Научная статья на тему 'КОРКАРД ВА ТАФСИРИ МОДЕЛИ НАМУДҲОИ ТАЪЛИМ ВОБАСТА БА ПРИНСИПҲОИ ТАЪЛИМ'

КОРКАРД ВА ТАФСИРИ МОДЕЛИ НАМУДҲОИ ТАЪЛИМ ВОБАСТА БА ПРИНСИПҲОИ ТАЪЛИМ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
2
1
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
таълим / принсипҳо / қоидаҳо / сифат / самаранокӣ / модели намудҳои таълим / натиҷаи таълим / риояи принсипҳои таълим / намудҳои таълим вобаста ба принсипҳои таълим / моҳият / мазмун ва мундариҷаи асосии принсипҳои таълим / обучение / принципы / правила / качество / эффективность / модели видов обучения / результат обучения / виды обучения в зависимости от принципов обучения / сущность / основное содержание принципов обучения

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Назарова Муқаддас Султоновна

Мақола ба баррасии масъалаи коркард ва тафсири модели намудҳои таълим вобаста ба принсипҳои таълим бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки риояи қоидаҳои таълим дар нақшагирӣ, ташкил, гузаронидани санҷиш натиҷаҳои таълим барои ҳама субъектҳои таълим шарт ва зарур аст. Зеро риояи принсипҳои дидактикӣ ва методӣ ба сифат, маҳсулнокӣ ва натиҷаи ниҳоии таълим таъсир мерасонад. Аз ин лиҳоз таҳия ва тафсири модели намудҳои таълим вобаста ба принсипҳои таълим мубрамияти махсуси илмӣ – методиро касб менамояд. Ҳар як принсипи таълим зарурати дидактикии ин ё он намуди таълимро дар раванди таълим тақозо менамояд. Нишон дода шудааст, ки ҳама принсипҳои таълим, дар ягонагӣ, дар маҷмӯъ ва дар алоҳидагӣ ҳамчун маҷмӯаи қонунҳои дидактикӣ – методӣ ҷанбаҳои гуногуни сифати таълимро муайян менамояд ва зарурати дидактикӣ – методии истифодаи маҷмуаи намудҳои гуногуни таълимро вобаста ба ин ё он принсипҳои дидактикӣ тақозо менамояд. Хулоса мешавад, ки ҳамон таҷриба таҷрибаи пешқадами педагогӣ ҳисобида мешавад, ки дар он дар ташкил ва гузаронидани раванди таълим ҳадалимкон ҳамаи принсипҳои таълими намунавӣ мавриди риоя аз ҷониби субъектҳои таълим қарор дода мешавад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

РАЗРАБОТКА И ИНТЕРПРЕТАЦИЯ МОДЕЛЕЙ ВИДОВ ОБУЧЕНИЯ В ЗАВИСИМОСТИ ОТ ПРИНЦИПОВ ОБУЧЕНИЯ

В статье речь идёт о разработке и интерпретации модели видов обучения в зависимости от принципов обучения. Отмечается, что соблюдение правил обучения при планировании, организации, проведении урока, контроле результатов обучения объективно важно и необходимо для всех субъектов обучения, поскольку соблюдение дидактических и методических принципов влияет на качество, продуктивность и конечный результат процесса обучения.В связи с этим разработка и интерпретация моделей обучения в зависимости от принципов обучения приобретает особую научно-методическую актуальность. Каждый принцип обучения требует дидактическую необходимость использования того или иного вида обучения в процессе обучения. Показаны, что все принципы обучения в комплексе, в совокупности и в отдельности – как свод дидактико-методических правил определяют различные аспекты качества обучения и диктуют дидактико-методическую необходимость использования различных видов обучения. Делается вывод о том, что только тот педагогический опыт считается передовым педагогическим опытом, когда организация и проведение процесса обучения осуществлены по мере возможности с учётом соблюдения всех принципов обучения со стороны субъектов обучения.

Текст научной работы на тему «КОРКАРД ВА ТАФСИРИ МОДЕЛИ НАМУДҲОИ ТАЪЛИМ ВОБАСТА БА ПРИНСИПҲОИ ТАЪЛИМ»

ТДУ 4Т(075)

DOI:10.51844-2077-4990-2023-4-188-194

КОРКАРДВА ТАФСИРИМОДЕЛИ Назарова Муцаддас Султоновна, муаллимаи НАМуДхОИ ТАЪЛИМВОБАСТА кафедраи педагогикаи умумии МТД "ДДХ ба БА ПРИНСИПХОИ ТАЪЛИМ номи акад.Б.Fафуров" (Тоцикистон, Хуцанд) РАЗРАБОТКА И ИНТЕРПРЕТАЦИЯ Назарова Мукаддас Султоновна, преподаватель МОДЕЛЕЙ ВИДОВ ОБУЧЕНИЯ В кафедры общей педагогики ГОУ "ХГУ имени ЗАВИСИМОСТИ ОТ ПРИНЦИПОВ акад. Б. Гафурова", (Таджикистан, Худжанд)

ОБУЧЕНИЯ

THE WORKING OUT AND THE Nazarova Mukaddas Sultanovna, lecturer of the INTERPRETATIONOF MODEL FORMS OF department of general pedagogy, SEI "KS U named TEACHING IN DEPENDENCE ON THE after acad.Bobojon Gafurov" (Tajikistan, PRINCIPLES OF TEACHING Khujand),E-mail: dasik0530@mail.ru Вожа^ои калиди: таълим, принсищо, цоидацо, сифат, самараноки, модели намудцои таълим, натицаи таълим, риояи принсищои таълим, намудцои таълим вобаста ба принсищои таълим, моцият, мазмун ва мундарицаи асосии принсищои таълим

Мацола ба баррасии масъалаи коркард ва тафсири модели намудцои таълим вобаста ба принсищои таълим бахшида шудааст. Цайд мешавад, ки риояи цоидацои таълим дар нацшагири, ташкил, гузаронидани санциш натицацои таълим барои цама субъектцои таълим шарт ва зарур аст. Зеро риояи принсищои дидактики ва методы ба сифат, мацсулноки ва натицаи нщоии таълим таъсир мерасонад. Аз ин лщоз тация ва тафсири модели намудцои таълим вобаста ба принсищои таълим мубрамияти махсуси илми - методиро касб менамояд. Х,ар як принсипи таълим зарурати дидактикии ин ё он намуди таълимро дар раванди таълим тацозо менамояд. Нишон дода шудааст, ки цама принсищои таълим, дар ягонаги, дар мацмуъ ва дар алоцидаги цамчун мацмуаи цонунцои дидактики - методы цанбацои гуногуни сифати таълимро муайян менамояд ва зарурати дидактики - методии истифодаи мацмуаи намудцои гуногуни таълимро вобаста ба ин ё он принсищои дидактики тацозо менамояд. Хулоса мешавад, ки цамон тацриба тацрибаи пешцадами педагоги цисобида мешавад, ки дар он дар ташкил ва гузаронидани раванди таълим цадалимкон цамаи принсищои таълими намунави мавриди риоя аз цониби субъектцои таълим царор дода мешавад.

Ключевые слова: обучение, принципы, правила, качество, эффективность, модели видов обучения, результат обучения, виды обучения в зависимости от принципов обучения, сущность, основное содержание принципов обучения

В статье речь идёт о разработке и интерпретации модели видов обучения в зависимости от принципов обучения. Отмечается, что соблюдение правил обучения при планировании, организации, проведении урока, контроле результатов обучения объективно важно и необходимо для всех субъектов обучения, поскольку соблюдение дидактических и методических принципов влияет на качество, продуктивность и конечный результат процесса обучения.В связи с этим разработка и интерпретация моделей обучения в зависимости от принципов обучения приобретает особую научно-методическую актуальность. Каждый принцип обучения требует дидактическую необходимость использования того или иного вида обучения в процессе обучения. Показаны, что все принципы обучения в комплексе, в совокупности и в отдельности - как свод дидактико-методических правил определяют различные аспекты качества обучения и диктуют дидактико-методическую необходимость использования различных видов обучения. Делается вывод о том, что только тот педагогический опыт считается передовым педагогическим опытом, когда организация и проведение процесса обучения осуществлены по мере возможности с учётом соблюдения всех принципов обучения со стороны субъектов обучения.

Key words: forms of the teaching, principles of the teaching, rules of the teaching, quality of the teaching effectiveness of the teaching, model of the forms of teaching, result of the teaching, observing the principles of the teaching, the essence and the content of the principles of the teaching, content of the teaching, process of the teaching

Observing the rules in the process of planning, organizing, leading, controlling the results of the teaching is objectively important and necessary for all subjects of the teaching. Since observing the didactic and the methodic principles influences the quality, productivity and the final result of the process of the teaching. In connection to this the working out and the interpretation of the models of the teaching in dependence to the principles of the teaching acquires a special scientific - methodic urgency. Each principle demands the didactic necessity of the using of this or that form of the teaching in the process of

the teaching. For example, the principle of the demonstration as an "golden" rule of the teaching was substantiated by the great Czech teacher, scientist Yan Amos Komensky, who recommends the using of the visual aids as the didactic - methodic necessity. All principle of the teaching as an complex, in totality and each separately - as an summary of didactic - methodic rules determines different aspects of the quality of teaching and dictates the didactic- methodic necessity of using different forms of teaching. That pedagogical experience is considered advanced experience, in which the organization and lending of the process of the teaching is realized as far as possible with accounting of the observing all principles of the teaching by the subjects of the teaching.

Принсипхои таълим - мачмуаи ^оидахои ибтидоии таълим, ки ба саволхои чиро бояд омузонанд ва чй тавр бояд омузонанд аз нук;таи назари илмй - методй чавоб медиханд? Принсипхои таълим аз ин лихоз мундаричаи таълим ва раванди технологй - методии таълимро муайян менамоянд. Принсипхои таълим шакли зухурёбии ^онун ва ^онуниятхои раванди таълим буда, равиши онро ба инкишофи таълимгирандагон муайян менамоянд.

Муайян намудани намудхои таълим вобаста ба принсипхои таълим:

а) принсипи мувофщатии таълим бо хусусиятхои синнусолй ва фардии таълимгирандагон -таълими синнусолй ва таълими фардй;

б) принсипи шуурнокй ва фаъолнокии эчодй - таълими бошуурона; таълими фаъолонаи эчодй;

в) принсипи дастрасии таълим - таълими дастрас;

г) принсипи аёниятнокй - таълими аёнй;

д) принсипи махсулнокй ва мустахкамии таълим - таълими пурмахсул ва мустахкам;

Расми № 1. «Намудхои таълим вобаста ба гурухи якуми принсипхои таълим».

Вобаста ба принсипхои таълим ду намуди таълим: гурухи якум - принсипхое, ки мундаричаи таълимро муайян менамоянд; гурухи дуюм - принсипхое, ки шакл ва методхои таълимро муайян менамоянд. Ба гурухи якум принсипхо ва вобаста ба он намудхои зерини таълим дохил

мешаванд: таълими шахрвандй, таълими илмй, таълими тачрибавй - хаётй, таълими системанокй ва пай дар пай, таълими синнусолй, таълими фардй. Таълими шахрвандй дар шароити сохибистиклол гардидани Ч,умхурии Точикистон ахамияти махсуси илмй - методй касб менамояд. Дар шароити муосир ахамияти он вобаста ба тагйирёбии мавкеи чахонии Ч,умхурии Точикистон, зарурати эхёи хисси ватандyстй, ташаккули шуур ва фарханги миллй, ташаккули арзишхои миллй дар ягонагй бо арзишхои умумибашарй ва коркарди доктринаи тахсилоти ватанй пурзур мегардад.Аз ин лихоз мундаричаи маълумот бояд хусусияти миллй ва умумибашариро доро бошад, ки он барои ташаккули шахсияти нотакрори таълимгиранда, камолоти ичтимой ва ахлокй рухии y шароити мусоид фарохам оварад. Принсипи шахрвандии таълим ба конеъ гардонидани талаботхои ичтимой ва шахсй дар якчоягй мавриди халлу фасл мегардад. Дар шароити чахонишавй аз як чониб, ва дар шароити истиклолияти миллй аз чониби дигар дар мундаричаи маълумот дар якчоягй бояд, ки арзишхои умумибашарй ва арзишхои миллй тачассум ёбанд. Зеро хар як халку миллат дар оилаи байналмиллалй дар доираи алокамандии сиёсй, иктисодй ва фархангй бо дигар халку миллатхо дар асоси принсипхои хамзистии осоишта зисту зиндагй менамояд. Аз ин лихоз дар раванди ташаккули худшиносй ва худогохии миллй аз як чониб, ташаккули муносибатхои дустона, хамкории сиёсй, иктисодй, фархангй бо дигар халку миллатхо ахамияти махсуси илмй - методй зимни таълими шахрвандй касб менамояд.

Таълими илмй барои дар таълимгирандагон ташаккул додани чахонбинии илмй равона карда шудааст. Мундаричаи таълимии хар як фанни таълимй пеш аз хама ба дониш, махорат ва малакахои илмй такя менамояд. Накш ва макоми илм на танхо ахамияти назариявй, балки боз ахамияти амалиро низ доро мебошад. «Набояд фаромуш кард, ки илм пеш аз хама воситаи ташаккули донишхои илмй, манзараи илмии олам буд ва бокй хохад монд. Хдстии илм худ хамчун институти махсуси ичтимой, накши баланд гардидани макоми он дар чомеа нихоят аз он сабаб вобаста аст, ки илм дар низоми таксимоти мехнатии ичтимой бояд вазифаи алокаманд бо фаъолияти ташаккули донишхои илмиро ичро намояд, ки меъёрхои муносибати маърифатиро нисбат ба хаёт муайян менамояд» [б, с.22].

Таълими илмй такозо менамояд, ки дар толибилмон шавку рагбат нисбат ба илм, нисбат ба илмомузй ташаккул дода шуда, хисси илмдустй дар онхо рушд дода шавад. Онхо бояд накш ва макоми илмро дар хаёти ичтимой ва дар хаёти хар як шахс дарк намоянд, мохияти инкилоби илмй - техникиро сарфахм раванд, аз навгонихои илмй дар сохахои гуногуни илм бохабар бошанд. Барои ин хам дар макотиби олй ва хам дар макотиби тахсилоти хамагонй махфилхои илмй, лабораторияхои илмй, технопаркхо, майдончахои тачрибавй - озмоиширо ташкили намудан лозим аст. Шинос намудани толибилмон бо хаёт ва фаъолияти илмй - эчодии олимони сохахои гуногун барои дар рухияи илмпарастй тарбия намудани насли наврас имкон медихад. Ташкил ва гузаронидани озмунхо, олимпиадахо, мусобикахо дар ин самт ахамияти калони тарбиявиро молик мебошад. Ташаккули дониш, махорат ва малакахои илмй доир ба гузаронидани тачрибахои илмй, навиштани маколахо ва маърузахои илмй, махорату малакахои кор бо адабиёти илмй аз намунахои кор бо наврасон ва чавонон дар ин самт мебошад. Муносибати насли наврас, чавонон нисбат ба илму дониш яке аз муносибатхои мухим дар самти омодасозии онхо ба хаёт ва ба мехнат арзёбй мегардад.

Таълими тачрибавй - хаётй аз риояи коидаи алокамандии назария бо амалия бармеояд. Илм бояд бо тачриба алокаманд бошад. Илм новобаста аз хаёт, новобаста аз тачриба арзиши аслии худро гум менамояд. Таълимгирандагон ба хаёт хам аз чихати назариявй ва хам аз чихати амалй пухта тайёр шуда бошанд. Хдмаи олимон, мутафаккирони бузург зимни ташкил ва гузаронидани пажухиши худ хам ба чихати назариявй ва хам ба чихати амалии муаммои илмие, ки онро халлу фасл менамуданд, эътибори баробар медоданд.

«Шайхурраис фалсафаро ба ду кисмати асосй таксим мекунад: назарй ва амалй. Назариаш мофавкуттабиатро (он чиро, ки берун аз табиат аст), меомyзад ва дарк мекунад; амалиаш масъалахои зиндагонии ситуда (шоиста)-ро тахлил менамояд ва рахнамой суи хушбахтй» [5,с.12б].

Толибилмонро ба хаёт, ба зиндагй новобаста аз хаёт, берун аз хаёт таълим додан мумкин нест. Хдм илм ва хам таълим бояд ба манфиати инсоният хизмат намояд. Хдм илм ва хам таълим ба инсон бояд рохи зиндагиро нишон дихад. Хдр як фанни таълимй як рохи зиндагиро доир ба хамин фан бояд ба таълимгиранда муаррифй намояд. Донишхои табий, яъне доир ба табиат на танхо тавассути донишхои илмй-назарй, балки тавассути муошират бо ашё ва ходисахои табиат, тавассути мушохида ва тахлили ашё ва ходисахои табий дарк карда шаванд.

Конун ва конуниятхои пайдоиш ва инкишофи ашё ва ходисахои табиат тавассути тачриба мавриди назар бояд гардад. Илм бидуни тачриба, бидуни далелу исбот ахамияти амалии худро гум менамояд.

Тарзи ичрои хар як намуди фаъолият доир ба хар як намуди фан чанбаи назарй ва амалиро доро мебошанд, ки онхо бояд аз чониби таълимгирандагон дарк карда шаванд.

Таълими системанок ва пай дар пай. Дар шароити иттилоотонии раванди таълим ин намуди таълим низ ахдмияти махсуси илмй - методй касб менамояд.

Дониш, махорат ва амалакахо бояд системанок ва пай дар пай хам омузонида ва хам мавриди омузиш карор дода шаванд. Танхо дониш, махорат ва малакахои системанок ва пай дар пай тахия гардида, равандхои маърифатиро самаранок мегардонанд. Диктат, идрок, нутк, хотира, тафаккур, хаёл хамон ва;т пурмахсул, мустахкам баррасй мегарданд, ки агар мундаричаи маълумот, мундаричаи таълим системанок ва пай дар пай омузонида ва мавриди омузиш ;арор гирифта бошанд.

Таълими синнусолй ва таълими фарди. Дар коркарди принсипхои таълим олимони машхур Я.А.Коменский, А.Дистервег ва К.Д.Ушинский сахми босазо гузоштаанд. Дар замони муосир дар инкишофи принсипхои таълим ва вобаста ба он намудхои гуногуни таълим олимон М.А.Данилов, Б.П.Есипов, М.Н.Скаткин хиссагузорй намудаанд. Алалхусус принсипи хамранги табиат ташкил намудани равандхои тарбия, таълим ва инкишоф асоси методологии тахкики равандхои мазкурро ташкил медихад. Тахкики табиати олами беруна, конуну ;онуниятхои пайдоиш ва инкишофи предмет ва ходисахои олами беруна имкон медихад, ки муносибат ва муошират бо ин предмету ходисахо дар асоси нишондодхои илмй рохандозй карда шавад. Тахкики табиати инсон, ба даврахои синнусолй таксим кардани он ва вобаста ба ин нишондодхо рохандозй намудани равандхои таълим ва тарбия, хамчунини, хамчунин инкишоф имкон медихад, ки ин равандхо самаранок ба рох монда шавад. Аз ин лихоз таълим, тарбия ва инкишофи шахс новобаста ба табиати у, новобаста ба нишондодхои синнусолии у имконнопазир аст. Аз ин нуктаи назар алокамандии илми педагогика бо равоншиносии синнусолй дар ин самт бояд ба назари эътибор гирифта шавад. Воситахои педагогй -дидактикй вобаста ба хусусиятхои синнусолй интихоб ва мавриди истифода карор дода шавад. Аммо ин на танхо ба интихоби воситахо, балки боз ба интихоби методхо ва шаклхои ташкили таълим, тарбия ва инкишоф низ дахлпазир аст. Дар доираи хусусиятхои синнусолй хусусиятхои фардиро низ фарк ва мавриди назар намуд. Зеро хар як фард дорои хусусиятхои равоншиносии нотакрор аст. Калиди таълим дар он аст, ки махз вобаста ба ин имкониятхои зехнии таълимгиранда, раванди таълими фардиро самаранок ташкил намудан мумкин аст. Омузгор ба ин хусусиятхои фардй дар раванди таълим такя менамояд.

Муайян намудани намудцои таълим вобаста ба принсипхои таълим:

а)принсипи шуурнокй ва фаъолнокии эчодй - таълими бошуурона таълими фаъолонаи эчодй;

б) принсипи дастрасии таълим - таълими дастрас;

в) принсипи аёниятнокй - таълими аёнй;

г) принсипи махсулнокй ва мустахкамии таълим - таълими пурмахсул ва мустахкам;

д) принсипи оптималй - таълими оптималй;

Расми № 2. «Намудхои таълим вобаста ба гурухи дуюми принсипхои таълим»

Таълими бошуурона. Тиб;и ин ;оида таълимгиранда дар раванди таълим бояд, ки ба маънои маводи таълимие, ки азхуд менамояд, сарфахм равад. Дар акси хол таълим характери бешуурона мегирад, ки онро Садриддин Айнй дар китоби худ «Мактаби кухна» хеле мохирона шарх додааст. «Алиф бо бе чабар-аб, чим бо дол забар чад-абчад... гуён дарсхоеро, ки аз абчад гирифта будам, аз ёд хонда додам.

- Ха... ту тутй! - гуфт падарам, - ту хар чизро мегуй, аммо чй гуфтанатро намедонй. Он ва;т дар дилам гузашт, ки бояд тутй як чизи бисёр баде бошад. Лекин сонитархо фахмидам, ки тутй як мурги бисёр зебои зирак будааст. Хар чизро ба вай тал;ин кунанд, ёд мегирифтааст ва такрор карда мегуфтааст. Аммо азбаски вай одам нест, маъниашро намедонистааст. Бинобар ин касонеро, ки маънии чизеро надониста, онро ёд кардаанд, ба тутй монанд мекардаанд». Одам аз хайвон, аз чумла аз тутй бо он фар; мекунад, ки у а;л, тафаккур дорад.

Аз ин лихоз дар раванди азхудкунии маводи таълимй на танхо нут; ва хотира, балки боз тафаккур низ ширкат варзад, ки он барои ба маънии чизхо сарфахм рафтан мусоидат менамояд. Барои хамин хам омузгор аз огози таълим ба таълимгирандагон чунин шарти ;онунии азхудкунй, омузиши маводи таълимиро бояд ёд дихад, то ки онхо маводи таълимиро тутивор, кур-курона ;ориазёд накунанд. К^ориазёдкунии маводи таълим имкон намедихад, ки дар оянда ин дониш, махорат, малакахо ва тарзи ичрои ин ё он намуди фаъолият доир ба ин ё он фан дар хаёт, дар амал, дар раванди гузариш аз назария ба амалия, фаъолона ва эчодкорона мавриди истифода ;арор дода шавад. Ба масъалаи калимаю иборахо, ба мазмуни чумлаю матнхо сарфахм рафтан асоси таълими бошууронаро ташкил медихад. Хар як фан дорои хусусиятхои ба худ хоси дар амал риоя кардани таълими бошуурона мебошад, ки он технологияи махсуси дидактикии худро доро мебошад. Дар ин бобат тачрибаи омузгор - навовар С.Н.Лисенковаро мисол овардан мумкин аст. «Ба ман фаъолгардонии омузиши бачагон тавассути идоракунии шархдихй, чалб намудани хар яки онхо ба кор муяссар мегардад. Фаъолияти синфро дар дарс на танхо омузгор, балки худи хонандагон низ рохбарй менамоянд. Аввал хонандаи фаъол (баъд дигар хонандагон низ) хамаи он чизеро, ки аз руи вазифаи омузгор гузошта аз сараш то охираш мегуяд, ва дигаронро аз паси худ мебарад» [3,с.79].

Тавассути гуфтан, шархдихй, фахмондадихии хар як радами омузишй имкон медихад, ки хонанда дар раванди таълим бошуурона амал намояд.

С.Н.Лисенкова таъкид менамояд, ки чунин муносибати бошуурона бояд аз рузи аввали тахсил чорй кард а ш авад. Дар чунин холат хонанда имкон пайдо менамояд, ки ба маъно ва мазмуни маводи таълимй сарфахм равад. Ин хам дар азхудкунии дониш, хам махорату малака ва хам дар азхудкунии тарзи ичрои ин ё он намуди фаъолият ба назар мерасад. Дар раванди таълим одатан ду намуди фаъолнокй ба назар мерасад. Якум, фаъолнокии репродуктивй, ки аз он таълими репродуктивй бармеояд ва дуюм фаъолнокии эчодй, ки аз он таълими эчодй бармеояд. Махз фаъолнокии эчодй имкон медихад, ки таълимгиранда дониш, махорат, малака ва тарзи ичро намудани ин ё он фаъолиятро дар амал эчодкорона тадбик намояд. Фаъолнокии эчодй бо фаъолнокии репродуктивй якчоя мавриди баррасй карор мегирад. Гузариш аз фаъолнокии репродуктивй ба фаъолнокии эчодй дар раванди таълим зина ба зина ба вукуъ меояд. Аз ин лихоз таълими репродуктивй ва таълими эчодй ба фаъолияти тафаккур ва хаёли таълимгирандагон алокаманд мебошанд.

Таълими дастрас бо таълими синнусолй ва таълими фардй алокаманд аст. Хдмеша таълим бояд ба дарачаи инкишофи равандхои маърифатии таълимгирандагон мувофик буданаш лозим аст. Дар акси хол раванди таълим, раванди омузонидан ва омузиш ба вукуъ намеояд. Дар як давраи синнусолй таълим ба имкониятхои зехнии таълимгирандагон мувофик буданаш лозим аст, зеро агар чунин набошад маводи таълимй аз чониби таълимгиранда кабул намегардад. Дар хар як давраи синнусолй, баъди кудакй таълимгиранда дорои дарачаи муайяни на танхо инкишоф, балки боз дарачаи муайяни дониш, махорату малакахо, кобилияти ичро карда тавонистани тарзи ин ё он намудхои фаъолият буданаш лозим аст.

Аз ин лихоз раванди таълим дар асоси бахисобгирии тахкурсии инкишофи аклй, захираи донишхо, махорату малакахо, имкониятхои ичро карда тавонистани фаъолиятхо тахия ва рохандозй карда мешавад. Аз чониби дигар ба хар як таълимгиранда дастрас будани воситахои таълим низ ба доираи масъалахои таълими дастрас дохил мешавад, ки он чанбахои хукукии таълимро дар бар мегирад.

Сухан рочеъ ба зукуки таълимгиранда ба таълими сифатан баланди чавобгу ба меъёр^ои стандартии илмию - методй.

Хдр як таълимгиранда бояд вобаста ба дарачаи лаёкатмандии худ, вобаста ба осори кобилияти худ, вобаста ба шавку рагбати худ тахсилоти умумй ва касбиро дар намудхои гуногуни мактабхо, бо дарназардошти имкониятхои иктисодй интихоб намуданаш лозим аст. Дастрас намудани китобу дафтар ва дигар ашёхои хониш барои хар як мухассилин вазифаи аввалиндарачаи падару модар мебошад, ки ин масъалахо низ ба доираи масъалахои таълими дастрас дохил мешавад. Махрум намудани бачагон аз гирифтани тахсилот ин вайрон намудани яке аз хукукхои асосии онхо махсуб меёбад. Ин хукуки насли наврас аз чониби давлат химоя карда мешавад.

Истифодаи воситахои аёнии таълим дар раванди таълим яке аз коидахои асосии илмй-методй махсуб меёбад. Алхол дар шароити иттилоотонии раванди таълим технологияхои иттилоотй имкон медихад, ки дар раванди таълим аёниятхои сифатан баланд мавриди истифода карор дода шаванд, ки ин таълими аёниро боз хам самаранок мегардонад.

Таълим хамчунин бояд пурмахсул, самаранок ва мустахкам буданаш аз лихози дидактикй ва равоншиносй шарт ва зарур аст. Зеро натичаи тахсилоти умумй ва тахсилоти касбии инсон ин аз дастовардхое мебошад, ки онро инсон дар тули тамоми фаъолияти хаётии худ мавриди истифода карор медихад. Тахсилоти умумй ва тахсилоти касбй, агар дорои сифати баланд бошад, танхо дар хамин холат онхо метавонанд ба сифати хаётии шахс ва чомеа таъсири мусбй расонанд. Барои хамин хам таълими пурмахсул, самаранок ва мустахкам тахкурсии сифати баланди тахсилоти умумй ва тахсилоти касбй мебошад.

Барои ин аз алокамандии дохилифаннй ва алокамандии байнифаннй, такрори муттасили дониш, махорат ва малакахои азхудкардашуда, ичрои машк, мисол, масъалахою корхои лабораторй, корхои хаттй, шифохй, корхои санчишй системанок ва пай дар пай мавриди истифода карор гирифтанашон лозим аст. Таълими пурмахсул, самаранок ва мустахкам хамон вакт имконпазир мегардад, ки агар таълим ба маънои васеаш бахудтаълимдихй, яъне худомузиро низ дарбар гирад. Зеро вакте ки таълимгиранда мустакилона он маводи таълимиро, ки омузгор манзури у менамояд, инкишоф медихад, такрор менамояд, дар амал тадбик намояд,

рох ба суи пурмахсулй, самаранокй ва мустахкамй дар таълим кушода мегардад. Дар ин маврид накш ва макоми гузариш аз назария ба амалия, гузариш аз корхои таълимй ба корхои мустакилонаи таълимй, гузариш аз ичрои мисолу масъалахо, машку корхои таълими репродуктивй ба корхои таълими эчодй мухим арзёбй мегардад. Зеро хамаи онхо гузариш ба таълими пурмахсул, самаранок ва мустахкам мебошанд.

Аз чониби педагоги машхур Ю.К.Бабанский принсипи оптималии таълим коркард гардидааст, ки он барои истифодаи таълими оптималй шароити мусоид фарохам меоварад. Дар хар як лахзаи дидактикй омузгор вобаста ба максад, вазифахои дидактикй, мундаричаи таълим, мачмуи методхои таълим, шакли муайяни ташкили таълимро бо дарназардошти имкониятхои моддй - техникй, дидактикй - равоншиносй, гигиенй - ташкилй ва дигар хусусиятхои таълимгирандагон ба назари эътибор гирифта интихоб ва мавриди истифода карор доданаш лозим аст.

Хдмаи намудхои таълим вобаста ба принсипхои таълим аз нуктаи назари диалектикй, аз нуктаи назари дидактикй - равоншиносй бо хам алокаманд, аз хамдигар вобаста ва дар мавриди истифода ягонагии онхо ба назари эътибори омузгор гирифта шуданаш шарт ва зарур аст. Хдмаи ин истифодаи муносибати яклухт нисбати амалй намудани намудхои гуногуни таълим вобаста ба принсипхои гуногуни таълимро такозо менамояд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Айнй, С. "Мактаби кухна" Повест/С.Айнй.- Душанбе: Маориф, 1980-197с.

2. Краевский, В.В. Проблемы научного обоснования обучения//В.В.Краевский/ Методол.анализ) - М.: Педагогика, 1977. - 264с.

3. Педагогический поиск/ Сост. И.Н.Баксенова. - М.: Педагогика, 1988.-544с.

4. Подласый, И.П. Педагогика. Новый курс: учебн.для студ. высш.учебн.заведений: в 2 кн./И.П.Подласый.- М.:Гуманитар.из.центр ВЛАДОС, 2004. - Кн.1. Общие основы.Процесс обучения. - 574с.

5. Улугзода, С. Пири хакимони машрикзамин/С.Улугзода.-Душанбе:Маориф, 1980. - 197с.

6. Швирев,В.С. Научные познания как деятельность/В.С.Швирев. - М.:Политиздат; 1984. -222с.

REFERENCES:

1. Ayni, S. "The old school" Story. - Dushanbe: Maorif, 1980.-197p.

2. Kraevsky, V.V. The problems of the scientific substantiation of the teaching (Methodological analysis). - M.: Pedagogica, 1977.-264p.

3. The pedagogical reconnaissance / Compiler I.N. Bazhenova - M.: Pedagogica, 1968.-544p.

4. Podlaciy, I.P. Pedagogics The new cources: the textbook for the stud. of the high school: 2 books. -M.: Humanitary publishing center VLADOS, 2004.-Book 1. The total base. The process of the teaching. -574p.

5. Ulugzoda S. The elder teacher of the East's philosophers. - Dushanbe: Maorif, 1980.-197p.

6. Shvirev,V.S. The scientific cognition as an activity-M.: Politizdat,1984.-232p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.