин шакли хисоббаробаркунй ба хадафи саноатикунонии босуръати иктисодиёти кишвар низ мувофик аст. Зеро дар ин раванд технологияхои иттилоотй инкишов ёфта, боиси бунёди роххои иловагии хамкорй байни истехсолкунандагон ва истеъмолгарон мешавад, ки он раванди такрористехсолро хавасманд мегардонад.

Кайд кардан зарур аст, ки дар шароити муосири муносибатхои иктисодй инкишофи пайвастаи технологияхои иттилотй-комуникатсионй дар сохаи низоми пардохт ва такмили босурати технологияи коркард ва хифзу пешниходи иттилоот ба амал меояд. Рушди минбаъдаи технологияхои молиявй ва ракамй ба низоми пулию молиявй ва хатто низоми бонкй низ таъсири чиддй мерасонад.

Дар асоси гуфтахои боло метавон кайд намуд, ки дар сатхи чахонй ба масъалаи стандартизатсия, назорат ва арзёбии фаъолияти низоми пардохт дикати хоса зохир мегардад ва накши калидиро дар ин самт институтхои молиявии чахонию минтакавй ва бонкхои марказии давлатхо мебозанд. Дар Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон то соли 2030 рушди инфрасохтори молиявй яке аз самтхои мухимми такмилталаб дар бахши молиявии кишвар махсуб меёбад, ки дар таркиби он низоми пардохти миллй мухим арзёбй мегардад. Вобаста ба ин масъала дар стратегияи номбурда самти зерини ислохоти бахши молиявй муайян шудааст: фарохам овардани замина барои паст кардани нархи хизматрасонихои молиявй ва кохиш додани харочоти амалиётй аз хисоби чорй намудани равандхои инноватсионии фаъолияти сохибкорй, гузариш ба сохторхои ташкилии тагйирпазир, модернизатсияи заминаи техникии муассисахои молиявй, истифодаи васеи усулхои муосири идоракунии суратхисобхои бонкй (фосилавй, аз чумла бонкдорй тавассути интернету воситахои мобилии алока ва низомхои пардохт), истифодаи васеи воситахои электронии пардохт, баланд бардоштани сатхи дастрасй, амният, сифати хизматрасонихои пардохт ва низоми пардохт, рушди заминаи техникию инфрасохтори низоми пардохт. Бо назардошти гуфтахои боло дар шароити кунунии Чумхурии Точикистон масъалаи фаъолияти низоми пардохт ва операторхои он, инчунин чанбахои назариявию методии таракиёти низоми пардохти миллй тадкики амикро такозо менамояд.

П.Ч,анба^ои назариявй-методии та^кин;. Барои дарки мавкеи низоми пардохт дар шароити нави муносибатхои ичтимой-иктисодй ва ташкили пардохт баррасии муносибатхои илмй оид ба мафхуми низоми пардохт такозо мегардад. Бояд кайд намуд, ки доир ба мафхуми категорияи мазкур мухаккикон ва иститутхои тахкикотию молиявй ба таври кофй тахкикот анчом додаанд, вале низоми пардохтро дар доираи сохахои мухталифи молиявй (сиёсати монетарй ва бозорхои молиявй) баррасй намудан имконпазир мебошад. Пеш аз хама, бояд таърифи «низоми пардохт» дар доираи конунгузорихои давлатй ва тахкикоти олимони ватанию хоричй, инчунин санадхои меъёрии сатхи чахонию минтакавй баррасй гардида, таърифи мутобик ба мундаричаи ин категорияи иктисодй пешниход карда шавад.

Тадкикоти олимони ватанй, аз чумла Рахимов З.А., Лалбеков И., Каюмов Н.К., Рахимов Р.К., Умаров Х.У., Рахимов Ш.М., Саидмуродов ЛД., Султонов З.С., Ризокулов Т.Р., Давлатов И.Х. ва дигарон ба рушди низоми бонкй ва инфрасохтори бахши молиявй

дар давраи гузариш бахшида шудаанд. Кайд кардан зарур аст, ки дар асархои илмии олимони мазкур чанбахои мухталифи татбики сиёсати монетаристй, ташаккули низоми бонкй ва низоми пардохт дар мамлакат, инчунин хисоббаробарсозихои гайринакдй мавриди тахкик карор гирифтаанд. Вале мохияти иктисодии низоми пардохт, инчунин низоми пардохти миллй, ки комилан мундарича ва хусусиятхои ин категорияро фарогир бошад, тахкикоти иловагиро такозо менамояд.

Масъалаи дарки мохияти низоми пардохт чун категорияи иктисодй дар шароити табиати инноватсионй пайдо кардани инфрасохтори молиявй беш аз пеш вижагихои махсус касб менамояд. Кайд кардан зарур аст, ки рочеъ ба таърифи иктисодии низоми пардохт байни олимон иттифоки ороъ ба назар намерасад. Дар шароити муосир тавзехи мохияти низоми пардохт аз назари технологй, умумииктисодй, хукукй-ташкилй, институтсионалй, сохторй-функсионалй, олатй, такрористехсолй пешниход шудааст. Бо вучуди аз чониби хамаи олимон эътироф шудани зарурати низоми пардохт ба рушди муосири иктисодиёт ва молиято хол чанбаи консептуалии умда дар тахкики ин зухуроти иктисодй мавчуд намебошад.

Конуни Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи хизматрасонихои пардохтй ва низоми пардохтй» (аз 07.08.2020 № 1723) асосхои хукукию ташкилии фаъолияти низоми пардохт ва тартиби пешниход намудани хизматрасонихои пардохтиро дар Чумхурии Точикистон муайян намуда, ба рушди низоми пардохт дар кишвар мусоидат мекунад. Дар ин санади меъёрй низоми пардохт мачмуи ташкилотхое муайян шудааст, ки аз оператори низоми пардохтй, оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохтй, инчунин камаш се иштирокдор - ташкилоти карзии молиявй иборат буда, бо максади интиколи маблаг мутобики коидахои низоми пардохтй якчоя амал менамоянд. Дар ин таъриф собит мешавад, ки низоми пардохт аз субъектони якчоя амалкунандаи сохахои пулию карзии аз хам вобаста ташаккул меёбад ва субъекти асосй - оператори низоми пардохт мебошад, ки ин низомро идора ва коидахои умумии онро дар чорчубаи конун танзим мекунад. Инчунин таъкид шудааст, ки оператори хизматрасонихои инфрасохтори пардохтй барои ичрои вазифахои иттилоотй ва вазифахои дигари технологй дар низоми пардохт хангоми интиколи маблаг ширкат варзида, бояд низоми пардохт камаш се ташкилоти карзйро, ки хизматрасонихои пардохтиро ба истифодабарандагон дастрас менамоянд дар бар гирад.

Аз мухтавои таърифи конунгузории кишвар доир ба «низоми пардохт» маълум мегардад, ки дар он субъектони иштироккунанда дар амалияи низоми пардохт ва талаботи умумй оид ба ташаккули ин низом таъкид шуда, таърифи мазкур аслан мохияти ташкилй-хукукии ин категорияро ифода менамояд. Вале ин таъриф наметавонад мохияти иктисодии низоми пардохтро амик ифода намояд. Аз ин лихоз зарурати дар доираи тахкики илмии васеъ баррасй кардани мохияти низоми пардохт ба миён меояд.

Коршиносони Бонки умумичахонй Ч,.Е. Стиглитс ва А. Бхатахариа кайд менамоянд, ки дар шароити чахонишавии иктисодиёт низоми пардохт дар сари вакт бо иттилооти зарурй ва мачроххои пулй таъмин намудани иштирокдорони бозрохои чахонии асъор ва молия ахамияти калон дорад [13, с. 3]. Дар таърифи мазкур ахамияти хоси низоми пардохт дар раванди чахонишавии иктисодиёт муайян мегардад. Бояд кайд намуд, ки низоми пардохт хангоми хисоббаробарсозихо натанхо дар раванди чахонишавии иктисодиёт, балки дар амалиётхои агентхои иктисодй дар доираи иктисодиёти миллй низ ахамияти калон дорад.

Брюс Ч. Саммерс яке аз олимони сатхи чахонй, ки дар самти низоми пардохт тахкикоти бунёдиро анчом додааст низоми пардохтро унсури хатмии низоми пулию карзй мешуморад, ки аз коидахои пешакй муайяншуда, тартиб ва механизми интиколи воситахои пулй ва муассисахои муайяни иштироккунанда иборат мебошад. У таъкид менамояд, ки назорат чихати хамкории дохилии низоми пардохт предмети кории хам иштирокдорони бозор ва хам симохои расмй, хосатан намояндагони бонки марказй махсуб меёбад. Тачрибаи гузаронидани тачдиди бозорй аз он шаходат медихад, ки мавчудияти низоми пардохти конеъкунандаи талаботи симохои хусусй ва ширкатхо дар интиколи бехатару самараноки воситахои пулй унсури мухимми инфрасохтор бахисоб рафта, яке аз шартхои бомуваффак ба рохи иктисодиёти бозорй гузаштан мебошад. Аз чумла низоми пардохти мукаммал барои рушди хамкорихои байнибонкй накши марказиро ичро мекунад [3, с. 11]. Дар таърифи Брюс Ч. Саммерс механизими амалкард, зарурати ташаккул ва такмили ин низом, инчунин ахамияти низоми пардохт дар фаъолияти бонкй таъкид мешавад. Вале бояд тазаккур дод, ки низоми пардохт ба рушди ичтимой-иктисодй ва хамкорихои байналхалкй низ мусоидат менамояд.

Пол Ван ден Берг низоми пардохтро хамчун як навъи ухдадорихои мачмуии кабулнамудаи субъектони хочагидорй баррасй менамояд, ки дар лахзаи ба даст овардани захирахои моддй ё молиявй ва дигар арзишхо амалй мешаванд [9, с. 46]. У таъкид мекунад, ки низоми пардохт миёнаравиро дар интиколи пардохти воситахои пулй аз як тарафи шартнома ба тарафи дигари он хангоми амалигардонии хисоббаробарсозихо чи барои ухдадорихои шахсй ва чи ба сифати миёнарав пешниход намудани хизматрасонии пардохтй таъмин менамояд.

Дар байни олимхои рус то ташаккулёбии конунгузории давлатй таърифи низоми пардохт дар тахкикоти С.А. Полищук баррасй ва пешниход гардидааст, ки бо таърифи пешниходкардаи Пол Ван ден Берг аз руи ахамияти ин категория чанбаи ягона дорад. У низоми пардохтро чун ягонагии шартхои бунёдшуда ва таърихан ба вучуд омадаи шакли ташкилии давлатй-хукукии усулхои пардохт ва васоити мачмуи хисобу пардохт муайян кардааст, ки интиколи воситахои пулй, батанзимдарорй ва хисоби ухдадорихои карзии иштирокдорони пардохти мубодиларо таъмин менамояд [8, с. 14]. Дар таърифи мазкур мохияти ташкилию хукукии низоми пардохт ва вазифахои асосии он муайян карда шудаанд. Вале фаромуш набояд кард, ки низоми пардохти мукаммал метавонад ба раванди такрористехсол ва хосатан мубодилаю азнавтаксими воситахои пулй дар иктисодиёт такон бахшад ва хатто амали ин равандхоро кулай ва мусоид кунад.

Яке аз таърифхои низоми пардохт дар тахкикоти олими русй О.И. Лаврушин пешниход шудааст. У низоми пардохтро хамчун мачмуи унсурхои конунан танзимкунанда баррасй менамояд, ки ичрои ухдадорихои карзии дар раванди фаъолияти иктисодй ба вучуд ояндаро таъмин мекунад [4, с.216]. Дар ин таърифи О.И. Лаврушин фахмиши нисбатан фишурдаи низоми пардохт пешниход шудааст. Олим низоми пардохтро чун олати пардохти ухдадорихо баррасй кардааст.

Р.Ю. Лисенко низоми пардохтро зинаи пайвасткунандаи байни истехсолкунандагон ва истеъмолкунандагони молу хизмат, инчунин сохахои иктисодй ва ичтимой мехисобад, ки тавассути он ташаккулёбй, таксим ва азнавтаксими мачмуи махсулоти дохилй ва бучети давлатии мамлакат ба вучуд меояд» [5]. Дар таърифи мазкур низоми пардохт зинаи пайвасткунанда муайян шудааст, вале аз чониби муаллиф амик баррасй карда нашудааст,

ки сухан дар бораи зинаи кадом категорияи иктисодй меравад. Ба назари мо, агар дар таърифи мазкур низоми пардохт чун зинаи мухимми инфрасохтори молиявй муайян карда мешуд мувофикати он ба мундаричаи категорияи мазкур ба даст меомад ва мохияти низом фахмотар мегардид.

Муносибати институтсионалй ба таърифи низоми пардохт дар тахкики Н.В. Байдукова баррасй шудааст. Ин олими рус низоми пардохтро хамчун ташкилаи институтсионалй муайян менамояд, ки дар таркиби он мачмуи урфу одат, меъёр ва коидахои муносибати шартномавй, технологй, воситахои техникй, усул ва ташкили хисоббаробарсозихо мавчуд буда, тарики он кулли иштирокдорон метавонанд амалиётхои молиявй ва хисоббаробарсозихоро байни хамдигар амалй кунанд [2, с. 6].

A.Г. Гузнов ва як гурух олимони дигари рус мохияти низоми пардохтро сатхй баррасй кардаанд ва чунин муайян мекунанд, ки низоми пардохт дар фахмиши васеъ низомеро ифода менамояд, ки дар доираи он пардохтхо (интиколи воситахои пулй) байни контрагентхои мухталиф амалй карда мешаванд [10, с.98].

Дар монографияи Н.А. Савинская ва як гурух олимони дигари рус мафхуми нисбатан чузъии низоми пардохт, ки хусусиятхои муосири ин категорияро фарогир мебошад, коркард шудааст. Мундаричаи он аз муносибати олатии ин олимон дар муайян кардани мохияти категорияи мазкур дарак медихад. Тибки баррасии онхо низоми пардохти кортй ин низоми институтсионалй ва технологй мебошад, ки ба коидахои муайян ва муносибатхои шартномавии иштирокдорон асос ёфта, барои ичрои амалиёт ва интиколи воситахои пулй дар асоси кортхои бонкй, инчунин бо максади пур кардани суратхисоби кортхои бонкй ва накдина намудани воситахои пулй (ба сифати вазифаи асосй) истифода мегардад [6, с. 77].

Бонки марказии Аврупо низоми пардохтро аз нуктаи назари хукукй баррасй карда онро созиши расмй мехисобад. Мутобики таърифи бонки мазкур: дар созиш бояд зиёда аз се чониб иштирок дошта бошанд, вале ба онхо хизматрасонии инфрасохтор, аз кабили бонкхои хисоббаробарсоз, контрагентхои марказй, палатахои клирингй ва дигар иштирокдорони зарурии гайримустакдм ширкаткунанда мансуб намешаванд. Шарти асосй барои онхо фаъолият намудан дар доираи коида ва стандартхои интиколи воситахои пулй мебошад [12, с. 18].

Ч,анбаи хукукии низоми пардохт дар тахкики Е.Г. Хоменко низ баррасй мешавад. У низоми пардохтро операторхои идоракунандаи низоми пардохт мешуморад, ки иттиходи шахсони хукукии дар асоси муносибатхои муайяни шартномавй ва коидахои низоми пардохт хамкорй кунандаро дар бар мегирад ва бо максади интиколи воситахои пулй истифода карда мешавад [11, с. 129].

Дар яке аз сарчашмахои аз чониби Бонки марказии Федератсияи Русия ба нашр расида, ки бештар ба тачрибаи Иттиходи Аврупо такия мекунад, низоми пардохт хамчун низоми интиколи воситахои пулии мутобик ба тартиби расмию стандартй ва коидахои умумии коркард гардида, клиринг ва ё хисоббаробаркунии амалиётхои пардохтй муайян шудааст [7, с. 16].

B.М. Усоскин ва В.Ю. Белоусова тагйироти ба вучуд омадаро дар мохияти иктисодии низоми пардохт ва накши онро чун институти иктисодй ба назар гирифта, низоми пардохти миллиро хамчун мачмуи унсурхои алокаманд муайян карданд, ки кулли операторхои низоми пардохти дар мамлакат фаъолиятдоштаро дар бар мегиранд ва хар яки онхо хиссаи худро дар таъмини фаъолияти самараноки бахши молиявй ва дар мачмуъ иктисодиёт мегузорад. Ба назари мо таърифи мазкур мундаричаи иктисодии низоми

пардохти миллиро фарогир буда, дар он ахамияти иктисодии ин категория дар сатхи муайян кушода дода шудааст.

Хамин тавр, дар доираи тахлили мафхуми низоми пардохт ва низоми пардохти миллй бо назардошти хусусиятихои иктисодиёти миллй таърифи категорияхои мазкурро пешниход кардан мумкин аст.

Ба назари мо низоми пардохти миллй яке аз чузъхои таркибии мухимми инфрасохтори молиявии мамлакат буда, бо максади саривакту бехатар гузаронидани пардохтхо ва хисоббаробаркунихо дар раванди фаъолияти субъектони иктисодй, инчунин ахолй тарики механизми муайян ва технологияхои иттилоотию инноватсионй истифода мешавад. Дар доираи он аз идоракунандагону истифодабарандагони низоми мазкур риояи хатмии талаботи конунгузорихои амалкунанда талаб гардида, он ба фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, инчунин татбики сиёсати пулию карзй ва бучетии самарабахш мусоидат менамояд, раванди такрористехсолро ба воридшавии воситахои пулй хавасманд мегардонад, арзиши иловаро дар иктисодиёти миллй вусъат мебахшад ва дар мачмуъ боиси рушди ичтимоию иктисодии давлат мешавад.

Дар таърифи мазкур чунин хусусиятхои хоси низоми миллии пардохт ба назар гирифта шудааст:

- низоми пардохти миллй чузъи мухимми инфрасохтори молиявии мамлакат муайян шуда, дар таркиби он зеринфрасохтори иктисодии зарурй ташаккул ва такмил меёбад;

- саривакту бехатар гузаронидани пардохтхо ва хисоббаробаркунихоро дар раванди фаъолияти субъектони иктисодй, инчунин ахолй хамчун максади асосии дар амал истифода кардани низоми пардохти миллй баррасй кардан мумкин аст;

- низоми пардохти миллй механизми муайяни амалигардонй дорад ва рушди он аз технологияхои иттилоотию инноватсионй вобаста аст;

- дар раванди истифодаи низоми пардохти миллй аз чониби идоракунандагону истифодабарандагон бояд мукарароти конунгузорихои амалкунандаи давлатй ва талаботи институтхои байналхалкии молиявй риоя гарданд;

- аз низоми пардохти миллй фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбики сиёсати пулию карзй ва бучетии самарабахш вобаста буда, низоми мазкур раванди такрористехсолро ба воридшавии воситахои пулй хавасманд мегардонад, инчунин арзиши иловаро дар иктисодиёти миллй вусъат бахшида, дар мачмуъ, боиси рушди ичтимоию иктисодии кишвар мегардад.

Низоми пардохт бошад назар ба низоми прдохти миллй мафхуми васеътар дорад ва мачмуи ташкилотхои муайянро дарбар мегирад, ки бо максади саривакту бехатар гузаронидани пардохтхо ва хисоббаробаркунихо дар дохил ва хоричи кишвар мутобики коидахои низоми пардохт якчоя амал намуда, ба таксиму бозтаксими даромадхо дар иктисодиёт ва гардиши савдои хоричй мусоидат мекунад ва яке аз омили мухимми таъсиррасон ба рушди ичтимой-иктисодй мебошад.

Самараи умумии низоми пардохти мукаммал ба рушди ичтимой-иктисодии кишвар дар расми 1 оварда шудааст.

Расми 1. Самараи мултипликативии низоми пардохт дар низоми омил^ои

рушди ичтимой-ик;тисодй

Тавре аз расми 1 маълум мегардад, низоми пардохти мукаммал ба фаъолияти хамаи субъектони щтисодй, аз чумла давлату сохторхои тичоратй ва хочагихои хонаводагй самараи мусбии муайян мерасонад. Лозим ба зикр аст, ки самараи мултипликативии низоми пардохт бояд дар маркази фаъолияти Бонки марказй ;арор гирад. Зеро дар раванди татби^и стратегия ва барномахои давлатй ба мадди назар гирифтани такомули низоми пардохт хеле мухим мебошад.

Дар шароити кунунии Чумхурии Точикистон ба 17 оператори низоми пардохт аз чониби Бонки миллии Точикистон ичозатнома дода шудааст, ки 5-тои онхо аз чониби резидентхои кишвар идора карда, барои пардохту хисоббаробарсозихои дохилй истифода мешаванд. Дар чадвали 1 номгуи операторхои низоми пардохти миллй омадаст, ки дар сомонаи расмии Бонки миллй фаъол муайян шудаанд.

Чадвали 1. Номгуи операторхои низомхои пардохти милли

Номи оператори низоми пардохт Номи низоми пардохт РМА СуроFаи хукукии оператори низоми пардохт Ному насаби рохбари оператори низоми пардохт

БДА ЧТ «Амонатбанк» «Корти миллй» 010002120 734001, ш. Душанбе, кучаи Рудакй 105 Икроми Сирочиддин Салом - раиси ташкилот

Ч,СП «Бонки байналмилалии Точикистон» Осон 020043405 734025,ш. Душанбе, н. Шохмансур, кучаи Бухоро 27 Рачабов Искандар Хабибуллоевич - раиси ташкилот

ЧСК ТАКХ «Тамвил» Атласпэй 030015965 734003 ш. Душанбе, хиёбони Рудакй 110 Нарзуллоев Дилшод Хусенович - директори генералй

ЧСК такх «Душанбе Ситй» Express Pay 510022404 ш. Душанбе, н. Фирдавсй, кучаи Сохили 5 Бобоев Аюбчон Хомичонович -директор

ЧСК «Пардохти фаврй» Пардохти фаврй 040032055 ш. Душанбе, н. И. Сомонй, кучаи М.Турсунзода 45 Закиряев Азиз Анварович - директор

Сарчашма: аз цониби муаллифон дар асоси иттилои Сомонаи расмии БМТ (www.nbt.tj) тауия карда шудааст.

Дар доираи низоми пардохти миллй на;ши калидиро опрераторхои «Корти миллй» ва «Express Pay» доранд. Тахлили хисоббаробарсозихо ва прадохтхо тарщи ин операторхои низоми пардохт тах;щи иловагиро та;озо менамояд, ки дар оянда бояд мавриди назари мухавдщон ;арор гирад.

III. Натича ва тавсияхо. Дар доираи тах;и;и мазкур муайян гардид, ки низоми пардохти миллй яке аз унсурхои мухимми инфрасохтори молиявй дар мамлакат мебошад. Бо вучуди, дар асархои и;тисоддонони кишвар низоми пардохт ба таври бояду шояд баррасй намешавад. Аз ин лихоз чанбахои назариявию методй ва амалии низоми пардохти миллй тах;и;и ами;ро та;озо менамоянд.

Масъалаи мавриди баррасиро чамъбаст намуда метавон гуфт, ки дар ;онунгузории давлатй, стратегияхо ва барномахои танзимкунандаю таъминкунандаи рушди низоми пардохт ба назар гирифтани таърифи низоми пардохти миллй, ки он дар доираи тах;и;оти мо муайян карда шуд, ба ма;сад мувофи; аст.

Тавсия дода мешавад, ки дар раванди татбики сиёсати монетарй, бучетию андозй ва инноватсионии давлат рушди низоми пардохти миллй, ки мухим будани он дар СМР то соли 2030 ба назар гирифта шудааст, аз нигохи самараи мултипликативии он ба рушди ичтимою иктисодии кишвар, ки дар доираи тахкикот (расми 1) муайян карда шуд, аз чониби макомоти ваколатдор ба эътибор гирифта шавад.

Пайнавишт:

1. Стратегияи миллии рушди Цумуурии Тоикистон барои давраи то соли 2030. Бо царори мацлиси намояндагони Мацлиси Олии Цумуурии Тоцикистон аз 1 декабри соли 2016 № 636 тасдиц шудааст. - Душанбе -2016 -99 с.) // [Манбаи электрони]. URL: https://investcom.tj/uploads/strateg2030.pdf [санаи муроциат: 02.08.202].

2. Байдукова Н.В. Методология формирования и функционирования платежной системы: автореф. дис... д-ра. экон. наук. - СПб., 2007. - 51 с.

3. Саммерс Брюс Д. Платежная система в условиях рыночной экономики // Платежная система: структура, управление и контроль / Под. ред. Брюса Д. Саммерса. - МВФ, 1994. - 254 с.

4. Деньги, кредит, банки: учебник/ Под ред. О.И. Лаврушина. - М.: Финансы и статистика, 2000. - 458 с.

5. Лысенко Р.Ю. Возникновение платежной системы современной России и вопросы оценки ее развития // Russian Economic Bulletin. 2020. Т. 3. № 2. URL: http://dgpu-journals.ru/wp-content/uploads/2020/04/lysenko.pdf (санаи муроциат: 25.09.2021).

6. Национальная платежная система России: проблемы и перспективы развития / Н.А. Савинская [и др.]; под ред. д-ра экон. наук, проф. Н.А. Савинской, д-ра экон. наук, проф. Г.Н. Белоглазовой. - СПб.: Изд-во СПбГУЭФ, 2011. - 131 с.

7. Платежные и расчетные системы // Серия «Международный опыт». Выпуск 18. Директива 2007/64/ЕС Европейского парламента и Совета от 13 ноября 2007 года о платежных услугах на внутреннем рынке, вносящая изменения в Директивы 97/7/ЕС, 2002/65/ЕС, 2005/60/ЕС и 2006/48/ЕС и отменяющая Директиву 97/5/ЕС. -Центральный банк Российской Федерации, 2009. URL: https://www.cbr.ru/Queries/UniDbQuery/File/48362/75 (санаи муроциат: 15.10.2021).

8. Полищук С.А. Эффективная и безопасная платежная система // Банковское дело. 2006. № 11. - С. 13-15.

9. Ван ден Берг, Поль. Операционная и финансовая структура платежной системы // Платежная система: структура, управление и контроль / Под. Ред. Брюса Д. Саммерса. - МВФ, 1994. - 254 с.

10. Финансовый надзор в национальной платежной системе Российской Федерации: учебное пособие для магистратуры / А. Г. Гузнов, Т. Э. Рождественская, А. А. Ситник. — М: Норма: ИНФРА-М, 2018. - 176 с.

11. Хоменко Е.Г. Платежные системы как элементы национальной платежной системы России и их классификация //Вестник университета имени О.Е. Кутафина, 2017. - № 1(29), - С. 122-134.

12. REGULATION OF THE EUROPEAN CENTRAL BANK (EU) No 795/2014 of 3 July 2014 on oversight requirements for systemically important payment systems (ECB/2014/28) // Official Journal of the European Union L 217, 23.7.2014. URL: https://www.ecb.europa.eu/ecb/legal/pdf/ojjol_2014_217_r_0006_en_txt.pdf723dfe6a7d89 abf28f30654b371afddae (санаи муроциат: 25.10.2021)

13. Stiglitz J.E., Bhattacharya A. Underpinnings for Stable and Equitable Global Financial System. N.-Y.: World Bank, 1999. P. 40.

Reference Literature:

1. National Strategy of TR Development for the Period up to 2030. Validated by the Resolution of the Council of Representatives Submitted to the Supreme Council of Tajikistan Republic from 1.12.2016, № 634. - Dushanbe, 2016. - 99 pp.

2. Baydukova N. V. Methodology of Formation and Functioning of Payment System. Synopsis of candidate dissertation in economics. - SPb., 2007. - p. 51.

3. Bryus D. Sammers. Payment System under Market Economy Conditions // Payment System: Structure, Management and Monitoring. Under the editorship of Bryuce D. Sammers. -IMF, 1994. - 254 pp.

4. Money, Credit, Banks: manual // Under the editorship of O.I. Lavrushin. - M.: Finances and Statistics, 2000. - 458 pp.

5. Lysenko R.Yu. Rise of Payment System in today's Russia and Issues of its Development Assessment // Russian Economic Bulletin. 2020. V.3, №2. URL: http://dgpu-journals. ru/wp-content/uploads/2020/04/lysenko.pdf (Date of appeal: 25.09.2021).

6. National Payment System of Russia: Problems and Perspectives of Development / N.A. Savinskaya et alia; under the editorship of Dr. of Economics, Professor N.A. Savinskaya; Dr. of Economics, Professor G.N. Beloglazova. - SPb. : Publishing-House of SPb State University of Economics and Finances, 2011. - 131 pp.

7. Payment and Calculation Systems // Series: International Experience. Issue 18. Directive 2007/64/ES of European Parliament and Council from November 13, 2007 on Payment Services at Home Market Introducing Alterations into Directives 97/7/EC, 2005/60/EC and 2006/48/EC and Banishing that one of 97/5/EC. - Central Bank of Russian Federation, 2009. URL: https://www.cbr.ru/Queries/UniDbQuery/File/48362/75 (Date of appeal: 15.10.2021).

8. Polishchuk S.A. Effective and Secure Payment System // Banking. 2006, №11. - pp. 13-15.

9. Paul van den Berg. Operational and Financial Structure of Payment System // Payment System: Structure, Management and Monitoring. Under the editorship of Bryuce D. Sammers. - IMF, 1994. - 254 pp.

10. Financial Surveillance in National Payment System of Russian Federation: educational textbook for Master's degree holders' applicants // A.G. Guznov, T.E. Rozhdestvenskaya, A.A. Sitnic. - M. : Norm: INTRA-M, 2018. - 176 pp.

11. Homenko Ye.G. Payment Systems as Elements of National Payment System of Russia and their Classification // Bulletin of the University Named after O.Ye. Kutafin. - 2017, №1(29). - pp. 122 - 134.

12. REGULATION OF THE EUROPEAN CENTRAL BANK (EU) No 795/2014 of 3 July 2014 on oversight requirements for systemically important payment systems (ECB/2014/28) // Official Journal of the European Union L 217, 23.7.2014. URL: https://www.ecb.europa.eu/ecb/legal/pdf/ojjol_2014_217_r_0006_en_txt.pdf723dfe6a7d89 abf28f30654b371afddae (Date of appeal: 25.10.2021).

13. Stiglitz J.E., Bhattacharya A. Underpinnings for Stable and Equitable Global Financial System. N.-Y.: World Bank, 1999. - P. 40.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.